Фанни Туризм

Таркиби нақлиётии бизнеси туристӣ

Нақлиёт ва нақши он дар бизнеси туристӣ. Хизматрасонии нақлиётӣ яке аз навъҳои асосии хизматгузорӣ дар туризм маҳсуб меёбад. Ба ҳиссаи он қисми бештари арзиши (нархи) хатсайр (40-60%) рост меояд. Аз ҷониби муассисаҳои туристӣ бобати ташкили саёҳат, намудҳои гуногуни нақлиёт истифода мешавад. Ба нақлиёти ҳавоӣ ҳиссаи бештари хизматрасонӣ рост меояд. Вазифаи нақлиёт ин пеш аз ҳама интиқоли турист аз нуқтаи ирсол ба ҷои таъин ва трансфер, яъне интиқоли туристон ба иншоотҳои таъингардида ва хадамоти нақлиётӣ дар мавқеъ мебошад.

Таснифоти воситаҳои нақлиёт. Вобаста ба тавсия оид ба омори туризм, ки аз ҷониба ТУТ СММ тарҳрезӣ гардидааст, таснифоти зерини нақлиёт пешниҳод мегардад.

  1. Нақлиёти ҳавоӣ: хатсайрҳои мутобиқи ҷадвал; хатсайри бе мутобиқи ҷадвал ва дигар интиқолҳои ҳавоӣ.
  2. Нақлиёти обӣ: хатҳои ҳаракати мусофирон тавассути бандарҳо, ҷаҳонгардӣ; дигар намудҳо.
  3. Нақлиёти хушкигард: нақлиёти роҳи оҳан; автобусҳои шахсӣ, ки ғунҷонаш то 8 нафар мебошад; кирояи воситаи автомобилӣ; дигар воситаҳои нақлиёти хушкигард.

Таснифоти байналмилалии воситаҳои нақлиёт чунин шакл дорад:

  1. Нақлиёти ҳавоӣ:

— хатсайрҳои доими ширкатҳои ҳавопаймоии миллӣ ва хориҷӣ;

— дигар хатсайрҳо: ҳавопаймоҳои хусусӣ, яъне «таксиҳои ҳавоӣ» ва дигар воситаҳои парвозкунанда.

2. Нақлиёти обӣ:

— киштиҳои тиҷоратии баҳрию дарёӣ: самтҳои мусофиркаш, киштиҳои ҷаҳонгард ва дигар киштиҳои тиҷоратӣ;

— дигар намудҳои кишварҳои баҳрию дарёӣ: яхтаҳо, кишварҳои ҳарбӣ бо ҳадафҳои осоишта.

3. Нақлиёти хушкигард:

— нақлиёти роҳи оҳан: хатсайрҳои доимӣ, қатораҳои махсуси туристӣ ва дигар намудҳо.

— нақлиёти автобусӣ: хатсайрҳои доимӣ, автобусҳои махсуси туристӣ ва дигар намудҳо.

— автомобилҳои хусусӣ: такси ва автомобилҳое, ки бо ронандааш кироя карда мешавад, хона дар болои чарх (корвонҳо) ва дигар воситаҳо – мотосикл, дучарха ва ғайра.

Нақлиёти ҳавоӣ дар туризм. Тибқи омор суръати рушди нуфузи нақлиёти ҳавоӣ нисбати нақлиёти автомобилӣ дар туризм баландтар аст, ки ин ба васеъшавии географияи саёҳатҳо ва рушди шумораи сайрҳои кўтоҳмуддат ба масофаҳои дур вобаста аст.

Ҳайвопаймо намуди аз ҳама машҳури нақлиёт дар ҷаҳон (аз ҳама гарон) ба шумор меравад. Ин ифодагари он аст, ки ҳавопаймо намуди нақлиёти босуръат ва мувофиқ ба роҳат ҳангоми сафар ба масофаҳои дур буда, ғайр аз ин дараҷаи хизматрасонӣ дар хатсайри ҳавоӣ талаботи бештари туристонро қонеъ мегардонад. Дар чаҳорчўбаи ташкили саёҳатҳои туристӣ якчанд шакли таъсири мутақобилаи ширкатҳои туристӣ ва ширкатҳои ҳавопаймоӣ вуҷуд дорад:

— бронкунонии (банд намоӣ) ҷойҳо ва хариди билетҳои ҳавопаймоӣ тавассути оҷонсҳои ширкатҳои ҳавопаймоӣ;

— бронкунонии ҷой ва хариди билети ҳавапаймо тавассути низоми броннамоиӣ;

— қарордод бо ширкати ҳавопаймоӣ ба квотаи ҷой дар самтҳои парвози мунтазам;

— созишномаи оҷонсӣ ва кор ба сифати оҷонсӣ оид ба фурўши билетҳои ҳавопаймоӣ барои туристони худ;

— ташаккули хатсайрҳои фармоишӣ (чартерӣ) барои интиқоли туристон.

Тарофаҳои ҳавопаймоҳо. Якчанд намудҳои тарофаҳои ҳавопаймоӣ вуҷуд доранд. Тарофаҳои базавӣ вобаста ба мавсим тағйир меёбанд. Билетҳое, ки мувофиқи тарофаҳои базавӣ харида шудаанд, бе ягон мамоният иваз карда мешаванд ва ё баргардонида мешаванд. Тарофаҳо аз рўи шартҳои истифода чор навъ мешаванд:

тарофаҳои меъёрӣ (нормалӣ) – тарофаҳои пурраи хизматрасонӣ. Онҳо парвози рафту баргаштро бе ягон маҳдудият ба муҳлати истифодаи билет (1 сол аз оғози интиқол) кафолат медиҳанд. Мусофир метавонад санаи парвозро тағйир диҳад, билетро ба хазина баргардонад, дар хати сафар якчанд маротиба таваққуф намояд, самти сафарро тағйир диҳад ва ғайра.

тарофаҳои махсус, аз ҷониби Конвенсия (оид ба ҳавопаймоӣ) пешниҳод гардида, дар тамоми ширкатҳои ҳавопаймоӣ амал мекунад. Ба он тарофаҳои саёҳатӣ, ҷавонӣ, гурўҳи ва «инклюзивтур» шомиланд. Тарафаи сайёҳӣ бештар маълум аст ва якчанд маҳдудиятро дорад. Хусусиятҳои асосии он – маҳдудияти манималӣ ва максималии муҳлат ҳангоми дар хориҷа будан; парвози ба самтҳои рафту баргашт; муҳлати маҳдуди истифодаи билет; маҳдудияти муҳлати баргардонии билет маҳсуб меёбад. Тарофаҳои ҷавонӣ миёни донишҷўён ва синну соли аз 24 то 26 соларо фаро мегирад. Муҳлати истифодаи ин намуди билет як сол аст. Билетро метавон як сол қабл аз парвоз брон намуд. Инчунин санаи бозбаргашт ва муҳлати бемаҳдуди дар хориҷа будан таъмин мегардад. Тарофаи гурўҳи барои гурўҳи хонандагони мактабҳо ва дигар муассисаҳои таълимӣ, ки синашон то 19 сола ва бо ҳамроҳии роҳбари гурўҳ истифода мешавад. Мақсади сафар таҳсил ва табодули фарҳанг мебошад. Тарофаҳои инклюзивтур бошад, тавассути ширкатҳои туристӣ миёни туристони гурўҳиву фардӣ паҳн намуда мешавад.

Тарофаҳои имтиёзнок – ин гуна тарофаҳо маъмулан бо доштани арзиши паст пешниҳод мегардад. Ба ин тарофа масалан тарофаҳои зану шавҳарӣ ва хонаводагӣ таалуқ дошта, миқдори самтҳои маҳдуд истифода мешаванд. Тарофаи зану шавҳарӣ ин тарофае мебошад, ки ба яке аз онҳо 50% тахфиф дода мешавад, вале муҳлати билет ба муддати 1 моҳ муқаррар карда шудааст. Тарофаи хонаводагӣ бо 50 % тахфиф барои гусели аъзои хонавода ва кўдакон аз ду сола то 25 сола, аммо муҳлати истифодаи билет то 1 моҳ муқаррар шудааст.

Тарофаҳои таблиғотӣ – аз ҷониби ҳар як ширкати ҳавопаймоӣ дар чаҳорчўбаи қоидаҳои дохилӣ муқаррар мегардад.

Ташкили ҷаҳонгардии (круиз) баҳрию дарёӣ ва саёҳатӣ. Яке аз шаклҳои ташкили саёҳатҳо дар бизнеси туристӣ – ҷаҳонгардӣ (круиз) ба шумор меравад. Айни замон даҳҳо ширкатҳои ҷаҳонгардӣ дар тамоми дунё садҳо киштиҳои мусофиркашони ғунҷоишашон аз 70 то 2-3 ҳазор нафарро истифода намуда, сафарҳои ҷолиб ба тамоми минтақаҳои олам пешниҳод менамоянд.

Ҷаҳонгардӣ (круиз) – сайри баҳрӣ ё дарёиест, ки ба арзиши базавии он маҷмўи хизматрасониҳо (сукунат дар каюта ё утоқи киштӣ, таъмини се вақтаи ғизо, саргармию фароғат инчунин як қатор чорабиниҳо дар дохили киштӣ ба монанди ҷашнвораҳо, фестивалҳо, конкурсҳо ва консертҳо) шомиланд.

Кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон оид ба саёҳатҳои ҷаҳонгардӣ Британияи Кабир, ИМА ва Олмон ба шумор мераванд. Бузургтарин бозори содиркунандагони туристони ҷаҳонгард, бозори ИМА ба шумор меравад. Ба даҳгонаи мегаширкатҳо Carrival, Royal Cаribbean, P&O Princess, Star Cruises, Norwegian Cruise Lines, Holland Line, America Line, Festival ва Сrystal дохил мешаванд. Дар бозори ҷаҳонгардӣ тақрибан 85% ширкатҳо ба ИМА тааллуқ дорад.

Ҷаҳонгардии хориҷӣ одатан дар баҳрҳои Миёназамин, Адриатик, атрофии Аврупо бо ҷазираҳои Британия, Исландия, ба кишварҳои Скандинавия, бандари Санкт-Петербург, дар ИМА ва Канада ташкил карда мешаванд. Ғайр аз ин тавассути уқёнуси Ором ва Атлантика ба воситаи канали Панама ё аз атрофи Америкаи Ҷанубӣ ба воситаи Арабистон (канали Суетс) ба уқёнуси Ҳинд ҳаракат намуда, аз он ҷо ҷазираҳои қисми ҷанубии уқёнуси Ором (Австралия ва Зеландияи Нав) ба ҷазираҳои Гавай ва ба ҳавзаи баҳри Кариб дохил мешаванд.

Коршиносон бар он ақиданд, ки ҷаҳонгардӣ ба муддати 1 ҳафта маҳсулоти туристии асосӣ ба шумор меравад (қариб 40% ҷаҳонгардӣ сайри як ҳафтаинаро ташкил медиҳад).

Ҷаҳонгардии кўтоҳмуддатро қариб 30%-и муштариён меписанданд. Ҷаҳонгардии аз 10 то 14 рўза камтар аз 30% муштариёнро ба худ ҷалб менамояд. Ҷаҳонгардии тўлонӣ зиёда аз 14 рўз ҳамагӣ 2-3%-и муштариёнро ба худ ҷалб мекунад.

Шаклҳои ҷаҳонгардии баҳрӣ гуногун мебошад. Яке аз намудҳои маъмултарини онҳо ин намудҳо мебошанд: хатсайри туристӣ қад-қади соҳил бо сайрҳои кўтоҳмуддат дар соҳили таваққуфнамуда; ҳамрангӣ ё ҳамоҳангии ҷаҳонгардӣ бо саёҳати дарозмуддат дар дохили мамлакат бо истифодаи дигар намуди воситаҳои нақлиётӣ; якҷоягии ҷаҳонгардӣ бо қисман дар соҳили баҳр истироҳат намудан.

Дар маҷмўъ барои ташкили сафарҳои баҳрӣ шакли системаи классикиии аврупоӣ (зиёда аз 60%) паҳн гардидааст. Ин шакл система чунин шаклест, ки дар аснои сафари баҳрӣ киштиҳо ба бандарҳои гуногун бо барномаҳои саёҳатӣ дохил мешаванд. Дар баробари ин низоми амрикоӣ низ маъруф гаштааст ва мақсади асосии он пешниҳод ба саёҳати давриоламикунандагон баҳри истироҳат ва офтобхурӣ дар соҳилҳое, ки киштиҳо аз рўи хатсайр вориди он мешаванд.

Ҷаҳонгардии дарёӣ. Ин шакли ҷаҳонгардӣ бештар дар кишварҳо ва минтақаҳое ривоҷ ёфтааст, ки инҷо дарёҳои бузург доранд. Саёҳати дарёиро ба тариқи зайл таснифот намудан мумкин аст:

— интиқоли мусофирон ва туристон тавассути сайрҳои мунтазам;

— интиқоли мусофирон ва туристон тавассути сайрҳои фармоишӣ (чартерӣ);

— интиқоли сайёҳон аз як соҳил ба соҳили дигари дарё;

— интиқоли мусофирон ва туристон дар сайрҳои фаврӣ;

— хатсайрҳои сайру гаштӣ ва саёҳатӣ;

— ҷаҳонгардии (круиз) кўтоҳмуддат ва дарозмуддат дар дохили дарё ва ғайра.

Сайр тавассути қатора – саёҳати муташакилонаи туристон бо истифода аз нақлиёти роҳи оҳан. Ин намуди сайр саёҳати гуруҳӣ бо истифодаи қисми муайяни ҷойҳо дар қатораҳое, ки тибқи ҷадвали муқарраргардида ҳаракат менамоянд ва саёҳат дар қатораҳои махсуси туристиро дар бар мегирад.

Қатораҳои махсуси туристӣ – саёҳатӣ ба се навъи асосӣ ҷудо мешаванд:

Навъи якумқатораҳое, ки дар бар мегирад, ки барои сайрҳои якрўза муқарар шудааст. Ин гуна қатораҳо аз вагонҳои электроқатора таркиб ёфта, бо туристон фароғати чандон зурурӣ пешниҳад мекунанд.

Навъи дуюмсамтҳои сайри ду ё серўзаро ташкил мекунанд. Ҳангоми чунин сайрҳои на он қадар тўлонӣ, мусофирон дар ўтоқҳои алоҳида истиқомат мекунанд. Мутобиқи барнома қатора шабонгоҳ низ бояд дар ҳаракат бошад.

Навъи сеюмқатораҳои фаврӣ (ЭКСПРЕСС) барои сафарҳои тўлонӣ (беш аз якчанд шабонарўз) таъин гардидааст. Ин қатораҳо туристонро ба маконҳои тамошобоби минтақаҳои кишвар ё кишвари ҳамсоя мерасонанд.

Интиқоли туристон тавассути автобус. Ҳанўз 78% — и итиқоли туристон тавассути автобус, 17% автобусҳои сабукрав ва 5% тавассути дигар намудҳои нақлиёт амалӣ мегардад. Сайрҳои автобусӣ – ин саёҳати гурўҳи туристон бо автобусҳои хусусӣ ва автобусҳои кироя намуда мебошад. Хатсайрҳои саёҳати автобусӣ ба шаҳрӣ, наздишаҳрӣ ва байнишаҳрӣ ҷудо мешаванд. Арзиши сайр дар автобусҳо нисбати ҳавопаймоҳо 1,5 -2 маротиба поён аст.

Мувофиқи маводҳои конфронси вазирони нақлиёти Аврупо чор намуди туризми автобусӣ вуҷуд дорад:

— сафар дар автобусҳои самтӣ;

— сафар дар автобусҳои мунтазам ҳаракаткунанда;

— хатсайрҳои махсус, яъне дар тамоми муддати саёҳати гурўҳ як автобус истифода гардида, пас аз анҷоми саёҳат автобус гурўҳро ба нуқтаи оғози сафар мерасонад;

— саёҳат дар дохили шаҳр.

8

Расми 22. Таркиби нақлиётии бизнеси туристӣ.

0 Загрузки

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *