Фанни Таърихи Чахон(Умум)

Юнони бузург ва назди бахри сиёх

ШАРҲИ НОМҲОИ “ЮНОНИ БУЗУРГ” ВА “НАЗДИ БАҲРИ СИЁҲ”

Қисми таркибии ҷаҳони юнонӣ дар асрҳои V — IV то милод шаҳрҳое ба ҳисоб мерафтанд, ки дар ҷазираи Ситсилия, қисми ҷанубии Италия (Вилояти Юнони Бузург) ва дар соҳилҳои Баҳри Сиёҳ (Вилояти Назди баҳри Сиёҳ) воқеъ гардида буданд. Таърихи Юнони Бузург бо таърихи Назди баҳри Сиёҳва таърихи полисҳои ҳавзаи баҳри Эгей печ дар печ буда, ҳам барои ин минтақа ва ҳам барои он минтақа хусусиятҳои умумии рушди иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангӣ хос мебошад. Вале дар ҷойҳои аз марказ дур воқеъгарда — шаҳрҳои юнонии Ситсилия, Италияи Ҷанубӣ ва Назди Баҳри Сиёҳ ба тақдири таърихии ин полисҳо таъсири махсус расонидааст.

Гап дар сари он меравад, ки бунёди мустамликаҳо чун қоида дар байни қабилаҳои ақибмондае, ки дар зинаи нисбатан пасти ҳаёти ҷамъиятӣқарор доштанд, мушкилоти муносибатҳоро бо қабилаҳои маҳаллӣ тавлид месохт.Ин робитаи байниҳамдигарӣ гоҳ осоишта сурат мегирифт ва гоҳо душманона. Мустамликачиёни юнонӣ метавонистанд сокинони маҳаллиро ба сифати кормандони тобеъ ё ҳамчун ғуломон истифода баранд ё ба ҳайати гражданияти ашрофони қабила дохил намоянд. Юнониҳо ба қабилаҳои маҳаллӣ маснуоти косибӣваашёҳои қимматбаҳо фурӯхта, дар минтақаи мазкур даъвои ҳукмронӣдоштанд, аз он ҷумла бар қабилаҳои маҳаллӣ ва мустамликаҳои юнонӣҳам. Чунин давлатҳо дар ғарб Карфагени пурзӯр, этрускҳо ва дар асри IV то милод Ҷумҳурии Рим буд. Дар минтақаи Назди наҳри Сиёҳ ба мустамликаҳои Юнон лозим омад, ки бо ҳокимони Ҳахоманишиёни дар Осиёи Хурд ҳукмрон ва дар Шимоли Назди Баҳри Сиёҳ бо иттиҳоди қабилавии скифҳо бархӯранд.

Мустамликаҳои Юнон

Харитаи Назди баҳри Сиёҳ Харитаи Шимоли баҳри Сиёҳ

Дар маҷмӯъ, низоми мураккаби муносибатҳои байниҳамдигарӣ дар байни худи полисҳои юнонӣ ва қабилаҳои маҳаллӣвамамлакатҳои калони дар канораҳои олами юнонӣвоқеъгардидае, ки махсусиятҳои зиёди мавҷудияти таърихии шаҳрҳои юнонии минтақаҳои Юнони Бузург ва Назди Баҳри Сиёҳро нисбат ба Юнони Балкан ифода мекарданд, муайян менамуданд.

ЮНОНИ БУЗУРГ ДАР АСРҲОИ V — IVТО МИЛОД

То оғози асри V то милод полисҳои юнонии Ситсилия ва Италияи Ҷанубӣба шаҳрҳои бою гулгулшукуфон мубаддал гардиданд. Замини Ситсилия ва Ҷануби Италия барои зироатпарварӣ мусоид буда. Ситсилия бошад, муттасил ба як навъ маркази ғалладонаи Юнони Балканӣ, ки қаблан аз кам будани нон танқисӣ мекашид, мубаддал мегардад. Дар доманаи теппаҳои начандон баланди он боғҳои нави ток ва зайтун бунёд карда мешуданд, ки онҳо ҳосили хуб медоданд. Дар шаҳрҳо устохонаҳои сершумор ба вуҷуд омада, маҳсулоти гуногун аз қабили маҳсулоти кулолӣ, либоси пашмӣ, маснуоти биринҷӣ, аслиҳа ва заргарӣ истеҳсол карда мешуданд. Баъзе шаҳрҳои Ситсилия бо истеҳсоли маҳсулоти алоҳидаи косибӣ дар тамоми ҳавзаи баҳри Миёназамин машҳур шуда буданд: Терент — бо газворҳои нафис, Регий – бо маснуоти биринҷӣ, Сиракуза – бо киштисозӣ, Кума – бо кулолгарӣвағайра. Мавқеи қуллайи Сисилия дар баҳри Миёназамин имкон медод, ки ҷуғрофияи истеҳсол ва фурӯши молҳои худро васеъ ва алоқаҳои тиҷоратиро ба берун аз Ситсилия паҳн кунанд. Дар шаҳрҳои Ситсилия ҳаҷми калони молҳоеро мефурӯхтанд, ки ба ин ҷо аз ҳамаи марказҳои калони Баҳри Миёназамин оварда мешуданд.

Харитаи Юнони Бузург Харитаи ҷазираи Ситсилия

Шаҳрҳои зиёди Юнони Балкан ва, пеш аз ҳама, чунин шаҳрҳои калон ба монанди Афина, Коринф ва як қатор шаҳрҳои дигар ҷиддан ба хариди гандуми Ситсилия манфиатдор буданд. Дар баробари ин, қабилаҳои сершумори Африқои Шимолӣ, Италия ва Галлия ба воситаи бандарҳои Ситсилия ва Италияи Ҷанубӣаз тамоми ҳавзаи Баҳри Сиёҳшароб, равғани зайтун, маснуоти косибӣ мегирифтанд. Шаҳрҳои Ситсилия ба рақибони ҷиддии Карфагени пурзӯр, ки иқтисодиёташ аз амалиётҳои васеи савдоӣ дар ҳавзаи Баҳри Миёназамин вобаста буд, мубаддал мегарданд. Ин ҳолат зиддияти оштинопазири байни Карфаген ва юнониҳои Ситсилияро ба вуҷуд овард, ки он сабабгори ҷангҳои дуру дарози байни Карфаген ва Рим гардид. Ин ҷангҳо танҳо баъди аз тарафи Рим торумор карда шудани Карфаген хотима ёфтанд.

Хатари доимии хориҷӣҳам аз қабилаҳои маҳаллӣ ба миён меомад ва ҳам аз тарафи мамлакатҳои бузург. Онҳо довталабони салтанат дар минтақаи мазкур мешавад. Муносибатҳои мураккаб дар байни худи шаҳрҳои юнонӣбошанд, сабабгори баландшавии нақши унсурҳои ҳарбӣ дар ҳаётиҷамъиятӣ ва сиёсии шаҳрҳои Ситсилия ва Ҷануби Италия шуданд Ин омил, дар навбати худ, заминаи ба миён омадани зархаридон ва бо онҳо зич алоқа доштани фармондеҳони золими ҳарбӣ мегардад.

Мустаҳкам гардидани режимҳои золиму истибдодӣ ба тезутундшавии зиддиятҳои иҷтимоӣ дар байни табақаҳои гражданият – ҷонибдорони тартиботи демократӣ ва ашрофон мусоидат намуданд, ки соҳиби қитъхаҳои калони замин, устохонаҳои косибӣ, маблағҳои калон, киштиҳо ва маҳсулоти зиёди дигаршаванд. Зиддияти полисҳои юнонӣ дар байни демократия ва аристократия муносибатҳои душманонаро ба вуҷуд овҷард.

Сиёсати устокоронаи интихоби тарзу усули идора, авомфиребии иҷтимоии васеъ бо ҳамроҳии қӯшуни пурзур ваҳдату оромии маълуми муносибатҳои иҷтимоиро дар Сиракуза мӯътадил намуда, ба режими истибдодӣ бошад, ҳам дастгирии доираҳои демократӣ ва ҳам дастгирии қисмати зиёди ашрофони Сиракузиро таъмин кард. Вазъи дохилиро дар Сиракуза ром намуда ва артиши пурзӯрро ташкил карда, шоҳ Дионисий сиёсати фаъолонаи хориҷиро роҳандозӣ кард, ки он ба васеъшавии мамлакат нигаронида шуда буд.

Шаҳри Таормин дар Ситсилия Харобаҳои шаҳри Агриҷенто дар Ситсилия

Диққати махсус ба мубориза бар зидди рақибони юнониҳои ғарбӣ – Карфаген дода шуд. Дионисий якчанд маротиба ба муқобили қӯшунҳои Карфаген лашкар кашид. Махсусан ҷанги дуюми ӯ бо Карфаген (солҳои 398 – 392 то милод) бомуваффақият буд. Дионисияборҳо ба артиши пурзӯри Карфаген зарба зада, тавонистқисми зиёди шаҳрҳои Ситсилия ва вилоятҳои дохилиро, ки дар онҳо сикуламҳо сукунат доштанд, забт кунад. Ишғолгариҳои Дионисий мувофиқи созишномаи сулҳи соли 392 то милод эътироф карда шуда буданд. Ҷангро бо муваффақият анҷом дода, шоҳи Сиракуза бо қӯшунаш ба Ҷануби Италия рафта, Регий, Кавлония ва Кротонро ба зери таъсири худ даровард. Ба ин забткориҳо қаноат накарда, Дионисияҳудудҳои мустамликаҳои худро то ба соҳилҳои баҳри Адриатик васеъ карда, дар ҷазираи Иссаи соҳилҳои балкании баҳри Адриатик, резишгоҳи дарёи По ва соҳилҳои Питсена бошишгоҳу шаҳрчаҳои нав бунёд намуд. Онҳо ба дшоҳи Сиракуза имконият фароҳам оварданд, ки роҳҳои асосии баромад ба баҳри Адриатик ба зери назорат гирифта шаванд. Нуфузи Дионисия то он дараҷае меафзояд, ки ба корҳои дохилии қабилаҳои илларӣ дахолат кардан мегирад.

Сиёсати муваффақонаи хориҷии Дионисия аз рӯи ченакҳои мамлакатҳои юнонӣ ба ташкили давлати бузург оварда расонид: ба ҳайати он қисми зиёди шаҳрҳои юнонии Юнони Бузург, заминҳои паҳноваре, ки дар он қабилаҳои маҳаллӣ сукунат доштанд, ворид гардид. Дионисий бо давлати оғози асри IVто милод дар олами Юнониҳукмрон –Спарта ва метрополияи (хуҷаини) Сиракуза-Карфаген дар муносибатҳои дӯстона қарор дошт. Вақте ки Иттиҳоди Дуюми Афина пурзӯр шуд, шоҳи Сиракуза дар бораи кӯмаки байниҳамдигарӣ бо Афина қарордод (соли 368 то милод) ба имзо расонид.

Захираҳои бузурги моддиро дар ихтиёри худ дошта, Дионисияҷидду ҷаҳд ба харҷ дод, то ки Сиракузаро ба як навъ маркази мадании Юнон табдил бидиҳад. Худро пуштибони илм ва санъат вонамуд карда, Дионисия шоирон, рассосон, файласуфон ва олимони шинохтаи юнониро ба дарбори худ даъват менамуд. Масалан, файласуфи машҳури Юнон – Афлотун якчанд вақт дар дарбори ӯ зиндагӣ кардааст. Дионисия дар Сиракуза доир гардонидани ҳаргуна идҳои ҷамъиятиро ҳавасманд ва иштироки гражданҳои Сиракузаро дар Бозиҳои умумиюнонии Олимпӣ ва мусобиқаҳои дигари бонуфуз маблағгузорӣ мекард.

Шоҳаншоҳии Сиракуза дар Юнони асри IVто милод типпи нави иттиҳоди давлатиро таҷассум мекард. Дар сохтори он хусусиятҳои наве ифода ёфтанд, ки ба полисҳои классикӣ хос набуданд; давлате буд, ки натанҳо шаҳрҳои юнонӣ, балки қаламрави васеи сукунати қабилаҳоро дар бар гирифта, аз тарафи ашрофони ба шоҳ тобеъ идора карда мешуд. Дар баробари ташкили полисии ҳокимият, дастгоҳи давлатии идора танҳо ба шоҳҳисоботдиҳанда низ ташкил карда шуда, онро ҳокими дорои мақоми махсусе идора менамуд, ки сарварии ҳайати гражданиро ба ӯҳда дошт. Нақши калонро дар ҳаёти сиёсиро дар ин давлат унсурҳои ҳарбӣ иҷро мекарданд. Давлати Сиракуза дар аҳди Дионисия то як дараҷа ба ҳокимияти мутлақаи эллинистии оянда шабоҳат дошт.

Вале, дар ниҳояти кор,маълум гардид, ки давлати бузурги бо мушкилии зиёд ташкилкарда, давлати наонқадар мустаҳкам аст. Меросхӯрони заиф ва беҳунари Дионисия – писари Дионисияи II ва домоди Дион, дере нагузашта норозигии тамоми табақаҳои аҳолиро ба вуҷуд оварданд. Ғайр аз ин, дар байни Дионисияи Хурдӣ ва Дион ихтилофҳои ҷиддӣ ба миён омаданд, ки дар натиҷаи ин Дионисияи II аз ҳокимият дур карда мешавад.

Тимолеонт Дионисийи Хурдӣ

Вале шоҳи аз ҳокимият маҳрумшудақувва ҷамъ карда, ба муқобили Дион ба ҷанг медарояд, вале дар рафти ин ҷанг ҳалок мегардад. Аз бесару сомонӣ дар Сиракуза баамаломада шаҳрҳои юноние, ки зӯран ба ҳайати давлати Дионисияи Калонӣ дохил карда шуда буданду лекин ба ҷониби Сиракуза майл доштанд, истифода мебаранд. Ҳамин тариқ, Карфаген бар зидди Сиракуза амалиётҳои ҳарбиро оғоз намуд. Дар натиҷа Ситсилияи дар гузаштаи наонқадар дур пуриқтидор рӯ ба парокандагӣ ниҳод. Дионисияи Хурдӣ обрӯи эътибори худро пурра аз даст дод. Ҳокимият ба Маҷлиси халқӣ гузашт ва он барои расонидани кӯмак ба метрополияи Сиракуза – шаҳри Коринф, ки аз назари муносибатҳои иқтисодӣ ва маданӣ бо Сиракуза сахт вобаста буд, муроҷиат мекунад.

Соли 345 то милод Коринф ба Сиракуза дар зери роҳбарии лашкаркаш ва сиёсатмадори соҳибтаҷриба Тимолеонт лашкари на онқадар зиёд, вале хуб мусаллаҳбудаи кироя мефиристонад.Тимолеонт Деонисияи Хурдро аз идораи давлат бартараф ва ба Коринф бадарға кард. Дар Сиракуза сохти демократӣ аз нав барқарор карда шуд. Ба Тимолеонт муяссар шуд, ки шаҳрҳои Ситсилияро дар асоси ихтиёрӣ ва баробарҳуқуқӣ бар зидди Карфаген муттаҳид намояд. Қӯшуни Карфаген соли 341 то милод дар задухурди дар наздикии дарёи Кримис баамаломада торумор карда мешавад. Ҳангоме, ки вазъияти Сиракуза худ буд, Тимолеонт ба таври ихтиёрӣ аз ҳокимият даст кашида, канорагириро ихтиёр карда, умри боқимондаи худро дар Сиракуза мегузаронад. Вале баъди вафоти Тимолеонт соли 334 то милод дар Сиракуза ҷангҳои байниҳамдигарӣ аз нав оғоз ёфтанд ва аз ин Карфаген истифода бурд. Дар чунин шароит дар Сиракуза бароиаз нав таҳким ёфтани режими истибдодии ҳокимият шароит муҳайё гардид.

ВАЗЪИ ШАҲРҲОИ ЮНОН ДАР ИТАЛИЯИ ҶАНУБӢ ВА ШАҲРИ ТАРЕНТ

Дар баробари шоҳаншоҳии бузурги Сиракуза дар Юнони Бузург шаҳрҳои сершуморе мавҷудияти худро давом медоданд, кишакли полисии ҳаёт ва идораии худро нигоҳ дошта буданд. Шаҳрҳои Кротон, Сибарис, Метапонт, Тирент в як қатор шаҳрҳои дигар дар охирҳои асри VI то ба шаҳрҳои нашъунамоёфтаи дорои иқтисодиёти устувор, ҳаёти фаъолонаи ҷамъиятӣ ва гурӯҳбандиҳои демократӣ, ки бо ҳамсояҳои наздики худ дар ҳолати задухурдҳо қарор доштанд, мубаддал гардиданд. Масалан, дар натиҷаи бархӯрдҳои наздисарҳадӣ дар байни Кротон ва Сибарис соли 510 то милод охирин номбурда ишғол ва пурра ба хок яксон карда шуда, сокинонаш несту нобуд ва ё аз шаҳр пеш карда шуданд. Танҳо баъди 70 сол дар ҷойи Сибарис шаҳри нави машҳур – мустамликаи умумиюнонии Фурия тавлид меёбад, ки дар бунёди он шаҳри Афина фаъолияти махсус нишон дода буд.

Шаҳри қадими Кротон Сиккаи шаҳри Сибарис

Шаҳрҳои Ҷануби Ситсилия чунин рақиби хатарнокро, чун Карфаген надоштанд. Маҳз барои ҳамин дар ҳаёти юнонии Ҷануби Италия нақши унсури ҳарбӣхеле калон буд ва ин нерӯ хатари барпо карда шудани режимҳои истибдодиро хеле кам карда буд. Дар баробари ин, бояд қайд кард, ки ба шаҳрҳои Ҷануби Италия лозим меомад, ки тез-тез бо қабилаҳои маҳаллии бруттиҳо, луканҳо, самнитҳо, месипҳо ва қабилаҳои дигар дар ҳолати ҷанг бошанд. Вале ҳамлаҳои ин қабилаҳо ба воситаи нерӯҳои ихтиёриии гражданӣ бомуваффақият зада баргардонида мешуданд.

Яке аз шаҳрҳои калони Италияи Ҷанубӣ Терент буд. Терент дар охирҳои асри VIIIто милод бунёд ёфта, бо метрополия — мастамликадор алоқаи зич дошт. Ба муқаддасоти зиёди динӣ ва ёдгориҳои санъати Тарент наздик будани Терент бо Спарта таъсир расонидааст. Тарент дар дохили халиҷи васеи Тарент дар роҳи серодами тиҷоратӣмавқеи қуллаи ҷуғрофиро ишғол карда, он шаҳрҳои Ситсилияро бо Юнони Балкан мепайваст. Тарент заминҳои васеи ҳосилхезро забт кард, ки ҳосили баланди ғалла, ангур ва зайтун медоданд. Дар чарогоҳҳои сералафи Терент гӯсфандони машҳури тарентӣ мечариданд, ки пашми онҳо аз ҷумлаи навъҳои беҳтарин пашм дар тамоми Италия ба шумор мерафт. Барои аз вайроншавӣҳифз кардани ин пашми қимматбаҳо ба гӯсфандон “попон” ном “либоси” махсус мепӯшониданд.

Дар асрҳои V – IV то милод Тарент ба маркази калони косибӣ на танҳо дар Ҷануби Италия, балки дар тамоми Юнон мубаддал мегардад. Дар ин ҷо либоси аз пашми тарентии дар олами Юнон машҳури бо рангҳои гуногуни баланд ва ором ородода медухтанд, ки аз набототи қаъри оби халиҷ тайёр карда шуда буданд. Дар устохонаҳои кулолгарӣ зарфҳои бо нақшу нигор ва расмҳои зебои ба воситаи ранги сурх рӯйпушкардаи барои маъракаҳои бошукӯҳтаъиншуда истеҳсол карда мешуданд. Тарент бандари калон ва флот дошта, метавонист қӯшуни дорои 30 ҳазор нафар гоплит, 3 ҳазор савора, аз он ҷумла ҳазор савораро бо аслиҳаи вазнин мусаллаҳ кунад. Ин дар бораи рушди киштисозӣ ва истеҳсолоти баланди аслиҳа шаҳодат медиҳад. Дар роҳи муҳими баҳрӣқарор дошта, Тарент ба маркази бузурги тиҷоратӣ табдил меёбад. Бозёфтҳои тарентии сикка ва ашёю маснуот, аз он ҷумла маснуоти кулолӣ дар маҳалҳои зиёди нимҷазираи Апенин, соҳилҳои баҳрҳои Адриатик ва Ионӣ дар ин бора шаҳодат медиҳанд.

Ш. Сиракуза Ш. Метапонт Ш. Тарент

Ситсилияи Шарқӣ нишондиҳандаи баланди фаъолияти пуравҷи савдоӣ мебошад. Шимоли баҳри Адриатика ба як навъ минтақаи инҳисори савдои Тарент табдил меёбад, ки молҳои он дар дарунтари қитъа паҳн мегардиданд. Алоқаҳои тиҷоратии Тарент бо полисҳои Балкан, аз он ҷумла бо Кориф ва шаҳрҳои тамоили коринфӣдошта хеле фаъол буданд.

Дар замони архаистӣ Тарент аз тарафи ашрофон идора карда мешуд, вале шикасти қатъии ҳукумати ашрофӣ аз қабилаҳои ҳамсояи месапҳо соли 475 то милод ба табаддулоти давлатӣ ва барпо карда шудани тартиботи демократӣ оварда расонид. Сохти демократӣ дар Тарент хеле устувор буд ва он дуру дароз — то забткориҳои Рим дар асри III то милод умр дид, гарчанде ки дар полисҳои дигари демократии Юнон дар байни ҷонибдорон ва муқобилони ҳукмронии демократӣ ва намояндагони ашрофони маҳаллӣ муборизаи беохир давом мекард.

Дар оғози асри IV то милод ҳокимият дар Тарент ба файласуфи дар Юнон маълум Архита мегузарад, ки ӯ пайрави фалсафаи Пифагор ва яке аз асосгузорони механикаи Юнони қадим ба шумор мерафт. Коркарди назарияи ҳамоҳангии (гармонияи) мусиқии босубот, таҳқиқот дар соҳаи прогрессияи математикӣ, ҳалли масъалаи дупорашавии мукааб ва кашшофиётҳои дигарро ба Архита нисбат медиҳанд. Ҳокимияти Архит он тавре ки барои золимҳои истибдодии Юнон хос буд, моҳияти диктатураи ҳарбиро надошта, аз онҳо бо мӯътадилии худ фарқ мекард.

Муаллифони дунёи қадим чунин мешумориданд, ки маҳз дар аҳди Архита Тарент ба пешрафти бештаре ноил гардидаст. Афина дар марҳалаи пуриқтидор будани худ — нимаи дуюми асри V то милод ягон маротиба ба истиқлолияти Тарент дахолат накарда, баракс,маҷбур буд, ки бо асосгузори шоҳаншоҳии Сиракуза–Дионисияи I муносибатҳои дӯстона дошта бошад. Тарент ҳамчун мустамликаи ягонаи Спарта дар Италия, ба он такя ва дар мавридҳои ба миён омадани мушкили ҳифозат ҳарбӣ, барои ёрӣ ба С парта муроҷиат мекард ва Спарта ҳамон лаҳза дастаҳои ҳарбии худро ба кӯмаки Тарент мефиристод.

Ҳамин тариқ, Спарта дар нимаи дуюми асри IV то милод ба Тарент бо сардории Архидами II (соли 338 то милод) ва Клеоним (соли 303 то милод) лашкар фиристод, ки ба тарентиҳо дар мубориза бар зидди қабилаҳои лукан кӯмак расонанд. Бо шоҳҳои Эпир низ муносибатҳои дӯстона ба роҳ монда шуда буданд. Тарентиҳо онҳоро низ дар мавриди лашкаркашии шоҳ Александри Эпирӣ ба Тарент(соли 334 то милод) ва лашкаркашии машҳури Пирр (солҳои 280-275 то милод) ба кӯмак даъват намуда буданд. Мардуми Тарент шояд яке аз аввалинҳо шудаба болоравии иқтидори Ҷумҳурии Рим баҳо дода, кушиш ба харҷ доданд, ки бо он муносибатҳои дӯстона ба роҳ монанд. Соли 334 то милод дар байни Ҷумҳурии Рим ва Тарент қарордоди сулҳ ба имзо расид. Мувофиқи шартҳои и қарордод Рим истиқлолияти Тарентро эътироф карда, ӯҳдадор шуд, ки киштиҳои худро ба халиҷи Тарент намедарорад.

МИНТАҚАИ НАЗДИ БАҲРИ СИЁҲ ДАР АСРҲОИ V — IV ТО МИЛОД

Дар марҳалаи мустамликагардонии Бузурги юнонӣ дар соҳилҳои баҳри Сиёҳ шаҳрҳои зиёд бунёд шуда, дар оғози асри IV то милод аз назари иқтисодӣ ба полисҳои рушдёфта сабзида расида, бо шаҳр-давлатҳои Юнони Эгей робитаи зич муқаррар намуданд. Дар байни онҳо полисҳои нисбатан калон дар соҳилҳои ҷанубӣ Понт ва Синоп, соҳилҳои ғарбӣ Аполлония ва Истрия, шимоли Феодосия, Пантикапей, Фанагория ва дар соҳилҳои ҷанубии Баҳри Сиёҳ- Диоскуриада ва Фасис буданд.

Шаҳрҳои юнонии Назди баҳри Сиёҳқисми таркибии полисҳои олами Юнони қадимро ташкил менамуданд. Дар баробари ин, тақдири таърихии шаҳрҳои Назди баҳри Сиёҳ баъзе махсусиятҳои хоси худро дошта, таърихи онҳо бояд ҳамчун таърихи минтақаи махсуси олами Юнони қадим омӯхта шаванд ва таҳқиқи ин минтақаи олами юнонӣ ҳамин тавр ҳам сурат гирифта истодааст.

Нимҷазираи Истрия Аполлонияи қадимФеодосияи қадим (эҳё)

Махсусияти рушди таърихии Назди баҳри Сиёҳ аз рӯи ду сабаби муҳим, аз як тараф, муносибатҳои зич бо иттиҳодияи қабилаҳои маҳаллӣ ва ё давлатӣ(фракиягиҳо скифҳо, иберҳо, халибҳо ва ғайра) ва, аз тарафи дигар, зарурати иттиҳодияи нерӯҳои маълуми шаҳрҳои гуногуни Назди баҳри Сиёҳ дар атрофи марказҳое, ки дар ин минтақа аҳамияти калон пайдо намуда баданд. Чунин марказҳо дар асрҳои V – IV то милод Синоп ва Гераклея, дар соҳилҳои ҷанубӣ ва Пантикапей дар шимолии Соҳили баҳри Сиёҳ воқеъ гардида буданд.

Дар асрҳои VII – VI то милод Назди баҳри Сиёҳ минтақаи ниҳоят фаъолонаи мустамликагардонии ҳудудҳои баҳри Ион ва махсусан шаҳри Милет ба шумор мерафт. Шаҳрҳои зиёди Назди баҳри Сиёҳ мустамликаҳои Милет буданд. Табиист, ки ин ҳолатбаъзе махсусиятҳои иқтисод, сохтори иҷтимоӣ, таркиби сиёсӣ ва маданиеро муайян карданд, ки онҳо робитаҳои байниҳамдигарии мустамликаҳои Милет ва муносибатҳои онҳоро бо соҳиби мустамликаро осон менамуданд.

Сиккаи Амис Ҳайкалҳо аз шаҳри Гераклея

Таъсири Милет баъди онро форсҳо дар нимаи дуюми асри IV ишғол кардани юнониҳои ионӣто як дараҷа заиф шуд. Баъди ба охир расидани ҷангҳои Форсу Юнон, озод карда шудани Иония ва ҳамаи шаҳрҳои Милет аз зери ҳокимияти давлати Ҳахоманишиён, иқтидори Иттиҳоди баҳрии Афина баландтар шуда, ҳокимияти он то шаҳрҳои назди назди Баҳри Сиёҳ васеъ мегардад. Ба ҳайати шоҳаншоҳии Афина Синоп, Амис, Гераклея, Аполлония, Истрия, Тира, Олвия ва Нимфей дохил мешаванд. Барои нигоҳ доштани таъсири худ дар Назди баҳри Сиёҳ,Афина флоти худро якчанд маротиба ба тарафи баҳри Сиёҳ мефиристонад. Экспедитсияи нисбатан калон экспедитсияи соли 437 то милод буд, ки ба он Перикл роҳбарӣ мекард. Ин лашкаркашӣ диққати махсус ба таҳким бахшидани ҳокимияти Афина дар Синоп буд. Ба ин шаҳр эскадраи иборат аз 13 триер (киштии ҷангӣ) ва отряди гоплитҳо бо сардории стратег Ламах фиристода шуда буд. Афинагиҳоҳукумати золими истибдодии Гимесилияро сарнагун карда, демократияро барқарор намуданд ва дар ин ҷо 600 муҳоҷир-клерхҳои аз Афина омада аз ҳисоби заминҳои мусодиракарда соҳиби замин шуданд.

Харобаҳои театри Аполлония Харобаҳои шаҳри Синоп

Салтанати Афина дар ҷангҳои Пелопоннес то як дараҷа заиф гардид. Аз мушкилоти Афина истифода бурда, соли 424 то ,милод сокинони Гераклея гурӯҳбанди рӯй ба ҳукумати Афинаро бартараф карда, аз Иттиҳоди баҳрии Афина баромадани шаҳри худро эълон доштанд. Кушиши дар зери роҳбарии Ламах ҳокимияти Афинаро дар ин шаҳр аз нав барқарор кардан барор нагирифт. Триерҳои Афина бар камарҳо бархурда, ғарқ шуданд. Афинагиҳои ҷон ба саломат бурда маҷбур шудаанд, барои ақибнишинии озод иҷозат пурсанд. Ин хоҳиши онҳо қонеъ гардонида мешавад. Ҳамин тариқ, Гераклея истиқлолият ба даст медарорад.

Баъди шикасти Афина дар ҷанги Пелопоннес ва пароканда карда шудани Иттифоқи Якуми баҳрии Афина Синоп ва ҳамаи иттифоқчиёни Афина, аз он ҷумла шаҳрҳои Назди баҳри Сиёҳ озод шуданд. Асри IV то милод марҳалаи мавҷуд будани шаҳрҳои соҳибистиқлол дар назди Баҳри Сиёҳ ва давраи баландтарини рушди иқтисодӣ ва сиёсии фаро мерасад. Дар ин канораҳои олами юнонӣ бӯҳрони низоми полисӣ нисбат ба Юнони Балкан камтар ба назар мерасид.

Марказҳои нисбатан рушдёфта ва калонтарини Назди баҳри Сиёҳ, ки ба онҳо шаҳрҳои дигари юнонии минтақа майл доштанд, Синоп ва Гераклея дар соҳилҳои ҷанубӣ, Боспор ва Олвия дар шимоли Назди баҳри Сиёҳ буданд. Нақши калонро дар ҳавзаи Назди баҳри Сиёҳи асри IVто милод Синоп иҷро менамуд, ки он аз тарафи милетиҳо тахминан дар 630 то милод дар димоғаи сархарсанги қисмати маркази соҳил бунёд карда шуда буд.

Харобаҳои шаҳри Нимфей Сиккаи Сатир

Шоҳигарии дигари Назди баҳри Сиёҳ Боспор буд, ки онро дар аввал сулолаи Архенактидҳо идора мекард. Баъд дар натиҷаи рақобати байниқабилавию байнисулолавӣ ин сулола аз ҳокимият дур карда мешавад. Баъдтар ҳокимият дар Боспор ба дасти Спартоки I мегузарад, ки ӯ асосгузори сулолаи ҳокимони Спартокидҳои Боспор мебошад. Ин сулола дар Боспор то охирҳои асри IIто милод, наздики 300 сол,ҳукмронӣ кардааст. Спарток ва меросхӯрони ӯ Сатир (солҳои 433 – 389 то милод) ва Левкон (солҳои 389 – 349 то милод) сиёсатмадорони боҳавсала ва дурандеш буданд. Онҳо ба ишғолгариҳои фаъолона машғул шуда, қаламрави хеле калон, нимҷазираҳои Керчу Таман ва қариб ҳамаи соҳилҳои баҳри Азовро ба шоҳигарии Боспор ҳамроҳ намуданд. Дар ҷанги дарозмуддати Боспор бо Феодосияи пурзӯр, ки он қариб 20 сол давом кард, ба Боспор Гереклеяи Понтей кӯмак расонид, Дар натиҷа ҳокими Боспор муяссар шуд, ки ин шаҳри калони Шимоли Назди баҳри Сиёҳро ба давлати худ ҳамроҳкунад, Дар миёнаҳои асри IVто милод қаламраси Боспор — аз Феодосия то Ростови лаби Дони ҳозира, дар шимол, ва то Новороссийскии ҳозира, дар шарқ, тӯл кашида буд. Ба ҳайати он чунин шаҳрҳои юнонӣ, ба монанди Пантикапей, Феодосия, Фанагория, Нимфей, дохил карда шуданд. Дар ин шаҳрҳои юнонӣ қабилаҳои маҳаллии синдҳо, меотҳо, псессҳо, дандариҳо ва скифҳо сукунат доштанд. Боспор аз назари масаоҳат ба яке аз мамлакатҳои калонтарине, ки дорои сохтори мураккаби маъмурӣ дар марказ ва дар маҳал доштанд, табдил меёбад. Дар он шумораи ками юнониҳое (асосан дар шаҳрҳо), ки аслан баромадашон аз шаҳрҳои Балкан, Осиёи Хурд ва назди Баҳри Сиёҳ буд, аҳолии сершумори қабилаҳои дар сатҳи гуногуни рушди ташкилию ҷамъиятӣ ва қавмӣ қарордошта сукунат доштанд. Ин ҳама авлати Боспорро аз давлатҳои типпи ташкилии полисии Юнони қадим хеле фарқ мекунонид.

Масоҳати нопайдоканори давлати Боспор дорои захираҳои бузурги иқтисодӣ дошта, имконият фароҳам оварданд, ки иқтисодиёти устувори самаранок дошта бошад ва он ба ин мамлакат даромади калон ба бор оварад.

Олвия мамлакати дигари Назди баҳри Сиёҳ буд. Нишондиҳандаи асосии пуриқтидории Олвия баргардонидани ҳамлаи хатарноки яке аз лашкаркашони Искандари Макдунӣ – Зопирион мебошад, ки дар зери роҳбарии ӯ лашкари иборат аз 30 ҳазор нафар соли 331 то милод Олвияро муҳосира карда, мақсад дошт, ки онро ба зери таъсири Македония дарорад. Олвиополитҳо (шоҳҳои Олвия) тамоми тадбирҳои

боҷуръату қатъиро андешиданд, то ки ба сокинони нобаробарҳуқуқҳуқуқҳои гражданӣ дода шаванд, Мақсад ин буд, ки онҳоро ба ҳайати ихтиёриён дохил карда тавонанд. Барои ин қарзҳо бекор ва як қисми ғуломон озод карда шуданд. Скифҳо низ ба ёрии мардуми Олвия омаданд. Қӯшунҳои македонӣ шикаст хӯрданд ва фармондеҳи Искадари Макдунӣ — Зопирион ба ҳалокат расид.

Олвия баҳри беҳтар кардани вазъи байналхалқиаш шартномаи қаблии худро бо Милет дар бораи ҳамкории сиёсӣ аз нав эҳё карда, алоқаҳои сиёсиро бо скифҳо мустаҳкам карда, ба зери сарпарастии онҳо даромад. Вале зада баргардонидани ҳамлаи Македония аз Олвия нерӯҳои ниҳоят зиёдро тақозо намуд, ки ин ҳолат тобеияти Олвияро ба шоҳҳои скифҳо боз ҳам пурзӯртар кард.

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *