Фанни Таърихи Чахон(Умум)

Мухориба дар Гавгамела, забти Бобулу Суза ва Оташ задани тахти Чамшед (Персеполис)

Искандар баҳори соли 331 то милод аз нав Байнаннаҳрайн бармегардад. Ба Парменнон аскар фиристонида, мефармояд, ки гузаргох аз дарёи Фуротро ишғол намояд. Искандар ба нерӯҳои Парменнон пайваста, дарёи Фуротро убур мекунад. Кисми пешгарди артиши форсҳо ақибнишинӣ кард ва артиши Македония бемамониат аз дарёи Даҷла гузашта ба Арбел наздик шуда, огаҳӣ пайдо менамояд, ки дар он ҷо қӯшунҳои Дорои III мустақаранд. Муҳориба дар байни қӯшунҳои Искандар ва Дорои III 1 октябри соли 331 то милод дар деҳкадаи Гавгамела ба амал омад. Пеш аз набард Искандар ба аскаронаш имконият дод, то ки ба қадри зарурӣ истироҳат кунанд. Доро бошад, аз нерӯҳои худ на онқадар боварӣ дошта, қӯшунҳои худро тамоми шаб дар ҳолати тайёрбош нигоҳ дошта, нагузошт, ки хоб кунанд.

Искандар аз ҷиҳати шумора ва аслиҳаи ҷангӣ афзалият доштани қӯшунҳои форсҳо хуб огаҳӣ дошт, аз он ҷумла аз ҷузъу томҳои савораи онҳо, ки аз ароба ва шутурсавор иборат буданд. Форсҳо ҷузъу томҳои дар қисмати қанотҳо ҷойгирифтаро ишғол карда натавонанд, чунки хатти ҷанги форсҳо аз хатти ҷанги юнону макдуниҳо хеле дарозтар буд. Дорои III аввал савораи сакқоию бохтариро ба ҷанг даровард. Баъди ин аробаҳои ҷангии онҳо ба набард ҳамроҳ шуданд. Вале ин қувваи форсҳо низ ба ягон муваффақияти чашмрасе ноил шуда натавонист. Искандар аз кушиши форсҳо баҳри ишғоли қанотҳои чапу рости қӯшунҳои рақиб, ки хати хеле дарозро ташкил намуда буданд, истифода бурда, даст ба ҳамла мезанад. Сарфи назар аз он, ки лашкаркаши форсҳо Мазей дар қаноти чапи қӯшунҳои македониҳо ба Парменнон зарбаҳои муасир мезад, вале дастаи ҷанговарони савораи бохтарӣ дар зери роҳбарии ҳоким (сатрап) Бесс қобилияти ҷангии худро бо пуррагӣ нигоҳ дошта буд, Дорои IIIаз нав боз рӯ ба гурез ниҳод.

Шаҳри Суза Шаҳри Бобул

Қисмҳои савораи аскарони форсҳо фалангаи македониро рахна кард, то ки асирафтодагонро озод ва мусаллаҳ кунад. Барои ин Мазей кӯшиш ба харҷ дод, то ки ин муваффақиятро ривоҷ диҳад, лекин ин кор низ бефоида анҷом ёфт. Аз ин қӯшунҳои Дорои III рӯҳафтода шуда, боварӣ ба ғалаба аз болои македониҳоро аз даст доданд ва гетайрҳо дар зери роҳбарии Искандар ба кӯмаки Перменнон шитобида, дар Гавгамелла торумори форсҳоро анҷом медиҳад. Ақибнишии форсҳо ба гурехтан табдил меёбад. Танҳо аскарони савораи бохтарӣ ва кирояи юнонӣ бо тартиб ақибнишинӣ карданд. Македониҳо рақибонро то Арбел дунболагирӣ намуданд. Ба Доро ва баъзе ҳокимони (сатрапҳои) форсҳо муяссар гардид, ки бо ҳамроҳии дастаи начандон калони аскарон ба ҷониби пойтахти Модҳо – шаҳри Экбатан (Ҳамадон) ақибнишинӣ кунанд.

Муҳорибаи Искандар лар Гавгамела Харобаҳои Экбатан (Ҳамадон)

Мазей бошад, ба Бобул ақибнишинӣ кард ва Искандар зарур шуморид, ки маҳз ӯро думболагирӣ намояд. Бобулиҳо ба пешвози шоҳи нав баромада, ӯро ҳамчун озодкунанда арзи сипос намуданд. Искандар аз Бобул ба Сӯза ва аз он ҷо ба Форс (Персада) – ватани Ҳахоманишиён ва гаҳвораи ин шоҳаншоҳӣ рафта, дар фасли зимистон бар зидди кӯҳистониёни маҳаллӣ ҷанг кард. Баъд бе ягон мушкилии зиёд ҳарду пойтахтм форсҳо – Пасаргад ва Тахти Ҷамшед (Персеполис)-ро ишғол кард. Дар Тахти Ҷамшед ба Искандар боигарии бемислу монанд, ки дар хазинаи шоҳаншоҳ маҳфуз буд, насиб гардид – ба маблағи 180 ҳазор талант, ғайр аз зарфҳои тиллогину нуқрагин ва дурру марвориди зиёд. Аз рашку ҳасад Искандар дар Тахти Ҷамшед Қасри Ардашер оташ мезанаҳангоми дар Тахти Ҷамшед будани худ Искандар иттилоъи хурсандибахш пайдо намуд: Спарта аз тарафи ноиби Искандар – Антипатр шикаст хӯрдааст. Ин маънои онро дошт, ки рақиби пурзӯри салтанати Македония дар Юнон шикаст хӯрда, Антипатр вазъи ҷамъиятию сиёсиро дар он ҷо ба ихтиёри худ гирифтааст. Дар ин ҳолат агар қаблан Искандар дар бораи лашкаркашӣ ба Эрон каму беш шубҳа дошта бошад, пас акнун ин шубҳа аз байн меравад.

Тахти Ҷамшед (Персепол)Харобаҳои Тахти Ҷамшед

Искандар ба вилояти Мод лашкар кашид. Дорои III бо аҳли рикоби худ Экбатан (Ҳамадон)-ро тарк намуда ба дарунтари Эрон рафта, паноҳгоҳ меёбад. Искандар бо артиши начандон калони яккачин худ бо суръати том шоҳаншоҳи гурезаро думболагирӣ карда, дар роҳи аз Мод ба Порт дастгир мекунад. Ҳокимон (сатрапҳо) Дорои III-ро бо найзаю шамшер бақатл расониданд, то ки зиндаю саломат ба дасти душман наафтад, худашон бошанл, гурехтанро идома доданд. Искандар ба ҷойи кушта шудани шоҳи Ҳахоманишиён расида гирифта, рақиби мурдаашро бо тантанаи шоҳона ба хок месупорад. Баъд ин ҳокимони гурехтаистодаро дигар думболагирӣ накард.

Шаҳри Суза Шаҳри Бобул

Ҳамин тариқ, то тобистони соли 330 то милод Искандар вилоятҳои нисбатан бойи давлати Ҳахоманишиён, марказҳои асосии сиёсӣ ва маданӣ ва хазинаи бемислу монанди форсҳоро ишғол мекунад. Вале минбаъд тамоми ҳушу гуши Искандар ба Шарқ — ба сарҳадҳои шарқии давлати Ҳахоманишиён нигаронида шуда буд, чунки ӯ акнун худро меросхӯри қонунии ин сулола меҳисобид. Лашкаркаширо давом дода, Искандар дар зарфи камтар аз як сол масоҳати бузургу паҳновари ин минтақаи давлати Ҳахоманишиён (Гиркония, Порт, Ориё, Дрангиан ва Арахозия)-ро ба худ тобеъ кард.

ТАҒЙИРОТ ДАР СИЁСАТИ ИСКАНДАР ВА ИХТИЛОФҲО ДАР АРТИШ

Аввалин зуҳуроти норозигии ошкоро дар ҳайати фармондеҳии артиши Искандари Макдунӣ ба давраи лашкаркашии ӯ ба Шарқрост омадааст. Сиёсати тамоилхоҳонаи наздикшавии ӯ ба ашрофони маҳаллӣ, ки мехост ба воситаи онҳо дар сарзаминҳои ишғолшуда такягоҳ пайдо намояд, ба муваффақиятҳои ҳарбӣ ва ҳаракати васеъкунии қаламрави империяи Искандари Макдунӣ бевобаста алоқаманд мебошад. Ӯ пераҳани форсӣ мепӯшидагӣ шуда, Гурзи салтанат ва ба он мувофиқ мансабро таъсис намуда, ба ин вазифа як нафар аз форстаборро таъйин кард, форсҳои машҳуртаринро ба худ наздик кунонид, аз он ҷумла бародари Дорои III-ро.

Ҳамин тариқ, Искандар ба ҳокимияти худ зоҳиран моҳияти императорӣ бахшид. Сиёсати нав мухолифатро дар артиш тезу танд кард. Оппозитсия аз ҷумлаи ашрофони кӯҳнаи македонӣ баромада буд, махсусан аз байни ашрофони навоҳии ҳамвор (Македонияи Поён) — шоххои начандон пешини мустақил, ки ба табдилёбии ҳокимияти шоҳи худ, ки ба шоҳаншоҳи шарқӣ мубаддал гардида буданд ва дар ин зуҳурот шикастаани анъанаҳои кӯҳнаи македониро медиданд, бо чашми душманона менигаристанд. Дар мубориза бар зидди онҳо Искандар, пеш аз ҳама, ба онҳое такя мекард, ки баромадашон аз навоҳии кӯҳии Макдонияи Боло буд ва қаблан ба дарбор таъсире надошта, болоравии обурӯю эътиборашон маҳз бо шарофати Искандар арзи вуҷуд кардааст.

Ашрофони кӯҳна ба идомаи лашкаркашии Искандар қаъиян зид буданд, чунки дар баробари болоравии давлати нави Искандар, ҳокимияти ӯ низ мустаҳкам мешавад, дар ҳоле, ки аҳамияти Македония дар дохили ин давлат коҳиш меёбад. Ащрофони нав, баракс, тайёр буданд, ки Искандарро дастгирӣ кунанд, чунки ба фоида бардоштан аз ғанимат ва истисмори заминҳои ишғолкарда умед мебастанд

Дар мубориза бар зидди оппозитсия Искандар ҳанӯз метавонист ба дастгирии қисмати асосии артиш, ки аз ҷамоачиёни македонӣ иборат буд, такя кунад, гарчанде ҷанговарон аллакай лашкаркашиҳои дуру дароз ва мушкил монда шуда буданд вабаъзан дар байни онҳо андешаҳо дар бораи «вақти ба хона баргаштан расидааст» баён меёфтанд. Вале ҳоло тайёр буданд дар мубориза бар зидди ашрофон Искандарро дастгирӣ намоянд. Вақте, ки сӯйқасди Филота, ки лашкаркаш ва яке аз ҳамсафони наздиктарини Искандар буд, ошкор мегардад, Искандар мувофиқи анъанаҳои кӯҳнаи македонӣ Филота ва ҳамфикрони ӯро ба додгоҳи артиш супорид, ки он ин нафаронро гунаҳгор дониста, ба қатл ҳукм кард. Дар ҳамин асос падари Филона – Парменнон, ки лашкаркаши пири соҳибтаҷриба буда, дар муҳорибаи назди Исса ва Гавгамела ба фаланги чапи қӯшун фармондеҳӣ мекард, қатл карда мешавад.

Баъд аз сӯйқасди Филона дар артиши Искандар низоъҳоидигар низ рух доданд. Соли 328 то милод Искандар аллакай дар Мароқанд (имрӯза Самарқанд) ҳангоми зиёфат ӯ Клитаро қатл мекунад, ки яке аз лашкаркашони содиқ буда, Искандарро дар муҳорибаи назди Граник аз марг наҷот додааст. Гунаҳгоркунии шоҳ аз тарафи Клита оид ба он, ки ӯ худро бо варварҳо ва ғуломон иҳота карда, дар тан либоси форсӣ ба ӯ таъзим мекунанд, дар ҳоле, ки македонииҳо барои даромадан ба ҳузури Искандар маҷбур буданд аз форсҳо иҷозат пурсанд. Худи ҳамон сол забоняккуние бо номи «сӯйқасди кордҳо» ошкор карда шуд. ки иштирокчиёни он ҷавонон аз оилаҳои ашрофони македонӣ — аз муҳофизони шахсии Искандар иборат буданд. Сӯиқасдчиён ният доштанд, ки Искандарро дар ҷои хобаш ба қатл расонанд, вале корашон барор нагирифт. Чун ба воқеаи бо Филота рухдода, Искандар парвандаи сӯиқасдчиёнро ба додгоҳи ҳарбӣ супорид ва онҳо ба қатл ҳукм карда шуданд.

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *