Фанни Таърихи Чахон(Умум)

Пешгузаштагони Диоклетиан ва Константин

Он чиҳое, ки дар боло гуфта шуданд, маънии он далелеро надорад, ки пешгузаштагони ин императорони ислоҳотчии асри III Диоклетиан ва Константин, ки баҳри барҳам додани зуҳуроти буҳронии замони худ мубориза бурда буданд, инкор карда шавад. Дар ин замина нисбат ба императорони дигар хизмати императорон Галлиен, Аврелий ва Проб арзандатар мебошад.

C:\Users\USER\Music\авы.jpg
C:\Users\USER\Music\гал.jpg
C:\Users\USER\Music\проб.jpg

Диоклетиан Галлиен Проб

Ислоҳоти ҳарбии Галлиен (солҳои 253 – 268). Аз назари аввал Галлиен ба қатори пешгузаштагони Диоклетиан ва Константин тамоман ба таври тасодуфӣ “дохил” дохил гардида бошад, вале ҳақиқат дар он ниҳон аст, ки нуқтаи баландтарин дар рушди бӯҳрони асри III ба замони ҳукмронии ҳамин император рост омадааст. Маҳз дар ҳамин замон аз Империя вилоятҳои ғарбӣ ҷудо мешаванд¸ маҳз дар ҳамин замон қариб тамоми Рими шарқӣ дар доираи шоҳигарии Палмир маҳдуд мешавад, ва, ниҳоят, ана дар ҳамин замони ҳукмронии Галлиен зада даромадани қабилаҳои варварӣ рост омадааст. Вале нуқтаи баландтарин дар рушди бӯҳрон ин буд, ки ҷараёни пурзӯри ҳаракат баҳри аз нав баргаштан ба империя бар нерӯҳои марказгурез афзалият пайдо мекунанд. Дар масъалаи он, ки ҷараёни воқеаҳо маҳз ҳамин хел сурат гирифт, хизмати Галлиен хеле калон аст.

Ба ин император муяссар гардид, ки як қатор ислоҳотҳо гузаронад, ки мақсади асосии онҳо аз нигоҳ доштани артиши тобеъ ба ҳокимияти марказӣ иборат буд. Гурӯҳбанди яккачини аз ҳисоби муҳофизони император “protektores divini laters” (маънояш – “ҳимоятгарони сандуқи синаи худо”) ташкилкарда бояд парваришгоҳи парвардаҳои кадрии афсарони олирутба ва амалдорони шаҳрвандӣ мубаддал мегардид, ки он бо ҳамин сифат бояд такягоҳи муҳимтарини худи Галлиен бошад. Дар як вақт пеши роҳи сенаторҳо барои хизмати ҳарбӣ ва фаъолияти маъмурӣ баста шуд.

Артишро аз нав эҳёю бозсозӣ сохтани Галлиен ба аҳамияти калон молик буд. Бо ҷидду ҷаҳди император ва наздикони ӯ ҷузъу томҳои лашкари дар сатҳи баланд ба ҷанг қодири савора ташкил карда шуданд, ки онҳоро мумкин буд бомуваффақият ҳам бар зидди аскарони исёнгари дохилии худ ва ҳам бар зидди варварони таҷовузкори ба қаламрави Империя зада даромада истифода бурд. Рӯи дигари ташкили чунин як нерӯи пурзури стратегии эҳтиётӣ, болоравии аҳамияти сиёсии қумандонони он буда, ба онҳо чунин имконият фароҳам овард, ки дар вақташ префектҳои преторинӣ дошта бошанд. Беҳуда нест, ки мансаби қумандони аскарони савора барои дашкаркашон Аврелиан ва Проби аз мактаби Галлиен баромада, як хел майдончаи парвоз шуда, дар роҳи баромадан ба қуллаи баланди ҳокимият гардид, маҳз онҳо ба таври пурра аз натиҷаҳои ислоҳоти ӯ истифода бурда, дар роҳи аз нав барқароркунии иқтидори Рим ба муваффақиятҳои ҳалкунанда ноил гардидаанд.

C:\Users\USER\Music\антонинов.jpg
C:\Users\USER\Music\клав.jpg
C:\Users\USER\Music\21.jpg

Аврелиан Клавдий II Лутсий Домитсий

Ҳукмронии Аврелиан (солҳои 270 – 275). Моҳи марти соли 268 Галлиен аз тарафи суиқадчиён ба қатл расонида мешавад, ки яке аз онҳо Марк Аврелий Клавдий ба тахту тоҷ соҳиб мешавад. Бо амри тамасхуромезонаи тақдир, Галлиени сахт захмбардошта аз иштироки Клавдий дар сӯиқасд дарак надошта, пеш аз маргаш ӯро яке аз ҷойгирони худ эълон менамояд. Ҳукмронии Клавдийи II (ӯро таърхнигорон ҳамин тавр ғайриоддӣ ном бурдаанд) ҳатто аз рӯи ченакҳои ҳамон замон он қадар дуру дароз давом накард: ҳамагӣ наздики 2 сол (солҳои 268 – 270), вале, сарфи назар аз ин, ҳатто дар ин муддати кӯтоҳ ҳам ба ӯ муяссар шуд, ки дар мубориза бар зидди готҳо – рақибони асосии римиҳо дар поёноби дарёи Дунай (соли 269) ба муваффақият ноил шавад. Вақте, ки Клавдий бо тахаллуси фахрии “Готӣ” мушаррафгардида, дар соли 270 аз бемории мараз вафот мекунад ҳокимиятро бар империя Лутсий Домитсий Аврелиан, лашкаркаше, ки дар торумори готҳо нақши асосиро иҷро кардааст, мегирад. Дар он панҷ соле, ки, ки Аврелиан дар сари ҳокимият буд, ӯ дар роҳи дар барқароркунии ягонагии Империяи Рим қадами муҳими нав гузошт, ки дар тахаллусаш ифода ёфтааст, ки ба ӯ аз тарафи муосиронаш Restitutor orbis – «Барқароркунандаи кайҳон» додаанд.

Дар зарфи каме зиёдтар аз ду соли аввали ҳукмронӣ император Аврелиан тамоми қувваи худро ба мубориза бар зидди қабилаҳои ютунгҳо, аламонҳо ва германҳо равона сохт, ки онҳо ин замон ба Италия зада даромада, ба Рим хатар ба миён оварда буданд Дар се бархурди калон дастаҳои варварҳо аз тарафи Аврелиан торумор карда шуданд. Баъди ин дар худи Рим шӯриши монетариҳо, ки коргарони сиккахонаи импеуратор (соли 271) буданд, пахш карда шуд. Паст кардани қурби сикакааҳо, ки императорони асри III маҷбур буданд дар сатҳи хеле баланд даст зананд, ба он оварда расонид, ки таркиби сиккаҳо аз фализи қимматбаҳо ба таври фоҷеавӣ паст фуромад: то замони Аврелиан дар “тиллои” (аз лотинӣ – aureum) Рим ҳиссаи тилло дар сиккаҳо базур аз як фоиз зиёдтар буд ва боқимондаи он, яъне қариб 98 фоизи филиз ба нуқра ва мис рост меомад. Гузашта аз ин, ваъиятро ғосибони сиккахона боз ҳам вазнинтар мекарданд, ки аз вазъияти барояшон қуллай истифода бурда, дар таркиби сикка фоизи тилло ва нуқраро боз ҳам камтар карда, онро бо филизи нисбатан арзон – мис иваз менамуданд. Кушиши Аврелиан баҳри мубориза бар зидди ин ғосибон мубориза бурдан ба сар задани шӯриш оварда расонид, ки дар он як қисми аҳолии пойтахт низ иштирок кард. Қушунҳои Рим, ки дар пахш кардани шӯриш иштирок намуда буданд, то ҳафт ҳазор нафар одамро аз даст доданд, ки ин дар бораи фарогирии васеи шӯриш шаҳодат медиҳад.

Эҳтимоли зада даромадани варварҳоро ба Италия ба назар гирифта, Аврелиан баҳри мустаҳкам кардани Рим ба корҳои азим даст зад. Шаҳри Абадӣ бо девори наздики нӯздаҳкилометра печонида шуда, баландии деворҳо ба шаш метр ва ғафсиашон зиёда аз сеюним метрро ташкил мекард. Дар деворҳо ҳаждаҳ дарвоза насб ва дар фосилаи муайяни деворҳо ҳаштоду як манораи сангин бунёд карда шуд. Масоҳати умумии майдоне, ки бо девор ва истеҳкомҳо иҳота карда шуда буд, қариб ба як ҳазору чорсад гектар рост меомад. Ин иншооти бузург танҳо дар замони ҳукмронии меросхурони Аврелиан ба анҷом расонида шуд.

Ҳамлаи варварҳоро ба Италия зада гардонида ва ба бетартибиҳо дар худи Рим хотима дода, Аврелиан ба барқароркунии ягонагии Империя шурӯъ кард. Солҳои 272 – 373 зарбаи аввал ба шоҳигарии Палмира зада шуд, баъд император бар зидди Палмира ба таври густурдаю фарогир лашкар кашида, як қисми артиши дар ҷабҳаи Дунай мустақарбударо гирифта, ба римиҳо танҳо Дакия монда шуд. Ин лашкаркашӣ бомуваффақият анҷом ёфт. Шоҳигарии Палмира барҳам зада шуда, пойтахти он (соли 273) вайрон карда шуд. Искандарияи Миср, ки ба Аврелиан муқовимат нишон дода буд, ба воситаи ба хок яксон кардани деворҳо ва аз як қисми қаламрав маҳрум намудани ин шаҳр ҷазо дода шуд.

C:\Users\USER\Music\тетрик.jpg
C:\Users\USER\Music\кар.jpg
C:\Users\USER\Music\Максимиан.jpg

Тетрик Аврелий Кара Максимиан

Ягонагии Империяро дар Шарқ барқарор намуда, Аврелиан ба корҳои ғарб бевосита машғул шуда, бар зидди императори Галлия Тетрик лашкар мекашад. Ба имиператор Тетрик муяссар нашуд, ки ба қӯшуни Аврелиан ба таври бояду шояд муқобилият карда тавониста, қӯшунашро ба ҳоли худ гузошта, серосемавор ба урдугоҳи римиҳо гурехта рафта, панаҳ мебарад. Дар соли 274 ҳангооми триумфи Аврелиан дар Рим, Тетрик дар қатори дигар асирони аъёну ашроф дар аробаи “Барқароркунандаи кайҳон” савор буд. Ғолиб нисбати ӯ меҳрубононаю боилтифот рафтор мекард. Император Тетрикро на танҳо зинда мононд, балкаи ӯро ба мансаби баланд таъйин кард.

Вале, сарфи назар аз муваффақиятҳо, ҳоло то пурра барқарор кардани тартибот дар Империя вақти зиёд лозим буд. Вазъияти байналхалқии давлати Рим низ мисли қаблӣ хеле вазнин мондан гирифт: дар соли 275 Аврелиан бояд аз нав ба тарафи шарқ раҳсипор мешуд, ин дафъа бар зидди форсҳо. Император бо артиши худ аллакай дар наздикиҳои Византия қарор дошт, ки суиқасди навбатии ҳарбӣ ҳам лашкаркашӣ ва ҳам ҳаёти ӯро барҳам мезанад.

Марк Аврелий Проб (солҳои 276 — 282). Аз қатл карда шудани Аврелиан яке аз гурӯҳбанди сенаторӣ муваффақ шуда, номзадии худро ба тахту тоҷи императорӣ пешниҳод намуд, ки ин шахс сенатори пиронсол Марк Клавдий Татсит (солҳои 275 – 276) буд. Ӯ на онқадар дуру дароз, ҳамагӣ якчанд моҳ дар сари қудрат буд ва ӯро аскарони исёнбардоштааш ба қатл расониданд. Ба\ъди ба қатл расидани Татсит яке аз қисмҳои артиш додари император Анитсия Флориан ва қисми дигар – Марк Аврелий Пробро ба императорӣ пешниҳод кард, ки охирин аз рӯи баромадаш иллириягӣ ва лашкаркаши пуртаҷрибае буд, ки ба легионҳои шарқии Рим роҳбарӣ мекард. Қӯшунҳои ҳарду тараф дар Осиёи Хурд бо ҳам вохӯрданд, вале то кор ба задухурд рафта нарасид, Флориан кушта шуд ва қушунҳои ӯ ба ҷабҳаи Проба (соли 276) гузаштанд.

Дар солҳои на онқадар ороми ҳукамронии худ Проба худро давомдиҳандаи хатти сиёсии Аврелиан нишон дод. Дар зарфи зиёда аз чор сол (солҳои 276 – 280) ин императори боҳавсала ҳуҷумҳои варварҳоро зада гардонида, сарҳадҳои империяро мустаҳкқам карда истода, дар як вақт шӯришҳоро дар музофотҳо пахш карда, ва бар зидду ғосибон ҷанг кард. Ба ҳамаи душманони Империя – аламонҳо, ва франкҳо дар Рейн, бургундҳо ва киндилҳо дар сарҳади Дунай ва варварҳои ҷанговарро дар хонаҳояшон, ғосиб – Боносро дар Галлия шикст дод ва, ниҳоят, дар Рим (соли 281) триумфи худро ҳамон тавре ҷашн гирифт, ки чунин триумфро Шаҳри Абадӣ кайҳо боз надида буд. Баъди ғалабаҳои Проба аз ин ҳам муҳимтар хотирҷамъӣ, нафасросткунии осоишта муҳим буд, ки он ба аз нав барқарор кардани иқтисодиёти музофотҳо имконият фароҳам овард.

Дар натиҷаи тохтутози даҳҳо сол давомдоштаи варварҳо ва ҷангҳои шаҳрвандӣ ҳаёти иқтисодии Империя рӯ ба таназзул овард, киштзорҳоро алафҳои бегона ба доми худ каашиданд, савдо таназзул кард, шаҳрҳои зиёд ғорат карда шуданд, аҳолии онҳо рӯ ба гурез ниҳоданд. Проба ҷидду ҷаҳд ба харҷ дод, то ки ин вазъиятро шикнад, барои ин аскаронро ба корҳои кишоварзӣ ҷалб намуд: ин иқдом императори сахтгир барои ӯ фоҷеабор гардид. Соли 282 қӯшунҳои панниюнӣ қумандони гурд Марк Аврелий Караро император эълон намуданд. Проба хост, ки ба лашкаркашӣ сафар кунад¸ вале аз тарафи аскарони худаш ба қатл расонида мешавад.

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *