Фанни Таърихи Чахон(Умум)

Фалсафаи Рим

Бо оғозёбии садсолаи III то милод дар ҳавзаи баҳри Миёназамин таъсири Рим беандоза афзоиш меёбад, ки он ҷумҳурии шаҳрӣ ба империяи абарқудрат мубаддал мешавад. Дар асри II то милод аллакай қисми зиёди ҷаҳонро аз они худ мекунад. Ба зери таъсири иқтисодӣ ва сиёси он шаҳрҳои дар Юнони қитъавӣ (континенталӣ) воқеъбуда низ дохил мегарданд. Дар натиҷаи ин ба Рим воридшавии маданияти юнонӣ оғоз мегардад, ки қисмати асосии онро фалсафа ташкил мекард. Маданият ва маорфи Рим нисбат ба якчанд садсолае, ки дар Юнон рушд дошта, дар шароити тамоман нав рушд мекарданд. Лашкаркашиҳои Римӣ, ки дар ҳама самтҳои он вақт маълуми олам сурат мегирифтанд, аз як тараф, ба вилоятҳои тамаддунашон баркамол дунёи қадим, аз тарафи дигар, дар қаламрави қабилаҳои варварӣ, барои ташаккули тафаккури римӣ имкониятҳои васеъ фароҳам оварданд. Илмҳои табиатшиносӣ ва илмҳои техникӣ бомуваффақият рушд меёфтанд, илмҳои сиёсӣ ва ҳуқуқшиносӣ ба авҷи нашъунамои худ расиданд. Фалсафаи Рим ва тафаккури фалсафӣ дар зери таъсири ҳалкунандаи фалсафаи Юнон ва пеш аз ҳама фалсафаи эллинистӣ ба зинаи баланди рушд соҳиб шуда. Ҳақ бар ҷониби он муҳаққиқоне аст, ки гуфтаанд: такони барои васеъшавии фалсафаи юнонӣ дар Рим ба он ҷо сафар кардани сафирона Афина мебошад, ки дар байни онҳо намояндагони мактабҳои фалсафии юнонии миёнаҳои асри II то милод низ буданд.

Тахминан аз ҳамин вақт сар карда дар рим се самти фалсафӣ рушд менамояд,ки онҳо аллакай дар Юнони эллинистӣ – стоитсизм, пикуризм ва скептитсизм эташаккул ёфта буданд.

СТОИТСИЗМ. Дар Рими замони Ҷумҳурӣ ва Имперӣ стоитсизм бештар паҳн гардида буд.ин самт. Баъзан онро самти ягонаи фалсафие меҳисобанд, ки он дар рим мазмуну оҳанги нав пайдо кардааст. Оғози онро аллакай метавон дар таъсири Диоген аз Селевкин ва Антипатра аз Тарса дид, ки ба Рим бо ҳамроҳи сафорати дар боло номбурдаи Афина омада омада буданд. Дар рушди стоитсизм дар Рим инчунин намояндагони стоикҳои миёна – Панэтий аз Родос ва посиджонй нақши арзандаро иҷро кардаанд, ки мӯҳлатӣи нисбатан дуру дароз дар рим фаъолият доштанд. Хизмати ин файласуфон аз он иборат аст, ки онҳо ба васеъ паҳншавии стоитсизм дар байни синфҳои миёна ва олии ҷомеаи Рим мусоидат намудаанд. Дар байни шогирдони Панэтия чунин шахсиятҳои бузарги Рим чун Стсипиони Хурд ва Ситсерон буданд. Панэтий дар дҳои асосан таълимоти худ бештар дар мавқеи стоитсизми кӯҳна қарор дошт.Ин аст, ки дар ақидаҳои ӯ мафҳуми логос, ки бо мафҳуми якхела, масалан, бо Хрисипп вомехурад, ки ӯ дар ҷаҳонбинии ба онтологӣ монандро истода буд. Дар соҳаи ахлоқ (этика) ӯ то як дараҷа ба ҳаёти амалии идеали хирадманди стоикӣ наздик мешавад.

. Ба рушди минбаъдаи стоитсизми римӣ Посидоний таъсири калон расонидааст. Дар соҳаи онтология ӯ проблематикаи асосии таълимоти Арасту, инчунин масъалаҳоеро инкишоф медиҳад, ки бо проблематика ва космологияи илми табиатшиносӣ ҳамҳудуд мебошанд. Ақидаҳои фалсафӣ ва ахлоқии стоитсизми юнониро ӯ о унсурҳои таълимоти Афлотун ва дар баъзе масъалаҳо бошад бо миститсизми пифагорӣ мепайвандад.. Дар ҳамин ифода ёфтааст эклектитсизми муайян, ки барои фалсафаи Рими он замон хос буд. Намояндаи нисбатан намоёни стоитсизми нав Сенека Эпиктет ва Марк Аврелий буданд.

СЕНЕКА (наздики соли 4 то милод-соли 65 милодӣ). Аз табақаи “саворагон” буда, маълумоти ҳаматарафаи илмҳои табиатшиносӣ ҳуқуқшиносӣ ва фалсафӣ ба даст оварда, дар муддати нисбатан дуру дароз дар вазифаи сафедкунанда (адвокат) муваффақона фаъолият кардааст. Баъдтар мураббии императори оянда – Нерон мешавад. Баъди ба тахту тоҷи давлати Рим соҳиб шудани Нерон, ӯ ба ба мақоми баландтарини ҷамъиятӣ ва обрую эътибор мушарраф мегардад. Дар соли дуюми ҳукмронии Нерон Сенека ба ӯ рисолаеро бо номи “дар бораи раҳму шафқат” бахшида, Неронро даъват ба он мекунад, ки ӯ ҳамчун ҳоким хирадманд ва дар рӯҳияи ҷумҳурихоҳӣ фаъолият дошта бошад.

C:\Users\USER\Music\сципион.jpg
C:\Users\USER\Music\цицерон.jpg

Панэтий Стсипиони Хурд Ситсерон

Дар баробари болоравии обрую эътибор ва сарватмандӣ бо муҳити худ ба ихтилоф ворид мегардад. Баъд аз сухтори соли 64 асри I милодӣ бадбинӣ нисбат баСенека дар Рим афзун мегардад. Ӯ шаҳрро тарк карда, дар мулки худ ки дар наздикиҳо воқеъ гардида буд, зиндагонӣ мекунад. Баъди он, ки ӯ дар суиқасд гунаҳгор дониста мешавад худкушӣ мекунад.

Мероси Сенека хеле гаронмоя буд. Ба асарҳои нисбатан машҳуртарини ӯ “Номаи Лутсиано”, “Мулоҳизаҳо дар бораи тахаюлот”, “Дар бораи устувории файласуф”, “Дар бораи қаҳру ғазаб”, “Дар бораи ҳаёти хушбахтона”, “Дар бораи вақти озод”, “Дар бораи некукор” ва ғайраҳо мебошанд. Бо истиснои “Масъалаҳои табиат”, асарҳои ӯ ба масъалаҳои ахлоқӣ (этикӣ) бахшида шудаанд. Агар стоикҳои кӯҳна физикаро ҷон мешумориданд, пас фалсафаи нави стоикҳо онро ба таври пурра соҳаи тобеъ мешуморад.

C:\Users\USER\Music\хрисипп.jpg
C:\Users\USER\Music\посиллний.JPG
C:\Users\USER\Music\эпиктет.jpg

Хрисипп Посидоний Сенека Эпиктет

Дар ақидаҳои худ оид ба табиат, чун дар ҳамаи қисматҳои дигари эҷодийти худ, Сенека комилан дар ақидаи воқеии стоикҳои кӯна қарор дошт. Масалан, ин дар самтнокии материалистии дуализмии материя ва шакл зуҳур меёбад. Хирад принсипи фаъол шуморида мешавад, чунки ба материя шакл мебахшад. Дар айни замон бегуфтугу якум будани материяро эътироф менамояд. Ӯ ҷонро низ дар рӯҳи стоитсизми кӯҳна, ҳамчун моддаи тунук, омехтаи унсурҳои оташ ва ҳаво мефаҳмад.

Дар гносеология Сенека, чун намояндагони дигари стоитсизм, ҷонибдори сенсуализми антиқа мебошад. Ӯ қайд мекунад, ки оғози хирад аз ҳиссиёт сарчашма мегирад. Вале дар мавриди ҳалли масъала дар бораи фаъолнокии ҷон ӯ баъзе унсрҳои фалсафаи Афлотунро қабул мекунад пеш аз ҳама дар эътирофи абадзиндагии ҷон ва тавсифи тан ҳамчун қафаси ҷон буданро эътироф мекунад.

Сенека он чизро ба назар мегирифт, ки дар олам ва кайҳон ҳама чиз ба ҳокимияти зарурати муҳимтарин тобеъ мебошад. Ин андеша аз мафҳуми худои ӯ ҳамчун иммманентӣ, қувваи ҳукмрон мебошад, ки бар хирад (логос) салтанат мекунад. Сенека ба он ҳамчун “некрузии олӣ ва ҳикмати олитарин “ баҳогузорӣ мекунад, ки ба воситаи ҳамоҳангии олам ва сохтори заруратноки он татбиқ мешавад.

Дар нисбат ба стоикҳои кӯҳна Сенека (ба мисли тамоми стоитсизми римӣ) қариб тамоман ба масъалаи мантиқӣ машғул намешавад. Марказ ва чорроҳаи низоми фалсафии ӯ ахлоқ (этика) мебошад. Ҳамчун унсури асосӣ присипи ваҳдат бо табиат (хушбахтона зиндагӣ кардан – яъне дар мувофиқа бо табиат зиндагӣ кардан) ва принсипи тобеияти инсон ба тақдир ҷудо шуда меистанд. Ба масъалаи чӣ тавр умр гузаронидан лозим аст рисолаҳои “Дар бораи кӯтоҳ будани ҳаёт” ва “Дар бораи ҳаёти хушбахтона” бахшида шудаанд. Дар онҳо ҳам акси ҳаёти шахсии Сенека ва ҳам муносибатҳои ҷамъиятии Рими ҳамонвақта инъикуос ёфтаанд.

Аз байн рафтани озодиҳои гражданӣ ва рӯ ба таназзул додани некукорони ҷумҳурияхоҳ дар замони ҳокимияти императорӣ ӯро маҷбур месозанд, ки ба оянда бо шубҳа нигарад. . “Ҳаёт ба се қисм тақсим мешавад: гузашта, ҳозира ва оянда. Аз онҳо ҳамоне кӯтоҳ аст, ки мо зиндагӣ мекунем, дар ҳамоне, ки зиндагӣ хоҳем кард, шубҳаовар мебошад, в дар он замоне, ки мо зиндагӣ кардаем, муайян мебошад. Танҳо он устувор буда, ба он тақдир таъсир расонида наметавонад, вале онро касе ақиб баргардондан ҳам наметавонад”.

C:\Users\USER\Music\марк.jpg
C:\Users\USER\Music\луций.jpg
C:\Users\USER\Music\тит.jpg

Марк Аврелий Лутсий Анней Сенека Тит Лукретсий Кар

Сенека ҷидду ҷаҳд барои афзун гардонидани амвол, мушарраф гардидан ба карру фари бодабдабаи дунявӣ ва мансабдлориро рад мекунад: “Касе, ки чи қадар баланд баромадааст, ҳамон дараҷа ба афтидан наздиктар мешавад. Ҳаёти он одаме камбағалона ва хеле кӯтоҳ аст, ки тавассути ҷидду ҷаҳди бузург он чизеро ба даст ба даст овардааст, барои нигоҳ доштани он ӯ бояд қувваи боз ҳам зиёдтар сарф намояд. Вале ӯ мақоми ҷамъиятии худро истифода бурда ба яке аз одамони сарватманд ва бонуфузи Рим мешавад. Вақте ки душманони ӯ ба далеле ишора карданд, ки мувофиқи он ҳаёти шахсӣ аз идеалӣ буданаш ниҳоят тафовут дорад, ки ӯ эълон дошта буд. Ӯ ба онҳо дар рисолаи “Дар бораи ҳаёти хушбахтоана” ҷавоб медиҳад: “…ҳамаи файласуфон на дар бораи он ҳарф мезананд, ки худашон чӣ тавр зиндагӣ мекунанд, балки дар бораи он изҳори ақида мекунанд, ки чӣ тавр бояд зиндагӣ кард. Дар бораи некукорӣ сухан меронам, ҷудо шуда меистадле на дар бораи худ ва ба муқобили гуноҳҳо мубориза мебарам, ин бошад, маънии онро низ дорад, ки бар зидди гуноҳҳои худам низ: вақте ки онҳоро бартараф мекунам чӣ тавре ки лозим аст, ҳамон тавр зиндагӣ хоҳам кард. ”.

Сенека маънии ҳаётро дар муваффақшавӣ ба оромии мутлақи рӯҳӣ мебинад. Яке аз заминаҳои асосии ин бартараф кардани тарсу ваҳм аз марг мебошад. Ин масъала дар асарҳояш хеле васеъ инъикос ёфтааст. Дар ахлоқ ӯ самтнокии стоикҳои кӯҳнаро идома дода қайд мекунад: инсон фардест, ки баҳри такомули худ дар некукорӣ ҷидду ҷаҳд ба харҷ медиҳад.

Инсон дар ҳаёте, ки қисме ё тамоми ҷидду ҷаҳди худро баҳри такомули ҳаёти худ мебахшад, ки дар он аз корҳои ҷамъиятӣ ва фаъолияти сиёсӣ канораҷӯӣ мекунал, мувофиқи ақидаи Сенека, бештар сазовор мебошад. Беҳтар мебуд агар дар бандари ором дар ҷустуҷуи паноҳгоҳ бошӣ, нисбат ба он, ки тамоми умр ба таври ихтиёрӣ худро ба ҳар тараф партоӣ. Фикр кун, ки ту чанд маротиба мавриди зарбаи мавҷҳо шуда буди дар ҳаёӣти шахсии ту чӣ қадар туфонҳо рух дода буданд, чи қадари онҳоро ту бешуурона ба ҳаёти ҷамъхиятии худ хондаӣ! Дар назар надорам, ки ту рӯзҳои худро дар хоб ва дар ҳаловат ғарқ карда бошӣ. Инро ман ба маънии пурра ҳаёт наменомам.. Кушиш ба харҷ диҳӣ, ки вазифаҳои баландтар аз онҳое ёбӣ, ки аз вазифаҳои имрӯз иҷро мекардагиат пасттар набошанд, ва бовар ба он намо: он чиз муҳим аст, ки аз некрӯзии умумӣ дида, ҳисоби ҳаёти худро дони, зеро дар бораи он то имрӯз даъво ва талош дори! Агар ҳамин тавр зиндагӣ куни. Туро муколама бо мардони хирадманд. санъати дилкаш, муҳаббат ва некуаҳовл будан, фаҳмидани он, ки хуб зиндагӣ кардан ва ягон вақт хуб фавтидан интизор мешавад. Ақидаҳои ахлоқии Сенека ҷавобест ба ҳаёти пурҷушу хуруши сиёсӣ дар Рим.

ЭПИКТЕТ (50 – 138) намояндаи дигари стоитсизми Рим – дар аввал ғулом буд. Баъд аз он ӯ ба озодӣ мебарояд. пурра ба омӯзиши фалсафа машғул мешавад. Дар ақидаҳои ӯ аз фаҳмишҳои стоикҳои кӯҳна ҷой дошта, ба ӯ таъсир расонидааанд. Мақоми эҷодиёти Сенека низ дар ташаккули шахсияти ин файласуф мақоми калонро ишғол намудааст. Худи ӯ аз худ асаре боқӣ нагузоштааст. Фикру андешаҳои ӯро шогирдаш Арриан аз Никомедия дар рисолаи “Мулоҳизаҳо Эпиктет” ва “Дастури Эпиктет” инъикос намудааст, ки мувофиқи он фалсафа худ на танҳо маърифат аст, балки истифодаи он дар ҳаёти амалии инсон низ мебошад. Ӯ мутафаккири оригиналӣ набуд, хизмати ӯ асосан аз он иборат аст, ки фалсафаи стоикиро ташвиқу таблиғ намудааст.

Дар тасаввуроти онтологии худва дар ақидаҳо дар соҳаи назарияи маърифат ӯ стоитсизми юнониро ба назари эътибор мегирифт. Ба ӯ асарҳои Хрисипп таъсири фавқулодда доштанд. Маҳаки фалсафаи Эпиктетро этика (ахлоқ) ташкил мекард, ки ба фаҳмиши стоикии некукорӣ ва ҳаёт дар ваҳдат бо моҳияти умумии олам асос ёфта буд.

Таҳқиқоти табиат (физика) барои он муҳим ва фоиданок мебошад, ҷудо шуда меистадр асоси он табиат (муҳити зист)-ро тағйир додан мумкин аст, балки барои он ҳам, ки дар мувофиқа бо табиат инсон тавонад ҳаёти худро ба низом дарорад. Инсон набояд он чизеро хоҳад, ки аз ӯҳдаи он баромада наметавонад: Агар хоҳӣ, ки кудакони ту, ҳамсари ту ва дӯстони ту доимо зиндагӣ ба сар баранд,пас ту ё девона ҳастӣ ва ё мехоҳӣ, ки молҳои дар зери ҳокимияти ту нестанд, аз они ту бошанд, яъне он чизе, ки аз шахси бегона аст, аз они ту бошанд”. Азбаски инсон қудрати ҷаҳони воқеӣ ва ҷомеаро тағйир доданро надорад, набояд инсон дар ин ҷода ҷидду ҷаҳд намояд.

Эпиктет тартиботи ҷомеаи онвақтаро ба зери танқид ва маҳкум мегирад. Ӯ дар ин масъала ба фикр дар бораи баробарии одамон такя карда, ғуломдориро маҳкум менамояд. Андешаҳои ӯ аз таълимоти стоикҳои дигар бо ҳамин фарқ мекунад. Мақсаднокии марказии фалсафаи ӯ тоқатпазирӣ бо воқеияти мазкур мебошад, вале он ба бефаъолиятӣ меӣарад. “Хоҳиш нанамо, ки ҳама чиз он тавре рух диҳад ки ту мехоҳӣ, балки хоҳиш ба он намо, ки ҳар чизе рух медиҳад, ҳамон хел рух диҳад ва ҳам барои ту хуб аст ва ҳам барои зиндагӣ.

Аз назари Эпиктет моҳияти воқеии инсон хирад мебошад. Бо шарофати он инсон дар тартиботи умумии олам ширкат меварзад. Аз ин рӯ, бояд на дар бораи некуаҳволӣ ва шароити хуб ва умуман дар бораи ризоияти ҷисмонӣ, балки дар бораи ҷони хеш фикр ҷидду ҷаҳд кард.

Монанд ба он, ки хирад бар инсон ҳукумат мекунад. ҳамин тавр дар олам низ хиради умумиҷаҳонӣ ҳукмрон мебошад.

Этиаи (ахлоқи) Эпиктетратсионалистӣ мебошад. Ва гарчанде ки вай гсубъективизм уворо қайд кардааст, ба ҳар ҳол нерӯи хиради инсонро ҳимоя менамояд (дар нисбати ҷараёни ирратсионализм, ки ин вақт ташаккул меёфт)

Моҳиятан тамоми фалсафаи Эпиктет ифодаи эътирози бефаъолонаи синфҳои ҷамъиятии поёнӣ бар зидди тартиботи мавҷудаи ҷамъиятӣ мебошад. Аммо ин эътироз баромади воқеӣ надорад. Аз ин рӯ, ба даъвати ба ҳолати мавҷуда тоқат карданро даъват менамояд.

МАРК АВРЕЛИЙ. Ба стоикҳои римӣ император Марк Аврелий (121 – 180)) ҳам дохил аст, ки дар замони ҳукмронии ӯ зуҳуроти буҳронӣ боз ҳам шиддатноктар мешаванд. Синфҳои болоии ҷомеа аз ягон чизро тағйир додан саркашӣ мекунанд, то ки сохти ҷамъиятии мавҷударо нигоҳ доранд. Дар этикаи стоикӣ онҳо воситаи муайяни ахлоқии эҳёи ҷомеаро мебинанд. Император дар мулоҳизаҳояш “Худ барои худ” эълон медорад, ки чизи”ягонае”, ки дар зери ҳокимияти инсон қарор дорад, тафаккури ӯ мебошад. “Ба ботини худ назар намо! Дар дохили он сарчашмаи накуро мебинӣ, ки он қодир аст ба итмом нарасад, ба шарте, ки мунтазам ба дохили он дароию ҷустуҷу кунӣ” . Оламро ӯ ҳамчун тағйироти ҷории абадӣ мефаҳмад. Мақсади асосии ҷидду ҷаҳди инсон бояд расидан ба некукорӣ бошад, яъне ба қонунҳои боақлона табиат дар ҳамоҳангӣ бо табиати табии инсон итоат кардан мебошад. Марк Аврелий тавсия менамояд: “Фикри оромона оид ба ҳамаи он чӣ, ки аз берун меояд, ва адлолатпешагӣ нисбати ҳама чизе, ки мувофиқи назардошти ту амалӣ карда мешавад. яъне бигузор, майлу хоҳиш ва амали ту дар амали барои ҳама фоиданок бошад, чунки ин моҳият дар ваҳдат бо табиати ту ифода меёбад”.

Марк Аврелий намояндаи охирини стоитсизм мебошад, ва моҳиятан стоитсизм бо ӯ ба охир мерасад. Дар эҷодиёти Марк Аврелий баъзе изҳои зуҳуроти миститсизм зуҳур меёбанд, ки бо заифшавии ҷомеаи рим алоқаманд мебошад. Таълимоти стоикӣ, аз он ҷумла қайд кардани зарурати “ба худ тобеъ кардан” (ба хиради ҷаҳонӣ – ба логос – худо), аз бисёр ҷиҳат ба ташаккули масеҳияти барвақта таъсир расонидааст.

ЭПИКУРИЗМ. ТИТ ЛУКРЕТСИЙ КАР. Фалсафаи ягонаи барои замони худ материалистӣ дар Рими антиқӣ эпикуризм буд, ки дар солҳои охирини Ҷумҳурии Рим ва оғози идораи императорӣ хеле васеъ паҳн мегардад. Намояндаи нисбатан маъруфи он Тит Лукретсий Кар (наздики солҳои 95 – 55 то милод) буда, достон “Дар бораи табиат”-ро таълиф менамояд, ки он низ асари пурқиммати адабиёти онвақта мебошад.

Лукретсий ақидаҳои худро ба таври пурра бо таълимоти Демокрит ва Эпикур якхела медонад ва охирин номбурдаро файласуфи беҳтарини Юнон меҳисобид.Дар асари худ ӯ ақидаҳои намояндагони таълимоти атомистиро хеле устокорона мефаҳмонад исбот мекунад ва тарғиб менамоядпринсипҳои асосии атомизмро аз рақибони нисбатан барвақта ва ҳам муосирони худ ҳимоя карда, дар як вақт тавсифи фалсафаи атомистии бутун ва мантиқан батартибдаровардаро пешниҳод менамояд. Дар баробари ин дар бисёр мавридҳофикрҳои Демокрит ва Эпикурро коркард ва васеътар менамояд. Чизҳои ягонаи вуҷуддошта барои Лукретсий атом ва ҷои холӣ мебошанд.

Материя, пеш аз ҳама, ин танҳои аввалаи ашёҳо мебошад; дуюм, ҳамаи он чизе, ки вуҷуд дорад, дар маҷмӯъ унсурҳои номбурда мебошанд. Вале ягон қувва атомҳоро нест карда наметавонад, онҳо ҳамеша бо сабаби устувории худ ғолиб мебароянд. Якумаш хеле чуқур гуногун буда, он ашёҳое моҳияти дугонагиро доранд, ки тарзе, ки дар боло нишон дода шуд, материя ва фазо буда, дар худи он ба амал омада, дар он (ҷои холӣ) ба амал омада, худ аз худ зарур ва тоза мебошанд – дар он ҷое, ки холӣ бо номи фазо паҳн гардидааст, дар он ҷо материя вуҷуд надорад; ва дар он ҷое, ки материя вуҷуд дорад, ҳеҷ гоҳ ҷои холӣ ва фазо вуҷуд дошта наметавонад. ҷисмҳои нахустин моҳиятан аз ҷои холӣ пур мебошанд. Дуюм, холигие, ки дар ҷисмҳо вуҷуд доранд, дар назди онҳо материяи бутун мавҷуд аст.

Лукретсий дар чунин шакл таълимоти Демокрит ва Эпикурро дар бораи атом ва ҷойи холӣ иншо намуда, дар айни замон офаранданашвии материяро низ қайд менамояд.

C:\Users\USER\Music\эпикур.jpg
C:\Users\USER\Music\секст.jpg

Эпикур Секст Эмпирик

Агар ҷисмҳои аввалия, яклухт ва беунсур бошанд, бугуфтугу онҳо абадианд. Бо нестношавӣ ва офаранданошаванда будани материя, яъне дар вақт беинтиҳо будани он, ба беохир будани материя дар фазо алоқаманд мебошад.

Худи кайҳон худро маҳдуд карда наметавонад; ҳақиқат қонуни табиат аст; он мехоҳад, ки ҳудудҳои материя, яънеон мехоҳад, ки ҳудудҳои материя ҷойи холиро ба вуҷуд биёрад, материя бошад, — ҳудудҳои холигиро, хизмати ин ҷойивазкунӣ коиноти беохирро ташкил менамояд.

Мувофиқи ақидаи Лукретсий ба атомизм ҳаракат хос мебошад. Дар ҳалли масъалаи ҳаракат дар принсипҳои Эпикур қарор дорад. Ӯ кушиш ба харҷ медиҳад, ки бо як тарзи муайян дасткашӣ аз ба берун баромадани атомҳоро аз ростхатагӣ асоснок кунад.

Ту бояд дар бораи ҳаракат инро бояд донӣ: агар атомҳо дар фазо ба таври вертикалӣ бо шарофати вазни хоси худ афтанд, дар ин ҷо дар ҷои номаълум ва бо тарзи номуайян аз роҳи худ берун мебароянд – танҳо ҳамон қадаре, ки самт каме дигар бошад. Агар ин майлкунӣ намебуд, пас ҳама чиз чун чакраҳои борон ба чуқурии ҷои холӣ афтида мерафтанд ва дар ин сурат унсурҳо бо ҳам бар намехурданд ва бо ҳам намепайвастанд ва дар табиат ҳеҷ гоҳ ва чизе офарида намешуд.

Аз ин бармеояд, ки майлкунии ҳаракат ба берун аз ростхатаи Эпикур барои Лукретсий счарчашмаи ба вуҷуд омадани модда (частица)-ҳо мебошад. Бо ҳамроҳии бузургӣ ва шакли атомҳо он сабабгори холигӣ ва гуногунии ашёҳо дар олам баромад мекунад. Ҷонро ӯ моддӣ, пайвастаи махсуси ҳаво ва гармӣ мешуморад. Он аз тариқи тамоми модда гузашта рафта , атомҳои тунуктарину хурдтаринро ташкил медиҳад.

Ҷон аз кадом материят ва аз чӣ иборат аст. – мегӯяд Лукретсий ва мефармояд: инро гуфтаҳои зерини ман ба ту кушода медиҳанд. Пеш аз ҳама мегӯям, ки ҷон ниҳоят борик аст; ҷисмҳое, ки онро ташкил медиҳанд, ниҳоят хурданд. Ин ба ту ёрӣ мерасонад, то ки онро бифаҳмӣ, ки дар олам ягон чиз бо чунин тезӣ ба амал намеояд, тавре, ки худи фикр тасаввур мекунад ва ба вуҷуд меорад. Аз ин бармеояд, ки руҳ нисбат ба ҳамаи он чизе, ки ба чашм дастрас аст, суръхати баландтарин дорад, вале он чӣ ки дар ҳаракат мебошад, аз он иборат аст, яъне аз моддаҳои тамоман кулула ва хурдтарин.

Ҳамин тавр ӯ ақидаҳои атомистиро дар соҳаи назарияи маърифат низ ҳимоя мекунад, ки онро дар самтҳои зиёд коркард намудааст.

Дар фаҳмиши назарияи атомистӣ Лукретсий аллакай баъзе унсурҳои эволютсизмро вохурдан мумкин аст. . Ӯ ақидаеро дастгирӣ мекард, ки мувофиқи он ҳамаи чизҳои органикӣ аз чизҳои ғайриорганикӣ ба вуҷуқд омадаанд ва намудҳои мураккаби органикӣ дар моддаҳои оддитарин рушд ёфтаанд.

Лукретсий ҷидду ҷаҳд ба харҷ медиҳад, ки ба таври табиӣ фаҳмонда диҳад ва ба вуҷуд омадани ҷомеаро низ. Ӯ мефармояд, ки дар аввал одамон дар ҳолатинимваҳшигӣ ба сар мсебурданд ва оташ ва на манзилро намедонистанд. Танҳо рушди маданияти моддӣ ба он бурда мерасонад, подаи одамон беш аз пеш ба ҷомеа мубаддал мегардад. Табиист, ки ӯ наметавонист ба фаҳмиши сабабҳои ба вуҷуд омадан ва рушди ҷомеаи инсонӣ омада расад. Кушишии ӯ ба “табиӣ” фаҳмонидан чӣ аз назари самтнокии иҷтимоӣ ва чӣ аз назари гносеологӣ маҳдуд буд. Вале, сарфи назар ба ин, ақидаҳои ӯ нисбат ба ҷомеа, аз он ҷумла нисбат ба муносибати идеалистии ҳамонвақта пешравии калон ба ҳисоб меравад. Чун Эпикур ӯ чунин мешуморид, ки ҷомеа ташкилии ҷамъиятӣ (ҳуқуқ, қонунҳо) ҳамчун маҳсули тасмими байниҳамдигарии одамон (назарияи қарордод) ба вуҷуд меоянд Он вақт ҳамсояҳо бо ҳамдигар дӯстӣ оғоз карданд. Аллакай барои ба беҳуқуқию душманӣ роҳ надоданро нахоста, кӯдаконро бошад модарон ба зери ҳимояи мегиранд, ки инро бо имову ишора ва овозҳои носаҳеҳ ифода менамуданд, ки нисбати камнерумандон бояд раҳмдил бояд бошӣ. Гарчанде, ки ваҳдат наметавонист аз тарафи ҳама эътироф карда шавад.вале қисматҳои беҳтарин ва зиёди қарордодро муқаддасона иҷро менамуданд.

Материализми Лукретсий оқибатҳои атеистӣ низ дорад. Лекретсий на танҳо худоҳоро аз олам ки ҳама чиз сабабҳои табиӣ дорад, инкор мекунад вале ба муқобили ҳамагуна эътиқод ва худоҳо мебарояд. Ӯ тасаввурот дар бораи тасаввурот дар бораи ҳаёти баъдалмавт ва ҳамаи ҳамаи асотирҳои дигари диниро ба зери тозиёнаи танқид мегирад. Ӯ исбот менамояд, ки эътиқод ба худоҳо ба таври табиӣ ҳамчун маҳсули тарсу ваҳм ва надонистани сабабҳои табиӣ ба вуҷуд меояд Аз он ҷумла, ӯ ишора ба сарчашмаҳои гоносеологии бавуҷудоии тасаввуроти динӣ мекунад.

Дар соҳаи этика Лукретсий муттасил принсипҳои ҳаёти оромона ва хушбахтро дастгирӣ менамояд. Воситаи муваффақшавӣ ба хушбахтӣ маърифат мебошад. Барои он ки инсон хушбахтона зиндагӣ кунад, ӯ бояд аз тарсу ваҳм орӣ гардад, аз он ҷумла, аз тарпс дар назди худоҳо. Ин ақидаҳоро ӯ ҳам аз танқиди скептикӣ ва скептикӣ ҳимоя мекард, ва ҳам аз бешармонагӣ (вулгарӣ) дар фаҳмиши баъзе ҷонибдорони эпикуризм аз доираҳои олии ҷомеа.

Таъсир ва паҳншавии муттасили низоми фалсафии материалистӣ ва мантиқан муштараки Лукретсий. Бугуфтугу. Тарзи иншҳои алабӣ мусоидат кардааст. Достон “Дар боари табиат” натанҳо дар сатҳи баландтарини тафаккури фалсафии Рим қарор дошт, инчунин ҳамчун асари бадеии замони худ ҳам.

Эпикуриягӣ дар ҷомеаи Рим нисбатан дуру дароз арзи вуҷуд кардааст. Вале. вақте ки соли 313 то милод масеҳият дини расмии давлатӣ мегардад, бар зидди эпикуризм , аз он ҷумла бар зидди ғояҳои Лукретсий Кар низ буборизҳаи шадид ва бераҳмона оғоз меёбад, ки ин раванд, дар ниҳояти кор, ба пастравии ин фалсафа сабаб мешавад.

Эпикуризми римӣ, аз он ҷумла, эҷодиёти Лукретсий Кар қуллаи тамоили материалистиро дар фалсафаи рим ташкил карда буд. Он ҷузъи пайвасткунанда дар байни материализми стоикҳои Юнони қадим ва ҷараёнҳои матариалистии фалсафаи Замони нав мегардад.

СКЕПТИТСИЗМ. ЭНЕСИДЕМ. Ин фалсафа боз яке аз самтҳои калони фалсафаи олами антиқаи Рим мегардад. Намояндаи асосии он Энесидем аз Кносса (наздики асри I то милод) будадар ақидаҳои худ ба фалсафаи Пиррон наздикӣ дошт. Дар бораи таъсире, ки скептитсизм ба ташаккули афкори Энесидем дошт. он шаҳодат медиҳад, ки асари асосии худро ба ба тавсифи (интерпретатсияи) таълимоти Пиррон (“Ҳафт китоби мулоҳизаҳои Пиррон”) мебахшад.

Энесидем дар скептитсизм роҳ барои бартараф кардани догматизм (сафсатагӯӣ) дар ҳамаи самтҳои мавҷудаи фалсафа медид. Ӯ ба таҳлили зиддиятҳо дар таълимоти файласуфҳои дигар диққати калон медод. хулоса аз ақидаҳои скептикии ӯ он ба шумор меравад, ки дар бораи воқеият ягон хел мулоҳизарониҳое имконнопазир аст, ки бевосита ба ҳисиёт асос ёфта бошанд. Барои асоснок намудани ин хулоса ба ӯ услуби тропҳо хизмат мерасонад. Панҷ тропи минбаъдаро, ки давомдиҳандаи кори Энесидем Агриппа дохил кардааст, шубҳанокӣ ба дуруст будани самтҳои дигари фалсафиро боз ҳам пурзуртар мегардониданд.

СЕКСТ ЭМПИРИК. Намояндаи нисбатан машҳур бо унвони скептитсизми хурд Секст Эмпири буд. Таълимоти ӯ низ аз скептитсизми юнонӣ ба миённ омадааст. Дар ин бора номи яке аз асарҳои ӯ “Асосҳои пирронизм” шаҳодат медиҳад. Дар асарҳои дигараш – “Бар зидди догматгӯҳо”, “Бар зидди математикҳо” ӯ методологияи скептикии шубҳаро иншо кардааст, ки ба ба баҳои танқидии мафҳумҳои асосии фалсафӣ, балки бар зидди мафҳумҳои математикӣ, риторикӣ. Астрономӣ, граммадикӣ ва ҳоказо низ равона карда шудааст. Муносибати скептикии ӯ масъала дар бораи мавҷудияти худоҳоро дар бар нагирифтааст, ки ин ӯро ба аскетизм оварда мерасонад.

Дар асарҳои худ ӯ кушиш ба харҷ медиҳад, ки фалсафи оригиниалӣ будани скептитсизмро исбот намояд, ки ин ба омезиш бо самтҳои дигари фалсафӣ роҳ медиҳад Секст Эмпирик исбот менамояд, ки скептитсизм аз ҳамаи ҷараёнҳои дигари фалсафӣ тафовут дошта, ҳар кадоми онҳо танҳо як моҳиятро эътироф карда ва моҳиятҳои дигарро истисно менамояд, ки ҳамзамон зери шуӣҳа гирифта ва ба ҳамаи моҳиятҳо роҳ мекушояд.

Скептитсизми римӣ як ифодаи махсуси инъикоси бӯҳрони пурзуршудаистодаи ҷомеаи Римро ифода мекард. Ҷустуҷу ва ва таҳқиқи зиддиятҳо дар байни тасмимҳои низомҳои фалсафии қаблӣ скептикҳоро ба суи омӯзиши васеи таърихи фалсафа мебурд. Ва гарчанде, ки маҳз дар ин самти скептитсизм арзишҳои зиёд ба вуҷуд оварда шудааст, сарфи назар аз ин, дар маҷмӯъ, он аллакай фалсафае мебошад, ки нерӯи маънавии худро, ки онро тафаккури антиқиро ба қуллаи баланди он боло бароварда буд, аз даст медиҳад. Скептитсизм моҳиятан бештар на танқиди методололгӣ. Балки радкунии бечунучароро дорад.

ЭКЛЕКТИТСИЗМ. ТСИТСЕРОН. Эклектизм нисбат ба Юнон дар Рим ниҳоят васеъ паҳн шуда ва аҳамияти калон пайдо менамояд. Ба ҷумлаи ҷонибдорони ин ҷараёни фалсафӣ як қатор шахсиятҳои намоёни ҳаёти сиёсӣ ва маданӣ ҳам дар солҳои охирини Ҷумҳурии Рим ва ҳам дар марҳалаи аввали империя дохил буданд. Дар байни онҳо нисбатан машҳуртарин сиёсатмадори варзида ва суханвари оташинсухан Марк Туллий Тсисерон (106 – 45 то милод) – таҳиягари терминологияи фалсафаи лотинӣ буд.

Намояндагони эклектизми римӣ дорои донишҳои зиёдтарин буданд. Дар баъзе мавридҳо онҳо қомуси (энсиклопедияи) ҳақиқии замони хул буданд. Аз тарафи онҳо пайвастани мактабҳои гуногуни фалсафӣ як кори тасодуфӣ ва беасос набуд. Он дар натиҷаи муносибати принсипиалӣ маҳз ба воситаи донишҳои чуқур ва ақидаҳои алоҳида муайян гардидааст.

Эклектизм, ки дар асоси фалсафаи академикӣ рушд ёфта буд, ба ҳудудҳои энсиклопедӣ расида гирифта, ҳам маърифаткунии табиат ва ҳам ҷомеаро дар бар мегирад. Тситсерон ба счамти калони эклектизми римӣие, ки дар асоси фалсафаи стоикӣ рушд мекард, мансуб буд.,

Эклектизми стоикӣ дар иншои Тситсерон, диққатро дар масъалаи ҷомеа марказонидааст ва махсусан дар этика (ахлоқ). Мақсад (мотив)-и он бо ҳам пайвастани он қисматҳое низомҳои гуногуни фалсафие буд, ки донишҳои фоидабахш мебиёранд. .

Дар ақидаҳои иҷтимоии Тситсерон нишондоди ӯ оид ба он, ки намояндагони табақаҳои болои ҷомеаи Рими замони Ҷумҳурӣ инъикос гардидаанд.. Сохтори беҳтарини ҷомеароон дар маҷмӯи (комбинатсияи) се шакли асосии сохтори давлатӣ – мутлақият, аристократия ва демократия мебинад. Ӯ чунин мешуморад, ки мақсади давлатро тамъмини амнияти гражданҳо ва озодона истифода бурдани моликият мешуморад. Андешаҳои назариявиии Тситсерон бештар дар зери таъсири фаъолияти воқеии сиёсии ӯ қарор дошт.

Дар этика ӯ аз бисёр ҷиҳат ақидаҳои стоикҳоро қабул карда, ба масъалаи некукории стоикҳо аҳамияти беандоза калон медоданд. Инсонро ӯ ҷондори боақл, ки ӯ дар худ як чизи илоҳӣ дорад. Накукориро бартарафкунии ҳамаи нобасомониҳои зиндагиро бо роҳи қувва мешуморад. Дар ин ҷода фалсафа ба инсон кӯмаки беназир мерасонад. Ҳар кадом самти фалсафӣ ба некукорӣ барои муваффақшавӣ ба некукорӣ ба воситаи ягон роҳи худ ноил мегардад. Аз ин рӯ, тавсия менамояд, ки ҳамаи он чӣ ки саҳми мактабҳои фалсафии алоҳида мебошад. ҳамаи дастовардҳои онҳоро бо ҳам “пайвастан” лозим аст. Маҳз ба воситаи ҳамин ӯ эклкетизми худро ҳимоя мекунад.

НЕОПЛАТОНИЗМ. Бӯҳрони рӯ ба шадиди давомёбандаи ҷомеаи рим дар солҳои охири Ҷумҳурӣ ва солҳои аввали империя ҳамчун қонуният дар фалсафа низ инъикос ёфтааст. Боварӣ надоштан ба истифодаи оқилонаи олам, аз бисёр ҷиҳат ва ё аз ин камтар дар фалсафаҳои самтҳои гуногунзуҳур меёбад, дар баробари ин, дар беш аз пеш пурзуршавии таъсири масеҳият нишонаҳои афзоишёбандаи миститсизмро мустаҳкам мекард. Самти ғайриоқилона (ирратсионалӣ)-и фалсафии он замон ба таври гуногун кушиш ба харҷ медоданд, ки ба тағйирёбии мақоми фалсафа мувофиқ бошанд. Фалсафаи неопифагорӣ, ки намояндаи хоси он Аполлоний аз Тиана буд, ҷидду ҷаҳд кард, ки бо ёрии бозгашт ба мистикаи рақамҳо, ки бо авомфиребӣ маҳдуд шуда буд, мавқеи худро мустаҳкам кунад. Фалсафаи Филони Александрӣ (солҳои 30-юм то милод ва солҳои 50-и милодӣ) кушиш мекард, ки фалсафаи юнониро бо дини яҳудӣ бипайвандад. Дар ҳарду консепсия ҳам миститсизм дар шакли марказизонидашуда (в концентрированной форме) зуҳур ёфта буд.

Неоплатонизм нисбатан диққатҷалбкунанда ба назар мерасид. ки дар садсолаҳои охирини мавҷудияти Империя (асрҳои III – IV то милод) дар рушду нумӯъ буд. Он охирин самти босуботи фалсафӣ буда, Энесидемр замони антиқа ба вуҷуд омадааст. Неоплатонизм дар худи ҳамон муҳите ба вуҷуд омадааст, ки дар он дини маскеҳӣ тавлид ёфтааст. мисли фалсафаҳои ғайриоқилона (ирратсионализм)-и дар замони антиқа бавуҷудомада, неоплдатонизм то як дараҷа зуҳуроти дасткашӣ аз ратсионализми тафаккури фалсафии қаблӣ буд. Он як зуҳурот аз ноилоҷии пурзуршавии заифшавии муносибатҳои иҷтимоӣ буд, ки дар асоси он империяи Рим қарор гирифта буд. Асосгузорони ин ҷараёни фалсафӣ Аммоний Саккас (солҳои 175 – 342) ва намояндаи нисбатан маъруфи он солҳои Плотин (205 – 270) буданд.

Плотин чунин мешуморид, ки асоси тамоми мавҷудоти оламу кайҳонро се принсипи аз ҳама баланд –принсипи эҳсоси баландтаринр, табиии баландтарин ва хиради илоҳӣ ташкил медиҳад. Ба он вобаста мебошад ҳамаи шаклӣҳои ҳастӣ. Ин принсипи Плотин ҳастиро мутлақ эълон менамяд ва дар бораи он мегӯяд, ки он даркнашаванда мебошад. “Ин ҳастӣ худо буд ва ҳаст, берун аз он чизе вуҷуд надорад худи ӯ моҳиятан монанди (тождество)-ро ифода менамояд. Ин ягона ҳастии ҳақиқӣ мебошад ки бо роҳи даромадан ба маркази тозаи биниш ва тафаккур мумкин аст, ки танҳо бо кӯмаки “ҷудокунии” тафаккур – экстаз (ekstasis) имконпазир мебошад, аз ҳамин ҳастии ягонаи ҳақиқӣ ба вуҷуд омадаанд. Мувофиқи ақидаи Плотин, табиат чунин офарида шудааст, бинобар ин, ба воситаи материя (торикӣ) принсипи (равшанӣ) илоҳӣ роҳ меёбад. Плотин ҳатто анъанаи муайяни мавҷудияти ро аз берун (ҳозираи ҳақиқиро) ба худи поёниҳо (тақсимнашаванда) коркард мекунад. Дар қуллаҳои ин ин анъанаҳо принсипи илоҳӣ меистад, сипас – рӯҳи илоҳӣ ва аз ҳама пасттар – табиат.

C:\Users\USER\Music\аполоний.jpg
C:\Users\USER\Music\выв.jpg
C:\Users\USER\Music\фыыф.jpg

Аполлоний Порфирий Филони Александрӣ

То як дараҷа содда карда, гуфтан мумкин аст, ки принсипи илоҳии Плотин мутлақ буда ва вайрон кардани (деформатсияи) олами ғояҳои Афлотун мебошад. Плотин ба ҷон диққати калон медиҳад. Ҷон барои ӯ ҳамагӣ гузариши муайян аз ҳолати илоҳӣ ба ҳолати материалӣ мебошад. Ҷон – ин як чизи бегона аз моддӣ, бадан ва зоҳиран нисбат ба он мебошад. Чунин фаҳмидани ҷон ақидаҳои Плотинро аз ақидаҳои на танҳо эпикуриҳо, балки аз ақидаҳои стоикҳои юнонӣ ва римӣ ҳам фарқ мекунонад. Мувофиқи тасаввуроти Плотин. Ҷон бо ҷон пайваст набудааст. Он як қисми ҷони умумиро ташкил мекунад Тандоштан – ин бандинаи ҷон буда. сазовор ба бартаракунӣ мебошад. “Плотин як навъ тан ва ҳиссиётро ба як тараф тела дода, пайдоиши онро шарҳ намедиҳад ва худро аз он танҳо тоза мекунад, то ки ҷони умумӣ ва ҷонҳои мо зарар набинанд”.

Фалсафаи Плотин барои аксарияти ноилоҷӣ ва ҳалнопазири мухолифатҳо хос мебошад, ки ба ҳамагонӣ мубаддал мегарданд. Ин зуҳурот сарахбори хуштасвири ба анҷом расидани маданияти антиқӣ мебошад.

C:\Users\USER\Music\плотин.jpg
C:\Users\USER\Music\прокл.jpg

Плотин бо шогирдон Прокл

Шогирди бевоситаи Плотин ва давомдиҳандаи таълимоти ӯ Порфирий (наздики солҳои 232 – 304) буд. Ӯ ба ба омӯзиши асарҳои Плотин аҳамияти калон дода, онҳоро тавсиф ва чоп карда, ҳолномаи ӯро мураттаб сохт Порфирий ба омӯзиши масъалаи мантиқ ҳам машғул шудааст, ки дар ин бора рисолаи ӯ “Муқаддимаба ирратсионалӣтегорияҳои Арасту” шаҳодат дода, он ба баҳс дар бораи воқеияти мавҷуд будани категорияи умумӣ асос мегузорад.

Таълимоти мистикии Плотинро ду мактаби навафлотунӣ идома медиҳанд. Яке аз онҳо — мактаби суриягӣ, ки асосгузор ва намояндаи муҳимтарини он Ямвлих (охири асри III – оғози асри IV) буд. Мувофиқи қисмати боқимондаи мероси калони эҷодиёти ӯ метакон баҳо дод, ки доираи анъанавии масъалаҳои фалсафаи навафлотунии ӯ масъалаҳои дигарро низ дар бар мегирифт, ба монанди математика, астрономия, назарияи мусиқӣ ва ғайраҳо. Дар фалсафа ӯ андешаҳои Плотинро, ирратсионалӣ принсипи илоҳии хирад ва ҷон дахл дорад рушд медиҳад. Дар байни онҳо моҳиятҳои афлотинӣ ӯ гузаштаниҳои дигарро ҳам фарқ мекнонад.

Кушишҳои ӯ дар рӯҳияи фалсафаи Плотин политеизмрои антиқиро асоснок кардани ӯ боиси таваҷҷӯҳ мебошад. Дар баробарипринсипи илоҳӣ ҳамчун мавҷудоти ягонаи ҳақиқӣ Ямалих як қатор худоҳои дигарро низ мешиносад (12 худои осмон, ки шумораи онҳо баъд то 36. минбаъд ба 300 мерасад, баъди онҳо 72 худои заминӣ ва 42 худои табиат). Ин далелҳо дар амал кушиши мистикию қаллобонае буд баҳри нигоҳ доштани образи олами антиқӣ дар назди дини масеҳии дар оянда паҳншаванда.

Мактаби дигари навафлотунӣ – афинагӣро – Прокл (солҳои 410 – 485) намояндагӣ мекунад. Эҷодиёти ӯ дар мазмуни муайян баанҷомрасии банизомдарории фалсафаи навафлотуниро ба анҷом мерасонад. Ӯ фалсафаи Плотинро ба таври пурра қабул мекунад, вале дар баробари индиалогҳои Афлотунро ба чоп мерасонад ва онҳоро тавсиф ва шарҳу эзоҳ медиҳад, ки дар онҳо андешаю хулосаҳои аҷоибро баён медорад.

Бояд зикр кард, ки Прокл эзоҳоти худ принсипи сегонаи диалектикиро дақиқ баён намудааст, ки дар он се лаҳзаи асосии рушдро фарқ мекунонад. 1.Мазмуни офаридаи офаридгор. 2.Ҷудо сохтани аллакай офаридашуда аз офаридгор. 3.Баргаштани офаридашуда ба офаридгор. Диалектикаи мафҳумии олами антиқии навафлотунӣ бо мистика сарахбор карда шуда, ба қуллаи баланди ин консепсия ноил мешавад. Ҳарду мактабҳои навафлотунӣ ғояҳои асосии мистиссизми Плотинро васеъ ва ба таври бонизом коркард кардаанд. Ин фалсафа аз рӯи ирратсионализми худ , рӯйгардонӣ аз ҳама чизи тандор, такя ба аскетизм ва таълимот дар бораи экстаз, натанҳо ба ба фалсафаи барвақтаи масеҳӣ, балки ба тафаккури теологии асримиёнагии феодалӣ низ таъсир расонид.

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *