Фанни Таърихи Чахон(Умум)

Санъати Византия дар асрхои IV — V

САНЪАТИ ТАСВИРӢ ВА МЕЪМОРӢ

Асарҳои санъати Византия, ки дар асрҳои аввали мавҷудияти давлати Византияофарида шудаанд, шумораи ками онҳо то замони мо боқӣ мондаанд. Ва он аз ёдгориҳои санъати тасвирӣ ва меъморӣ боқӣ мондаанд, аксарияти онҳо дар худ нишонаҳои хеле баъдинаро инъикос намудаанд. Бинобар ин, бисёр вақт мазмуни аввалаи он чиро, ки тасвиргар дар назар доштааст, дидан мумкин аст.

Сарфи назар аз ин, натиҷаҳои ташхиси ёдгориҳои санъати Византия дар бораи он шаҳодат медиҳанд, ки аллакай дар он замонҳои хеле дур рассомон ва меъморонвилоятҳои аз назари ҳайати этникӣ ва анъанаҳои бадеии вилоятҳои империя – Сурия, Миср, Осиёи Хурд, анъанаҳои Балкин – дар коркарди услуби бадеии худ дастовардҳои калон доштанд, ки онҳо аз услуби классикии санъати реалистии Юнон ва Рим тафовут доштанд.

Дар давраи мазкур дар манзаратасвиркунӣ (живопись), ҳайкалтарошӣ ва меъморӣ аз нав дида баромадани ҳамаи он чӣ ки дар аҳди антиқӣ офарида шуда буд ба амал меомад. Дар ҳама ҷо дар ҷаҳонбинӣ, дасткашӣ аз гузаштаи идеалӣ, ки дар шаклу дараҷаҳои гуногун дида мешуданд, тағйиротҳои куллӣ ба назар мерасиданд.

Санъати ҳайкалтарошии мудавваре, ки дар антиқаи классикӣ дар сатҳи баланд рушд карда буд, ,аз тарафи калисо дар анҷумани Никей маҳкум ва ба ақиб партофта мешавад. Тасвири монументалӣ аҳамияти бузург пайдо мекунад, ки он ба қисми таркибии ороишишу зебу зинати биноҳои калисо гардида, баъди масеҳиятро ҳамчун дини расмӣ шинохтан дар ҳама ҷо сохта мешуданд. Идеологияи нав санъатро ҳамчун воситаи васеъу устувор кардани худ васеъ истифода мебурд. Дар бораи сохтмони шаҳрвандии Византия хеле кам маълумот вуҷуд дорад. Мувофиқи маълумоти археологӣ, ки аз ковишҳои таҳкурсиҳои биноҳо пайдо карда шудаанд, тасвироти кошинкорӣ дар фаршҳо ва дар баъзе нақшу нигори деворҳо, инчунин дар асоси сарчашмаҳои хаттӣ пайдокарда мумкин аст нисбати симои шазрҳои Византияи барвақта, лоиҳакашии онҳо ва кӯчаҳо ва биноҳои истиқоматӣ тасаввуроти тахминии хеле кам ба даст овардан мумкин аст.

Мавҷудияти маводҳо имконият медиҳанд ба хулоса омада шавад, ки шоҳроҳҳои асосие, ки чунин шаҳрҳои калони Византияи барвақтаро бурида мегузаштанд, чун Константинопол, Фессалоника,Искандария, бо айвонҳо (портикҳо) ва сутунҳо (колоннаҳо) оро дода шуда буданд. Дар ин роҳҳо ҳаргуна биноҳои ҷамъиятӣ – театрҳо, ҳаммом ва қасрҳои ашрофон воқеъ гардида буданд. Дар шаҳрҳое, ки дар мавзеҳои кӯҳсор воқеъ гардида буданд, маҳаллаҳои аҳолинишин, майдонҳо ва ҳар гуна иншоотҳои ҷамъиятӣ дар наздикӣ ва дар атрофи қалъа (акропол) воқеъ гардида буданд.

Маҳаллаҳои аҳолинишин бо гузашти замон намуди тарҳкашии (планировкаи) фаҳмо ва дақиқро, ки хоси ҳандасавии дуруст ҷойгиркунонии маҳалҳои шаҳрҳои эллинистӣ хос буданд,аз даст медиҳанд. Беш аз пеш кӯчаҳои тангу каҷу килеӣ вомехуранд. Дар Константинопол васеъгии аксарияти онҳо аз дувуним метр зиёдтар набуданд. Одатан шаҳрҳоро аз чор тараф иншоотҳои мудофиавии манорадор печонида мегирифтанд.

Биноҳоро бештар дуқабатаи дар қабати дуюми онҳо мӯриҳои шӯои офтобдаро (солярия) месохтанд. Дар он ҳолатҳое, ки онро релефи кӯҳ дар маҳал тақозо мекард, шумораи қабатҳои биноҳо зиёдтар мекарданд. Намегузоштанд, ки дар кӯчаҳои шаҳр сохтани сутунҳои сангину чӯбӣ ва дар онҳо сохтани зинапояҳо ез берун, ки ба ошёнаҳои болоӣ мебурданд манъ карда шуда буданд. Биноҳоро аз ҳамдигар на наздиктар аз дувоздаҳ фут сохтан мумкин буд.

Дар яке аз биноҳои асри V, ки харобаҳои онро бостоншиносон аз Серҷила (воқеъ дар Сурия) пайдо намудаанд, дар қисмати берунаи он долони кушода мавҷуд аст. Боқимондаҳои биное, ки беруни деворҳои он бо сутунҳо оро дода шудаанд, дар ҷойҳои дигари Сурия низ ёфта шудаанд. Чунин намуди биноҳо дар ёдгориҳои манзаракашӣ низ тасвир гардидаанд.

Нисбат ба сохтмони мардумӣ дар бораи меъмории биноҳои калисоҳо маълумоти бештар мавҷуданд; бисёрии онҳо ё дар шакли аввала қарор доранд ва ё дар шакли тағйирдодашуда то ба мо омада расидаанд.

Эътирофи масеҳӣ ҳамчун дини расмӣ, кӯмаки моддӣ ба эътиқоде, ки дар зери пуштибонии ҳукумати Византия қарор дошт, ба сохтмони калисоҳо дар ҳама ҷойҳо мусоидат менамояд. Анъанаҳои маҳаллии ҳар навоҳӣ, мавҷуд будани ин ва ё он масолеҳи бинокорӣ ба ин ёдгориҳо намуди гуногунии хоса медоданд. Дар он ҷойҳое, ки нарасидани чӯб ҳис карда мешуд, санг дар ҳаҷми кифоя мавҷуд буд, масалан дар баъзе навоҳии Сурия, биноҳоро аз санг месохтанд. Дар вилоятҳои дигар биноҳо аз хишт сохта мешуданд. Дар Осиёи Хурд ба коркарди усулҳои бомпӯшонии гумбаздор диққати калон медоданд. Дар Италия ва дар Балкан дар бомпӯшонии калисоҳо дастаку шоҳтир васеъ истифода бурда мешуд. Махсусият дар шакли тарҳкашӣ ва инчунин зебу зинати ороишӣ низ ба назар мерасад. Намуди асосии биноҳои калисовӣ дар асри IV базилика буд.

Масъала дар бораи роҳҳои пайдоиши базилика дар адабиёти илмӣ хеле пеш мавриди баҳс қарор гирифтааст. Як қисми муҳаққиқон дар он мероси бевоситаи бизиликаи антиқии Римро мебиненд, ки он иншооти ҷамоавӣ буда, барои зарурати баррасии додгоҳӣ ва ғайраю ҳоказоҳо муқаррар гардида буд. Дигарон бошанд,чунин мешуморанд, ки шакли базилика дар кӯчаҳои шаҳри эллинистӣ рушд кардааст. Ҳар хеле ки набошад, чунин шуморидан мумкин аст, ки дар қаламрави Византия дар асри IV маҳз намуди базиликии калисо дар ҳама ҷо эътироф мегардад. Он талаботеро, ки аз ибодати калисовӣ талаб карда мешуд, хуб иҷро мекард. Чунин иншоотҳо биниш ва шунаво будани ҳамаи он чӣ ки дар калисо сурат мегирифт, таъмин карда метавонист. Базиликҳо дар он замон аз рӯи сохт на онқадар мураккаб буданд, ки ин имконият медод, сохтмони оммавии он на танҳо дар дар шаҳрҳои калон, балки дар ҷойҳои хурди аҳолинишин ҳам сурат бигирад.

Дастоварди бузурги меъмории Византия дар асри VI сохтмони калисои Софияи Муқаддас дар Константинопол мебошад. Ин ибодатгоҳро Юстиниан дар ҷои базиликаи чӯбини пештар вуҷуддошта, ки ҳангоми шӯриши Ника дар соли 532 сӯхта буд, бунёд кардааст. Барои васеъкунии масоҳати он заминҳои биноҳои дар ҳамсоягибуда гирифта мешаванд. Мувофиқи андешаи меъморони бунёдкунандаи ин иморат – Анфимия ва Исидора, ҳамаи калисоҳои беҳамто дар дохили он марказонида шуда буданд. Ҳатто дар он замонҳои дур, вақте ки бино бо манзилҳо ва иморатҳои иловагии онҳо аз берун аз ҳад зиёд набуданд, деворҳои хиштини оддии худ касро на онқадар ба ҳайрат меоварданд. Вале он тамошобинонро, ки ба дохили бино ворид мегардиданд равзани он бо андозаи ғаримуқаррарӣ ва бузургии сохти сабуки худ ба ваҷд меовард. Он чӣ ки гумбази бино гӯё, ки дар фазо парвоз мекарда бошад, мардуми давр ҳатто ин сифатро ба қувваҳои ғайритабиӣ нисбат медоданд. Ба назар чунин менамуд, ки гӯё дар зери гумбаз сутунҳо наменамоянд.

Тавре ки таҳкурсии аз вайроншавии эминмонда шаҳодат медиҳанд, дар назди даромадгоҳ ба калисои София долони васее мавҷудбудааст, ки он бо айвонҳо (портикҳо) иҳота карда шуда будааст. Дар маркази он фаввораи калони мармарӣ гузошта шуда будааст. Ба воситаи айвони ғарбӣ мумкин будааст ба дохили бино дароӣ.

Аллакай пеш аз ин даромадгоҳ мавзӯҳои асосии бадеию меъморӣ тарҳрезӣ шуда, дар хонаи асосӣ барҷаста рушд ёфтаанд. Ҳамоҳангии шаклҳои одии росткунҷамонанд бо тири аркҳои шифти салибие, ки дар нартекс чандин маротиба такрор ёфта, гӯё ки ҳамоҳангии симфонияи шаклҳои мураббаъро бо нимҳавоии гумбаз оғоз мебахшад, ки онро бинокорон дар маркази зери гумбазу арк насб намудаанд.

Толори бузург як навъ росткунҷаи андозаи 77 ба 71, 7 метр иебошад, ки дар қисмати марказии он нимфазои гумбази диаметраш 31,5 метрро ташкил мекунад. Аз шарқ ва ғарб ба гумбаз ду нимгумбаз пайваст карда шудааст. Ҳамин тариқ, тамоми фазои мобайнӣ, ки дар дохил бо нимдавра ва аз берун бо равоқи бисёрпаҳлӯ тамом мешавад, болопӯши гумбазӣ дорад.

Нефҳои паҳлугие, ки нисбатан танг мебошанд, аз деворҳои асосӣ дар боло бо аркҳои мӯҳташам анҷом меёбанд. Роҳравҳо аз нефи миёна ба воситаи масофа дар байни сутунҳое сурат мегирад, ки он то ба арк рафта мерасад. Дар деворҳои нефи асосӣ дар болои хор, ки дар қабати дуюм – тирезаҳои бисёр дорад, рушноии иловагӣ муҳайё месозад.

Гумбази нимҳавоии дар болои мураббаи марказибуда дар чаҳор бодбон қарор доршта, ба чаҳор сутуни бузург такя мекунад. Фазо дар байни сутунҳобударо деворҳои борики дорои аркҳои баланди сегогӣ пур мекунанд. Азшарқ ва ғарб қувваи андармонии гумбаз ба воситаи нимгумбазҳо нигоҳ дошта мешавад, ки ҳар кадом дар навбати худ нимгумбазҳои хурд доранд. Аз шимол ва ҷануби аркҳо, ки дар девор сохта шуда ва барои тобоварӣ ба вазни гумбаз ниҳоят камқувват мебошанд, ба тиргакҳои дохилие мустаҳкам карда шудаанд, ки дар байни деворҳои асосӣ ва деворҳои берунии ҷой дода шудаанд. Мувофиқи анъанаҳои қабулкардаи меъморони византиягӣ тиргакҳо аз деворҳо берун бароварда намешуданд.

Дар қабати поёнӣ нефҳо бо боми нимсилиндрмонанд пӯшонида шуда буданд, қабати дуюм бошад, — бо нимдоираҳо. Ҳамаи низоми мураккаби бомҳо, ки қисмҳои таркибии хеле зиёдро дар бар мегирифт. Гумбазҳо, аркҳои сабуккунанда, аз назари тамошобин пурра пинҳон мемонд.

Дар баробари нашъунамои шаклҳои нави меъморӣ, дар санъати Византияи барвақта рушди баланди тасвиркунии монументалӣ ба назар мерасад, ки он зарур буд, зебу зинати бодабдабаи биноҳо ва махсусан дар калисоҳо. Дар ин ҷо аз асри IV сар карда, беш аз пеш услуби бадеӣ такмил меёбад, ки он аз услуби реализми классикии ёдгориҳои антиқӣ бо куллӣ тафовут дошт.

Мавзӯънокии тасвирот низ тағйир ёфт. Чун тасвиргароне, бо расму нақшу нигори худ хонаҳои зеризаминии Рим ва вилоятҳои шарқиро дар асрҳои аввалини солшумории милодӣ зебу зинат медоданд, мусаввирони византиягӣ манзараҳои композитсияҳоро аз матнҳои Каломи худо мегирифтанд.

Тарзу услубҳои тасвирсозӣ низ тағйир ёфт. Барои ҳалли вазифаҳои нав рассомон дар як силсила мавридҳо шаклҳои анъанавии антиқии тасвирро интихоб карда, ба онҳо танҳо баъзе тағйирот дохил менамуданд, дар мавриҳоди дигар – ин шаклҳо ба таври пурра аз нав коркард карда мешуданд. Лекин ҳама вақт ва дар ҳама ҷо ёдгориҳои рассомӣ бо махсусиятҳои нави услуби спиритуалистӣ (таълимоти идеалистии фалсафӣ, ки мабдаи рӯҳониро моҳияти олам ва тамоми моддиётро зодаи худо мешуморад) рӯи кор омадаанд.

Хусусияти муҳимтарини он дасткашӣ аз ҳаҷмнокӣ мебошад, ки он ба санъати реалистии антиқӣ хос аст. Фигураи одамони дар саҳнаҳо тасвирёфта гӯё, ки механизми зиндаи дар ҳаракатро аз даст додаанд. Онҳо бузургиро ба даст овардаанд, вале ҳамвор шудаанд ва то дараҷаи муайян схематикӣ шудаанд. Робитаи композитсионӣ дар байни персонажҳо, ки аз назари сюжет бо ҳамдигар вобаста шудаанд, на он қадар гуворо баён гардидааст. Акнун онҳо на ба ҳамдигар, балки ба тамошобин муроҷиат мекунанд.

Робитаи бевоситаро бо тамошобин пешрвии баракс пурзӯр мекард, ки дар ин ҳолат фигураҳою ашёҳое, ки дар дурӣ воқеъ мебошанд, нисбат ба дар пешбуда калонтар тасвир карда мешуданд. Вазифаҳои мавзмуну маънӣ ва бадеии замини (фони) манзара (пейзаж) самтнокии дигарро касб кард: он акнун шартӣ ва дар умумӣ маънидод карда мешуд. Ранг мақоми мустақилонаро иҷро мекардагӣ мешавад. Рангҳо равшантар ва маҳаллӣ (локалӣ) шуданд.

Мазмуни бадеии суратҳо бо маънии чуқуру ҳаматарафаи фалсафию рамзӣ пур шуданд.

Мувофиқ ба мазмуни нави бадеӣ, раскашӣ моҳияти монументалӣ ва ороишӣ гирифта, ба қисми таркибии биниҳо гардида, онҳоро оро медод. Ҳисси фавқулоддаи ранг, ки ба санъати антиқӣ маълум набуд, ба мусавирон имкон фароҳам овард, ки деворҳои тасвирдори аҷоиб ба вуҷуд биёранд, ки онҳо бевосита бо меъморӣ алоқаи ногусастанӣ дорад.

Дар офаридани услуби нав нақши муҳимро анъанаҳои маҳаллии бадеии Сурия, Миср, Осиёи Хурд, ки дар вақташ бо дастони вайронкори Рим пахш карда шуда буданд, иҷро намудаанд. Мактабҳои мусавирии музофотҳои Византия ва Константинопол техникаи кошинкории деворро дар сатҳи баланд такмил ва такомул доданд, ки ин имкон дод дар самаранокии ороишии композитсионӣ муваффақияти то ҳол диданошуда ба даст оваранд.

Худ аз худ маълум аст, ки услуби византиягӣ яку якбора рушд накардааст. Офарандагони он ба дастовардҳои пешгузаштагон такя кардаанд. Симоҳои одамонро офарида, мусавирон роҳу усулҳоеро, ки аз тарафи устодони портреткашони антиқаи баъдинаи асрҳои I – II солшумории милодӣ коркард намуда буданд, васеъ истифода мебурданд. Дар тасвиргароии византиягӣ, чун дар портретҳои фаюмӣ, тасвири шахсиятҳо бо чашмони бузург, ки милкҳои онҳо васеъ ва назарашон ба тамошобин равонкарда вомехуранд.

Усулҳои икона (сурат)-кашии масеҳиро рассомон аз офарандагони ёдгориҳои санъати қадими масеҳӣ – кандакориҳои катакомб ва нацши муцарнаси сарпӯши тобутҳо қабул карда буданд. Тасвири рамзии Масеҳ, мубаллиғҳо (12 апостол – муболиғ), рӯҳи муқаддас, пайравони мазҳаби евангелӣ, ки дар санъати Византия паҳн гардида буданд, қаблан ҳам маълум буданд.

Ниҳоят, таъсири рангоранги баланди босафоҳати тасвироти кошинкории византиягӣ бо пайдоиши бисёррангаю зебу зинати худ алоқаманд буданд, ки онҳоро варварҳо ба предметҳои мусаллаҳшавӣ ва ба сару либос ҳамчун муд дохил карда буданд. Дохил намудани унсурҳои нави этникӣ ба табъи бадеӣ ҳам таъсир расонид, ки он дар санъати тасвиркунӣ низ инъикос гардидааст.

Дар Византия ҳар як миллат услуби худро коркард карда буд, бисёр вақт соддалавҳона ва дағал,вале ҳамеша хоса ва пурмазмун. Ҳамин тариқ, он вақт халқҳо дар рушду нумӯи санъат омили муасир мегарданд.

Марказҳои нави бадеӣ Искандария, Антиохия, Эфес мегарданд. Устоҳои Константинопол, ҳамаи он чизи беҳтарине, ки дар музофотҳои империя офарида шуда буданд, аллакай дар марҳалаи Византияи барвақта тавонистанд забони пурзур ва аҷоибу гувороро коркард намоянд.

Ковишҳо дар Антиохия асарҳои беҳтарини нақши муқарнаси суриягиро ошкор намуданд, ки онҳо дар бораи дастовардҳои бадеии асрҳои IV — V шаҳодат доданд. Аз ин дидгоҳ композитсияи нақши муқарнаси оғози асри V, ки бо “нақши муқарнаси шикорчиён” маълуми дар Яктои наздикии Дафнии атрофи Антиохия воқеъгардида хеле аҷоиб аст. Бозубанди (медалони) марказӣ тасвири сарисинагиифигураи зан мебошад, ки он дар Византия “Мегалопсихия”, яъне “бузургии рӯҳ”-ро таҷассум менамудаас. Ин образ барои фаҳмидани композитсияи тамоми медалони марказиро иҳотакарда, намунаи мардонагӣ ва қаҳрамониеро ифода мекунад, ки аз асотирҳои антиқӣ гирифта шудаанд.. Фигураи зан бо услуби портретҳои антиқӣ иҷро карда шуда, эҳтимол асли зиндаро такрор мекунад. Симои пурмаъно, ки полртретҳои фаюмиро ба хотир меорад. Либос ва зару зевари қимматбаҳо аз сангҳои калони рангоранг тасвири симоҳои маликаҳо ва хонумҳои дарбориро Византияро ба хотир меоранд, ки аз рӯи ёдгориҳои тасвирии асри V маълум мебошанд.

Саҳнаҳои шикор дар атрофи медалони марказӣ каму беш дар тамоми қисмати ҷанубии майдон паҳни мувозӣ ҷо ба ҷо карда шуда, аз ҳамдигар бо тасвироти дарахту паррандагоне ҷудо карда шудаанд, ки ба ин саҳнаҳо угон умумият ва муносибате надоранд. Танҳои одамон ва ҳайвонот аз ҳаракат маҳрум буда, сарфи назар аз сифати баланди ҳотамкорӣ шахшудамонда ба назар мерасанд.

Мо дар бораи роҳҳои рушди сураткашии монументалии асрҳои IV –V дар константинопол кам бохабарем. Танҳо баъди кашфи баъзе боқимондаҳои зебу зинати Қасри Калон дар калисои Софияи Константинопол ин намуди қаблан нофаҳмо маълум гардид. Устоҳое, ки дар сохтмони қаср кор кардаанд, аз тамоми музофотҳои империя даъват шуда буданд. Пораҳои боқимондаи ҳотамкории фарш дар бораи мавҷудияти алоқаҳои бадеӣ бо навоҳии гуногуни олами баҳри Сиёҳ шаҳодат медиҳанд. Сарфи назар аз ин, дар маҷмӯъ ин ёдгорӣ ҳамчун намунаи аввалини худи услуби сураткашии Константинопол шуморидан мумкин аст. Хусусияти хоси он мансубият ба анъанаҳои реализми антиқӣ мебошад. Нисбат ба ёдгориҳои дигари санъати Византияи барвақта дар ин ҷо ҷидду ҷаҳди нигоҳ доштани фигураҳо ва умуман ҳаётӣ будани тарзи ист дар сатҳи баландтар хос буд. Вале дар ин ҳотамкориҳо унсурҳои нави усул бараъло намоёнанд. Тасвироти ёдгориҳои меъмлорӣ, дарахтон кмарҳо бо андозаҳои хурди номутаносиби худ тасаввуроти бардурӯғро ба вуҷуд меоранд. Дарахтон бо манзараи (пейзажи) боқимонда алоқаманд нестанд.

Нишонаҳои услуби навтаваллудёфта, ки мо шартан византиягӣ меномем, дар асри V қариб дар ҳама ҷо ба назар мерасад – ҳам дар Шарқи империя ва ҳам дар Рим (дар ҳотамкории Санта-Мария Маҷора дар ҳотамкорие, ки зергумбази новамонандро дар болои давродаври мақбараи Констанса зебу зинат медиҳад) ба назар мерасанд. Ҷойи пайдоиши онро қаблан ҳам дидан мумкин буд – дар Дура Европос, ҳотамкории Мадаба ва ғайра. Рушди минбаъдаи он дар асри VI сурат гирифтаастд.

Яке аз марказҳои аҷоибтарини санъати Византияи барвақта, ки то замони мо шумораи зиёди аълосифати санъати кошинкорӣ ва ҳотамкории Византия боқӣ мондааст, Равенна буд – пойтахти давлати остготҳо, ки онро Византия дар асри VI ишғол кан рассомоне кор мекарданд, ки ба он ҷо қисман аз Константинопол ва қисман аз музофотҳои шарқӣ омадабуданд. Сарфи назар аз ин, анъанаҳои бадеии маҳаллии Италия дар сатҳи муайян нақши худро дар ёдгориҳои расмкашии асрҳои V – VI гузоштаанд, онҳо, пеш аз ҳама, намунаҳои устодони санъати Византия мебошанд.

Ёдгории қадимтарини расмкашии Византия дар Равенна зебу зинат ва ороиши дохилии мақбараи Галла Платсиди (духтари император Феодосияи I мебошад, ки ӯ соли 450 вафот кардааст) буда, дар миёнаҳои асри V офарида шудааст. Мақбара дар шакли салиби гумбаздор сохта шудааст. Шохчаҳои салиб бо боми новамонанд пӯшонида шуда, аз берун ниҳоят оддӣ, бинои мақбара хиштӣ дар назди калисои Салиб сохта шудаст. Суратҳои кошинкорӣ ва ҳотамкорӣ аз мармари ҳарранга қисмати дохилии мақбараро аз боло то ба поён мисли гилеми дорои ранги баланди гуногун пӯшонидааст.

Нисбат ба ёдгориҳои зиёди византиягии он замон ҳотамкории мақбараи Галла Платсиди то замони мо дар намуди эҳёкардаи хеле баъдина омада расидааст. Аз ин рӯ, онҳоро мумкин аст шаҳодати пурқимматтарини устодии забардасти рассомони миёнаи асри V шуморид. Аллакай дар замони Эҳёи италиягӣ ин ҳотамкориҳо бо латифу нозуконагӣ ва маҳорати баланди бадеии худ шавқу завқи тамошобинонро ба вуҷуд оварда буданд.

Гумбаз, ки пайвасташавии мақбараро ба анҷом мерасонад, дар болои чор бодбони доирашакл қарор гирифтааст. Он ба расмкаши маҷмааи осмонӣ монандӣ дошта, ҳамааш бо мукаабҳои ҳотамкории шишарезаҳои ранги кабуди баланд пӯшонида шудавчт, ки дар он шумораи хеле зиёди ситораҳо (шумораи онҳо ба 800 мерасад) часпонида шудаанд.

Дар миёнҷои ин гумбаз салиби тиллоӣ шӯълапошӣ мекунад. Дар поёни гумбаз дар бодбонҳо рамзҳои чор евангелчиён тасвир ёфтаанд. Тамоми қисмати болоии арк ва гумбазҳо бо нақшу нигориҳоипечдарпечи растаниҳое пур карда шудааст, ки аз каҷакҳои дар печу тоб дунафарӣ ҳаворӣ (апостолҳо) рост истодаанд, ки дар тан пераҳан ба монанди файласуфони антиқӣ дошта, дар ду тарафи тирезаҳо истода, дар заминаи ранги кабуди сиёҳранг ба ранги сабз гузаранда намудор буданд. Ин ранг чуқурии тасаввуротро ба вуҷуд меорад, гарчанде, ки дар мақсаднокии фигураҳо кушиш ба инъикоси ҳамворӣ карда шудааст. Ҷараёни тамоил ба дасткашӣ аз ҳаҷми баланд дар дигар унсурҳои зебу зинат аз тариқи ҳотамкорӣ, масалан, дар тасвири гавазнҳои дар назди ҳавзҳо ростистода таъсир расонидааст.

Дар пештоқе ки дар болои даромадгоҳ ба мақбара гузошта шудааст, композитсияе ҷой дода шудааст, ки Исоро дар байни ҳавориҳо (апостолҳо) инъикос менамояд. Ин саҳна манзараи шартии кӯҳсорро ифода менамояд. Дар марказ, дар болои харсанге, Исо бо ҳамроҳии “подабони некукор” нишастааст. Дар чор тараф гусфандон рост истода ва хобидаанд, ки онҳо рамзи шаш ҳавори (апостол)-ро иҷро менамоянд. Дар болои харсангҳо осмони кабуд намудор аст,Чунин композитсияҳо пештар дар расмҳои хонаҳои зеризаминӣ ва нақшҳои муқарнаси сарпӯшҳо дида мешаванд. Вале дар нисбати тасвирҳое, ки ба давраи пеш аз эътирофи масеҳият ба сифати дини расмӣ мансуббуда, дар ин ҷо Исо аллакай моҳияти демократии худро аз даст додааст, ба ин пераҳани оддии подабон гувоҳӣ медиҳад. “Подабони некукор” дар мақбараи Галла Пластиди дар тан тиллоӣ, аз болои он қабои арғувонии шоҳона пӯшонида шудааст. Сараш бо ҳокаи (нури даврашакл) тиллогин иҳота карда шудааст.

Дар қаламрави музофотҳои дар Балкан воқеъгардидаи империяи ин давра ёдгориҳои санъати ҳотамкорӣ кам боқӣ мондаанд. Ҳотамкории гумбази ротонда (иморати гирдаш қаторсутуни гумбаздор)-и Георгий дар Фесалоника дар замони баъдтарин хеле сахт эҳё карда шудааст. Мувофиқи мазмунбандӣ (сюжет) онҳо ба тасвироти Ғусли таъмидгоҳи православӣ дар Равенна наздикӣ доранд.

Соҳаи муҳими расмкашии Византия минётура буд. Дастнависҳои сершумори аёниятдори хеле зиёд боқӣ мондаанд – аз тамоми давраи ҳазорсолаи мавҷудияти Византия. Дар аввал бо минётура наворҳои печонидаи папирусҳо оро дода мешуданд. Яке аз чунин наворҳои печонида папируси машҳури Голенишев буда, солномаи таърихи ҷаҳонро то соли 392 дар бар мегирад, ки он дар Искандария мураттаб карда шуда будааст.

Вақте ки китобҳо ба худ намуди кодексҳоро мегиранд, ки дар пергамен навишта мешуданд, онҳо низ бо ороиши бадеӣ зебу зинат дода мешуданд. Аз ҷумлаи нисбатан арзишмандтари онҳо ро рассомон оро дода, дар чунин китобҳо тасвиротро ё дар шакли аёният дар ҳошияҳо ё ба сифати вуруд дар оғози бобҳо ва ё ному насаб ҷой мекарданд. Паҳншавии кодексҳо – ба китобҳои имрӯза наздик, ба садсолаи IV рост меоянд. Аз ҷумлаи кодексҳои қадимтарине, ки бо минётура зебу зинат дода шудаанд, Инҷили Вена, евангелия аз Россано, евангелияи флоренсиягии Равулла ва дастнависи венагӣ “Гербария”-и табиби юнонӣ Диоскорида (наздики соли 512) мебошад, ки дар Константинопол барои духтари консули Олвия – Юлиана Аникия иҷро карда шудааст.

САНЪАТИ АМАЛӢ ВА ҲУНАРМАНДӢ

Санъати Византия, чун санъати антиқӣ то дараҷае аҳамияти амалӣ дошт. Дар баробари ин, ёдгориҳои ба таври нозукона иҷрокардаи ёдгориҳои маданияти моддӣ то ба сатҳи асарҳои бадеӣ боло рафта буданд. Бинобар ин, баъзан дар фарқгузории онҳо мушкилот ба миён меояд.

Воқеаҳое, ки дар тули асрҳои IV—V дар рушди меъморӣ, ҳайкалтарошӣ ва расмкашӣ ба амал омадаанд, дар соҳаи санъати амалӣ низ инъикос ёфтаанд. Дар баъзе соҳаҳои он анъанаҳои антиқӣ боқӣ монданд,дар соҳаҳои дигари он таъсир ва махсусиятҳои шарқӣ ба назар мерасанд, ки хоси халқҳои варварӣ мебошанд. Дар мувозии ташаккули фаҳмиши нави бадеии олам поёнравии маҳорат ба назар мерасадки он ба давраи бӯҳрон хос аст.

Дар ин давра дар байни ҳунарҳои дигар истеҳсоли кузаҳои сафолӣ махсусан васеъ паҳн мегардад. Куза, коса, лаълӣ, гулдон, хумҳо барои шароб ва равған, зарфҳои калонҳаҷм барои нигоҳдории ғалладона аз ҷумлаи ин маҳсулоти ҳунармандӣ мсебошанд. Аз оғози асри III сар карда намудҳои алоҳидаи хумҳо, тагашон шакли мудаввардошта, миёнаи он дам гарданаш борик ва мувофиқи он дастаи хурд доштанд. Бо ин ва ё он тағйирот ин шакли хумҳо ба асрҳои миёна мегузаранд ва муддати дуру дароз дар мамлакатҳои ҳавзаи баҳри Миёназамин ва баҳри Сиёҳ боқӣ монданд. Вале хумҳои дигар низ мавҷуд буданд – дорои шакли лулагӣ бо дастаҳои сихшуда, ки бо тухм тухм ё нок шабоҳат доштанд. Ҳамаи онҳо махсусияти маҳаллӣ (локалӣ) дошта, дар баробари ин махсусиятҳои дигар низ доштанд.

Мисли пештара, шамъҳои гилин истифода бурда мешуданд, ки дар он равғани зайтун месухт. Шакли мудаввари онро бо мурури замон шакли дарозрӯя фишор дода мебарорад,ки он бо “бинии худ” рӯ ба пеш нигшаронида шуда буд. Дар баробари мавзӯҳои нақшу нигор дар шамъҳо рамзҳои масеҳият низ вомезурданд. Шамъҳо бо махсусиятҳои маҳаллӣ – ранги гил, маъзе махсусиятҳои шакл ва рангу бор фарқ мекарданд. Масалан, барои хуми римӣ даста дар шакли дандонадор, барои копту фаластинӣ ҳалқамонанд хос буд. Ба навиштаҷоти ороишӣ нусхаҳои мисриюю фаластинӣ хосанд.

Шамъҳои биринҷӣ, ки баромадашон асосан аз музофотҳои ғарюӣ, инчунин аз Миср мебошанд, хеле кам паҳн гардида буданд. Баъзеи онҳо дар шакли моҳӣ, парранда ва ё шутур сохта шуда буданд, ки баъзан бо каллаи тасвири грифон (саги дарозмӯи шикорӣ).ё тасвири гул анҷом меёбад. Шамъҳое вомехуранд, ки аз рӯи сохти худ ба замони антиқӣ хеле наздик мебошад, вале бо рамзҳои масеҳӣ дар деворҳои ақибаш оро дода шудааст, ки ин аз эҳтимоли онҳо дар калисо дарак медиҳад. Нусхаҳое боқӣ мондаанд, ки якдигарро такрор мекунанд, ин дар бораи он шаҳодат медиҳад, ки истеҳсоли сериягӣ мебошанд ва ҳатто мумкин аст, ки дар як устохонаи кулолгарӣ истеҳсол карда шудаанд.

Зарфҳо барои об ва ё равғани “муқаддас” паҳн гардида буданд, ки барои давраи масеҳии барвақта хос буданд. Зарфчаҳои Мини муқаддаси ниҳоят бисёр то замони мо боқӣ мондаанд. Дар мавриди кофтуков дар дайри шуҳратманди бо номи ӯ дар Миср, устохонаи истеҳсоли чунин зарфчаҳо ёфта шудааст. Дар зарфчаҳои хурди ҳамвор, ки ба онҳо дастаҳо насб карда шуда буданд шахси муқаддас Мина инъикос гардида буд. Дар ҳарду тарафи муқаддас шутурҳо ҷойгир буданд. Дар паси он навиштаҷот ҷой дода шуда буд. Зарфчаҳои Минаро зиёратгарон берун аз ҳудудҳои Миср мебурданд. Зрафчаҳои ин таъинот дар дайрҳои Сурия ва Осиёи Хурд ҳам тайёр карда мешуданд. Аммо онҳо аз зарфчаҳои мисрӣ бо ранг ва техникаи иҷрокунӣ фарқ доштанд.

Дар ин вақт кулолгарии бадеӣ давраи вазнинтарини худро аз сар мегузаронид. Дар марказҳо ва вилоятҳои гуногуни империя – дар Константинопол, Антиохия, Африқои Шимолӣ, Миср, афина Херсон ва ғайра лаълию косаҳои суфтаи дорои нақшкунонии тасвирҳо дар қисмати поёнии даруни онҳо ёфта шуда, бо ранги сурхчаю маллагӣ пӯшонида шуда, ки ба асрҳои IV – VI сабти сана доранд ки нисбат ба зарфҳои бо ранги сурх пӯшонмдаи замони Рим дурушттар буданд. Дар онҳо бисёр вақт салиб ва баъзан лайвонот, паррандаҳо ва камтар симоҳои муқаддас ё Исо, баъзан саҳнаҳои бутуни шояд мазмуни дунявидошта тасвир карда мешуданд .

Намуди дигари истеҳсолоти оммавӣ газвор буд. Шумораи хеле зиёди он бо шарофати махсусиятҳои хок ва шароити иқлим боқӣ мондааст. Маълум аст, ки Миср содиркунандаи калонтарини газвор барои музофоту вилоятҳои гуногуни Византия буд. Газворҳо асосан аз зағғирпоя тайёр карда мешуданд. Дар Миср пашм асосан барои кашидадузию гулдузиҳои ранга истифода бурда мешуд. Иоанн Златоуст дар бораи либосҳои аз пашми гусфанду шутур тайёркарда ёдовар мешавад. Эҳтимол дар Сурия либосҳои пашминро одамони камбағал ба бар меарданд. Дар антиохия газворҳои гуногун мебофтанд, аз ҷуволвории дағал сар карда то газворҳои тунук ва ҳарир. Истеҳсоли шоҳӣ ё худ атлас дар қаламрави Византия дар асри VI паҳн гардидааст.

Аз ҳама бештар техникаи оддии истеҳсоли газворҳо – матои бофта ба кор бурдамешуд. Барои нақшу нигори мисрӣ одатан техникаи гобеленӣ (қолини қоқмаи девориисуратдор) истифода бурда мешуд, яъне нақша аз тариқи риштаи рангин гулдӯзӣ карда мешавад. Рангҳо пайдоиши растанӣ ва ё ҳайвонотӣ доштанд. Баъзан аз рангҳои минералӣ истифода бурда мешуданд. Газворҳои дорои сифати беҳтарин бо ин сифат ба воистаи дар маҳлули ранг чандин маротиба хобонидану аз он баровардан ба даст оварда шуда ва ранги чунин газвор намепарид. Ранги арғувонӣ аз ҳамаи рангҳои дигар беҳтар дониста шуда, аз шираи зоти камёби туқумшуллук, ки дар соҳилҳои Финикия ва баъзе ҷойҳои дигар мавҷуд буданд, истеҳсол карда мешуд. бо он асосан газворҳоро дар устохонаҳои императорӣ ранг мекарданд.

Намуди аз ҳама паҳншудатарини либос перроҳан (туника) буд. Бо мурури замон перроҳанҳои беостинии римиро перроҳанҳои остиндароз танг карда бароварданд. Перроҳанҳои мардона нисбат ба перроҳанҳои занона дарозтар буданд. Плашҳо яклухт дар шакли полотное росткунҷа бофта мешуданд,перроҳанҳоро бошанд, — аз се қисмат: болоӣ, бо сурохҳо барои тугмаҳо ва остин. Он аз байнаш таҳ карда шуда, дар паҳлуҳояш дӯхта мешуд. Аз он поёнтар ду матоъ дӯхта мешуд. Дар дастгоҳҳои калон перроҳанҳоро баъзан аз як як пора ҳам медухтанд.

Тахминан аз асри III сар карда, дар дӯхтани костюм тағйироти калон ба амал меояд. Бо парда оро додани юнонию римиро пора карда ва дӯхтани либос мувофиқи андозаи таии одам иваз менамояд. Наздикшавӣ ба варварҳо,ҷангҳо бо онҳо, ба воридшавии мудҳои варварҳо мусоидат намуданд. Баъд мудҳои варварҳо ба шаҳрҳои империя низ меоянд. Ҳаргуна яктаҳҳо, эзорҳо ва пойафзол ва ғайраҳоро бошанд, византиягиҳо аксарияти онҳоро ҳам аз рӯи ном ва ҳам истифодаи онҳо аз гуннҳо қабул кардаанд.

Агар дар юнониҳо, дар ибтидо аз римиҳо низ, зебу зиннат дар либос хеле кам ба назар мерасида бошад, пас дар Шарқ ва дар як қатор халқҳои варварӣ хеле паҳн гардида буданд. Аз асри III сар карда либосҳои шарқӣ ба расмияти Рим низ дохил мешавад, дар асрҳои V – VI бошад, мақоми зебу зинат дар византия хеле чашмрас шуд, рӯ ба боло рафт. Дар бораи зебу зинати тиллогин дар сару либос, чизи дӯстдоштаи занон мегардад.

Пардаҳо низ бо нақшу нигори арғувонӣ зебу зинат дода мешуданд,тавре ки ин дар мисоли тасвири қасри Теодорих дар калисои Сант-Аполлинара дида мешвад. Чунин пардаҳо дар газворҳои коптӣ боқӣ мондаанд. Феофилакт Симокатта, зебу зинат ва ашёҳои толорро, дар аҳди Маврикий мурофиаҳои ақди никоҳ доир мегардиданд шарҳу эзоҳ дода, баён медорад, ки дар деворҳо газворҳое овехта шуда буданд, ки бо рангҳои арғувонии ҳақиқии финикиягии қимматбаҳо рангубор карда шуда буданд ва рангашон намепарид.

Мазмуни ороиши газворҳои коптӣ, тағйирёбии доимии намуди он сазовори таваҷҷӯҳи хоса мебошад. Дар онҳо мавзӯҳои зиёди Мисри қадим ва образҳои аз мавзӯҳои асотирҳои вомехуранд. Дар услуби асри IV ҳанӯз нишонаҳои иллюзионизми антиқӣ хос мебошанд. Беш аз пеш нақшу нигори гуногунтар шуда, тасвирот схематикӣ (қолабӣ) фигураҳо гӯё ки шах шуда мондаанд, образҳои кӯҳна аз нав мавриди мулоҳиза қарор мегиранд. Шумораи саҳнаҳои масеҳӣ торафт кам мешаванд. Ҳамаи ин махсусиятҳои иконографӣ ва услубӣ асос мебошанд баҳри муайян намудани сину соли газворҳо. Вале ба таври аниқ муқаррар намудани дар сурате имконпазир мегардад, ки бо ҳамроҳии онҳо ҳуҷҷатҳо низ ёфта шаванд. Масалан, ҳамин тавр аст, плаҳ бо медалонҳои калони бо нақшу нигор зебу зинат додашуда, туникҳо (перроҳанҳо) ва ғайраҳо.

Газворҳои нисбатан қиматбаҳо дар Константинопол, Искандария ва Антиохия истеҳсол карда мешуданд.Чунинанд нусхаҳои газворҳо бо тасвири саворагон бо мавзӯҳои гулдузию кашидадузӣ, инчунин бо манзараҳои евангелӣ. Газворҳои зиёд, ки на онқадар пеш боз аз тарафи мутахассисон ба асри V нисбат дода мешуданд, акнун ба давраи баъдтар аз ин санагузорӣ карда шуда истодаанд. Дар байни онҳо, газворҳое низ ҳастанд, ки хоси Византияи барвақта мебошанд – чорчарха бо сорбон, чор асп ва писарбача, ки сиккаҳоро аз халтаҳо фуру мерезад. Чунин саҳнаҳо дар ипподром бештар дар ассноди консулӣ вомехуранд.. Онҳо дар тасвироти зарфҳои шишагӣ низ маълуманд.

Тугмаҳои шаклҳои гуногун вомехуранд, ки ҳар гуна либоси дигар тугмагузаронӣ карда мешуданд ва онҳоро фибула ва далматик меномиданд. Барои Назди баҳри Сиёҳ фибулаҳои шуъогӣ ва ангуштарӣ хос буданд. Онҳоро аз тилло, нуқра ва биринҷӣ тайёр мекарданд, баъзан онҳоро бо кошинкорӣ аз сангҳо ва хамира оро медоданд Инчунин маснуоти ороишии гардан ва дастпона маълуманд.

Аммо на ҳамаи асарҳои санъати амалиро санагузорӣ кардан имконпазир аст. Барои ҳамин ҳам он ашёҳое аҳамияти калон доранд, ки портретҳои арбобони маълуми таърихӣ ва ё навиштаҷот вомехуранд. Дар байни онҳо маснуот аз нуқра ва устухони фил мақоми баландро ишғол менамоянд.

Нуқра дар тайёр кардани ҳаргуна зарфҳо – лаълиҳои андозаашон гуногун, кузаҳо, гулдон, косаҳо, кафлезҳо ва ғайраҳо,ки ғолибан аз тарафи аъёну ашрофи дунявӣ ва калисо истифода бурда мешуданд.

Устоҳои Византия аз кандакорӣ васеъ истифода мебурданд, ба воситаи он суроби тасвирот дар он тарафи он тарошида шуда, унсурҳои он бошад, дар тарафи рӯи он инъикос гардонида, ва баъзан бо хаккокӣ пурра карда мешуданд. Баъзе маснуот ба воситаи сиёҳӣ, ки аз нуқра, мис, сурб ва бо омехтаи сулфур (рӯҳ ё худ олтингугирд) таркиб ёфта буд, зебу зинат дода мешуданд.

Дар Мадрид лаълии нуқрагине нигоҳ дошта мешавад, ки дар нимаи дуюми асри IV тайёр карда шуда, диаметри он 75, см ва вазнаш 15,35 кгаст, ки дар он императорон Феодосияи I, Аркадий ва Валентиниани II ҳузур дошта. Феодосий ба амалдоре, ки ба ӯ наздик шудаистода мукофот медиҳад. Ба композитсия муҳофизоне, ки ҷуфт-ҷуфт ҷойгиранд анҷом мебахшанд. Дар тарафҳои арк, ки дар заминаи он император нишастааст, дар фронтон тарҳи фигураҳои гениёҳо дар ҳолати парвоз қароргирифта тасвир ёфтаанд. Якчанд чунин фигураҳо дар назди расми зане, ки земиро таҷассум менамояд, ҷойгиранд Лаълии дар қолабрехта бо кандакорӣ ба анҷом расонида шудааст, навиштаҷот – лотинӣ, дар тарафи дигараш — қайди вазн бо забони лотинӣ инъикос гардидааст. Мувофиқи моҳияти худ тасвир бо анъанаҳои антиқӣ зич алоқаманд аст, лекин дар иҷрои он нишонаҳои шартӣ ва қолабӣ будан мушоҳида карда мешавад.

Дар сипарҳои ду нафар муҳофизон наворе мавҷуд аст, ки рощро мемонад. Барои ин марщала алоцамандии махсусиятщои антиқӣ ва масеҳӣ хос аст, масалан, дар лаълии нуқрагин, ки аз Керч ёфташуда. Дар он император Констансийи II (317-361) инъикос гардидааст. Императорро олиҳа Никаи болдор тоҷгузорӣ мекунад дар дастони муҳофиз сипар бо гурз, дар поёни пойҳояш асп, — сипари рақиби мағлубшуда. Саҳнаи фотеҳияти императорро, ки дар замони Рими бевақта васеъ паҳншуда буд, усто фазои онро мекушояд. Фигураи Констансия дар гардиши шартӣ асп бошад, гӯё дар ҳаво дар ҳолати парвоз инъикос гардидааст.

Сари император бо нимб (нури доирашакли гирди сар дар иконаҳои насронӣ, ҳайкалҳои антиқӣ) дар мусаллаҳии ӯ унсурҳое ба назар мерасанд, ки барои олами варварии Назди баҳри Сиёҳ (шакли сипа ва дастаи шамшер) хос буда, дар пераҳан таъсири калони Шарқро ифода менамояд.

Аниқ санагузорб шудааст боз яке аз лаълиҳои нуқрагине, ки қисман тиллопӯш кардашудааст, аз хазинаи бойтарин, шояд аз гуре бошад, ки он дар соли 1912 дар деҳаи Малая перешепинаи воқеъ дар наздикии Полтава ёфта шудаст. Дар қисмати болоии лаълӣ суратҳо инъикос гардидаанд. Дар гирдогирди он навиштаҷоте бо забони лотинӣ мавҷуд аст, ки дар он номи епископ Патерна ёдовар шудааст. Аз сарчашмаҳои хаттӣ маълум аст, ки дар охирҳои асри V – аввалҳои асри VI ӯ дар шаҳри Тома (Констансаи имрӯза. Дар қаламрави Руминия) епископ будаас. Дар лаб-лаби лаълӣ бо тариқи кандакорӣ занҷираихушаи ангур овезон буда, дар каҷаки он парранда ва ҳайвонот сабат бо меваҳо ва гулдонҳо бофта шудаанд. Ин гулдузӣ, ки аз рӯи ҳотамкории ревеннӣ маълум мегардад, ки аз кандакории суриягӣ дар санг ва ёдгориҳои дигари асрҳои IV – VI ба миён омадааст. Дар ин лаълӣ лонаҳои дар болои он насбшуда барои сангҳои гуногунранг вайрон карда шудааст. Чунин услуби ороиш рангоранги ҳотамкорӣ барои ҳаргуна асарҳои заргарӣ хос мебошад.

Лаълии Патерна на танҳо аз рӯи навиштаҷот, балки аз рӯи тарафи дигари он аломатҳои шиносоӣ дорад, ки ба давраи ҳукмронии император Анастасияи I рост меояд. Чунин нишонаҳо дар поёни маснуоти зиёди нуқрагини византиягии аз охири асри V то миёнаҳои асри VI мавҷуд буданд. Онҳо шаклҳои гуногун доранд – дар шакли салиб, росткунҷа ва давра. Дар болои онҳо навиштаҷот кандакорӣ – монограммаҳо ва портретҳои императорҳо карда шудаанд. Монандии ин тасвироти бо онҳо монанд дар сиккаҳо имконият медиҳанд предмети тақёркунии онҳо муайян карда шавад чунки тамға дар рафти истеҳсолот гузошта мешуд.

Устухони фил, ки ба Византия аз Ҳиндустон ва Африқо оварда мешуд, нархи ниҳоят баланд дошт. Он дар асрҳои IV – V барои тайёркунии қуттиҳо диптихҳои дипломатӣ, барои зебу зинат додани ҷиҳози (мебели) қимматбаҳо ва,мумкин аст, барои девор ва дарҳо истифода бурда мешуд. Тасвири портретии консулҳо, ки дар сарчашмаҳои хаттӣ ёдоварӣ карда мешаванд, аз соли 406 то соли 540 – қариб бе танаффус маълуманд.

Тайёркунии сандуқчаҳо аз устухони фил. Тавре ки аз кодекси Федосий бармеояд, мансуби имтиёзи консулҳо буд, ки онҳоро 105 Новеллаи Юстиниан вазифадор мекунад, ки ҳафт намуди тасаввурот ва тақсими пулҳои майдаро ташкил намоянд. Аз ҳамин сабаб дар рӯи сандуқчаҳои зиёд дар баробари портретҳои консулҳо, ки дар медалонҳо яке бо қомати баланд ва дигаре то миён бо нақшу нигори растаниҳо иҳота шудаанд, бештар саҳнаҳои калисоӣ ва ва фигураҳои писарбачаҳои хурдсоли дар ҳолати тангаҳои майдаро пош додан тасвир ёфтаанд. Дар ин ҷо акробатҳо, эквиилбристҳо, аспҳо дидан мумкин аст, ки онҳоро ба саҳнаи ипподром мебароранд, пойгаҳи аробаҳо, набарди одамон бо ҳайвоноти ваҳшӣ (шер, юз, хирсҳо), актёрҳои ниқоб дар даст ва ғайраро дидан мумкин аст.

Маҷмуаҳои диптихҳои (медалонҳои) нисбатан ботантана — медалонҳои панҷқисмаи императорӣ буданд. Диптихҳои дар Лувр маҳфузбудаи Барберини (аз рӯи соҳиби аввалаи он) махсусан маълум мебошад. Дар он императори аспсавор, ки ӯро олиҳаи ғалаба тоҷгузорӣ мекунад, фотеҳ (триумфатор), ки гоҳ ба Анастасия ва гоҳ бо Юстиниан монанд карда мешавад, инъикос гардидааст. Аз тарафи чап фигураи варвари мағлубшуда, дар поён замин тасвир ёфтааст. Дар тахтачаи поёнӣ варварҳо тасвир ёфтаанд, ки андоз пардохта истодаанд, дар тарафи чап – консул бо ҳайкалчаи Ника дар даст, дар майдони боло – медалон бо нимфигураи Исои ҷавони дуокардаистодаи дар даст салиб. Медалонро париҳои дар парвоз қарордошта мебаранд, ки аз ҳар ҷиҳат ба Никаҳои антиқӣ монандӣ доранд.

Аз рӯи тартиби хронологӣ диптихҳои гуногунро баррасӣ карда, дидан мумкин аст, ки дар онҳо беш аз пеш унсури ороишӣ (декоративӣ) ва аз ҳад зиёд пур карда шудан бо унсурҳои гуногунро мушоҳида кардан мумкин аст. Ҷобаҷокунии фигураҳо шартӣ буда, симоҳо хеле кам фардӣ мебошанд.

Дар болотар мо дар бораи ба Византия сар дларовардани мудҳои варварӣ, саршонакунӣ ва зебу зинаткунонӣ берун аз хоси ҷомеаи византиягӣ сухан баён дошта будем, ки мақоми нақшу нигор дар либосу газворҳо беш аз пеш меафзояд. Ин тамоил дар маснуоти заргарӣ низ инъикос ёфтааст.

Дар таркиби баъзе бозёфтҳо, аз он ҷумла аз гурҳо, масалан, дар Кипр, дар Миср, дар Килликия, Юнон, Истрия ва дар баъзе вилоятҳои Италия ва Русия, занҷирҳо тиллоӣ, мӯҳраҳо бо бозубандҳои овезон дар шакли медалон, шаклҳои гуногунии ишкелак (бляха), устурвон (цилиндр), салибҳо,дастпонаҳо, агушттаринҳои сангдор, гушвораҳо дар шакли моҳтоб ва ғайраҳо вомехуранд. Муҳим аст қайд карда шавад, ки наздик будани шаклу принсипҳои нақшунигордиҳии ороишии ин маснуот, инчунин аслиҳаи маъракагӣ ва зину афзоли аспҳо ба он предметҳое мебошанд, ки дар байни халқҳои варварӣ васеъ паҳн гардида буданд. Пур кардани қисмати болоии маснуоти заргарӣ бо истифода аз сангҳои қиматбаҳо ва хамираҳои гуногунранги шишамонанд беш аз пеш всеътар паҳн мегардад.

Шумораи зиёди ашёҳо қариб бо пуррагӣ намунаҳои антиқиро такрор мекунанд: ҳамин хеланд чангакҳо дар баъзе зиреҳҳое, ки нусхабардории сиккаҳо ва ё медалҳои римӣ, масалан, тасвири Константин, ки тоҷгузории ӯ ҳамчун рамзи офтоб ва моҳтобро дар овезаи медалон аз Мерсина ё камарбанди ва шаддаҳои мӯҳраи аз ганҷинаи дар Кипр буда ёфта шудаанд. Медалонҳои ба инҳо монанди бо мавзӯҳои насронӣ – салибҳо, дамкарда ва ё буришашон, баъзан бо сангҳо кошинкоришуда гушвораҳои дар атрофи гулдон бо расми товусҳо, ҳамчун рамзи абадзиндагӣ тасвир ёфтаанд. Саҳнаҳои евангелиро дар баъзе дастпонаҳо, ки баромадашон аз Сурия ва Миср мебошанд, инчунин ангушттаринҳоро дидан мумкин аст. Дар баробари инҳо намунаҳои беҳтарини санъати сангтарошии мазмуни дунявидошта ва дар байни онҳо як силсила портретҳо вомехуранд, масалан, тасвири портрети император Констансияи II ва ҳамсари ӯ. Истифодаи устокоронаи қабатҳои гуногуни рангкардаи санг барои ифодаи симо, мӯйсар, сару либос, тасвири инфиродии персонажҳо дар бораи нигоҳдории дастовардҳои баланди сангтарошони антиқӣ шаҳодат медиҳанд.

Коркарди шиша, ки дар Рим нашъунамои мислаш диданошударо аз сар гузаронидааст, ки дар он ҷо шиша бори нахуст аз тариқи пуфкунӣ (дамкушӣ) тайёр карда мешуд, дар Византияи барвақта рӯ ба таназзул меорад. Мумкин аст, ки маҳз бо ҳамин сабаб қонуне ба замони император Константин мансуб аст, ки мувофиқи он шишикорҳо, ки ба суфтакунандагон ва пуфкунандагон тақсим мешуданд, ба қатори касбҳои имтиёзнок дохил карда шуда буданд ва онҳо аз андозҳо озод карда шуда буданд.Ин вақт истеҳсоли шиша бештар дар Сурия ва Миср рушд карда буд.

Аксарияти кулли зарфҳое, ки аз гурҳои коптии Миср, дар соҳили шимолии баҳри Сиёҳ ва баъзе ҷойҳои дигар пайдо карда шудаанд, аз тариқи техникаи муқаррарии пуфкунӣ ба қолаб иҷро карда шуда, сабзранг ва баъзан зардранг мебошанд. Эҳтимол меравад, ки шакли паҳншудаи зарфҳо дар асрҳои IV- V зарфҳои тандор – куза ва зарфи шишагӣ буда, тани чорпаҳлу ва шашпаҳлу доранд. Дар баъзе нусхаҳо ороишот ва кошинкорӣ тасвир ёфтаанд, ки баъзан ба онҳо аҳамияти рамзӣ дода мешуд. Дар зарфҳои мисрӣ зебу зинатҳои қолабрезие вомехуранд, ки ба деворҳои гармкардаи зарфҳо часпонида шудаанд. Мисри инвақта оинаҳои начандон калони шишагиро низ медонист, ки дар чорчуба таҳкимкарда дар қуттичаҳои хурд ҷойгир буданд.

Дар сурия истеҳсоли шишаидорои сифати баланди бадеии бурида ва қолабрезиро идома медоданд. Ёдоварии Иоанн Златоуст дар бораи он намудҳои зарфҳое, ки дар шакли аслӣ маълуманд, боиси таваҷҷӯҳ мебошад, аз он ҷумла, зарфи асри III, ки аз Мхтсети воқеъ дар Гурҷистон ёфта шудааст. Златоуст нақл мекунад, ки ашхоси бой бо маснуоти бокарруфар сару кор доранд, аз зарфҳои нуқрагин хурок истеъмол мекунанд. Даруни зарфҳо шишагӣ ва беруни онҳо нуқрагин буданд, ки ин шояд ба сифати баланди косаҳои шишагӣ мувофиқат мекард.

Лекин даҳҳо бозёфтҳои нисбатан аҷоиб асосан аз хонаҳои зеризаминии Рим ёфта шуда, зарфҳои шишагии дарундори андозаашон аз 2 то 10 сантиметр, ки аз тариқи баргҳои тиллоӣ кошинкорӣ карда шудааст, Баргчаҳои тиллоии тунуктарин дар ин ҷо, чун дар мукаабҳои нақшу нигор , дар байни ду болои шишагӣ ҷой дода шуда буданд. Дар намунаҳое, ки асосан ба асри IV мансубанд, дар баробари портретҳо ва тасвироти асотирӣ навиштаҷоти лотинии фрикативӣ (фронтальность) хос мебошад.

Шумораи то ба мо расидаи маснуоти чӯбин хеле кам аст. Дарҳои сарвии кандакорикардаи калисои Сабина дар Рим эҳтимол аст, ки ба вақти сохта шудани ибодатгоҳ (соли 430) рост оянд. Саҳнаҳои инҷилии дар онҳо додашуда дар бораи таъсири сахти икона (сурат)-созии шарқӣ шаҳодат медиҳанд. Дар тарзи иҷро ҳамон характери гузарише ошкор мегардад, ки дар ёдгориҳои дигари ин давра дида мешуд. Фигураҳо дар заминае (фоне) ҷойгиранд, ки гӯё биноҳо ба ҳамворӣ гардонидагӣ бошанд, онҳо аз тариқи нигоҳи тамошобин инъикос мешаванд. Дар баробари ин дар саҳнаҳои оммавии ашхоси амалкунанда дар гардишҳои гуногун дода шудаанд; унсурҳои дурнамо (перспектива) эҳсос карда мешаванд.

Асарҳои санъати амалӣ бисёр вақт дар сарчашмаҳои хаттӣ номбар мешаванд. Аз ин ҳам бештар онҳоро метавон дар тасвироти гуногун дид. Дар ин замина фаршҳои кошинкорӣ кардашуда боиси таваҷҷӯҳи калон мебошанд, ки онҳо дар музофотҳои зиёди империяи Византия кашф карда шудаанд ва пеш аз ҳама –дар кошинкории фарши Қасри Калон дар Константинопол. Дар байни пораҳои кошинкории ин Қаср мумкин аст суратҳои мардон, занон ва кӯдаконро дар тан суру либосро дид, ки барои ин давра хос аст. Дар мобайни онҳо мутриб бо асбоби сетор, чандто асбоби ба ғижак монанд, кишоварзон, ки заминро бо омоч нарм мекунанд моҳигири куҳансол бо ходаи моҳигирӣ, лаҷоме, ки сорбон уштурро аз паси худ бурда истодааст ва ду писарбача дар уштур саворанд, писарбачае бо турба дар наздикии маркаб истодааст,шикорчиён, ки бо палангу шерҳо дар набарданд, шикорчиён бо сипарҳои мудаввар ва найза мусаллаҳанд, камтар — бо шамшеру камон, тасвир ёфтаанд. Аз ҷумлаи унсурҳои дуюмдараҷа диққати касро шаклҳои ба мо шиноси хумҳо ва кузаҳо, зину лаҷоммӯҳраю гушвор ҷалб менамоянд. Дар қатори биноҳо бустонсароҳо, фаввораҳоҳайкалҳо, инчунин осиёбҳои обӣ намоёнтаранд.

Маводи ғании рӯзғор, гарчанде ки онҳо схематикӣ дода шудаанд, мумкин аст аз нақшу нигоре пайдо намуд, ки аз маҳаллаи Яктои воқеъ дар наздикии Антиохия ёфта шудаанд. Дар натиҷаи кофтуков қатори ҳотамкории нимаи дуюми асри V кашф карда шудааст, ки гӯё тамошобинро ба Антиохия сайругашт мекунонад. Дар ин ҷо хонаҳои шахсӣ инъикос карда шудаанд ва бо забони юнонӣ номҳои соҳибони онҳо навишта шудаанд, ҳаргуна иншоотҳои бинокории ҷамъиятӣ – ипподром, ҳаммом, дарвозаҳои шаҳр қайд гардидаанд. Дар худи ҳамин ҷо майдон воқеъ аст, ки бо ҳайкалҳо, купруки аркдор аз болои Оронт ва ғайра мавҷуданд. Ҳотамкорӣ ва кошинкорӣ ҳаёти ҳамарӯзаи аҳолии шаҳрро инъикос намудааст: онҳо меҳнат мекунанд, борҳои гуногунро аз як ҷо ба вои дигар мебаранд, дигарон буҷулбозӣ мекунанд ва ё дар харакҳои қатъшаванда нишаста, ба ҳамдигар шароб менӯшонанд. Дар дасти онҳо сабад, хум, куза ва қадаҳ ҳаст. Устоҳо- дукондорони хурд, фурӯшандагони равған, моҳӣ ва шириниҳо нишон дода шудаанд.

Дар баробари ҳамаи шартӣ будани шарҳу эзоҳ ва таҳлили кошинкорӣ, он дар бораи кӯчаҳои Антиохия бо айвонҳо ва сутунҳои он ва камтар – гумбазҳо, ки аз рӯи усули меъмории худ бо биноҳое монандӣ доранд, ки то имрӯз дар қаламрави Сурия боқӣ мондаанд, шаҳодат медиҳанд. Сару либоси одамон, сарфи назар аз ҳолати иҷтимоии онҳо, гуногун мебошад; пераҳани (туники) кӯтоҳи беостин, эҳтимол хоси сару либоси ғулом бошад. косибон пераҳани (туники) камарбанддор, баъзан бо дастони озоди барои кор омода дар тан доштанд. Дар сару либоси чунин одамон тасвири касбу кор зиёд боқӣ мондаанд. Ашхосе, ки ба табақаҳои имтиёзноки аҳолӣ тааллуқ доштанд, дар чврқ либос ва остинҳои дароз тасвир ёфтаанд. Пирраҳанҳои занонаи то панҷаҳои пойҳо дарозбуда баъзан бо нақшу нигор гулдузӣ зебу зинат дода шуда буданд. ҳамаи унсурҳои зебу зинати либосҳо тамоман ҳамон тавре ҷойгир карда шудаанд, ки дар либосҳои коптии то ба мо расида инъикос гардида буданд.

+ + +

Таърихи санъати Византия дар асрҳои III – V ин таърихи муборизаи ба ҳам таъсиррасонии маданияти насронӣ ва антиқӣ мебошад. Ин мубориза ташаккулёбии идеологияи нав ва шаклҳои нави ҷомеаро инъикос менамояд. Гузариш ба ҷараёнҳои нав дар санъати монументалӣ тезтар сурат мегирад, зеро маҳз ба он аз тарафи табақаи болоии насронишудаи ҷомеа бештиар таъсир расонида мешавад. Истеҳсолоти косибӣ ба анъанаҳои антиқӣ сахттар тобеъ буд. Сарфи назар аз ин, то охирҳои асри V ин ҷараёни рушди косибӣ мувофиқи нишонаҳои асосии худ аллакай ба анҷом мерасид.

АДАБИЁТ

Аверинцев С. Эволюция философской мыли. В кН.: Культура Византии. IV век – первая половина VII века. -Москва, «Наука», 1984, с. 42—78.

Алмазов А. И. Апокрафические молитвы, заклинания и заговоры: К истории византийской отреченной письменности. -Одесса, 1901. И другие сочинения Алмазова.

Античный мир. Византия к 70-летию профессора В.И.Кадеева.-Харьков: Бизнес-информ, 1997. 317 с.

Бокотопоглос П.Греческое искусство: Византийские иконы. -Афины, 1995.

Бычков В.В. Малая история византийской эстетики. –Киев, 1991..

Васильев А.Anecdotf Greco-Byzantina: Сборник памятников византийской культуры. -М., 1893.

Византия, общество и церковь. -Армавир: Армавирский гос. педаг. ун-тет, 2005. 291 с.

Власть, общество и церковь в Византии. -Армавир: Армавирский гос. пед. университет, 2007. 262 с.

Главный Редактор

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *