Фанни Таърихи Чахон(Умум)

Театр ва адабиёти Юнон

Болоравии обрўю эътибори намоишномаҳои театрӣ дар замони қадим ба он оварда расонид, ки онҳо натанҳо дар идҳои динӣ ва ҷамъиятӣ мақоми аз ҳама баландро ишғол намуданд, балки аз мурофиаҳои динӣҷудо шуда, ба намуди мустақили санъат мубаддал гардида, дар ҳаёти юнониёни қадим ҷойи махсусро ишғол намуданд. Дар замони архаистӣ намоишномаҳои театрӣ дар ҷойҳои гуногун доир гардонида мешуданд ва дар асри V то милод майдончаҳои махсус барои баромадҳои саҳнавӣ таъйингардида пайдо мешаванд. Чун қоида, ҳамвориҳои доманаи теппаҳо интихоб карда мешуданд ва атрофии он барои нишасти тамошобинҳо зинадори аз санг сохташудаи мунтазам мавҷуд буданд. Зинаҳои тамошобинон ба таври нимдоира сохташуда, ба қисматҳо (ярусҳо) тақсим карда шуда буданд, ки варзишгоҳои имрӯза чунин сохта мешаванд.

Худи намоиши саҳнавӣ дар майдончаи давравори хокаш хуб куфташуда, ки баъд бо мармар сангчин карда шуда, ки «орхестра» номида мешуд, доир мегардид. Дар маркази орхестра актёрҳо ва хор баромад мекарданд. Дар ақиби орхестра хаймае мавҷуд буд, ки дар он ҷо актёрҳо либос иваз кардаба назди тамошобинон мебаромаданд. Ин ҷой «скене» ном дошт. Баъдтар барои либосивазкунии актёрҳо иншооти баланди доимии аз назари тамошобинон ноаён месохтагӣ шуданд. Дар ин ҷо маводи ороишӣ (декоратсия) маҳфуз нигоҳ дошта мешуданд.

Дар асри V то милод ба саҳна боз аз ду актёри дигар ҳам бароварда шуд ва амали саҳнавӣ мураккабтар гардида, мақоми хор пасттар мешавад. Актёрҳо ниқобпўш баромад карда, натанҳо рўй, балки сари худро низ мепўшониданд. Ниқобҳо сифатҳои одамони касбу кор, синну сол ва дорои мақому мартабаи гоногуни ҷамъиятӣ, ҳолати равонӣ ва ахлоқии онҳоро тасвир менамуданд. Ниқобҳоро иваз намуда, як актёр дар давоми амали намоишнома метавонист якчанд нақши аз ҳамдигар тафовутдоштаро иҷро намояд. Вале ниқобҳо як камбудӣ доштанд: имову ишораи актёрҳоро тасвир карда наметавонистанд. Вале ин корро актёрҳо бо ҳаракатҳои гуногуну пурмаънииии бадан ҷуброн мекарданд. Қаҳрамонҳои асотирӣ ва ё худоҳо нисбат ба одамолни оддӣ хеле калон тасвир карда мешуданд. Барои ин актёрҳо пойафзоли махсуси пошнабаланд ва каллапўши баланд пўшида, барои калонҷусса ва боқувват вонамуд шудан дар зери либоси худ астарҳои иловагӣ насб мекарданд.

Сару либоси ороишӣ (реквизит) боз барои он лозим буд, ки дар мавриди хеле бузург будани театрҳои юнонӣ ва аз назари тамошобинон хеле дур қарор доштани орхестра, актёрҳо бо чунин сару либос намоёнтар ба назар менамуданд ва тамошои иҷрои нақшҳо аз тарафи онҳо осонтар мешуд. Актёрҳо нақшҳоро бо либосҳои дароз иҷро мекрданд, ки мувофиқи ривояти қисссаҳо шоҳу коҳинони Юнони Қадим чунин пераҳанҳоро дар тан доштанд.

Дар театрҳои Юнони Қадим баъзе дастгоҳҳои механикӣ низ истифода бурда мешуданд. Масалан, агар амалиётро дар дохили бино нишон додан лозим бошад, пас ба орхестра чунин саҳнаи чўбини ба дохили хона монанд бароварда мешуд, ки дар он актёрҳо ҷойгир мешуданд. Агар дар миёни намоиш худоро дар ҳолати парвоз нишон додан лозим бошад, пас аз таҷҳизоти махсус барои ин кор истифода мебурданд. Асбоби махсуси овози ҷарангосидошта гулдуроси раъду барқро мемонд.

Театри Дионис Театри Мегалопол

Театрҳои юнонӣ чун анъана барои ҳамаи аҳолии сокини шаҳр дар назардошта сохта мешуданд ва даҳҳо ҳазор ҷойи нишастро ташкил мекарданд. Театри Дионис, ки дар Афина сохта шуда буд, 17 ҳазор ҷойи нишаст дошт. Театри машҳур дар Эпидавр сохта шуда буд, ки 20 ҳазор ҷойи нишаст дошта,он то имрўз хуб маҳфуз мондааст ва актёрҳои муосири юнонӣимрӯзҳам дар он фоҷеаиҳоро иҷро менамоянд, Театри бузурги воқеъ дар Мегалопол – барои 40 ҳазор тамошобин сохта шуда буд, театри дар Эфес сохташуда бошад, ҳатто 60 ҳазор ҷойи нишаст дошт.

Намоишҳои театрӣ ба қисми таркибии ҳаёти ҳаррўзаи шаҳрҳои Юнон табдмл ёфта буданд. Масалан, дар Афина хазинаи махсуси давлатӣ бо номи «маблағҳои театрӣ» таъсис дода шуда буд, ки он барои тақсим ба гражданҳои камбағал муқаррар гардида буд, то ки чиптаҳои театриро харидорӣ карда тавонанд. Дар ҳолатҳои барои давлат хеле вазнини молиявӣҳам ба ин хазина даст расонидан мумкин набуд.

Дар театрҳо пъесаҳои драматургҳои номвари Юнон ба саҳна гузошта шуда, дар онҳо масъалаҳои муҳимтарини ҳаёти муосир (он замон) инъикос гардида буданд. Бо сабаби он, ки дар театрҳо чун анъана қисми зиёди аҳолии гражданӣҳузур дошт, тамошобиҳо бо садоҳои баланд ба муаллиф аҳсан мехонданд ва ё ҳайфи ту мегуфтанд. Ҳамин тариқ, драматургони юнонӣ дар маркази диққати гражданҳои полиси худ қарор доштанд ва ин ҳолат табиист, ки ба эҷодиёти онҳо ҳавасмандӣ ва такони бузургро ба миён меовард.

Театри Эпидавр Театри Эфес

Асри V то милод замони нашъунамои фавқулоддаи драматургияи классикии Юнон, ба майдон баромадани бузургони адабиёти Юнон ва фоҷеанависон Эсхил, Софокл, Эврипид ва муаллифи мазҳакаҳои абадзинда Аристофан буд. Эҷодиёти онҳо дар ҷараёни ҷаҳонии адабиёт марҳалаи нави таърихиро ба вуҷуд овард.

Эсхил зодаи Элевсин (солҳои 525 – 476 то милод) дар Юнон падари жанри адабии фоҷеа шуморида шудааст. Солҳои камолоти ў дар замони қаҳрамониҳои ҷанги юнониҳо бар зидди шоҳаншоҳии Форсҳо (Ҳахоманишиён) гузаштааст. Эсхил иштирокчии набардҳои калон дар ин ҷанг (дар муҳорибаҳои Марафон, Саламини дар асри V то милод воқеъгардида) буд. Ў дар ҳаёти ҷамъиятии Афина фаъолияти босамар дошта, баъд ба Ситсилия кўч баста, дар он ҷо солҳои охирини ҳаёти худро гузаронидааст. Ба Эсхил таълифи 80 фоҷеаро мансуб медонанд. Аз онҳо нисбатан маълуму машҳуртарин «Форсҳо» (соли 472 то милод), «Прометейи Занҷирбанд» ((соли 470 то милод) ва асари сегонаи (трилогияи) «Орестея» (соли 458 то милод) мебошад, ки аз фоҷеаҳои «Агамемнон». «Хоэфора» ва «Эвменида» иборат буд.

Аристофан Софокл

Қиссаҳоиқадимаи асотирии (мифологии) кайҳо боз маълум дар бораи Прометей, дар бораи ҷиноятҳои шоҳҳои Аргос аз авлоди Атридҳо ба манзараҳои (сюжетҳои) фоҷеаҳои Эсхил мубаддал гардидаанд. Танҳо дар «Форсҳо» сухан дар бораи рўйдодҳои воқеӣ – ғалабаи юнониҳо бар форсҳо дар Саламин сухан меравад. Вале Эсхил асотирҳои ҷамъиятӣ ва каммаъниро аз назари нав кор карда, ба онҳо мазмуни нав ворид сохта, ба нақл ғояҳои замони худ мувофиқ намудаст. Эсхил дар асарҳои худ тантанаи тартиботи полисӣ ва идеологияи онро инъикос намуда, ирода ва ватанпарастии юнониҳоро шуҳратманд гардонида, онҳоро дар фоҷеаи «Форсҳо» ба сифатҳои Ҳашиёршоҳ муқобил гузошта, ба шуҷоатмандии қаҳрамонҳои юнонӣҳамду сано мехонад, ки онҳо барои ҳимояи инсонҳо тайёранд ҳатто бо худоҳо муноқиша кунанд. Ӯ тантанаи ҳаёти мутамаддинро дар «Прометейи Занҷирбанд» ва дар баробари ин образҳои беранг — зулму истибдоди Зевсро ба қалам медиҳад. Дар трилогияи «Орестея» эҷодиёти Эсхил пур аз мулоҳизаҳои фалсафӣ дар бораи одамон ва худоҳо тасвир ёфтааст. Барои Эсхил ҳаёти озоду ахлоқӣ танҳо дар ҳайати дастаҷамъонаи полисҳои аз тарафи қонунҳо ҳифзшуда имконпазир аст. Дар ин ҷо ба он ҷиноятҳои вазнинтарине ҷой нест, ки дар марҳалаи тополисӣ вуҷуд доштанд. Чунин ҳаёти сазовор ба худоҳо ҳам маъқул аст. Эҷодиёти Эсхил асосҳои бунёдии сиёсӣ, ғоявӣ ва ахлоқии полисҳои юнониро шуҳратманд мекард.

Эврипид Эсхил Шоҳ Эдип бо духтараш

Дар эҷодиёти Софокл (солҳои 496 – 406 то милод) ки ў худ зодаи Афина буд, масъалаҳои муҳимтарини ҳастӣ (рўзғор) мавриди баҳс қарор дода шудааст. Мувофиқи маълумоти ривоятҳо Софокл зиёда аз 120 фоҷеа навиштааст, ки то замони мо танҳо 7-тояш боқӣ мондааст. Дар байни онҳо аз ҳама машҳуртарин дуто – «Шоҳ Эдип» (солҳои 429 – 425 то милод) ва «Антигона» (соли 442 то милод) мебошанд. Дар онҳо Софокл дар бораи мақоми инсон дар ҷомеа ва олам накл мекунад. Софокл хитоб мекунад: Инсон чист? Лухтак дар дасти худоҳои абарқудат ва ё офаридгори тақдири худ?

Дар образҳои шоҳи Фива — Эдип ва духтари ў Антигона Софокл ҳалли мавзўи муҳимро ба миён мегузорад. Эдип шоҳи хирадманд, некўкор ва одил буда, халқаш ўро гиромӣ медорад, вале бо вуҷуди ин, ў бозичаест дар дасти худоҳои қудратманд. Худоҳо ўро фармуданд, ки ҳаёти ҷинояткорона дошта бошад: падари худро қатл кунад, модари худро ба занӣ мегирад ва махлуқчаҳои аҷоибро ба дунё меоварад, ки ба ў фарзанд ва дар баробари ин додар ҳам буданд. Сарнавишти муайянкардаи худоҳо амалӣ мешавад, гарчанде Эдип гўё ҳамаи кори аз дасташ меомадагиро мекунад, то ки онро пешгирӣ кунад. Вақте ки нафрати шадид фаро мерасад, Эдип ба тақдири талх тан надода, бо сабаби беадолат будани тақдири худ бар зидди худоҳои бераҳм исён мебардорад. Ў шикаст хўрдааст, вале поймол карда нашудааст. Ба муқобили худоҳо бармехезад ва худро кўр карда, Фиваро тарк намуда, дар сар то сари Юнон оворагардӣ карда, кушиш ба харҷ медиҳад, ки аз лаънати худоҳо раҳоӣ ёбад ва бегуноҳ бошад, яъне сафед карда шавад. Ҳамин тариқ, Эдип пиру бемор аз олам меравад, вале ахлоқан шикасст нахурда, ба тозагии маънавӣ муваффақ шуда, манзили охирини худро дар маҳаллаи Колони наздикии Афина меёбад ва қаҳрамон – пуштибони Колон мегардад. Эдип бо щарофати қудрати ғаму ғусса хурдани худ зарбаҳои сангини тақдир, ки худоҳо барои ў сарнавишт карда буданд, бартараф мекунад ва бар онҳо ғолиб мебарояд. Эдип ғояи қудратмандии инсон, беинтиҳоии қувваҳои оӯ имконияти муқобилгузорӣ ба тақдири бебозгаштро муқаррар мегардонад. Ғояи марказии фоҷеаро ў дар шеъри олиҷаноби худ инъикос кардааст:

Қудрати гуногун дорад табиат,

Лек пурқудраттар аз инсон нест.

Он зери нолаи тундбод мондааст,

Бо шуҷоъ дар баҳр пеш меравад.

Гирду атрофаш пур аст аз мавҷҳо,

Зери ў наҳангҳо шино мекунанд.

Ва селаи паррандаҳо дар парвоз.

Инчунин даррандагони ҷангалӣ.

Ва селаи моҳиҳо дар зери об,

Ба зери ҳукмаш ў тобеъ мекунад.

Масъалаи ҷою мақоми инсон дар олам ва ҷомеаро, ки Софокл гузоштааст, мавзўи абадии санъати тамоми ҷаҳон мегардад.

Дар эҷодиёти Эврипид, ки зодаи Саламин (солҳои 480 – 406 то милод) буд, драмаи Юнон ба дастовардҳои нав ғанӣ мегардад. Пъесаи нисбатан шўҳратманди Эврипид, ки дар он навоварии оламшумули ў инъикос гардидааст, «Медея»-и машҳур буда, соли 431 то милод ба саҳна гузошта шудааст. Дар пъеса сухан дар бораи қассоси ваҳшиёнаи Медея, духтари шоҳи Колхида, меравад, ки ўро пешвои аргонавтҳо Ясон аз Колхида ба Юнон бурда, дар ин ҷо ба ҳоли худ партофта, духтари шоҳи Коринфро ба никоҳи худ медарорад, чунки ба ин кор манфиатдор буд. Аз аҳдшикании Ясон Медея худро ниҳоят таҳқиршуда ҳис мекард, бинобар ин, ў ба Ясон кўмак расонида, ки гӯсфанди пашми тиллоидоштаро пайдо намуда, бародари ўро наҷот дода, ватани худро тарк мекунад.

Актёрҳои театри Юнони қадим

Медея мақсад дошт, ки аз Ясон қассоси сахттарин гирад ва беихтиёр ба фикр дар бораи куштори писаронаш аз никоҳи Ясон меояд. Эврипид аз назари равонӣ хуруҷи пурдаҳшати ҳиссиёти модари мушфиқ ва ҳисси қассосгирии даҳшатоварро хеле хуб инъикос менамояд.

Дар ин пъеса Эврипид якчанд роҳу воситаҳои принсипиалии бадеиро коркард менамояд. Образи Медея дар ҳолати рушд дода шудааст – зани дўстдор, модари мушфиқ, вале баъд ба зани щавҳари худро бадбин ва қотили писарони худ табдил меёбад.

Дар Эврипид Медея ботинан тағйир меёбад, ӯро хоҳишҳои тезутунди ихтилофнок азоб медиҳанд ва кадоме аз ин хоҳишҳо дастболо мешаванд ва ба кадом натиҷаи шадид оварда мерасонанд, инсон худаш намедонад. Тағйирнаёбандагии натиҷаи муборизаи мақсадҳо дар дили инсон моҳияти тақдири ўро ифода мекунад.

Ниқобҳои актёрҳои театрҳои Юнони қадим

Дар эҷодиёти Эврипид ғояи олиҷаноб дар бора олами ботинии инсон, ки дар мақсаду хоҳишҳои пастсиришт ва баландпоя дар ҷўшу хуруш аст, коркард шудааст. Чунин тасвир кардани образҳо кашфиёти бадеии Эврипид мегардад ва ба тақдири минбаъдаи адабиёти Юнон ва ҷаҳон таъсири калон расонидааст. Беҳуда нест, ки аз 92 пъесаи Эврипид то замони мо 19-тояш боқӣ мондааст, яъне аз асарҳои Эсхилу Софокл дар якҷоягӣ – зиёдтар.

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *