Фанни Таърихи Чахон(Умум)

Сиёсати дохили ва хоричии Византия дар нимаи аввали асри V

ВОҚЕАҲОИ СИЁСӢ ДАР СОЛҲОИ ОХИРИНИ ҲУКМРОНИИ ИМПЕРАТОР АРКАДИЙ. АРХИЕПИСКОП ЗЛАТОУСТ

Рузҳои моҳи июли соли 400 дар тақдири Константинопол Константинопол гардиши куллӣ буданд – ба востготҳо муяссар нашуд, ки дар ҷои он королии варварҳои истилогарро ташкил намоянд. Бале, хатар аз Константинопол бартараф карда шуд, лекин аз Балкан – не. Дар он ҷо дастаҳои гуннҳои Улдиси зада даромада ҳама ҷоро талаю тороҷ мекарданд. Ғуломон ба таври оммавӣ ба тарафи гуннҳо мегузаштанд. Тохтутози варварҳо хатари ҳамроҳшавии онҳо ба ҳаракати васеи халқиро дошт. Дар Балкан дружинаҳои вестготи Аларих бедодгарӣ мекарданд. ки ӯ соҳиби унвони. magister militum IlIyricum шуда буд.

Ба дипломатияи Византия муяссар шуд, ки Аларихро бар зидди империяи Ғарбии Рим равона созад, дар баробари ин ба рақиби ғарбӣ зарба зада, вестготҳоро аз ҳудудҳои Византия пеш кард. Муяссар гардид, ки ҳаракати Улдис низ пахш карда шавад. Вале, ғайр аз ин, ба ҳукумат лозим омад, ки бар зидди мардуми заҳматкаши пойтахт низ сару кор дошта бошад, ки онҳо баъди воқеаҳои июлии соли 400 фаъолтар шуда буданд. Ба доираҳои васеи халқ нутқҳои оташини архиепископи Константинопол Иоанн Златоуст (398 — 404) махсусан таъсисри калон доштанд. Златоуст симои хеле барҷастае барҷаста ба шумор мерафт. Шахси камқувват ва касалманд, дар муносибатҳо бо рӯҳониёни ба ӯ тобеъ оштинопазир буда, барои гуноҳҳои ночизтарин онҳоро аз унвон ва калисо маҳрум месохт. Барои талаботи қотеона рӯҳониён ва махсусан ионахҳо Златоустро чашми дидан надоштанд.

Архиепископи Константинопол шахси якрав ва оштинопазир аз ҳисоби худ ибодатгоҳҳои бутпарастиро вайрон кард. Ӯ ба калисоҳои Осиёи Хурд худсарона фармонфармоӣ мекард. Чунин худкомагӣ бар зидди Златоуст нафрати архиепископи Искандарияро ба вуҷуд оварда, инчунин тавонист епископати Шарқро низ бар зидди ӯ моил гардонад. Дар аввал Златоуст аз пуштибонии Евтропия истифода мебурд,вале баъди афтидани он. Златоустро малика Евдоксия пуштибонь мекардагь шуд. Аммо сарфи назар аз ин, Златоуст натарсида маликаро барои он таъна кард, ки замини беваеро кашида гирифтааст ва худ бо кларруфару ва аз сар то по бо дурру марҷон зебу зиннатёфта зиндагонӣ мекунад. Малика ба душмани ӯ табдил меёбад. Дар айни шуғл Златоуст дар нутқҳояш ба суханҳон роҳ медод, ки бар зидди ҳукуматдорон ва табақаи ҳукмрон равона карда шуда буданд: “Камбағал бошад, -мегӯяд дар яке аз вазъгӯиҳояш,ҳатто ба шоҳ ҳам эҳтиёҷ надорад” “Агар мумкин мешуд. – гуфтааст дар ҷои дигар – бйҳоро ба ҷазо гирифтор кунӣ, — пас ҳамаи зиндонҳо аз онҳо пур мешуданд!”. Албатта, Златоуст мақсад надошт, ки мардуми пойтахтро бар зидди сарватмандон бархезонад. Вале калмаҳо гуфта шудаанд, ва онҳо, сарфи назар аз он, ки Златоуст инро мехост ва ё не, таъсири худро мерасониданд. Ғайр аз ин Затоуст золимтабиатии бойҳоро ба зери танқиди сахт гирифта, дар бораи қашшоқии мардум ҳарф мезад; ӯ махсус ан ба андозғундорандагон дармеафтида, онҳоро роҳзан меномид. Агар ин вазъгӯиҳо ба таври воқеӣ баҳо дода шавад, ба синфи ҳукмрон хатарнок буданд.

Аз болои Златоуст баррасии додгоҳӣ ташкил карда шуд. Ӯро дар шикастани қоидаҳои калисо гунаҳгор дониста, аз мартабаи динӣ маҳрум карданд. Вале мардуми Константинопол ба хашму ғазаб омаданд ва ҳукуматдорон маҷбур мешаванд, уи ӯро баргардонанд. Ба ҳукумат бо мушкилиҳои зиёд муяссар шуд, ки ҷонибдорони ӯро бартараф карда, соли 404 Златоустро ба Арманистон бадарға кунанд ки баъд аз се соли ҳузур дар ҳамон ҷо аз дунё дарзашт.

Баромадиомма барои ҳимояи Златоуст шӯриши ҳақиқие буд бар зидди синфи доро. Халқ хонаҳои ашрофонро оташ мезаданд, анбӯҳи камбағалон биноҳои муассисаҳои давлатиро хароб мекарданд. Дар исён ғуломон-масеҳиён иштирок намуданд. 11 сентябри соли 404 ҳукумат барои иштироки ғуломони дар исён гуноҳро ба зимаи хоҷаҳои онҳо бор кард. Устохонаҳои косибие, ки дар ошӯбҳо иштирок карда буданд, ҷаримаи калон андохта шуд.

Тамоми Осиёи Хурд дар оташи қаҳру ғазаби халқ қарор дошт. Деҳқонони озоди Исаврияи кӯҳистон на як бору ду бор бар зидди кушиши дар он ҷо ворӣ кардани тартиботи умумивизантиягӣ шӯриш бардоштанд. Ба дружинаҳои Трибигилда муқобилият нишон дода, исавриягиҳо худашон бар зидди ҳукуматдорон ба ҳуҷум гузаштанд: онҳо ба шаҳрҳо ҳамла карда, мулкҳоро хароб карданд. Шӯриш джар исаврия ваҳшиёна пахш карда шуд. Златоуст навишта буд: Ба ҳар куҷое, ки назар меафканӣсели хунҷасадҳои рӯиҳам, манзилҳои аз беху бун вайрона,шаҳрҳои ғораткардаро мебинӣ”. Ваҳшонияти экспедитсияи ҷазодиҳандагони Золимии Иеракаи искандариягӣ бе мислу монанд буд: мувофиқи гуфтаи Евналия, ба ғоратгариҳое, ки исавриягиҳо гирифтор карда шудаанд, нисбат ба он фалокате, ки Иерак бо ғоратгариҳои худ ба бор овардааст, ғоратгариҳои исавриягиҳо дар назди онҳо “гулаки хандон” менамоянд.

Мамлакат пур аз заминҳои бекор буд, вале қонунҳо дар бораи вобастакунӣ колонҳо ҳанӯз онҳоро фаро нагирифта буданд. Лекин, дере нагузашта, кӯҳистониёни исаврӣ дар зери ҳокмияти ашрофони худӣ монданд ва ҳамчун аскар ба артиши Византия сафарбар шудан гирифтанд. Аз ҳамин вақт сар карда, таъсир расонидани аъёну ашрофи Исаврия ба ҳаёти сиёсии мамлакат оғоз меёбад.

Моҳи ноябри соли 408 дар шаҳри Константинопол исёни гуруснагон ӣа амал меояд; Он ба воситаи аз Миср интиқол додани гоандум барҳам дода шавад.

Аз 10 июли соли 405 то 18 апрели соли 414 раисии ҳукуматро префекти преторияи Шарқ Анфимийи чусту чолок (“Бузург”), ки намояндаи аъёну ашрофи шаҳр, ки бо куриягиҳо ва зиёиёни бутпараст алоқаманд буд, ба зима дошт. Хатари ҷиддии ҳаракатҳои халқӣ православиҳоро маҷбур месозад, ки муваққатан бо аъёну ашрофи бутпарастон тоқатпазир бошанд.

Сарфи назар аз он, ки баромадҳои камбағалони шаҳрӣ давом мекарданд, ба ҳукумат муяссар гардид, ки дар воқеаҳои тезутунди солҳои 390 – 405 ғолиб барояд. Ғайр аз ин, мавҷудияти ин марказҳои калони истеҳсолию тиҷоратӣ барои мустаҳкам кардани муносибатҳои молумулкӣ дар Византия имкон медоданд, лекин чунин имкониятҳоро нимаи ғарбии империя надошт. Аз шаҳриҳо нерӯҳои махсуси ҳарбию пулис ташкил карда мешуданд, ки “диогмитҳо” (“Таъқибкунандагон”) ном дошта, ба иринарх (“оромкунанда”) тобеъ буданд; дар назди император Аркадий аз ҳисоби шаҳриҳоқиркунанда низ ташкил карда шуда буданд. Шаҳриҳо давлати Византияро ҳимоя намуда, бо ҳамин ҷидду ҷаҳд мекарданд, ки муносибатҳои молумулкии ба истеҳсолоти молӣ ва тиҷорат алоқамандро нигоҳ доранд. Ба таври воқеӣ ин мавқеъ афтидани форматсияи ғуломдориро бозмедошт..

Баъди халосшавӣ аз хатари готҳо ва пахш кардани баромади исаврҳо вазъияти империя то якдараҷа ба эътидол меояд. Барои манфиатҳои доираҳои тиҷоратии Константинопол ва Сурия бо Эрон муносибатҳои дӯстона барқарор карда шуданд.

Аҳамияти ин ҳолати мусоиди Византияро шоир Клавдий Нумансиан чунин ифода намудааст:

“..Ва баргашт осоишу оромӣ – баъд аз шӯроиш ва исёнҳо”!

Аз нав барқарор шуд қонун ва озодӣ,

Ва роҳ дода нашуд, ки дар мамлакат ҷанобон ғуломи ғуломон шаванд”.

Аз нав барқарор кардани “қонун ва озодӣ”, пеш аз ҳама бо барқарор намудани муносибатҳо дар байни ҷаноб ва ғуломон як дониста мешуданд. Ин ҳамчун омили асосӣ ҳисобида мешуд.

Устуворшавӣ дар оғози асри V бо шарофати ҳукуматро дастгирӣ кардани оммаи шаҳриён ба даст омада буд. Дар ин шароит ҳаёти ҷамъиятиро то як дараҷа демократӣ кунонидан лозим меомад. Дар эдикти соли 412 муқаррар карда шуда буд, ки халқро ҷамъ карда, аз он пурсида шавад, ки ин ва ё он андозғункунанда чӣ афзалиятҳо дорад. Дар сурати шикоятҳои асоснок ҷамъкунандаи андоз ба додгоҳ кашида мешуд (баъд ин эдикт бекор карда мешавад).

Аҳамияти шаҳр ҳамчун маркази маъмурӣ, калисоӣ ва динӣ аз аввали асри V баланд мешавад. Дар нимаи аввали асри V дар Константинопол нуфузи сенат таҳким ёфта, он дар корҳои империя фаъолона иштирок мекард.

ВАЗЪИЯТИ ДОХИЛӢ ВА ХОРИҶИИ ИМПЕРИЯ ДАР АҲДИ ФЕОДОСИЯИ II “ХУРДСОЛ”

1 моҳи маи соли 408 император Аркадий вафот мекунад ва ба тахти императории Византия Феодосияи II хурдсол бо тахаллуси Феодосияи II “Хурдсол” (408 — 450) менишинад.Ҳукумат мисли пештара дар дасти Анфимия буда, ӯ сиёсати “оромкунӣ”-ро идома медод. Муосибатҳо бо Эрон боз ҳам беҳтар мешаванд. Ба хотири он, ки дар замони хурдсолии Феодосий сулҳу дӯстӣ бо эрон идома ёбад, император дар васиятномаи худ аз шоҳи Сосониён Яздигурди I (399 — 420) хоҳиш карда буд, ки пуштибон ва тарбиятгари Феодосияи хурдсол шавад. Яздигурд ин хоҳиши Аркадийро қабул кард. Дар ин замина дар давлати Сосониён муносибат ба масеҳиҳо тағйир меёбад: соли 412 ӯ иҷозат медиҳад, ки дар қаламрави давлати Сосониён калисои махсусу мухтори масеҳӣ ташкил карда шавад. Баҳсу мир оид ба Арманистон муваққатан қатъ мегарданд.

Дар соли 414 дар доираҳои ҳукуматии Византия тағйиротҳо ба амал омаданд. Сарварии идораи ҳукуматро апаи калонии императори ҷавон – Пулхерия соҳиб мешавад. Ӯ ҳамчун рӯҳонии гузаро дар дарбор тартиботидайриро ҷорӣ намуд. Пулхерия устои кашмакашиҳои дарборӣ буд. Ҳамаи корҳоро аз номи Феодосия мекард, ки он вақт ӯ пурра дар зери таъсисри Пулхерия қарор дошт. Дар атрофи Пулхерия корчаллонҳое гирд омада буданд, ки ташнаи даромад аз иштирок дар идораи давлат буданд. Дарбор бо хоҷасарою шахсони олимақом точанде нуфузи калон пайдо мекард.Зиёиёни бутпараст, ки бо доираҳои куриалӣ алоқаманд буданд, дар ҳолати оппозитсия монданд. Тавре, ки таърихнигорони оппозитсионӣ бовар мекунонанд, дар аҳди Пулхерия ҳар хел мансабро чун дар музаяда мефурӯхтанд. Константинопол ягон вақт то ин дараҷа шарбати музофотҳоро кашида нагирифта буд, тавре ки дар замолни ҳукмронии Пулхерия сурат гирифта, ғуломдорони маҳаллиро хонахароб карда ва мамлакатро ба гуруснагии тез – тез рухмедодагӣ бурда расонид (гуруснагии нисбатан сахт дар соли 419 ба амал омада буд).

Соли 416 дастгоҳи амалдорон аз шахсҳои “беэътимод” оза карда шуд, ки он махсусан он амалдороне дахл дошт, ки бояд сиёсати давлатро дар маҳалҳо амалӣ мекарданд. Ин тадбир ба ктиторҳои (мулкдорони шаҳрӣ) Константинопол имконият фароҳам овард, ки дар харидории васеи вазифаҳо иштирок кунанд. Фишори молиявии шаҳрҳо идома меёфтанд: ба шаҳрҳо барои пур кардани маблағҳои шаҳр ҷорӣ намудани намудҳои нави пардохтҳо ва андозҳои дохилӣ қатъиян манъ карда шуда буд. Вале ҳукумат як силсила тадбирҳо баҳри дастгирии муассисаи умрашон ба охиррасчида – курияҳо андешид.

Дар ин давра дар шаҳрҳо унсурҳои гуногуни вобастагии шахсӣ пурзӯр мешаванд Ба озодӣ ҷавобшудагон дар амалиётҳои тиҷоратию судхурӣ беш аз пеш ба сифати ба ҷои одамони дигар гузошта истифода бурда мешуданд. Дар байни аҳолии шаҳр патронатсия (пуштибонӣ) паҳн шудан мегирад. Косибон ва тоҷирони алоҳида ба хотири халосшавӣ аз хрисаргир, худро ба рӯйхати ашрофони олимартаба навишта, бо ҳамин роҳ аз ин андоз халос мешуданд. Мувофиқи амр аз 21 августи соли 418 патронатсий (пуштибонӣ) қатъиян манъ карда мешавад. Дар сурати паҳншавии минбаъда мумкин буд бархилофи зарар ба аҳолии сершумори савдогари Константинопол тамоми савдо ба ихтиёри ашрофони олимақом гузарад.

Ҳукумат нисбат ба патронатсийи (пуштибонии) деҳотӣ бар зидди патронатсияи шаҳрӣ қатъитар мубориза мебурд. Он чӣ ки ба тобеият дахл дорад, ки аз ҳолати ғуломӣ ба миён меомадна танҳо ғуломдориро пурра дастгирӣ мекард, балки кушиш мекард, ки ҳуқуқҳои ба озодӣ ҷавобшудагонро маҳдуд созад: мувофиқи амри соли 426 онҳо нисбат ба хуҷаинони худ набояд мақоми баландтари ҷамъиятӣ дошта бошанд. Дар айни замон қайд карда шуда буд, ки ба озодӣ ҷавобшудагон ва фарзандони онҳо ба вазифаҳои баланди ҳарбӣ роҳ дода намешаванд. Шояд, аз назари синфи ҳукмрон, ба озодӣ ҷавобшуда – собиқ ғулом боэътимод ба назар наменамудааст.

Қонун аз 3 моҳи маи соли 415, ки ба муқобили патронат дар деҳот равона карда шуда буд, моҳияти тамоман дигарро соҳиб буд. Ҳамаи патронатсияҳои аллакай мавҷуда на ҳамчун “пуштибонӣ”, балки ҳамчун моликияти шахсии патрон ҳисобида мешуд. Дар айни замон он заминҳои давлатие, ки бо шартҳои (jus privatium sine canone jus privatum salvo canone jus emphyteuticum) ба иҷора дода мешуданд др амал ба моликияти хусусии иҷоракорон мубаддал мегардиданд. Соҳибони ин заминҳо бояд ҳар сол ба хазина ҳаҷми муайяни андоз пардохт мекарданд ва нисбати ҳамаи ҷиҳатҳои дигар заминро ҳамчун моликияти хусусии худ истифода мебурданд. Онҳо ҳатто метавонистонд ин заминро бегона кунонад, яъне тӯҳфа кунанд ва ё фурӯшанд.

Дар соҳаи ҳарбӣ низ баъзе тағйиротҳо ба амал омаданд. Варвҷарҳоро ба аскарӣ на ҳамчун қабилаи яклухт бо роҳбарии пешвоёнашон, балки шахсан гирифта мешуданд. Дар баробари варварҳо дар қӯшун хизмат кардани ҳайат аз Фракия ва Исавра точанде аҳамияти калонтар пайдо мекардагӣ шуданд. Чун қоида, афсарон юнонӣ буданд, гарчанде, ки дар байни ҳайати олии қумандонҳо шахсони баромадашон варварӣ (гуннҳо, готҳо, аланҳо ва ғайра) низ будунд. Ба ҷои бошишгоҳҳои счершуморӣ варварҳо, тавре ки дар аҳди Феодосияи I буд, дар атрофи castellan бошишгоҳҳои хурди киарзон бунёд карда шуда, ба онҳо вазифаи иҷрои хизмати ҳарбиро бор мекарданд.

Тағйирот дар низоми ҳарбӣ талаботи давлатро ба пул бештару пурзӯртар кард: гап дар сари он меравад, ки дар баробари рекрутӣ (ҷалби маҷбурӣ), ба қӯшун ихтиёриёни зиёд низ сафарбар карда мешуданд. Аз ин рӯ, ҳукумат сиёсати адэратсия – ивазкунии ӯҳдадолриҳои аслиро ба пардохти пулӣ иваз менамояд.Масалан, дар соли 401 оварда супоридани аспҳо (equorum collatum) ба пардохти пулакӣ гардонида шуд. Ин тадбир барои корчалонҳои шаҳрӣ кори хеле даромаднок ба ҳисоб мерафт. Ҳамин тариқ, интиқолдиҳӣ ин корчалонҳоро ба низоми танхоҳ, яъне ҳуқуқи ғундоштани андоз аз аҳолӣ ҷалб намуд. Адаратсия бозори Константинополро, ки дар он ҷо заминдорони Осиёи Хурд дар ҳаҷми ниҳоят зиёд ба аспфурӯшӣ машғул буданд, таҳким мебахшид. Ба чунин сиёсат ҳамон вақте машғул мешуданд, ки аз савдо дар бозорҳои дохилӣ мумкин буд ҳаҷми кифояи озуқа ба даст оварда шавад. Дар сурати камбудии он аз нав ба интиқоли аслӣ (натуралӣ) баргашта мешуд.

Сиёсати марказонидан ва таҳким бахшидани муносибатҳои молӣ дар аввали асри V масъалаи беҳтар кардани воситаҳои алоқа ва роҳҳои савдороиро ба миён овард. Аз соли 423 сар карда бунёди пулҳо ва кандани роҳҳо танҳо вазифаи давлат набуда, ба вазифаи ҳамаи табақаҳо, дар аввали асри V з он ҷумла ба хонадони император ҳам мубаддал мешавад.

Дар дохили синфи ҳукмрон муборизаи тезутунди гурӯҳбандҳои гуногун сурат гирифта буд. Тудаи Пулхерия манфиатҳои ашрофони қатории Константинополро ифода менамуд, ки мехостанд ҳолати пойтахт будани Константинополро истифода баранд. Бар зидди ин туда гурӯҳбанди нисбатан васеи малика Евдоксия (ҳамсари Феодосияи II) ва префекти Кира баромад мекард, ки аз ктиторҳои Константинопол иборат буда, ба онҳо зиёиён, аз он ҷумла файласуфон ва ҳуқуқшиносони бутпараст пайваста буданд. Бар зидди ҳарду гурӯҳбанд гурӯҳи корчалонҳои Константинопол мубориза мебурданд, ки онҳо бо ашрофони тиҷоратию судхурии Миср алоқаманд буданд.

Тахминан дар соли 429 баҳри кодификатсияи (рамзгузории) қонунҳои императорони масеҳӣ комиссияе таъсис дода шуд. 15 фералди соли 438 мураттабсозии маҷмӯа ба анфом расонида мешавад. Нашри кодекси қонунҳо дар бораи муваффақияти калон дар муттаҳидсозии идораи империя ва ҳам дар бораи рушди муносибатҳои тиҷоратӣ дар мамлакат шаҳодат медод. Дар кодекси Феодосия кушиши шафффоф сохтани роҳёбии муносибатҳои нави истеҳсолӣ (пайдошавии хоҷагиҳои хурди тобеъ) ва тобеъ кардани онҳо ба сохтори давлати ғуломдорӣ ба назар мерасад.

Вазъи берунаи империя устувор мондан гирифт. Вале муносибатҳо бо давлати Сосониён аз соли 415 сар карда вайрон шуданд. Давлати Сосониён аз нав ба корҳои Арманистон дахолат карда ва ба ҷои номзад аз сулолаи Аршакиён бо роҳи зурӣ ба тахти Арманистон шоҳзодаи форсҳоро мешинонад. Ин кор зарбае буд ба нуфузи Византия. Ҷавобан ҷонибдорони иттифоқ бо Византия ибодатгоҳи оташро дар Сузиана (Сӯза) оташ мезананд. Дар байни Византия ва шоҳаншоҳии Сосониён ҷанг оғоз шуда, он бо муваффақияти ин ва он тараф ду сол давом кард. Дар соли 422 ба “мӯҳлати 100 сол) сулҳ баста шуд, ки мувофиқи он status quo ante lIum эъхтироф шуда буд. Ҳам аз тарафи Сосониён ва ҳам аз тарафи Византия ҷидду ҷаҳд карда шуд,ки аз ҳисоби Арманистон роҳҳои ҳалли муросокорона ёфта шавад.

Дар ҷараёни рушди мадании Арманистон алоқаҳои маданияти арман бо анъанаҳои маърифати антиқа таҳким меёфт.Дар натиҷи мубориза бо форсҳо ва таъсири таъсири анъанаҳои мадании Византия ҳампурзӯр мешаванд. Баъди аз тарафи Месроп Маштотс тартиб дода шудани алифбои фонетикӣ ҳам китобҳои алисоӣ ва ҳам рисолаҳои таърихӣ ва фалсафӣ бо забони арманӣ гардонида гародонида мешуданд. Иниттиҳоди дӯстона вазъи дохилии он қисмати Арманистонро мустаҳкам мекард, ки ба истилогариҳои давлати Сосониён муқовимат нишон медоданд.

Мушкилоти зиёд дар кори дипломатии Византия муносибатҳо бо империяи Ғарбӣ буданд. Дар аҳди Стилихон он дар Шарқ сиёсати таҷовузкоронаро пеш бурда, мақсад дошт, ки мавқеи пешсафии Римро дар Империя аз нав ба даст дарорад. Дар соли 407 муносибатҳои онҳо ба сатҳи тезутунд рафта мерасад ва он ба оғози ҷанг наздик мешуд. Вале қатл карда шудани Стилихон дар соли 408 ва лашкаркашии Аларих, ки нро дипломатияи Визҳантия ба тарафи Ғарб равона карда буд, ин хатарро аз байн бардошт. Римро ишғол кардани Аларих ва баъди он мушкилоти дар империяи Ғарбӣ ба миёномада, вазъро комилан тағйир дод. Дар байни империяҳо ҳамдигарфаҳмӣ ҳукмрон гардид.

Бо кӯмаки Византия ба тахту тоҷи империяи Ғарбӣ Валентиниани III (425 – 455) соҳиб мешавад. Соли 431, гарчанде, ки бемувафақият баромад, Византия хост, ки ба Империяи Ғарбӣ дар мубориза бар зидди вандалҳо кӯмак расонадл.

Вазъи Византия дар сарҳадҳои шимолӣ хеле ба таври ҷиддӣ мураккаб мешавад. Дар даштҳои назди Баҳри Сиёҳ ҳукмронии гуннҳо таҳким меёфт. Ҳукумати Византия имконпазирии ба қаламрави мамлакат зада даромадани онҳоро ба назари эътибор гирифта буд. Дар соли 413 давродаври Константинопол деворҳои нав сохта шуданд, ки “деворҳои Феодосия” номгузорӣ шуд буданд. Дар Дунай як қатор қалъаю истеҳкомҳо сохта шуда ва флоти калони ҳарбии баҳрии дарёгард ташкил карда мешавад. Дар атрофи шаҳрҳои нимҷазираи Балкан деворҳо бунёд карда шуданд.

Дар асри V болоравии маълуми шаҳрҳои Сурия ва Миср ба назар мерасад. Болоравии шаҳрҳои Сурия ба рушди бозори дохилӣ дар Византия мусоидат кард. Барои Сурия ва Фластин хоси зайтун ва маводи рангкунӣ, ки хеле даромаднок буданд, харидори зиёд доштанд. Миср маркази фурӯши гандум буда, дар истеҳсоли парирус бошад, дар мақоми инҳисорӣ қарор дошта ва бо маснуоти шишагӣ маълум буд. Ин вақт Константинопол ҳам чун маркази бузурги истеъмолкунандаи калон мешуд ва ҳам чун “устохонаи маснуотибошукӯҳ” рӯ ба боло мерафт, ки бо истеҳсоли маҳсулоти пуршукӯҳу карруфар шӯҳратманд буд. Дар байни Сурия ва рақобат авҷ мегширад, ки он дар задухурдҳои пуравҷ дар байни мактабҳои фақеҳии Искандария ва Антиохия таъсир расонид.

Дар Сурия истеҳсолоти хурди кишоварзӣ – хоҷагиҳои озод ё истеҳсолкунандагони равғани зайтуни тобеъдоштанд. Дар Миср заминдорони хурд дар тобеияти мулкдорони калон – асосан тобеи калисои Искандария, ки дорои сарватҳои бешумор буданд, қарор доштанд. Ашрофони савдоии Сурия ба самтнокии сиёсии аъёну ашрофи Консаантинопол ва савдогарони хурд, ки ба иҷорати суриягӣ сару кор доштанд, таъсир мерасониданд. Ин таъсир, аз он ҷумла, дар патриархи Константинопол интихоб шудани рӯҳоии Антиохия Нестория (428 – 431) ифода ёфт; дере нагузашта ӯ нисбати худ душмании ошкорои клири Константинополро, ки аз зӯроварии суриягиҳо норозӣ буданд. ба вуҷуд овард; иерархҳои Искандария низ ҳамчунин чунин душмании худро ифода намудаснд.

Несторий бар зидди клири Искандария ҳамлаи догматикиро пеш гирнифт.Дар масъалаи чист “худоинсон” – Исо, баҳси васеи масеҳӣ ба амал омад. Мувофиқи гуфтаи Нестор, дар Масеҳ ҷудо аз ҳамдигар ду табиат ва ду симо вуҷуд дорад:худоӣ ва инсонӣ. Субстансияи худоӣ бо субстансияи инсонӣ пайваста наметавонад. Худо – Логос аз тарафи худо – падар зоида шудааст, шӯё ки худо – Логос азали вуҷуд дошта, тифл будааст ва аз пистони модар Мария ғизо мегирифтааст. Аз рӯи гуфтаи Нестиор, Мария инсон Масеҳро зоидааст, аз ин рӯ, ӯро на тавлидкардаи худо (богородица), балки зодаи масеҳ (христородица) номидан лозим аст.

Нестор фикрҳои минбаъдаашро нисбати ҷиҳатҳои дигари ин масъала ҳамин тавр баён доштааст: дарсалиб чормехшуда на худо, балки инсон азоб мекашад, чунки худо шиканҷа азоб намекашад. Несторий, ҳамин тариқ, худоро ба ибтидои ба Масеҳи инсонӣ ва худоӣ тақсим кардааст. Ӯ изҳор дошт: “Ман табииро тақсим мекунам, вале парастишро бо ҳам мепайвандам”. Боре дар калисо дастнишондоди Нестор Дорофей барои оммаи васеи ибодаткунанда онҳоеро радди калисо эълон кард, ки Марияро зодаи худо (богородица) мешуморанд ва талаб кард, ки ӯро зодаи Масеҳ(христородица) шуморанд. Ин талаб мардумро дар пойтахт безобита намуд..

Константинополиҳо навгониҳои воридкардаи Несторияро душманона қабул карданд. Баромадҳои қатъии Нестор душмании Пулхерияро ба вуҷуд овард, гарчанде, ки ӯ дар назди император соҳибэҳтиром буд. Клири Искандария, ки сарварии онро архиепископ Кирилл буд, бар зидди Нестория баромад кард. Ин одам сиёсатмадокунад ва ё самти муносибатро тағйир диҳад. Ӯ дарвоқеъ ҳокими ҳақиқии Миср буд. Ба молия ихтиёрдорӣ карда,Кирилл аз роҳҳои гуногуни нангин (пораро Кирилл “евлогия” яъне “дуои хайр” меномид) истифода мебурд.

Кирилл зидди Нестория буд: ӯ иброз дошта буд, ки дар бораи Масеҳ мавҷуд набудани ягонагии худо ва инсон сухан рондан мумкин нест: охир дар инсон ҳам ибтидои ҷисмонӣ ва ҳам ибтидои рӯҳонӣ табиатан гуногун буда, лекин онҳо бо ҳамдигар зич алоқаманд мебошанд.

Ба ин баҳсу мунозираи тоза аҳкоми дин доираҳои васеи аҳолӣ машғул шуданд. Тамоми империя ба ҳаяҷон омад. Махсусан роҳибон фаъол шуданд. Дар шароити муборизаи пуршиддат 7 июни соли 431 император дар Эфес анҷумани (собори) умумиҷаҳониро даъват намуд. Ҷудошавии калисо фаро расид.

Тезутундии вазъиятро ба ҳисоб гирифта,ҳукумат тадбирҳои қатъӣ андешид, то ки анҷуман дар пойтахт ошӯбҳоро ба миён наорад. Император ба Эфес шахси наздики худ Кандидианабо супориш равон кард, ки ба шаҳр касеро ғайр аз аъзои анҷуман, — на роҳибонро,на дунявиҳоро, роҳ надиҳад, инчунин аз Эфес ягон одамеро, ки дар бораи баҳсу мунозира дар анҷуман пеш аз анҷоми он чизеро баён карда метавонад, ба берун сар надиҳад. Ҷузъу томҳои қӯшун Эфесро ишғол намуданд.Константинопол ба муҳосира гирифта шуда буд. Киштиҳо ва роҳҳо зери назорати сахт гирифта шуда буданд, то ки ягон нафар ба онҳо бо маълумот аз анҷуман сар дароварда натавонад.

Аввалин шуда ба Эфес епископҳои Миср омаданд, ки онҳоро аҳли рикоби калон ҳамроҳӣ мекард. Баъд Нестор омада расид. Рафти маҷлисҳо дар анҷуманро мисриҳо ба дасти худ гирифтанд Рақибони асосии Крилл – епископҳои антиохиягиҳоро интизор буданд, вале онҳо ақиб монданд. Кирилл онҳоро интизор нашуда, маҷлисро кушода эълон кард. Аз набудани антиохиячиҳо истифода бурда, Кирилл несторияро аз калисо берун эълон мекунад – таълимоти ӯро ба мулҳиди Павел Самосит баробар шумориданд. Мисриҳо дар дар назди хонаҳои ҷонибдорони Несторий одамони мусаллаҳро посбон гузошта, дар амал онҳоро дар ҳолати ҳабси хонагӣ нигоҳ дошта буданд. Вале баъди якчанд руз антиохиячиён дар зери роҳбарии патриарх Иоанн омаданд. Ӯ маҷлиси навро ташкил намуда, Кирилл ва епископи Эфес – Мемнонро аз калисо дур кард. Баъди ин Кирилл ва Мемнон ба киштидорҳои мисрӣ ва сокиОсиё муроҷиат карда, “тамоми шаҳрро зери воҳима қарор доданд”.

Император бо пуррагӣ Несторро ҷонибдорӣ мекард. Кандидиан антиохиячиёнро дастгирӣ кард. Дар Константинопол аз анҷуман бо нигаронии зиёд хабарҳоро интизорӣ мекашиданд: ба Кирилл муяссар шуд, ки ба воситаи сафири худ, ки дар тан пераҳани қашшоқро дошт, пинҳонӣ ба Константинопол мактуб фиристонад. Ин мактуб ба пири садсола Далмат, намояндаи нисбатан намоёни роҳибони Константинопол расонида мешавад. Далмат оммаи мардуми Константинополро бар зидди император мехезонад. Феодосий мекалавид. Ниҳоят ӯ дар бораи ҳабси ҳам Несторий ва ҳам Кирилл амр дод. Дере нагузашта Кирилл ба Константинопол дастаи калони киштиҳоро ба Константинопол мефиристонад, ки онҳо пурбори боигарии зиёд барои харидории дарбориён буданд. Дар натиҷаи ин дарбориҳо ба ҷонибдории Кирилл гузаштанд. Баъди ин дар бораи сабукдуш кардани Несторий ва манъи нигоҳ доштани китобҳои ӯ фармон дода мешавад. Ҳатто номи Несторияро ба забон гирифтан мумкин набуд. Моликияти ҷонибдорони ӯро мусодира намуданд. Нестор ба Миср бадарға карда шуд.

Эҳтимол меравад, ки ба Константинопол фиристодани ғалларо қасдан мушкил гардонида бошанд. Дар натиҷаи ин соли 431 дар ин ҷо ошӯбҳои халқӣ ба амал омаданд ва мардум сӯи император сангпартоӣ карданд. Ҳукумат маҷбур мешавад он сиёсатеро пеш гирад, ки аз он пеш аз ҳама серковро қонеъ карда тавонад.

Вале ақидаҳои Несторияро аҳолии Сурия дастгирӣ карданд; косибон ва боғдорони Антиохия таълимоти Несторияро парчами муборизаи эътирозӣ бар зидди зулми андозбандӣ карданд. Несторчигӣ ҳамчун як намуди баромадҳои динию сиёсии аҳолии Сурия мегардад.

Вазъият дар империя точанде тезутунд шудан мегирад. Епископҳои Сурия аввал дар Тир ва баъд дар Антиохия ҷамъ омада, ба сиёсати Кирилл ва Мемнон лаънат хонданд. Дар Миср ва дар Константинопол, баракс, ба суриягиҳо лаънат хонданд. Ҷонибдорони Нестор аз Антиохия дар амал тамоили ҷудоихоҳиро ифода намуданд. Ҳукумати ба нигаронишуда тасмим гирифт, ки ҳарду тарафаро оштӣ бидиҳад. Ба патриархи Иоанна фишор оварда шуд ва ӯ розӣ шуд, ки бо Кирилл оштӣ мешавад. Соли 432 муросо ба даст омад: “радди калисо” эълон карда шудани Нестория одилона эътироф карда шуд. Вале дар худи калисои Антиохия ҷудоӣ ба амал омад.

Роҳибони оворагард ва таблиғкунандагон дар ҳама ҷо тухми бенизомӣ мекоштанд. Аҳолӣ аз калисоҳо одамони ба онҳо номаъқулро пеш мекарданд. Ҷонибдорони ашаддии Кирилл дар Эфес мактаби диншиносиеро пароканда намуданд, ки дар мавқеи Нестор истода буданд. Шогирдон аз ҳама ҷо ба Эрон гурехта рафтанд ва тавонистанд дар он ҷо таъсири худро дар калисои худмухтори масеҳии воқеъ дар давлати Сосониён расонанд, ки аз он вақт сар карда несторӣ мешавад.

. Несториҳои суриягии пурра душмани Византия буда ба мамлакатҳои Шарқ кӯч мебастанд, дар ҳама ҷо бо худ муттаҳидии динӣ ва малакаҳои тиҷоратию косибиро мебурданд. Онҳо то ба Чин ва Муғулистон рафта расиданд. Мактаби нестории худошиносӣ дар Нисибис ташкилкарда дар амал мактаби муҳоҷирони сиёсии нисбати Византия кайфияти зидди Византиядошта буд.

Баъди ғалаба бар Нестор Константинопол аз зуроварии клири Сурия халос мешавад. Таъсири беш аз пешро табақаи дарбории малика Евдоксия, духтари файласуфи афинагӣ, собиқ бутпараст, пайдо мекунад, ки ӯ дар рӯҳияи антиқӣ маърифатнок буда, ба зиёиёни дарборӣ сарварӣ менамуд. Ба ин табақа арбоби намоёни сиёсӣ, жпархи Константинопол Кир ҳам дохил буд, ки дар шахси ӯ гурӯҳи ктиторҳои маҳаллии Константинопол пешвои сазоворро дар ихтиёр дошт. 6 декабри соли 439 Кир ба вазифаи префекти преторияи Шарқ ҳам муваффақ мешавад, ки ин вазифа ӯро дар амал ба ҳокими империя мубаддал гардонид.

Вале ин вақт дар Константинопол беш аз пеш таъсири хоҷасароҳои дарборӣ,ки ба молия роҳбарӣ мекарданд аз қабили Макробия ва Хрисафия пурзуӯр ҳудан мегиранд. Соли 442 сарвари хоҷасароҳои дарборӣ (препозит) аз рӯи вазифа ба шахсони вазифаҳои олии империя баробар мешавад. Ҳамин тариқ, робитаи дарбор бо доираҳои молиявии Искандария таҳким меёбад.

Дар Константинопол чунин меҳисобиданд, ки оппозитсияи несторианӣ дар Сурия торумор карда шудааст. Муносибатҳои аз ин бештарвиддию мураккаб дар муносибатҳо бо Миср ба амал омаданд. Клири Искандария кушиш ба харҷ дод, ки қаҳру ғазаби оммаи халқи Мисрро бар зидди сиёсати ғороатгаронаи Константинопол барои ташкили ҳокимияти дунявии рӯҳониён истифода барад. Ин сиёсат махсусан дар нимаи дуюми асри V бараъло зуҳур ёфт. Дар мавриди мавҷуд будани ҳукумати автократии марказӣ дар константинопол, ҳар гуна таъсири сиёсӣ ба музофотҳо танҳо ба воситаи калисо ба амал бароварда мешуд Миср ба ба ҳамлаҳои ҷиддии харобиовари варварҳо гирифтор нашуда буд. Хоҷагии он зарар надида буд. Ашрофони Миср кушиш мекард, ки ба иқтисодиёти рӯ ба нашъунамои мамлакат такя карда, афзалияти сиёсии худро муқаррар кунад; вазифаи олоти асосии онро бояд патриархи Искандария иҷро менамуд. Торумори рақибони суриягӣ дар соли 431 ба боз ҳам баландшавии обрӯю эътибори он оварда расонид..

Ба православие такя карда, иерархҳои мисрӣ дар амал ҳокимияти сиёсиро ба даст дароварданд ва на танҳо дар Миср. Ҳар кадом рақиби динӣ аз назари калисо шубҳанок, мулҳид, яъне душмани император эълон карда мешуд. Дар зери фишори Искандария патриархҳои Константинопол шахсони бенуфуз ва камсавод интихоб карда мешуданд.

Ҳамин тариқ. кушиши мисриён ба истиқлолиятдар асоси дастгирии патриархи Искандария ба иҷро мерасидл, ки ӯ метавонист ба августали таъинкардаи император эътимод надошта бошад. Ҳамаи ин нигаронии ашрофони заминдони авлодии Константинополро ба вуҷуд меовард, ки онҳо аз заифшавии вазни сиёсии Константинопол дар музофотҳо ва дар байни клири Константинопол метарсиданд. Вале мавқеи Миср дар константинопол мустаҳкам буд; дар пойтахт тоҷирон ва баҳрнавардони сершумор сукунат доштанд. Муносибатҳои тиҷоратии пурҷӯшу хуруш ва махсусан робитаҳои молиявии Константинопол ва Искандария, ки дар он бонкдорони Константинопол шӯъбаҳои (филиалҳои) худро доштанд.Нуфузи Искандария пурзур мешуд.

Дар баробари ин вазъи сиёсии хориҷӣ ба ҳукумат имкон намедод, ки ба муқобили тӯдаи мисрӣ ба таври ҷиддӣ мубориза барад. Солҳои 40-уми асри V барои аҳолии нимҷазираи Балкан санҷиши вазнинро ба миён овард. Дар натиҷаи тохтутози урдаҳои гуннҳо хатар ба Константинопол низ таҳдид мекард. Музофотҳои Балкан бераҳмона ғорат карда шуда буданд. Ҳукумат бар зидди варварҳо муборизаи дипломатиро афзалтар донист, дар ин тасмим ҳукумат чун ҳамеша ба фурӯхташавии пешвоёни онҳо умед дошт. Вале ин сиёсат барои аҳолӣ ниҳоят қиммат меафтид.назар аз қарордодҳои сулҳҷӯёна бо варварҳо, дастаҳои Аттила пайваста сулҳро мешикастанд, ва империяи Византия ҳамеша зери зарба қарор дошт.

Мушкилот дар Шарқ ҳам ба миён омаданд. Сарфи назар аз қарордоди соли 428 сулҳи Византия бо Эрон на онқадар мустаҳкам буд. Пешрафти Византия дар ин самт дар пуштибонии раияти масеҳии давлати Эрон ифода ёфта буд Дахолати дипломатияи Византия ва калисо дар корҳои давлати Сосониён аз нав ба ҷанг оварда расонид, ки он барои Византия бебарор буд..танҳо пайдоиши хатар ба Эрон аз тарафи қабилаҳои кӯчманчӣ шоҳи давлати Сосониёнро маҷбур сохт, ки ҳукумати Сосониён соли 442 бо Византия созишномаи силро ба имзо расонад. Дар баробари ин баъзе муаррихон қайд мекунанд, ки дар ин ҷанг аз қаламрави Византия чизеро ба даст наовардааст.

Дар соли 441 дар натиҷаи дасисаҳои дарборӣ таъсири малика Евдоксия ва эпархи Кир аз байн меравад. Муосирони ҳамон замон таърихи воқеаи маҳрамонаи ба амал омад чунин ёдовар мешаванд. Малика нисбати Пулхерия дар ҳолати душманӣ қарор дошта, лаҳзаи қуллайро барои афтонидани рақиби худ интизор буд. Евдоксия бо зани хеле бомаърифати олимартаба Павлина дар ҳолати муносибатҳои дӯстона қарор доштааст. Рӯзе император ба ҳамсари худ себи андозааш ниҳоят бузургро ҳадя мекунад. Ӯ, дар бораи бемории Павлин бохабар шуда, ин себро ба ӯ равон мекунад. вале он ба дасти император меафтад. Феодосия аз ҳамсараш мепурсад, ки куҷост он себ. Евдоксия посух медиҳад, ки онро хурдам. Ин ҷавоб кифоя буд, ки ӯро ба хиёнат гунаҳгор кунад. Павлин ба қатл расонида мешавад ва Евдоксия ба бадарғаи фахрӣ ба Байтулмуқаддас (Иерусалим) фиристода мешавад. Тӯдаи ӯ ҳокимиятро аз даст дод, Пулхерия ғалаба кард. Вале ҳокимият ба дасти хоҷасаро Хрисафия медарояд, V таври ошкоро патриархи Искандарияро дастгирӣ мекард.

Сиёсати Хрисафия манфиатҳои доираҳои тиҷоратию молиявии Константинополро, ки бо манфиатҳои он заминдорони музофотиии печдарпечбуда ифода мекард, ки маҳсулоти худро дар Константинопол мефурӯхтанд. Ин тӯдаи ашрофон ба ҷонибдории васеъ кардани ҳуқуқҳои сенат ва муассисаҳои табақаҳои шаҳрӣ, паст кардани аҳамияти ктиторҳои Константинопол, робитаи зич бо Миср аромад мекарданд.

Дар замони ҳукмронии Хрисафия (дар соли 446) қонун дар бораи қироати ҳатмии қонунҳо тарафи сенат ва баъди ин қабули санадҳои ҳуқуқӣ қабул карда шуд. Мустаҳкамшавии сенат то як дараҷа нақши марказонидани бюрократиро маҳдуд мекард. Сиёсати Хрисафия дар маҷмӯъ ба манфиатҳои ашрофони рӯҳонии пойтахт мувофиқат мекард. Дастаи Пулхерия ба муқобили Хрисафия баромад мекард, ки он манфиатҳои ашрофони авлодии Константинополро ифода мекард.Ростӣ, заминдорони калони кунҷков ин вақт таъсири сиёсиии начандон баланд дошта наметавҷонистанд: дар Балкан тохтутози ғоратгаронаи гуннҳо идома доштанд. Табиист, ки дар чунин шароит афзалиятро гурӯҳи мисрӣ ба даст меовард.

Муборизаи дасти дарборӣ дар кайфиятиумумисиёсии константинополиҳо таъсир расонид. Маҳз дар ҳамин вақт ба ин мубориза ташкилотҳои калисовӣ дахолат карданд. Дар байни онҳо бархурдҳои мусаллаҳона оғоз ёфтанд.

Фаъолшавии ҳизбҳои сиркӣ дар асри V бо баландшавии аҳамияти аҳолии шаҳрҳо дар ташкили мудофиаи ҳамлаҳои эҳтимолии гунҳо зич алоқаманд мебошад. Маҳз ин ҳолат аз ҳама бештар ба табдилёбии ташкилотҳои варзишӣ ба ташкилотҳои сиёсӣ мусоидат намуданд.

Маълумотҳои нисбатан барвақта – ахбороти солноманависони асри V Комита Мартселиан ва Иоанна Малала дар бораи бархурдщои хунини ҳизбҳои сиркӣ дар Константинопол ба соли 445 рост омадааст.

Дар солҳои 40-уми асри V ҳизбҳои ҳукуматӣ прасинҳо буданд, ки сиёсати рӯ ба ҷониби Миср будаи Хрисафияро дастгирӣ мекарданд. Венетҳо бошанд, баракс, роҳи сиёсиеро пуштибонӣ мекарданд, ки ҷонибдори нигоҳ доштани мақоми ҳукмронии Константинопол, клир, бюрократия ва ашрофони заминдори онро тақозо доштанд.

Охири солҳои 40-ум барои империя вақти ниҳоят мушкил буд. Хрисафия барои аз барои Аттила ҷамъоварии андози иловагӣ шарм намедошт Вале, дар айни замон дарбор барои карруфар маблағҳои бузург сарф мекард. Ҳамаи табақаҳои аҳолӣ зулими андозбандии давлатро ҳис мекарданд. Ҳукуматро барои сиёсати заифонаи зидди варварҳо гунаҳгор мекарданд. Дар байни константинополиҳо зиддият бар зидди Мисри нисбатан бои ҳанӯз гирифтори тохтутози варварҳо қарорнагирифта пайдо мешавад. Дар соли 446 клир ва рӯҳониёни олимартабаи Константинопол Флавиан (446 — 449)-ро, ки ба искандариячиён муносибати душманона дошт, патриарх интихоб мекунанд. Хрисафия иинтихоб маъқул набуд, вале ӯ умед дошт, асри Vз патриарх маблағи калон пора мегирад. Ба ҷои ашёҳои қимматбаҳо Флавиан ба сифати “дуо кардан” ба император нон фиристонид. Хрисафий ба қаҳру ғазаб омада, душмани рӯирости патриарх мешавад.

Ин вақт баъди вафоти Кирилл сарварии клири Искандария шахси ниҳоят дағал, пурғурур, оштинопазир ки ошкоро муқаррар кардани ҳокимияти калисои Мисрро бар ҳамаи калисои масеҳӣ кушиш мекард, Диоскор мешавад. Ӯ ҳам ба муқобили епископҳои Константинопол ва ҳам бар зидди епископҳои Рим бӣаромад мекард. Диоскор бо Хрисафия ва император Феодосийи II муносибатҳои дӯсчтона дошт. Вале дастаи Хрисафия дар константинопол душманони зиёд дошт. Ба онҳо патриарх Флавиан сарварӣ карда, бар зидди дастнишондоди клири Искандария, архимандрати яке аз дайрҳои Константинопол – Евтихия бо баромад сахт ҳамла мекард. Ин роҳиби куҳансол дусти Хрисафия буд. Ба ҳама фаҳмо буд, ки баромадҳои Флавиан, ки гӯё тоза ба масъалаҳои аҳкомӣ дахл доштанд, дар амал бошад, бар зидди Хрисафия ва сиёсати андозбандии ӯ равона карда шуда буданд, ки ҳангоми амалӣ кардани онҳатто нисбати занҳои бонуфуз ҳам раҳм карда нашудзидди Нестория баромад карда, Евтухий нишондодҳои аҳкомии навро пешниҳод кард. Ӯ нишондодеро дар бораи дар масеҳ якҷоя будани ду субстансия баён сохт. Евтухий қатъиян мегуфт, ки Масеҳ чун дигарон тан надошт ва дар ӯ ҷисмониёт ва илоҳзият дар ӯ пурра омезиш ёфтаанд.

Флавиан анҷуман (собор)-ро даъват намуда, ба он епископҳоеро даъват намуд, ки тасодуфан дар Константинопол ҳузур доштанд ва таълимоти Евтихияро мулҳидӣ эълон кард. Вале бар зидди Евтухия андешидани ягон тадбир муяссар нашуд: ӯро дастаи ҳарбиёне муҳофизат мекард, ки онро Хрисафия фиристода буд. Евтухий ҳатто ба чонибдорони Флавиан таҳдид кард, ки онҳоро ба мавзеи беодами Миср мефиристонад. Диокор қатъиян Евтухияро ҷонибдорӣ кард. Византия аз нав аз ихтилофҳои динӣ ба ларза даромад. Императори Рим,папа Леви I ба ҳимояи Флавиан бархоста, боварӣ дошт, ки бо ҳамин мавқеи клири Искандарияро заиф мегардонад. Леви I ба император навишт, вале махсусан кушиш кард, ки Пулхерияро бовар кунонад, чунки душмании ӯро нисбати Хрисафия медонист.

Барои он, ки ошӯбҳо қатъ карда шаванд, император Феодосияи II анҷуман (собор)-ро даъват намуд. Он 8 августи соли 449 дар Эфес ҷамъ омад. Ин анҷуман “анҷумани роҳзанона” ном гирифтааст. Клири Искандария ва императорро ҳзис карда, бешармона амал меард. Дар муроҷиати худба анҷуман император гунаҳгори хархашаҳо Флавианро шуморида талаб кард, ки вайронкунандагони ваҳдати калисо ҷазо дода шаванд. Маҷлис хеле тезутунд оғоз ёфт. Ҷонибдорони Диоскора дод мезаданд: “Онҳоеро, ду табиат “естества”-ро эътироф мекунанд, дупора карда шаванд!”. Диоскор талаб мекард, ки Флавиан аз калисо маҳрум карда шавад. Вакилони Рим эътироз баён карданд ва ва худро бо қаҳру ғазаб нишон доданд. Хархашаҳои умумӣ ҳангоми ба анҷуман зада даромадани роҳиби якрав Варсума ҳамон вақте ба авҷи аълои худанд, ки ӯ пайрави Диоскора буда, роҳбарии унбӯҳи бисёрҳазорнафараи роҳибон сарварӣ мекард. Ин дастаи бузург епиҷонибдори Флавианро латукуб карданд. Ҳар кадом епископ мирзои худро дошт, ки онҳо музокиротро навишта меги. Котибҳои Диоскор ангуштҳои мирзоҳои ҷонибдорони Флавианро шикаста ва навиштаҷоти онҳоро кашида мегирифтанд. Флавианро бошад, ба замин ғалтонданд ва Диоскор бо қаҳру ғазаб ӯро зери по ва лагадкӯбӣ кард. Ба ҳамаи епископҳо барои имзо варақҳои тозаи папирусӣ доданд. Аз тарси ҷонашон онҳо имзо гузоштанд – Флавиан лаънатзада эълон карда, ба бадарға фиристонида шуд. Ҳамин тариқ, аз роҳибони якрав ҷонибдорон ва ҷузъу томҳои ҳарбии аз тарафи Хрисафий фиристода истифода бурда, бо роҳи зӯрии дағалона бар Диоскор ва Евтухий пурра ғалаба карданд. Флавиан аз вазифааш афтонида ва ба шиканҷа гирифтор карда шуд. Патриархи нави Константинопол дастнишондоди Миср Анатолий (449 – 458) интихоб карда мешавад. Сиёсати Христафия тантана кард.

Муборизаи дастабандҳои калисоӣ масъалаи муҳимтарини сиёсати дохилии ҳукумат шуда, он ҳамаи масъалаҳои дигари мамлакатро бо худ пӯшонид ва вазъиятро дар шаҳрҳо ба сатҳи охирин тезутунд кард.

Ғалабаи мисриҳо дар анҷумани (собори) фес соли 449 мустаҳкам набаромад. Клири Константинопол ба он тоқатнопазир буд. Дар соли 450 кашмакашиҳои дарборӣ Хрисафияро аз по афтонид. Афтидани ӯ маънои онро дошт, ки таъсири он доираҳои пойтахт, ки аз болоравии Искандария тарсида буданд, кушиши пурзӯркунии марказониданро карданианд. Муваққатан ҳам сенату оммаи ктиторҳои Константинопол ва ҳам рӯҳониён муттаҳид шуданд, то ки аз зӯроварии клири Искандария халос шаванд. Дар баробари ин ашрофон аз он нигарон буданд, ки оммаҳои халқ дар баҳсу мунозираҳои динӣ аз ҳад зиёд фаъолона иштирок карданд. мустаҳкам кардани ҳизбҳои сиркӣ хатарнок ба назар менамуд. Бинобар ин, лозим дониста шуд, ки аз нав ба готҳо-арианҳо ки аз аҳолӣ дур буданд, такя карда шавад. Иттифоқи дастаи дарбории Пулхерия низ бо пешвои готҳо – Аспар намоён мегардад. Аспар лашкаркаше буд,ки дар ихтиёри худ дастаи махсуси иборат аз варварҳои кирояи қабилаҳои гуногун, инчунин аскару афсарҳои византиягӣ буд. Аз ҳамин вақт сар карда пурзӯршавии иқтидори Аспар оғоз меёбад, ки он ба эҳёшавии минбаъдаи хатари варварӣ оварда мерасонад.

Қариб дар як вақт бо афтидани Хрисафия аз саҳна Феодосияи II берун мемонад: ӯ дар натиҷаи воқеаи нохуш ҳангоми шикор мемурад. Феодосияи II аз худ вориси мардона боқӣ намонда буд. Дастаи дарборӣ ва қӯшуни Аспар Пулхерияро ба тахт мешинонанд ва аз ӯ талаб мекунан, ки ба худ шавҳарро интихоб намояд. Ин вақт Пулхерия 52-сола буд. Вале ӯ рӯҳонии гузаро будақавл дода будки ба никоҳ надарояд. Сафрфи назар аз ин, ӯ яке аз афсарҳои қариб пурра бесаводи Аспар – Маркиан (450 – 457)-ро бо он шарте интихоб мекунад, ки “раҳм ба бокирагии ӯ” мекунад. Пулхерияи ба сари ҳокимиятомада сиёсати дарбори Византияро нисбати калисо куллан тағйир дода, бар зидди қарорҳои анҷумани (собори) соли 449 мебарояд. дар ин сиёсат ӯ дар байни мулкдорони Константинопол дастгитрӣ меёбад. Патриарх Анатолий, ба пуштибонҳои мисрии худ хиёнат карда, ба тарафи императори нав мегузарад. Ктиторҳои Константинопол тавонистанд таваҷҷӯҳи оммаро нисбати худ ҷалб намоянд. Ғайр аз ин шароити сиёсӣ дар нимҷазираи балкан тағйир ёфт – хатари гуннҳо муваққтан барҳам дода шуда, самти истилогарии бохашму ғазаби Аттила ба тарафи Ғарб равона карда мешавад. Соҳибони мулкдорони наздишаҳрии Константинопол, сарватмандони Македония ва Пелопоннес акнун метавонистанд аз бехатарии мулкҳои худ нигаронӣ надошта бошанд.

Ба доираҳои всеи ктиторҳои Константинопол такя карда, Маркиан кушиш ба он мекард, ки то як дараҷа ҳайати сенатро тағйир бидиҳад. Дар аҳди Феодосияи II вазифа ва унвонҳои сенаторӣ дар амал фурӯхта мешуданд. Бо сабаби он ки пардохти маблағҳои калон ба хазина ва иҷрои ӯҳдадориҳои қимматбаҳо, ки ба ишғоли вазифаҳои ифтихорӣ вобаста буд, ба шахсони сарвати камдошта дастрас набуданд. Маркиан талаботро нисбат ба сенаторҳо дар мавриди гузаронидани интихобот ва, ғайр аз ин сенаторҳоро аз андози махсуси пулӣ озод кард. Ин тадбирҳо дастрасии сенатро барои табақаи васеиериторҳои Константинопол осонтар карда ва аъсири сиёсии ашрофони тиҷоратию судхурӣ ва музофотиро осонтар карданд, ки ин табақа дар аҳди Хрисафия дар сенат ҳукмронӣ мекард.

Мушкилоти асосие, ки дар назди ҳукумати нав меистод, кашмакашиҳои динӣ буданд. Қарори анҷумани (собори) Эфес аз эътибор соқит карда шуда, худи он “роҳдзанона” ҳисобида шуд. Дар соли 451 дар Халкидон анҷумани (собори) нави чоруми умумиҷаҳонӣ даъват карда мешавад. Дар ин ҷо епископҳои Осиёи Хурд, Сурия ва вилоятҳои Балкан ҷамъ омаданд. Епископҳои Миср ҳам даъват карда шуданд. Диоскор ба анҷуман ҳамчун шахси айбдоршаванда ҳозир мешуд.ҳо хеле зиёд буданд: нисбати худсариҳои ӯ дар рӯзҳои анҷумани “роҳзанона” , инчунин хуҷаинии ӯ дар Миср шикоятҳо зиёд буданд; Ӯро бо шаҳвонӣ, ташкили қотилӣ, ғоратгарӣ таҳқири ҷаноби олӣ гунаҳгор карданд. Қаҳру ғазаби душманони Диоскор тасаирнашаванда буд. опҳои соли 449 аз калисо маҳрумкарда ва ба бадарғагӣ ҳукмшуда дод мезаданд: “Қотили Флавиан аз вазифа дур карда шавад! Шайтон (яъне Диоскор) набояд унвони епископӣ дошта бошад!” Диоскор ва Евтихияро ба мулҳидӣ гунаҳгор ва радди калисо ҳукм карда шуданд. Имзои ҳамаи иштирокчиёни анҷуман (собор) талаб карда мешуд. Епископҳо аз тарс ба қарори анҷуман имзо нагузоштанд; “Ба мо раҳм кунед. Агар мо имзо гузорем,моро дар Миср ба қатл мерасонанд!”, — иброз доштанд онҳо. Вале монахҳо – коптҳо худро даъвогарона нишон дода, талаб карданд, ки ҳуқуқҳои Диоскор барқарор карда шаванд. Вале Халкидонро артиш сахт муҳофизат мекард ва роҳибон барои ҳифзи Диоскор ягон коре карда натавонистанд. Анҷуман (собор) бар зидди роҳибон як қатор қарорҳои бераҳмона қабул кард. Дар онҳо гуфта мешуд, ки роҳибон дар ҳама ҷо ба бетартибӣ машғуланд, корҳои калисо ва шаҳрвандиро бенизом мегардонанд, ба оворагардӣ машғуланд; собор дастур дода буд, ки роҳибон бояд бо зӯрӣ ба дайрҳо баргардонида. Аз шаҳрҳо пеш карда шаванд. Ба роҳибон доир намудани ҷамъомадҳо манъ карда шуда буд. Ҳокимият аз болои дайрҳо пурра ба ихтиёри епископҳо дода шуд.

Дар анҷуман (собор) вакилони (легатҳои) папаи Рим иштирок карданд. Аз назари аҳкомӣ дар ин ҷо ягон хел оштии гурӯҳбандҳои бо ҳам душман ба амал намомад: ҷонибдорони Дисокори сарнагуншуда мисли пештара омезиши пурраи ду табиатро дар Масеҳ эътироф мекарданд ва чунин мешумориданд, ки моҳияти ӯ муштарак мебошад. Аз ин рӯ, онҳо “моноиҳо”, яъне “муштаракҳо” ном мегиранд Зинаҳои (иерархҳои) Константинопол ва папа Лев формулаи зеринро кор карда баромаданд: Масеҳ ду табиат дошт – илоҳӣ ва инсонӣ, муштарак набуданд, вале баъди табдилёбӣ аз ҳам ҷудо набуданд.

Бар хилофи патриархи худ, клири Константинопол дар анҷумани (собори) Халкидон ба қабули қоидаи (канони) 28-ум — дiр бораи эътирофи патриархи Константинополро ҳамчун шахси дуюм баъди папаи Рим муваффақ мешавад

Анҷумани (собори) Халкидон бо торумори пурраи зинаҳои (иерархҳои) Миср анҷом меёбад, вале дар баробари ин он ба ҷудошавии калисо ҳам оварда расонид. Дар Сурия ва Миср қоидаҳои (канонҳои) анҷуман (Собор)-ро эътироф накарданд дар Арманистон ҳам ҳамин тавр. Роҳибони сершумори оворагард, ки ҳанӯз ба табақаи имтиёзнок табдил наёфта, вале бо аҳолӣ алоқаманд буданд, оммаро, ки бе ин ҳам кайфияти зидди Константинопол доштанд бедор иекарданд, зеро дар он сарчашмаи дар ҳолати истисмор қарордоштаи худро медиданд.

Ба ҳукумати Маркиан лозим меомад, ки тамоми таваҷҷӯҳи худро ба кашмакашиҳое ҷалб намояд, ки аз дидгоҳи шакл динӣ ва аз рӯи моҳият баромадҳое буданд, ки бар зидди тартиботи ҷамъиятии мавҷуда равона гардида буданд.

Баъди бадарға кардани Диоскор аҳолии Миср бар зидди ҷонибдори қоидаҳои (канонҳои) Халкидон – Протерея шӯриш бардоштанд. Ҷанговароне, ки Протереяро ҳимоя мекарданд, зинда сӯзонида шуданд. Ҳукумат аз Константинопол барои кӯмак қувва фиристонид, ва танҳо бо роҳи гузашткуниҳо ба халқ (тақсими нон, ташкили тамошоҳо) қаҳру ғазаби мардум паст карда шуд.. Воқеаҳои тезутунд дар Фаластин ҳам ба амал омаданд. Дастаи сершумор .зери роҳбарии Феодосий Байтулмуқаддас (Иерусалим)-ро ишғол мекунад ва ҳокимияти худро бар Фаластин ҳам муқаррар менамояд. Ӯ ҳамаи зиндониҳоро озод карда ва “одамони баруманди” зиёдро қатл мекунад; фармуд, ки баъзе епископҳо ба қатл расонида шаванд ва ба ҷои онҳо шахсан монофичиёнро таъин мекунад.

Ҳукумат барои пахши исён ҷузъу томҳои калони қӯшунҳоро мефиристонад. Феодосий бо ҳамроҳии аслиҳабардорони худ ба Сино гурехта, дар дайрҳо ҷой мегирад ва аз он ҷо истода, бар зидди дар амал татбиқ кардани қарорҳои анҷумани (собори) Халкидон муборизаро давом медиҳад. Ҳаракати Феодосий намунаи бараълои ба ҳаракати ҷудоихоҳӣ ва исёни зиддиҳукуматӣ сабзида расидани ихтилофҳо дар калисо мебошад.

Баъди анҷумани (собори) Халкидон таъсири император ба корҳои калисо хеле меафзояд. Маркиан худро тарзе нигоҳ медошт, ки гӯё патриархи Константинопол бошад. Ҳуқуқи давлат ба амволи калисо баҳснопазир ҳисобида мешуд. Маркиан маҳдудиятҳоеро, ки ба мерос ба фоидаи рӯҳониён дахл дошт. бекор карда шуданд.

Дар ҳамаи ошӯбҳое ки дар асри V ба амал омада буданд, мақоми асосӣ дар дасти клирикҳо ва роҳибони оворагард буд, ки онҳо бо беинтизомии маҳз фарқ мекарданд. Маҳз боо ҳамин сабаб патриархи Антиохия Мартирий аз ӯҳдаи пахши “клири исёнбардошта” набаромада, маҷбур шуд, ки аз баҳри тоҷу тахти императорӣ гузарад. Вазъи соҳибистиқлолии роҳибон ва клир аз он сабаб буд, ки роҳибон ҳанӯз боигариҳо ихтиёрдорӣ намекарданд, соҳибӣ кардан баъдтар дайрҳоро ба муассисаи синфи ҳукмрон мубаддал гардонид: клир дар амал аз косибоне иборат буд, ки ба онҳо мартаба (сан) дода шуда ва танҳо ба сифати “корҳоии иловагӣ” дар калисо хизмат мекарданд.

Монофичиён ҳамеша тарафи аҳолии Миср ва шаҳрҳои Сурия дастгирӣ карда мешуданд. Онҳо дастаҳои худро доштанд ки онҳо аз ҷавонони мусаллаҳ, ба рӯҳониён аз сидқи дил содиқ ва дар айни замон нисбати зулми Константинопол нафратдошта, иборат буданд. Онҳо ба ибодатгоҳҳои православӣ зада даромада, онҳоеро террор мекарданд ки гапдарои ҳукуматдорон буданд.

Дар солҳои охири ҳукмронии Феодосияи II Византиядар зери таҳдиди тохтутози гуннҳо қарор дошт.ю Дипломатияи Византия ба воситаи иғвоандозии мураккаб тавонист Аттиларо бар зидди Ғарб равон карда, бо ҳамин ин хатарро бартараф кунад. Ин дастони ҳукуматро кушод. Шикасти Аттила дар майдонҳои Каталаун барои Византия ғалабаи калон мегардад. Марги Аттила дар соли 453 ва баъд афтидани давлати ӯ вазъи сиёсии байналхалқиро бештар барои Византия тағйир дод. Вале ба ҷои анбӯҳи гуннҳо хэатари нав ба миён омад: давлатҳои ташаккулёбандаи готҳо; онҳо аз нав Константинополро дар зери зарбаҳои варварҳои истилогар гузоштанд.

Ҳукумати Византия ҷидду ҷаҳд ба он мекард, ки ба Рими Ғарбӣ бар зидди вандалҳо якқадар кӯмак расонад, ки онҳо Африқои Шимолиро забт карда, Ситсилияро низ ба даст дароварданӣ буданд. Ба он ҷо лашкар фиристода шуд. вале дере нагузашта баъди ҳамлаи Аттила лозим омад, ки он боз хонда шавад. Дар зарфи даҳ сол империяи Византия ба кӯмаки Ғарб омада натавонист. Воқеаҳои минбаъда дар Италия (Римро ишғол кардани Гайзерих дар соли 455 ва ба асорат афтидани оилаи император) дар Византия таъсири сахт расониданд. Константинопол тақозо кард, ки императорхонум (малика) ва духтари ӯ озод карда шавад, вале вандалҳо ин талабро ӣоиси таваҷҷӯҳ қарор надоданд. Аммо вазъи шиддатноки дохилӣ ба Византия имкон надод, ки ба корҳои Империяи ғарбии Рим фаъолона дахолат кунад.

Заифшавии хатар дар сарҳадҳои ғарбӣ ба Маркиан имкон дод, ки дар Гурҷистон сиёсати фаъолонатарро пеш барад Қӯунҳои Византия шоҳ Губазро ба музокирот маҷӣур карданд. Баъди ин таъсири Византия ба корҳои сиёсию калисо пурзӯртар мешаванд. Гурҷистон бар зидди давлати Сосониён ба кӯмаки Византия эҳтиёҷ дошт, ки форсҳо қаламрави васеи Гурҷистонро ишғол карда, кушиш мекарданд, ки истиқлолияти давлати Гурҷистонро барҳам зананд. Баъди анҷумани (собори) Халкидон вазъият дар Гурҷистон мураккаб шуд, зеро дар он ҷо мубориза дар байни монофичиён ва ҷонибдорони эътиқоди дар Халкидон муқарраршуда оғоз меёбад. .

Главный Редактор

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *