Фанни Таърихи Чахон(Умум)

Пелопоннес ва макоми Спарта дар он

ШАРОИТИ УМУМИИ РУШДИ ПЕЛОПОННЕС

Баъди аз байн рафтани тамаддуни Микена, дар асрҳои ХII – Х то милод чун дар тамоми Юнон дар тамоми Пелопоннес низ ҳам ҳаракати беисти қабилаҳои маҳаллӣ ва ҳам аз беруномада давом дошт. Дар се аср дар нимҷазира қисми зиёди аҳолӣ иваз шуд. Ахейҳо ва иониҳо, ки дар Пелопоннес дар ҳазорсолаи II то милод сокин шуда буданд, тарки заминҳои хеш каат сеюми онҳо ба мавзеҳои кӯҳсори Пелопоннес, ки Аркадия ном дошт, фишор дода бароварда шуданд. Лекин бисёрии онҳо дар ҷойҳои сукунати аҷдодии худ монда, бо мурури замон қисме аз онҳо бо мардуми аз берун омада омезиш ёфта, қисми дигар ба омадагон тобеъ шуда, ба онҳо андоз мепардохтагӣ шуданд.

Харитаи Пелопоннес Геракл

Дар вилоятҳои дорои заминҳои ҳосилхези шимол ва ҷануби Пелопоннес -Арголида, Истма дар гарданаи Коринф, Лаконика ва Мессения қабилаҳои ҷанговари дориҳо зиндагӣ мекарданд, ки ба ин ҷо эҳтимол аз Юнони Шимолу Ғарбӣ (ноҳияи Эпир) омада бошанд. Бунёди бошишгоҳҳои нахустини дориҳо дар заминҳои Арголида ва Лаконика тахминан ба асрҳои ХI – Х то милод рост омадаанд. Эҳтимол дар ҳамин давра вилоятҳои шимолу ғарбии Пелопоннес – Ахайя, ки дар соҳилҳои ҷанубии гулугоҳи Коринф ва Элида воқеъ гардида буданд, аз тарафи омадагони дигар, ки низ чун дориҳо ба шохаи забонҳои шимолу ғарбии халқияти юнонӣ тааллуқ доштанд,ишғол карда шуданд.

Дар натиҷаи ҳамаи ин ҳаракатҳои мардум ҳайати этникию қавмии Пелопоннес ниҳоят гуногуну мураккаб гардид. Бисёр вақт дар худи як маҳал дар паҳлӯи якдигар намонядагони қавмҳои гуногун сокин буда, бо лаҳҷаҳои гуногуни забони юнонӣҳарф мезаданд. Дар бисёр ҷойҳои нимҷазира дар байни истилогарон ва қавмҳои маҳаллӣ зиддияту душманӣ вуҷуд дошта, баъзан ба задухурдҳои хунин табдил меёфтанд.

Дориҳои ғолиб ахейҳои таслимшударо ба мақоми тобеъ ба заминдорон табдил доданд. Зимни ин гуфта метавон илотҳои спартаниро ёдовар шуд. Ба ин табақа монанд дар Пелопоннес давлатҳои дигари дориҳо низ мавҷуд буданд, масалан, дар Аргос, Сикион, Эпидавр, инчунин берун аз ҳудудҳои онҳо ва, пеш аз ҳама, дар ҷазираи Крит, ки дориҳо дар он ҷо дар байни халқҳои истилоъшуда мавқеи ҳукмронро дар ихтиёри худ доштанд.

Дар тамоми марҳалаи архаистӣ, яъне дар асрҳои VIII — VI то милод, рушди иҷтимоию иқтисодӣ ва мадании навоҳии асосии Пелопоннес ниҳоят нобаробар сурат гирифтааст. Ин ҳолат асосан ба тафовути ҷуғрофӣ ва шароити табиии онҳо вобастагӣ дошт. Масалан, дар вилояти Аркадий дар асрҳои V — IV то милод асоси иқтисодиро соҳаи кишоварзиидар сатҳи хеле пастқарордошта, асосан чорводорӣ ташкил мекард. Ин аст, ки то нимаи якуми асри IV то милод дар ин ҷо ягон шаҳри ҳақиқӣмавҷуд набуд. Ақибмонӣ дар вилоятҳои ғарбии Пелопоннес — Лаконика, Мессения, Элида ва Ахейя низ мушоҳида карда шудааст. Ин ҳолат бо сабаби дурии онҳо аз баҳри Эгей ба амал омадааст, ки он дар замони мустамликагардонии Бузург маркази асосии ҳаёти иқтисодии тамоми Юнон буд. Дар ин ҷо, чун дар Аркадий, косибӣ ва савдо рӯ ба рушд наниҳод. Бо ҳамин сабаб дар он ҷо муддати тулонӣ шаҳрҳои марказӣ ба вуҷуд наомаданд, аз он ҷумла дар қисмати асосии мавзеҳои сукунати аҳолии ин вилоятҳо — дар замони классикӣ низҳамин тавр. Тавре ки Фукидад мегӯяд, юнониҳо ин вақт зиндагиро “бо урфу одатҳои қадимаи эллинӣ” – дар деҳаҳо давом медоданд. Танҳо дар шимолу шарқии Пелопоннес (Арголида ва ноҳияи Истма), ки бо минтақаҳои наздисоҳилӣ ва наздиҷазирагии ҳавзаи баҳри Эгей ва ба воситаи ин баҳр ба Шарқи Пеш робитаи зич муқаррар намуда ва барои рушди муносибатҳои молию пулӣ шароити мусоид дошта, манбаъҳои аввалини маданияти шаҳриро дар Юнони Ҷанубӣ ба вуҷуд овардаанд.

ПЕЛОПОННЕСИ ШИМОЛӢ ДАР АСРҲОИ VIII — VI ТО МИЛОД

Полиси Аргос аз ҷумлаи полисҳои пурзӯртарини Пелопоннеси Шимолӣ ба шумор рафта, тахмин ҳанӯз дар асри ХI то милод дар ҷои бошишгоҳи қадими замони Микена ба вуҷуд омадааст. Дар замони архаистӣ дар зери назорати Аргосқисмати серҳосили Арголидаи водии дарёи Инахии воқеъ дар резишгоҳи он ба баҳр буд. Дар асрҳои VIII — VIIто милод полиси Аргос ба полиси пуриқтидор табдил меёбад. Ба нашъунамои бузурги худ Аргос дар замони ҳукмронии ҳоким Фидон (нимаи аввали асри VIIто милод) муваффақ мешавад. Ӯ худро меросхӯри бевоситаи натанҳо дориҳо, ки Пелопоннесро истило карда буданд, балки шоҳҳои боз ҳам қадимтари ахейҳо шуморида, кушиш ба он мекард, ки тавре ки дар достони Гомер “Иллиада” тасвир ёфтааст, “давлати бузурги Агамемнон”-ро аз нав эҳё намояд.

Қасре дар Пелопоннес Ҳокими Аргос Фидон

Дар аввал кори Фидон барор кард. Ӯ ба он муваффақ шуд, ки шаҳрҳои зиёди Арголида, аз он ҷумла чунин марказҳои тамаддуни Микена, чун Микена ва Тиринфро дар зери ҳокимияти худ муттаҳид намояд. Ба Фидон ҳатто баъзе давлатҳои ҷазиравӣ низ тобеъ мешаванд, масалан, Эгина. Дар самти ҷанубӣ Фидон ба кушишҳои Спарта бо мақсади аз Арголида кашида гирифтани вилояти серҳосили наздисоҳилии Фирсатида муқовимати муборизаи сахт бурдааст.

Мутобиқи шаҳодати Гомер дар “Иллиада”, дар полису шаҳрҳои Пелопоннеси Шимолӣ, дар баробари шоҳҳоиодил шоҳҳои золим (тиран) низ ҳукмронӣ мекардаанд, аз он ҷумла дар Сикион. Вале баъд дар ин полис ва полисҳои Коринф, Мегара, Аргос ва полисҳои дигар шоҳҳои соҳибмулки сарватманди (олигархҳои) мӯътадил низ саллтанат рондаанд.

Дар асрҳои VII — VIто милоди давраи архаистӣ ашрофони авлодӣ имтиёзҳои худро муттасил аз даст медоданд. Вале дар ин давра ҳам ҳокимият дар дасти қисмати осудаҳоли граждании полисҳо – заминдорон ва савдогарони калон, судхӯрон ва соҳибони устохонаҳои калони косибӣ мондан мегирад. Чунин натиҷаи ҳаракати демократӣ дар асрҳои VII — VIто милод дар ин қисмати олами юнонӣ аз бисёр ҷиҳат аз он сабаб рух додааст, ки тамоми ин минтақа, ғайр аз Аргос, дар зери таъсири давлати ашрофии (аристократии)Спарта мемонад. Спарта
дар ин давра ҳокимияти худро дар аксарияти полисҳои Пелопоннес муқаррар карда буд.

ПЕЛОПОННЕСИ ҶАНУБӢВА МАҚОМИ СПАРТА ДАР ОН (АСРҲОИ VIII — VIТО МИЛОД)

Аз нимаи дуюми асри VIIто милод сар карда дар байни давлатҳои Пелопоннес Спарта ба ҷои аввал мебарояд. Шаҳри Спарта, ки номи худро ба тамоми Спарта додааст, дар асри ХIто милод, баъди он ки дориҳо ба Лаконика ҳуҷум карда, дар заминҳои ҳосилхези қисмати миёнаи водии Еврота сокин шуданд, асос ёфтааст.

Дар тӯли асри IХ – нимаи аввали асри VIIIто милод спартагиҳо барои дар Лаконика ҳукмрон шудан бар зидди қабилаҳои ҳамсоя муборизаи сахт мебурданд. Ниҳоят, ба онҳо муяссар шуд, ки тамоми ин вилоятро аз сарҳадҳои ҷанубии теппаҳои Аркад то халиҷҳои Тенар ва дар соҳилҳои ҷанубии Пелопоннес Малеяро ба худ тобеъ кунанд. Дар айни замон, спартагиҳо қисмати зиёди аҳолии маҳаллиро ба худ тобеъ карда, ба илотҳо мубаддал гардониданд. Ин тадбир яке аз шаклҳои ҷазои ҷамоаҳои Лаконика ба шумор мерафт. Ба ин ҷазо бештар ҳамонҳое гирифтор карда мешуданд, ки то омадани спартагиҳо заминҳои серҳосили Лаконика дар дасти онҳо буданд. Заминҳои дигари ҷамоавии Лаконика, ки камҳосилу дар доманаи кӯҳу теппаҳо воқеъ гардида буданд, ин ҷамоаҳо, ки ҳокимияти Спартаро эътироф карда буданд, ба таври ихтиёрӣ ба ҳайаати давлати Лакедемон бо ҳуқуқи зери мафҳуми “перизкҳо”, яъне “дар гирду атроф зиндагӣ мекардагиҳо” дохил гардиданд.

Дар нисбати илотҳо перизкҳо шахсан озод ҳисобида мешуданд ва ҳатто аз ҳуқуқҳои гражданӣ истифода бурда, дар қаламрави он ҷамоаю полисҳое сукунат доштанд. Вале дар худи Спарта ба онҳо ҳамчун ба “одамони навъи дуюм” назар мекарданд ва онҳоро ба корҳои давлатӣ роҳ намедоданд. Ҳамин тариқ, аллакай дар ҷараёни истилои Лаконика махсусиятҳои асосии сохти ҷамъиятӣ ва иқтисодии Спарта муайян гардида, дар он се синф — табақаҳои асосииҷомеаи спартагӣ ташаккул ёфт: гражданҳои комилҳуқуқи — спартагӣ, илотҳои истилошуда ва перизкҳои озод, вале нобаробарҳуқуқ.

Харитаи Спарта Шаҳри қадими Спарта

Аҷаб нест. ки маҳз дар ҳамон марҳалаи таърихӣ бунёди асосҳои сохти давлати Спарта тавлид ёфтааст, ки он дар тӯли асрҳо бо устуворию тағйирнаёбандагии худ аз дигар давлатҳо фарқ мекард. Унсуру хусусиятҳои асосии ин низоми сиёсӣ чунин аст: дуҳокимиятии подшоҳӣ, шӯрои кӯҳансолон, ё герусия ва маҷлиси халқӣ, ё ки апелла.

Аз замонҳои қадим дар Спарта дар як вақт ду сулолаи шоҳҳо ҳукмронӣ мекард, ки онҳо бисёр вақт бо ҳам рақобат карда, ба муқобили ҳамдигар душманӣҳам доштанд. Шоҳҳое, ки баромади худро ба худи Геракл нисбат медоданд, ба номварию эҳтироми умум сарфароз гардида буданд. Аммо ҳокимияти онҳо ниҳоят маҳдуд карда шуда буд. Дар замони ҷанг вазифаи сарлашкаронро иҷро менамуданд, дар замони осоишта бошад, ба корҳои додгоҳӣ ва динӣ машғул мешуданд. Ҳарду шоҳҳам ба ҳайати Шӯрои кӯҳансолон дохил буданд (ин мақоми ҳокимияти давлатӣ дар якҷоягӣ бо онҳо ҳамагӣ 30 нафарро ташкил мекард) ва дар маҷлисҳои он ширкат меварзиданд. Дар ин мақоми ҳокимияти давлатӣ дар амал ҳамаи масъалаҳои асосии идораи давлатӣ баррасӣ карда мешуданд.

Мессиния Лакедемон

Маҷлиси халқӣ, ки тамоми гражданҳои баробарҳуқуқи Спартаро дар бар мегирифт, дар ин давлат нақши дуюмдараҷаро иҷро карда, дар амал қарорҳои қабулкардаи шоҳҳо ва кӯҳансолонро, ки дар маҷлисҳои якҷояи онҳо қабул карда мешуданд, тасдиқ мекард.

Нақши махсусро дар таърихи барвақтаи Спарта даврае иҷро мекард, ки бо номи “Ҷангҳои Мессиния” маълум аст. Тахминан аз миёнаҳои асри VIII то милод сар карда дар Спарта, чун дар давлатҳои бисёри дигари Юнон норасоии зиёди замин ҳис карда мешуд. Ин вақт аҳолии Юнон хеле афзуда буд ва замин ба ҳамаи онҳо намерасид. Спартагиҳо ин масъаларо бо роҳу воситаҳои гуногун ҳал мекарданд. Ба ҷои он ки, тавре аксарияти юнониҳо илоҷи ин воқеаро аз тариқи мустамликагардонию азхудкунии заминҳои нави он тарафи баҳр ҳал мекарданд, онҳо дар васеъкунии заминҳои худ аз ҳисоби ҳамсоягони наздик ҳал мекардагӣ шуданд. Объекти асосии ишғоли Спарта дар ин давра Мессиния мешавад, ки он вилояти бою масоҳати васеъ дошта, дар қисми ҷанубу ғарбии Пелопоннес воқеъ гардида буд.

Набардҳо дар ҷангҳои Пелопоннес

Мубориза барои ишғоли Мессиния хеле дуру дароз ва пуршиддат давом кард. Мувофиқи ривоятҳои спартагӣҶанги якуми Мессиния (нимаи дуюми асри VIII то милод ) наздики 20 сол давом карда, бо ғалабаи спартагиҳо анҷом ёфта, сокинони Мессинияро маҷбур карданд, ки товони вазниниҷангро пардохт намоянд – қариб нисфи ҳосили ба дастовардаашонро. Қисме аз заминҳои Мессиния ба клерҳо ва спартагиҳо тақсим карда шуд. Аммо ин заминҳо барои қонеъ гардонидани ҳамаи онҳое, ки ба замин эҳтиёҷ доштанд, кифоя набуд. Бинобар ин, дар Спарта норозигию ошӯб ва задухурдҳои гражданӣ сар мезананд. Даъвати иштирокчиён он буд, ки заминҳои коршоям аз нав тақсим карда шаванд.

Дар нимаи дуюми асри VII то милод мардуми Мессинияи истилошуда бар зидди салтанати Спарта шӯриш мебардорад, ки он аз Ҷанги якуми Мессиния камтар давом накардааст. Ин ҷанг дар замоне рух дод, ки илотҳо ҳар замон барои оғоз кардани шӯриш тайёр буданд. Вале “ҷамоаи баробарон” дар ҳолате, ки хеле мустаҳкам буд, ба ин санҷиши ҷиддӣ тоб овард. Дар назар аст шӯриши бузурги илотҳо дар соли 464 то милод.

Ҷанги сеюми Мессиния ё худ Ҷанги Пелопоннес солҳои 431 – 404 то милод ба амал омадааст. Машқҳои сахту шадиди дуру дароз ба спартагиҳо натиҷаи дилхоҳ дод. Фалангаҳои спартагии машҳур (пиёданизоми вазнинсилоҳ) солҳои сол дар майдонҳои набард шикастнопазир ба шумор мерафтанд. Спарта аз ин нерӯи шикастнопазир истифода бурда, аллакай дар миёнаҳои асри VIто милод салтанати худро дар аксар давлатҳои Пелопоннес таъмин намуд, аз он ҷумла, дар полисҳои Коринф, Сикнон ва дар натиҷаи ин ҷанг Иттиҳоди Пелопоннес ташкил меёбад, ки он як иттиҳоди сиёсии бузург дар Юнони ҳамонвақта ба шумор мерафт.

Минбаъд спартагиҳо ҷидду ҷаҳд ба харҷ доданд, то ки ҳокимияти худро бар давлатҳои дигари юнонӣ таъмин намоянд, аз он ҷумла, бар Афина низ. Вале даъвоҳои бузургдавлатии Спарта танҳо ба иқтидори ҳарбии он асос ёфта буд. Дар масъалаҳои иқтисодӣ ва маданӣ он аз давлатҳои дигари Юнон хеле ақиб монда буд. Дар шароити режими шадиди ҳарбӣ ва парастиши ин низом, ки дар он баробарии мардум ба таври сунъӣ татбиқ карда мешуд, маданияти баландпояи Спартаи архаистӣ рӯ ба таназзули бебозгашт овард. Спарта дар тамоми қаламрави Юнон муттасил ба макони иртиҷои сиёсӣ ва такягоҳи душманони сохти демократия табдил меёбад.

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *