Фанни Сотсиология

Афкори сотсиологӣ дар аҳди бостон

Афкори сотсиологи дар Ҳинди Қадим

Афкори сотсиологи дар Чини Қадим

Афкори сотсиологи дар Эрони Бостон

Афкори сотсиологи дар Юнони Қадим

Омӯзиши ҷомеаи инсонӣ ҳамеша ва дар ҳама давру замонҳо диққати мутафаккиронро ба худ ҷалб намуда меояд. Олимон ва мутафаккирон ҳанӯз аз аҳди бостон паҳлӯҳои мухталифи онро мавриди омӯзиши худ қарор додаанд. Аввалин андешаҳо оиди ҷомеа, муносибатҳои иҷтимоӣ, табақаҳои иҷтимоӣ, тарзи давлатдорӣ дар таълимоти динию фалсафии мардуми Ҳинд ба назар мерасад. Дар китоби динии ҳиндуёни қадим оиди давлату давлатдорӣ, сохтори давлатдорӣ ва табақаҳои ҷамъиятӣ маълумотҳои хеле муфид ба назар |мерасад, ки то имрӯз моҳияти илмии худро гум накардаанд. Аз ҷумла, дар таълимоти динӣ оиди чор варна (табақоте), ки дар ҷомеаи ҳамонвақтаи Ҳиндустон ҷой доштанд, аз қабили браҳманҳо (дуогӯён), яъне рӯҳониён; қшатирҳо (қирмизиҳо), яъне ҷанговарон:, вайшиҳо (зардҳо), яъне барзгарон; шудраҳо (сиёҳон), яъне барзгарони бебизоат маълумотҳои ҷолиби диққат дода шудааст. Варна калимаи санскритӣ буда, маънои рангро дорост. Дар Аврупо ба маънии каста (табақа) истеъмол мешавад. Чӣ тавре ки мебинем, ҳар як табақа ранги хосаи хешро дошта, аз ҳамдигар фарқ доштанд ва ин нишон медиҳад, ки ҳар як варна мавқеи муайянро дар ҷомеаи Ҳинди бостон доштанд. Дар ҳар табақа муносибати байни табақавӣ мавҷуд буда, мувофиқи он никоҳи байни табақаҳои бегона манъ карда мешуд. Бояд тазаккур дод, ки ин аввалин маълумот оиди вожаи табақа (Варна) ва худи табақаҳо дар ҷомеаи инсонӣ мансуб меёбад. Мансубияти табақавӣ модарзодӣ буда, табиати меросӣ дошт. Узвҳои ҳар як табақа касбу кори анъанавии хешро дошт. Меҳнати фикрӣ ба табақаи олӣ, яъне браҳманҳо мутааллиқ буда, муҳофизат ва соҳаи ҳарбӣ мутааллиқи кшатирҳо буда, савдо ҳунармандӣ, косибӣ хоси вайшҳо буда, меҳнати вазнину миёншикан ба табақаи охир — шудраҳо тааллуқ дошт. Минбаъда афкори иҷтимоӣ дар мактабҳои фалсафии Ҳинди қадим, аз қабили буддоия, чорвакҳо, санҳя ва ғайраҳо такомул ёфт.

Таълимот оиди ҷомеа ва муносибатҳои иҷтимоии ҷомеа дар таълимоти динию фалсафии мардуми Чини қадим нисбат ба Ҳиндустони қадим боз ҳам мукаммалтар ва возеҳтар баррасӣ гардидааст. Аввалин андешаҳои иҷтимоиро дар таълимотҳои динии онҳо ба амсоли «Панҷ китоб» дучор мешавем. Инсон ва табиат, аз рӯйи таълимоти онҳо, бояд мутобиқи қонунҳои Дао зиндагӣ ва амал намоянд. Дар баробари асарҳои динии чиниён мактабҳои фалсафии зиёде мавҷуд буд, ки доир ба масъалаҳои гуногуни ҷамъиятӣ ва муносибатҳои ҷамъиятӣ афкори худро иброз намудаанд. Мактаби фалсафии Конфутсий, низ оиди муносибати байни аъзоёни ҷомеа ва гуманизм, табиати маънавии инсон, оила ва оиладорӣ, идоракунии давлат ва ғайраҳо нуқтаи назари худро баён кардаанд. Мутобиқи таълимоти Конфутсий дар ҷомеа қонуни «Жен» (инсондӯстӣ) амал мекунад, ки муносибати тарафайни одамон дар асоси ин қонун сурат мегирад. Асоси гуманизмро «парастиши волидон» ва «эҳтироми бародари бузург» ва умуман, инсониятро дӯст доштан ташкил медиҳад. Конфутсий инсондӯстиро хоси на ҳама медонад. Ба андешаи ӯ, инсондӯст танҳо асилзодагон шуда метавонанд. Аз ин бармеояд, ки ӯ ҷомеаи Чини қадимро ба ду табақа: аслизода ва «аввом» ҷудо кардааст.

Ба андешаи Конфутсий, танҳо асилзодагон метавонанд мардумро идора кунанд, чунки онҳо нисбат ба мардуми дигар аз ҷиҳати ахлоқ бартарӣ доранд. Ӯ тарафдори давлатдории монархияи анъанавӣ буд. Яъне, афкори иҷтимоии Конфутсий хусусияти ахлоқиро доро буд.

Минбаъд дар фалсафаи Чини қадим ҷойи таълимоти ахлоқиро таълимоти “қонунпарастҳо” ишғол менамояд. Дар афкори онҳо қонунҳо ҷойи махсусро ишғол намуда, аз ишораҳои ахлоқӣ даст мекашанд. То қонунпарастон таассуроти соддалавҳона оиди он, ки «давлат оилаи бузургест», ҷой дошт ва дар таърихи афкори башарӣ бори аввал онҳо кӯшидаанд нишон диҳанд, ки давлатро чун сохтори мураккаб бояд шахсони амалдор идора намоянд. Яке аз назариячиёни ин таълимот Гунсун Ян буда, ки минбаъда ҳокими Шан Стзюн интихоб шудааст. Дар таърихи афкори инсонӣ бо номи Шан Ян ёд мешавад. Шан Ян ҷомеаро ба се давра ҷудо мекунад.

  • нафъҷуй,
  • инсондӯстӣ,
  • қонунпарастӣ.

Ҳамин тариқ, дар ҷаҳонбинии чиниёни қадим доир ба як қатор паҳлӯҳои ҳаёти иҷтимоӣ, муносибатҳои байни ҳамдигарии аъзоёни ҷомеа, тарзҳои идоракунии давлат, табақаҳои иҷтимоии ҷомеа, риоя кардани қонунҳои ҷомеа, ҷазоҳои маъмурӣ маълумотҳои дақиқу ҷолиби диққатеро дарёфт кардан мумкин аст, ки то ба ҳол аҳамияти илмию маърифатии худро гум накардаанд.

Ҷомеа ва масоили гуногуни иҷтимоии ҷомеа дар ривояту қиссаҳо, таълимоти динӣ ва афкору андешаҳои фалсафии мардуми эронинажод дар аҳди бостон мавриди таҳлил қарор гирифта, доир ба паҳлӯҳои гуногуни он ибрози назар кардаанд. Дар сарзамини Осиёи Марказӣ, мардумони ориёитабори эронинажод зиндагӣ мекардаанд ва дар ин сарзамин таълимотҳои гуногуни динию фалсафӣ аз қабили маздония, зардуштия, монавия ва маздакия амал менамуданд, ки ҳар яке аз онҳо оиди ҳаёти иҷтимоии инсон ақоиди хешро иброз кардаанд. Бахусус, дар таълимоти дини зардуштӣ ва дар китоби муқаддаси онҳо — «Авасто» оиди ҷомеа, муносибатҳои иҷтимоии ҷомеа, рӯйдодҳои иҷтимоии ҷомеа ва дигар паҳлӯҳои ҳаёти ҷамъиятӣ мулоҳизоти ҷолиби диққате баён гардидааст, ки омӯхтани онҳо аз манфиат холӣ нест ва ба таври мушаххас чанде аз ин афкорро мавриди таҳлил қарор дода, пешкаши ҳаводорони ҷомеашинос мегардонем.

Китоби муқаддаси Зардушт «Авасто» ба шумор рафта, аз панҷ қисм:

  • «Ясно»-«назр», «ниёз»-ро ифода мекунад, ки аз матнҳои маросимӣ иборат аст.
  • «Яштҳо» («Яшт»-«ниёиш», «ситоиш», ки аслан аз сурудаҳо дар васфи буддоёни дини Зардуштӣ иборат мебошад.
  • «Видевдат», «қонун ба муқобили девон (шакли баъдинаи нодурусташ «Вандидод»), дастурҳо дар бораи покизагӣ ҳангоми тоату ибодат (як қатор муқаррароти динӣ ва шаръӣ, порчаҳои асотири қадим, ҳамосӣ ва ғайраҳоро дар бар мегирад.
  • «Виспрат»- «ҳама родҳо» (номи баъдинаи он, ки носаҳеҳ аст «Виспарад» аз маҷмӯи дуо ва матнҳо иборат ёфтааст.

Як бахши Ясноро Готҳо ташкил медиҳад, ки дар маҷмӯъ он 17 бобро дар бар гирифтааст.

Аз рӯи тадқиқи муҳаққиқон «Готҳо», аслан аз суруду муноҷотҳои манзум (назм) иборат будааст. Порчаҳои алоҳидаи насрӣ низ дар он ҷой доштааст. «Готҳо» яке аз сарчашмаҳои ниҳоят пурқимати «Авесто» буда, дар он муҳити воқеӣ, тарзи зиндагӣ, ҳаёти ҷамъиятӣ, зиндагии муқимӣ ва машғулияти мардумони ориёӣ таҷассуми худро ёфтааст. Чунончи:

« Ай Маздоаҳуро! Он гоҳ ки ба чорпоён озодона роҳ додӣ, то ба кишоварзон ё ба чодарнишинон пайванданд, Сипандормузу1 хиради менуии падидорандаи чорпоён аз они ту буд». («Ясно, готи 31, банди 9).

«Пас (чорпоён) аз он миён кишоварзӣ галлапарварон, посбони маниши некро худойгони хеш донистаанд.

Ай Маздо!

Чодарнишини биёбонгард (ки бо кишоварзӣ напардозад), ҳарчанд бикӯшад, аз паёми некӣ (ту) баҳра наёбад»

(«Ясно» Ахунавадгот, готи 31, банди 10).

«Ай Маздо!

Манам, ки бо парастиши ту (зангори) нофармонию бадманиширо (аз) дилҳо бизудояму озодаро аз (ҷанги) хирасарону кишоварзро аз ҳамсоягони дурӯғпараст ва пешворо аз накӯҳандагону сарзанишгарон ва чамани чорпоёну киштзорро аз дасти гумоштагони бедодгару нобакор бираҳонам».

(“Ясно” Ахунавадгот, готи 33,банди 11).

Сипандормуз, номи фариштаи чаҳорум дар ҷаҳони минӯи, намояндаи дӯстдорию фурутании Аҳурамаздо, дар ҷаҳони хокӣ нигаҳбони замину хуррамию ободонист ва мардумро ба кори кишоварзӣ дилгарм месозад.

«Оё ҳаргиз девҳо худовандгарони хубӣ буданд? Онон мебинанд, ки чӣ гуна Карапану Усиҷу Кави 1 чорпоёнро бар ишон ба хун мекашанд.

Инон чорпоёнро аз рӯи ойини ростин барои кушоиш бахшидан ба киштуварз намепарваранд».

(«Ясно» Уштавадгот, готи 44, банди 20).

«Ай Зардушт!

Кист он покдине, ки дар (густариши) ойини бузурги муг дӯст (ва ёвари) туст?

Кист он кас, ки хостор аст бад ин ном баландовоза гардад?

«Он кас Гуштосб аст (ки) дар поёни кор (аз) дини ростин пуштибонӣ хоҳад кард»2 («Ясно» готи 46, банди 14).

Дар ин сурудаҳо тарзи зиндагӣ ва машғулияти халқҳои ориёӣ равшан тасвир ёфтааст ва ин бори дигар аз он шаҳодат медиҳад, ки халқҳои ориёинажод хеле барвақт ба ҳаёти ҷамъиятӣ пайвастаанд. Ва ориёҳо аз ҷумлаи нахустин зироаткорону чорводорони ҷаҳониён мебошанд, ки бо ин ҳунари хеш дар ташаккули тамаддуни халқҳои Шарқ саҳми беандоза доранд.

Мазмуни ҳаёт, машғулияти гузашгагони мо дар «Авасто» хеле равшан ифода ёфтааст.

Чунончи гуфта мешавад:

«Он касе, ки бо дасти чапу рост ва росту чап заминро меронад ва мекорад ба замин фоидаи бисёр меорад. Ин ба шавҳари дӯстдоре монанд аст, ки барои зани маҳбуб дар бистари нарму музайян ба роҳат хобидааш фарзанд ва ё неъмати дигар мебахшад…

Замин ба он кас хитоб мекунад:

«Эй одаме, ки маро бо дасти чапу рост ва росту чап меронӣ ва кишт мекунӣ, дар ҳақиқат ман монда нашуда тавлид мекунам, ҳамеша ҳосили фаровон ва ҳама гуна хӯрокворӣ муҳайё месозам, касе, ки ғалла мекорад, гӯё тухми некӣ мепошад.

(Видевдот, фикрҳои 25-26-31).

Чун ба ин гуфтаҳо хуб назар афканем, мебинем, ки ҳадаф аз заминро бо дасти чапу рост ва росту чап рондан ин нахуст шудгори ҳалоли замин аст ва ё малакаи бо ду даст кор карда тавонистани заминдор — деҳқон мебошад. Ҳар ду омил ҳам боровари хуби ҳосил аст. Заминро ба зан ташбеҳ додааст ва меҳнатро ба шавҳар ки, ба занаш фарзанд ва ё неъмат мебахшад.

Нидои замин ба деҳқон низ пандомӯз аст, ки чун ту замин меронӣ (меҳнати ҳалол мекунӣ), ман монда нашуда тавлид мекунам (ҳосили дилхоҳ медиҳам).

“Касе, ки ғалла мекорад, гӯё тухми некӣ мепошад”. Чӣ панди ибратомӯз аст, ки мардумро ба меҳнати ҳалол ва зиндагии хуб даъват менамояд, ки дар маҷмӯъ аз шиори маъмули «кирдори нек, гуфтори нек ва пиндори нек» сарманшаъ мегирад. Ва онҳоеро, ки ғалла мекоранд, зироаткоранд аз пайравони ойини некӣ ойини Зардушт номидаанд.

Ин ифодаи ҳаёти инсонӣ тамоюли реалии зиндагӣ, инкишофи ҳунари зироаткорӣ ва чорводорӣ хушбахтии аҳли меҳнат, инкишофи ҷомеаи инсониро мо дар қисмати дигари «Готҳо» мебинем, ки хеле ибратомӯз мебошад.

Чуноне:

«Маро ба чӣ кор офаридед?

Кист он кас, ки маро падид овард

Хашму ситаму сангдиливу зӯр маро ба сутуҳ овард

Ай офаридгор!

Маро ҷуз ту нигаҳбони дигаре нест.

Инак, беҳрӯзиву шодкомии барзгаронро ба ман арзонӣ дор!

(«Ясно, готи 29, банди 1).

«Ай Маздо?

Аз ту мепурсам: сазои он кас, ки дурӯғпарасти нопокро ба шаҳриёрӣ бирасонад чист?

Ай Аҳуро!

(Аз ту мепурсам) Подафрҳам (ҷазои) он бадкунише, ки мояи зиндагии хешро ҷуз ба озори кишоварзони дурусткирдору чорлоён ба даст наёварад, чист?»1

(Ясно. Готи 31. банди 15).

Дигар нуқтаи муҳими «Готҳо», аз назари муҳаққиқон, ин таҷассуми ҷамъияти авестоӣ ба маҷмӯи муносибатҳои иҷтимоию сиёсии халқҳои ориёӣ мебошад.

Б. Ғафуров дар китоби «Тоҷикон» дар мавриди тавсифи сохти ҷамъиятии давраи авестоӣ андеша ронда, китоби В.Гейгер “Маданияти Эрони Шарқӣ дар аҳди бостон» — ро ки соли 1882 дар хориҷа чоп шудааст, ёдовар шуда, қайд намудааст, ки ин ягона китобест, ки то андозае сохти ҷамъияти авестоиро таҷассум менамояд. Ӯ қайд мекунад, ки «ин асар кӯҳна шудааст ва умед аст, ки бостоншиносону эроншиносони мо дар солҳои наздик чунин асари зарурӣ ба вуҷуд меоранд»1.

Дарвоқеъ, ин умеди Б. Ғафуров чун фоли нек умдае аз донишмандонро дар хориҷ ва дохили кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Эрон ба масъалаи омӯзиши ҳаёти ҷамъиятии давраи авестоӣ кашидааст.

Дар ин доира тадқиқоту, тафсироти худи Б. Ғафуров дар китоби «Тоҷикон» (Ҷамъияти Осиёи Миёна мувофиқи маълумоти “Авесто” китоби 1. Душанбе 1983. саҳ. 72-77) хеле ҷолибанд. Илова бар он, таҷдиди назар ва тадқиқи таърихию воқеии асари «Авесто» дар давраи навин дар китоби пурарзиши муҳаққиқ, Эмомалӣ Раҳмон — «Тоҷикон дар оинаи таърих» (Лондон 1999) дар қисматҳои «Нахустин қомусномаи ниёгон» (с. 29-43) «Ватани Зардушт ва шуури пайғамбари ойини ростин» (с. 43-54) ва мақолаашон «Ориёиҳо ва шинохти тамаддуни эронӣ» дар рӯзномаи “Ҷумҳурият” (аз 17 июни соли 2006) таҷассум ёфтааст.

Чунонки бармеояд, хусусияти муҳими ҷамъияти авестоӣ чаҳорзина будани он аст.

1 Сарвари динии иманйа «сарвари олии
хонадон дини заратуштро
2 сарвари динии авлод висйа тэма» номида
мешаванд.
3 сарвари динии қабила зантума
4 сарвари динии даҳйума
мамлакат

Усули чаҳорзинагии ҷамъият ин ҷараёни нахустини гузариш ба ҷомеаи синфӣ (сохти ғуломдорӣ) мебошад, ки аксари халқиятҳои қадим дар давраи гузариш аз ҷомеаи ибтидоӣ ба ҷомеаи ғуломдорӣ ин сохторро доштаанд. Дар таълимоти авастоӣ оиларо нмана ва кадхудои онро — нмано мехондаанд ва нмано «худованди хона» ба ҳисоб мерафт. Зани калони дар оилаи нманопатнӣ — «кадбону» номида мешуд ва мавқеи калонеро дар оила мебозид. Б. Ғафуров қайд намудааст, ки «мавқеи зиёдеро ишғол кардани зани калонӣ дар оилаи тоҷикон, махсусан, сокинони маҳаллаҳои назди Помир, ба ҳукмронии ҳазорсолаи ислом нигоҳ накарда, то замони мо боқӣ мондааст. Материалҳои этнографие, ки дар мавзеъҳои гуногуни Помир ҷамъоварӣ шудаанд, бо ин шаҳодат медиҳанд»1

Баланд будани роли занон дар Осиёи Миёна (Шарқи Эрон) дар сарчашмаҳои зиёди таърихӣ омадааст. Занони ҳукмрони Уструшан ва Суғд лақаби «афшин» доштаанд. Инро олимон Бартольд В.В. ва Абаев В.И, исбот карда буданд. Ин унвонро баъдтар ба мардон медоданд.

Дар «Авесто» матнҳои зиёди дигаре омадааст, ки муҳити оилавиро таҷассум менамояд «нманйа» — аъзои оила, «висйа» — эзидони қабилавӣ, «фравашиҳо» — фариштаҳо, «вира» — мард, сарбоз, ғулом, вайса- «вайса», «парийатер» — узвҳои хурди оила мебошанд. «Нафа»- иттиҳодияҳое, ки нисбат ба оила калонтар ва ин гурӯҳ то 100 марди комилҳуқуқро дар бар мегирад. «Вис» — қабила аст, ки аз якчанд гурӯҳи бизоатманд иборат аст, «вистапи» — сардори қабила, «вис»-маънии маскани аҳли қабила деҳро низ дорад. Узви комилҳуқуқи ҷомеа онеро меҳисобиданд, ки ба синни камолот расида (ба овони 15 — солагӣ) бошад ва он ҳуқуқҳои иштирок дар маросимҳои динӣ, ҳуқуқи барпо намудани оиларо пайдо мекунад. Масъалаҳои хонаводаро шӯрои қабила, ки аз бизоатманд он иборат мебошанд ҳал менамуданд. «Шӯрои қабила вазифаи ниҳоят масъули ҷамъиятӣ дошт. Ҳалли масъалаҳои хонаводаҳо, масъалаҳои ҳаёти дохили истеҳсолӣ ва ҷамъиятии марбут ба анҷоми вазоифи динӣ ва ҳуқуқӣ, ғайр аз ин, масъалаҳои муносибат бо қабилаҳои дигарро ҳал менамуд»2.

Бояд ин нуқтаро қайд намуд, ки нобаробарӣ дар ҷамъият пайдо мешуд, сарватмандон соҳибони чорпоён ва заминҳо будаанд. Тақсимоти иҷтимоӣ дар замони зуҳури Авесто ба вуҷуд омада буд ва чунон ки маълум мегардад, чунин гурӯҳҳои «иҷтимоӣ — касбӣ» — рӯҳонӣ, сарбозу дучархасавор, деҳқону чорводор, ҳунарманд, номбар мешавад. Ҳамчунин дар доираи ҷамъият дар қатори Мардуми оддӣ боз «родмардон» «ашрофон» — «азата» («асилзодагон») вуҷуд доштанд. Дар забони форсии миёна — паҳлавӣ, калимаи “азата” маънои «зодаи хонадони шоҳ» «родмард» «озодасл» — ро дорад. Калимаи «даҳйу» — маънои «вилоят», «мамлакат», давлатчаҳо» — ро дорад.

Дар «Готҳо»-и «Авасто» идеали «шоҳони хуб», ки тавонанд кишварашонро аз душманони дохилию хориҷй муҳофизат намоянд, ифода ёфтааст.

Таҳлилу пажӯҳишҳои муносибатҳои иҷтимоӣ — сиёсии давраи «Авесто» собит месозад, ки дар Осиёи Миёна ин давраи гузариш аз сохти ибтидоӣ ба сохти ҷомеаи синфӣ-ғуломдорӣ будааст. Ин ҳолатро Ф. Энгельс таҳлил намуда, қайд менамояд, ки дар натиҷаи лашкаркашиҳои ғоратгарона мавқеи сипаҳсолорон ва пешвоёни Қабилаҳо баланд мегардад. Акнун сипаҳсолори олӣ ва дастёрони вай аёну ашрофи меросӣ шуда мемонанд, «демократияи табии сохти ибтидоӣ ба аристократияи нафратовар» мубаддал мегардад.1

Омӯзиши хоҷагии аҳди авестоӣ нишон медиҳад, ки дар ҳазораи 1-и пеш аз мелод ду навъи маъмули хоҷагидорӣ пайдо мешавад. Дар саҳро кӯчманчигии ҷорводорӣ ва дар водиҳо бошад, муқиминишинии заминдорӣ ташаккул меёфт. Ин чиз возеҳу равшан маълум аст, ки барои инкишофи ягон шакли хоҷагидорӣ, аввалан шароитҳои воқеӣ, аз ҷумлаи саҳроҳои васеъ, табиати бою рангин, кӯҳсор, дарёҳо ва ҳамчунин мардуми меҳнатқарин лозим аст. Хушбахтона, дар Осиёи Марказӣ аз замонҳои қадим ин шароитҳо вуҷуд дошт ва ташаккули кори хоҷагӣ низ дар ин сарзамин ба назар мерасад. Чуноне ки дар яшти Ардивисура (Аноҳид) тасвири кӯҳи Ҳуқаро ба дарёи (уқёнуси Фаррох крат ифода ёфтааст, ки воқеан ҳам ҷанбаи воқеӣ дошта таҷассуми табиатро ва машғулияти одамони замони авестоиро дорад).

Афкори иҷтимоии файласуфони Юнони бостон

Мутафаккирони Юнони бостон дар инкишофи илми башарӣ саҳми беандозае гузоштаанд ва эшон доир ба масоили мухталифи илмҳои табиӣ, ҷомеашиносӣ ва гуманитарӣ афкори хешро иброз намудаанд. Бахусус, мақоми макотиби фалсафии Юнони Қадим хеле назаррас мебошад. Файласуфони машҳури юнонӣ Демокрит, Афлотун, Арасту, Суқрот оиди паҳлуҳои гуногуни ҷомеа ва сохтори он, давлат ва вазифаҳои он, қишрҳои иҷтимоии ҷомеа ва ғайраҳо назари хешро баён кардаанд, ки то ба имрӯз аҳамияти худро гум накардаанд.

Демокрит (460-370 пеш аз милод) доир ба пайдоиши давлат, сиёсат, озодии шаҳрвандон, тақсими меҳнат сухан ронда, сиёсатро санъати муҳим ва олӣ ҳисобида, вазифаи онро таъмини манфиатҳои омма иборат медонад. Демокрит озодии одамонро тарафдорӣ карда , шакли демократии давлатдориро дастгирӣ намуда, зикр менамояд, ки кормандони давлат манфиатҳои оммаро аз манфиатҳои хеш болотар донанд. Ӯ асоси пешрафти ҷомеаро дар талаботҳои маводи хӯрока ҳисобида қайд мекунад, ки талабот ба ғизо муаллими инсон аст. Ҳаёти ҷамъиятӣ, аз нигоҳи ӯ, бояд бе задухӯрд, дар асоси қонуну қонуниятҳо ташкил карда шавад.

Афлотун (427-347) — ро яке аз аввалин ҳақиқатнигорони ҳаёти иҷтимоии башар мешуморанд. Ӯ дар осори хеш «Давлат», «Қонунҳо»; доир ба сабабҳои пайдоиши давлат, сохти идоракунии давлат, вазифаҳо, тақсимоти меҳнат, озодӣ, тарзи ташкили зисту зиндагӣ ва ғайраҳо маълумотҳои дақиқи илмиро пешниҳод кардааст, Афлотун зикр менамояд, ки фарде, ки мувофиқи табиаташ берун аз давлат умр ба сар мебарад ё ин ки саломат нест, ё одами ғайриоддӣ мебошад (1-378). Аз ин бармеояд, ки ӯ давлат ва қонунҳоро барои он зарур медонистааст, ки одамон бадин васила ба мақсадҳои хеш расида тавонанд. Ба андешаи ӯ давлат дар тақсими меҳнат бояд саҳмгузор бошад. Афлотун сохти ҷумҳуриявии давлатдориро пайгирӣ менамуд. Афлотун қишрҳои иҷтимоии ҷомеаи Юнони бостонро аз таркибҳои зерин иборат медонад.

  • Ҳокимон -файласуфон чун идоракунандагон;

® Ҷанговарон-ҳимоятгарони давлат аз шӯришҳои дохилию берунӣ;

  • Ҳунармандон.

Афлотун зиддиятҳои ҷомеаро дар вуҷуд доштани моликияти хусусӣ ва оила дониста, таклиф менамояд, ки барои бардоштани онҳо аз ҷомеа истиқоматгоҳои умумӣ барпо кардан лозим аст. Вай яке аз аввалинҳо шуда, органи идоракунии давлат- шӯроҳо (советҳо) — ро пешниҳод карда ва аз ҳар табақаи ҷомеа ба шӯроҳо бояд 90 нафарӣ намоянда интихоб гардида манофеи

эшонро ҳимоят намоянд.

Арасту (384-322) маъруфтарин иҷтимоиётшиноси аҳди бостони Юнон мансуб меёбад. Вай таъкид менамояд, ки инсон мавҷудоти иҷтимоист нисбат ба занбӯру галаи ҳайвонот. Барои исботи фикраш соҳиби нутқ будани инсонро мисол меоварад. Оиларо яке аз шаклҳои аввалини иттиҳод медонад ва минбаъд маҷмӯи онҳо деҳаҳо ни ҷамъи иттиҳоди деҳдҳо давлатро ба вучуд меовард. Давлат аз нигоҳи Арасту, гуногунии ҷомеа буда аз ҳамин рӯ мавчудоти табиӣ мгӣошад. Ӯ ҷомеаро яке аз шартҳои асосии мавчудоти одамон меҳисобад.

Арасту доир ба 158 шаҳр — давлатдориҳои Юнони бостон маълумотҳо дода, тарзи сохти идораи конститутсионй, сохти заминдории идоракуниро таҳлил кардааст. Мутафаккир се навъи бадтаррини ва се навъи бадтарини давлатдориро нишон дода ва ба шаклҳои беҳтарин чунин тарзҳои давлатдориро мансуб медонад:

  • монархия.
  • аристократия
  • «полития»

Ба шаклҳои бадтаринии давлаторй:

  • тирания
  • олигархия
  • демократияи харобгашта

Афкори иҷтимоию фалсафии Арасту дар осори ӯ «Сиёсат», Иолитияи Афинагӣ», «Физика», «Метафизика», «Аналитикаи 1-2», Риторика» ва ғайраҳо омадаанд.

Файласуфи насронӣ Аврелий Августин (Августини Саодатмнид) (354-430) дар рисолаи «Оиди шаҳри Худовандӣ (413 — 426) андешаи ягонагии умумияти инсоният ва аз як насли Одам ба вуҷуд омадани одамонро иброз кардааст. Ӯ ҳаётро заминӣ (шаҳри заминӣ) ва мамлакати худовандӣ (шаҳри худовандӣ) медонад. «Шаҳри заминӣ» дар заминаи гуноҳҳо ва зӯроварӣ бунёд ёфтааст.

Главный Редактор

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *