Фанни Сотсиология

Методхои шакли эхтимолии(тасодуфии) тартибдихии интихобнома

Интихобномаи эхтимоли(тасодуфи) – чунин шакли интихобномаест, Ки дар он хар як чузъи умумияти генерали имконияти муайян, пешакии ба таркиби он воридшавиро дорад. Ин ба мухаккик имконияти мадди назар доштани кафолати дар интихобнома пурра инъикос ёфтани вижагихои умумияти генералиро фарохам меорад. Амалан он аз методхои зерин иборат аст:

— чудокунии оддии эхтимоли(тасодуфи)

-чудокунии системави

-интихоби кластери

— интихоби табакабандишуда(стратифицированный).

Татбики интихобномаи зхтимоли тавассути истифодаи дур ох дар амал татбик карда мешавад: бо усули лотерияви ва тартибдихии чадвали ададхои тасодуфи. Бо истифода аз усули мазкур бештари пурсишхои телефони гузаронида мешаванд. Барои тартибдихии чунин интихобнома бояд мухаккик руйхати кули чузъхои ташкилдихандаи умумияти генералиро дар даст дошта бошад.

— чудокунии оддии эхтимоли

Такозо менамояд, Ки эхтимоли ба интихобнома дохилшави барои хар як чузъи умумияти генералиро ташкилдиханда як хел аст. Он бо дур ох амали мегардад: 1) интихоби кур-курона ( бо номи усули лотерияви ё куръапартои низ зикр мешавад), 2) интихоби гайри куркурона ( тавассути истифодаи чадвали ададхои зхтимоли татбик мешавад.Гайр аз ин чудокунии зхтимоли аз нигохи имконияти баргардонидан ва ё барнагардонидан курраи лотерияви ( ба чойи он метавон ному насаби респондент истифода гардад) ба дохили сабад боз дар навбати худ ба ду навъ чудо мешавад:

— интихоби тасодуфии такрори ( бо баргардонидани сакко)

— интихоби тасодуфии такрорнашаванда (бидуни баргардонидани сакко).

Дар ин чо саволе ба миён меояд, Ки ин ду усул бо якдигар чи монанди ва фаркият доранд? Дар мавриди аввал – куркурона\гайрикуркурона – мухаккик имконияти назорати чараёни интихобнамоиро дар ихтиёр дошт, харчанд у наметавонист ба он таъсир расонад, зеро интихобро на танхо дастони вай балки чадвали ададхои зхтимоли ба танзим медароварданд. Дар мавриди дуюм – такроршаванда\бебозгашт – танзими рафти ташкили интихобномаро гардиши сакко муайян менамояд; онро мумкин аст барои интихоби нав ба сабад баргардонанд ва чараёни интихоьро бидуни ичрои ин амал идома диханд. Агар харду табакабандии чудокунии оддии зхтимолиро дар системаи координатии декарди чойгир намоем ба чунин натича мерасем(расми 2)

Кайд кардан чоиз аст, Ки истифодаи интихобномаи зхтимоли танхо дар сурати мавчудияти шартхои муайян кобили кабул аст. Шарти асоси аз он иборат аст, Ки мухаккик дар ин маврид бояд руйхати кули элементхои умумияти генералиро дар даст дошта бошад. Дар сурати мавчудияти ин шарт мухаккик онхоро батартиб ракамгузори мекунад ва ба ичрои амалоти фавкуззир мепардозад. Дар холати истифодаи методи лотерияви ( ё куръапартои) доирачахои когазиро туи сабад чой дода, дакик онхоро аралаш мекунанд ва баъдан батартиб ба микдори пешбинишуда аз он чо доирачахоро берун мееоранд. Адади доирачахои беруновардашуда вохиди интихобиро ташкил медиханд. Ин амали душвор Буда, эхтиёткорию сахехиятро такозо мекунад, то ин Ки хар як элементи умумияти генерали имконияти дар умумияти интихоби чой гирифтанро пайдо намояд. Дар мавриди бузугхачмии умумияти генерали истифодаи ин метод захмати зиёдро металабад ва аз ру пайрави аз истифодаи ададхои зхтимоли дар ин холат максаднок аст. Дар чадвали ракамхои тасодуфи хамаи ададхо ба шакли гайримураттаб чойгир карда мешаванд. Вохидхои интихобшаванда ба тартиб ракамгузори мешаванд. Дар чадвал хамагуна нуктаи сархисобро интихоб намуда, ба самти пешаки муайяннашуда харакат мекунанд ва озодона тсамти харакатро тагйир медиханд ва хамин тавр шумораи зарурии ададхоро тибки хачми муайяннамудаи интихобнома чудо менамоянд. Масалан, агар хачми интихобномаамон 1507 вохидро ташкил дихад ва мо максади 150 нафарро барои тахкикот чудо кардани бошем, пас мо метавонем дар хар кадоме аз катакчахо, стунхои хамшафати чадвал барои берун овардани ракамхои зарури харакат намоем. Хаар вакте Ки раками аз 0001 сар карда то 1507 пайдо мешавад, мо гуфта метавонем Ки он шумораи интихобшавандаро муайян менамояд. Агар ракам бештар аз як маротиба пайдо шавад, пас ин ракам баъд аз маротибаи якум дигар ба зътибор гирифта намешавад. Агар мо ин амалро тавассути чор сутуни авали таблитсаи №2 ичро намуда, ба тартиб аз сутунчахо ба поён харакат кунем, пас ба интихобномаамон чузъхои тахти ракамххои зерин ишорашуда ворид хоханд шуд – 0799, 1016, 0084, 480 ва 1306. Ба хотири он Ки мо ракамхои барои худамон дилхохро чустучу намекунем, бинобар хамин хам ин гуна харакатро метавонем бидуни фаркият аз кули сутунхои чадвал ба рох монем. Имрузхо дар сурати мавчуд будани барномахои махсус вазифаи чадвали ракамхои тахминиро компютерхо метавонанд ичро намоянд. Онхоро одатан генераторхои ракамхои тахмини мегуянд. Дар мавриди пурсиши телефонии компютери дорои ин гунна барнома шуморахои телефонхои тахмини интихобшударо руи экран меорад.

Главный Редактор

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *