Фанни Сотсиология

Сохтори соҳавии иқтисоди миллӣ, такмили назария ва амалияи соҳабандӣ дар ҷумҳурӣ

С 1. Мазмун ва моҳияти сохтори иқтисод. Сохтори соҳавӣ, минтақавӣ, такрористеҳсолӣ, умумиқтисодӣ ва иҷтимоии иқтисоди миллӣ

С 2. Таҳлили сохтори соҳавии саноат, тахассуси корхонаҳои саноатӣ, мавқеъ ва нақши соҳаҳои алоҳидаи он

С 3. Сохтори соҳавии кишоварзӣ, муаммоҳо ва маҷмӯи чорабиниҳои ба рушди соҳа мусоидаткунанда

С 4. Сохтори соҳавии нақлиётӯ алоқа. Муаммоҳо ва дурнамои рушди соҳаҳо.

Саволи 1. Бояд қайд намуд, ки рушди самараноки иқтисоди миллӣ аз сохтори ӯ вобастагӣ дорад ва сохтор то чи андоза мукаммал бошад, ҳамон қадар ба рушди иқтисод мусоидат менамояд.

Сохтори иқтисоди миллӣ –таркиби дохилӣ ва пайвастагии соҳаҳо ва узвҳоро ифода намуда, на танҳо ҷиҳати миқдорӣ, балки сифатии онро, вобаста ба таносубҳои дохилӣ инъикос менамоянд. Сохтори иқтисоди миллӣ чун ифодакунадаи дараҷаи таркибёбии иқтисодиёт мутобиқи шароити замон арзёбӣ мешавад.

Сохтор доимо дар ҳолати инкишофу тагйирёбӣ қарор дорад, ки онро ҷунбиши (лағжиши) сохторӣ меноманд. Ингуна ҷунбиш дар шароити бозор бештар дар натичаи рақобати бозорӣ ба миён меояд: ҳамчун оқибати муфлисшавии баъзе корхонаҳо ё соҳаҳои иқтисодиёт фаъолияти истеҳсолии худро қатъ мегардонанд, аз руи талаботи бозор баръаккс корхонаҳои нави истеҳсолӣ ва хизматрасонӣ бунёд мешаванд, ки фаъолияти онхо сохтори истеҳсоли маҳсулот ва хизматро дар минтақа ба куллӣ тагйир медиҳад.

Сохтори иқтисоди миллӣ, чи тавре ки қайд карда шуд таносуби миқдориро ифода мекунад, -таносуби байни соҳаҳо, байни гурӯҳҳои истеҳсолоти ҷамъиятӣ ё дигар қисматҳои иқтисоди миллӣ. Аз рӯи ин гунна таносубҳои сохторӣ иқтисоди миллиро ба чунин гурӯҳҳо ҷудо мекунанд:

-сохтори соҳавӣ; сохтори минтақавӣ; сохтори такрористеҳсолӣ; сохтори умумииқтисодӣ; сохтори иҷтимоӣ.

Сохтори соҳавӣ таносуби байни соҳаҳои иқтисодиёти кишварро ба монанди саноат, кишоварзӣ, сохтмон, нақлиёт, алоқа ва ғайра, яъне вазни хоси ҳар яки ин соҳаҳоро, масалан, дар истеҳсоли маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ё дар шумораи умумии кормандон муайян мекунад.

Сохтори минтақавии иқтисоди миллӣ таносуби минтақаҳои маъмурии мамлакатро, аз ҷумла вилоятҳо, шаҳрҳо, ноҳияҳо, минтақаҳои ҷуғрофӣ (минтақаҳои шимолӣ, ҷанубӣ, кӯҳӣ, водигӣ) муайян мекунад. Ингуна таносубҳо хислатҳои ҷойгиршавии қувваҳои истеҳсолкунандаро дар минтақаҳои алоҳида ва омилҳои тақсимоти объектҳои истеҳсолиро муайян мекунанд. Тансубҳои минтақавӣ аз рӯйи ҳаргуна нишондиҳандаҳо –истеҳсоли маҳсулот, шумораи аҳолӣ, миқдори фондҳои истеҳсолӣ ё аз рӯйи дигар иктидорҳои истҳсолӣ муайян карда мешаванд.

Аҳамияти сохтори такрористеҳсолӣ дар он аст, ки бо ёрии он таносуби бахшҳои истеҳсолӣ ва ғайриистеҳсолӣ, хизматрасони муайян карда шуда, тамоюли инкишофи ин соҳаҳо ва инчунин дурнамои онҳо аз руйи пешгӯиҳои илмӣ асоснок карда мешаванд.

Сохтори умумииқтисодӣ хоҷагии миллиро аз нуқтаи назари таносубҳои байни истеҳсолот ва истеъмолот, байни истеъмолот ва андӯхт, аз руйи таносубҳои дигари иқтисодие, ки дар дохили нишондиҳандаҳои макроиқтисодии мамлакат ҷой доранд, баррасӣ менамоянд.

Сохтори иҷтимоии иқтисоди миллӣ дар шароити бозор таносуби бахши давлатӣ ва ғайридавлатиро аз руи нишондиҳандаҳои гуногуни иқтисодӣ таҳлил намуда, дар бораи инкишофи муносибатҳои бозорӣ, ҷараёни хусусигардонии моликият, равнақи соҳибкорию рақобат ва дигар ҷарёнҳои иқтисодӣ маълумот медиҳад. Сохтори иҷтимоӣ инчунин таносуби табақаҳои алоҳидаи аҳолиро аз руйи даромади онҳо, таносуби мардуми камбизоат ва сербизоат, беҳтар намудани шароити зисту зиндагии мардум ва дигар чиҳатҳои ҳаёти иҷтимоии аҳолиро баррaсӣ намуда, маълумотҳои зарурӣ пешкаш менамояд.

Сохтори иқтисодиёти миллӣ таносубҳои намбаршударо ба тариқи вазни хоси ин ё он узв бо ифодаи фоиз, коэффициент, афзоиши мутлақ ва ё нисбӣ ва дигар нишондиҳандаҳои оморӣ муайян карда ҳар яке аз ин нишондиҳандаҳо аҳамияти хоси худро дорад ва ҷиҳатҳои алоҳидаи иқтисодиётро ифода менамояд.

Саволи 2. Cаноат яке аз соҳаҳои муҳим ва дар айни замон пешбарандаи иктисоди миллӣ ба ҳисоб рафта, афзоиши истеҳсолоти саноатӣ имкон медиҳад, ки таъсиси ҷойҳои нави корӣ суръат ёфта, ба ин васила ба ҳалли проблемаҳои камбизоатии аҳолӣ мусоидат карда шавад. Барои чунин рушд Тоҷикистон дорои имкониятҳои кофӣ мебошад (, мавҷудияти канданиҳои фоиданок, истеҳсоли ҳаҷми назарраси маҳсулоти кишоварзӣ, музди меҳнати на он қадар баланд ва г.).

Бояд қайд намуд, ки дар солҳои истиқлолият саноати гуногунсоҳаи кишвар ба таназзули амиқ рӯ ба рӯ шуд: дар муқоиса бо соли 1991 ҳаҷми истеҳсолоти саноатӣ дар соли 1996 то 34.2 фоиз ва дар солҳои 2004 -2005 то 63,6 фоиз паст гардид, ки ин бегуфтугӯ ба сатҳи камбизоатии аҳолӣ таъсири манфӣ расонд. Сатҳи самти ашёии саноат афзоиш ёфта, беш аз 58 фоизро ташкил медиҳад. Дар сохтори истеҳсолоти саноатӣ Заводи алюминийи Тоҷикистон бо вазни қиёсии беш аз 40 фоиз нақши асосиро дошта, фаъолияти содиротии он аз тарифҳо ба қувваи барқ, тарифҳои нақлиётӣ нархи гилхок ва алюминий вобаста мебошад. Ҳиссаи саноати кӯҳкорӣ аз сабаби сатҳи на он қадар баланди сармоягузориҳо, хароҷоти назаррас барои коркарди конҳо, даромаднокии пасти корхонаҳои дахлдор, аз нигоҳи техникӣ ба таври кофӣ муҷаҳҳаз набудани онҳо, заминаи сусти институтсионалӣ ва ҳуқуқӣ, маҳдуд будани дастрасии инвесторҳо ба иттилоот ҷавобгӯи нерӯи мавҷуда намебошад.

Бо вуҷуди ин дар солҳои охир вобаста ба заминаи пасти ибтидоӣ рушди истеҳсолоти саноатӣ бо суръати баланд идома дошт. Манбаъҳои асосии рушд мухталиф буданд: агар дар оғоз ба истиқрори сулҳ дар Тоҷикистон вобаста бошад, рушди имрӯзаи саноат ба маблағгузаронии муҳоҷирони меҳнатӣ, баланд гардидани талаботи дохилӣ алоқаманд аст. Тоҷикистон барои рушди истеҳсолоти аҳамияти минтақавӣ ҷиҳати коркарди саноатӣ дорои захираҳо ва (маҳсулоти кишоварзӣ, алафҳои доруворӣ, ангишт, тилло, сангҳои қиматбаҳо, дигар захираҳои моддӣ) ва инфраструктураи зарурӣ мебошад (дар дурнамо, баъди ҳалли проблемаҳои таъминот бо энергия).

Таҳлилҳо нишон медиҳад, ки сабабҳои асосии таназзули истеҳсолоти саноатӣ ва суръати нокифояи барқарорсозии он аз инҳо иборатанд: ғунҷоиши на он қадар баланди бозори дохилӣ, қатъ гардидани робитаҳои қаблии кооперативӣ, мавҷуд набудани сиёсати дақиқи саноатӣ, сатҳи баланди танзим; маҳдуд будани таҷриба ва дониш дар соҳаи менеҷменти саноатӣ, маҳсулнокии нокифояи қувваи корӣ (танҳо 45 фоиз аз сатҳи Хитой, ду маротиба камтар нисбат ба Полша ва Ҳиндустон); сатҳи баланди фарсудашавии таҷҳизот ва технологияи кӯҳна, мушкил будани дастрасӣ ба сармоя, сифати номатлуби маҳсулоти истеҳсолшаванда; бад гардидани шароити ҳамлу нақл, таъминот бо газ, об, гармӣ ва қувваи барқ.

Гузаронидани ислоҳоти институтсионалӣ дар бахши саноат на танҳо ба баланд бардоштани нерӯи мақомоти идоракунии давлатӣ, инчунин ба такмили системаи идоракунӣ нигаронида шудааст. Инвентаризатсияи иқтидорҳои мавҷудаи саноатӣ ва таҳлили корхонаҳои саноатии хусусигардонидашуда (азнавташкилшуда) имкон медиҳад, ки заминаи иттилоотӣ беҳбуд ёфта, усулҳои баланд бардоштани самарабахшии моликияти давлатӣ таҳия карда шавад.

Такмили қонунгузорӣ дар соҳаи саноати кӯҳкорӣ ва беҳбуди дастрасии инвесторҳои имконпазир ба иттилоот метавонад ҷиҳати фаъолтар гардидани инвесторҳои мустақим ба ин соҳаи сармояталаби саноат мусоидат намояд. Бояд имконияти кишвар ҷиҳати ҷалби бештари инвеститсияҳои хусусӣ ба ин соҳа, аз ҷумла таҷдиди қонунгузории андоз, қонунгузорӣ дар бораи моликият беҳбуд бахшида шуда, системаи таъминоти иттилоотӣ оид ба конҳои мавҷуда ба инвесторони имконпазир, таҷдиди сохтори системаи бақайдгирӣ ва интиқоли ҳуқуқ барои соҳибии конҳо, таълими кадҳои миллӣ созмон дода шавад.

Фароҳам овардани шароитҳои мусоид барои соҳибкори хурди саноат на танҳо шуғли босамарро таъмин менамояд, ҳамчунин метавонад ба рушди умумии саноат ва диверсификатсияи иқтисодиёт мусоидат намояд.

Барои истифодаи афзалиятҳои истеҳсолии Тоҷикистон дар доираи вазифаҳои «Дастгирии рушди самтҳои афзалиятноки саноат» маҷмӯи чорабиниҳо пешбинӣ мегардад. Ин тадбирҳо асосан ба пешниҳоди лоиҳаҳои асосии инвеститсионӣ барои саноати сабук ва озуқаворӣ, аз ҷумла сохтмони корхонаҳо бо сикли пурраи коркарди пахта ва дигар ашёи кишоварзӣ алоқаманд мебошанд. Дар онҳо ба саноати масолеҳи бинокорӣ, бо дарназардошти афзоиши талабот ба маводи сохтмон аз ҷониби объектҳои сохташавандаи энергетикӣ, роҳсозӣ, дигар объектҳо, инчунин аҳолӣ таваҷҷӯҳи махсус зоҳир мегардад. Барои ҷалби инвеститсияҳо ҷиҳати коркарди алюминий, металлҳо ва сангҳои қиматбаҳо ва саноати кӯҳкорӣ бештар кӯшиш ба харҷ дода мешавад. Бо дарназардошти талаботи афзоянда аз ҷониби соҳаи кишоварзӣ пешниҳоди лоиҳаҳо ҷиҳати таъсиси истеҳсолот оид ба тавлиди қисмҳои эҳтиётӣ, сохтани техникаи нави кишоварзӣ пешбинӣ мегардад. Беҳбуди таъминоти объектҳои соҳибкорӣ хурд, инчунин хоҷагиҳои ҳавлигӣ бо энергия метавонанд ба татбиқи лоиҳаҳо оид ба истеҳсоли таҷҳизот барои тавлиди энергияҳои алтернативӣ (шамолӣ, офтобӣ) ва газҳои биологӣ мусоидат намояд, ки мустақиман ба паст кардани сатҳи камбизоатӣ дар ноҳияҳои дурдасти Тоҷикистон вобаста мебошад.

Бо дарназардошти муҳимии нақлиёт ва энергетика дар таъмини суръати баланди рушди иқтисодӣ ва оддигардонии дастрасии аҳолӣ ба хизматрасониҳои иҷтимоӣ лоиҳаҳои нави пешниҳодшаванда дар ин соҳаҳо ба матритсаи бахшии фаъолияти СПКСК барои 2007-2009 ворид гардиданд.

Хамин тавр, татбиқи тадбирҳои зикргардида имкон медиҳад, ки дар соли 2009 ба муваффакиятхои зерин ноил гардем:

-дар бахши инфраструктура – муомилоти мол ва мусофиркашонӣ мутаносибан 12.6 фоиз ва 4.7 фоиз афзоиш ёбад, ҳиссаи бахши алоқа нисбат ба ММД 38 фоиз зиёд гардад;

-дар бахши энергетика – давомнокии ҳисоби миёнаи шабонарӯзии додани қувваи барқ ба истифодабарандагон аз 16 то 20 соат идома ёбад, касри квазифискалӣ аз 20.5 то 0 фоиз паст гардида, ҷадвали дақиқи додани газ, қувваи барқ ва гармӣ ҷорӣ карда шавад;

-дар бахши саноат – ҳаҷми истеҳсолоти саноатӣ аз ҳисоби барқарорсозӣ ва рушди корхонаҳо 25.6 фоиз, рушди ҳосилнокии меҳнат дар саноат 16 фоиз, рушди саноати содиротӣ 18 фоиз ва афзоиши шумораи кормандон дар саноат 20.5 фоиз таъмин карда шавад.

Саволи 3. Кишоварзӣ соҳаи муҳими иқтисодиёти ҷумҳурӣ ба ҳисоб меравад. Дар ин соҳа то солҳои 90-ум 35-36% маҳсулоти умумии дохилиҷумҳурӣ истеҳсол карда мешуд. Анқариб 39%-и фондҳои асосии истеҳсолии ҷумҳурӣ дар ин соҳа ҷамъ оварда шуда буданд. Зиёда аз 42 % аҳолии қобили меҳнати ҷумҳурӣ дар ин соҳа машғули кору фаъолият буданд. Яъне кишоварзии ҷумҳурӣ ба як низоми мутамаркази хоҷагидорӣ табдил дода шуда буд. Бешак, амалкарди чунин як низом, як муддати муайян тараққиёту пешравии соҳаи кишоварзии ҷумҳуриро таъмин карда тавонист. Аммо, нобасомониҳои сиёсӣ ва иқтисодии солҳои 1992-1997 ба фаъолияти хоҷагидории корхонаҳои кишоварзӣ таъсири манфӣ расониданд, ки дар натиҷа ҳаҷми истеҳсоли маҳсулотҳои кишоварзӣ мунтазам паст шудан гирифтанд.

Маҳз бо кӯшишу дастгирии ҳамаҷонибаи ҳукумати ҷумҳурӣ дар соли 1997 пастравии ҳаҷми истеҳсоли маҳсулотҳои кишоварзӣ боздошта шуда, истеҳсолоти кишоварзӣ рӯ ба инкишоф овард. Дар солҳои 2006, 2007-ум дар кишоварзӣ мувофиқан ба солҳо 69%, 80%-и ҳаҷми маҳсулоти умумии кишоварзии соли 1991-ум истеҳсол карда шудааст. Дар шароити имрӯза низ кишоварзӣ яке аз соҳаҳои муҳими иқтисодиёти ҷумҳурӣ ба ҳисоб меравад, ки дар он 26-27% маҳсулоти умумии дохилии ҷумҳурӣ истеҳсол карда мешавад. Ҳамчунон, 74,3% аҳолии ҷумҳурӣ дар деҳот сукунат меварзанд. Мувофиқи баъзе маълумотҳои аз 3/2 ҳиссаи даромадҳои аҳолии деҳот ба соҳаи кишоварзӣ алоқамандӣ дорад.

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки соҳаҳои растанипарварии кишоварзӣ дар истеҳсолоти кишоварзӣ нақши муҳимро мебозад. Масалан дар соли 2007-ум дар соҳаҳои растанипарварӣ 72,0% маҳсулоти умумии соҳаи кишоварзии ҷумҳурӣ истеҳсол шудааст. Ин чунин маъно дорад, ки корхонаҳои кишоварзии ҷумҳурӣ асосан ба соҳаи растанипарварӣ махсус гардонида шудаанд. Зимни таҳлилҳо мо аз маълумотҳои омории ҷумҳурӣ ва маълумотҳои Вазорати кишоварзи, ки таҷрибаомузиамон дар он чо гузашт, бо қадри имкон истифода намудаем. Маълумотҳои омиорӣ аз он гувоҳӣ медиҳанд, ки дар соли 1991-ум ҳиссаи соҳаи растанипарварӣ дар ҳаҷми маҳсулоти умумии кишоварзӣ 67,0% ва соҳаи чорводорӣ 33,0%-ро ташкил медоданд. Дар соли 2007-ум ин нишондиҳандаҳо мувофиқан ба соҳаҳои растанипарварӣ ва чорводорӣ 72,0% ва 28,0%-ро ташкил медиҳанд. Ин нишондиҳандаҳои арзиши гувоҳӣ онанд, ки дар соҳаи кишоварзии ҷумҳурӣ растанипарварӣ мавқеи аввалиндараҷаро ишғол менамояд. Маълум аст, ки соҳаи растанипарварӣ барои равнақи соҳаи чорводорӣ ва афзоиши ҳаҷми маҳсулоти он аҳамияти хело ҳам муҳим дорад.

Аммо чи тавре, ки дар боло гуфта гузаштем дар тараққиёти ин соҳа шароити муносибатҳои бозорӣ проблемаҳои мухталиф ҷой доранд. Ба фикри мо, ҳалли ин проблема аз бисёр ҷиҳат ба сиёсати иқтисодиии давлат дар сектори аграрӣ, дастгирии бевоситаи давлат аз фаъолияти соҳибкории хурду миёна ва кордонию корчалонии роҳбарони корхонаҳо, ташкили оқилонаи истеҳсолоти кишоварзӣ вобастагии калон дорад.

Масалан, дар соли 2007 нисбати соли 1991 ҳаҷми истеҳсоли зироатҳои ғалладонагиҳо 330 ҳазор тонна афзоиш ёфтааст. Ҳамчунон, истеҳсоли картошка дар соли 2007 нисбати соли 1991 ба миқдори 374 хазор тонна афзоиш ёфтааст. Чи тавре, ки қайд намудем ин афзоишро талаботи рӯзафзуни аҳолӣ ва зиёдшавии майдони кишти ин намуди зироатҳо ба вуҷуд овардааст. Дар соли 2007-ум нисбати соли 1991-ум истеҳсоли пахта – 371716 тон, тамоку – 7005 тон, полезиҳо – 4799 тонна кам шудааст. Умуман, дар соли 2007-ум дар соҳаи растанипарварӣ 87,3% ҳаҷми маҳсулоти соҳаи растанипарварӣ дар соли 1991-ум истеҳсол карда шудааст.

Сабаби паст гардидани ҳосили умумии зироатҳои кишоварзӣ дар ҷумҳурӣ, ин фарсудашавии базаи моддӣ-техникии хоҷагӣ, нарасидани нуриҳои минералӣ ва воситаҳои химиявии муҳофизати растаниҳо, танқисӣ кашидани хоҷагӣ дар мавсими обёрии зироатҳои кишоварзӣ, сари вакт нагузаронидани чорабиниҳои мелиоративию агротехникии кишту кори зироатҳо, танқисӣ кашидани хоҷагиҳо аз ҳисоби тухмиҳои хушсифати зироатҳои кишоварзӣ ва ғайраҳо мебошад.

Фикру андешаҳои дар боло овардашударо ҷамъбаст намуда, хубтару беҳтар мебуд барои пешгирӣ намудани муаммоҳои дар боло овардашуда ва рушди соҳaи кишоварзии мамлакат ҳалли чорабиниҳои зерин дар мадди аввал меистод: баланд бардоштани маҳсулонокии замин ва ҳосилноки зироатҳои обӣ, афзун намудани ҳаҷми истеҳсол ва зиёд намудани майдони кишти маҳсулотҳое, ки талаботи аҳолиро бо маводи озуқа таъмин менамоянд; аз худ намудани заминҳои барои обёрӣ мувофиқ ва дар даҳсолаҳои наздик ба масоҳати зиёда аз 1 млн. га расонидани заминҳои обӣ (дар ҳозира ин рақам 732,4 ҳазор гектарро ташкил медиҳад); самаранок истифода бурдани захираҳои замин ва роҳ надодан бо мақсадҳои ғайрикишоварзӣ истифода бурдани захираҳои замини аҳамияти кишоварзӣ дошта; қабул ва амалисозии Барномаҳои барқарорсозӣ ва рушди минбаъдаи зироатҳои кишоварзӣ, соҳаи чорводорӣ ва ғ., ба монанди барномаи боғу токпарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки барои солҳои 2005-2010 қабул шудааст; сари вақт пешгирӣ намудани ҷараёнҳои харобшавии истифодаи захираҳои замин (эрозия, шӯршавӣ, ботлоқшавӣ дар натиҷаи баланд шудани сатҳи обҳои зеризаминӣ) бо роҳи гузаронидани ҳар гуна чорабиниҳои комплексии мелиоративӣ; ҷудо намудани маблағҳои зарурӣ ва боз ҳам тезонидани ҷалби сармояи хориҷӣ барои рушду фаъолияти баъдинаи корхонаҳои кишоварзӣ, додани карзҳои имиёзнок ба деҳқонон ва фермерҳо, хариди техникаю таҷҳизотҳо бо усули лизингӣ, ҷорӣ намудани технологияи пешқадам ва ривоҷу равнақ додани корхонаҳои муштараки агросаноатӣ.

[амин тавр, танҳо дар ҳолати комплексии ҳалли чорабиниҳои дар боло овардашуда, то қадре ҳам бошад рушди соҳаи кишоварзии мамлакат таъмин гардида, истеҳсоли маҳсулотҳои асосии хӯрокӣ ру ба афзоиш ёфта, таъминоти амнияти озуқаворӣ ба қадре ҳам бошад ҳалли хамаҷонибаи худро хоҳад ёфт.

Саволи 4. Кайд кардан ҷоиз аст, ки яке аз элементҳои муҳими рушди иктисоди миллии Тоҷикистон аз нақлиёти роҳи оҳан (беш аз 80 фоиз аз ҳаҷми умумии муомилоти моли савдои хориҷӣ, тақрибан 50 фоизи сафари муҳоҷирини меҳнатӣ ба Россия, ҳамлу нақли беш аз се як қисми ҳамаи молҳо), автомобилӣ (беш аз 95 фоизи боркашониҳои дохилӣ) ва нақлиёти авиатсионӣ, инчунин соҳаи алоқа иборат мебошад.

Дар давраи баъд аз Шӯравӣ фаъолияти Роҳи оҳани Тоҷикистон (РОТ) таҳти ислоҳоти ночиз қарор гирифта, барои барқарорсозӣ ва азнавтаҷҳизонӣ ба маблағгузории назаррас эҳтиёҷ дорад. Мутобиқи маълумоти мавҷуда дар солҳои 1995-2002 маҳсулнокии Роҳи оҳани Тоҷикистон аз сабаби ду маротиба таназзул ёфтани ҳаҷми ҳамлу нақл ва 20 фоиз афзоиш ёфтани кормандон то 60 фоиз кам гардид. Сатҳи ҳосилнокии меҳнат низ ба як коргари Роҳи оҳани Тоҷикистон нисбат ба дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ камтар мебошад.

Дар шароити имрӯза дар Роҳи оҳани Тоҷикистон 85 фоизи ҳамлу нақл тавассути вагонҳои ширкатҳои хориҷӣ анҷом дода мешавад. Аз 950.7 км. роҳи мавҷуда мӯҳлати таъмири асосии 142 км. роҳ гузаштааст. Аз ин рӯ, бо вуҷуди зиёни зиёд, суръати ҳаракати поездҳо дар баъзе қитъаҳо то 15-20 км/ соат паст мегардад. Системаи сигнализатсия, алоқа ва системаи огоҳонӣ, таҷаммӯъ ва маҳдудгардонӣ хеле кӯҳна ва фарсуда аст. Байни стансияҳои Қӯрғонтеппа ва Кӯлоб хати алоқа ва таъминоти барқ вуҷуд надорад.

Вобаста ба хусусиятҳои ҷойгиршавии ҷуғрофии Тоҷикистон нақлиёти автомобилӣ дар ҳамлу нақли дохилӣ нақши муҳим дошта, ҳамчунин яке аз истеъмолкунандагони асосии маҳсулоти нафт ба ҳисоб меравад.

Манзару шароити кӯҳӣ бозори на он қадар калони Тоҷикистонро ба бозорҳои боз ҳам хурдтар тақсим менамояд. Роҳи оҳани дохилӣ рушд наёфтааст. Ҳамлу нақли асосии дохилӣ тавассути нақлиёти автомобилӣ анҷом дода мешавад. Махсусан дар фасли зимистон ҳаракат ба минтақаҳои кӯҳсори кишвар ниҳоят мушкил аст.

Дар кишвар беш аз 30 ҳазор км. роҳҳои автомобилгард истифода бурда мешавад, ки солҳои 1960-1990 ба истифода дода шуда, беш аз 16 ҳазор км. онҳо маҳаллӣ ва идоравӣ мебошанд. Ҳамаи роҳҳои автомобилгард таъмири асосиро тақозо менамоянд, аммо ҳаҷми маблағҳои мавҷуда барои пурра барқарорсозии онҳо нокифоя мебошад. Нақлиёти байналмилалии автомобилӣ барои ҳамлу нақли борҳои на он қадар калон ба масофаи кӯтоҳ ва миёна, инчунин самтҳое, ки хизматрасонии нақлиёти роҳи оҳан вуҷуд надорад, ниҳоят муҳим мебошад. Ҳоло нақлиёти автомобилӣ камтар аз 5 фоизи ҳамаи ҳаҷми ҳамлу нақли берунаро анҷом медиҳад, ки яке аз сабабҳои он аз ҷумла маҳдуд будани борҳои интиқолшаванда мебошад. Вале то дараҷаи муайян истифодаи хизматрасонии вобаста ба ҳамлу нақли автомобилии беруна аз сабаби баланд будани тарифҳо паст гардидааст. Ҳамлу нақли автомобилӣ аз Хуҷанд ба кишварҳои Бенилюкс нисбат ба ҳамлу нақл аз Тошканд ду рӯз зиёдтар ва барои ҳар як тонна 50 доллари ШМА гаронтар мебошад (аз ҷумла бо дарназардошти пардохтҳои ғайрирасмӣ).

Созишномаҳои байниҳукуматӣ, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи нақлиёт имзо намудааст, пурра татбиқ намегарданд ва аз ин нигоҳ ҳама гуна созишномае, ки шароити ҳамлу нақлро тавассути кишварҳои транзитӣ беҳбуд мебахшад, қобили дастгирист. Муттаасифона дар минтақаҳои Осиёи Марказӣ ҳанӯз ҳам проблемаҳои транзит, аз ҷумла вобаста ба талаботи техникӣ нисбат ба нақлиёти автомобилӣ ва пардохтҳои ғайрирасмӣ комилан ҳал нагардидаанд.

Дар ҳамлу нақл тавассути нақлиёти ҳавоӣ Корхонаи воҳиди давлатии ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр» афзалият дорад, ки асосан бо базаи тайёраҳои кӯҳна, хадамоти ёрирасон (базаи таъмир, тринажёр ва системаи таълим), инфраструктураи фурӯдгоҳҳо, инчунин хадамоти идоракунии ҳаракати ҳавоӣ ва иншооти статсионарии кӯҳна фаъолият менамояд. Сатҳи истифодаи тайёраҳо вобаста ба хароҷоти баланд ва афзоиши нарх барои сӯзишворӣ ниҳоят паст буда, аз ин рӯ ҳоло ҷиҳати иваз намудани онҳо бо тайёраҳои истеҳсоли кишварҳои ғарб тадбирҳо андешида мешаванд.

Сарфи назар аз тадбирҳои андешидашуда ҷиҳати кам кардани монополия ба ҳамлу нақли ҳавоӣ тарифи Корхонаи воҳиди давлатии ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр» дар муқоиса бо дигар ширкатҳои авиатсионии минтақа нисбатан баландтар аст, ҳарчанд баъзе ширкатҳои авиатсионӣ низ тавассути тайёраҳои собиқ Шӯравӣ хизматрасониро анҷом медиҳанд. Муҳоҷирони меҳнатӣ аз сабаби мавҷуд набудани чиптаҳо хароҷоти иловагиро ба зимма мегиранд, ки ин ҳам боиси коррупсия мегардад. Нокифоягии рақобат ва бад будани танзим ва шаффофият аҳдҳои байни боркашонҳои нақлиёти ҳавоӣ, фурӯдгоҳҳо ва идоракунии ҳаракати ҳавоиро тезу тунд месозад, ки он боиси қарздории зиёди корхона шудааст. Тарифҳо дар самтҳои ҳаракати дохилӣ хароҷоти мустақими корхонаро пӯшонида наметавонад ва ин барои корхона зараровар мебошад.

Бахши алоқа бо дарназардошти ғунҷоиши ками нақлиётӣ, меҳнатталабии зиёд ва сатҳи баланди дурнамои инкишофи бахши мазкур дар бозори ҷаҳонӣ барои рушди минбаъда ояндадор ба назар мерасад. Дар айни замон корҳо оид ба иваз намудани стансияҳои ҳаммонанди телефонии кӯҳна ба стансияҳои нави автоматии рақамӣ иваз карда шудаанд. Сатҳи шабакаҳои насбшудаи ҳамаи САТ-и дар ҷумҳурӣ ба рақамӣ ивазшуда 91,2 фоизро ташкил медиҳад. Минтақаи пахши барномаи телевизиони миллӣ 98 фоизи аҳолиро фаро мегирад. Алоқаи почта дорои шабакаи васеи корхонаҳо буда, вале аз сабаби зиёноварӣ таҳти дотатсияи давлат қарор дорад.

Главный Редактор

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *