Фанни Сотсиология

Интихоби систематики

Интихоби систематики миёни мухаккикон дар баробари интихоби тахминии сода ва хатто дар бисёр маврид аз он хам бештар хеле маъмул аст. Онро одатан интихоби механики хам ном мебаранд ва шакли оддишудаи интихоби тахмини ба шумор меравад. Интихоби хучрахои хонахои бисёрошёна ба ин мисол шуда метавонад. Хучрахо аз руи накшаи муайян ( хучраи канорагии дасти чап дар ошёнаи охири даромадгохи аввал ва г.). Агар пурсанда чадвали ракамхои тахминиро надошта бошад ва умумияти генерали на он кадар зиёд бошад дар он сурат руйхати истифода мебаранд. Тартиби ичрои ин амал он кадар мушкил нест: масалан агар шумораи вохиди умумияти генерали аз 2000 нафар корманди ягон корхона бошад, пас дар ин маврид аз руи зарурати интихоби 200 корманд барои пурсиш руйхати дар шуъбаи кадрхо мавчударо истифода мебаранд. Дар ин маврид умумияти генералиро бо вохиди интихобшаванда такисим намуда, кадами интихобро ( шаг выборки) муайян менамоянд. Вобаста ба натичаи ба дастомада хар нафари дахуми дар руйхат чойдоштаро мо имкони барои пурсиш интихоб карданро пайдо мекунем. Ин амалро тавассути формулаи математики чунин ишора мекунан:

K= N

n

ки дар ин чо к= кадами интихоби, N= шумораи умумияти генерали, n= вохиди умумияти интихоби аст.

Хамин тавр, барои ташкили чунин интихобнома дакик муайян кардани «кадами интихоб» ё ин ки «интервали чахиш» хамчун нишондихандаи математикии барои таъмини таносуби умумияти генерали ва умумияти интихоби пешбинишуда хеле мухим аст. Он нишон медихад, ки мо чи тавр шумораи дар руйхати одамон чойдоштаро метавонем аз умумияти генерали ба умумияти интихоби гузаронем. Вобаста ба ин мисоли дигарро овардан хело бамаврид аст. Фарз мекунем, Ки барои мо интихобномаи иборат аз 100 нафарро аз хисоби 5000 одам тартиб додан зарур аст, Дар сурати истифодаи интихоби систематики аввалан мо бояд фосилаи интихоби байни элементхои умумиро тавассути таксими он бо шумораи лозима ичро намоем. Яъне 5000 –ро бо 100 таксим намуда интервали чахишро 50 меёбем. Хамин тавр мо имконият пайдо мекунем, Ки хар кадом пачохумин нафарро хамчун респондент интихоб намоем. Вале интихоби нуктаи сархисоб тахмини сурат мегирад ва хатми нест, Ки он аз аввал огоз ёбад. Масалан агар тасодуфан нуктуи сархисоб аз адади 31 огоз ёбад, пас ба интихобнома нафароне ворид мешаванд, Ки тахти ракамхои 41, 51, 61 ва г. карор доранд.

Дар охир кайд кардан зарур аст, Ки дар асоси интихоби систематики на тартиби эхтимоли, балки фехристи алифбойи, картотекахо, чадвалхое, Ки зхтимолияти ба интихобнома воридшавии хамаи вохидхои умумияти генералиро таъмин менамоянд, гузошта шудааст.

Интихобномаи нохиябандишуда ва стратификатсияшуда

Агар умумияти генерали калон бошад – ин дар тахкикотхои амали зиёд ба назар мерасад – он вакт зарурияти таксими умумияти тахкикшаванда ба чузъхои якхела ва баъдан чудо кардани вохидхои муносиб пеш меояд. Чунин

шакли интихобро дар чомеашиноси интихобнамоии нохиябандишуда ё ин Ки стратификатсияшуда ном мебаранд. Унвони мафхуми аввал ба таксими умумияти интихоби аз нигохи махали чугрофии зист ва мафхуми дуюм аз руи табака (чинс, синну сол, даромад в.г.) далолат менамояд. Дар тахкикотхои бозоршиноси ин усул хамсатх дониста мешаванд, вале ин тавр нест, зеро дар асл онхо зинахои мустакили ташкили интихобнома мебошанд. Яъне мухаккик бо муайянсозии вохиди интихоб марбут ба ягон махал онро аз лихози хусусиятхои чинси, маълумот, даромад в.г. боз ба вохидхои хурдтар табакабанди менамояд. Бинобар хамин хам дар амалияи тахкикотхои байналхалки ин равишро танхо тахти унвони интихобномаи стратификатсиони ном мебаранд ва хадаф аз чунин интихобнома фарохам овардани имконияти якхела барои мариди тахкик карор гирифтани хамаи чузъхои умумияти генерали аст. Дар забони инглиси маънои калимаи «стратификатсия» ба кабатхо чудокуни, таксимкуни, чудокуни мебошад.Дар чомеашиноси калимаи мазкур аз геология, Ки барои ифодаи амудии ба кабатхо чудокунии кишри замин истифода бурда мешавад, иттихоз шудааст.Хаминтавр интихобномаи тасодуфии стратификатсиони ба интихоби хар як кабат, страта дар алохидаги асос ёфтааст. Ин сахехи натоич ва сарфаи вакт, харочотро муяссар месозад. Масалан агар ба зимаи мо омузиши сатхи камбизоатии ахоли вогузор шуда бошад, аз кадами аввал мо тахмин карда метавонем ин холат Аслан дар байни калонсолон, бекорон, оилахои серфарзанд в.г. зиёдтар ба назар мерасад ва мо метавонем ихтиёран хар кадоме аз ин табакаро интихоб намоем. Вале тавассути ин амал мо натоичи сахех ба даст оварда наметавонем. Бинобар хамин хам бо истифода аз усули интихобномаи тасодуфии тахмини, вакте ки бар хар як аъзои ин гурух имконияти якхелаи воридшави ба объекти омузиш дода мешавад мо ба сахехияти натоичи тахкикоти ноил гардем. Хадафи хама гунна табакабанди дар чараёни тартибдихии интихобнома ин баланд бардоштани аникии вохидхои интихобшаванда аст. Табакахо чунин берун оварда мешаванд, Ки парокандашавии (дисперсия) андозахои тагирёбанда дар дохили кабатхо нисбати байни хамдигарияшон камтар бошад. Дар чараёни ба табака чудокуни тагиротхои чузъии байни кабатхо баамалоянда ба хатогии миёнаи интихобнома дохил намешаванд ва тавассути тартиби чудокунии табакахо чуброн карда мешаванд. Аз ин ру чараёни ба табакахо чудонамоии реапондентхои пешбинишаванда нисбат ба интихоби тасодуфии содда бештар заминаи ба даст овардани маълумоти сахех фарохам месозад.

2.4.4. Интихобномаи лонави

Ин тарзи ташкили интихобнома , ки дар чараёни он объектхои чудокардашаванда на респондентхои алохида, балки гуруххои минбаъд мавриди пурсиши пурра кароргиранда мебошанд. Масалан, аз 200 гуруххи донишчуён, ки хар кадомашон иборат аз 15 нафар мебошанд, мумкин аст дар асоси интихобномаи тахмини 30 гурухх чудо шавад. Дар ин холат 450 бояд мавриди пурсиш карор гирад. Муътабарии интихоби лонавиро якхела будани хайъати гуруххо таъмин карда метавонанд. Ба сифати лона на танхо гурух инчунин махаллахо, нохияхо, кучахо в.г. баромада метавонанд. Ин тарзи ташкили интихобнома хеле камхарочот, нисбатан содда буда, сарфи вакти зиёдро талаб намекунад. Амалан ташкили интихобномаи мазкур чунин сурат мегирад: аввалан гуруххо ё лонаи чузъхо муайян шуда, руйхаташон тартиб дода мешавад. Танхо аз ин гуруххо баъдан чудо кардани чузъхо сурат мегирад. Масалан барои назархохии ахолии шахр 1000 одам пешбини шудааст. Азбаски руйхати тамоми ахолии шахрро мо дар даст надорем, мо тавассути харита махаллахои онро муайян менамоем. Руйхати мазкур колаби интихобномаро, ки аз он тахминан ва ё бонизом интихоби махаллахо ба рох монда мешавад, ташкил хохад дод. Баъдан чудокунии бинохо ба хамин тартиб дар дохили махаллахо сурат мегирад. Бо анчоми ин кор ба рох мондани алока бо хонаводахои бинохои чудошуда ва пурсиши ягон ахли ин хонавода пеш меистад. Агар тахминан 500 махалла мавчуд бошад аз онхо ба шакли тасодуфи 25 махалла интихоб мегардад. Дар ин махаллахо 4000 хонавода хаст. Алока бо чоряки онхо ба рох монда мешавад, чунки интихоби 1000 респондент зарур аст ва ин адади хонавода ба шакли тахмини ё бонизом муайян карда мешавад.

Методхои гайриэхтимолии ( гайритахмини ) ташкили интихобномахо

Интихобномаи гайриэхтимолиь- ин чунин тарзи интихоби чузъхоест, ки дар раванди он мо наметавонем пурра имконияти воридшавии хар як элементро ба умумияти интихоби пешбини наметавонем ва ин эътимоди моро ба муътабарии интихобнома то андозае махдуд месозад. Аз ин ру бештари маврид дар пажухишхои сотсиологи ба методхои интихобнамоии эхтимоли афзалият дода мешавад, харчанд баъзан тибки талаботи тахкикот зарурияти пайрави аз интихобномаи гайритахмини низ пеш меояд.Новобаста аз чихатхои номбаршудаи манфияш интихобномаи гайриэхтимоли аз як катор арзишхо низ бархурдор аст. Он дар самти пурра, хаматарафа кушодани пахлухои сифатии объекти омухташаванда имкониятхои васеъро метавонад дар ихтиёри мухаккик вогузор намояд. Он тавассути истифодаи методхои зерин амали мегардад: интихобнамоии номуташаккилона (стихияви), интихобнамоии хиссави(квотаги), лундаи барфи (снежный ком), махалли асоси в.г.

Усули интихобнамоии чузъхо дар интихобномаи гайритахмини аз усулхои анъанавии пештар омухтаамон фарк мекунад, харчанд хадафи хар кадоме аз онхо ба даст овардани заминаи муътабари тачассуми умумияти генерали дар умумияти интихоби аст. Вале дар фаркият аз интихобнамоии эхтимоли дар мавриди интихобнамоии гайриэхтимоли оиди к кулли объектхои омухташаванда хулосаи омори баровардан он кадар кобили кабул нест. Чунин хулосахо то андозае танхо нисбати умумияти генерали раво бошад. Ду шакли умумии интихобнамоии гайритахминиро чудо менамоянд: а) чудокунии маслаки ё ин ки максаднок ва в) номуташаккилона. Мохияти чудокунии маслаки аз он иборат аст, ки чузъхои интихобшаванда вобаста ба ягон тартиби пештар муаяншуда ба рох монда мешавад. Шаклхои маъмули ин тарзи интихобнамои ин методи «лундаи барфи» ва методи интихоби хиссави мебошанд. Методи аввал чунин амали гашта метавонад: масалан, агар барои мо пурсиши 300 нафари ягон гурух лозим бошад, вале мо дар даст танхо нишонии дах нафари онхоро дошта бошем, пас чустучуи аъзоёни дигари гурухро метавонем тибки рохнамоии онхо ба рох монем. Агар хар яке аз дах нафари пурсидашуда иловатан нишонии боз ду нафари дигарро ба хидмати мо гузорад ва онхо дар навбати худ боз нишонии ду нафарии дигарро хамин тавр мо дар зинаи панчуми пурсиш адади пешбинишудаи пурсидашавандахоро дастрас карда метавонем. Кайд кардан зарур аст, ки ин метод аслан дар мавриди чустучуи коршиносон (экспертхо ) , аъзоёни гуруххои камшумор – масалан истеъмолкунандагони ягон навъи махсулоти гаронкимат в.г. мавриди истифода карор мегирад.

Методи хиссави ё ин ки квотаги яке аз усулхои маъмули хини пурсишхои афкори умум истифодашаванда аст. Дар холати пешаки маълум будани маълумотхои омори оиди аломатхои санчишии чузъхои умумияти генерали аз ин метод пайрави ба амал меояд. Хама гуна маълумоти ба ин ва ё он аломати умумияти генерали марбут метавонад ба сифати квота кабул карда шавад. Дар ин холат респондентхо максаднок аз руи ба бузургихо, параметрхо мувофик омаданашон интихоб карда мешаванд. Дар кадами аввал якчанд аломати ба вохидхои умумияти генерали мансубро ба сифати бузурги, параметр кабул намуда, баъдан аз руи он интихоби респондентхо сурат мегирад. Одатан ин гуна бузургихо, параметрхои квотахо набояд бештар чор аломат бошад, зеро дар сурати зиёд шуданашон чустучуи респондентхои ба онхо муносиб душвор мегардад. Квотахоро хам вобаста ба параметрхои мустакил ва хам алокаманд муайян кардан мумкин аст. Намунаеро барраси мекунем, ки дар он таносуби умумияти генерали ва умумияти интихоби тавассути ду аломат, яъне тахассус ва маълумот таъмин карда мешавад. Чудокунии респондентхо вобаста ба ин аломатхо тавассути фоизхо ифода мешавад. Масалан агар барои пурсиш 200 нафар пешбини шуда бошад, пас хайъати он чунин ташкил дода мешавад, ки дар таносуби фоиз сохтори таксимшавии элементхои умумияти интихоби дар асоси ду аломати муайянгашта бо сохтори элементхои умумияти генерали аз руи хамин ду аломат мутобикат намояд. Аломатхо, маълумотхои пешбинишаванда аслан хусусияти ичтимоию демографи доранд.Онхоро бо кумаки маълумотхои омории расми асоснок менамоянд.Бинобар омузиши пешакии онхо барои мухаккик зарур ва хатми аст. Вакте ки дар ин асос интихобнома тайёр мегардад баъдан барои анкетёрхо варакахои рахнамо тартиб дода мешавад, ки дар онхо киро мавриди пурсиш карор додан у вобаста ба аломатхои ичтимоию демографияшон нишон дода шудааст. Дар хама маврид бояд риояи таносуби аломатхои ба респондентхо марбути умумияти генерали ва умумияти интихоби мадди назар бошад. Одатан ташкили интихобномаи квотаги дар зинаи охири омодасозии дастгохи тахкикоти сурат мегирад ва он ба нохиябандии шудани респондентхо асос мегузорад. Акнун сотсиолог таваччухи худро ба чустучуи респондентхои мувофик ба хусусиятхои демографии пешбинишуда равона месозад. (таблитса).

Барои фахмотар шудани мохияти ин усули бунёдии тахкикоти сотсиологии овардани мисоли мушаххасро зарур мехисобем. Масалан дар ягон тахкикоти марбут ба пурсиши афкори мардум оиди маъракаи интихоботи аз руи тафовути синну солашон пеш гузошта шудааст. Тахмин мешавад ки сохтори синнусолии ахолии минтакаи барои тахкикот пешбинишуда мумкин аст чунин бошад: таблитса) ст 112. н

Бо назардошти он ки ба интихобнома бояд нафарони на хурдтар аз 18-сола бояд ворид шаванд бинобар хамин хам мо ба сифати асоси интихобнома он кисми таблитсаро мегирем, ки дар он синну соли ахоли аз 20- сола боло аст. Ч унки чудо кардани нафарони 18-19-сола дар таблитса гайрииимкон аст. Дар натича умумияти интихобии ба даст омадаро чунин тасвир кардан мумкин аст: таблитса ст. 113).Чуноне ки мебинем шумораи хар як гурухи синнусоли хам дар умумияти генерали ва хам дар умумияти интихоби аз руи фоиз ба хам баробар аст.

Хамин тавр ташкили интихоби квотаги чузъи хатмии пажухишхои ичтимои аст, харчанд он нисбат ба интихоби эхтимоли дар натича фоизи хатогии бештареро дорад. Дар амалия интихоби тахмини камтар татбик мешавад, зеро барои ташкили он мухаккик бояд руйхати респондентхои пешбинишавандаро дар ихтиёр дошта бошад, вале ин хама вакт муяссар намешавад.

Главный Редактор

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *