Фанни Сотсиология

Ниходхои ичтимои

Чомеа аслан ин мачмуи ниходхои ичтимои аст. Уорну – хукукшиноси фаронсави, поягузори мактаби «Ниходи» ба шумор рафта, у ин мафхумро дар робита бо идеяхои афлотуни маънидод мекунад. Вай дар китобхои худ «Назарияи ниход ва созмонхо» менависад, ки идеяхои айни калб аз пайдоиши замину осмон вучуд доштанд ва ниходхои ичтимои бо ин идеяхо робита доранд. У ду навъ ниходхоро чудо мекард: як навъи мураккаб аз умури марбут ба низомхо ва коидахои рафтор ва навъи дигар ниходхое, ки шахсиятхоро дар гуруххои ичтимои бо хам муттахид мекунанд. Ба акидаи вай ниходхои ичтимои аз се омил ташкил мешаванд:

а) андешахо ва идеяхо; б) мудирияти созмонёфта; в) алокаи мутакобили аъзоёни чомеа. Гурухи бештари чомеашиносон муътакиданд, ки пайдоиш ва такомули ниходхои ичтимои аз андешахо сарчашма мегиранд. Масалан В.Ч. Самнер мегуяд, ки «Хар ниход аз як мафхум (фикр, тасаввур, акида, нафъ) ва як сохт (структура) ташкил шудааст. Сохт дар хукми чорчуб ё дастгоху абзор аст ва ё шояд битавон сохтро мураккаб аз иддаи коргузор донист, ки ба хотири хамкори, расидан ба максади муштарак мутахид шудаанд. Сохту мафхумро хифз ва барои наздик кардани он ба вокеъият ба тартибе, ки ба нафъи афроди чомеа бошад замина фарохам месозад».

Хамин тавр, аксаран таъкид мешавад, ки «Ниход» созмоне аст мураккаб аз меъёрхои ахлоки, намунахои рафтори нисбатан расми, умуми ва якхелае, ки дар гуруххои ичтимои вучуд дорад ва аз насл ба насл мунтакил мешавад.

Главный Редактор

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *