Фанни Сотсиология

Усулхои гузаронидани тахкикотхои сотсиологи

Дар пахухишхои чомеашиноси ба вижагихои кайди мавод дар шакли накли маълумоддихандахо оиди ин ва ё он пахлухои хаёташон ва хамчунин кайду тахлили сухбатхои сокинони махаллхо, ки марбути хусисияти фарханги анъанавию маишии онхост, ахамияти хос дода мешавад. Усуле, ки дар ин маврид васеъ ба кор гирифта мешавад дар чомеашиноси тахти унвони тахлили падида ёдовари мешавад.

Бояд кайд кард, ки фахмиши ягонаи ин усули илми чомеашиноси, бахусус дар Амрико новобаста аз бештар роич буданаш дар он чо, ба назар намерасад. Тахти мафхуми cais stady –пажухиши падидаи дар ягон объект ё фаъолияти инсон баамалоянда — аслан ба кор гирифтани чандин усули тахкикотии биографии, таърихи, мушохида ва инчунин эксперимент мадди назар дошта мешавад. Аз ин хотир агар Ч. Митчелл равияи тахкикотии мазкурро хамчун: »баррасии муфассли падида ё занчири ходисоти ба хам алокаманд, ки тибки акидаи мухаккик , баёнгари усули назарияви мебошанд» тавсиф кунад, пас Р. Йин онро хамчун пажухиши амалие маънидод менамояд, ки ходисотро дар заминаи вокеии хаёт дар сурати барангехтагии фарки падида ва контекст меомузад. Уолкер Р. Cais stady-ро ба гурухи пажухишхои сифати, ки дар онхо бештар мусохибаи амик, мусохибахои гурухи, тасвиру тасаввури падида аз чониба иштирокдорони он истифода мешавад, дохил менамояд. Дар фаркият аз мухаккикони фавкуззикр Ч. Плат cais stady-ро на хамчун методи мустакил, балки хамчун равиши тахкикоти муаррифи менамояд.

Нахуст усули мазкурро намояндагони мактаби маъруфи Чикаго дар солхои 1920-1930 васеъ ба кор гирифтанд. Ба сифати объекти пажухиши чомеашиносони мазкур аввалан мухочирони лахистони(У.Томас ва Ф. Знанецкий), сиёхпустони Чикаго(Ч. Чонсон), оворагардон-коргарони мавсимии ба Аврупо хичраткунанда( Н.Андерсен), чинояткории мутшккил дар Чикаго(Ч.Ландеско), корпартоихо(Э.Хиллер) ва гайрахо карор гирифта буданд.Бори аввал мухаккикони чикагоги дар ин раванд усулхои мушохидаи мушорикати, мусохибаи гайриструктурави, асноди шахсиро ба кор гирифтанд.Мачмуи тасвироти гуногуни ягон чанбаи хаёти умумияти омухташаванда аз чониби онхо cais stady ном гирифт.Ин монанд ба тасвироти хавлангези рузноманигори буд ва Э.Парк муътакид буд, Ки сотсиолог ин шорехи илман омодашудаю масъулиятшинос аст.Онхо одатан дар cais stady мусохибаи гайриструктуравиро истифод мебурданд.

Хамин тавр махз намояндагони мактаби Чикаго тадричан шеваи аз зинаи cais stady ба тахлили илмии сотсиологи гузаштанро тавассути истифодаи методхои Амалии (экспериментали) тафтиши фарзияхо ба рох андохтанд.Баъдан ин равиш инкишофи худро дар мактаби чомеашиносии колумбияги пайдо намуд.Методхои омори дар катори васоити пажухишхои сотсиологи дар соли 1940 маком пайдо карданд.Соли 1941 нахустин васоити таълимии омори барои чомеашиносон ба табъ расид, ки дар он ахамияти асоси ба арзиши маъмумотхои дода мешуд. Cais stady минбаъд аз мадди назар дур монда, ба сифати ченаки илми дар пажухиши сотсиологии зарурияти такя ба тасдики оморию репрезентативи пайдо кардани маълумотхои чаъоваришуда ба миён омад. Бо кабули аппарати риёзию омории пажухиши сотсиология инчунин меъёри илми эксперименталиро ба худ касб намуд. Сахми Э. Богардус ва Ф.Оллпорт дар ин чараён хеле зиёд аст.

Дар илми муосири чомеашиносии мо ва дигар кишвархои собик шурави мафхуми махсус алохида барои ифодаи ин метод вучуд надорад. Бинобар хамин хам баъзан онро «равиши монографии» меноманд, вале ахёнан хамон мафхуми англисии cais stady-ро бо тарчумаи «омузиши падида» истифода мебаранд. Намунаи наздики cais stady тахкикоти этнографии, мушохидаи мушорикати метавонад бошад. Умуман онро метавон хамчун пажухиши амики интихобии ягон масъала дар объекти муътабари алохида маънидод кард. Дар ин маврид предмети тахкик, алокаи он бо объект хеле муфассалу дакик омухта мешавад. Умуман тахлили холат шакли пажсухиши сифатиест, Ки объекти фарди алохида ё гурухи хурд мебошад. Предмети он метавонад танхо алокамандии вокеии адади аёнии одамон ва танхо дар ваъияти мушаххаси махсус бошад. Барои чамъоварии мавод дар ин маврид аз мушохидаи мушорикати ё бевосита, мусохиба, кайдхо, асноди бойгони, наворхо ва гайра истифода мебаранд.Техникаи мушохида дар cais stady бо техникаи мушохидахои антроологи хеле наздик аст. Аз мушохидакунанда дар ин маврид талаб карда мешавад, Ки харчи бештар муфассалтар холатро бо фазои зиндааш тасвир намояд.Кайди мушохидахо аз холатхо дар шакли озод сура гирифта, онхо Аслан хусусияти таърихи табииро доранд ва аз кайдхои сахрои фарк намекунанд. Дар хошияашон хулосахои таассуроти муааллиф мумкин аст замима гардад, Ки ин дар мавриди тахлили минбаъдаи назариявии мавод кумак менамояд. Чомеашиносоне, Ки аз ин усул васеъ истифода мебаранд, одатан фавран ба тахлили глобали намегузаранд ва чустучуи конуниятхои сабабу натича ва таъмини казоватхоро бо маълумотхои сахехи омори мавкуф мегузоранд.

Мохияти мухтавои ин шеваи пажухиш аз он иборат аст, Ки зимни омузиши як ё якчанд холат мухтавои равандхои амики дар чомеа баамлояндаро кушода, ходисаи мавриди омузишро бехтар дарк ва барои он тафсирхои гуногунро пешниход намояд. Дар чараёни ба кор гирифтани ин шеваи пажухиши ба мухаккик муяссар мегардд, Ки ба кишрхои амики хаёти харрузаи муаассисот фуру рафта, он чанбахои хастии онхоро руи варак биёварад, Ки онхоро тавассути пайрави аз методи анъанавии пурсишномави ба даст овардан амри мухол аст.

Яке аз хусуситхои методикаи истифодаи «тахлили холат» аз он иборат аст, ки зимни он аз мухаккик истифодаи методхои дакики адади талаб карда намешавад. Дар ин чо ахёнан мухаккик на бо макулахои омори, балки бештар бо гуруххои хурд сару кор мегирад.Барои хамин хам дар ин холат зарурияти гузаронидани анкета ва умуман нашри хучаттхои пажухиши аз байн меравад. Хатто чараёни мусохиба аз риояти талаботхои формали озод мегардад. Мухаккик бо респондентхо имконияти муоширати бевосита пайдо намуда, бо онхо оиди мавзуи пешбинишудаи худ сухбат меорояд, рафтори онхоро мушохида мекунад ва хатто дар баъзе холатхо баробари онхо дар баргузории маросиму расму оинашон ширкат мекунад. Чунин тарзи рафтори тахкикотиро баъзан метавон хамчун «мушохидаи наздик» ном ниход. Он зарурати амик фуру рафтани мухаккикро дар объект, дарки ангезаи рафтори аъзоёни гурух ва чалби онхоро барои мухокимаи вижагихои мушохидашаванда ба миён мгузорад.Хусусияти барномаи тахкикотии дар ин замина истифодашаванда хам аз он иборат аст, ки эхтимолияти тагйиру бозрассии хини татбики бевоситааш меафзояд.Барои хамин хам имконияти тархрезии муфассалу устувори баромаи «тахлили холат» нисбат ба тахкикотхои марбут ба пурсишхои хамагони Каме махдуд аст. Яъне барои мухаккик лозим аст, Ки бо аз мадди назар дур насохтани объект ва мавзуи омузиш хамеша омодаи берун рафтан аз барномаи пештар тархрезикардааш бошад, то он Ки маълумоти ба даст овардааш сахехтару барои кушодани чанбахои дигари пешбининашудаи мавзуъ шароит фарохам орад.

Одатан ду шакли амалишавии чунин тахкикот маълум аст. Яке аз онхоро «тахлили холат»-и монографии меноманд.Он чустучуи алокамандии предмети пажухишро бо объект такозо намуда, инкишофи ягон равандро дар вобастаги аз тахаввули мухити ташкилию иктисоди ва ичтимоифарханги барраси менамояд. Шакли дигари «тахлили холат»(онро васати ёбайниобъекти низ гуфтан мумкин аст) предмети пажухишро , Ки аз сархади объектхои гуногун убур менамояд, алохида чудо месозад. Хамин тавр бартарияти асосии методи мазкур аз он иборат аст, Ки он сарчашмахои гуногуни дарёфти маълумотро дар ихтиёри мухаккик карор медихад.Гайр аз ин дастрасии он барои мухаккикон мушкил нест

.Яке аз равишхои дигаре, Ки методи мазкурро таквият мебахшад ин методи тарчумаихоли(биографический метод) аст. Аслан дар чомеашиноси методи тарчумаихолиро яке аз шаклхои методи мусохиба низ мешуморанд, вале ахёнан дар Амалия ба сифати методи мустакил ба кор гирифта мешавад. Он барои тавсифи(описания) сохтори типики рохи хаёт ива хусусияти биографияи таъовуниинаслъои алохида дар асоси тахлили маълумотхои ичтимоию таърихи, рекоструксияи олами зиндагии афроди алохида дар асоси омузиши асноди шахси(мукотиба, рузномахо, хислатномахо ва г.) истифода мешавад. Дар адабиётхои англиси методи тарчумаихоли одатан хамчун life history зикр мегардад. Мохияти он иборат аз чамъоварии маълумотхои тарчумаихоли тавассути истифодаи равиши мусохиба аст ва аз ин ру хам онро бо методи «тахлили холат» наздик мехисобанд. Ин якчанд сабаб дорад. Пеш аз хама таваччухи харду метод хини чамъоварии мавод на ба респонденти аноними, гоиб , балки бо такя аз равиши инфироди ба зиндагиномаи инсони мушаххас нигаронида шудааст.Зиндагиномаи хар фард дорои вижагихои такрорнашаванда аст ва бинобар хамин хам хамчун «холати мушаххас» чилвагар мешаванд. Сониян харду методро бештар мухаккикон хамчун воситаи таквиятдихандаи методхои дигари чамъоварии маълумотхои аввала ва дар камтар маврид ба сифати методи ягонаи пажухиши истифода мебаранд. Аз ин метод мардумшиносон ва антропологхо нисбат ба сотсиологхо бештар истифода мебаранд. Зеро мардумшиносон тавассути он имконияти тачассуми нотакрори намунаи зиндагии мардуми махаллиро пайдо кунанд.Вале ба кор гирифтани ин метод барои чомеашинос низ аз ахамият холи нест, зеро маълумоти аввалаи тавассути он ба даст меомадагиро наметавон дар заминаи истифодаи дигар методхо муяссар гашт.Биография-хамеша тасвири(описание) нотакрори вижагихои хаёти инсон аст ва он аз замони таваллуди у сар карда пайваста саршори таърихи пиёдасозии муносиботаш бо дигарон аст.

Хамин тавр комилан маълум аст, Ки чи кадаре Ки мухаккик дар общинаи мавриди омузмшаш зиндаги накунад хам, вале имконияти пайгирона аз зиндагии кули афроди он аз огози зиндаги то замони маргашон мушохида карданро наметавонад дар ихтиёр дошта бошад. Аз ин ру маълумоти камбудро танхо бо як рох яъне таввассути аз нафарони собикаи назарраси хаёти дошта оиди пахлухои кобили таваччухи зиндагии аъзоёни умумияти мазкур суол кардан ба даст овардан мумкин аст.Ин метод ба рои онхое, Ки кушиши фарохтар сохтани уфуки пажухиши худро тавассути ба даст овардани маъмумот аз забони афроди мушаххасро доранд бештар мавриди истифода карор мегирад.Коркарди маълумоти тарчумаихоли тавассути амалиёти махсуси контент-анализ, омор ва типологиясози имконият медиханд, Ки оиди вижагихои анъанот, меъёрхои рафтори аъзоёни гурухи муайянро ба танзимдароранда ва г. Хулосахои амик бароварда шавад.

Ба миён омадани методи мазкур низ ба фаъолияти намояндагони мактаби Чикаго марбут аст. Яке аз рохнаварди ин чода Э.Берджес методи мазкурро ба заррабин ташбех дода мегуяд, Ки тавассути истифодаи ин усул ба чомеашинос дидани бозии равандхои зехнию акли ва ташаккули муносибатхои ичтимои муяссар мегардад.Дар доираи ин мактаб яке аз корхое Ки тавассути истифодаи васеи усули тарчумаихоли ба сомон расид ин асари дар солхои 1918-1920 ба табъ расидаи У.Томас ва Ф. Знанетский «Дехкони лахистони дар Аврупо ва Амрико» мебошад. Дар ин асарашон муаллифон бо такя аз истифодаи асноди шахси, мукотибот ва тарчумаи холхо равандхои марбут ба вижагихои мутобикшавии мухочирони лахистониро дар Амрико мавриди тахлил карор додаанд.Яке аз чузъхои ин асарро тарчума и холи мухочири лахистони Владек, Ки дар он у таассуроташро аз музофоти Копин Сар карда то хини ба Чикаго расиданаш баён мекунад.Хамин тавр минбаъд методи тарчумаихоли дар байни чомеашиносони чикагоги махбубияти хоса пайдо намуд. Аз солхои 1910 то 1930 зшон истифодаи методхои гуногуни руи усули case stady карор доштаро, ба монанди мушохидаи бевосита, мусохибаи гайрирасми, омузиши асноду хисоботхои расми ва г., васеъ ба рох андохтанд.Соли1916 Р.Е.Парк барномаи пажухиши ичтимоии шахрро дар Чикаго татбик намуд. Тахти таъсири тачрибаи пештараи рузноманигорияш таъкид дошт, Ки чомеашиносон бояд аз китобхонахо берун оянду «дастхояшонро Чиркин кунанд», яъне бевосита дар кучахо, рохравхои мехмонхонахо, баррхо ва г. мушохидаю мусохибахо анчом диханд. Тахти таъсири ин даъват соли 1920 чомеашиноси чикагоги К.Шоу бо истифода аз маъмумотхои тарчумаихолие, Ки бо хохиши у як чинояткори чавон руи дафтар оварда буд ва мухаккик ба он тахлили асноди нозирон, натоичи хулосахои табибон замима сохт, ба омузиши чинояткории ноболигон пардохт. Мачмуи хамаи ин маълумотхоро у хамчун «таърихи холат» арзёби намуд.

Методи тарчумаихоли меавонад дар шакли а) таърихи шифохи; б) таърихи зиндаги; в) таърихи хонаводаги зохир гардад. Гайр аз ин фарк кардани се шакли «таърихи зиндаги» роич аст- пурра, мавзуъи(тематики) ва вироисташуда.Байни методи тарчумаихоли ва мушохидаи мушорикати наздикии хеле зиёд ба чашм мерасад ва бинобар хамин хам онро хамзамон равиши мардумшиносии дастёби ба «тахлили холат» медонанд. Аксаран ба сифати сарчашмаи маълумотхои тарчумаихоли асноди шахси( хотирахо(мемуархо), ёддоштхо, рузнома-дафтархо ва г.) ё маводи мусохибаю сухбатхо хзмат мекунанд.Методи тарчумаиоли хамин тавр мутааллик ба сохаи методологияи пажухишхои сифати аст ва руи фарзияи тасдики имконпазир будани баркарории вокеияти хаёти ичтимои на танхо тавассути пайрави аз далелхои объективии бо рохи маълумотхои омори ба даст омада, балки хамчунин бо такя аз маълумотхо аз назари аввал шубхноки марбут ба андешаи одамон дар бораи худашон, хотироташон ва шархи холашон карор дорад. Мусохибаи шархихоли ин мачмуи саргузаштхои берабт набуда, балки раванди муташаккилу хамеша аз чониби мухаккик назоратшавандаичамъоварии маълумот мебошад.Одатан ба респондент оиди хадафу вазифахои мусохиба маълумот дода мешавад.Зимни сухбат суолхои рахнамунсоз пеш гузошта мешавад, то ин Ки гуфтугу максаднок пеш равад ва дар мавридхои зарури мусохиб муфассалтар чанбахои мухими мавзуъро тавасссути пешниходи саргузаштхои чолиб кушода дихад.Дар раванди мусохиба мухаккик пайваста аз респондент эзохи пахлухои норавшани мавзуъро такозо мекунад, Ки ин барои тахлили минбаъдаи назариявии маълумотхои ба даст овардашуда кумак менамояд.Маводи шархихоли кули маълумотеро, Ки барои донистни вижагии рузгории фардии инсон кумак мекунад, аз мадди назар дур намесозад.

Муносибати муттахассисон ба методи шархихоли дутарафа аст. Баъзехо муътакиданд, Ки дар шархи холи аз забони худи инсон баёншаванда заррае хам хакикатро пайдо кардан мумкин нест, зеро он бештар аз конструксияи ичтимои нест. Он метавонад саршори тахайюлот, носахех ва баъзан махсули хикоёти бофташудаи таваччухро аз асли максад дурсозанда бошад.Мусохиб бо ин васила мекушад рузгори худро дар назари мухаккик бонизому ори аз худхохи чилвагаар созад ва ба мухаккик на хамеша имконияти муйро аз хамир чудо кардан муясса р мешавад.Дар чунин холат чомеашинос дар вазъи ногувор меафтад, зеро аз як чихат дар ру ба руяш шохиди ходиса карор дорад ва у асосе барои ба вай бовар накарданро надорад, аз чихати дигар шохиди мазкур хамеша моили аз будаш зиёд пардоз додани симои худ аст.Аз нигохи умуми шархи хол ба хакикат наздик намояд хам, вале барои мухаккик махаки исботи он зарур аст. Кушиши санчидани хакикати мавзуъ аз забони хамсоягону хешовандон на хамеша мусбат анчом меёбад, зеро онхо низ аз субъективизм холи нестанд.Омили субъективи дар хама холат-тачрибаи хаёти, рафтор, чахонбинию баходихихо ба чашм мепасад. Чомеашинос метавонад дар ин маврид «таърихи зиндаги»-и фардро бо таърихи чомеа мукоиса намояд, зеро он аллакай сабти худро дар нашрияхои мухталиф пайдо кардааст. Вале хини омухтани чомеахои дар зинаи ибтидоии инкишоф карор дошта у чунин имкониятро надорад.Пас чунин ба назар мерасад, Ки чунин равиши тачрибави (эмпирики) наметавонад асоси боэътимоди маърифати илмиро ташкил дихад. Вале таваччухи мухаккикро таворихи хикоятшуда дар навбати охир ба худ чалб мекунад.Мухимтар он маънию мухтавоест, Ки мусохиб ба шархи холаш медихад.Мусохиб одатан хаёти гузаштаашро бо кумаки анъанахои фарханги, намунахои роичи рафтор дар назари мухаккик чилвагар месозад.Бо такя аз мухтавои ин хотирот мухаккик мекушад чанбаи типики ё махсуси хаёти ичтимоию фархангии гуруху умумияти муайянро мушохида намояд.Тавассути хикояи одамон оиди рузгорашон чсмеашинос кушиши тахкики таърихи ташаккулу тахаввули ниходхои ичтимоии чомеаи мушаххасро ба харч медихад.

Имруз аз методи шархихоли дар чомеашиноси, равоншиноси ва педагогика васеъ истифода бурда мешавад. Чомеашинос дар методи мазкур имконияти мушохида аз тагйири тадричии макоми дар зиндаги ишголкардаи инсонро мебинад. Дензин Н. равиши мазкури пажухиширо хамчун махорати истифодаи мухуккикона аз маълумотхои хамарузаи рузгори одамон, Ки лахзахои нотакрори инкишофи чомеаро чилвагар месозанд, мехисобад. Предмети равиши шархихолиро тачрибаи хаётии шахс ташкил медихад. Ахамияти ин метод аз хама бештар барои антропологхо зхсос мешавад. Зеро онхоро ахёнан зарурат пеш меояд, Ки бо намояндагони чомеахои тохатти, Ки хеч бойгонии маълумоти омори, фархангии хаттии барои пешбурди пажухиши амали кумаккунандаро дар ихтиёр надоранд, бархурд дошта бошанд. Дар ин холат онхо мачбуранд аз рафтори аъзоёни ин чомеахо пайваста мушохида намоянд, бо онхо мусохибахо анчом диханд ва бо хамин васила маънии рамзхо, урфу одат ва анъанахояшонро кушода диханд.

Главный Редактор

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *