Фанни Сотсиология

Чанъбахои сотсиологияи сохаи демографи ва мухити зист

Демография аз калимаи юнонии «демос» – халк, «графия» — навиштан, таркиббанди шуда, маънояш дар бораи халк навиштан, хисобгирии ахоли мебошад. Конуниятхои таракиёти хамачонибаи ба ахоли дахл дошта: сохтор, ходисот, афзоишро меомузад. Нахустин бор дар асари олими фаронсави А. Гийар «Унсурхои статистикаи омори ахоли ё демографияи мукоисави», ки соли 1985 ба истифода додаст, ин мафхум омада буд.

Аммо демография хамчун илм ба чихатхои ичтимоии чомеъа низ сару кор дорад. Зеро, ки чараёни таъгирёбии ин чанъбахоро вобаста ба фаъолияти ичтимоии одамон (гуруххо, коллективхо, оила ва гайра) муомила карда, таъсири онхоро ба иктисодиёт ва сиёсат нишон медихад. Масалан, дар дохили чумхури аз сабаби мигратсияи (чойивазкунии) ахоли аз шахр ба нохия ва аз махал ба шахр боиси каму зиёд шудани ахоли мегардад. Ин таъгирёбихо таъсири худро бешак ба хаёти иктисодию ичтимои мерасонад. Хамин тарик, вазифаи демографхо пешгуихои демографи бошад ва пешгуихои 20-30 соли ояндаро равшан созанд, сотсиологхо таъсири мусбию манфии пешгуихоро дар хаёти иктисодию ичтимои муайян мекунанд. Агар дуруст андеша намоем, демография ва сотсиология хамчун илмхои чудогона ба масъалахое дахл кардаанд, ки дар харду фан омухта мешаванд. Масалан, чойгиркунии ахоли, таъмини муътадили чойи кор, омузонидани касбу хунар, таъмини хизматрасонии тандурусти, илму маърифат, наклиёт боз дигар мавзуъхои ба махал, ба ахоли дахл дошта, масъалахои марказии омузиши илми демография мебошад.

Маълум аст, ки шумораи одамон ва зисти онхо дар чои мукими як хел нест. Вобаста ба сабабхои мухталиф шумораи онхо кам ва зиёд мешаванд, дар натича фаъолияти истехсолии онхо таъгир меёбад. Бинобар идораи шугли касбу кори одамон, зисту зиндагии онхо, мухайё сохтани фаъолияти корхонаю идорахо, ташкилоту муассисахои ба ахоли хизматрасон ва монанди инхо, ки ба мавзуъоти илми демография мансуб мебошанд, маркази диккати худ кунонанд.

Дар чанбаъхои демографи чихатхое низ вучуд доранд, ки мавзуъи бевоситаи демографияи сотсиологи мебошанд.

Сотсиология чунин масъалахои ичтимоиро дар пайвастагию вобастагии тамоми тарафхои мансуб дошта тахлил карда, бахри бехатару хубтар ба рох мондани кор дар хамаи самтхо тавсия медихад. Маълум месозад, ки дар ин ва ё он нохия, вилоят чи гуна проблемахо вучуд доранд, аз сабаби зиёд шудани ахоли нарасидани чойи кор танкисии ташкилоту муассисахои хизматрасон ва гайра, барои халли ин масъалахо чи чорахо бояд андешид. Зеро холати дуруст чойгир кардани ахоли, таъминоти моддию маънавии онхо маркази ахолинишин бурд мекунад, хар гуна масъалаи пеш омада метавонад сари вакт халли худро ёбад.

Барои инсон хангоми баррасии мавзуъот муайян гардид, ки чи илми демография ва чи сотсиология барои омухтани онхо таваччух додаст.

Аммо бо пешгузории чунин мавзуъоти монанд набояд фарки демографияро аз сотсиология фаромуш кард. Агар чукур назар кунем, мавзуъоти зикршударо чи демография ва чи сотсиология аз диди худ меомузанд. Масалан, демограф шумора, микдор, афзоиш, марг ва тавлидро хисобу китоб мекунад ва сабабхои руйдихандаи онро намечуяд. Сотсиолог бошад, сабабхои руй додан, хизматрасонии тандурусти, вазъи сиёсию иктисоди, ичтимои ва роххои бехбудии халли онро пешниход мекунад. Сотсиологхо на танхо фоиданокии чихатхои иктисоди (молию пули), инчунин таъсири хар як арзиши маънавиро ба чомеъа мавриди андеша карор доданд. Масалан, тайёр кардани мутахассисон. Вобаста ба таъмин ва ичрои кор, мутахассисон дар шахру нохияхо басанда, зиёд ё каманд. Хамаи он нафароне, ки маълумоти оли мегиранд, дониши кофиро доранд ё не? Оё аз ичрои вазифаи худ баромада метавонанд ё не? Оё барои баланд бардоштани сатхи иктисодиёти кишвар мутахассисони хоричиро даъват кардан лозим аст, ё кадрхои махалли аз ичрои ин ё он амал баромада метавонанд?

Бинобар ин, вазифаи сотсиолог нисбати халли мавзуъ дар он аст, ки тавассути хамкори бо мутахассисони илмхои дигар, тарики тадкикотхои сотсиологи пур кардани анкета, сухбат бо ахли касбу кор аккалан 20-25 соли оянда ва натичагирихои судбахши онро дар сохахои иктисод, сиёсат, ичтимои ва фархангии кишвар, тахкик кунад.

Сохаи дигаре, ки сотсиология бештар ба он сару кор дошта, дар бораи он хулосахо мебарорад ва мавзуъхояшро омухта тахлил мекунад, экология (зистшиноси) мебошад, ки ба хаёти ичтимоии мардум алокаи зич дорад. Гамхори зихор намудан ба инсон, ба шароити муътадили зисту зиндагони кумак расонидан ба одамони сину соли гуногун, касбу хунархо, аз чумла маводхои омузиш, сотсиологияи мухити зист мебошад. Одилона ба рох мондани чунин самтхои фаъолият, зарурати пешрафти хаёт мебошад. Инсон ва табиат, инсон ва чомеъа, инсон ва мухити зист, макоми таълим, тарбия, илм, маърифат дар фаъолияти инсон ва боз масоили дигар мухити зистро ташкил медиханд. Азбаски чамъият таъгир меёбад ва хар гунна муносибатхо падид меоянд, бинохо, табиат, омилхои биологию табии низ дигаргун мешаванд. Хусусан масоили мухим ва халли онхо: инсон, об, касалихо, санчиши техникаи кайхони, ярокхои ядрои масоили умумибашари гардидаанд, офатхои табии хар чанд зарар меоранд, лекин инсон ба кадри имкон харобихоро аз нав мекунад. Аз тарафи инсонхо пахн кардани касалихо, захролуд намудани обанборхо, хурокхо, вайрон намудани мухит боиси бадбахтихо дар чомеъа мебошанд.

Главный Редактор

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *