Фанни Сотсиология

Вазифаҳои (функсияҳои) асосии илми сотсиология ва алоқамандии онҳо бо ҳаёти иҷтимоии одамон дар ҷомеа

Фаҳмиш, моҳият, мазмун ва мундариҷаи вазифаҳои
(функсияҳои) сотсиология.

Бодиққатона мавриди омӯзиш, таҳлил ва хулосагирӣ қарор додани вазъи илмҳо, аз ҷумлаи илмҳои соҳаи ҷомеашиносӣ, ба хусус сотсиология, маълум мегардад, ки ҳар як илм, вобаста ба он масъалаҳое, ки мавриди омӯзиш қарор додааст ва баҳри бомуваффақиятона ҳал кардани онҳо мақсадеро пеша кардааст, кадом як вазифаеро (аниқ сохтани муаммо, равшани андохтан ба мазмун, мундариҷаи проблемаҳо, маънидод кардани мазмуну моҳияти воқеии масъалаҳои омӯхташаванда ва ғ.) адо мекунад. Вазифаи ҳар илмро пеш аз ҳама доираи амалиёти илмӣ — эҷодӣ, методологӣ, амалӣ, эҷодкорӣ, тарзи масъалагузорӣ ва монанди инҳо муайян менамояд.

Агар хоҳем, ки мақсади ин ва ё он илмро дар ҳаёти имрӯза хуб дониста гирем ва аз он мувофиқи зарурати пеш омада баҳроавар гардем, лозим меояд, ки ба масъалаҳои омӯзиши он: объект, предмет, мавзӯи таҳлилу хулосагирии вай, ки аз иҷрои вазифаҳои вай бар меоянд, аз наздик шинос шавем.

Ҷомеа чун объекти омӯзиши илмҳои гуногуни ҷомеашиносӣ қарор дорад. илмҳои соҳавии ҷомеашиносӣ аз он предметҳои худро ёфта гирифта кайҳост, ки тавассути ҷидду ҷадалҳои тадқиқотчиен ба бештари муаммоҳои ҷойдошта равшани андохта шудаанд. Вале ҳоло ва минбаъд ҳам ба охир расидани тадқиқотҳои эҷодиро интизор шудан хатост. То он даме, ки ҷомеа, инсон вуҷуд доранд омӯзишу хулосагирӣ кардан аз онҳо давом мекунад. Дар ин ҷода пеш дар пеш такмилу ташаккул додани фаъолияти эҷодӣ, талошҳои бурдноки олимон хеле ҳам зарур буда, маҳз бо қувваҳои эҷодии онҳо имконияте пайдо карда мешавад, ки ҷомеаро ба сӯи пеш тараққӣ ёбад ва то рафт дар зиндагӣ хушиҳои беҳтаринро соҳиб гардем. Он вазифаҳое, ки дар ин ҷода илми сотсиология ба зима дорад гуногун буда, тамоми паҳлӯҳои иҷтимоии вайро дар бар гирифтааст. Сотсиологҳои ҷаҳонӣ мутараққӣ дар асоси он бозёфтҳои илмие, ки ба даст овардашудаанд мақому мароми ҷаҳонӣ пайдо кардаи сотсиологияро исбот намуда, ояндаи бузург доштани вайро бо далелҳои зиёде ба аҳли илму фарҳанг, ҳамаи онҳое, ки аз ин илм баҳравр мегарданд барраси месозанд. инро муваффақиятҳое, ки дар иҷрои вазифаҳои доштааш сотсиология ба ҷо оварда истодааст баръало ҳис кардан мушкил нест. Ҷомеа инкишоф ёфта, мураккабтар мегардад ва вобаста ба ҳамин вазифаҳои сотсиология низ доираи амалиёташон васеъ (ва амалиётнокиашон) боз ҳам зиёдтар ба чашм мерасанд.

  1. Вазифаҳои асосии сотсиология ва алоқамандии онҳо дар ҳаёти

иҷтимоӣ.

Сотсиалогия аз диди предмети омӯзиши худ вазифаҳоеро ба дӯш дорад, ки ягон илми дигар, аз ҷумла илмҳои алоҳидаи ҷомеашиносӣ, ба ӯҳда гирифтан имконе ҳам надорад. Алоқамандӣ, пайвастагӣ, вобастагии риштаҳои гуногуне, ки дар паҳлӯҳои мухталифи ҳаёти иҷтимоӣ вуҷуд доранд ва чунин ҳолатҳо дар ҳолатҳои дигаргуншавӣ, тағйирёбии ҳамешагӣ қарор гирифтаанд, водор месозанд, ки бо таври муштаракона омӯхта, таҳлил, хулосагирии илмӣ — амалӣ ва методологие карда шаванд. Аз ин рӯ, ҳар он вазифае, ки сотсиология дар ин маънидодкуниҳо ба ҷо меоварад мебоист маҳс ба нуқтаҳои асосӣ: дараҷаи алоқамандӣ, пайвастагӣ, вобастагии тарафайни ҳодисаю воқеаҳои гуногуни иҷтимоӣ диққат дода истода, проблемаҳое, ки дар онҳо ҷой доранд, равшан маълум карда шаванд. Проблемаҳо бошанд кам нестанд ва боз тавассути инкишофу пешравии ҳаёти иҷтимоӣ дар ҷомеа, онҳо зиёдтар ҳам мегарданд. Вобаста ба объект ва предмети омӯзиши худ сотсиология асосан чунин вазифаҳои ҷолиберо ба ҷо меоварад: методологӣ, ҷаҳонбинии илмӣ, гумоншиносӣ ва ғайраҳои дигар. Яке аз вазифаҳои асоситарини илми сотсиология ба ҳисоб меравад.

Вазифаи методологӣ.

Методология гуфта дастури амал, роҳнамои ҳаллу фасли кадом як масъала, проблемаеро меноманд, ки дар он, яъне назарияӣ илмӣ- методологӣ аллакай нишон дода шудаанд ва бо мурури гузаштани давру замонаҳои зиёде дуруст будани он исбот гардидааст. Масалан, фалсафа асоси методологии ҳамаи фанҳои олам: табиатшиносӣ, ҷомеашиносӣ, гуманитарӣ ба ҳиссоб меравад. Зеро, ки мавзӯи омӯзиши вай олами кулл: табиат, ҷомеа ва инсон буда, файласуфон ҳанӯз аз замонҳои хело ҳам қадим дар бораи олами кулл маълумотҳои бешумори аниқу равшанеро пайдо кардаанд ва ҳар тадқиқотчӣ мебоист ба чунин бозёфтҳо такя карда, масъалаи омӯхтаистодаашро ҳал намояд.

Сотсиология бошад барои ҳамаи ҷомеашиносон: иқтисодчиён,

ҳуқуқшиносон, сиёсатмадорон, фарҳангшиносон ва ғ. дастури амалӣ мебошад. Барои он, ки сотсиология ба он тарзу усулҳое, ки дорад ва мавзӯи омӯзишеро, ки интихоб кардааст, метавонад ба ҷомеашиносон роҳи дурусти ҳалли проблемаҳои иҷтимоиро нишон диҳад.

Вазифаи дигари сотсиология ин характери Чаҳонбинии илмӣ доштани вай ба ҳиссоб меравал. Сотсиологияро омӯхта, кас дар бораи олами иҷтимоиёт, паҳлӯҳои мухталифи зисту зиндагӣ: иқтисодӣ, сиёсӣ, фарҳангӣ, ҳуқуқӣ ва ғ. маълумотҳои аниқу равшани илмӣ пайдо карда метавонад. Маърифати илмӣ пайдо кардааш ӯро имкон медиҳад, ки ба каҷфаҳмӣ, ғалат маънидод намудани ин ва ё он проблема роҳ надиҳад. Ба олами серпаҳлӯ доштаи ҳаёти ҳаррӯзаи инсон аниқу равшан, боварибахшонае, ки ӯ аз донишҳои сотсиологӣ хулосагирие пайдо кардааст, нигарад. Дар чунин ҳолат кас на ин ки ҳолати имрӯзу ояндаи наздикро нисбати ҳаёти иҷтимоӣ равшан маънидод карда метавонад, инчунин ба ояндаи дуру наздик- даҳсолаҳои минбада низ назари илмӣ карда, дилпурона фикру андешаҳо пешниҳод менамояд. Дар бораи характери илмӣ — ҷаҳонбинӣ доштани сотсиология ҳарф зада истода, бояд хотиррасон кард, ки дар олам се намуди ҷаҳонбинӣ: 1) асотирӣ; 2) динӣ; 3) илмӣ вуҷуд дошт ва ҳоло ҳам амал доранд.Сотсиология кулли проблемаҳои иҷтимоиро аз диди илмӣ таҳлилу таҳқиқ намуда исбот намуд, ки таълимотҳои диннӣ, асотирӣ ғайри илмӣ буда, инсонро бо роҳҳои нодурусти зиндагӣ, ҳато шояд рӯҳафтодагӣ, нобоварӣ ба фардои зиндагӣ мебаранд.

Яке аз вазифаҳои асосии дигари сотсиология ин Характери илмӣ эҷодӣ, навъоварӣ доштани вай исбот шудааст. Чи тавре, ки маълум аст, он масъалаҳое, ки ин ва ё он фан меомӯзад, ҳамеша дар инкишоф, таъғирёбӣ мебошанд. Чизи куҳнашуда аз байн меравад ба ҷои вай чизи нав меояд. Вазъият, шароит имкониятҳо, чӣ дар соҳаи ҳаёти иҷтимоӣ ва чӣ дар дигар соҳаҳо, тез — тез тағйир меёбанд. ин қонуни ҳаёт, зиндагӣ мебошад.

Тавассути чунин дигаргуниҳо проблемаҳои наву тоза ба миён меоянд. Аз ин рӯ лозим меояд, ки онҳо омӯхта, таҳлилу хулосагириҳо карда шаванд. Масалан, солҳои аввалини пайдоиши сотсиологияро гирем. Дар ин солҳо сотсиология характери позитивистиро дошта, аввалин қадамҳои вай ҳоло илмӣ набуданд. Солҳои 70-80-уми асри Х1Х-ро гирем. Дар ин солҳо аллакай чандин мактабу равияҳои ситсиологӣ пайдо шуда буданд. Сотсиология зинаи нисбатан баландтарини пешравиро аз сар мегузаронид. Дар бисёр мамолики ҷаҳон вай шинохта шуда буд. Зеро ки ба якзумра масъалаҳои иҷтимоӣ, ба монанди соҳаи фаъолияти меҳнатӣ, тарбия, оилаю оиладорӣ, ҳуқуқ, низом ва ҷавонон аз диди сотсиологӣ омӯхта, таҳлил карда мешуданд. Хулосаҳое, ки аз чунин тадқиқотҳо ба даст оварда мешуданд, ҷолиби диққат буданд. Дар охири асри 19 ва аввали асри 20 сотсиология дар ҷаҳон чун илм шинохта шуд. Соли 1892 дар Чикого (ШМА) аввалин факултети сотсиологӣ дар назди университет кушода шуд. Соли 1918 дар университети Санкт- Петербург ва соли 1919 дар университети ба номи Ломоносови ш. Москва кафедраҳои сотсиологӣ кушода шуданд. Оҳиста — оҳиста сотсиология мақому маромашро дар илмӣ иҷтимоиётшиносӣ маълум сохт ва ҳоло дар ҷаҳон яке аз шинохтатарин илмҳои ҷомеашиносӣ ба ҳисоб меравад. Даҳҳо мактабу равияҳои сотсиологӣ ба омӯзиши проблемаҳои гуногуни иҷтимоиёт машғул буда, имрӯз дастовезҳои зиёди илмиеро ноил гаштаанд. Дар Тоҷикистон низ аввалин маротиба соли 1964 дар назди собиқ шӯъбаи фалсафа (ҳоло пажуҳишгоҳи фалсафа) АУ ҶТ сектори сотсиология, таъсис дода шуда, ҳоло ҳамчун шӯъбаи бонуфузе дар ин ҷо амал дорад. Ҷомеа пеш меравад, проблемаҳо боз ҳам зиёдтар мешаванд. Проблемаҳои наву тозае ба миён меоянд, ки таввасути ҳалли муваффақиятноки онҳо характери эҷодӣ — илмӣ доштани сотсиология боз ҳам равшантар айён хоҳад гардид.

Ҷиҳати дигари омӯзиши сотсиологии ҳаёти иҷтимоӣ ин тавониста пешгӯиҳои илмӣ намудан аст, ки ин моҳият мазмуни вазифаҳои ояндабинии вайро ташкил медиҳад. Дар ҳақиқат ҳам илме, ки қудрати ояндабинии дуру наздикро пешгӯи карда наметавонад ва ё пешгӯиҳои вай дар амал татбиқ намеёбанд (исбот намешаванд, хом мебароянд) вай илм нест. Сотсиология маҳс тавассути бомуваффақият омӯхта, таҳлилу таҳқиқ кардан, хулосаҳои ҷуқури илмӣ карда тавонистааст, ки диккати аҳли ҷомеашиносонро ба худ ҷалб намояд. Сотсиологҳо ин ва ё он проблемаҳои иҷтимоӣ: меҳнатӣ, илму фарҳанг, иқтисодиёт, ҳуқуқ, тарбия ва ғайраҳоро омӯхта, таҳлил карда, аз онҳо хулосагирие мекунанд, ки ҳам барои имрӯзу фардо ва ҳам боз чандин даҳсолаҳои дигари зиндагӣ заруранд. Масалан, ҳоло дар ҷумҳурӣ дар асоси тадқиқотҳои васеъи иҷтимоиётшиносон то солҳои 2030-ӯм нақшаи аниқи таъмини пешрафти ҳамаи соҳаҳои ҳаёти иҷтимоӣ, иқтисодӣ, сиёсӣ, илму фарҳангшиносӣ, маданӣ ва ғ. дигар ба нақша гирифта шудааст ва маҳс ана ҳамин нақша ҳамчун «компас» дар воқеӣ гардонидани ҳар қисмати он (нақша) хизмат расонида меояд. Ояндабинии сотсиологӣ характери муштаракро дошта, паҳлӯҳои гуногуни бо ҳам алоқаманд доштаи ҳаёти иҷтимоӣ, иқтисодӣ, сиёсӣ, ҳуқуқӣ тарбиявӣ ва ғ. дарбар мегирад.

Сотсиология инчунин боз дигар вазифаҳои иҷтимоӣ, тарбиявӣ, гуманитарӣ, фарҳангӣ ва ғ. ба ҷо меоварад. Агар касс аз сидқи дил, ҷиддан, мақсаднок сотсиологиро мӯътадил аз бар намояд, бо боварии комил метавон гуфт, ки донишҳои ҳосил кардаи вай як ҷаҳони хеле ҳам васеъи ҷомеаю ҷомеашиносиро пайдо хоҳад кард. Дар раванди чунин суханон ҳамин нуқтаро низ бояд қайд намоем, ки барои ба илми сотсиология хуб шиносои пайдо кардан, онро комил дониста гирифтан донишҳои васеи фалсафӣ, ҳуқуқӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ, сиёсӣ ва монанди инҳоро низ доштан хеле ҳам заруранд. Зеро ки мавзӯи омӯзиши сотсиология ба аз худ кардани донишҳои иҷтимоие равона ёфтаанд, ки чунин дараҷаҳои донишҳои илмиро дошта гирифтан водор месозад.

Дар бораи вазифаҳои сотсиология сухан ронда истода, алоқамандии онҳоро ба ҳаёти серпаҳлӯдоштаи ҳаёти иҷтимоӣ набояд форомӯш сохт. Кадом масъалаеро, ки сотсиология мавзӯи омӯзиши худ қарор надиҳад вай кадом як ҷиҳати (паҳлӯи) ҳалли иҷтимоӣ мебошад (иқтисодӣ, маънавӣ ва ғ.). Ҳаёти иҷтимои бошад табиатан, объективан аз қисматҳои боҳам зич алоқаманд буда иборат буда, омӯзиши ҳар кадоме имкон медиҳад, ки касс (тадқиқотчӣ) дар бораи он хулосагирии тому ягонаеро пайдо намояд. Ҳаёти иқтисодӣ (хӯрок, либос, манзил ва ғ.) бо ҳаёти маънавӣ (ахлоқ, одоб, тарбия, фарҳангӣ ва ғ.) зич дар пайвастагии якдигар амал менамояд. Аз ин рӯ, якеро бе дигаре омӯхтану таҳлил кардан ва хулосае баровардан ғайри имкон мебошанд. Ҳамин аст, ки ҳамаи онҳоро дар ҷамъулҷам ҳаёти иҷтимоӣ меноманд.

З.Аҳамиятнокии иҷроиши вазифаҳои (функсияҳои) сотсиология
дар омӯзиш, таҳлил ва хулосагириҳои илмию назариявӣ ва амалӣ
аз проблемаҳои (қазияҳои) иҷтимоӣ.

Таҳлили вазифаҳое, ки илми сотсиология ба души худ гирифтааст нишон медиҳанд, ки онҳо (вазифаҳо) хеле ҳам аҳамиятнок буда, иҷроиши воқеии ҳар кадоме боиси чуқуртар сарфаҳм рафтан ба моҳият, мазмун, мундариҷа, мақсадҳое, ки дар ин ҷода вуҷуд доранд мегардад. Дар ҳаёти инсон рӯзғордории вай ҳар як масъалаи иҷтимоӣ, иқтисодӣ, илмию фарҳангӣ, сиёсӣ, маданию маишӣ, ҳуқуқӣ ва монанди инҳо барои омилҳои иҷтимоӣ мақому мароми худро доранд. Асосан, моҳияту мазмун, маъвои зисту зиндагии инсон ҳам он аст, ки дар олам ба дараҷаи хубтарини ҳаёти иҷтимои ноил гардад. Зеро маҳз дараҷаи баланди зиндагӣ инсонро хушбахт гардонида, таъбу завқашро ба зиндагии хушҳолона ҳидоят менамояд. Аммо ӯ дар чунин роҳи умеду мақсад ба даҳҳо, содҳо мушкилотҳои зиндагӣ рӯ ба рӯ мегардад ва дар ҷустуҷуи дарёфти ҳалли онҳо мешавад. Хуш аст, ки дар чунин ҷустуҷӯиҳо вай аз илми ҷомеашиносӣ, аз ҷумла сотсиология кӯмакрасон шуда, мушкилотҳои худро осонтар месозад. Ҳар он вазифае, ки сотсиология ба ҷо меоварад ин ба инсон хизмат кардан аст. Аз ҳаллу фасли муваффақиятноки масъалаҳои гузошташуда одамон, аҳли ҷомеа ҳаловат бурда, зиндагии хешро боз ҳам пурмазмунтар ба роҳ мемонанд. Донишҳои илмии ҳосилкардаи худро дар амалия васеъ истофода карда истода, одамони бомаърифат дар роҳи такмилу ташаккули ҷиҳатҳои гуногуни илми сотсиология (иқтисодӣ, илмӣ, ахлоқи) ҳиссагузори менамоянд. Аз он дастовезҳое, ки имрӯз сотсиологҳо чӣ дар соҳаи илму фарҳанг ва чӣ дар дигар соҳаҳои ҳаёти иҷтимоӣ ба даст овардаанд, бо хубӣ кушоду равшан мушоҳида кардан мушкил нест, ки маҳс тавассути мақсаднок ташкил карда гузаронидани тадқиқотҳои сотсиологӣ онҳо дар таъини пешрафти ҳаёти серпаҳлӯ доштаи иҷтимоию иқтисодии ҷомеа ҳиссагузориҳои хеле ҳам чашмрасе карда тавонистаанд. Алалхуссус, бозёфтҳои сотсиологҳо дар мамолики тараққи кардаи ҷаҳон: иМА, Англия, Франсия, Олмон, Русия, Қазоқистон ва боз даҳҳо дигар чунин давлатҳои ба ин ҷараёни тараққи ёфта дохил буда хеле ҳам бузурганд. Мактабҳои гуногуни сотсиологӣ: сотсиологияи меҳнат, сотсиологияи иқтисодиёт, сотсиологияи ҳуқуқ, сотсиология тарбия, сотсиологияи соҳаи муҳити зист, демографӣ барин боз дигар мактабҳои (равияҳо) паҳлӯҳои гуногуни ҳаёти иҷтимоии ҷомеаю ҷомеадориро мавриди омӯзиш таҳлилу таҳқиқ қарор дода, баҳри такмилу ташаккул сохтани соҳаҳои зикр шуда ҳиссагузориҳои зиёде карда истодаанд. Он проблемаҳое, ки ин мактабу равияҳои сотсиологӣ роҳҳои ҳаллу фаслашонро кушоду равшан дарёфтаанд, ҳам аҳамияти илмӣ — назариявӣ ва ҳам аҳамияти методологӣ ва ҳам, бечуну чаро, аҳамияти амалӣ (зиндагии ҳаррӯза)-ро доранд. Дар ин бора мисолҳои зиёдеро аз фаъолияти самараноки ин мактабҳо овардан мумкин аст. Масалан, намояндагони мактаби сотсиологии меҳнат ба хотири фаъол гардонидани аҳли меҳнаткаш, тавасути тадқиқотҳои илмӣ — назариявӣ ва амалиашон якзумра омилҳоеро дарёфт карда, дар амалия (фаъолияти меҳнатии одамон) ҷорӣ намудаанд, ки ҳоло ҳозир аз онҳо ҳам одамони алоҳидаи фаъолияти меҳнати дошта ва ҳам коллективҳои меҳнатӣ, дар ҷамулҷамии ҷомеа бурди калон доранд. Ташкили хубу самарабахшонаи ҷои кор, шароити меҳнат, технологияи истеҳсолот, ҷобаҷо гузории дурусти қувваҳои истеҳсолкунанда, сарфаю сариштакориҳо дар ҳамаи самтҳои фаъолият ва ғ. дигар аз ҷумлаи омилҳои хуби таъсиррасон ба афзун шудани натиҷагирӣ аз меҳнат ба ҳисоб рафта, аз диди хулосагириҳои сотсиологӣ ба роҳ мондани онҳо гуфтаҳои болоро тавқият мебахшанд. Чунин мисолро аз фаъолияти дигар мактабу равияҳои сотсиологии имрӯза низ ба хотир овардан мумкин аст, ки намояндагони ин мактабҳо низ тавассути ташкил ва гузаронидани тадқиқотҳои пурмаҳсулошон дар инкишофи илмӣ сотсиология ҳиссагузориҳои зиёде доранд.

Дар баробари чунин пешравиҳо бояд қайд намуд, ки ҳоло проблемаҳои ҳалнашуда, чӣ дар илмӣ-назарияии иҷтимоиётшиносӣ ва чӣ дар амалияи зиндагии ҳаррӯзаи одамони касбу кори гуногун кам нестанд. Ҳаминро дар назар дошта, имрӯз сотсиологҳо ба масълаҳое диққат дода меоянд, ки маҳс ҳалталабанд ва дарёфти роҳҳои ҳалли онҳо ҳам бурди илми сотсиология ва ҳам бурди ҷомеаю ҷомеадорӣ, алалхусус аҳли мардум мегардад.

Мардум аз илмӣ сотсиология умедҳои калон доранд. Сотсиологияро роҳнамои фаъолияти худ ҳисобида, аз илму назария ва дастовардҳои амалии вай баҳри боз ҳам беҳтару хубтар сохтани ҳаёти иҷтимоӣ васеъ истифода доранд. Аммо ҳарчи бештар будани мутахассисони касбии соҳаро, ки тақозои давру замона мебошад, набояд фаромӯш сохт.

Мавзӯи чорум: Мақоми сотсиология дар идоракунии илмии паҳлӯҳои гуногуни ҳаёти иҷтимоӣ дар ҷомеа.

Нақшаи ҳалли мавзӯъ

  1. Моҳият, зарурат ва мақсади идоракунии илмии ҷомеа: назария ва амалияи идоракунӣ.
  2. Нақши илми сотсиология дар беҳтар ба роҳ мондани идоракунии илмии ҷомеа.

АДАБиЁТ:

  1. Социлогия. Учебник для вузов.М., 1998, с. 235-258;
  2. Воробьёв К.А. Сотсиология. Учебное пособие для вузов М., 2005, с 457- 501;
  3. Кравченко А.и. Социология.Учебник М., 2003 с. 3-10, 11-22;
  4. Рабочая книга социолога. М., 1976, с 42-55;

5.Одина Ғуломов. Сотсиология. Д., «Маориф», 2000 с. 223-239, 298-335.

  1. Моҳият, зарурат ва мақсади идоракунии илми ҷомеа: назария ва амалияи идоракунӣ.

Давру замоне буд, ки ҳоло илм куҷуд надошт (ҷомеа общинаи ибтидоӣ, аввалҳои ҷомеаи ғуломдорӣ). Дар ин давру замон одамон аз диди назари худ, ки характери асотириро доштанд, ба ҳодисаю воқеаҳои гуногуни дар ҷомеа руҳдиҳанда маънидод мекарданд. Муттаҳид сохтани одамон, ба кор ҷалб сохтани онҳо ба таври стихиявӣ ба роҳ монда шуда буданд. Асосан одамонро талаботи моддии доштаашон (хурока, либос) муттаҳид месохт. Онҳо дар шаклҳои гурӯҳӣ: қавм, қабила, авлод муттаҳид гашта, «коллективона» амал менамуданд ва ба он мақсадҳое, ки доштанд, масалан ба даст даровардани хӯрока, либос ва ғ. ноил мегаштанд. Ҷомеа бошад пеш рафта, рӯз аз рӯз ранги навро пайдо мегирифт. Одамон, шуурнокии онҳо ташаккул ёфта, доираи фаҳмишашон нисбати мақоми дар ҳаёт доштани инсон волотар мешуданд. Оҳиста — оҳиста худшиносии онҳо рӯ ба боло мениҳад. Алалхусус, баъди пайдо шудани синфҳо (ғуломон ва ғуломдорон) одамон акнун минбаъд на аз рӯи қавму қабила ва авлодӣ ё худ хунӣ, балки вобаста ба дороию камдорӣ ва ё чизе надоштаи (камбизоатӣ) бо ҳам наздик мешуданд. Синфҳои доро бошанд тамоми ҷомеаро идора менамуданд. Мардуми бенаворо ба кор ҷалб сохта, аз натиҷагирии меҳнати онҳо боигарии худро бештар менамуданд. Аввалин нишонаҳои идоракунӣ оғоз мегардад ва чунин тарзу усули идоракунӣ- фармонфармоӣ, ки характери синфӣ, истисморгириро дошт, торафт оммавитар мегардид. Дар давру замони сармоядорӣ, ки ҷомеа хеле ҳам тараққӣ ёфта буд, синфҳои навини дар ҷомеа шинохта шуда: пролетариат ва буржуазия, кушоду равшан муқобили якдигар амал мекарданд, аз ҳама бештар ба роҳ мондани идоракунии илмро водор месохт. Дар ин давра аллакай илмҳои зиёде ҳам пайдо шуда буданд ва мардуми зиёӣ аз онҳо, то ҳадди имкон баҳрамандона истифода мекарданд. Маҳс аз замони камолоти сохти буржуазӣ мафҳум, фаҳмиш, зарурати ба роҳ мондани идоракунии илмӣ ба миён омада, зина ба зина қувват мегирифт. Тавассути аз худ намудани илм, алалхусус илмҳои ҷомеашиносӣ: фалсафа, назарияи иқтисод, фарҳанг, ҳуқуқ, сиёсатшиносӣ ва ғ. дигар маълум гардид, ки асоси ба роҳ мондани идоракунии илмии ҷомеа, ин пеш аз ҳама, дониста гирифтани қонунҳои дар ҷомеа объективона амал карда истода мебошанд. Ҷомеашиносон дар ҳаллу фасл ва муайянсозии проблемаҳои иҷтимоӣ, ки моҳияту мазмуни қонунҳои ҷомеаро ташкил медиҳанд, хеле ҳам музаффариятҳо ба даст оварда, ҷаҳонбинии илмии мардумро бою ғанӣ мегардонданд. Онҳо акнун минбаъд на таввакалона, балки аз диди донишҳои илмии азбаркардаашон ба олам менигаристанд ва ба он ҳодисаю воқеаҳое, ки «шоҳид» мешуданд, боварибахшона баҳо медоданд.

Аз он рӯзе, ки сотсиология ба миён омад дар таъмини идоракунии илмии ҷомеа чун як ҷаҳише рӯй дод. Сотсиология, ки худ натиҷаи моломоли олимони соҳа ба ҳиссоб меравад, ҳар чи бештар дар ташкилу таъмини идоракунии илмӣ истифода мешуд. Ташкил ва гузаронидани силсила тадқиқотҳои мушахасси сотсиологӣ, ки ба ҳаллу фасли як зумра проблемаҳои иҷтимоӣ: шароити кор, ташкили меҳнат дар корхонаҳо, муносибатҳои меҳнатии одамон, омилҳои ҳавасмандгардонии одамон ба меҳнат, интизомнокӣ дар ко р, иҷрои вазифаҳо, тарбия, афзун гардидани натиҷагирӣ аз меҳнат ва ғ. дигар равона карда шуда буданд, натиҷагирӣ аз онҳо имкон медоданд, ки сари вақт камбудию норасоиҳои дар истеҳсолот ва муносибатҳои гуногуни дар байни одамон ҷой дошта бартараф карда шуда, роҳҳои судмандонаи таъмини фаъолияти одамони касбу кори гуногун дарёфт карда шаванд. Солҳои баъдинаи инкишофи сотсиология ба он оварда расонид, ки вай (сотсиология) чун илм шинохта шавад. Агар дар зинаҳои аввалини пайдоиш ва ташаккулёбии сотсиология ба вай чун тарзу усули ба даст даровардани далелҳои иҷтимоии фоидабахш баҳо дода шуда бошанд (позитивистон), аз охирҳои асри Х1Х ва аввалҳои асри ХХ инҷониб ҳамчун илми амалию назариявӣ шинохта шуд. Дар ягон мамолики тараққиёфта бе истифодабарӣ аз тарзу усулҳои омӯзиши сотсиологии ҳаёти иҷтимоӣ пешравиеро дидан имкон надорад. Он мактабу равияҳои мухталифи сотсиологӣ, ки рӯз то рӯз доираи амалиёташон васеъ ва натиҷагирӣ аз фаолияташон бойтар шуда истодааст, гувоҳи гуфтаҳои боло шуда метавонанд.

  1. Нақши илми сотсиология дар беҳтар ба роҳ мондани идоракунии

илмии ҷомеа.

Дар идоракунии илмии паҳлӯҳои гуногуни ҷомеа аз ҷумла иқтисодӣ, сиёсӣ, фарҳангӣ, ҳуқуқӣ, илмӣ — техникӣ ва ғ. дигар бешубҳа намояндагони ҳамаи илмҳо фаъолона иштирок мекунанд. Он кашфиётҳо, тарзу усулҳои наву тозае, ки олимон ба даст меоваранд ва дар ҳаёт, воқеиёти зиндагӣ амалӣ мешаванд ва боиси пешрафти истеҳсолот, баланд гардидани аҳволи моддию маънавии одамон шуда истодаанд, шаҳодати чунин гуфтаҳо мебошанд. Аз рӯзҳои аввалини пайдоиш ва то ба ин рӯз мақому мароми дар истеҳсолоту истеъмолот, ҳаёти серпаҳлӯдоштаи зиндагии мардум, таъмини пешрафти ҷомеаю ҷомеадорӣ(ташкили меҳнати коркарон, оилаю оиладорӣ, тарбия ва ғ.) доштаи сотсиология маълум аст. Яке аз вазифаҳои асоситарини илми сотсиология ҳам дар ҳамин аст, ки бо роҳҳои (тарзу усулҳои) гуногуни омӯзиши ҳаёти иҷтимоии мардум, маълум сохтани дараҷаи алоқамандӣ, пайвастагӣ ва вобастагии муносибат, фаъолият, ҳаракату беҳаракатиҳои онҳо дар пешрафти ҷомеа, беҳтар сохтани ҳолатҳо дар коллективҳои меҳнатӣ, оилаҳо, ташкилоту муассисаҳо ва ё ғ. ҳиссагузорӣ намояд. Агар гӯем, ки дар ҳақиқат ҳам аз ҳамаи илмҳои ҷомеашиносӣ дида илми сотсиология, аз ҳама бештар дар идоракунии илмии ҷомеа истифода мешаванд, хато намекунем. Ҳатто он дастовезҳое, ки сотсиологҳо дар омӯзиш ва таҳлили ҳаёти иҷтимоии ҷомеа ба даст меоваранд, намояндагони ҳамаи илмҳои ҷомеашиносӣ баҳра бурда, чун дастури амал қабул менамоянд. Доираи мавзӯи омӯзиши сотсиологӣ хеле ҳам васеъ аст. Соҳаи ҳаёти иҷтимоиеро дарёфт кардан мушкиласт, ки ба он сотсиологҳо даст надода, мушкилотеро паси сар накарда бошанд.

Дар замони Шуравӣ низ аз кувваю қудрати сотсиологҳо хеле васеъ истифода бурда мешуд. Дар ҳар кадоме аз корхонаю ташкилотҳои истеҳсолӣ, муассисаю идораҳо ҳатман штати сотсиолог ва ё гуруҳҳои сотсиологӣ, лабараторияҳои сотсиологӣ таъсис дода шуда буданд. Аз он натиҷаҳое, ки онҳо тавассути ташкил ва гузаронидани тадқиқотҳои сотсиологӣ дар коллективҳои корхонаҳо ба даст оварда мешуданд, васеъ истифода бурда, идоракунии тамоми паҳлӯҳои фаъолияти коргарон ба роҳ монда мешуд. Сарфи назар аз баъзе камбудию норасои ҳое, ки сотсиологҳо дар давру замони Шуравӣ роҳ дода буданд ( идеологизатсия кардани ҳамагуна натиҷаҳо ва нақшаҳо), вале дар пешрафти сотсиология ҳиссагузориҳои зиёде ҳам карда тавонистанд. Маҳс дар ҳамин давра аз ҳама бештар китобу мақолаҳо ба табъ расонида шуда буданд. Роҳбарони коллективҳои меҳнатӣ дастёри хуб будани сотсиологҳоро мепазируфтанд. Соҳибистиқлол гардонидани ҷумҳуриҳои собиқ Шуравӣ имкон овард, то ин ки аз диди нави илмӣ ба сотсиология рӯ оварда шавад. Пеш аз ҳама он камбудию иллатҳое, ки аз пешин

боқӣ монда буданд, бартараф сохта шуда, барои дар заминаҳои ҳақиқатан ҳам илмӣ инкишоф ёфтани он шароити муфид муҳаё карда мешаванд. Доираи проблемаҳое, ки сотсиологҳо меомӯзанд, боз ҳам васеътар гардида натиҷагирӣ аз омӯзиши онҳо бад нестанд. инро мо дар мисоли давлати соҳибистиқлолгардидаи Тоҷикистон низ хело равшан мушоҳида карда мешаванд. Дар назди Академияи Улуми Тоҷикистон амал доштани шӯъбаи сотсиологӣ, ташкил кардани шӯъбаи таълимии сотсиологии омӯзиши касбӣ дар Донишгоҳи давлатии милли Тоҷикистон ва боз дигар чорабиниҳо имкон медиҳанд, ки ҳаёти серпаҳлӯдоштаи иҷтимоии мардуми мамлакати тозабунёди демократӣ ҳаматарафа омӯхта, таҳлилу таркибсозии илмӣ шаванд. Дуруст аст, ки ҳоло дар ҷумҳуриямон чунин тадбирҳо аз ҷумлаи қадамҳои нахустин дар ин ҷода ба ҳиссоб мераванд. Дар ояндаи наздик хатмкунандагони тахассуси сотсиологӣ имконе пайдо карда метавонанд, ки дар ташкилу таъмини идоракунии илмии ҷомеа аз ҳама бештар фаъолонатар иштирок намоянд. Аз соли 1996 ин ҷониб дар ҳамаи макотибҳои олӣ ҷорӣ кардани таълими фанни сотсиология имкон дода истодааст, ки мутахассисони ҷавон баъди бомуваффақият ба итмом расидани донишгоҳу донишкада, сазовор шудан ба унвони мутахассисони ин ва ё он соҳа аз донишҳои сотсиологие, ки аз бар кардаанд дар ташкили кор, ба роҳ мондани низоми хуби кор, ба меҳнати пурмаҳсулона ташкалу сафарбар кардани одамон ва ғ. васеъ истифада баранд. Мактабҳои сотсиологияи ҳуқуқ, иқтисодиёт, фарҳанг, сиёсатшиносӣ ва дигаронро метавонем ба ҷумлаи роҳкушои иҷтимои номбар намоем.

илми сотсиология ояндадор аст. Аз бар кардани он барои ҳар шахси боақлу ботатбир зарурат дорад. Аз он донишҳое, ки ӯ тавассути дилгармона мутоила карданаш ба даст меоварад метавонад барои ташкили хуби оилаю оиладорӣ, тарбияи фарзанд, ба камол расонидани он ва ғ. — дигар баҳрамандона истифода барад. Агар ҳар нафаре ба моҳияту мақсад ва зарурати идоракунии илмӣ аз оила сар карда то ба дараҷаи ҷомеа дарк намояд, ҷомеа ҳамон қадар тинҷу ором, бо суръати баланд ба сӯи пеш ҳаракат менамояд ва муваффақиятҳо бошанд бештар мегарданд. Ҳоло дар Тоҷикистон иқтисоди бозоргонӣ амал дорад. Дониста гирифтани қонунҳои он имкон медиҳанд, ки талаботи иқтисоди бозоргонӣ мақсаднок амалӣ гарданд. Сотсиология дар банақшагирии иҷрои корҳои зиёде, истеҳсолӣ, истеъмолӣ, тарбия, ободонӣ, фарҳангӣ ва ғ. кӯмак расонида, иҷрои саривақтии ҳар як корро таъмин карда метавонад. Аз оне, ки дар коллективҳои меҳнатӣ тавассути ташкил ва гузаронидани тадқиқотҳои сотсиологӣ иллату камбудиҳои зиёде маълум карда мешаванд ва барои бартараф сохтани онҳо тавсияҳо кор карда баромада шуда, амалӣ меёбанд, худ гувоҳи онанд, ки сотсиология дар идоракунии илмии ҷомеа чӣ мақомеро дорад. Дар идоракунии илмӣ бевосита истифода бурдан аз илмӣ сотсиологияро боиси баҳс ҳам нест. Баҳри баланд бардоштани мақоми илмию идоракунии сотсиология назарияҳои зиёде: назарияи макро ва микро сотсиологӣ кор карда баромада шудаанд ва амалӣ гардидани онҳо мақоми сотсиологияро боз ҳам афзунтар месозанд.

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *