Фанни Сотсиология

Чомеашиносии амали(эмпирики), хусусият ва навъхои он

Тахти унвони сотсиологияи амали мо он сохаи инкишофи чомеашиносиро мадди назар дорем, Ки алокаманд бо кушиши дарёфти дониши фактогафии дар натичаи татбики пажухишхои махсуси эмпирики аст. Дар навбати худ пажухиши эмпирики маънои омушиши масъалахои мушаххаси ичтимои, Ки барои халлзии вазифахои назариявию амали, ба танзим даровардани муносибатхои байнигрухию дохилигрухи ва соири масоили марбут ба равандхои ичтимои нигаронида шудааст, дорад. Гузаронидани пажухишхои эмпирики ба кор гирифтани методхои муайяни сифатию микдори, аз чумла пурсишхои шифохию хатти, мушохидахои сотсиологи, озмоиш(эксперимент) ва гайраро такозо менамояд. Аз ру дар аввал чунин ба назар мерасад, ки сотсиологияи эмпирики сохаи махсус, хатто шакли чудогонаи фаъолияти чомеашиносист. Вале ин тавр нест, чунки сотссилогияи амали танхо бо гузаронидани пажухишхои эмпирики махдуд нашуда, пешбурди шаклхои дигари кор пеш аз хама пешниходу инкишофи назарияхои гуногунро низ дар назар дорад.

Зухури сотсиологияи амали дар авали асри ХХ бо кушиши тагири характери илми сотсиология дар мачмуъ бо пайрави аз усули позитивисти, Ки нахуст аз чониби О.Конт пешниход шуда буд, алокамаанди ногусастани дорад. Чуноне Ки маълум аст у назари манфи нисбати хар гунна кушиши назарияпардозихои метафизики дар мавзуъхои алокаманд бо хаёти чомеа дошт ва пайваста мекушид сотсологияро ба илми кодир ба пешниходсозии донишхои дакике, ки тавонанд дар такмили равандхою муносибатхои дидани дасовархои сотсиология дар ин самт бенасиб монд. Зеро ин орзухо танхо дар миёнаи асри ХХ чомаи амал пушиданд.

Дар идомаи казовати фавкуззикр хоху нохох суоле ба миён меояд, ки сотсиологияи эмпирики барои он Ки ба ин сатх бирасад, аз кадом усулу постулатхои позитивизм истифода намуд? Бамаврид аст дар чавоб ба ин суол аз он огоз кунем, ки чун позитивизм аз тавъам будани кавонини инкишофи табиату чомеа пайрави мекунад, бинобар хамин хам ба эътибор гирифтани ин равишро хини интихоби методхои омузиши чомеа ва пешниходи натоичи ба дастомада барои сотсиология зарури мехисобад. Яъне методхои омузши сотсиологи бояд бо методхои илмхои табиатшиноси дар чанбаи дакики, объективият, дури чустан аз баходихихои мафкурави наздики пайдо кунанд. Барои ба ин максад расидан чомеашиносон мебоист пеш аз хама аз методхои риёзию омори пайрави намоянд. Зеро бо ин рох репрезентативи будани махълумотхои чамъоваригашта, исботшавандагию асоснокии онхо метавонад ба даст ояд. Он чизе ки марбут ба хакикати маълумотхои гунгашта аст ба акидаи намояндагони сотсиологияи амали онро дар асоси тартиби(протседураи) муайяни илмии верификатсия, яъне санчиши дурустии казовати баёншуда тавассути мукоисаи онхо бо вокеияти реалии, ба даст овардан мумкин аст. Дар ин самт ба чомеашинос равиши роич дар сотсиология- квантификатсияи объектхои омухташаванда, ифодакунандаи хусусиятхои сифатии онхо дар шакли микдори аст, кумак менамояд.

Чуноне ки таваччух намудед сотсиологияи амали пайваста барои ноил гаштан ба объективият кушиш ба харч медихад. Ин на танхо дар методхои истифодашаванда, балки дар як катор омилхои дигари зерин низ зохир мешавад-мавкеъи мухтори сотсиолог, дасрас будани маълумотхои тахкикоти, бегаразона пешниход кардани казоватхо ва г. Вале дар ин самт ахёнан ба душвори мувочех шудани сотсиологхо низ аз эхтимол дур нест.Зеро аксаран казоватипири сотсиологхо оиди объективият руи омузиши акидахо с убъективии одамон дорад. Аз ин бармеояд, Ки дар асоси чамъоварии акидахои табиатан субъективи дониши объективи ба даст оварда мешавад. Пас оё дар ин чо ягон зиддияте нест?Албатта то як дарачае хаст. Вале вижагии сотсиологияи амали хам махз дар он аст, Ки он бо истифода аз усулхои санчидашудаи чамъоварию тахлили маълумот метавонад чунин зидддиятро аз байн барад. Бо вучуди ин эхтимоли мавчудияти ин омил Моро хушдор медихад, Ки аз мутлакгардонии донишхои сотсиологии руи маводхои тахкикотхои эмпирики асосёфта худдори намоем.

Хамин тавр тибки талаботи позитивизм сотсиологияи эмирики бояд хадафи ба пурраги фаро гирифтани тамоми пахлухои хаёти чомеаро не, балки тахлили соха, сохтор, падида ва равандхои мушаххасро дошта бошад, зеро тахлилу тафсири комили чомеа гайриимкон аст.Аммо ин махдудият аз назари намояндагони равияи сотсиологияи амали маънои паст арзёби кардани тавоноии ин илмро надорад. Бештар аз ин аз нигохи практики усули мушаххасноки самараи оптимали пайдо мекунад, зеро ба нуктаи камолот расонидани кули чомеа якуякбора муяссар намегардад, вале тадричан ба халли масъалахои алохидаи мусоидат ба рушди устувори он дар асоси омузишхои пешакии Амалию сотсиологии имконпазар аст. Дар алока бо казовати фавкуззикр марбут ба вижагии сотсиологияи эмпирики боз суоле пайдо мешавад, Ки оё донишхои дар доираи ин илм ба даст меомадаги метавонанд аз лихози объектияти худ дар баробари донишхои илмхои табиатшиноси карор гиранд?Чавоб ба ин суол метавонад хам мусбат ва манфи бошад. Сотсиологияи амали дар асоси истифода аз методхои умумиилми, баходихихои микдори, исботхои мантики ва хамчунин маводхои риёзи, назарияи эхтимолият, омор ва гайра имконияти пешниходи натоичи сахех оиди масъалаи омухташавандаро дорад.Дар баробари ин сотсиологияи эмпирики на бо объектхои физики, балки бо одамон, умумиятхои ичтимои, фаъолияти онхо, андешахои субъективияшон пайваста сарукор дорад ва мусаллам аст, Ки чунин объектхои ичтимои дар рафтор, максадгузори аз хамдигар вобаста шароит ва талаботхои худ фарк мекунанд ва пайваста дар холи тахаввул хастанд, Ки ин таъсири худашро дар натоичи маълумотхои сотсиологи нагузошта наметавонад.

Бо вучуди нарасоихои фавкуззикр сотсиологияи эмпирики бар чодаи чустучуи донишхои асоснок оиди масоили рузмарраи хаёти чомеа ва дарёфти рохи халли онхо барои инсоният аз ахамияти фавкуллода мухим бархурдор аст. Аслан дар баробари ин пажухишхои амали мустаким аз инкишофи назарияхо, парадигмхои Навин пайгири намуда, дар назди худ максади бо забони оммафахм пешниход намудани печидагихою тачридсозихои академики онхоро ба харч медиханд. Бо ин васила пажухишхои амали рузмарра ва дархури талаботи рущди чомеа будани истифодаи ин назарияхоро исбот месозанд. Ба сифати мисол метавон ба пажухишхои тахти рохбарии соисиологи маъруфи амрикои Г. Гарфинкел тавассути пайрави аз парадигмаи этнометодология ишора намуд, ки дар он падидахои рузгори хамарузаи одамон, аз чумла навбатгирихо ва рафтори эшон дар додгоххо, хеле муассиру хотирнишин мавриди тахлил карор гирифтааст. Харчанд фоидаи бевоситаи ин гунна тахкикотхо аз нуктаи назари афроди катори тез ба чашм намерасад, вале накши он дар тахкими дарки назариявии вижагихои рафтори одамон дар холатхои мухталиф зиёд аст.Аз ин ру пажухишхои эмпирики ба сотсиология на танхо хусусияти назарияви, балки Амалии ахёнан фавоиди иктисодиро ба бор оранда медихад. Дар бисёр маврид пажухишхои эмпирикиро аз ин нуктаи назар ба ду гурух чудо мекунанд-пажухишхои эмпирики назарияви ва пажухишхои сирф хусусияти амали дошта.

Главный Редактор

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *