Фанни Сотсиология

Сохтори иҷтимоӣ ва стратификатсияи иҷтимоӣ

  1. Сохтори синфӣ — иҷтимоии ҷомеа ва иҷтимоиёт
  2. Қабати (стратификатсияи) иҷтимоӣ
  3. Модели системаи стратификатсионӣ
  4. Стратификатсия дар Тоҷикистон

Ҳар як инсон дар ҷомеа мавқеъҳои гуногунро ишғол менамояд, ки мақоми иҷтимоии вай ташаккул меёбад. Тадқиқотҳои бисёр собит менамояд, ки мавқеи иҷтимоии фард дар ҷомеа нақши муҳимро иҷро менамояд. Мавқеи иҷтимоӣ ба ҳолати рӯҳӣ то андозае таъсир мерасонад. Аз ҳамин лиҳоз се мафҳуми сотсиологӣ — сохтори иҷтимоӣ, ҳайати иҷтимоӣ ва стратификатсияи иҷтимоӣ бо ҳам зич алоқаманд мебошанд.

Сохтори синфӣ — иҷтимоии ҷомеа ва иҷтимоиёт

Ҳангоми таҳлили ҷомеа ба мо маълум гардид, ки вай натанҳо дар худ маҷмӯи фардҳоро гирд овардааст, балки баҳамалоқамандии байни фардҳо ва дар маҷмӯъ аз қисматҳои гуногуни баҳамалоқаманд, ки дар як доираи муайян ҷой гирифтааст, иборат мебошад. Ин қисмҳо аз рӯи хусусиятҳои муайяни муттаҳидкунандаашон шахсиятҳоро дар як маҷмӯъ тавассути элементҳои оддӣ ба ҳам меорад.

Сохтори иҷтимоии ҷомеа — дар раванди инкишофи илми сотсиология мутафаккирон кӯшиш ба харҷ доданд, ин мафҳумро тавзеҳ намоянд. Масалан, иқтисоддонҳои маъруфи англис ҷомеаро ба табақаҳо аз рӯйи хусусиятҳои зерин: сарват, боигарии афрод, музд, суди молиявӣ ва баҳрабардорӣ ҷудо намудаанд. Вале бояд зикр кард, ки ин гурӯҳ банди мафҳуми сохтори иҷтимоии ҷомеаро пурра ифода карда наметавонад. Дар муайян намудани ин мафҳум саҳми Т. Парсонс хело ҳам бузург мебошад. Мувофиқи андешаи ӯ ҷомеа натанҳо аз фардҳои мушаххаси алоҳида, балки аз низоми ҷузъҳои алоқаманд, ки мавҷудияти онҳо марбут ба болоравии рафтори одамон аст, ташкил ёфтааст.

Хусусияти асосии сохтори иҷтимоӣ ин пеш аз ҳама аз ақаллиятҳо иборат будан мебошад. Дар вай рангорангӣ, гуногунии халқ таҷассум ёфтааст. Ин мафҳумро, асосан омилҳои этникӣ, динӣ ҳангоми ҷудо намудан ба ақаллиятҳо ифода менамоянд.

Ҳар як фард дар ҷомеа мавқеъ ва мартабаи худро дорост. Аз ҳамин лиҳоз омили сохтори иҷтимоӣ доир ба як системаи муайян ҳарф задан номумкин аст. Масалан, ҳар як аъзои ҷомеа бояд соҳиби ягон касб, маълумот, муҳити зист ва ғайраҳо бошад. «Дар ҷомеа- шиноси амалӣ сохтори иҷтимоӣ» аз рӯи ин омилҳояшон ба иҷтимоию-демографӣ, иҷтимоию синфӣ, иҷтимоию тахассусӣ, иҷтимоию ҳудудӣ, миллӣ ва ғайра ҷудо мешаванд. Пас саволе ба вуҷуд меояд, ки моҳияти зерсохтори иҷтимоӣ чист? Моҳияти зерсохтори иҷтимоию демографӣ аз нишон додани таносуб, вобастагии сохтори демографӣ (ҷинс, синну сол) бо омилҳои иҷтимоӣ иборат аст.

Сохтори иҷтимоии ҷомеаро фардҳое ташкил карда метавонанд, ки онҳо ҳангоми фаъолияти якҷоя як қисми сохтори иҷтимоиро тағйир диҳанд. Ҳатто қабилаҳое, ки дар ҷомеаҳои соддалавҳона зиндагӣ менамоянд, дорои ягон хусусият мебошанд, аз қабили синну сол, сохтори синнусолӣ, сохтори хешутаборӣ, сохтори ҳокимият. Барои он ки сохтори иҷтимоии ҷомеа аз байн наравад, одамон зарур медонанд, ба қонунҳои иҷтимоӣ риоя намоянд. Дар ҳамин тарафи динамикӣ сохтори иҷтимоӣ намудор мегардад.

Ҳаминро бояд зикр намуд, ки сохтори иҷтимоии ҷомеаро тасвири оморӣ ташкил медиҳад ва дар ҳаёти воқеӣ бошад, сохтори иҷтимоии ҷомеаро сохтори синфӣ ташкил медиҳад.

Сохтори синфии иҷтимоии ҷомеа — ин маҷмӯи муносибатҳои гурӯҳҳои иҷтимоӣ мебошад, ки дар он ҳар як синф вобаста ба мавқеи ишғолкардааш ва табақаҳои иҷтимоӣ нақши муҳимро мебозад. Синфҳои иҷтимоӣ ин гурӯҳи калони одамоне, ки аз рӯи мақоми таърихӣ дар системаи муайяни муносибатҳои истеҳсолии ҷомеа, муносибати онҳо ба олоти истеҳсолот, тарзҳо ва андозаи гирифтани музд аз ҳамдигар фарқ менамоянд, мебошанд. Қишри иҷтимоӣ — умумияти иҷтимоиест, ки одамонро аз рӯи хусусиятҳои ба ҳам наздик- даромад, обрӯ ва дараҷаи маълумот, маданият ва ғайраҳо гурӯҳбандй менамояд.

Ба синфҳо тақсим намудани ҷомеа дар илм аз аввалҳои асри XIX шурӯъ гардидааст. Муаррихони англис зиддияти байниҳамдигарии синфҳои гуногунро нишон дода, ногузирии бархӯрди онҳоро баён намудаанд. Иқтисодшиносони англис таркиби дохилии синфҳоро тафсир намуданд. К. Маркс синфҳоро таҳлил намуда, ба хулосае меояд, ки вобаста ба шаклҳои таърихии ҷомеа синфҳо низ тағйир меёбанд ва инкишофи ҷомеа ба ногузирии ҳокимияти диктатураи пролетариат оварда мерасонад. Ин назарияи сахт зери танқиди ҷомеа қарор гирифта, минбаъд боиси пайдоиши назарияи дигар мегардад.

Аз аввалҳои асри XX назарияи қишрбандии табақотии иҷтимоӣ ба вуҷуд омад. Қишрбандии табақоти иҷтимоӣ — фарқияти макро — микро гурӯҳҳо ва инчунин фардҳо аз рӯи хусусиятҳои гуногунашон мебошад.

Қабати (стратификатсияи) иҷтимоӣ

Қабати (стратификатсия — калимаи лотинӣ stratum — қабат ) иҷтимоӣ ба қисмҳо ҷудо намудани маҷмӯи одамон (аҳолӣ) аз рӯи тартиби иерархӣ (мавқеи ҷойгиршуда) ба қабатҳо ҷудо намудан буда, ки ҳар як қабат аз якдигар бо хусусиятҳои ҳукмрон будан, сарвати зиёд, мақом ва имтиёзот доштаашон фарқ менамояд. Мазмуну мундариҷаи сохтори иҷтимоии ҷомеаро ба таври амудӣ дида мебароем. Барои дарки қабати иҷтимоӣ мо бояд онро дар ҳолати вертикалӣ таҳлил намоем. Чунин таҳлил имкон медиҳад, ки ҳайати иҷтимоӣ ба қабати иҷтимоӣ мубаддал мегардад.

Қабати иҷтимоӣ аз қишрбандии табақоти иҷтимоӣ фарқ менамояд.. Мафҳуми қишрбандии табақоти иҷтимоӣ аз рӯи ҳаҷм аз мафҳуми қабати иҷтимоӣ фарқ менамояд. Масалан, моҳигириро гирем; вай аз рӯи ҳаҷмаш нисбат ба тахассуси моҳигир фарқ менамояд. Вобаста ба тахассус ҷудо намудани аҳолӣ як мавқеи муайянеро дар ҷомеа одам касб менамояд, ки ин ба қабатбандии аҳолӣ мансуб аст.

Муҳити иҷтимоӣ дар куҷое, ки ба вуҷуд ояд, вай муташаккил мебошад. Як қисми афрод чун пешво ва қисми дигар ба ҳайси иҷрокунанда баромад менамояд. Вобаста ба мақоми ишғолкарда афрод мукофот, имтиёзот ва вазифаҳоро дорост. Бе чунин системаи мартабагӣ муносибатҳои байнифардӣ ва ба ҳам алоқамандии онҳо барои расидан ба ҳадафҳои зарурӣ ғайриимкон мебошад. Саволе ба вуҷуд меояд, ки қабати иҷтимоӣ чӣ тавр бунёд ёфтааст?

Бояд қайд намуд, ки якчанд қабатҳои асосии иҷтимоиро нишон додан имконпазир аст. 1. Асоси ҳама ҷараёнҳои иҷтимоиро системаи функсионалии мақсаднок ташкил медиҳад. Хусусияти қабати (стратификатсигӣ) ба одамон имкон медиҳад, ки ҷомеа ва ягонагии сарҳадоти онро ҳимоя намоянд. Ин омилҳо имкон медиҳанд, ки ҷараёни таркиббандии иқтисодӣ, сиёсӣ, давлатӣ ва дигар сотхторҳо (синфҳо, гурӯҳҳо, таркибот, ниҳодҳо)-ро таҳлил ва тавсиф намуда, алоқамандию муносиботи онҳоро муайян созем.

Стратификатсия-арзиши рамзист. Ин омил алоқаманд аст, ба дарки ченакҳои иҷтимоӣ. Ҳама гуна ивазнамоӣ дар ҳолате ки аз тарафи бештараи аҳолӣ пазируфта мешавад, қобили қабул гардида, мавқеашро мустаҳкам менамояд.

  • Асоси стратификатсияро мафҳуми андоза ташкил медиҳад. Андоза ин сарҳадест, ки муносибатҳои иҷтимоӣ дар доираи арзишҳои муайяншуда, амалӣ мегарданд.
  • Асосҳои табиӣ ва антропологӣ. Аввалин талаботҳои табиии одамон сотсиология ва антропологияро ба ҳам алоқаманд менамояд. Омили антропологй дар стратификасия мавқеи хеле муҳимро ишғол менамояд, омили антропологӣ дар стратификатсияи иҷтимоӣ хусусиятҳои афродро (мард, қобилиятҳои ҷисмонӣ ва равонӣ) ва хусусиятҳое, ки аз рӯзи аввал инсон аз худ менамояд (алоқаи хешутаборӣ, ба кадом қавму қабила мансуб будан)-ро мавриди омӯзиш қарор медиҳад.

Ҷомеаро аз рӯйи ин асосҳо, ки дар он ҳар як мақом ва ҳар як гурӯҳи иҷтимоӣ вазифаи муайянро иҷро менамояд, баҳо додан мумкин аст. Вале бояд зикр намуд, баҳоҳо якхел намешаванд. Масалан, деҳқон нисбат ба агроном ва ё вазир мақоми пастро дорост. Мақоми воло ва нафароне, ки ин мақомро доранд, хубтар мукофотонида мешаванд, доираи ҳукмронии ин афрод васеъ мебошанд, ҳурмати зиёдтарро доранд ва бояд зикр кард, ки маълумоти онҳо бояд аз афроди дигар баландтар бошад. Ҳамин тавр, чор навъи тавсифи стратификатсия: даромад, ҳокимият, маълумот ва мартаба вуҷуд дорад. Ин чор ченак фардҳоро водор месозад, ки барои расидан ба онҳо кӯшиш намояд. Агар таркиби иҷтимоӣ дар алоқамандии тақсимоти меҳнат ба вуҷуд ояд, стратификатсияи иҷтимоӣ бошад, дар асоси тақсимоти натиҷаи меҳнат, яъне манфиатҳои иҷтимоӣ ба вуҷуд меояд.

Модели системаи стратификатсионӣ

Асосан се навъи модели системаи стратификатсионӣ: ғарбӣ, шарқӣ ва омехта маъмул аст. Модели ғарбӣ дар худ системаи стратификатсионии инкишофёфтаи демократиро таҷассум менамояд. Агар ба таври нақша тасвир намоем, пас онро ба амсоли ромб тасвир намудан мумкин аст ва бояд зикр намуд, ки аксари аҳолии ин моделро синфи миёна ташкил медиҳад. Чанде, ки синфи миёна кам бошад, ҳамон қадар имконияти ба ҳам бархӯрии синфи поёнии ҷамъият ва ашрофон ба назар мерасад. Табақаи миёнаи ҷамъиятӣ аз афроди ба- ландихтисос, ки маоши баланд мегиранд, иборат мебошад.

Табақаи миёна дар модели ғарбӣ чун асоси пойдории инкишофи ҷомеа хизмат менамоянд. Қисмати болоии ин синфро асосан мутахассиони баландихтисос ташкил медиҳад ва қисмати мобайнро мутахассисон ташкил медиҳанд. Мутахассисони баландихтисос гуфта пеш аз ҳама нафаронеро меноманд, ки дар касбу кори худ устоҳои моҳир буда, асосан бо кори эҷодӣ машғул мебошанд. Мафҳуми мутахассис афродеро ифода менамоянд, ки маълумоти миёнаи тахассусӣ доранд, яъне коллеҷҳоро ба итмом расонидаанд.

Модели ғарбиро дар мисоли ҷомеаи амрикоӣ дида мебароем. Системаи стратифакатсионалии он аз ҳафт гурӯҳ иборат мебошад.

  • гурӯҳи олимартабон, олитарин гурӯҳ. Ба ин гурӯҳ дохил мешаванд: роҳбарони корпоратсияҳои калон, дорандагони фирмаҳои юридикӣ (ҳуқуқшиносӣ), роҳбарони воломақоми ҳарбӣ, судҳои минтақавӣ, олимони тиб, пешвоёни дин, меъморон, артистон ва ғайраҳо;
  • “гурӯҳи олӣ”. Ба он роҳбарони фирмаҳои миёна, муҳандисон-механикон, табибоне, ки методи табобати худро доранд, ҳуқуқшиносоне, ки таҷрибаи корӣ доранд ва муаллимони коллеҷҳо шомиланд;
  • “гурӯҳи олии миёна”. Ба онҳо кассирҳои бонкҳо, муаллимони коллеҷҳои мунисипалӣ, роҳбарони дараҷаи мобайн, муаллимони макотиби миёна дохил мешаванд;
  • гурӯҳи “синфи миёна”. Ба ин гурӯҳ коркунони банк, табибони дандон, муаллимони макотиби ибтидоӣ, роҳбарони бахшҳои кори корхонаҳо, кормандони компанияҳои суғуртавӣ, роҳбарони мағозаҳои бузург;
  • “синфи миёнаи поён”. Ин гурӯҳро таъмиргарони мошинҳо, сартарошон, савдогарон, кормандони меҳмонхонаҳо, кормандони почта, пулис, ронандагони мошинаҳои борбар ва ғайраҳо ташкил медиҳанд;
  • “синфи миёнаи поёнтар”. Онҳоро ронандаҳои таксӣ, коргарони дараҷаи мобайн, пешхизматон, шветсарҳо ташкил медиҳанд;
  • “синфи поёнии поёнтар”. Ба он хизматгорзан, боғбон, кӯчарӯб ва ғайраҳо мансубанд.

Тадқиқи ин гурӯҳҳо нишон дод, ки ҷомеаи мутамаддини амрикоиро синфи миёна ташкил медиҳад ва тағйирёбии мавқеи худро дар ҷомеа афроди амрикоӣ нохуб қабул менамоянд. Масалан, агар ронандагони таксӣ, ки худро ба намояндагони «тахассуси тоза» медонанд, онҳоро таклиф намоянд, ки рафта дар завод коргар шуда кор кунанд, худро таҳқиргардида меҳисобанд. Кор барои амрикоиҳо натанҳо асоси беҳшавии материалист, балки пеш аз ҳама асоси ҳурмат намудани худ ва худбаҳодиҳист.

Дар мамолики демократӣ барои мустаҳкам намудани масъалаҳои иҷтимоии аҳолии худ машғул намегарданд. Дар ин мамолик танҳо раванди афкори умумро зери назорат қарор медиҳанд. Аз ҳамин хотир муайян намудани миқдори синфҳо дар ин ё он мамлакат ғайриимкон мебошад. Моделе, ки мо дида баромадем, ин модели ягона нест, балки дигар моделҳои ҷудо намудани синфҳо низ вуҷуд дорад.

Модели шарқӣ ба мамолике тааллуқ дорад, ки асосан шакли шарқии истеҳсолотро доранд. Дар ин шакли истеҳсолот ҳамаи меҳнаткашон вобастанд аз давлат ва роҳбароне, ки неъматҳои истеҳсол намудаи меҳнаткашонро ба манфияти худ истифода мебаранд. Ин модел амсоли пирамида мебошад, ақаллият ҳокими мутлақ буда, мақому мазалати баландро доранд, аксарият бошад, аз ҳукмрони дур буда ва дар фақру бенавоӣ зиндагӣ менамоянд. Бояд зикр намуд, ки ин модел тақрибан 5- ҳазор сол дорад ва дар Ҳиндустон пайдо шудааст. Дар замони муосир бо дигаргуниҳо ин шакл вуҷуд дорад.

Стратификатсияи иҷтимоӣ ҳамеша мӯътадил буда, асоси ҳамаи ҷомеаро ташкил медиҳад.

Стратификатсия дар Тоҷикистон

Омӯзиши системаи стратификатсионӣ дар собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ аз солҳои 80-ум шурӯъ гардидааст. Дер омӯхтани ин масъала пеш аз ҳама ба сохти идеологӣ сахт вобастагӣ дошт.

Бояд зикр кард, ки омӯзиш нишон медиҳад, ки гуногунии иҷтимоӣ нест намешавад, балки инкишоф меёбад. Давлат намиранда, балки инкишофёбанда аст. Кормандони аппарат табақаи махсус набуда, балки синфи иҷтимоӣ ба ҳисоб мераванд.

Ин ақоидро ҳанӯз М. Вебер дар аввалҳои асри XX баён намуда, қайд кардааст, ки синфи ҳукмрон дар ҷомеаи сотсиалистӣ ин бюрократҳо мебошад.

Минбаъда омӯзиши гурӯҳи роҳбарикунанда аз тарафи олими амрикоӣ Ҷ. Бернхайм дар китоби «Инқилоби роҳбарӣ» соли 1941 мавриди таҳлил қарор гирифтааст. Вай зикр менамояд, ки ба ҷойи синфи капиталист, синфи роҳбарҳо ба вуҷуд меоянд, ки онҳо соҳибмулк нестанд, вале корхона ва ҷомеаро назорат менамоянд.

Соли 1957 рисолаи М. Ҷиллас “Синфи нав” ба табъ мерасад. Дар он таърихи инкишоф ва эҳёшавии дубораи синфи роҳбар дар собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ баён гардидааст. М.С.Восленский дар китоби “Номенклатура” ақоиди М. Ҷилласро инкишоф дода қайд менамояд, ки на ҳама роҳбарон, на ҳамаи коммунистонро синфи ҳукмрон меноманд, номенклатура табақаи болоии ҷомеаро медонад.

Номенклатура маҷмӯи номгӯи вазифаҳоест, аз тарафи органҳои болоӣ созмон дода мешавад. Ба синфи ҳукмрон нафароне дар басти ташкилотҳои партиявӣ буданд, аз Бюрои партиявӣ то бюроҳои районии партиявӣ дохил мешаванд. Дар собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ табақаи олӣ ба 100 — ҳазор омада мерасид ва қисмати поёнии номенклатура 150 — ҳазор одамро дар бар мегирифт. Дар замони шӯравӣ номенклатура 750 — ҳазорро дар бар мегирифт ва бо аъзоёни оилаашон 3 миллионро ташкил медоданд.

Р. В. Ривкин соли 1989 мақолаи “Сотсиологияи Шӯравӣ ва назарияи стратификатсияи иҷтимоӣ»-ро ба тасвиб расонид, ки дар он қабатҳои зерини иҷтимоӣ нишон дода шуда буд. Инҳо; 1) табақаи волои сиёсӣ 2) табақаи миёна аз аппарати партиявӣ; 3) коркунони пасти ҳамин аппарат; 4) роҳбарони хоҷагиҳои асосӣ — табақаи дараҷаи миёна; 5) роҳбарони хурд; 6) мутахассисони хурди дараҷаҳои гуногун ва соҳаҳои гуногун; 7) коргарони дараҷаҳои гуногун; 8) аъзоёни колхозҳо ва ғайраҳо.

Т. И. Заславская соли 1991 таҷрибаи 70 — соларо ҷамъбаст намуда, дар сохтори иҷтимоии он се гурӯҳро дарёфт: табақаи олӣ, табақаи поёнӣ ва миёнаҳолон. Табақаи олиро номенклатура ташкил медод, яъне кормандони ҳизбӣ. Табақаи поёнро коргарон, деҳқонон ва зиёиён, табақаи мобайнро бошад афроде ташкил медоданд, ки ба номенклатура хизмат мекарданд, инҳо: роҳбарон, рӯзноманигорон, тарғиботчиён, кормандони махсуси тиб ва дигарон.

Ҳамин тавр, дар замони собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ҷомеаи бесинф вуҷуд надошт, балки ҷомеа аз табақаҳо иборат буд.

Агар раванди стратификатсияро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳлил намоем, пас, мо дар ҷомеаи кунунии Тоҷикистон системаи бо баъзе элементҳои сохти бозорстратификатсионии омехтаро дида метавонем. Дар охирҳои солҳои 80-ум бо баъзе элементҳои системаи бозорӣ рӯ овардани ҷумҳурӣ дар низоми стратификатсионӣ каме дигаргунӣ ба амал омад. Аз солҳои 1992 бошад, ки ба тариқи сунъӣ табақаи болоии ҷомеа — мулкдоронро ба вуҷуд оварданд, ки онҳо қисмати ниҳоят ками аҳолиро ташкил менамоянд. Бояд ҳаминро зикр намуд, ки дар- баробари табақаи болоӣ то ба ҳол номенклатура дар сохторҳои давлатӣ фаъолият намуда истодаанд ва онҳо низ ба табақаи болоӣ мансубанд. Дар баробаи ин табақаҳо дар системаи стратификатснонии ҷумҳурӣ табақаи дигар — камбағалон, бенавоён пайдо шудаанд, ки онҳо тақрибан 90% аҳолии ҷумҳуриро ташкил медиҳанд.

Главный Редактор

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *