Фанни Сотсиология

Маданият хамчун механизми арзиши меъёри танзими ичтмоиёт

Маданият дар илми ичтимои хамчун танзимгари меъёрхои ахлокии гуруххои ичтимои ва чомеъа баромад мекунад. Бояд кайд намуд, ки маданият дар ин чо суи рамзи танзими арзишхо ва меъёрхои ахлоки барои ба танзим даровардани фаъорлияти одамон баромад мекард. Маданият чунин танзимгари арзишу меъёрхо ва муносибатхои ичтимоии таъмияти одамон баромад мекард. Маданият чун танзимгари арзишу меъёрхо ва муносибатхои ичтимои таъмияти чомеъа ва тартиботи ичтимоиро таъмин мекунад. Тамоми рафтори шахс дар чомеъа аз мавкеъи арзиши масъулият номида мешавад. Арзишхо – унсурхои асосии маданияти маънави буда, дар танзими муносибатхои ичтимои мавкеъи хоса доранд. Онхо дар таърихи башарият чун пуштибони маънавиёт пайдо шуда, барои фаъолияти бошууронаи инсон кумак мерасонанд. Асоси механизми таъсири маданият ва хаёти чамъиятиро мукаррар намудани низоми арзишхо ва муайян намудани махаки он ташкил медихад. Рафтори инсон аз руи талаботи у, ки манфиатхои хиссиро дар бар мегирад, муайян мекунад. Фардхо ва гуруххо хамеша бояд тарзхои каноатмандии талаботхои худро интихоб кунанд. Дар ин сурат интихоби онхо хамчун нуктаи арзишхо ва махаки он баромад мекунад.

Арзишхо – ахамияти мусби ва манфии объектхои асосиро ихота карда, инсон, гуруххо, синфхо, чамъият на ин, ки мохият, балки муносибатхои ичтимои ва талаботхои онхоро муайян мекунад. Хар як фард ба худ хос арзиш дорад, ки барои ба танзим даровардани тамоми рафтору кирдори инсон ва кадр намудани дигарон дар чомеъа ёри мерасонад. Хамин тарик арзишхо – нишондихандаи дастури баходихи, амр ва манъ, максаду накшахо, дар шакли меъёрхои — ба монанди неки ва бади, адолату хакикат инъикос ёфта мебошанд. Маданият чун тарзи омузиши арзишхои вокеъият хамчун механизм баромад намуда, арзишхоро дар чомеъа ба танзим дароварда, онро хифз менамояд, нигох медорад ва инкишоф медихад, фард пеш аз ба маданият ворид шудан, низоми арзишхоро бояд кабул намояд. Ин дар он сурат имконпазир аст, ки агар ичтимоирасони чой дошта бошад ва дар натича инсон арзишхои шахсии худро хосил мекунад. Нишондихандаи (муайянкунандаи) арзишхо ин арзишхои ичтимои аз тарафи шахсиятхо чудошуда, ки воситаи асосии максади хаёт баромад карда, вазифаи танзимгарии рафтори ичтимоии фардхоро мебозад. Чунин инъикоскунандаи арзишхо мавкеъи субъективии фардхоро изхор мекунад. Ташакулёбии низоми нишондихандаи арзишхо ба он оварда мерасонад, ки хар як шахс дар чомеъа хамчун субъекти фаъол худро муаррифи кунад. Неруи ба низом орандаи арзишхо низоми мураккаб буда, дар он тамоми рафторхои инсони, арзишхо хамчунин меъёрхои ахлоки мутаалик мебошанд. Меъёрхои ахлоки бо арзишхои маданият дар алока буда, барои фаъолияти инсон рохнамо мебошанд. Хамаи ин дар мачмуъ меъёрхои маданиятро ташкил медиханд. Меъёрхои маданият гуфта, хамаи дастовардхои ахлокиро меноманд. Инсон дар раванди фаъолияташ дар чомеъа аз руи онхо амал мекунад. Умуман меъёрхо, воситаи батанзимории рафтори фардхо ба гуруххои ичтимои мебошанд. Меъёрхоро ба чунин шаклхо чудо мекунанд:

  1. Анъана, урфу одатхо;
  2. Меъёрхои ахлоки (хулку атвор) марказхои савдои.
  3. Меъёрхои институтикунонии марказхои савдои, институтхои иктисоди;
  4. Конунхо.

Главный Редактор

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *