Фанни Сотсиология

Усулҳои ҷамъоварӣ ва коркаду хулосабарории ахбори сотсиологӣ

Усули пурсиш ва навъҳои он

Пурсиши хаттӣ(анкета ва Қисматҳо таркибии он)

Пурсиши шифоҳӣ ва навъҳои он

Коркард, таҳлил ва пешниҳоди маълумотҳо

Яке аз навъҳои ҷамъоварии аввалини маълумотҳои сотсиологӣ ин усули пурсиш ба шумор меравад. Пурсиш дар ду шакл гузаронида мешавад шифоҳӣ ва хаттӣ.

Пурсиши хаттӣ (анкетӣ) аз саволҳои муайяни матраҳшуда, ки дорои мақсаду мароми муайян аст, ба пурсидашаванда пешниҳод мегардад.

Пурсиши хаттӣ метавонад дар ҳузури тадқиқотчӣ ва ё дар ғоиби ӯ ба воситаи почта, телефон, ё ин ки ба воситаи дарҷи анкетаҳо дар матбуот гузаронида шавад. Анкетаҳо фардӣ ва гурӯҳӣ шуда метавонанд.

Сохтани пурсишномаҳо дар муайян намудани маълумоти аниқ ҳаматарафа кӯмаки ҷиддӣ мерасонад. Пурсидашаванда худаш мустақилона аз рӯйи роҳнамое, ки муайян гардидааст, бояд анкетаро пур намояд. Саволҳо мантиқан бояд пайдарпай омада бошанд.

Анкета аз 4- қисмат иборат мебошад.

  • Муқаддима — пурсидашавандаро бо мазмуни анкета шинос намуда ва ба ӯ маълумотҳои даркориро барои пур намудани анкета фароҳам меорад.
  • Қимати маълумот -мазмуну мундариҷаи саволҳоро дар бар мегирад. Саволҳо пӯшида ва кушода мешаванд. Масалан, саволи «Шумо чӣ тавр ба фаъолияти Умар дар вазифаи деканӣ баҳо медиҳед? Ба ин савол 3 навъи ҷавоб пешниҳод карда мешавад (мусбӣ, манфӣ ва дар ҷавоб додан мушкилӣ мекашам). Аз ин пешниҳодот пурсидашаванда ҷавобро худаш интихоб мекунад. Гурӯҳи дигари саволҳо ба тариқи кушода пешниҳод карда мешавад, ки пурсидашаванда худаш ҳангоми ҷавоб озод аст. Масалан, шумо ин тобистон дар куҷо дам мегиред? Чавобҳо ҳар хел шуданаш мумкин. Ғайр аз ин саволҳои тозакунанда (филтрӣ) барои муайян намудани пуррагии ҷавоб гузошта мешавад.
  • Қисмати дигари анкета дар хеш маълумотҳои иҷтимоӣ — демографӣ ва тахасуссиро дар бораи пурсидашаванда дар бар мегирад. ( Масалан, ҷинс, синну сол, тахассус ва ғайраҳо )
  • Қисмати охирро бошад, раҳматнома барои ширкат варзидан дар пурсиш ташкил медиҳад.

Методи дуюм — ин гирифтани интервю ба шумор меравад, интервю калимаи англисӣ буда, маънояш сӯҳбат аст. Интервю методи ҷамъоварии маълумоти сотсиологӣ ба шумор рафта, шахсони махсусан тайёр шуда, ба тариқи шифоҳӣ онро мегузаронанд. Интервю як вақти муайянро дар бар намегирад, вай метавонад доир ба мавзӯъҳои гуногун гузаронида шавад, интервюи фардӣ ва гурӯҳӣ, расмӣ, нимрасмӣ ва ба инҳо монанд шуда метавонад. Шакли дигари пурсиш ин пурсиши мутахассисӣ ба шумор меравад, ки ягон мутахассис дар бораи ин ё он соҳаи касбу ҳунар сӯҳбат ороста, ба саволҳо ҷавоб медиҳад.

Мушоҳида яке аз шаклҳои дигари ҷамъоварии маълумот ҳисобида мешавад. Ин шакли ҷамъоварии маълумот бо роҳи ба қайдгирии ягон рӯйдод ё ҳодиса аз тарафи тадқиқшаванда, ки дар як шароити муайян мегузарад, оғоз мегардад. Ҳангоми гузаронидани тадқиқот шаклҳои гуногуни мушоҳида истифода бурда мешавад: расмгирӣ, кино, видеоаппаратура ва ғайраҳо.

Аввалин маълумотҳои сотсиологиро аз ташхиси ҳуҷҷатҳо низ гирифтан мумкин аст. Ҳангоми гузаронидани чунин тадқиқ ҳуҷҷатҳо ҳамчун сарчашмаи асосии ба дастоварандаи маълумот ба ҳисоб мераванд. А сифати ҳуҷҷат – ҳуҷҷатҳои расмӣ ва ғайрирасмӣ инҳо мансуб шуда метавонанд:ҳуҷҷатҳои шахсӣ, рӯзнома, мактуб, қисмати зиёди вазифаҳои сотсиологӣ ин омӯзиши рӯйдодҳои иҷтимоӣ, ки дар гурӯҳҳои хурд (бригада,оила, фирмаҳои алоҳида) ба вуҷуд меоянд, ба шумор меравад. Ин метод рафти тағйиротҳои иҷтимоиро ба воситаи мушоҳида мавриди омӯзиш қарор медиҳад, дар ин навъи тадқиқ дар баъзан ҳолатҳо тадқиқотчӣ ба рафти ҷараёни рӯйдод гоҳо дахолат карданаш мумкин.

Коркарди нақшаи тадқиқ бо сохтани нақшаи кор ба анҷом мерасад. Нақшаи кори вақти тадқиқ аз воҳидҳои ҷонӣ ва молӣ, методикаи ҷамъоварии аввалин маълумотҳо ва ғайраҳоро дар бар мегирад.

Коркард, таҳлил ва пешниҳоди маълумотҳо

Давраи сеюм, ё ин ки охирини тадқиқи сотсиологӣ тайёр намудани аввалин маълумотҳо барои коркард, коркарди онҳо, таҳлили онҳо, шаклгирии хулосабарорӣ ва тавсияҳои амалӣ мансуб меёбанд.

Тайёр намудани аввалин маълумотҳо барои коркарди зинаҳои таҳрир, рамзмонӣ, назорати сифати маълумотҳо ва аорид намудани онҳо ба МЭҲ (Мошинаи Электронии Ҳисоббарор) – ро дар бар мегирад. Ҳангоми коркарди маълумотҳо дар МЭҲ – ҳо барномаҳои компютерии SPSS ва SAS истифода бурда мешавад.

Методҳое, ки ҳангоми таҳлили маълумотҳо истифода мегарданд, гуногунҷабҳа буда ва дар худ маҷмӯи васеи методҳои

мантиқӣ ва математикӣ – ҳам оддӣ ва ҳам мураккаро дар бар мегирад. Интихоби методи мушаххас пеш аз аз хусусияти фарзия бармехезад, ба саволҳо мо ҷавоб ҷуста ва ҷавоб мегирем.

Коркард ва таҳлили гурӯҳи маълумотҳоро дар бар мегирад. Натоиҷи ба даст овардашуда дар шакли ҷадвал пешниҳод мегардад. Мисол

Набзи тақсимоти хароҷоти ҳармоҳаи гуфтугӯи телефонҳои байналхалқӣ

Барои инъикоси натоиҷи таҳлил ғайр аз ҷадвалаҳо инчунин намудҳои гуногуни гистограммаҳо аз қабили диаграммаҳои сутунӣ истифода бурда мешаванд.

Яке аз шаклҳои дигари пешниҳоди таҳлили маълумотҳо диаграммаи даврашакл мансуб меёбад.

Ҳарчанд натиҷаи таҳлили якандозагӣ маънои мустақилро дорост, кулли муҳаққиқон аз таҳлили бисёрченака, ки маҷмӯи методҳои статистикӣ (ҳисоб)-ро дар бар мегиранд, барои омӯзиши рӯйдодҳои бисёрченака, яъне рӯйдодҳое, ки дорои хусусиятҳои гуногунанд, истифода мебаранд. Ин метод имкон медиҳад, ки фарзияҳои гуногун ва сабабу алоқамандии байни рӯйдодҳо омӯхта шаванд.

Маълумотҳои эмперикии ба дастовардашуда дар натиҷаи коркарду таҳлили рақамӣ нишодиҳандаи сифати объекти тадқиқ ба шумор намеравад, балки тасвиркунандаи умумиятдиҳандаест, ки тавассути қонуниятҳои мантиқӣ ва математики бузургиҳои рақамӣ пайдо гашта, акнун мазмуну маъно пайдо мекунад. Тағйирёбии ахбороти сотсиологии аз нишондиҳандаҳои рақамӣ ба натиҷаи нишондиҳандаҳои мушаххаси объекти тадқиқ интерпретатсия (тафсир) номида мешавад. Ҳар як нишондиҳандаи амалӣ бисёрмаъногиро ифода менамояд, аз ин рӯ, онҳо вобаста аз назарияи интихобгардида ва мавқеи ахлоқию дигар хусусиятҳояшон бо тарзҳои гуногун интерпретатсия мегарданд. Тасаввур менамоем, ки зиёда аз 30% пурсидашудагон сиёсати ҳукумати моро маҳкум менамоянд. Ин маълумотро чунин интерпретатсия намудан мумкин аст, яъне онҳо орзу доранд, ки ҳукумати дигар сари кор ояд, ё ин ки ба тариқи дигар ин норозигии онҳоро чунин тавзеҳ кардан мумкин аст. Ислоҳот гузаронида ҳайати ҳукуматро тағйир дода, ҳукумат метавонад корро идома диҳад. Ҳар ду ҳолат ҳам далелҳои иловагиро талаб менамояд. Аз ин рӯ, муҳакқиқ вазифаҳои тадқиқро ҳатман муайян намояд, то ин ки натиҷаҳои ба дастовардаашро бо далелҳои мушахасгардида ифода намояд.

Натиҷаи тадқиқ дар шакли ҳисобот, ки дар он бояд консепсияҳо, методҳо, таснифи ҳамаи қисмҳои барнома, таснифу таҳлили маълумотҳои бадастоварда, инчунин хулоса, пешниҳодҳо ва тавсияҳои амалӣ дарҷ ёфта бошанд, пешкаш карда шавад.

Главный Редактор

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *