Фанни Сотсиология

Мафҳум, хусусият ва навъҳои ҷомеа

Нигоҳи муосирон ба фаҳмиши ҷомеа

Таҳлили сотсиологии ҷомеа

Детерменизми таърихй — иҷтимоӣ

Фаҳмишҳои мухталиф оиди навъҳои ҷомеа

Ҳар як фард ҷомеаро ба таври худ дарк менамояд. Бештар ин мафҳум маҷмӯи одамонро, ки аз рӯи ягон таваҷҷӯҳи умумӣ, тарзи ҳаёт ва фаъолияти якҷоя бо ҳам муттаҳид гардидаанд, ифода менамояд. Фанни сотсиология ин мафҳумро ба таври дигар мавриди таҳлили худ қарор медиҳад. Пас, худи ҷомеа чист ва объекти омӯзиши он аз чӣ иборат аст?

  • Нигоҳи муосирон ба фаҳмиши ҷомеа.

Тамоми таърихи ақоиди сотсиологӣ — ин таърихи ҷустуҷӯ ва методи бунёди ҷомеа мебошад. Дар тӯли таърихи инсонӣ мафҳуми ҷомеа, давраҳои инкишофи он ва инқирози ҷомеа ба тарзҳои гуногун баррасӣ гардидааст. Ин мафҳум ҳанӯз аз давраҳои қадим то ба имрӯз бо тарзҳои гуногун маънидод карда мешавад. Масалан, файласуфи барҷастаи аҳди Юнони бостон — Арасту ҷомеаро маҷмӯи гурӯҳҳо дониста зикр менамояд, ки баҳамалоқамандии гурӯҳҳо ба воситаи меъёрҳо ва қоидаҳо муайян ва ба танзим дароварда мешаванд. Олими франсавии асри XVIII Сен-Симон зикр менамояд, ки ҷомеа ин устохонаи бузургест, ки дар он табиат мутеи инсон аст. Барои мутафаккири асри XIX Прудон мафҳуми ҷомеа гурӯҳҳои мухолиф фаҳмида шуда қайд менамояд, ки ҷомеа ин синфҳоест, ки барои амалӣ намудани масъалаи ҳақиқат мекӯшад. Асосгузори илми сотсиология Огюст Конт ҷомеаро тавзеҳ карда, онро аз ду ҷавҳари ҳақиқат иборат медонад: 1) натиҷаи табиӣ инкишофи ҳиссиётҳои маънавӣ, ки дар як оила, халқ, миллат ва дар охир тамоми инсоният ифода мегардад; 2) чун механизми автоматӣ амалкунандае, ки аз қисмҳои ба ҳам алоқаманд, атомҳо ва ғайраҳо иборат мебошанд.

Дар ҷомеашиносии муосир назарияи атомистии ҷомеа вуҷуд дорад, ки ҷомеаро аз маҷмӯи одамони ба ҳам фаъолияткунанда ва шахсиятҳо маънидод менамояд. Муаллифи ин назария Ҷ. Девис, менигорад: «Ҷомеаро ба мисли анкабут тасаввур кардан мумкин аст, ки дорои як қатор эҳсосот ва дастурҳои хоса мебошад…» Ҳар як фард бо риштаҳои пуди бо дигарон дар алоқамандӣ

қарор дорад, агар ба таври дигар иброз намоем, ҳар як фард бо тамоми ҷомеаи ҷаҳон дар равобит мебошад. Яке аз назарияҳои хеле маъмул ин назарияи Г. Зиммел аст, ки робитаи байни фардҳоро ифодакунандаи ҷомеа медонист. Робитаи иҷтимоӣ — ин ҳама гуна рафтори гурӯҳи фардҳо, дар ҷомеа дар муддати муайяни вақт дониста мешавад. Ин мафҳум мазмун ва мундариҷаи муносибати байни одамон ва гурӯҳҳои иҷтимоиро, ки чун сарчашмаҳои сифатии ҳама гуна навъҳои фаъолият ба шумор мераванд, ифода мекунад. Натиҷаи ин равобитро алоқаи иҷтимоӣ ташкил медиҳад. Алоқаи иҷтимоӣ баҳамалоқамандии фардҳоест, ки мақсади муайян дар шароити мушаххас дорад ва он дар ҷой ва вақти муайян ба вуқӯъ меояд. Ин фаҳмиш то андозае ба усули сотсиологии дарки ҷомеа ҷавобгӯ аст.

Асосҳои муқарраргардидаи инкишофи минбаъдаи ин назария дар таълимоти шабакавии ҷомеа инъикоси мантиқии хешро ёфтааст. Ин назария ба фардҳое, ки дар ҷомеа қарорҳои муҳимро қабул менамоянд, такя намуда, аз ҳам вобастагӣ надоранд. Назарияи робитаи иҷтимоӣ ва шаклҳои гуногуни он дар маркази диққати хеш омилҳои шахсият ва фардҳои фаъолияткунандаро мегузорад.

Дар назарияи гурӯҳҳои иҷтимоӣ, ҷомеа чун маҷмӯи гурӯҳи одамон ва гурӯҳҳои бартаридошта тавзеҳ дода мешаванд. Агар дар назарияҳои атомистии ҷомеа ва таълимоти шабакавӣ компоненти асосӣ — гурӯҳи одамон бошанд, пас дар маркази консепсияи ин назария мафҳумҳои ҷомеа ва инсоният меистанд.

Дар илми сотсиологӣ ду усули омӯзиши ҷомеа: функсионалӣ ва конфликтологӣ (низоӣ) мавҷуд аст. Мувофиқи муқаррароти назарияи функсионалӣ:

  • ҷомеа -ин системаест, ки аз қисмҳо таркиб ёфта ва дар навбати худ дар як воҳиди ягона муттаҳид гардидааст;
  • ) системаи ҷамъияти мустаҳкамиро нигоҳ медорад, дар онҳо механизмҳои вазорати дохилӣ ба амсоли суд, органҳои муҳофизати ҳуқуқӣ вуҷуд доранд;
  • дисфунксияи (аз инкишоф баргаштан) онҳо вуҷуд доранд, вале худ ба худ аз байн хоҳанд рафт.
  • тағйиротҳо на ба таври инқилобӣ, балки оҳиста — оҳиста ба вуҷуд меоянд;
  • Ба ҳам иаздикшавии иҷтимоӣ дар асоси розигии аксари шаҳрвандони мамлакат ҳангоми дарки он, ки ҷомеа ин мисли як риштаи бофташуда мебошад, ба вуҷуд меояд.

Равияи конфликтологӣ зери назарияҳо ва асарҳои К.Маркс арзи ҳастӣ намудааст. Вай муборизаи синфиро яке аз омили асосии ҷомеа меҳисобад. Ҳамин тариқ, ҷомеа-ин майдони муборизаи доимии синфҳои ба ҳам зид буда, бо шарофати муборизаи байни синфҳо ҷомеа пеш меравад.

Таҳлили сотсиологии ҷомеа

Зери маънои васеи мафҳуми ҷомеа умумияти ҳама гуна ташкилотҳои иҷтимоӣ фаҳмида мешавад. Вобаста ба ин мафҳуми ҷомеаро чунин таъриф додан мумкин аст: Маҷмӯи равобити байни одамон, ки таърихан дар ҷараёни ҳаёт чун тарзи ҳаёт пазируфта шудааст, ҷомеа ном дорад.

Ин таърифро дар ҳама ҳолатҳои ҳаёт дучор шудан мумкин аст. Масалан, хондан, ҷомеаи китобдӯстдорон, ҷамъияти моҳидорон ва ё ҷомеаи мураккабу серзинаро ҳар рӯз мо мушоҳида карда метавонем. Аз ҳамин лиҳоз, таҳлили сотсиологӣ хусусияти бисёрдараҷагиро дорост. Ҳақиқати иҷтимоиро метавон ба ду зина ҷудо намуд: макро ва микросотсиологӣ. Макросотсиологӣ ба навъҳои рафтори фард диққат дода, барои фаҳмиши ҷомеа ёрӣ мерасонад. Ба ин навъҳо шомиланд, оила, дин, маълумот ва инчунин сохтори иқтисодӣ ва сиёсии ҷомеа. Дар зинаи макросотсиологӣ ҷомеа чун ҷараёни таърихии инкишофи инсоният, системаи равобит ва муносибатҳои гурӯҳҳои калон ва хурд, анъана, қонунҳо, ниҳодҳои иҷтимоии ҷомеа, ки дар асоси тарзҳои муайяни истеҳсолот, тақсимот, иваз кардан ва истифодабарии маводҳои моддӣ ва маънавӣ амал менамоянд, дониста мешавад.

Таҳлили зинаи микросотсиологӣ дар худ омӯзиши микросистемаҳо (муносибатҳои байни фардӣ)-ро, ки одамонро иҳота кардаанд, дар бар мегиранд. Ин системаҳои эмотсионалиест, ки равобити фардро бо дигар одамон дар бар мегирад. Ҷамъшавии гуногуни ин равобитҳо гурӯҳҳои хурдро ба вуҷуд меоранд, ки аъзоёни онҳо бо якдигар аз рӯйи дастурҳои мусбӣ алоқаманд мебошанд. Муҳаққиқоне, ки ин зинаро меомӯзанд, ба хулосае омадаанд, ки рӯйдоди иҷтимоиро дар он ҳолате дарк кардан мумкин аст, ки маънои рӯйдодеро, ки фардҳоро бо ҳам алоқаманд ташкил додаанд, дар бар гиранд. Мавзӯи асосии таҳқиқи онҳо ин ахлоқ, рафтор, моҳият ва арзишҳоеанд, ки баҳамалоқамандии байни одамон, мӯътадилии ҷомеаро дар бар мегиранд. Дар ҳаёти воқеӣ ҷомеа чун ашё вуҷуд надорад, вале бояд тазаккур дод, ки ҷомеа

дар шакли мушаххасаш ба мисли ҷомеаи Тоҷикистон, ҷомеаи амрикоӣ, ҷомеаи насрониён, ҷомеаи исломӣ ва ғайраҳо вуҷуд доранд. Дар ин ҳолат мафҳуми ҷомеа ба маънои фаҳмиши хурд истифода гардида, баробари маънои давлат ва миллатҳои муосир фаҳмида мешавад.

Олими амрикоӣ Н. Смелзер ҷомеаро тавзеҳ дода зикр менамояд, ки ҷомеа дорои хусусиятҳои зерин: марзи муайяни ҷуғрофӣ, системаи ягонаи қонунбарор ва ҳуввияти муайяни миллиро бояд дошта бошад. Барои васеъ дарк намудани моҳияти ҷомеа дар дараҷаи макро (васеъ) чанд хусусияти асосии онро зикр кард:

  • сарҳад — марзи ҷуғрофӣ, ки харитаи кашидашударо дошта ва равобити иҷтимоӣ ва баҳамалоқамандии иҷтимоӣ дар доираи он амалӣ мегардад;
  • вуҷуд доштани шинохти ҳуввияти худ. 3) аз ҳисоби фарзандони одамоне, ки намояндаи онҳо ба ҳисоб мераванд, зиёд шудани бартарии онҳо;
  • мустаҳкамӣ ва тарзи истеҳсолоти дохилӣ ва баҳамалоқамандии онҳо;
  • мухторияте нишон диҳад, ки вай қисми ягон ҷомеаи дигар нест ва инчунин имкониятҳои қонеъгардонии талаботҳои афродро доро бошад ва тавонад вуҷуд доштани худро тасдиқ намояд. Ҳаёт дар ҷомеа аз тарафи ин ё он ниҳод ва ташкилоти иҷтимоӣ бо арзишҳо ва меъёрҳое, ки аз дохили худи ҷомеа баромаданду офарида мешаванд, ба низом дароварда шуда, идора карда мешавад;
  • қувваи зиёди баҳамназдикшуда: ҷомеа, системаи ягонаи арзишҳо (фарҳанг, маданият) буда, ба ин система наслҳои навро ба он ва инчунин равобит ва муносибатҳои иҷтимоӣ мутобиқ мегардонад.

Тарзҳои гуногуни тавзеҳи ин мафҳум аз О. Конт сар карда то Т. Парсонс ҷомеа чун системаи ягона тавзеҳ гардида, дар худ миқдори зиёди рӯйдодҳои гуногун ва ҷараёнҳои иҷтимоиро дар бар мегирад.

Системаи иҷтимоӣ — ин унсури сохтории ҳақиқати иҷтимоӣ буда ва аз ташкилотҳои ягонаи муайян иборат мебошад. Элементҳои асосии ҷомеа ниҳодҳои иҷтимоӣ, умумияти иҷтимоӣ, гурӯҳҳои иҷтимоӣ, ки арзишҳои муайяни иҷтимоӣ ва меъёрҳоро, ки аз тарафи фардҳои алоҳида кор карда шуда ва он арзишҳою меъёрҳо алоқамандӣ ва муносибатҳои иҷтимоӣ вазифаҳои

муайянро иҷро менамоянд, дониста мешаванд. Ии элементҳо ба ҳамдигар сахт марбутбуда, сохтори ҷомеаро ташкил медиҳанд.

Сохтори иҷтимоӣ — ин тарзи муайяни равобит ва баҳамалоқамандии элементҳост, яъне фардҳое, ки мавқеи муайяни иҷтимоиро ишғол менамоянд ва онҳо вазифаҳои муайянро вобаста ба арзишҳо ва меъёрҳое, ки ҷомеаи мазкур барои худ қабул кардааст, иҷро менамоянд. Сохтори ҷомеаро вобаста аз қисматҳои асосии ҷомеа дидан мумкин аст.

Хусусиятҳое, ки дар муайян намудани сохторҳои элементии ҷомеа асосӣ ба ҳисоб мераванд, инҳоянд: омилҳои табиие, ки одамонро ба ҷинс, синну сол, хусусиятҳои нажодӣ ҷудо менамоянд; умумияти марзии иҷтимоӣ (аҳолии шаҳр, минтақа ва ғайраҳо ); иҷтимоӣ- демографӣ (мардҳо, занҳо, кӯдакон, ҷавонон ва ғайраҳо.), этникӣ -иҷтимоӣ (авлод, қабила, халқият, миллат).

Дар зинаи макроиҷтимоӣ баҳамалоқамандии сохтори ҷомеа дар шакли ниҳодҳои иҷтимоӣ (оила, давлат ва ғайраҳо) фаҳмида мешавад.

Зинаи микроиҷтимоӣ бошад, дар шакли вазифаҳои иҷтимоӣ ташаккул меёбанд. Ҷомеа бо ченакҳои сохторӣ ва дигар ченакҳояш бо тариқи вертикалӣ ба қабатҳои одамон бо ҳам алоқаманд буда, вобаста ба муносибат ба тарзи моликият ба дороҳо ва камбағалон, вобаста ба ҳокимият бошад, ба идоракунандагон ва идорашавандагон ва ғайраҳо ҷудо мешаванд. Ҳангоми таҳлили ҷомеа чун як воҳиди том натанҳо элементҳои сохтории вайро, балки баҳамалоқамандии элментҳои гуногунро гӯё, ки онҳо ба ҳамдигар таъсир намерасонанд, дидан лозим аст. Оё дар байни фермер ва муаллим ягон баҳамалоқамандии иҷтимоӣ дида мешавад ё на? Оила ва муносибатҳои истеҳсолотро ба ҳам чӣ муттаҳид месозад?. Таҳлили функсионалӣ — структурӣ ба ин саволҳо ҷавоб дода метавонад. Ҷомеа элементҳои худро на ба воситаи барқарор намудани равобит, балки дар асоси вобаста будан ба функсияҳо муттаҳид менамояд. Сотсиологи америкоӣ — Т. Парсонс, ташкилкунандаи мактаби структур-функсионалӣ ин вазифаҳои асосиро, ки ҷомеа бе онҳо вуҷуд дошта наметавонад, нишон медиҳад;

  • адаптатсия ( мутобиқ гардидан) талабот барои мутобиқ гаштан ба муҳити зист;
  • мақсади дастовард — гузориши масъала, ки дар назди система меистад;
  • интегратсия (наздикшавӣ) — нигоҳ доштани низоми дохилӣ;
  • намуди баҳамалоқамандии система, яъне имконияти сохтори истеҳсолӣ ва паст кардани шиддати иҷтимоии системаро нигоҳ доштан.

Вазифаҳои асосии системаро, ки Т.Парсонс нишон дода, чор зерсистемаи муҳими онро (иқтисодиёт, сиёсат, хешовандӣ ва фарҳанг ), ки дар иҷро намудани талаботҳои зерсистема хизмат менамоянд, қайд мекунад. Вай ниҳодҳои иҷтимоиеро нишон медиҳад, ки дар танзими ҷараёнҳои адаптатсионӣ, мақсаднокӣ, мӯътадилгардонӣ ва якҷояшавӣ ( корхонаҳо, бонкҳо, ҳизбҳо, аппарати давлатӣ, мамлакат, оила, масҷид ва ғайраҳо) саҳм мегузоранд.

Детерменизми таърихй — иҷтимоӣ

Вазифаҳои зерсистемаҳоро интихоб намуда, саволи алоқаи детерменистиро ба миён овард. Назарияи детерминизм омилҳои зерсистемаҳоро, ки симои ҷомеаро пурра нишон медиҳад, мавриди омӯзиш қарор медиҳад. Детерминизм ин таълимоти объективии қонунҳои баҳамалоқамандӣ ва аз якдигар вобаста будани рӯйдодҳои табиат ва ҷомеа мебошад. Принсиписи асосии детерменизм ин ҳамаи ашёҳо ва муҳити атроф дар робита ва муносибатҳои гуногуни байниҳамӣ вуҷуд доранд. Дар байни ҷомеашиносон ақидаи ягона дар бораи кадом омил симои ҷомеаро ифода мекунад, вуҷуд надорад. Масалан, К. Маркс зерсистемаи иқтисодиро муайянкунандаи асосии ҷомеа меҳисобад (детерминизми иқтисодӣ). Тарафдорони детерменизми техникии омили асосӣ дар ҳаёти иҷтимоии ҷомеа инкишофи техника ва технологияи муосирро мансуб медонанд. Тарафдорони детерменизми фарҳангӣ асосӣ ҷомеаро дар арзишҳо ва меъёрҳои мустаҳками такрорнашавандаи ҷомеа медонанд. Детерминизми биологӣ ҳама рӯйдодҳои иҷтимоиро ба хусусиятҳои генетикии биологии одамон мансуб медонанд. Агар ҷомеаро аз лиҳози қонуниятҳои алоқамандии инсону ҷомеа, омилҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ таҳлил намоем, пас ин назарияро назарияи таърихӣ — иҷтимоӣ номид. Детерменизми таърихӣ — иҷтимоӣ яке аз принсипҳои асосии сотсиологӣ буда ифодакунандаи ҳамаи алоқаҳо ва аз ҳамвобаста будани

рӯйдодҳоро нишон медиҳад. Чӣ тавре ки ҷомеа инсонро тавлид менамояд, инсон дар навбати худ ҷомеаро меофарад. Инсон маҳсули фаъолияти моддӣ ва маънавии худ ба ҳисоб меравад. Инсон натанҳо объект, балки субъекти фаъолияти иҷтимоист. Фаъолияти иҷтимоӣ содда мебошад. Ин мафҳумро М. Вебер кор карда ба илм дохил кардааст: мақсад ифода кардани самти фаъолияти фард, ки бошуурона ба замони гузашта, ҳозира ва ё ояндаи рафтори дигарон равона карда шудааст. Моҳияти ҳаёти иҷтимоӣ дар фаъолияти амалии инсон маҳфуз мебошад. Инсон фаъолияти хешро ба воситаи навъҳою қолабҳо, равобитҳо ва муносибатҳои таърихан барқароргардида бо дигар одамон ба роҳ мемонад. Аз ин рӯ, дар доираи ҳаёти ҷамиятӣ фаъолияти фард на ҳама вақт характери фардӣ дорад, вале он ҳама вақт хусусияти иҷтимоӣ дорад. Фаъолияти иҷтимоӣ — ин маҷмӯи фаъолиятҳои арзишнокест, ки аз тарафи субъект (ҷамъият, гурӯҳ, шахсиятҳо) дар соҳаҳо ва зинаҳои гуногуни ташкилии ҷомеа амалӣ гардонида мешавад, мақсади муайяни иҷтимоӣ ва манфиатро барои расидан ба натиҷаҳо истифода мебарад, аз қабили иқтисодӣ,’ иҷтимоӣ ва идеологӣ.

Таърих ва муносибатҳои иҷтимоӣ ҷудо аз фаъолият вуҷуд дошта наметавонад. Фаъолияти иҷтимоӣ аз яктараф бо қонуниятҳои объективӣ амалӣ гардонида мешавад ва он аз ирода ва шуури одамон вобаста набуда, аз тарафи дигар дар он одамон вобаста ба мавқеи ишғолкардаашон роҳҳои гуногуни амалӣ гардонидани фаъолиятро медонад, ширкат меварзанд.

Хусусияти асосии детерменизми таърихи — иҷтимоӣ дар он таҷассум мегардад, ки объекти вай фаъолияти одамон буда, дар айни замон чун субъекти фаъолият дониста мешавад. Ҳамин тариқ, қонунҳои иҷтимоӣ — ин қонунҳои фаъолияти одамон, қонунҳои созмондиҳандаи ҷомеа, қонунҳои хусусии фаъолияти иҷтимоӣ мебошанд.

Навъҳои ҷомеа

Дар ҷаҳони муосир навъҳои гуногуни ҷомеа вуҷуд дорад, ки аз ҳамдигар бо бисёр хусусиятҳои намоёнашон, масалан (забони муошират, фарҳанг, мавқеи географӣ, андоза ва ғайраҳо) ва хусусиятҳои нонамоёнашон аз қабили (дараҷаи наздикшавиашон, эътидолияташон ва ғайраҳо) фарқ менамоянд. Мутобиқи

гурӯҳбандии илмии фарқиятҳои ҷомеаҳоро аз рӯи баъзе хусусиятҳои умумиашон бояд ба эътибор гирифт.

Ҷомеаҳоро аз набудани як критерияи умумӣ гурӯҳбандӣ кардан хеле душвор ва мураккаб мебошад.

Дар миёнаи асрҳои XIX К. Маркс гурӯҳбандии ҷомеаро дар асоси тарзи истеҳсолот ва муносибат ба моликият пешниҳод намуд. Вай тамоми навъҳои ҷомеаро ба панҷ навъ ҷудо кард: (форматсияҳои иқтисодӣ) ҷомеаи ибтидоӣ, ҷомеаи ғуломдорӣ, ҷомеаи феодалӣ, ҷомеаи капиталистӣ ва ҷомеаи коммунистӣ.

Мувофиқи гурӯҳбандии дигар ҷомеа ду навъ — содда ва мураккаб мешавад. Критерияи асосии онҳо миқдори идоракунӣ ва зинаҳои қабати ҷомеа мебошанд. Ҷомеаи содда — ин ҷомеа, ки қисматҳои асосияшро қабатҳои якхелаи аҳолӣ ташкил намуда, дар он на сарватмандон на камбағалон, на роҳбар ва на зердаст ҷой надоранд, сохтор ва вазифаҳо дар ин навъ ҷомеаҳо суст инкишоф ёфтаанд ва ҷои як қишрро қишри дигар метавонад зуд иваз намояд. Чунин ҷомеаҳои содда дар ҷаҳони имрӯза низ дар кураи замин ба чашм мерасанд.

Ҷомеаи мураккаб — ҷомеаест, ки қабати иҷтимоиаш сохтори ниҳоят пурқувват дошта, бо якдигар алоқаманданд ва айни замон аз якдигар вобастагӣ доранд, ки ба як самт равона намудани онҳо ногузир аст. К. Поппер ду навъи ҷомеа: пӯшида ва кушодаро нишон медиҳад. Фарқияти байни ин ду ҷомеа, ки Поппер нишон медиҳад аз якчанд омил иборат аст, пеш аз ҳама муносибати назорати иҷтимоӣ ва озодии фард. Дар ҷомеаҳои пӯшида (маҳкам) хусусиятҳои зерин; мӯътадилии иҷтимоӣ маҳдуд карда шудаанд, навовариро қабул надоранд, ба анъанаҳо содиқанд, сиёсати шахшудаи авторитарӣ доранд, коллективизм дар онҳо чуқур реша давондааст. Ба ин навъҳои ҷомеа К.Поппер далатдории Снарт, Пруссия, Россияи подшоҳӣ, Германияи фашистӣ, Иттиҳоди Шӯравии даврони сталиниро мансуб медонад.Ҷомеаи кушод бо хусусиятҳои динамикии сохтори иҷтимоӣ, ҳаракати баланд, навгониҳоро қабул карда метавонад, тафаккури танқидӣ дорад, идеологияи бисёрақидагӣ ва демократӣ ҷой дорад. К. Поппер намунаи ҷомеаи кушод Афинаи қадимро дониста, дар ҷаҳони муосир бошад, ҷомеаҳои демократии ғарбро ҷомеаи кушод медонад.

Яке аз шаклҳои ниҳоят паҳнгаштаи гурӯҳбандии ҷомеа ин гурӯҳбандии сотсиологи амрикоӣ Д. Белл, ки дар асоси тағйирёбии

зербинои технологӣ ҷомеаро ба навъҳои анъанавӣ, саноатӣ, баъдисаноатӣ ҷудо кардааст, мебошад.

Ҷомеаи анъанавӣ ( тоиндустрявӣ) -ҷомеаи бо тарзи аграрӣ, ки дар он ҷо тарзи мубодилаи натуралӣ мавқеи муҳим дошта, сохтори ин ҷомеа камҳаракат ва дар асоси анъанаҳои ҷойдошта ба танзим дароварда мешавад. Барои ин гуна ҷомеаҳо меҳнати дастӣ хос мебошад. Суръати пасти истеҳсолот, ки ин хусусиятҳо талаботҳои одамонро ба дараҷаи ниҳоят маҳдуд иҷро менамояд дар ин гуна ҷомеаҳо ба назар мерасад. Сарварони чунин ҷомеаҳо ниҳоят коҳиланд, навовариро кам қабул менамоянд. Рафтори фардро дар чунин ҷомеаҳо анъана, меъёрҳои муаяйнгардида, ниҳодҳои иҷтимоӣ ба танзим медароранд. Тағйир додан ва фикри дигаргун кардани анъана, расму русум, меъёрҳои ниҳодҳои иҷтимоӣ дар ин гуна ҷомеаҳо тамоман номумкин аст.Вазифаи интегративии худро маданият ва ниҳодҳои иҷтимоӣ иҷро карда, ҳама гуна вокуниши озодии шахсиятро, ки барои зина ба зина дигаргунсозии ҷомеа лозим аст, пахш менамоянд,

Мафҳуми ҷомеаи саноатиро аввалин маротиба А.Сен-Симон истифода бурда, хусусияти нави он зерсохти техникиро қайд кардааст. Ҷомеаи саноатӣ-ин ҷомеаи мураккабест, ки дар асоси тарзи хоҷагидории саноатии пурҳаракати боқувват ва навсозии сохтор, тарзи танзими иҷтимоӣ-фарҳнгӣ, ки дар асоси озодии фард ва манфиатҳои ҷомеа фаъолият менамояд, мебошад. Барои ин гуна ҷомеаҳо тақсими меҳнатӣ инкишоф ёфта, истеҳсолоти васеи мол, автоматикунонӣ ва мошинакунонии тарзи истеҳсолот, васоити коммуникатсияи оммавии инкишофёфта, шаҳрдорӣ ва ғайра хос мебошад.

Ҷомеаи баъдисаноатӣ (баъзан ин ҷомеаро ҷомеаи информатсионӣ ё иттилоотӣ низ меноманд) -ҷомеаест, ки дар асоси инкишофи васеи ҳаматарафаи васоити информатсионӣ- итталоотӣ ба даст овардан ва коркарди масолеҳи табиӣ ба воситаи иваз намудан ва коркарди информатсионӣ, инчунин, дар соҳаи хизматрасонӣ инкишофи чашмрас дида мешавад. Дар ин ҷомеаҳо сохтори шуғли аҳолӣ иваз гардида, гурӯҳҳои баландихтисоси гуногун ба вуҷуд меоянд. Аз рӯи баъзе пешбиниҳо аллакай дар аввали асри XXI дар мамлакатҳои мутараққӣ нисфи зиёди коргарон дар соҳаи информатсионӣ, чорякашон дар соҳаи истеҳсоли мол, чоряки дигарашон дар соҳаи хизматрасонӣ аз он ҷумла, хизматрасонии информатсионӣ машғул мегарданд.

Тағйирёбии зербинои технологӣ ба ташкили системаи равобит ва муносибатҳои иҷтимоӣ таъсири худро мегузорад. Агар дар ҷомеаи саноатӣ синфи асосиро коргарон ташкил диҳанд, дар ҷомеаи информатсионӣ бошад, синфи асосӣ хизматчиён ва идоракунандагон ба ҳисоб мераванд. Мафҳуми гуногунии синфҳо суст гардида, сохтори иҷтимоӣ -вазифавӣ ташаккул меёбад. Ба ҷои роҳбарон принсипи идоракунии ризоияти тарафайн барқарор гардида, ба ҷойи ҷомеаи демократӣ, ки намояндагони қишрҳои иҷтимоӣ онро идора мекарданд, сохтори худидоракунии демократӣ меояд. Дар натиҷаи чунин сохтор типи нави ташкилии шабакавӣ, ки вобаста ба вазъият самти дигаргуниҳо ва тағйиротро тақозо дорад, пайдо мегардад.

Бояд зикр намуд, ки як катор муҳаққиқони сотсиолог ба он диққат медиҳанд, ки дар чунин ҷомеаҳо озодии афрод ниҳоят ҳам ба дараҷаи баланд мерасад ва он ба он оварда мерасонад, ки тарзи ниҳоии назорати иҷтимоии афрод ба вуҷуд меояд.

Дар охир ҳаминро бояд тазаккур дод, ки ғайр аз ин таснифотҳо боз таснифотҳои дигари гурӯҳбандии ҷомеаҳо дар таълимотҳои сотсиологии муосир ҷой дорад. Муҳим он ки муҳаққиқ кадом омилҳоро ҳангоми таснифоти ҷомеа дар мадди аввал мегузорад.

Главный Редактор

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *