Фанни Сотсиология

Тартиби ташкил ва гузаронидани тахкикоти сотсиологи

Усулхои чамъи ахбор дар тадкидкодхои ичтимои.

Дар илми сотсиология асосан чахор усули чамъи далелхо мавчуд аст: пурсиши ичтимои, мушохида, тахлили хуччатхо ва санчиш (эксперимент), имруз назар ба дигар усулхои зикрдошта, методи пурсиш (опрос) мавкеъи хоса пайдо карда мебошад. Пурсиш, ин тарзи бевоситаи чамъ ё гирифтани ахбори аввалин оиди хайёти ичтимои, масоили мухим ва халталаб мебошад. Ин аст, ки бо истифодаи ин усул дар чахони инсони 90-95%- ахбор гирифта мешавад. Мухаккикон пурсишро методи умумии и вокеъияти ичтимои мефахманд. Аз он хотир, ки махз ин метод вазъи феълии инсонро имкон мухайё менамояд, ки акс созад: он чихатхоеро, ки одатан наметавон дар хайёти хамаруза онхоро ифода кард. Методи пурсиш чунин табакабанди карда мешавад: дар вобастаги ба шакли муносибат рузона ва гоибона, аз руи микдори цендентхо, ки хамчунин дар тадкикот ширкат варзанд, ба фарди (персонали) ва гурухи чудо мешаванд.

Аз назари сарчашма гирифтани ахбор пурсиш ба умуми (массовые), ки дар он категорияхои гуногуни ахоли иштирок мекунанд, махсус барои омузиши гуруххои бо ягон максад ташаккулёфта (харидорон, намоишчуёни барнома ва гайра) чудо мешаванд.

Ба гайр аз ин ду усули дигари пурсиш дар вобастаги ба тарзи ахбор байни социолог ва респондент (хатти ва шакли дахонии муносибат): анкета ва интервью чудо мешаванд.

Анкета – хамчун воситаи гирифтани ахбор бар худ чамъи саволхо, ки бахри тавсифи микдор ва сифати объекти омузиш равона мешавад, тачассум мекунанд.

Бо мукоиса аз шакли интервью пурсиш таъчилитар аст. Аз тарафи дигар тавассути анкета ба савол чавоби хатти медиханд, ки хусусияти фарккунандаи анкета мебошад.

Чунин шаклхои анкета мавчуданд:

  1. Анкетахои таксимкардашуда.
  2. Анкетахои почтави.
  3. Анкетахои матбуоти.
  4. Анкетахои садою симо.
  5. Анкетахои интернети.

1. Анкетахои таксимкарда метавонанд, дар ду варианти асоси: фарди (индивидуали) ва гурухи (аудитори) татбик гарданд.

Дар рафти гузаронидани анкетаи фарди респондент анкетаро аз дасти анкетёр гирифта, дар хозирбошии у пур мекунад. Пурсиши гурухи (аудитори) методи яквакта, вале фарди пурсиши анкети аст, ки дар як бино чамъшуда мебошанд.

Дар шароити ташкили табакабандии пурсиши гурухи дар инсон эхсоси равонии махфи пайдо мешавад.

2. Анкетахои почтави – ин шакли гоибонаи фардии анкетагузарони аст, хусусан дар он холате пахн карда мешавад, ки шахс имконоти вохурданро бо респондентхо надорад. Вай дар ирсоли почтавии анкетахо асоснок мешавад.

  1. Анкетаи матбуоти – чунин намуди пурсиш мебошад, ки дар нашриётхои даври интишор мешаванд ва хохиш карда мешавад, ки ба саволномахо чавоб гардонида ба нишонаи рузнома ё мачала ирсол доранд.
  2. Пурсишхои радио ва телевизиони. Номгуи саволхои тадкикотии манфиатбахш тавассути радио шунавонида ва бо воситаи телевизион тарики намоиш нишон дода мешавад, ё худ дар рузномахо пешаки чоп мегарданд ва респондентхо раками кодро гирифта, тавассути телефон баён мекунанд (ин вазъи интервюии тарики телефонро ба ёд меорад). Афзалияти асосии чунин шакли пурсиш аз мухайё кардани чамъи ахбори таъчили иборат аст.
  3. Интернет – пурсиши айни хол нав ба пахншави огоз мекунад. Бинобар, шакли на он кадар маълуми пурсиш аст. Харчанд бисёр нашрияхои даври, каналхои телевизиони чунин усули тадкикотро бо максади рейтинги барномахои телевизионию радиои истифода мебаранд.

Интервьюи сотсиологи – усули чамъи ахбори сотсиологист, ки дар асоси таъсири сотсиали – психологии байни респонденту интервьюгир бо максади гирифтани маълумот, диккатчалбкунандаи мухаккик сурат мегирад.

Интервью – муносибат (алока)-и бомаксад, сухбат, ки бо накшаи муайян гузаронида мешавад. Ин усул руирост ва ошкоро байни интервьюгир ва пурсидашаванда амали гардонида мешавад. Шаклхои гуногуни интервью мавчуд аст:

а) ба мазмуни мухобиса интервьюи хуччати, ки бо максади дарк кардани ходисаи гузашта, гирифтани ахбор бо далелхои нишон додашуда ва интервьюхои акидахо гузаронида мешавад;

б) аз руи тарзи ташкил интервью ба фарди ва гурухи чудо мешавад. Интервьюи фарди чашм ба чашм атрофи саволхои муайян байни интервьюгир ва респондент сурат мегирад. Интервьюи гурухи бошад, ин мубохисаи банакшагирифта мебошад;

Интервьюгир бо саволхои чолиб кушиш мекунад, ки гурухро ба бахс кашад.

в) аз руи техникаи гузаронидан – ба озод, стандарти ва нимстандарти чудо мешавад;

г) аз руи тарзи муносибат ба интервьюи шахси ва телефони таксим мегардад.

Дигар методи мухими тадкикотхои социологи, мушохида аст. Мушохидаи сотсиологи ин усули бомаксадона, систематики, идроки бевосита ва кайди назархои максади тадкикотии ходисахои сотсиологи равандхо, хамчунин нишонахои алохида, хосият, тавсиф, тавсифи объекти омухташаванда мебошад. Намудхои мушохида чунин табакабанди мешаванд:

а) бо дарачаи шаклгири: стандарти ва номунтазам;

б) бо вазъ ва дарачаи фаъолноки: вобаста ва новобаста;

в) бо шароити ташкил ва чой гузаронидани хамаи мушохидахо: лаборатори, сахрои (табии);

Ба чуз пурсиш ва мушохида дар сотсиология усулхои маърифати вакеъияти ичтимои: тахлили хуччатхо ва экперимент (санчиш) хамчунин, усулхои аз дигар илмхо гузашта, монанди тестхо, социометрия мавриди истифода карор мегиранд.

Главный Редактор

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *