Фанни Сотсиология

Ақидаҳои иҷтимоии мутафаккирони форсу тоҷик

Асрҳои миёна бо як қатор хусусиятҳои иқтисодию сиёсӣ, илмию марифатӣ, фарҳангию иҷтимоиаш, ки дар саҳифаи таьрих, дар тараққиёти тамаддуни ҷахониӣ нақши худро гузоштааст нисбат ба давраҳои пешин ва минбаъдаи инкишофу такоммули ҳаёти иҷтимоӣ фарқ мекунад. Тазаккур бояд дод, ки дар ин давра асосан ҷаҳони маънавиетро пурра фалсафаи дин ташкил медод. Таъсири чунин вазъияти замона буд, ки дар афкору ақидарониҳои мутафаккирони давр: файласуфон, шоирон ва ғайраҳо нисбати тамоми соҳаҳои ҳаёт, аз ҷумла иҷтимоиёти мардум, аз ҳама бештар ғалатфаҳмиҳо ба чашм мерасанд. инро сарчашма ҳое, ки то имрӯз 6а мо расидаанд, гувоҳӣ медиҳанд. Вале бо вуҷуди ин дар баъзе афкору ақидарониҳои файласуфон лаҳзаҳоеро оид ба ҳаёти иҷтимоӣ мушоҳида кардан мумкин аст, ки басо диққатҷалбкунанда мебошанд. Аз ин хотир, шиносоӣ ба дастовардҳои маънавии ин давр касро аз бисёр пешравию муваффа қиятҳое, ки ба даст дароварда шуда буданд, воқиф мегардонанд.

Чи тавре маълум аст, ҳар як ақида хоҳ дар шакли илмӣ, хоҳ дар шакли бадеӣ бошад, нишонаи дараҷаи инкишофи маърифати мардум нисбати давру замон ба ҳисоб меравад. Дар афкори мутафаккирон ҳолат, шароит, вазъияти иҷтимоӣ, сиесӣ ва ғайраи тарафҳои зиндагии мардум, қувваҳои гуногуни сиёсию фарҳангӣ инъикос мегарданд. Тавассути омӯзиш, таҳлил ва хулосабарориҳо нисбати ҳолу аҳволи мардум, алалхусус, вазъияти иқтисодию сиёсӣ, иҷтимоию ахлоқӣ ва дигар ҷабҳаҳои зиндагӣ равшан муайян мегардад, ки чунин омил ҳо ба иҷтимоиёт чи вобастагие доранд?

инро мо дар мисоли афкору ақидарониҳои мутафакирони форсу то ҷик хеле хуб ҳис карда метавонем. Мутафаккирони давру замонаҳои гуногуни форсу тоҷик, ҳануз аз замонҳои Абуабдуллоҳи Рудакӣ сар карда дар муддати хеле ҳам тулонӣ нисбати вазъи иқтисодию сиёсӣ, фарҳангӣ, ахлоқӣ ва дигар ҷабҳаҳои ҳаёти маънавии давру замони худ фикру андешаҳои хешро дар шаклҳои гуногуни назму насрӣ ба мо мерос гузоштаанд ва маҳз омӯзишу таҳлили онҳо имконият медиҳанд, ки то ҳадди имкон, ба он давраҳои хеле ҳам қадима шиносоие пайдо намоем.

Маълум аст, ки намояндагони барҷастаи илму фарҳанги форсу тоҷик ҳар кадоме ба таври фаҳмиши худ оид ба ин ё он проблемаҳои ҳаёти мардум: маишат, оила, ме ҳ нат, касбу ҳунаромӯзӣ, ташкили истеҳсолот, зисту зиндагӣ дар деҳа, ноҳияҳо ва умуман диёру мамлакат фикру а қидаҳои хешро дар рисолатҳояшон бо далелҳо баён кардаанд. Масалан, Абӯнасри Форобй аз ҷумлаи он мутафаккироне мебошад, ки яке аз аввалин ҳо шуда дар таърихи афкори форсу тоҷик нисбати ҷабҳаҳои ҳаёти иҷтимоии мардуми давру замонаш фикру андешаҳои хешро баён намудааст. Ӯ дар як қатор асарҳояш оид ба инсон, шароити зисту зиндагии одамон, мартабаю мақом, тақдиру насиб, ало қамандию пайвастагии фаъолияти одамони алоҳида нисбат ба ҷомеа барин ҷиҳатҳо ҳарф зада, қайд мекунад, ки ҳаёти инсонӣ ба шароитҳои моддию қонуниятҳои табииаш мебоист мутобиқ кунонада шавад. Ӯ инсонро махлуқи ҷамъиятӣ ҳисобида меҳнат кардану ризқу рузӣ дарёфт намуданро ба таври содалавҳона ҳам бошад, асоси ташкили зиндагии хеш медонад. Сабаби пайдоиши ҷомеаро ӯ дар зарурати қонеъ гардонидани талаботи моддию маънавии одамон мебинад. Одамон, ба қавли ӯ, аз рӯи талаботҳои худ ба шаклҳои гуногуни истеҳсолоти нозу неъматҳои барояшон зарур машғул шуда, муттаҳидиеро ба миён меоваранд. Онҳо ҳис мекунанд, ки фақат дар чунин муттаҳидӣ, ёрии якдигар метавонанд меҳнати пурмаҳсул намоянд. Форобӣ ба сохти сиёсии ҷамъиятӣ, давлату давлатдории давру замонаш баҳо дода истода, бо вуҷуди фикрҳои хаёлиаш: гӯе, ки пешрафти ҷомеа, беҳбудии он ба шахсони бузурги алоҳида: подшоҳон, ҳокимон вобаста бошад, тавонистааст, ки оид ба тарзу усули беҳтарини ташкили идораи ҷомеадорӣ (давлатдорӣ) баъзе андешаҳояшро баён созад.

Мутафаккири дигари ҳамин давру замон Абурайҳони Берунӣ (973-1048) низ ба баъзе ақидаҳои Форобӣ пайравӣ карда, оид ба тарафҳои ҷудогонаи ҳаёти иҷтимоии одамон суханони тозае баён карда буд. Аз омӯзишу таҳлили асарҳои мутафаккир «Аш-тафъим», «Мо—ли-л-хинд», «Китоб-ул -ҷамоҳид» ва боз чандин дигар навиштаҳояш кушоду равшан дидан мумкин аст, ки ӯ то кадом дараҷа мақому мартабаи инсонро хуб фаҳмидааст. Берунӣ боварибахшона чунин нуқтаро дастгирӣ кардааст, ки зисту зиндагии хушҳолонаи мардум натиҷаи меҳнати ҳалоли ӯст. Маҳз меҳнат инсонро ташаккул дода. талаботҳои моддию маънавиашро пайдо намуда метавонад. Ба ҷамъиятӣ гардонидани инсон ҳам меҳнати ӯ сабаб шудааст. Ӯ дуруст пай бурдааст, ки зарурати зиндагии моддӣ, мӯҳтоҷии талаботҳои инсонӣ одамонро водор сохтааст, ки ба якдигар муттаҳид шуда, дар ҷамъоҷамъии якдигар маҳсулоти фаровон ба даст дароваранд, худро аз ҳар гуна офатҳо нигоҳ дошта, муҳофизат кунанд. Берунӣ низ чун Форобӣ тарафдори прдшоҳону ҳокимони одилу доно, оқилу тавоно мебошад.

Абуалӣ ибни Сино (980-1037) дар олами башар на ин, ки чун олими соҳаи тиб, файласуф, инчунин ҳамчун энсиклопедист маълуму машҳур мебошад. Ӯ оид ба кулли проблемаҳои олами табиӣ, инсону инсоният, ҷомеаю тарзи давлатдорӣ, фаъолияти меҳнатӣ, таълиму тарбия барин масоили афкор ақидаронӣ намуда, нисбати ҳар кадоме маслиҳатҳои хешро баён намудааст. Ақидаҳои иҷтимоӣ ва ахлоқии ибни Сино дар асарҳояш «Китоб-уш-шифо», «Донишнома», рисолаҳои «Тадбири манзил», «Тайр», «Тӯҳфа», «Мероҷнома» ва ғайраҳо хуб ифода ёфтаанд. Мувофиқи таълимоти ӯ инсон, ки фақат дар ҷамъият муносибатҳояшро такмил додан имконият дорад, бе меҳнат зиндагӣ карда наметавонад. Маҳз ӯ дар якноягӣ бо дигарон рисқу рузияшро фаровон, касбу корашро пурфайз гардонида ташаккул меёбад. истеҳсоли неъматҳои моддӣ ба талаботи одамон вобастагӣ доранд. Меҳнати онҳо имконият медиҳад, ки рузғорашонро таъмин намоянд. Меҳнат- мегӯяд — ба инкишофи ақлу тафаккури инсон ва ҳунаромӯзии ӯ кӯмак мебахшад. Муносибатҳои гуногуни дар ҷомеа амал карда истода инсонро водор месозанд, ки ҳамоҳанги онҳо зиндаги кунад. Одам аз ҳайвон бо ақл, фикр, қобилият, ахлоқ, одоб, дӯстӣ, илму фарҳанг, эҷодкорӣ, забон барин омилҳо фарқ мекунад. Муҳити табиӣ ба инсон бетағйир намемонад. Оид ба оилаю оиладорӣ таъкид кардааст, ки вай бояд хушҳолу мақсаднок бошад. инсон чун ҷомеа ҳамеша дар инкишоф буда, тавассути он инкишоф меёбад, ҳунарҳои нав ба навро аз худ мекунад. Дар ин раванд ҳам омилҳои ахлоқӣ ва ҳам моддӣ таьсир мерасонанд. Оид ба нуфузи халқ дар ҳаёти ҷомеа сухан карда, Сино чун Арасту ва Форобӣ мақоми шахсони алоҳида: подшоҳон, ҳокимонро нисбати дигарон баланд мешуморад, ки ин албатта иллати иҷтнимоии ӯст. Сино мақоми тиҷорату саноатро дар ҳаёти инсонӣ ва пешрафти ҷомеа қайд карда, вобастагии саноату мол, ақлу инсоф, одоби тиҷорат ва ғайраҳоро дар ин роҳ чун омили муҳим нишон додааст. Тиҷорат ва саноатро воситаи ба даст даровардани ғизо ва хурок дониста, Сино чунин мегӯяд: «Эҳтиёҷи мардум ба қувват ва хурок боис шуд, барои ин ки ҳама кас дар роҳи касбу ба даст овардани он бикушанд… ба воситаи тиҷорат ва саноат паи касбу ба даст овардани ғизо ва хӯрок бираванд. Саноат собиттар ва пойдортар аз тиҷорат аст… Зеро ки тиҷорат ба василаи мол сурат мегирад…» Сино пайдоиши ҳунарҳоро ба талаботи моддӣ алоқаманд дониста, онро боиси ба дороёну нодорон тақсим шудани мардум донад ҳам, аммо тағйиру таназзули ҷамъиятро ба омилҳои ахлоқӣ, сифатҳои шахсии ҳокимон (подшоҳон), сиёсатмандон, тадбиру қонунҳои онҳо ва ҳам ба омилҳои ҷисмонӣ (қобилияту истеъдоди табийи одамон) вобаста медонад, ки ин начандон дуруст мебошад. Сино таъсири муҳитро дар пайдоиши хислату хусусиятҳо (рафтор, ақида, муносибат ва ғайра) донад ҳам, аммо ба моҳияти асосии он хуб сарфаҳм нарафта буд. Хуш аст, ки ба ҳоли бечорагон раҳм намуда, бо роҳи панду ҳикмат онҳоро танқид менамояд. Сино айби иллати замонаашро танқид кунад ҳам табаддулоти иҷтимоӣ ва инқилобии ҷамъиятро ба миён нагузоштааст. Ӯ оид ба покизагии ахлоқ, адлу инсоф сухан карда бошад ҳам, аммо чунин иллатҳоро фақат нисбати одамони алоҳида медиду халос. Моҳияти хислати синфӣ доштани ҷомеаро нафаҳмидан, иқтисодиётро чун асоси инкишофи ҷомеа пай набурдан, шакл ҳои мушаххаси моликиятдорӣ, сабаби пайдоиши давлат, характери оштинопазирии қувваҳои сиёсӣ, синфии давру замонашро ҳис накардан, подшо ҳро сояи худо дар замин донистан, тарзу давлатдории мутла қиятро ҳимоя кардан, нобаробарии одамонро табийи ва хости худо шуморидан аз он гувоҳӣ медаҳанд, ки Сино нисбати кулли проблемаҳои сиёсию иҷтимоӣ побанди таъсири замона буд. Дуруст аст, ки ӯ подшоҳони одилу ғамхор, покизасиришт, ҳақиқатнигорро мехоҳад. Сабаби пайдоиши ҷамъиятро дар вуҷуд доштани донишу талаботҳои моддию маънавии одамон медонад. Меҳнат, тақсимоти онро аз қобилият, эҳтиёҷоти зиндагӣ мебинад. Зидди сарватҷамъкунӣ баромада, қонунро асоси пешрафти ҷомеа меҳисобад; пайдоиши манзил, оила, шаҳр, давлатро ба майлу хо ҳиши инсон вобаста намуда, баъзе фикрҳои мусбатро нисбати давлат (давлат, -мегӯяд ӯ, аз иттиҳ одияи одамони як ҷинс ба вуҷуд меояд. Барон ин табақаҳои гуногуни иҷтимоӣ ва сиёсӣ низ заруранд) баён мекунад, вале аз фаҳмиши амиқу моҳияти илмию ҳаёти иҷтимоию иқтисодӣ ва сиёсиии давру замон хело дур мондани мутафаккир маълум аст. Ба ҳ амаи норасогиҳои панду хикматҳ ои Сино ниго ҳ накарда мо гуфта метавонем, ки ӯ бо вуҷуди ҳамаи ин тавонистааст дар афкору ақидаҳои ба ҳаёти иҷтимоию снёсии замонааш то андозае нақши хоссаи хешро гузорад. Кулли масоиле, ки ӯ дар ин ҷода ба миён гузошта буд, мавзӯи баҳсу андешаҳои мутафаккирони минбаъда гардид ва дар ин роҳ боиси он шуд, ки ба майдони илму маърифат шахсони нави шинохта сарболо шаванд.

Ба ҷумлаи чунин мугафаккирон Носири Хусравро мисол овардан мумкин аст, ки ӯ низ дар саҳифаҳои таъриху афкори ақидаронӣ нисбати ҳаёти иҷтимоии мардум нуқтасанҷие нишон дода тавонистааст.

Носири Хусрав дар замоне зисту зиндаг ӣ мекард, ки воқеаҳои гунгуни сиёсию иҷтимои хеле ҳам тезу тундро гирифта буданд. Ӯ оид ба баъзе масъалаҳои фалсафии олам фикру андешаҳои худро баён намуда, дар қатори онҳо кушидааст, ки нисбати ҳодисаҳои дар ҳаёту зиндагӣ руҳ додашаванда ва ё вуҷуд дошта низ баъзе мушоҳидаи ҳаётро ба қалам дарорад.

Дар афкору ақидарониҳои сиёсию и ҷтимоии нимаи асри XII ва аввали асри XIII мо бо ҳаёту фаълияти як шахсияти бузурги таърих ӣ Фариддидини Аттор (1178-1220) вохурда метавонем, ки бо фаъолияти э ҷодии худ дар ҳаллу фасл ва масъалагузори ҳои баъзе проблема ҳои ба ҳаёти иҷтимоии инсон дахл дошта ҳиссаи босазое гузошта тавонистааст. Аттор дар асоси ҳикоя, нақл, ривоят ва шеърҳои шуху ҳазломезаш тартиби корбарии подшоҳони беандешаю бераҳм, макру фиреби он ҳоро зери танқид гирифта, одамонро ба меҳнатдустӣ, бародарӣ, тифоқӣ, виҷдони поку соф доштан даъват кардааст. Аттор тарзи идоракунии подшоҳонро, ки аз фиребу найранг иборат буд ва мақсаду мароми порахурӣ, ҷамъ кардани молу мулк дониста, айшу ишратро дӯст медоштанд, фош менамояд. Ба бечорагон, оммаҳои халқ такя карда онҳоро таъкид менамояд, ки ба тақдир тан надиҳанд. Бо роҳи танқид, маҷбур кардани ҳокимон озодию баробариро ба даст дароваранд. Тарбияро дар ин роҳ ӯ асос медонист. Мақоми муҳит, таъсири оила, шароити зиндаг ӣ, — мег ӯ яд Аттор, — ба одамон, ба хислату хусусиятҳои онҳо таъсир расонида, он ҳоро ба ҳар роҳ бурданаш аз гумон дур нест.

Шахсияти дигаре, ки дар асри XIII дар Осиёи Миёнаю Эронзамнн бо афкору ақидаҳои фалсафии сиёсию иҷтимоии худ ном бароварда буд, ин Насриддини Т ӯсӣ (1201-1272) мебошад. Вай дар таърихи афкори инсон ӣ чун ибни Сино олими энсиклопедист машҳур гашта, дар қатори масъалаҳои асосии фалсафаи олам инчунин нисбати баъзе ҷиҳатҳои ҳаёти инсонӣ, ҷомеаю ҷомедорӣ, тарзи идоракунии он ва ғайраҳо ақидаҳои ҷолиби хешро баён намудааст. Бо қалами ӯ зиёда аз 150 асар интишор шудаат, ки бисёрин онҳо оид ба поблемаҳои сотсиологӣ бахшида шудаанд. Аз мутолиаи асарҳои ӯ «Ахлоқи Носирӣ», «Рисола дар расму оини подшоҳон ва тарзи гирифтани молиёт (андоз)», «Насиҳатнома ба Обокоҳон», «Рисолаи

одоби мутаалимин (хонандагон)» ва ғайраҳо чунин бармеояд, ки дар ҳақиқат Насриддини Тусӣ ба як зумра масоили и ҷтимоӣ, ки мавзӯи омӯзишу таҳқиқи илми сотсиология ба ҳисоб мераванд, диққати махсус додаст. Масалан ӯ мегӯяд, ки нормаҳои ахлокӣ бояд дар асоси усулҳои накӯкорӣ, одилӣ, поквиҷдонӣ, мардонагӣ, қавииродагӣ ва ғайраҳо барин хислатҳо амал кунад. Маҳз чунин хислатҳо ҷомеаро солиму обод гардонида, пурқувват менамояд. Нуқтаи назари ӯ дар бораи он ки истеҳсолот ва ғуншавии молҳои хӯрока чун омилҳои иқтисодӣ асоси нигоҳ доштани наслҳои инсонӣ, пайдоиши оила мебошанд, хело ҳам диққатҷалбкунандаанд. Барои ин ӯ даъват менамояд, ки одамон дар ташкилу таъмини зиндагиашон мувофиқи қувваю қобилияташон меҳнат карда, ризқу рӯзиашонро таъмин намоянд. Оилаю оиладориро асоси давоми наслҳо дониста, таъкид кардааст, ки вай бояд одилонаю оқилона ташкил шавад. Тусӣ алахусус ба мақоми меҳнат ва ҳунармандӣ дар ҷомеа диққат дода истода, онҳоеро, ки берун аз ин восита ҳо умр 6а сар мебаранд, сахт тан қид кардааст. Ӯ оиди шаҳри озод ҳарф зада, мегӯяд, ки дар он бояд одамон тамоми ҲУҚУҚҲОи худро дошта бошанд, вай бояд шаҳри халқӣ бошад. Одамон чй тавре, ки хоҳанд, умр ба сар баранд, озоду баробар бошанд. Оиди ҷомеа ӯ чунин фикру андеша дорад: Азбаски ву ҷудоти инсониро бе алоқамандии худи онҳо гумон доштан ноимкои аст, алоқамандии онҳо бошад, бе муттаҳидшавии онҳ о мумкнн нест, аз барои ҳамин ҳам наслҳои инсонӣ табиатан ба муттаҳидӣ зарурат доранд. Ана ҳамон муттаҳидиро ҷомеа меноманд. Ҷомеа, ба қавли мутафаккир, аз одамони алоҳида иборат буда, бо сабабҳои гуногун оиларо ташикл медиҳанд. Дар асоси оиладорӣ инкишофи он, тарзи шаҳрдорӣ, мамлакатдорӣ ба миён омада, шакли ҷомеадорӣ мураккабтар мегардад. Фалсафаро ба фалсафаи назариявӣ ва амалӣ (фаъолияти ҳаёти инсон) тақсим намуда, дар қисмати фалсафаи амалӣ оид ба идоракунии ҷомеа, муносибатҳои одамон дар оила ва ғайраҳо баъзе фикру андешаҳои мусбатро баён кардааст. Пеш аз ҳама ӯ ба шарти идоракунии ҷомеа аҳамият медиҳад.

Ҷалолиддини Румӣ (1207-1273) аз ҷумлаи он мутафаккироне мебошад, ки бо вуҷуди афкору а қидаҳои мухталифу бештар ҷиҳатҳои динӣ—идеологӣ доштанаш дар осори ӯ унсурҳои диалектикиро пай бурдан мумкин аст. Мутафаккир 6а инсон, ҳаёти иқтисодию сиёс ӣ ва маънавии ӯ назар карда, қайд мекунад ки бадӣ, некӣ, осудагию хуш ҳолӣ, қашоқию костагии зиндагӣ аз рафтор, муносибат, кирдор, адлу инсоф, ақлу хиради шахсии худи он ҳо зиҷ вобастаг ӣ дорад. Агар инсон боақлу тамиз, бофаҳму ботамкин, рафтори шоиста дошта бошад, бадию некиро дуруст дарк кунад, хулоса бароваарда тавонад, ҳаёташ хушҳолона хоҳад гардид. Бадию баднафсӣ, бадхоҳию бадахлоқӣ аз бадкирдориҳои ӯ бар меоянд. Молу чизпарастӣ,-мегӯяд мутафаккир,-боиси руҳ додани нохуишиҳо мегарданд. Моликияти хусусӣ ба манфиатҳои шахсӣ такя карда, ҳаргуна бадбахтиҳоро ба миён меоварад. инсонро 6а дустӣ, рафтори хуб, рафо қат, бародар ӣ, накукорӣ, хайрхоҳӣ даъват кардани Румӣ гувоҳи он аст ки мутафаккир ба ояндаи хуби зиндагӣ, тарзи амонии ҷомеа боварӣ дорад. Дуруст аст, ки Румӣ низ натавоиистааст аз вазъи мавҷудаи давру замонааш берун ояд. Вале ба ҳар ҳол дар афкору ақидаҳои ӯ мо ҷиҳатҳои гуманистию инсонпарвариро дида метавонем, ки аз дараҷаи илму маърифатпарварии шоир гуво ҳӣ медиҳанд.

Афкору ақидаронии Форобӣ, ибни Сино ва Насридцини Тусиро таҳлил карда истода, дар бораи фаъолияти и ҷтимоиётшиносии муаррих ва ҷамъиятшиноси шинохтаи давру замон Абузайд Абдураҳмон Муҳаммад-ибни Холдун (125-1332, Тунис-173,1406, Коҳира) каме ҳам бошад, бо истифода аз сарчашмаҳои мавҷудаи илмӣ сухан рондан айни мудаост. Зеро дар амалиёти ӯ таъсири афкору ақидарониҳои мутафаккирони дар боло зикр ёфта хеле ҳам хуб ҳис карда мешавад. ибни Холдун назарияи худро дар бораи умрон— ҷамъият ва инкишофи он баён кардааст, ки принсип ҳои асосиаш чунинанд:

  1. Пайдоишу инкишофи ҷамъият ба зарурияти модд ӣ ба истеҳсоли хурокворӣ,

пӯшок, сохтани олотҳои меҳнат, ки муовизунату

ёрии насли башарро талаб мекунанд (зеро фард ҳои алоҳида ба қонеъ гардонидани ҳамаи талабҳои зиндагӣ қодир нестанд) вобаста аст;

  1. Моҳияти ҷамъият аз меҳнати якҷояи аъзоёни вай барои

таъмини маош иборат аст, вале бе тақсими меҳнат (яке но ҷҷор, дигаре харрот, сеюм ӣ бофанда…) таъмини маош муҳол аст, зеро як кас ҳама корҳоро адо карда наметавонад.

  1. Ҷамъият барои нигоҳ доштани хаққи хар як шахс ва ҳимояи дастае аз таҷовузи дастаи дигар ба ҳукумат ҳоҷҷат дорад. Сабаби пайдоиши давлат ва ҳукумат аз ҳамин иборат аст. Мувофиқи назарияи инкишофи ибни Холдун ҷамъият се зинаро тай кардааст: 1) Ваҳшоният-даврае, ки зисту зиндагӣ ва расму одати одамон ба ҳоли зиндагии ҳайвонҳо наздик буд; 2) Бадия- нишинӣ (аз рӯи шарҳи баъзе муҳаққиқон-бодиянишинӣ). 3) Ҳазар— шаҳрнишинии мардум.

Намояндаи шоистаи ин давра бо тахаллуси Низом—ул—мулк Абуалӣ Хасан ибни Алии Тусӣ, ки солҳои зиёде вазифаи дафтардорӣ, сипас вазири дарбори

Салчуқиёнро ба уҳда дошт, дар як қатор асарҳояш, алалхусус дар «Сиёсатнома»— и худ оид ба сохти давлату давлатдории сомониён, ғазнавиён сухан карда, аҳли ҳукмрононро ба сохтани мактаб ҳо, мадрасаҳо, адолатхо ҳӣ, накӯкорӣ, поквиҷдонӣ даъват намудааст ва устуворию пойдории давлатро дар ҳамин сифатҳ о мебинад. Дар ин бора ҳикояти ӯ оиди фаъолияти накӯхоҳии подшоҳ Нушервони Одил мисоли равшан шуда метавонад. Подшоҳону вазиронро даъват мекунад, ки ғами халқи бечораро хӯранд, он ҳоро аз дуздон, ғоратгарон ҳимоя намоянд, дар фаъолияташон ба масли ҳатҳои олимон, пирони кордида, ҷаҳондонону ҷаҳонгаштагон такя намоянд. Бо вуҷуди он ки мутафаккир орзую умедҳои нектарини инсониро пеш гузошта бошад ҳам, вале дар афкору ақидарониҳои ӯ нисбати ноқисии замона бетаъсир намонданд. Сарфи назар аз иллату норасогихое, ки дар фикрронии мутафаккир ҷой доранд, мағзеро дарёфт намудан мумкин аст, ки он дар ҳақиқат ҳам то андозае дар танзими адолатхоҳонаи ҳаёти мардум таъсири мусбат расонида буд.

Унсурмаолии Кайковус дар асараш «Қобуснома» поквиҷдонӣ,

адолатнокӣ, ростқавлӣ, накӯкорӣ барин хислатҳоро тарғиб намуда, одамонро ба адлу инсоф даъват намудааст. Дар он вуҷуди давлат чун ҳимоятгари молу мулк, манфиати болонишинон дониста шуда, тарбияи аҳли меҳнат нисбати риояи ҳукми давлату давлатдорӣ омили асосии нигоҳ доштани он ҳисобида мешавад. Кайковус мақоми таълиму тарбия ва маърифатро боло дониста, таъкид мекунад, ки маҳз дар асоси ин омилҳо имконияти парваридани поквиҷдонӣ, ростқавлӣ муҳайё мегардад.

Дар замонҳои баъдина- асри ХШ мутафаккироне ба майдони илму маърифат қадам гузоштанд, ки эҷоди ақлу тафаккурашон нисбати кулли муаммоҳои зиндагӣ боиси таҳлилу истифодабарист.

Паҳлӯҳҳои ҷудгонаи ҳаёти иҷтимоию сиёсии ҷомеа дар фаъолияти яке аз донишмандони сиёсатшинос, маҳаққиқони давлату давоатдорӣ Мир Саид Алии Ҳамадонӣ (1314-1393) хеле равшан баён ёфтаанд. Ӯ дар сиёсат, сохти давоатдорӣ тарзи идора ва пеш бурдани корҳои давлати, фаъолиятнокии ҳокимон, салтанатдории подшоҳон ҳарф зада, фикру ақидаҳоеро пешниҳод менамояд, ки дар пуррагӣ аз вазъи сиёсию иҷтимоӣ ва иқтисодию маърифатии давру замон шаҳодат медиҳанл. Ақидаҳои мутафаккир ба таври хеле ҳам мушаххас дар асаре, ки бо номи «Захират-ул-мулук» офаридааст, зикр шудаанд. Аз мутолиаи асар бар меояд, ки Мир Саид Алии Хамадон ӣ дар қатори ҷанбаҳ ои характери фалсафию мантиқӣ, динию ахлоқӣ дошта, инчунин ба масъала ҳое низ ди ққат додааст, ки ҷиҳатҳои сотсиолог ӣ, яъне иҷтимоии ҷомеаро дар бар мегиранд. Файласуф — ҷомеашинос дар ин асари худ ба масъалаҳои муҳимтарини ҳаёти иҷтимоии ҷомеа диққат дода, қайд кардааст, ки агар подшо ҳон, ҳокимон,

мулкдорон бо адолат бошанд, нисбати мардум поквиҷдонию ғамхорӣ зиҳир намоянд, аз ғурур худдорӣ кунанд, тарбияю о қилиро асоси фаъолияти худ қарор диҳанд, одамон ҳамон қадар осудаю осоишта гардида, ҷомеа пурзуру тавоно мешавад. Ба ин хотир ӯ таъкид кардааст, ки низоми дар ҷомеа амал дошта (исломӣ) аз тарафи ҳамагон бояд ҳифз карда шавад. Бо вуҷуди он ки дар афкору ақидарониҳои файласуф подшоҳ офарандаи (хости) худо дониста нашавад ҳ ам, вале вай (худо) ҳамчун насиббахшандаи мансаби набувват тасвир дода мешавад. Агар ҳокимӣ аз рӯи манфиатҳои қонун ва

талаботҳои ҷомеа пеш бурда шавад, мансаби набувватро худо ба ашхоси хос насиб гардонид, соҳиб шудани мактаби салтанат ва ҳокимиро бошад, мутафаккир ба хоҳиши ҳоким вобаста медонад. Алии Хамадон ӣ беадолатӣ, золимӣ, бадкирдориҳои ҳокимонро маҳкум намуда, дар риояи чунин шартҳо: одилию боинсофии ҳокимон, тамаъ надоштани он ҳо аз мусулмонон, хушфеълу хушрафтор будан, дарду алами бечорагонро ҳис кардан, фаросатмандӣ, корҳои давлатию ҷамъиятиро пеш бурдан раво донистаасг. Алии Хамадонӣ таъкид кардааст, ки агар рафтору кирдори амир берун аз шариат бошад, мусулмонон метавонанд ба ӯ итоат накунанд. ҳоким чун подшо ҳ мебоист ҳуқуқҳои одамонро ҳифз намояд, адолатхо ҳу ғамхор бошад. Афкору ақидарони ҳ ои Алии Ҳамадон ӣ бештар дар руҳ ияи дину мазҳабӣ қарор гирифта тараққиёту пешравии и ҷтимоии ҷомеа асосан аз ҳамин диди назар ба қалам дода мешавад. Вале сарфи назар аз чунин мураккаб ӣ ва печ дар печии фикррониҳои мутафаккир ӯ тавонистаасг, ки а қидаҳои зиёди қимматҳои умуми— башаридоштаеро аз худ мерос бо қӣ гузорад ва омӯзиши онҳо дар ташаккули афкору ақидарониҳои минбаъда мақоми хоссаеро бозида

тавонад.

Ҷанбаҳои гуногуни ҳаёти сиёсию иҷтимоӣ, илму маърифатпарварӣ, далвату давлатдорӣ, тарзи идоракунии кор ҳои давлатии характери сиёсиву ҷамъиятӣ дошта ва доираи таъсири чунин омилҳо ба хаёти иҷтимоии мардум, таъмини пешрафти иқтисодию фарҳангии ҷомеа ва беҳтар гардонидани аҳволи оммаи халқи заҳматкаш, илму маърифатпарварии онҳо дар фаъолияти эҷодиёти олими гуманист, донишманд, энсиклопедисти охири асри ХУШ Ахмади Дониш (1727 — 1879) хеле ҳам амиқу равшан баён ефтаанд. Фаъолияти илмию адабӣ ва маърифатпарварии Ахмади Дониш дар замоне мегузарад, ки Осиёи Миёна ба Русия ҳамроҳ шуда буд ва таъсири нуфузи ҳамаҷихатаи чунин давлати бузургмаком дар тамоми сохаҳои ҳаёти иқтисодию сиёсӣ, илмию фархангӣ аллакай ҳис карда мешуданд. Маҳз тавассути чунин ҳамкориҳо, алалхусус ёрии олимони тараққипарвари Русия ба Осиёи Миёна илму маданият, санъату адабиёт, маърифатпарварй бо суръати тез тара ққӣ ёфта, боиси ба майдон баромадани як зумра мутафаккиорни шинохтаи замона гардиданд, ки дар байни онҳо Аҳмади Дониш мақоми хосаеро бозидааст. Асари эҷодкардаи вай «Наводир—ул—вақоеъ», ки дар пуррагӣ аз шароити давру замон огоҳӣ медиҳад, аз ҷумлаи сарчашмаи нодири фаъолияти мутафаккир ба ҳисоб меравад.

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *