Фанни Сотсиология

Мафхумхои асоси ва мохияти методи интихоби

Дар мавриди тартибдихии интихобнома Аслан мафхумхои хоси сохави истифодода бурда мешавад, Ки умияти генерал ива интихоби аз чумлаи онхоянд. Умияте, Ки аз он барои татбики накшаи тахкикоти афроди муайян мавриди интихоб кароор мегирад, умумияти генерали ва кисми аз умумияти генерали барои тахти омузиш карор додан гирифташударо умумияти интихоби ё интихобнома меноманд. Андозаи умумияти генералиро бо рамзи N ва умумияти интихобиро бо n-ишора мекунанд.

Ба сифати умумияти генерали хамаи мардум ва ё он кисми он, Ки дар бораашон сотсиолог максади ба даст овардани маълумоти пешбинишударо дорад, баромад карда метавонад.Вале ба хотири он Ки вобаста ба кули умумияти мазкур мо наметавонем маълумот чамъовари кунем, бинобар хамин хам дар ин маврид зарурияти дар заминаи он ташкил кардани интихобнома пеш меояд ва он бояд тачассумгари вижагихои хамаи чузъхои он бошад. Аз ин лихоз баъзан онро модели хурдкардашудаи умумияти генерали меноманд. Махз онхо мавриди омузиши бевоситаи мухаккик карор мегиранд. Вале ин маънои онро надорад, Ки сотсиолог бо хохиши худ аз таркиби умумияти генерали чузъхои алохидаро барои тахкики минбаъда берун меорад, баръакс методи вобаста ба ташкили интихобнома такозои ба кули чузъхои умумияти фавкуззикр фарохам овардани имконияти шомили интихобнома шуданро пайваста пеш мегузорад. Пас ба ин чи тавр ноил омадан мумкин аст. Пеш аз хама мо бояд харчи бештар оиди сифати чузъхои умумияти генерали, аз чумла марбут ба синну сол, даромад, миллат, тахассуси респондентхои эхтимоли маълумоти кофи дар даст дошта бошем. Хамин тавр хамаи онхоеро, Ки умумияти генералиро ташкил медиханд хадафи пажухиш агар муайян кунад( ин метавонад чавонон, пиронсолон, занон в.г. бошанд), пас киро вориди интихобнома кардан зарур аст тавассути формулахои математики анчом мепазирад. Масалан агар сотсиолог максади омузиши хаёти мардуми дехот бошад пас хамаи ахолии сокини дехот умумияти генералиро ташкил медиханд. Аммо ба хотири он Ки сотсиолог кули онхоро имконияти назархохи кардан аз лихози сарфи маблагу вакт надорад бинобар хамин хам вохиди махдуди сокинони дехотро, Ки тибки умумияти интихлби ба даст омадааст, мавриди омузиш карор медихад. Барои он Ки умумияти интихоб дакик вижагихои умумияти генералиро тачассум карда тавонад сотсиолог коидаи зеринро бояд риоя кунад:хар як сокини дехот новобаста аз махали зист, вазъи зиндаги, даромад ва гайра бояд имконияти эхтимолии вориди умумияти интихоби шуданро дошта бошад. Танхо дар ин холат гуфтан мумкин аст, Ки интихобнома дорои сифати репрезентативи аст ё не. Риояи ин талабот иконият медихад, Ки сотсолог бо такя аз маълумоти хини омузиши адади махдуди намояндагони объекти омузишаш казоваташро руи кули онхо татбик кунад. Танхо ои такикотеро рапрезентативи меноманд, Ки агар калавиши мутобик омадани умумияти генерали ва умумияти интихоби аз 5% зиёд набошад.

Хамин тавр пас аз он Ки сотсиолог тасаввурот оиди объекти омузиши худ хосил намуд у асоси интихобномаи худро тархрези менамояд. Баъдан у андешаи худро руи пайрави аз шакл, типии муайяни интихобнома, сохтори он мутамарказ месозад. Ташкили хар як типи интихобнома дар асоси низому тартиби математики сурат мегирад. Масалан хини тартибдихии интихобномаи эхтимоли хамаи нафарони дар руйхат бударо ракамгзори мекунанд ва бо кумаки чадвали шуморахои тахмини аз нафарони мазкур умумияти пешбинишудаи интихобиро берун меоранд. Дар амалияи тахкикотхои эмпирики имрузхо инчунин интихобномахои хадафи низ васеъ истифода бурда мешавад. Интихобномаи хадафи ин мачмуи нафаронест, Ки сиаташон чавобгуи як ё якчанд меъёри аз чониби мухаккик пешбинишуда мебошад. Респондентхо ба ин шакли интихобнома тавассути суолхои тачзиякунанда(филтрирующие) ворид мешаванд. Масалан, хини ташкили омузиши кудрати харидории муштариёни ин ва ё он махсулот дар байни мардум мумкин аст, махаки воридшавии одамон ба нтихобнома дарачаи даромадашон аз 100 сомони зиёд Буда бошад. Хамаи онхое, Ки ба ин талабот чавобгу нестанд аз имконияти воридшави ба интихобномаи тахкикоти махруманд.

Тарзи ташкили интихобномахо дар тахкиотхои сифатию микдори аз якдигар фарк мекунад. Чуноне Ки мушохида намудед дар мавриди пажухишхои микдори интихобнома Аслан хусусияти омори дошта, зимни он кушиши чустучуи гурухбанди респондентхо аз руи мутобикати аломатхои синну соли, чинсият, шугл в.г. ба харч дода мешавад. Дар пажухишхои сифати бошад мухаккик кушиши чустучуи одамони дорои аломатхои мухталифро махз дар чараёни татбики максади пешгузошташ ба харч медихад. Бо канорачуи аз якнавохтии умумияяти интихобияш мухаккик Аслан мехохад харчи бештар вориди пахлухои мухталифи падидаи омухташаванда гардад. Шумораи умумияти интихоби дар ин маврид 20-30 нафарро ташкил медихад. Аммо меъёри хатмии шумораи умумияти интихоботи дар пажухишхои сифати вучуд надорад ва он аксаран ба хадафхои тахкикот вобастаги дорад. Дар чараёни мусохибахои тахкикоти сифати агар хар як мусохибаи минбаъда ба мазуи омухташаванда чизи навро зам карда натавонад ва он маълумотхои пеш чамъовари шударо такрор намояд пас ин нишони катъ кардани мусохиба мегардад. Вале агар ин холат дар тахкикоти микдори сурат гирад мухаккик ба друстии Принсипи пешгирифтааш эътимод хоил мекунад ва дар ин кашфи конунмандии инкишофи ходисаи омухташавандаро мебинад. Барои пайрави шеваи пажухиши сифати на зарурияти пайдо кардани конунмандии инкишофи ходисаи омухташаванда ва тасдики омории он, балки чустучуи нотакрорию муттавъии дар ходисахо пеш меистад.

Главный Редактор

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *