Фанни Сотсиология

Нобаробарӣ,таҳрука ва тагироти иҷтимоӣ

Нобаробарии иҷтимоӣ

Таҳаррукаи иҷтимоӣ

Навъҳои таҳаррукаи иҷтимоӣ

  • Нобаробарии иҷтимой

Дар ҳама гуна ҷомеа омилҳои муайянкунандаи тафовути байни табақаҳоро бо нобаробарии иҷтимоӣ чен менамоянд. Нобаробарии иҷтимоӣ ин мафҳумест дар сотсиология барои нишон додани тафовути аъзоёни ҷомеа истифода гардида, шароити табақаҳои иҷтимоиро аз ҷиҳати баҳра бардоштани манофеъ нишон медиҳад.

Нобаробарӣ дар ҳамаи ҷомеаҳо, ҳатто дар ҷомеаи соддатарин вуҷуд дорад. Тадқиқоти ҷомеаҳои соддаи Гвинеяи Нав соли 1968 нишон дод, ки элементҳои нобаробарии иҷтимоӣ дар онҳо ба назар мерасад. Масалан, папусе, ки мартабаи баландро дошт, имконияти қабул намудани меҳмонони зиёдро соҳиб буд. Аммо нобиноён, беморон мартабаи пастро соҳиб буданд.

Моҳияти нобаробариро олимони ҷомеашинос гуногун тавзеҳ медиҳанд. Дар масъалаи «Компоненти асосии нобаробарии иҷтимоӣ чист?», андешаҳои олимон гуногун мебошад. Аз ҳамин лиҳоз, назарияҳои зиёде вуҷуд дорад, ки ин саволро ба таври худашон тавзеҳ медиҳанд.

Тарафдорони назарияи функсионализм нобаробариро яке аз шартҳои вуҷуд доштани ҷомеа дониста, зикр менамоянд, ки нобаробарӣ имкон медиҳад, ки ҳангоми фаъолият дар ҷомеа намояндагони беҳтари он сарфароз гардонида шаванд. Аввалин маротиба нобаробарии иҷтимоӣ аз тарафи Э. Дюркейгем дар рисолаи «Тақсимоти иҷтимоии меҳнат» мавриди истифода қарор гирифтааст. Вай ба хулосае меояд, ки дар ҳама гуна ҷомеа яке аз навъҳои фаъолият нисбат ба дигар навъҳо муҳимтар ҳисобида мешавад. Қонун, дин, оила, меҳнат ва ғайраҳо метавонанд дар ҷомеа табақоти болоиро ба вуҷуд оранд. Аксари одамон истеъдодноканд ва як қисми онҳо ниҳоят ҳам боистеъдод мебошанд, тафовут дар раванди таълим байни аъзоёни ҷомеа боз ҳам пурзӯртар мегардад. Ба андешаи Дюркейгем дар ҷомеаҳои инкишофёфта одамони боистеъдод бояд, вазифаҳои муҳимро иҷро намоянд. Барои ҷалб кардани боистеъдодҳо бояд аз сарфароз намудани меҳнати онҳо истифода бурд.

Ақидаи нобаробарии иҷтимоӣ табиӣ буда ва омили асосии вуҷуд доштани ҷомеаро тарафдорони назарияи низоъ рад менамоянд. Мувофиқи андешаи онҳо нобаробарии иҷтимоиро нафарони ҳукмрон барои зери назорат қарор додани арзишҳои иҷтимоӣ ба бор оварда, тавассути он соҳиби боигарии ҳокимият мегарданд, Назарияи марксистии стратификатсия синфҳоро омили асосии нобаробарӣ меҳисобад. Ташкили иқтисодии ҷомеа мутобиқи ин таълимот сабаби нобаробарии иҷтимоист. Аммо на ҳамаи тарафдорони назарияи низоъ ин ақидаро пайгирӣ менамоянд. Масалан, Р. Михеле олими сотсиолог собит намуд, ки сабаби низоъ дар ҷомеа ин аз ҳадди зиёд ҳукуматро гирифтани олигархҳо мебошад. Олигархия (ҳокимияти камҳо) аз 1000 то 10000 нафарро дар бар мегирад. Ин назарияро «қонуни оҳанини олигархия» меноманд. Назарияи нобаробарии М. Вебер дар асоси мафҳуми “гурӯҳҳои дараҷадор» бунёд ёфтааст. Гурӯҳҳои дараҷадор — ин гурӯҳи одамонест, ки то андозае дар ҷомеа новобаста ба мавқеашон ҳурмату эҳтиром карда мешаванд. Гурӯҳҳои дараҷадор аз рӯи се омил ҷудо карда мешавад: боигарӣ, мартаба ва ҳокимият. Ба андешаи М.Вебер, ин се омил компонентҳои нобаробарии иҷтимоӣ ба ҳисоб меравад. Аммо бояд қайд намуд, ки ин назарияҳо оиди системаи стратификатсия андешаи охирин нест. Дар ҳама гуна ҷомеа омилҳои гуногун метавонад системаи стратификатсиониро дигар намоянд.

Таҳрукаи иҷтимоӣ

Мушоҳидаҳои ҳаррӯза нишон медиҳад, ки одамон ҳамеша дар ҳаракатанд ва ҷомеа бошад дар инкишоф. Аз ҳамин хотир яке аз механизми муҳими стратификатсияи иҷтимоӣ ин зудҳаракатии иҷтимоӣ ба шумор меравад. Ин назария маротибаи аввал аз тарафи олими рус — П. А. Сорокин, ки фаъолияти илмиашро дар ШМА гузаронидаааст, пешниҳод гардидааст. Таҳрукаи иҷтимоӣ (мобильность) муайян менамояд, ки чӣ тавр афрод, оила, гурӯҳи иҷтимоӣ дар сохтори ҷомеа тағйир меёбад.

Ду навъи зудҳаркатии иҷтимоӣ байни наслҳо ва дохили наслҳо вуҷуд дорад. Онҳо дар навбати худ ба зернамудҳо ва зершаклҳо ҷудо мешаванд.

Зудҳаракатии байни наслҳо тағйирёбии фарзандонро имконпазир шумурда қайд менамояд; ки фарзандон метавонанд дар ҷомеа мақоми хосаеро касб намоянд ва метавонанд ба сатҳи паст фароянд. Масалан, писари деҳқон метавонад, табиби соҳибмаълумот гардад, ё ин ки писари табиб деҳқон шавад.

Зудҳаракатии дохили наслҳо нишон медиҳад, ки дар тӯли ҳаёт афрод метавонад, мавқеи худро иваз намояд. Вай барои болоравӣ ва мақоми худро ёфтан кӯшиш менамояд. Масалан, коргар метавонад, муҳандис шавад, сардори сех- сароянда ва директори завод гардад.

Ҳангоми тавлид афрод мақоми иҷтимоиро аз волидайни худ мегарад. Волидайн, хешу таборон, одамони наздики оила ба кӯдак рафторҳоро дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ва байни оилавӣ меомӯзонанд. Бояд зикр намуд, ки дар вақти фаъолияти пуршӯру шари худ инсонро он чизе, ки волидайн доданд, қонеъ намегардонад вай мекӯшад, ки болотар барояд. Агар мақоми вай болотар барояд ин зудҳаракатӣ болоравиеро нишон медиҳад. Аммо бояд тазаккур, дод, ки дар натиҷаи гирудори зиндагӣ (гумкардани ҷойи кор, беморӣ ва ғайраҳо) инсон ба мақоми паст фарояд дар ин ҳолат таҳрука поён ҳаракаткунанда мегардад. Ҳамаи инҳо ба таҳрукаи амудӣ мансубанд.

Таҳрукаи амудӣ — ин ҷойивазкунии фардҳо, гурӯҳҳо аз як табақа, синф ба дигар табақаву синф буда, ҳангоми ҷойивазкунӣ мақоми иҷтимоӣ низ тағйир меёбад. Агар болоравӣ ба зинаи боло бошад, ин навъ мӯътадилиро зудҳаркатии болорав меноманд, агар ба паст равад, пас зудҳаркатии пастфаро мебошад.

Таҳрукаи уфуқӣ (горизонталӣ) -гузариши фард ва ё гурӯҳи иҷтимоӣ аз як мавқеъ ба дигар мавқеъ ба ҳамон меъёр мебошад. Масалан, гузариш аз як ихтисос ба ихтисоси дигар, ки тағйиротҳои куллиро ба амал намеоранд.

Гуногунии таҳрукаи уфуқӣ ба таҳрукаи ҷуғрофӣ хизмат менамояд. Зеро ин ҷойивазкунии оддӣ аз як ҷой ба ҷойи дигар, ки мақоми аввалро нигоҳ медорад, ҷойивазкунии ҷуғрофӣ фаҳмида мешавад. Агар ба ҷойвазкунӣ ҷои мартаба илова шавад, пас инро муҳоҷират (мигратсия) мегӯянд. Мигратсяя (кал.migtatio — кӯчиш) — иваз намудани ҷойи зист, аз як макон ба макони дигар (минтақа. шаҳр, мамлакат) бо иваз намудани мақоми иҷтимоӣ мебошад. Афроди деҳа агар ба аёдати ақрабояш ба шаҳр ояд, ин мӯътадилии ҷуғрофӣ мебошад. Агар вай ба шаҳр кӯчида дар он ҷо кор ёбад, ин мигратсия ба ҳисоб меравад.

Ғайр аз зудҳаракатии фардӣ зудҳаркатии гурӯҳӣ мавҷуд аст. Таҳрукаи гурӯҳӣ дар ин ё он ҷое ба амал меояд, ки мақом ва мартабаи як синф баланд ё паст мегардад. Мувофиқи андешаҳои П.А. Сорокин, таҳрукаи гурӯҳӣ сабаби ба вуқӯъ омадани ҷанги шаҳрвандӣ, табаддулоти ҳарбӣ, тағйири сохтори сиёсӣ, инқилобҳои иҷтимоӣ, забти хориҷиён, иваз кардани сарқонуни асосӣ ба сарқонуни нав, шӯриши деҳқонон, ҷангҳои байниҳамдигарии аристократҳо ва пайдоши империяҳои нав мегардад.

Таҳрукаи фардӣ ба шахс тааллуқ дошта, вобаста ба иваз намудани ҷой ӯ ба поён ё ба боло иваз кардани мавқеи афрод ба вуқӯъ мепайванданд.

Главный Редактор

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *