Фанни Сотсиология

Омузиши сотсиология ҳамчун фани таълимй объект ва предмети омӯзиш

  1. Предмет ва объекти омӯзиши сотсиология ҳамчун фанни таълимӣ.

Мавзӯи омӯзиши ҳар як илм аз объект ва предмети тадқиқотҳои илмие, ки вай пеш мебарад, бар меояд. Объекти ҳамаи фанҳои ҷомеашиносӣ, аз ҷумла сотсиология ҷомеа мебошад. Аммо ҳар кадоме аз фанҳои ҷомеашиносӣ аз ин объекти умумӣ, яъне ҷомеа, кадом як масъалаеро мавриди омӯзиш, таҳлил ва таҳқиқ қарор додаст, ки аз доираи предмети омӯзиши вай бар меояд. ин объектро (ҷомеаро) ҷиҳатҳои гуногуни мухталифи ҳодисаю воқеаи иҷтимоӣ чун як системаи тому ягона ташкил медиҳад (иқтисодӣ, сиёсӣ, ҳуқуқӣ, маънавӣ, моддӣ ва ғ. дигар). илмҳои ҷомеашиносӣ аз рӯи предмети омӯзишашон паҳлӯҳои гуногуну

мухталифи ҷомеаро омӯхта, оид ва «чизи» омӯхта шудаашон хулосагириҳои илмӣ менамоянд (фалсафа, таърих, ҳуқуқ, назарияи иқтисод, сиёсатшиносӣ ва ғ.). Барои ҳамин ҳам ин фанҳо ҷомеашиносиро ном гирифта, аз рӯи предмети омӯзишашон аз якдигар фарқ мекунанд. Объекте, ки ҷомеа ном дорад объекти умумии фанҳои ҷомеашиносӣ мебошад. Дар дохили ин объекти умуми боз объектҳои гуногунеро мушоҳида кардан мумкин аст, ки илмҳои алоҳида, масалан, назарияи иқтисод, ҳуқуқ,сиёсатшиносӣ мавзӯъи бевоситаи тадқиқотии худ интихоб кардаанд. Барои ҳамин ҳам объекти тадқиқотӣ метавонад беохир бошад, вале предмети омӯзиши фан — мушаххас (ҷиҳатҳои иқтисодӣ, ҳуқуқӣ, сиёсӣ, фарҳангӣ ва монанди онҳо). Масалан, меҳнат, оила, тарбия ва ғ. аз ҷумлаи объекти илмҳои гуногун мебошанд. Вале ҳар илм аз ин объектҳои нисбатан умумӣ предмети худро интихоб карда меомӯзад: объектӣ тадқиқитии ин ва ё он илм ин воқеияти объективона вуҷуд дошта, ҳодисоти амалкунандаи зиндагист.Ҷомеа як системаи тому ягона буда, паҳлӯҳои бешумори иҷтимоиро дар бар мегирад. Аз чунин паҳлӯҳои бешумори иҷтимои сотсиология муносибатҳоеро меомӯзад, ки алоқамандӣ, пайвастагӣ, вобастагии тараққиёти фаъолияти одамон, таъсиррасонии онҳо ба ҳаёти иҷтимоӣ ва ғ. нишон медиҳад. Сотсиолог тадқиқотчӣ вобаста ба он ки «чиро» меомӯзад ва аз омӯзиши чизи интихобкардааш кадом тарафҳояшро равшанӣ андохтан мехоҳад, предмети омӯзишашро интихоб мекунад. Э. Дюркгейм, масалан ба предмети сотсиология далелҳои иҷтимоиро дохил карда буд. М.Вебер бошад предмети сотсиологияро аз муносибатҳо, ҳаракатҳои иҷтимоии одамон медонист. Воробьев К.А. дар чунин ақида аст, ки предмети сотсиология қисмҳои эмперикии вай мебошад. Асосан сотсиология алоқамандии ҳодисаю воқеаҳои иҷтимоиро, ки ба воситаи фаълолияти одамон зоҳир меёбанд омӯхта, ба моҳият, мазмун ва хосиятҳои чизи омӯхта шуда равшание меандозад. Маълум месозад, ки паҳлӯҳои ҳаёти иҷтимоӣ бо якдигар чи гунна алоқамандӣ, пайвастагӣ ва вобастагие доранд. Масалан, тарбияро гирем, ки вай тарафҳои зиёдеро дорад: иқтисодӣ, ахлоқӣ, сиёсӣ, маънавӣ, ҳуқуқи ва ғ. Барои фаҳмидани он ки ин омилҳо то кадом дараҷа ба беҳтаршавии тарбия таъсир мерасонанд, сотсиолог инҳоро дар пайвастагӣ мавриди таҳқиқу таҳлил қарор медиҳад ва маълум месозад, ки дар кадом ҳалқа чунин пайвастагӣ коста гардидааст ва чи бояд кард? Ҳамин тавр, хулоса кардан мумкин аст, ки объекти умумии ҳамаи фанҳо, аз ҷумла сотсиология, ҷомеа бошад, предмети илмҳои ҷомеашиносӣ кадом як силсилаи иҷтимоӣ ба ҳиссоб меравад. Предмети сотсиология ин сохтори иҷтимоии ҷомеа, омилҳои иҷтимоии ҷомеа, вазифаҳои иҷтимоии одамон, гуруҳои иҷтимоӣ, пайвастагии тарафҳои гуногуни чунин ҳаракатҳои иҷтимоӣ, мусибатҳои иҷтимоӣ мебошанд. Объекти умумии вай ҷомеа ҳисоб рафта, объектҳои алоҳидае, ки дар дохили ҷомеа воқеанд ( оила, меҳнати дастҷамъи ва ғ.) поягузори предметҳои фанҳои ҷомеашиносӣ, аз ҷумла сотсиология ба чашм мерасанд. Дар ин бора ҳоло ҳам баҳсҳои олимон — сотсиологҳо ба охир нарасидааст. Ҳар кадоме аз онҳо нисбати объекти тадқиқотии сотсиология дар як фикр бошанд ҳам, вале нисбати предмети он фикрҳои гуногуне доранд (нигаред А.и. Кравченко. Сотсиология. Учебник М., 2005 с. 11-22, Сотсиология М.,1998 с. 80-85).

  1. Фалсафа — сарчашма ва асоси методологии сотсиология.

Фалсафа аз ҷумлаи илмҳои қадимтарин ба ҳисоб меравад. Ҳанӯз дар асрҳои VI- V- и то мелод файласуфон Афлотун, Арасту масалан, дар бораи як зумра масъалаҳои харктери иҷтимоӣ доштаи давлат, сиёсат, қонун, ҳуқуқ, тартибот, ахлоқ ва ғ.фикрҳои ҷолибе баён карда буданд. Баъдтар дигар файласуфон, алалхусус дар асрҳои миёна, давраи ҷомеаи сармоядорӣ, сотсиалистӣ афкору ақидаҳои илмию назариявиеро нисбати олами кабир ва олами сағир (табиат, ҷомеа, инсон) кор карда баромаданд, ки ҳало онҳо асоси методологии омӯзиши тамоми ҷанбаҳо ба ҳисоб мераванд. Фалсафа асосан илми соф назариявӣ, дараҷаи баланди фикрбаёнкунӣ, хулосагирии тому ягона дар бораи олами табиат, ҷамъият ва инсон мебошад. Вобаста ба ҳамин дар фалсафа мавзӯҳое мавриди омӯзиш, таҳлил, таҳқиқ ва хулосагирӣ қарор доранд, ки ба намояндагони ҳамаи илмҳо: табиатшиносои, чомеашиносон, гуманитарӣ ва ғ. чунин хулосагириҳо аҳамияти илмӣ — назариявӣ ва методологиро доранд. Фалсафа оламро чун системаи тому ягона омӯхта, ба моҳият, мазмун, хусусиятҳои дар олами тому ягона чун система қарор дошта равшании аниқ меандозад. Характери мектодологии доштаи фалсафа ҳам аз он бар меояд, ки вай барои намояндагони ҳамаи илмҳо дастури ягонаи илмӣ ба ҳисоб меравад. Сотсиологҳо, ки ҳаракат, фаъолият, раванди муносибатҳои бешумори ҳаёти иҷтимоиро меомӯзанд, барои дуруст хулосагири карда тавонистан аз чунин омӯзишҳо ҳатман бояд фалсафаро хуб донанд. Қонунҳои фалсафӣ: қонуни ягонагӣ ва муборизаи боҳамзидҳо, қонуни тағииротҳои миқдорӣ ва сифатӣ, қонуни инкории инкор ва категорияҳои вай: фард, кулл ва махсус, моҳият ва зуҳурот, мазмун ва шакл, тасодуф ва зарурат, миқдор ва сифат, ки аз ҷумлаи тарзу усули махсуси омӯзиш таҳлил ва хулосагирӣ аз олами кулл (табиат, ҷамъият, инсон) ба ҳисоб мераванд; дуруст татбиқ ёфтани онҳо дар раванди масъалагузорӣ таҳлилу таҳқиқёбии проблемаҳо имкон медиҳанд, ки тадқиқотчӣ ба моҳият, мазмуннокии паҳлӯҳои гуногуни масъалаҳои омӯхташавандаи аниқ сарфаҳм равад. Набояд фаромӯш сохт, ки ҳар як илму фан ҳатман ҷиҳатҳои фалсафӣ дорад. ин чунин маъниро дорад, ки масъалаи омӯхташавандаи илмҳо аз табиат, ҷамъият, ҳаёти инсонӣ пайваста гирифта шудаанд. Таълимоти фалсафӣ, ки мағзи ин таълимот назария дар бораи инкишофи деалектикӣ ба таълимотҳои гуногуне, ки файласуфон дар давру заманҳои мухталиф кор карда баромадаанд ва дар онҳо нуқтаҳои ҷолибе дида мешаванд, ҷаҳони илмиеро мемонад, ки бедониста гирифтани онҳо воқеияти зиндагиро хуб фаҳмидан, хулосагирии аниқ намудан ғайри имкон мебошад. Таълимоти фалсафӣ, ки доираи васеи ҷаҳондонию ҷаҳонфаҳмиро дар бар мегирад, дастури илмиест барои ҳар тадқиқотчӣ, хоҳ назариявӣ бошад, хоҳ амалӣ.Сарфи назар аз ҳамаи ин фалсафа — худмухтор набуда, дар алоқамандии зич ба ҳамаи илмҳо инкишоф меёбад. Дастовезҳои ҳар илм барои такмили илмию назариявии фалсафӣ заруранд. Фалсафа аз чунин кашфиётҳо васеъ истифода бурда, хулосаи методологие мебарорад, ки илмҳои дигар дилпурона ба сӯи оянда назар менамоянд. Сотсиология аз фалсафа таълимотро дар бораи диалектика, яъне инкишофи олам аз ҷумла ҳаёти иҷтимоӣ, қабул карда, қонун ва категорияҳои вайро ба асос гирифта, такя ба онҳо вазифаҳои илмии худро иҷро менамояд.

З.Қонун ва категорияҳои асосии сотсиология.

Дар ҷомеа, ҳаёти серпаҳлӯдоштаи фаъолияти инсон ҷиҳатҳоеро мушоҳида кардан мумкин аст, ки онҳо нотакрор, устувор, зарурӣ, доимӣ, ҳатмӣ Буда, бидуни онҳо бе вуҷуд доштани онҳо на ҷомеа ва на инсон амал карда метавонанд. Чунин ҷиҳатҳои устувории зиндагӣ моҳият, мазмун, маъно ва мақсади фаъолияти асосиро ифода карда истода, онҳоро ба фардои умедбахшонаи хеш ҳидоят месозад. Вуҷуд доштани оила, коллективи меҳнатӣ, зарурати тарбия, фаъолияти меҳнатӣ, муттаҳидии одамон ва ғ.гувоҳи медиҳанд, ки маҳз ҳамин ҷизҳо одамонро мақсаднок мегардонанд ва дар ҳаёти ҳаррӯзаашон зарурати чунин омилҳоро пеш мегузоранд. Конунҳои иҷтимоӣ инъикоскунандаи раванди ҳаёти иҷтимоии одамон гурӯҳои иҷтимоӣ, фаъолияти бошууронаю мақсадноки ҳар яке ба ҳисоб рафта, дониста гирифтани илмии онҳо натиҷагириҳои босамарро медиҳанд.

Он муносибатҳо, алоқамандию пайвастагиҳое, ки дар ҳаёти иҷтимоии табақаҳои гуногун, синфҳои сиёсӣ, гурӯҳҳои хурду калон, халқу миллатҳо, оилаҳо ва одамони алоҳид вуҷуд доранд, ҳатман, зарурӣ, доимӣ, объективӣ буда, маҳз анна ҳамин пайвастагиҳо ҷомеаро солим мегардонад ва барои ба пеш ҳаракат кардан имконе медиҳанд. Қонунҳои иҷтимоӣ аз рӯи зоҳирёбиашон дар шакли динамикӣ ва статикӣ фарқ мекунанд. Масалан, агар қонунҳои иҷтимоиро аз тарзи динамики ё зоҳир ёфтанашонро мушоҳида кунем, мо дида метавонем, ки дар онҳо чи гуна алоқамандӣ, пайвастагиҳо вуҷуд доранд. Аз ҷиҳати статикӣ бошад — вобастагии якеро аз дигаре ҳис карда метавонем. Масалан қонуни иҷтимоии мақоми ҳалкунанда доштани ҳастии (иҷтимоии) ҷамъиятӣ нисбат ба шуури ҷамъияти ва баръакс. Қонунҳои иҷтимоӣ аз рӯи давомнокӣ, таъсиррасонӣ, аҳамиятнокияшон низ фарқ мекунанд. Қонунҳои иҷтимоие вуҷуд доранд, ки як умр фаъолият доранд, дигарашон мувваққатӣ шуда метавонанд(ташкилотҳо).

Ҳар як илм, аз ҷумла сотсиология низ мафҳумҳои (категорияҳои)худро дарад.Мафҳумҳо дар натиҷаи шиносои пайдо кардани одам(тадқиқотчӣ, мушоҳидакор) ба ин ё он предмет, воқеаҳо, ҳодисаи зиндагӣ зина ба зина пайдо мегарданд. Дар раванди такрор ба такрор рӯ ба рӯ шудан ба «ҷуз»-ҳои олам, дарк ёфтани онҳо дар майнаи сари инсон бо роҳҳои дидан, шунидан ва ғайра шуур, тафаккур низ зина ба зина мафҳумҳоро пухта мегардонад ва тавассути дар амалия (ҳаёт) якчанд маротиба такрор ёфтани онҳо мафҳумҳо шакли илмиро мегиранд ва хулосагирии ақли ба он оварда мерасонад, ки дар майнаи сари инсон дар шакли идеалӣ образи он «ҷиз»-ро офарад ва як умр онро истифода барад. Мафҳумҳо ин зинаи шиносшавӣ, донишазбаркунӣ, хулосагирии ақли инсон нисбати дониста гирифтани «ҷиз»-ҳо мебошанд. Азбаски дар олам «чиз»-ҳо хело ҳам бешуморанд, характеру хусусиятҳои гуногунро доранд (биологӣ, кимиевӣ, физикавӣ, иҷтимоӣ ва ғ.) вобаста ба ҳамин дар майнаи сари инсон мафҳумҳои гуногун нақш мебанданд. Нисбати қисмати ҳаёти иҷтимоӣ бошад, тавассути пайдо кардани ҷаҳонбинии илми аз фанҳои ҷомеашиносӣ мафҳумҳое кор карда баромада мешаванд, ки паҳлӯҳои гуногуни ба ҳаёти иҷтимоии инсон дахл доштаро дар худ инъикос мекунанд. илми сотсиология аз ин илмҳо васеъ истифода бурда, дар раванди омӯзиши ҷанбаҳои гуногуни ҳаёти иҷтимои онҳоро пурмазмунтар месозад ва баҳри дуруст, аниқу равшан донистагирифтани мафҳумҳои илми, аз ҷумла сотсиологӣ имкони равшану аниқ сарфаҳм рафтан ба оламӣ «чиз»-ҳо пайдо мешавад.Боиси тазаккур аст, ки дар ҳар мафҳум моҳият, мазмун, мақсоди худи «чиз» -ҳо ҷой гирифтаанд. Бо ифодаи (истифодаи) ҳар кадоме мо имконе пайдо карда метавонем, ки алоқамандӣ, пайвастагӣ, вобастагии олами «чиз» -ҳо равшантар баён созем. Дар илми сотсиология аз ҳама бештар мафҳумҳо истифода мешаванд. Зеро, ки доираи омӯзиши масъалаҳое, ки вай сару кор дорад беохиранд. Функсияҳои иҷтимоӣ, сохтори иҷтимоии ҷомеа , алоқамандию пайвастагии иҷтимоӣ, ҳар чи бештар иҷтимоишавии ҳаёти инсон ташаккули равандҳои иҷтимои, оила, коллектив, гурӯҳҳо, ҳамчунин ячейкаҳои асосии иҷтимои, пажуҳишгоҳои иҷтимоӣ, равияҳои (мактабҳои),иҷтимои (сотсиологӣ), системаи иҷтимоӣ, стратификатсияи иҷтимоӣ, ҳаракати иҷтимоӣ, ҷомеа, синф ва ғ. аз ҷумлаи мафҳумҳои сотсиологӣ мебошанд. Ҳаминро низ бояд қайд намудан ҷоиз мебошад, ки дар байни категорияҳо, қонун ва мафҳумҳо. алалхусус, қонунҳои иҷтимоӣ алоқамандии диалектикӣ вуҷуд доранд. Чунин алоқамандӣ аз табиати худи онҳо, объекту предмети дар бар гирифтаашон бар меоянд.

  1. Алоқамандии сотсиология ва илмҳои ҷомеашиноси,
    характери илми-эҷоди доштани сотсиология.

Сотсиология чун илми ҷомеашиносӣ ба ҳамаи илмҳои соҳа (ҷомеашиносӣ) алоқаи зичи бевосита дорад. ин алоқамандӣ пеш аз ҳама аз он иборат мебошад, ки объекти омӯзиши ҳамаи ин фанҳо ҷомеа аст. Аз ин объекти умуми ҳар кадоме аз ин фанҳои ҷомеашиносӣ ин ва ё он предметро мавзӯи таҳлилу таҳқиқ ва хулосагирии аниқи худ қарор дода истода, дар ҳаллу фасли проблемаҳои дар ҷомеа ҷой дошта ҳиссагузорӣ менамоянд. Масалан, назарияи иқтисодро гирем. ин илм муносибатҳое, ки аз ҷиҳати иқтисодӣ: ташкили кор, меҳнат, истеҳсол, истеъмолот, пул, гардиши онҳо ва ғ. дигар бар меоянд

меомӯзад.Ҳуқуқшиносӣ, илмҳои соҳавии он бошад ҷиҳатҳое, ки ба танзими ҳуқуқ дар ҷомеа вобастаанд мавриди омӯзиш қарор доранд. Фарҳангшиносӣ бошад паҳлӯҳои мухталифи ҳаёти маънавӣ, фарҳангиро таъқиқу таҳлил ва хулосагирӣ менамояд. Сотсиология ҳамчун илм барои он ба миён омад, ки алоқамандӣ, пайвастагӣ, вобастагӣ ва дараҷаи таъсиррасонии ҳамаи паҳлӯҳои ба ҳаёти иҷтимоӣ дахл доштаро (иқтисодӣ, сиёсӣ, ҳуқуқӣ, фарҳангӣ ва ғ.) омӯхта таҳлил карда истода, хулосагирӣ намояд. Чи тавре, ки мебинем масъалаҳои омӯзиши сотсиология на як ё ду-се проблемаи иҷтимоӣ, балки қариб ҳамаи он қисматҳои дахлдоштаеи иҷтимоие мебошанд, ки дар ҷамъулҷамъ ҳаёти хушу ягонаи иҷтимоиро ташкил додаанд. Азбаски илмҳои алоҳидаи иҷтимоиётшиносӣ: ҳуқуқ, иқтисодиётшиносӣ, фарҳангшиносӣ ва ғ. масъалаҳои ба мавзӯи онҳо дахдоштаро меомӯзанд, метавонанд дар ҳаллу фасли проблемаҳои алоҳидаи иҷтимоӣ ҳиссагузории зиёде намояд. Маҳс барои ҳамин ҳам сотсиология ба дастовардҳои онҳо такя дорад. Яъне дар алоқамандӣ ба онҳо (илмҳои ҷомеашиносии фарди) ба кулли проблемаҳои иҷтимоӣ ҷавоби аниқи илми дар меёбад.

Алоқамандии дигари сотсиология ба илмҳои алоҳидаи ҷомеашиносӣ боз дар он зоҳир меёбад, ки ҳамаи ин илмҳо аз тарз ва усули омӯзиши сотсиологии воқеаҳои иҷтимои, ба монанди анкетаи сотсиологӣ, сӯҳбати сотсиологӣ, мушоҳидаи сотсиологӣ, омӯхтани ҳуҷҷатҳои расмӣ ва ғайри расмӣ, ки дар раванди тадқиқотҳои ин ва ё он проблемаи иҷтимоӣ (муайян кардани ҷиҳатҳои қонуншикани-фанҳои ҳуқуқӣ; равшанӣ андохтан ба ҳалати тарбия — фанҳои педагогика ва психология (руҳшиносӣ) ва ғ. васеъ истифода мебаранд.

Предмети омӯзиши фанҳои алоҳидаи соҳаи ҷомеашиносӣ паҳлӯҳои ҷузъи, фардие мебошанд, ки дар доираи проблемаи умумӣ — иҷтимоӣ қарор доранд. Предмети омӯзиши сотсиология бошад риштаҳои пайвасти (алоқадоштаи) чунин проблемаҳои умумӣ — иҷтимоӣ ба ҳисоб мераванд.

О.Конт масалан, предмети омӯзиши сотсиологияро ҳамчун илм дар бораи ҷомеа донистааст. Э.Дюркгейм ба ҷумлаи предмети сотсиология далелҳои иҷтимоиро дохил кардааст. М.Вебер бошад ин илмро ҳамчун танзимсозандаи муносибатҳои (ҳаракатҳои) иҷтимоии одамон меҳисобад. А.и.Кравченко (сициолог) объекти ин фанро аз респодентҳо, (одамони ба тадқиқот ҷалб карда шуда) медонад.

Агар ҳамаи суханҳо, фикру андешаҳое, ки оид ба ин масъалаҳо дар сарчашмаҳои зиёди илмӣ — назариявӣ байён карда шудаанд, ба таври муштарокона, кутоҳ хулосагирӣ намоем, дидан мушкил нест, ки объекти ҳамаи фанҳои ҷомеашиносӣ, аз ҷумла сотсиология як сарчашмаи асосӣ — ҷомеа будааст ва предмети фанҳо бошад паҳлуҳо, алоқамандӣ, пайвастагии ҳолатҳои гуногуну мухталифи ҳодисаю воқеаҳои иҷтимоие мебошанд, ки дар системаи тому ягонаи ҷомеаю ҷомеадорӣ (ҳаёти иқтисодӣ, вазъияти сиёсӣ, оилаю оиладорӣ, коллективҳои меҳнатӣ вағ.) ҷой гирифтаанд ва амал мекунанд.

Ҳаминро низ бояд қайд намуд, ки чи объект (ҷомеа) ва чи предмети омӯзиши фанҳо (паҳлӯҳои гуногуни ҷомеа) ҳамеша дар ҳаракат, тағиирёбӣ, пешравӣ, кӯҳнашавӣ, аз байн рафтани чизи кӯҳнашуда ба миён омадани чизи нав мебошанд ва аз ин рӯ ба масъалаи гузошташуда ҳатман аз диди фалсафаи диалектикаи он назар кардан лозим аст.

  1. Сотсиологияи илми — назарияви ва амали.

Назария ва амалия ду зинаи (дараҷа) маърифатҳосилкуние мебошанд, ки тавассути аниқу равшан воқеабинонӣ (муайянкуни) карданашон, моҳият, маъно, мазмун ва таркиби ҳодисаю руйдодҳои ашё ва дар маҷмӯ воқеиятро тавзеҳ медиҳанд. Дуруст аст, ки амалия пеш аз ҳар гуна назария вуҷуд дорад. Маҳз амалия водор месозад, ки нисбати ин ва ё он паҳлӯҳои зиндагӣ фикру андеша ронда, дар шакли ғоя, ақида, хостаҳо пешгӯи намоем. Дурустию носаҳеҳии донишҳо(маълумотҳо)-и пайдо шударо гаштаю баргашта дар фаъолиятамон санҷет ва фарзан вобаста ба он натиҷаи ниҳоие, ки ба даст меоварем, ба хулосае биёем. Чунин тарзу усули фаъолияти инсонӣ мебошад, ки тафаккур, хирад, фаҳмиш, идрок тасаввуроти одамон зина ба зина нисбати олами ҳодисаю воқеаҳои дунёи гирду атроф торафт такоммулу ташаккул ёфта, доираи фаъолияти он васеъ ва «ҳукмравоияш»- итминонбахш мегардад, Асоси пайдоиш, такоммулу ташаккули қобилияти эҷодӣ, навоварӣ ва ақлониятн инсон низ аз ҳамин диалектикаи амалияю назария иборат аст. Ҳануз аз давраҳои бостонӣ одамон ба таҷрибаи доштаи фаъолияти худ такя карда, бо истифода аз мушоҳидаю мурокибаҳои ҳаррӯзаашон ба фикру андешаҳои гуногун (асотирӣ, бадеӣ, афсонавӣ) меомаданд. Ҳамин боиси он гардид, ки аввалин акоиди илмӣ, фикрӣ, ақлонӣ пайдо шуд ва мавриди баҳси андешамандон гардид.

Ҳар гуна илм, аз ҷумла сотсиология низ натиҷаи чунин робитаи диалектикии таҷрибаю (амалия) назария, донишгирии илмӣ аз амалияи рузғор вобаста мебошад.

Согсиология ҳамчун илми таърихӣ дар натиҷаи пажӯҳиши таҷзия ва хулосабарориҳои мушаххаси ҳаётӣ пайдо шуда, аз зинаи мушоҳидаю муқоисаҳои оддитарини зиндагй то ба дараҷаи назарияи илмӣ расидааст. Бо вуҷуди он ки дар фаҳмишу мақоми вай (сотсиология — О.Ғ.) то ҳол якдигарфаҳмии амиқе пайдо нашуда бошад ҳам, вале аксари согсиологҳо дар он андешаанд, ки сотсиология ин моддагирои таърихӣ буда, чун илми ғайри фалсафӣ, мустақиман дар қисматҳои ҷудонашаванда: назариявию илмӣ ва амалӣ вуҷуд дорад.

На бояд фаромӯш сохт, ки дараҷаи аввалину асоситарин ва ҳатто халкунанда барои ҳамагуна дараҷаҳои болоии омӯзиш кор карда баромадани назарияҳои илмӣ дар асоси амалия сурат гирифта, донишҳои инсонро зина ба зина пурратар, васеътар, фаҳмотар ва гуворотар месозад. Аз ин рӯ, ҷудоисозии мутлақи назария ва амалия, алоҳидагии мутлақи байни тадқиқотҳои таҷрибавию назариявй вуҷуд надоранд. Баръакс, ҳар чанде, ки илму назария ба амалия такя намояд, аз он истифода барад, ҳамон дараҷа моҳият, мазмун, аҳамиятнокии натиҷаҳои бадаст овардашуда, баландтар хоҳанд гардид. Пешгӯиҳое, ки дар раванди амалия, фаъолияти амалию эҷодии одамон, аз ҷумла муҳаққиқони илм ба миён меоянд, дар ҳаёт санҷида шуда, хулосаҳои назариявӣ кор карда баромада мешаванд. Амалия чун тарзу усули санҷиши дурусту нодурустии ҳодисаю воқеаҳо, боиси кор карда баромадани ин ва ё он назарияи илмӣ мегардад.

Асосан ду намуди назарияҳои сотсиологӣ; умумӣ ва хусусй ( фардӣ)—ро бештар мушоҳида кардан мумкин аст. Ба назарияи умумисотсиологӣ ҷанбаҳои умумисотсиологӣ (форматсия, ҷомеа, инсон, тарзи истеҳсолот ва ғайраҳо), ба назарияҳои фардӣ (хусусӣ) бошад ҷанбаҳои ҳаёти иҷтимоии соҳавӣ; мактабу равияҳои мухталифи тадқиқоти сотсиологӣ (сосиологияи меҳнат, сотсиологияи оила, сотсиологияи ҷавонон, сотсиологияи иқтисодиёт ва ғайраҳо) дохил мебошанд.

Ҳамин тавр, хулоса карда гуфта метавонем, ки тадқиқотҳои мушаххаси сотсиологй дар се зина: поёнӣ (таҷрибавӣ), миёна (соф сотсиологӣ) ва олй (материализми иҷтимоӣ ё умумисотсиологй) амал намуда, ҳар кадоме талаботи хосаи худро дорад. Маҳз дар чунин раванди омӯзиш, таҳлил ва хулосабарориҳо чизи конкретӣ (ҳодисаю воқеаҳо) омӯхта шуда, алоқамандии байни онҳо муайян гардида, қонуниятҳои фардию ҷузъии ҳар кадоме бо назардошти қонунияти умумисотсиологй равшан нишон дода мешаванд. Зеро агар предмет ба таври мушаххас омӯхта нашавад онро дуруст фаҳмида гирифтан мумкин аст. Бе он донистани чунин қонуниятҳои фардию ҷузъии ҳодисаю воқеаҳо ноайён мемонанд.Ҳамин аст диалектикаи донишҳосилкунии инсон.

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *