Фанни Сотсиология

Шахсият ва чомеъа

Барои донистани хусусияти алокаву муносибатхои миёни одамон амал кунанда донистани омилхои уро ба ин амал хидояткунанда зарур аст, ки ин бидуни омузиши фардияту шахсияти инсон муяссар намешавад. Бинобар хамин хам дар чомеашиноси бештар барои ошкорсозии мухаррики рафтори одамон ва соири падидахои ичтимои ба масъала руй меоранд.

Одами мушаххас барои ифодаи худ мафхумхои мухталифро такозо мекунад – инсон, фард, фардият, шахсият ва гайра. Аз ин миён мафхуми инсон хусусиятхои умумии одамон мансуб бударо инъикос намуда, бидуни тасвири симои мушаххасаш ба у тавсифи умуми медихад. Мафхуми фард бошад, инсонро хамчун намояндаи алохидаи насли инсон, ки дар худ мачмуи хосиятхои биологию чехраи ичтимоиро нигох медорад, ифода мекунад. Фардият бошад, ин хусусияти такрорнашавандаи инсони алохида аст. Яъне агар мафхуми инсон асли бошад, пас мафхуми фард барои ифодаи хар кадом намояндаи чудогонаи авлоди инсони истифода мешавад ва сифатхои махсуси ба фард мансубро фардият мегуянд.

Вобаста ба робитаи инсон ва чомеа дар силсилаи дарки ифодаи инсон мафхуми дигар, яъне шахсиятро низ истифода мебаранд, ки тавассути ин хар фард кушиши ба даст овардани фардиятро ба харч медихад. Пас мафхуми шахсият дорои чи гуна вижагихои дар силсилаи ифодаи мафхуми инсон аст? Маълуман он шахре, ки дар мо аст шахсиятро акнун мачмуи муносибатхои ичтимоии инсон медонанд. Дар ин таъриф макоми мухити ичтимои таъкид шуда махорату сифатхои мардумии инсон дар шаклгирии шахсият аз назар дур мемонанд. Бинобар хамин хам таърифе, ки Ядов А. аз шахсият медихад, гумон мекунам ба пурраги ин ду кутби шаклдихандаи шахсиятро ба хам омехта медихад. Дар ин таъриф ба хайси чузъхои ташкилдихандаи шахсият ирсияти биологи мухити табии фаркият ва ичтимои махсуб мешаванд. Хар кадоме аз чузъхо ба таври худ дар шаклгирии шахсият сахм мегузоранд, масалан инсон бидуни мероси биологи буда наметавонад ва онхо хиштхое мебошанд барои бинои хайёти ичтимоии инсон. Вале онхо дар алохидаги аз соири чузъи наметавонанд бинои шахсиро поя гузоранд. Дар ин миён сахми омили фархангию ичтимои дар тартиби шахсият назаррас аст. Ин сахми онхо дар чараёни ичтимоикунонии инсон зохир мешавад.

Раванди ичтимоикунонии инсон тавассути тачрибаи гурухи сурат мегирад. Хангоми гузоштани кадамхои аввалини худ ба хайёти инсон ори аз тасаввури «ман»-и хеш аст. Танхо баъдан тавассути фаркгузорихояш аз предметхои уро ихотасозанда у кобилияти фарк кардани худ аз соири ходисот мешавад. Баъдан дар шаклгирии тасаввури инсон аз шахсияти хеш макоми дарки тасаввуроти ашхоси дигар меафзояд. Ин падидаро муфассал чомеашиноси америкои Ч. Кум, дар вакташ мавриди омузиш карор дода буд. Ба акидаи у атрофиён барои инсон он касанд, ки симои шахсияти уро чилвагар месозанд. Яъне хар кадом инсон шахсияти худашро тибки тасаввури онхое, ки у ба онхо алока пайдо мекунад, мураттаб месозад. Масалан, агар шахсеро ихотаи ичтимоияш пайваста гузашт аз истеъдоду махорат кунад, пас у ин сифатхоро надошта бошад, кушиш мекунад онро касб кунад. Вале агар шахс дорои чунин сифатхо пайваста мавриди сарзанишу хатогирии мухити ичтимои карор гирад, пас нохудогохона ин сифатхо ноайён боки мемонад.

Дар ин назарияи Кули чихати дигари масъала яъне андешаи инсон оиди тасаввуроти имконии ашхоси дигар оиди рафтору амали у аз мадди назар дур мемонад. Тибки акидаи У. Кули шахсият тавассути таъсири акидаи мухит инкишоф меёбад. Ин чихати таълимоти У. Кулиро баъдан хамватанаш Мид такмил медихад. Назарияи пешниходкардаи у дар чомеашиноси бо унвони «умумикунонидашудаигайр» маълум аст. Фард дар чараёни муошират худро дар чойи афроди дигар гузошта худро назари шахси дигар мебинад. Вай амали худро тибки бахои тасаввуршавандаи «умумиятигайр» бахо медихад. Дарки «умумияти гайр» тавассути «кабули рол» ва «ичрои рол» пеш меравад. «Кабули рол» ин кушиши ба ду зинаи худ гирифтани рафтори шахс дар холати дигар ё роли дигар аст. «Ичрои рол» ин амали алокамандии рафтори вокеъи дар сурате, ки «кабули рол» аз марзи точик анкариб тасаввурот хуруч намекунад.

Яъне мохияти назарияи У. Мид ин дар шахс инкишоф додани махорати худро дар чашми дигарон дидан аст. Агар чунин махорат дар шахс инкишоф ёфта бошад, у имконияти амалу рафтори худро бо дигарон мукоиса карданро пайдо мекунад.

Ба чуз аз омилхои ёдоваршуда дар рохи шиносои аз шахсияти худ макоми падидаи дигари ичтимои яъне хуввият низ хеле бузург аст. Мохияти нотакрории фардиятхо худро мансуб ба ягон объект месозад. Масалан у метавонад худро тавассути мансубияти фарханги махали гурухи ва гайра аз шахсияти дигар фарк кунонаду бо хамин сатхи арзиши худро пеши назари дигарон чилвагар созад.

Ролхои ичтимои ва шахсият.

Хастии чомеъа аз он вобаста аст, ки дар кадом сатх аъзоёнаш ролхои ба зимма доштаашонро ичро мекунанд. Дар мавриди ролхо истифода бурдани шакли чамъашон бехуда нест. Зеро афроди чомеъа тули зиндагии худ на маъмули ичрои як, балки чандин ролхои ичтимои хастанд. Масалан эшон дар овони хурдсоли роли кудак баъдан мактаббача, донишчу ва гайраро ичро мекунад. Яъне вобаста ба таъгири статус рол хам дигар мешавад. Статусхо дар навбати худ муайяншуда (номинали) ва дастоварди (муаффакшуда) мешаванд. Чомеъа аз афрод вобаста ба статуси ичтимоиаш ичрои роли муайянро интизор аст. Чун эшон наметавонанд шомили як гурух бошанд, бинобар хамин хам дар як вакт аъзои чандин гурухи ичтимои хастанду дар хар кадом макоми ишголкарда аз у ичрои роли муносибро такозо медорад. Агар статус хамчун мавкеи дар гурух гузоштаи афрод баён шавад, пас рол ин ичрои амалест, ки аз у вобаста ба статусаш аз шахс дар гурух мунтазиранд. Афрод тули зиндагии хеш пайваста зарурати омузиши ролхои мухталифи ичтимоиро хис мекунад. Вобаста ба чи гунагии ин ролхо дар у рафтори муносиб ба статуси ичтимоияш шакл мегирад.

Чуноне, ки ёдовар шудем, статусхо ду хел мешаванд:

Статуси гурухи аввал, гурухи ё мухити — новобаста ба хохиши афрод мансуб мебошад.

Статуси гурухи дуюм бошад, тавассути захмату кушишхои фарди ба даст меоянд.

Макоми статусхои аввала дар чомеъахои институт ворид аст. Эшон вобаста ба хати авлоди махали зист узвияти гурухи ва гайра ин статусхоро касб мекунад. Бо мурури дарвозахои озодиро барои худ кушоданаш чомеъа хамчунин мартабаи статусхои нолшавандаро боло мебардорад. Зеро он барои ёфтани мутахассисхои сохибтачриба миёни афрод мобилности ичтимоиро бештар равнак медихад. Дар ин маврид дар ремео статусхои абади боки намонда афрод тули умр чандин статусро иваз мекунад. Дар ин сурат у мачбур аст роли чавобгуи статусхои мазкурро аз худ кунад. Дар мавриди азхудкунии ролхо характери афрод роли мухим дорад. Агар ичрои рол ба статуси ишголкарда мувофик наояд, он вакт зиддияти ролхо пайдо мешавад.

Номутаносибии макоми ролхо боиси пайдошавии рафтори инфиродии фард мешавад. Барои пасти чихату холати он чоме аз механизми яъне мачмуи вазифахое, ки тавассути онхо чомеа таъмини рафтори дилхохи аъзоёнашро вобаста ба макоми ишголкардаашон истифода мекунад.

Контроли ичтимоии рафтори одамон дар чомеа тавассути механизми ичтимоикунонии фишори гурухи ва водошти ичтимои сурат мегирад. Механизми ичтимоикунони дар чомеа вазифаи фарохамории кабули бешууронаи меъёру конунхои ягонаи рафтори ичтимоиро аз чониби хамагон ба душ дорад. Яъне дар ин маврид инсон тахти назорати ботини рафтори худро руи шарту конунхои дар чомеъа эътирофшуда ба рох монда, худро норохат аз поймолдозии ин шарту конунхо аз чониби дигарон хизб кунад. Вале рафтори инсонро на танхо контроли ботини, балки гурухи низ метавонад ба мачрои намунаву меъёрхои ягонаи амал равнак созад. Чун мо пештар ёдовар шудем, инсон як замон аъзои чандин гурухи ичтимои аст (оила, коллектив ва гайра) ва хар кадоме аз онхо барои чалби рафтори аъзоёнаш намунахои ягонаи рафторро дар худ нигох медоранд. Кулли гурухи низ чун пештара ба тарики гайрирасми яъне бе конун барномаи навиштае, ки риоя накарданашон боиси чавобгарии маъмури бошад, сурат мегирад. Чалби аъзоёни гурух вобаста ба ишголи макомашон дар гурух аз хамдигар фарк мекунад. Шахсиятхои дорои статуси баланд дар гурух хукуки маънавии таъгири меъёру одобу рафторро метавонад дар худуди муайян аз худ нишон диханду ин сабаби тахти сарзанишу хатокори амали у нагардад. Бо истифода аз ин имконот ин шахсиятхо метавонанд тозагихои дар меъёру рафтори амали аъзоёни гурухи худ ворид созанд, ки онро хеч гох ашхоси дигари дар зинаи паст карор дошта, наметавонад, ба зимма дошта бошад.

Гайр аз шаклхои ёдоваршудаи контроли ичтимои дар чомеъа хамчунин назорати мачбури низ ба кор бурда мешавад, ки он василаи меъёру талаботхои ичрояшон хатми рафтору амали инсонро дар чомеъа ба танзим медарорад. Эхтиёч ба он бо мурури афзудани теъдоди аъзоёни гуруххои ичтимои бештар мешавад, чун дигар танхо тавассути назорати бевоситаву вогузори ба вичдон амали эшонро идора кардан номумкин мегардад. Дар ин маврид ба хайси воситаи конгурус конунхо воситаи ичбори ва таргиботи расми, мавриди истифода карор мегирад.

Главный Редактор

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *