Фанни Сотсиология

Мафхум ва хусусиятхои сотсиологияи сирф амали

Одатан ин кисми сотсиологияро «бародари хурди» сотсиологияи эмпирики мехисобанд. Ин якчанд сабаб дорад. Пеш аз хама аз нуктаи назари таърихию генетики он дар давраи муайяни инкишофи рушди пажухишхои эмпирики ташаккул ёфта, дар тахкики мавзуъхои мубрами хаёти чомеа методу воситахои гункардаи онро ба ворият гирифт. Сониян он танхо як кисми сотсиологияи эмпирикиро ташкил медихад.Дар ин чо хаминро кайд кардан бамаврид аст, Ки сотсиологияи амали хини пажухиш Каме фарохтар аз пажухишхои эмпирики кадам мезанад, зеро он хеле васеъ аз методхои байнифанни-сотсиометрия, тест, тахлили арзиши ва гайра истифода мебарад.Пас маълум мешавад, Ки хусусияти асосии сотсиологияи амали на максадаи омузиши назариявии масъала, балки сирф ба даст овардани фоидаи амали аст. Ахёнан ин ду навъи пажухишро аз руи ном, унвони мавзуяшон аз хамдигар фарк мекунанд.Пажухишхои сотсиологияи амали хамеша мавзуи мушаххаси сохави дошта, хадафи дарёфти рохи халли масоили махдуд дар фазою вактро дороянд.Пажухишхои академики эмпирикиро чунин махдудият хос нест. Барои мисол мо метавонем мавзуи ду пажухиши сотсилогиро бо хамдигар мукоиса намоем:»Проблемахои ичтимоии ивазшавии мутахассисон дар ЧСМ «Самар» ва «Проблемахои ичтимоии ивазшавии мутахаасисон дар сохаи саноати чумхури».Мушохида кардан душвор нест, Ки мавзуи аввала сирф амали ва дуюм эмпирикии академики аст.

Ахамияти пажухишхои сотсиологияи амалиро бахо додан хеле душвор аст. Зарурияти пиёдасозии он имруз барои мусоидат ба инкишофи бизнес,сиёсат, идоракунии равандхои ичтимои ва гайра пайваста эхсос мешавад.Махз намояндагони сохаи сотсиологияи амали имруз дар рохи омузиши афкори умум, пажухишхои бозори саъю кушиш доранд. Бидуни хидмати онхо ба мувафаккият ноил омадани сиёсатмадорон, сохаи хизматрасони, матбуот гайриимкон аст.Аз ин хотир пажухишхои Амалии сотсиологии бештар тибки такозои муассисоту ташкилотхо, шахсони манфиатдор сурат мегирад ва одатан онхоро «фармошгар»меноманд.Дар ин сурат масрафкунандагони махсули пажухишхо низ худи онхо махсуб мешаванд ва дар баробари эшон ичрокунандагони фармоиш хамчун «кормандони кироя» чилвагар мешаванд. Чунин ранг гирифтани муносибат накши худро дар мансубияти интеллектуалии натоичи тахкикот низ мегузорад ва ахёнан бидуни дарёти ризоияти «фармоишгар» сотсиолог наметавонад маълумотхои ба даст овардашударо дар хизмати хамагон карор дихад ва ё аз он дар пажухишхои минбаъдаи худ истифода барад.

Кобили зикр аст Ки пажухишхои Амалии сотсиологии вазифаи мухандисии ичтимоиро ба зима доранд.Тахти унвони мухандисии ичтимои одатан он сохаи сотсиологияи амалиеро дар назар доранд,Ки тавачухи он ба истифодаи сохторхои ташкилии рафтори одамонро танзимкунанда бо максади таъмини ороми дар коллективхои муайяни мехнати, корхонахо, муассисоти таълими в.г. нигаронида шудааст.Асоси фаъолияти мухандисии ичтимоии сотсиологиро усули эмпиризм ва прагматизм ташкил медихад.Принсипи эмпиризм хамчун чузъи мухими фаъолияти мухандисии ичтимои маънои омузиши хатмии ин ва ё он холати ичтимоиро дорад.Принсипи прагматизм такозои дастёбии хатми ба натоичи самаранокро хини татбики пажухиши амали аз сотсиолог менамояд.Мухандис-сотсиолог одатан ба амалисозии пажухишхои масштабашон хурд сарукор дорад ва натичааш хамеша барои татбик пешбини карда мешавад.Барои хамин хам хадафи ин гунна пажухишхо на факат иборат аз кушиши пайдо кардани хакикат, балки инчунин чустучуи маълумоти судманд барои рущди муассисаю ташкилот низ хаст.

Дар баробари равиши мухандисии ичтимоии дар сотсиологияи муосири амалии аврупойи инчунин равиши клиникиро низ чудо мекунанд.Онхо Аслан мутаваччехи тахкики асли аз чашми одди нихони падидахои ичтимои хастанд ва дар фаркият аз гурухи аввала дар чараёни пажухиш бештар методхои марбут ба тадкикоти сифатиро истифода мебаранд.

Главный Редактор

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *