Фанни Сотсиология

Назария ва амалияи кори иҷтимои

Адабиёт:
1. Баҳромбеков В., Миров Ф. Асосҳои сотсиология. — Душанбе: “Матбуот”, 2015.
2. Баҳромбеков В.A., Зеваров Х., Миров Ф. ва диг. Муқаддимаи кори иҷтимоӣ. –Душанбе,2011.
3. Кори иҷтимоӣ: Фарҳанги мухтасари энсиклопедии тоҷикӣ-русӣ.-Душанбе,2010.
4. Новикова К.Н. Социология социальной защиты населения. — М.: РГСУ, 2013.
Мафҳумҳои калидӣ:
“Сотсиология”, “объект”, “предмет”, “категория”, “қонун”, “иҷтимоиёт”, “ҷамъият”, “микросотсиология”, “макросотсиология” ва ғайраҳо

Кори иҷтимоӣ аз ибтидои пайдоиши ҷомеаи инсонӣ ҳамчун шакли фаъолияти амалӣ ҳамеша вуҷуд дошт. Дар давоми асрҳои зиёд ва таърихи фарҳанги ҳалқҳои форсу тоҷик кори иҷтимоӣ дар шакли хайрхоҳӣ, кори савоб, кўмак ба бечорагон, ғамхорӣ ба ятимону барҷомондагон, накўкорӣ ва амсоли ин амалӣ мегардид. Бо пешрафти ҷомеа кори иҷтимоӣ низ мазмуну моҳияти тозаро касб менамуд ва дар шаклу намудҳои гуногун таҷассум меёфт.
Имрўз бошад кори иҷтимоӣ ба як намуди фаъолият ва як самти сиёсати иҷтимоии давлат табдил ёфтааст. Њукумату давлати Љумҳурии Тоҷикистон барои кўмак ба эҳтиёҷмандон ва шахсони қобилияти амаликуниашон маҳдуд пайваста ғамхорӣ менамояд. Њатто дар Сарқонун (Конститутсия)-и кишварамон омадааст, ки Тоҷикистон давлати иҷтимоӣ аст ва зиндагии сазовор ва шоистаи ҳар як шаҳрвандамонро кафолат медиҳад. Соли 2010 дар Тоҷикистон барои амалигардонии сиёсати иҷтимоӣ (суғуртаи иҷтимоӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ) 831,9 млн сомонӣ ҷудо гардидааст, ки нисбати соли 2006 тақрибан 552, 6 млн сомонӣ ё 279% зиёд аст. Ќариб 50%-и масрафи буҷети давлат ба соҳаи иҷтимоиёт пешбинӣ шудааст. Соли 2011 низ барои маблағгузории соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ, таъминоти нафақа ва маоши кормандони соҳаи буҷетӣ 4.1 миллиард сомонӣ ё 48 %-и буҷаи давлат равона гардидааст.
Соли 2009 бо дастгирии ЮНИСЕФ 150 нафар кормандони иҷтимоии навоҳиҳои гуноногуни Љумҳурии Тоҷикистон такмили ихтисос намуданд. Илова ба ин, бо кўмаку дастгирии ЮНИСЕФ барои омода намудани кормандони касбии иҷтимоӣ дар назди факултаи фалсафа, кафедраи сотсиологияи Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон ихтисоси «Корманди иҷтимоӣ» кушода шуд, ки айни замон донишҷўёни нахустини ин ихтисос дар курси 3 таҳсил менамоянд. Аз соли 2002 бо дастгирии фонди Сорос 13 нафар Донишгоҳҳои ИМА-ро хатм намуда, ҳоло дар ташкилотҳо хориҷӣ кор мекунанд. Дар доираи лоиҳаи «Нерўманд гардонидани иқтидори кормандоне, ки ба кори иҷтимоӣ машғул мебошанд» дар Донишгоҳи Стокголмс барои муассисаҳои иҷтимоӣ 25 корманди иҷтимоӣ омода карда шуданд. Соли 2004 бо дастгирии техникии ЮНИСЕФ ва якҷо бо профессорони Донишгоҳи Стокголм курси дусолаи омўзонидани кори иҷтимоӣ кушода шуд, ки дар натиҷа 35 нафар кормандони кори иҷтимоӣ такмили ихтисос намуданд. Аммо бо вуҷуди ҳамаи ин тадбирҳо кишварамон ба кормандони соҳибтахассуси кори иҷтимоӣ сахт ниёз дорад. Умуман, дар Тоҷикистон зиёда аз 5000 кормандони иҷтимоӣ фаъолият менамоянд, ки аксарияти онҳо такмили ихтисосро нагузаштанд ё дар ин соҳа аз рўи ихтисос кор намекунанд.
Њаёти иҷтимоӣ пайваста дар тағйироту инкишоф аст, ҳар лаҳза сохтори худро иваз менамояд, шароитҳои ҳаёти иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва сиёсии аҳолӣ дигаргун мегарданд. Њамзамон, дар ҳаёт инсонҳо аз бадбахтӣ, беморӣ, садамаҳо ва дигар ҳодисаҳои нохуш, ки шахсони алоҳида, оила ва гурўҳҳои иҷтимоиро эхтиёҷманду мўҳтоҷи кўмак мегардонанд, эъмин нестанд. Мушкилоти иқтисодӣ, бекорӣ, маъюбӣ, беморӣ ва дигар ҳолатҳои ногувор ҳар лаҳза одамонро таҳдид менамояд. Мушкилоти оилавӣ, моҷароҳои оилавӣ метавонад дар ҳар як оила, новобаста аз вазъи иқтисодӣ ва мақоми иҷтимоӣ онҳо сар занад. Аз ин рў, барвақт ҷаҳониён дарк намудаанд, ки кори иҷтимоӣ ба ҳама гурўҳу табақаҳо ва фардҳои алоҳида зарур мебошад, зеро дар ҳаёт ҳар як фард хоҳу нохоҳ ба кўмаки иҷтимоӣ ниёзманд мегардад. Илова ба ин, «ҳар як инсон дар дилхоҳ замон ва дилхоҳ давраи ҳаёт ба қонеъ гардонидани манфиату талаботҳои худ ниёз дорад. Дар ҳар як соҳаи ҳаёту фаъолият онҳо метавонанд нобаробар қонеъ гарданд: шахси сарватманд ба ҳифз ва мустаҳкам гардонидани саломатӣ ниёз дорад,..шахси солим метавонад камбизоат бошад, имконияти амалӣ гардонидани қобилияти худро надошта бошад, дар дилхоҳ оила муносибатҳои байни зану шавҳар ва кўдакон тезу тунд гашта метавонад…, ҳар як инсон дар ин ё он сатҳ ба дастгирӣ, кўмак ва муҳофизат ниёзманд аст.» Дар байни аҳолӣ чунин одамон, гурўҳҳо ва табақаҳое вуҷуд доранд, ки ба вазъи мушкили зиндагӣ гирифтор гардидаанд, бо нерўи худ пурра ё қисман мушкилоти иҷтимоӣ ва дигар мушкилотҳои худро ҳал карда наметавонанд. Дар ин маврид корманди иҷтимоӣ ба кўмаки онҳо меояд.
Фардҳо ва гурўҳҳои иҷтимоиеро, ки аз кўмаки корманди иҷтимоӣ бархурдор мегарданд, мизоҷ номида мешаванд. Ба сифати мизоҷи хадамоти иҷтимоӣ дилхоҳ аъзои ҷомеа, ки ба вазъи мушкили ҳаётӣ гирифтор гардидааст, баромад карда метавонанд. Дар бештари маврид, зери мафҳуми «мизоҷ» он категорияи аҳолӣ фаҳмида мешавад, ки ба кўмаку дастгирӣ, мутобиқшавӣ, офиятбахшӣ ва баъзан ба ислоҳгардӣ ниёз доранд. «Мизоҷ»-и кори иҷтимоӣ метавонад фардӣ (кўдаконе, ки мавриди муносибати дағалона ва зўроварӣ гирифтор гардидаанд, бепарастор мондаанд, мавриди истисмори иқтисодӣ ва шаҳвонӣ қарор гирифтаанд; кўдакони маъюб, кўдакони каҷрафтор ва ҷинояткор; заноне, ки мавриди зўроварии ҷисмонӣ ва шаҳвонӣ дучор гардидаанд, занони фоҳиша; шахсоне, ки аз майхорагӣ, истеъмоли маводи нашъадор ва дигар намуди вобастагӣ ранҷ мебаранд, шахсоне, ки дар маҳбасхонаҳо қарор доранд ё аз он ҷо пас аз адои ҷазо озод шудаанд; пиронсолон ва шахсони қобилияти ҷисмонӣ ва амалкуниашон маҳдуд; гурезагон ва муҳоҷирони маҷбурӣ; шахсоне, ки ба шароити душвори садамаҳои техногенӣ ва офатҳои табиӣ дучор гардидаанд; шахсони иштирокчии амалиётҳои ҷангӣ ва аз терроризм ва бандитизм зарардида; бекорон ва шахсони бесоҳибу бехона ва умуман шахсоне, ки ба вазъи мушкили ҳаётӣ дучор гардидаанд ) ва ё гурўҳӣ (оила, синфи мактабӣ, гурўҳи маъюбон, коллективӣ меҳнатӣ ва ғ.) бошад. Аз ҳама ҷиҳати фарқкунандаи кори иҷтимоӣ аз дигар касбу ихтисосҳо дар он зоҳир мегардад, ки кўмак расонидан ба одамони эҳтиёҷманд барои тағйир додани таъсири тарафайни онҳо ва бо муҳити атроф таъиноти асосии ин пеша ба ҳисоб меравад. Корманди иҷтимоӣ тавассути нерўи худи эҳтиёҷманд ҳаёти ўро тағйир дода, кўшиш менамояд, ки мизоҷи худро аз вазъи мушкили ҳаётӣ раҳоӣ намояд. Пеш аз он, ки корманди иҷтимоӣ вазифаҳои худро ба анҷом расонад, бояд донад, ки ҳар як мизоҷ дорои хусусиятҳои хос ва сифатҳои шахсии худ мебошад. Корманди иҷтимоиро лозим аст, ки дар давоми фаъолияти худ ин сифатҳои хоси шахсии мизоҷро ошкор намуда, мувофиқи онҳо амал намояд. Новобаста аз он, ки мизоҷи корманди иҷтимоӣ шахси алоҳида аст ё гурўҳ, оила ва сохтори иҷтимоии нисбатан Бузург, онҳо дорои талаботҳои махсус, низоми арзишҳо, имкониятҳо, сатҳи дониш, низоми эътиқодот, таҷрибаи ғуншуда ва хусусиятҳои ҷисмонию маънавӣ мебошанд. Корманди иҷтимоӣ агар ин хусусиятҳоро наомўзад ва таваккалӣ кор кунад, дар натиҷа ба эҳтиёҷманд таъсире расонида наметавонад, кўшишу заҳматҳояш барбод меравад.
Чӣ хеле, ки қаблан гуфта гузаштем, мизоҷи корманди иҷтимоӣ асосан шахсон ва гурўҳҳои иҷтимоие мебошанд, ки ба вазъи мушкили зиндагӣ гирифтор гардидаанд ва мўҳтоҷӣ ёрии иҷтимоӣ мебошанд. Пас саволе ба миён меояд, ки «вазъи мушкили зиндагӣ» чи гуна вазъияти иҷтимоӣ аст?
Вазъи мушкили зиндагӣ – ин вазъиятест, ки имкониятҳои мўътадили амалу фаъолияти фардҳо ва гурўҳҳои иҷтимоиро хароб месозад ва ё ба фаъолияти мўътадили онҳо хатар эҷод менамояд. Дар Ќонуни Љумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизматрасонии иҷтимоӣ» омадааст: «Вазъи мушкили зиндагӣ-ҳолати объективиест, ки ҳаёту фаъолияти мўътадили инсонро хароб сохтааст ва инсон мустақилона қодир нест ин вазъиятро бартараф намояд: маъюбӣ, пиронсолӣ, беморӣ, натиҷаҳои садамаҳои истеҳсолӣ ва бемориҳои касбӣ, аз даст додани саробон, танҳоӣ, бепарасторӣ, беназоратӣ, ҷойи зисти доимӣ надоштан, вобастагии равонии устувор, оқибатҳои ногувори зўроварӣ ва ҳолатҳои ба ҳаёт хатарнок ва дигар ҳолатҳои вазнини ҳаётӣ». Вазъи мушкили зиндагии инсон ҳодисаҳои ғайри қобили қабул ва ниҳоят мушкили инсонро номидан мумкин аст, ки барои бартараф намудани ин ҳолатҳо ва барқарор намудани ҳаёту фаъолияти мўътадил объективан ниёзманди кўмаки дигарон, давлат, ҷомеа, муҳити наздики иҷтимоӣ мебошад. Ба вазъи мушкили зиндагии инсон ҳолатҳоеро, мисли қурбони ҷиноят ва бемории табобатнашаванда гирифтор гардидани инсон, ба ҳаёт ва саломатӣ ё ҳаёту саломатии наздикони ў хатар таҳдид менамояд, дохил намудан мумкин аст. Оила ва кўдаконе, ки дар вазъи мушкили зиндагӣ қарор доранд — маҷмўи шахсоне мебошанд, ки якҷоя зиндагӣ намуда, бо ҳаёти маишӣ ва ҳуқуқу ўҳдадориҳои тарафайн алоқаманданд ва миёни аъзоён ақаллан як кўдаки то синни 18- сола мавҷуд аст. Вазъи мушкили зиндагӣ объективан ҳаёту фаъолияти онҳоро хароб месозад ва натиҷаҳои онро оила мустақилона ҳал карда наметавонад. Давлат нисбати шахсоне, ки ба вазъи мушкили зиндагӣ гирифтор шудаанд, мувофиқи қонунгузории ҷорӣ ёрии иҷтимоӣ мерасонад.
Дар аввал кори иҷтимоӣ маҳз бо фардҳои алоҳида анҷом дода мешуд, аммо минбаъд маълум гардид, ки кўшиши тағйир додани вазъият ва рафтору амали фард, агар ба он бевосита атрофиён ва муҳити наздики иҷтимоӣ таъсир нарасонанд, аҳёнан самарнок хотима меёбад ва аксаран натиҷаи дилхоҳ намедиҳад. Бояд дар хотир дошта бошем, ки фард аъзои ин ё он гурўҳ, коллективӣ меҳнатӣ ва ё табақаи иҷтимоӣ аст. Ин воқеият боис гардид, ки кори иҷтимоӣ бо оила ва гурўҳ пайдо шавад. Таъсир расонидан ба оила бе таъсиррасонӣ ба ҳар як аъзои он ғайриимкон аст. Тағйир додани рафтор ва худэҳсоснамоии аъзоёни алоҳидаи оила ба тағйир ёфтани шиддати муносибатҳои тарафайни дохилиоилавӣ ва дигаргунгардии иртиботи оилавӣ мегардад.
Мушкилоти иҷтимоии эҳтиёҷмандоне, ки корманди иҷтимоӣ ҳал менамояд, аз гурўҳҳои муайяни иҷтимоӣ-демографии ба он тааллуқдошта вобастагии зич доранд. Мушкилотҳои калонсолон, пиронсолон ва нафақахўрон ба худ хусусиятҳои хос доранд. Мушкилоти шахсони камбизоат, шахсони бекасу танҳо ва маъюб ба шакли ба худ хос зоҳир мегарданд. Занон ва кўдакон ба категорияи махсуси мизоҷони кори иҷтимоӣ дохил мешаванд, зеро вобаста ба шароитҳои объективӣ ва анъанавӣ, ҳолати физиологӣ ва иҷтимоӣ ба онҳо хатарҳои иҷтимоӣ бештар таҳдид менамоянд. Кўдакон нисбатан заиф, вобаста ва дастнигар мебошанд, иҷтимоишавии онҳо ба ихтиёри дигарон аст, хатари ба зўроварии калонсолон гирифтор гаштани онҳо эҳтимолияти зиёд дорад. Аз ин рў, ин вазъият эҳтиёҷмандии онҳоро ба кўмаки иҷтимоӣ ва муҳофизат ба маротиб зиёд менамояд. Њаёти кўдакони маъюб, бепарастор, ятим ва каҷрафторро бе ёрии корманди иҷтимоӣ тасаввур кардан имконнопазир аст. Мушкилотҳои иҷтимоие вуҷуд доранд, ки корманди иҷтимоӣ онҳоро якбора бартараф намуда наметавонад, барои ҳалли пурраи онҳо корманди иҷтимоиро лозим меояд, ки ҳамеша дар ин самт фаъолият намояд. Комилан пурра ҳал намудани мушкилотҳои иҷтимоии маъюбон, камбизоатон ва пиронсолон ғайриимкон аст, аммо зарур аст, ки ин мушкилотҳоро корманди иҷтимоӣ такрор ба такрор ҳал намояд, ба шахсони алоҳида ва гурўҳҳои иҷтимоӣ мунтаззам кўмак расонад. Аз ин рў, ҳангоми бартараф намудани мушкилоти иҷтимоӣ корманди иҷтимоӣ ба вазъияти иҷтимоӣ сарукор дорад.
Вазъи иҷтимоӣ предмети асосии кори иҷтимоӣ ба ҳисоб меравад, он майдони иҷтимоиест, ки дар он корманди иҷтимоӣ заҳмат кашида, кор мекунад. Мақсади асосии корманди иҷтимоӣ низ беҳтар гардонидани вазъи иҷтимоии мизоҷ, сабуктар гардонидани ранҷу азоб ва ҳолати рўҳии мизоҷ мебошад. Њар чанд корманди иҷтимоӣ қодир нест аз ҷиҳати иқтисодӣ пурра мизоҷро таъмин намояд ё чизи аз дастрафтаи ўро баргардонад, аммо метавонад ба мизоҷ кўмаки иҷтимоӣ ва равонӣ расонад, ўро роҳбаладӣ намояд ва машварати муфид диҳад. Таъсири манфии оқибатҳои ҳодисаҳои нохушро ба мизоҷ кам намояд ва ё пешгирӣ кунад. Махсусан, ин гуна кўмакрасонӣ ва дастгирии иҷтимоӣ ба маъюбон, пиронсолон ва шахсоне, ки ба зўроварии ҷисмонӣ, ҷинсӣ, маънавӣ ва иқтисодӣ дучор гардидаанд, ниҳоят манфиатнок аст.
Кори иҷтимоӣ имконият медиҳад, ки доираи васеи вазифаҳои ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ҳалли худро ёбанд. Корманди иҷтимоӣ эҳтиёҷмандонро ошкор намуда, мушкилоти онҳоро омўхта, роҳҳои ҳалли ин мушкилотҳоро пайдо намуда, тавассути субъектҳои кори иҷтимоӣ ва муассисаҳои дахлдорӣ ҳифзи иҷтимоӣ мушкилотҳои мизоҷонро ба қадри имкон ҳал менамояд.
Аз ин ҷо метавонем хулоса барорем, ки кори иҷтимоӣ дар сатҳи фард, оила, гурўҳ, умумияти одамон вобаста ба ҳудуд, истеҳсолот, монандии мушкилотҳо ва умуман дар сатҳи тамоми ҷомеа амалӣ мегардад. Њангоми расониданӣ ёрии иҷтимоӣ корманди иҷтимоӣ бояд донад, ки ин кўмак ба чӣ ва кадом самт равона шудааст, дар рафти фаъолияти худ ба чӣ ноил шудан мехоҳад, мақсади ў чист ва натиҷаҳои кори худро ў чӣ гуна тасаввур менамояд.

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *