Фанни Сотсиология

Навиштани хисобот ва бахогузори ба тадкикотхои сотсиологи

Тахлили маълумотхои аз тадкикотхои сотсиологи гирифта бо навиштани хисобот хотима меёбанд. Вобаста ба намуди шакли тадкикот хисобот низ гуногун мешавад. Масалан, фишурда ё пурпечутоб, ботартиб дар асоси хулосахои назарияви. Хамчунин бо ба инобат гирифтани тавсияхои амали.

Агар сухан атрофии хисоботи печида (пурпечутоб) равад, пас мантики баррасии мавод чунин тартиб бояд гирад: дар мукаддима мубрамияти масъала асоснок мешавад. Баъд тавсифи тадкикот (максади он, вазифа, асосноккунии алохида, усулхои чамъи ахбор) сурат мегиранд.

Тавсифи ичтимои-демографии объекти тадкикоти гузаронидаро бошад дар охир бо натичахои гирифта тахлил бояд кард ва нишондодхоро бо пунктхо хулосагири намуд.

Хисобот бо «Пешниходот» хотима меёбад, ки дар он маводхои услубии тадкикот (барнома, воситахо, низомнома, накшаи кори тадкикот ва гайра) дохил карда мешаванд. Дар бахши пешниходхо натичаи маълумотхои гирифтаи омори, нуктаи назархо ба шакли тасвир (накша), лоихахо, диаграммахо ва тоблухо тачассум бояд ёбанд.

Мувофики мазмуни ин ё он тадкикоти мушаххас хачми хисобот аз дах зиёда сахифа навишта мешавад. Талаботи асоси барои навишти хисобот ин пурраги ва коркарди амики хамаи пахлухои мавзуоти тадкикот, дурустии сохтори баёни фикр, асосноккунии пахлухои он ва тавсияхо, тарзи дурусти чобачогузори, дурустии истифодаи истилохоти сохави, дастрас будани баён, тартиби дурусти натичахои тадкикот ва гайрахо мебошанд.

Бобро анчом дода бояд ба саволхо оиди сифати тадкикоти сотсиологи максаднок бахо дод. Тахлили он нишон медихад, ки хонанда баробар бо фармоишигарони тадкикотхои сотсиологи, хамеша бояд маводхои гирифтаро аз руи сифати кор, восита ва натичахои он бахо дихад.

Максад: барои чи тадкикот гузаронида мешавад. Зарур аст, ки ба он аз мавкеи мубрамият, мухимият, ахамияти ичтимои (назарияви ва амали) — и доштааш назар андухт. Хамчунин максади гузошта бояд вокеии ва мохиятдор бошад.

Сифати васоит дар навбати худ чунин хулосагири мешаванд: тарзи дурусти тахрири накша, шаклгири ва асосноккунии фарзия, сохтани тахлили системанокии объекти тадкикот; бомаърифатона амали кардани тартиботхои услуби, техники ва ташкили; интихоби индикаторхо, интихоби шкалаи ченкуни; гузоштани саволхо; ташкили гузаронидани тадкикот ва гайра.

Сифати натичахоро бошанд тартиббанди ин аст: дарачаи ба даст овардани хадафхо, ахамияти назарияви ва амалии он; чиддият ва вокеии будани ахбороти гирифташуда.

Асосноккунии низоми интихоби вохидхои тахкикшаванда\выборка\

Чузъи мухими ташкили пажухишхои сотсиологиро аосоноккунии вохидхои тахкикшаванда ташкил медихад.Он кисми умумияти тахкикшавандае, ки объектро пурра тачассум месозад ва хамчун як шакли махсуси модели он баромад мекунад, мачмуи вохиди интихобшуда ном дорад. Дар ин сурат кули объектро мачмуи генерали мегуянд. Проблемаи асоси хини ташкили вохиди интихобии тахкикшаванда ин муайян кардани он чузъи объект аст, ки хеле дакику эътимодбахш хусусияти мачмуъиро тачассум менамояд.Зеро тамоми объектро фаро гирифтан гайриимкон аст ва ин вакту маблаги зиёдро талаб мекунад.Зарурати ин амал вучуд хам надорад ва тавассути чамъоварии афкори адади муайяни респондентон метавон оиди мавзуъ хулоса баровард.Барои он Ки Шумо оиди гайриаклони будани ташкили назархохии тамоми нафарони объекти омузишатон бовари хосил кунед овардани як мисол аз супориши тахминии гузаронидани пурсиши ахолии ягон шахрчаи кучаки дорои 200 хазор ахоли кофи аст.Бо назардошти он Ки як анкетёр имконияти гузаронидани пурсиши на зиёда аз се нафарро дар як соат дорад дар давоми хафт соати кори у метавонад 20 анкетаро пур кунад. Аз ин чунин хулоса баровардан мумкин аст, Ки барои пурра анчом додани пурсиши ахолии шахрча ба мо 85 хазор рузи хафтсоатаи кори зарур аст.Агар мо хохем ки ин корр дар 10 руз анчом дихем, пас бояд 8,5 хазор ёварро ба кор чалб намоем. Албатта ин харочот аз лихози иктисоди ва саривакт пешниход кардани маълумот сангин аст ва на хар муасса метаввонад онро пушонад. Аз ин ру сотсиологхо хамеша аз усули интихоби пурсишномагузарони пайрави мекунанд.

Дуруст ташкил намудани мачмуи вохиди интихоби шарти мухими дар сатхи дакик гузаронидани пажухиши сотсиологи аст.Пурсиши вохиди генерали,яъне кули объекти омузиш на танхо аз лихози иктисоди, имконияти чалби неруи кори, балки аз нигохи тахкикоти илми низ бефоида аст. Мутахассосони соха кайхо мушохида намудаанд, Ки пас аз чаъовари адади муайяни анкетахо натичахо такрор шуда, аз конунмандии муайян пайрави мекунанд. Меъёри минимали аслан 20 анкет аст(барои эхтиёт сотсиологхо шартан шумораи 50-ро хамчун меъёри санчидашудаи интиобие кардаанд, Ки ба мухаккик имконият медихад раванди умумии маъалаи тахкикшавандаро пайдо кунад). Агар пурсидашавандагон аз лихози касбу кор, чинсият, синну сол аз хамдигар фарки зиёд надошта бошанд, дар чавобхояшон аллакай пас аз ин шумораи анкетахо як раванди умумиро мушохида кардан мумкин аст.Масалан хамаи нафарони 30-сола аксаран оиладоранд, касбашонро кам иваз мекунанд ва нисбати 20-солахо бештар моили ишголи макоми баландтаранд. Чанбаи нозуки дигаре дар ин раванд боз ба чашм мерасад. Масалан саволхо хар кадар оддитар бошанд хамон кадар бештар такрор дар чавобхо мушохида мешавад.Хар кадар дар чавоби саволхои пурсишнома алтернатива камтар бошад, хамон кадар бештар пас аз хар якчанд анкета якнавотии самимияти пурсидашавандагонро дидан мумкин аст. Хамин тавр дар мавриди одди агар сотсиолог хадафи ташкили тахкикоти бунёдиро бо риояи кули талаботхои услуби пеши худ нагузошта бошад бехтар аст Ки у анкетаи сода, итихобномаи якнавохти дорои шумораи ками пурсидашавандагонро тартиб дода, пажухиши зодажи ёин Ки чустучуйи (разведыватеьлный) гузаронад. Вале мусаллам аст, Ки натоичи дар ин сурат ба дастомада барои баровардани хулосаи амик оиди пахлухои мухт алифи мавзуъ нокифоя аст. Натоичи дар мавриди тахкикоти факуззикр ба даст омада метавонад танхо барои асосноккунии пешгузории масъала замина мухайё созад.

Хамин тарик одатан сотсиологхо аз ташкили пурсишхои саросари на танхо аз лихози талаби харочоти иктисодияш хавасманд нестанд, балки аз нуктаи назари илми низ ин беманфиат аст. Барои хамин хам мо бояд муътакид бошем, Ки мо дар пажухишхои сотсилоги ба чамъоварии маълумот оиди кули объект на танхо имконият, балки эхтиёч хам надорем. Дар биёр холатхо, махсусан дар пажухишхои бозоршиноси(маркетинговые исследование), вактк Ки аз сотсиолог маълумоти дакик оиди категорияи муайяни одамон, масалан истеъмолкунандагони кахва, у бояд дар мавриди тартиб додани интихобнома\выборка\ хеле зхтиёткор боша ва аз кули талаботхои барои ин амал пешбинишуда риоя кунад. Зеро дар таърихи ташаккули пажухишхои змпирики холатхое маълум аст, Ки сахлангории андаке дар ин маврид метавонад мучиби коста гаштани эътибору нуфузи мухаккику муассаи тахкикоти гардад. Яке аз чунин мисолхоро метавон аз натоичи пажухиши сотсиологии мачаллаи дар солхои 20-30 маъруфи амрикои «Литэрари дайджест» оиди пешгуии натоичи интихоби раиси чумхур овард, Ки сахви ташкили интихобнома ва вобаста ба ин нодурустии хулосахои пешакии тахкикоти анчомдодашуда боиси кохиши чашмраси нуфузи рузнома ва баъдан катъ гаштани фаъолияти он шуд. Рузномаи мазкур чун соири чаридахои дайчести Аслан ба нашрии такрории маводи марбут ба натоичи назархохии афкори оммаи рузномахои дигар машгул буд ва аз соли1920 инчониб ба мустакилона гузаронидани пурсишхои густурда дар ин бахш огоз намуд. Дар якчанд маврид вобаста ба мавзуи интихоботхои дар пеш истодаи раиси чумхур рузнома тавассути почта ба одамон пурсишномахоро ирсол намуда, дар вокеъ маълумоти баъдан бо натоичи нихоии маъракаи мазкур наздикро ба даст меварданд. Вале ходиса соли 1936 ранги дигар гирифт, зеро маълумоти пешакии рузнома,Ки натоичи интихоботро ба хисоби 60\40 ба фоидаи намояндаи чухурияхохон Алф Ландон муаррифи намуда буд, галат баромад. Дар интихобот номбурда ба шикасти сахт дар мукобили Франклин Рузвелт мувочех шуд. Пас саволе пайдо мешавад, Ки сабаби чунин нокомии натоичи назархохии оммавии рузномаи як вактхо маъруф аз чи иборат аст?Баъдан маълум гашт, Ки сабаби ин ходиса ба хатогии чидди рох додани хайъати рузнома дар мавриди тартибдихии навбатии интихобномаи аралашии(смешанная) пештар бомуваффакият татбикшавандаи респондетхои тавассути чустучуи исмашон аз маълумотномахои телефони ва руйхати бакайдгирии харидорони мошинхо будааст. Ин дафъа омад накардани чунин интихобнома вобастаги ба вазъити сангини солхои 1936, Ки аллакай кисми бештари мардум аз имконияти доштани телефону харидории мошин бархурдор набуданд ва дар фаркият аз чонибдорони сарватманди А.Ландон эшон такягохи Ф.Рузвелт буданд, вобастаги дошт. Ва мантикист, Ки албатта номи хамаи чонибдорони Рузвелтро аз руйхати телефондорону харидорони мошин пайдо кардан мухол буд ва ин боиси тартибдихии нокомили интихобномаи навбати гашт. Ин гувохи он аст, Ки хини тартибдихии интихобнома мухаккик бояд борикбин бошад ва пурра аз талаботи илмии вобаста ба он пешниходшаванда пайрави намояд.

Риояи пурра аз талаботхои илмии тартибдихии интихобнома заминаи репрезентивии(калимаи лотини represento-муаррификуни) сохтору холати умумияти генералии объекти тахкикот шуда метавонад. Вале мусаллам аст, Ки ба даст овардани мувофикати пурраи маълумотхои умумияти интихоби бо умумияти генерали одатан гайриимкон аст. Барои хамин хам хамеша меъёри калавиши 5%-о дар маврид мадди назар мегиранд.Бо назардошти он Ки интихобнома хусусиятхои омории умумияти генералиро инъикос карда наметавонад бинобар хамин хамин дар назди мухаккик вазифахои зерин меистад:1) мадди назар гирифтани шартхои барои таъмини репрезентативии интихобнома мусоидаткунанда 2) муайян кардан лозим аст, Ки дар кадом замина мо метавонембо бовари натоичи мушохидахои интихобиямонро нисбати кули умумияти генералии объекти омузиш пахн намоем. Дар хама холат интихобнома бояд типи ва объективи бошад. Пеш аз тахлил маводи интихобро дакик санчида, онро аз маълумотхои нолозими ба репрезентивияти интихобнома халалрасонанда ори сохтан лозим аст. Ичрои ин амалро дар сотсиология рандомизатсия ё ин Ки интихоби тасодуфии чузъхои умумияти генерали барои омузиш меноманд.

Главный Редактор

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *