Фанни Маркетинг

Давраҳои тайёрӣ ва қабули қарори идоракунӣ

Қарори идоракунӣҳамчун ҷараёни идоракунӣ мебояд давраҳои муайяни технологиро гузарад. Дар робита бо ин мавқеи муҳимро давраи тайёрӣ ва интихобӣ ишғол мекунад. Барои роҳбарон қабули қарор мақсади асосӣ намебошад. Мақсади асосӣҳал намудани масъалаи идоракуние, ки пайдо шудааст буда, дар аксари маврид, роҳбарро зарур аст, ки пайдарпайии иҷрои қарор ва назоратро то лаҳзаи иҷро шудани он таъмин намояд. Аз ин хотир қарори идоракунӣ ин ҳуҷҷати яклаҳзаина набуда, акти натиҷавии ҷараёни идоракунӣ ма³суб шуда, бо мурури вақт инкишоф ёфта, сохтори муайяни худро дорад.

Аз тарафи дигар ҷараёни қабули қарор ҳаракати пайдарпай ва даврии субъекти идоракунӣ буда, барои ҳалли мушкилоти ташкилӣва таҳлилӣҳолати корхона, қабули қарор ва иҷрои он равона карда шудааст.

Дар расми 4 — модели ғоявии сохтори қабули қарори идоракунӣ нишон дода шудааст. Чунин сохтор имконият медиҳад, ки ҳолатҳои мушаххаси мушкилиҳои идоракуниро аниқ намоем. Давраҳои ҷараёни қабули қарори идоракунӣба тартиби зайланд:

1. Таҳлили ҳолатҳо. Зарурияти қабули қарори идоракунӣҳангоми пайдо шудани ахбор доир ба муҳити дохилӣ ва берунии корхона оид ба тағйироте, ки дар иҷрои функсияи системаи идоравӣ, ё ҳолати идоракунии корхона ба миён меояд, пайдо мешавад. Бинобар ин яке аз шартҳои асосии қабули қарори дурусти идоракунӣтаҳлили ҳолатҳо мебошад.

Таҳлили ҳолатҳо ҷамъи ахбор ва коркарди онҳоро талаб мекунад. Ин давраро давраи омeзиши муҳити дохила ва беруна меноманд. Далелҳо оид ба ҳолати омилҳои асосии беруна ва вазъияти кор дар дохили корхона ба менеҷерон, ё мутахассисоне, ки ба омeзиш ва таҳлили ахбор сару кор доранд мерасанд. Ин аснод таҳлил карда шуда, бо нишондиҳандаҳои ҳақиқӣ муқоиса карда мешаванд ва баъдан мушкилие муайян карда мешавад, ки мо бояд ҳал намоем

Таҳлили ҳолатҳо

Муайан кардани

ченаки интихобӣ

Идоракунии иҷроиши қарор

Назорат ва баҳои натоиҷ

Муайан намудани масоил

Коркарди варианти интихобӣ

Мувофиқакунонии қарор

Интихоби вариантҳо

Расми 4. Таркиб ва пайдоиши ҷараёни қабули қарори идоракунӣ.

2. Муайян намудани мушкилот.Қадами аввал барои ҳалли мушкилӣ муайян намудани худи он мебошад.

Доир ба омeзиши моҳияти мушкили ду нуқтаи назар вуҷуд дорад:

  1. Мушкилӣҳамчун ҳолате омeхта мешавад, ки ҳалли он бо мақсад ба миён гузошта шуда иҷро шуда истодааст, ё ба дараҷае, ки мавҷуд буд, фарқ мекунад.
  2. Мушкилӣҳамчун имконоти баландбардории самаранокӣ маънидод мешавад.

Дар ҳар ду маврид ҳам мо муайян намудем, ки мушкили фарқияти байни ҳолати пайдошуда объекти идоракунӣ ва хоҳиши мо мебошад.

Аниқ кардан ва мазмунан тартиб додани мушкилиҳо ҷараёни мураккаб мебошад, зеро тақдири ояндаи қарор аз он иборат мебошад, ки мо то чӣ андоза онро дуруст пешниҳод намудаем.

Яке аз нишондиҳандаҳои мураккабии мушкилӣ дар он аст, ки дар ҳолати пайдоиши он, на ҳамаи тарафҳои он маълум буда, маълумот дар бораи хароҷот ва шаклҳои иҷрои онро мо пурра дастрас карда наметавонем.

Бинобар ин ҳалли мушкилиҳо ва баҳои миқдорӣ додан ба онҳо аз роҳбарон на фақат донишу таҷриба, балки қобилият, интуитсия ва эҷодкорӣ талаб мекунад.

Мо бояд донем, ки ҳамаи системаи унсурҳо ва иҷрои кор дар корхона бо якдигар алоқаманд мебошанд ва эҷоди мушкилот дар як соҳа ё дар як тарафи корхона ба тарафи дигари он таъсири манфӣ мерасонад.

Бинобар ин мушкилоти мавҷударо аниқ намуда, ҳаракат кардан зарур аст, ки эҷоди онҳо дар сатҳи паст қарор дошта бошанд.

3. Муайян кардани ченаки интихоб.Пеш аз он ки мо шаклҳои ҳалли мушкилиҳои мавҷударо дида бароем, бояд нишондиҳандаҳоеро муайян созем, ки ба воситаи онҳо муқоиса ва интихоби варианти беҳтарин пешниҳод мешавад. Ин нишондиҳандаҳоро ченаки интихобӣ меноманд. Масалан, дар ҳолати ба кор қабул намудани коргари нав, мо ба ченакҳои маълумот, таҷрибаи корӣ, синну сол, сифатҳои шахсии e баҳо медиҳем. Дар вақти пайдоиши мушкилӣ бояд аз ченаки интихобии махсус истифода барем, ки тамоми тарафҳои муамморо пурра инъикос карда тавонад.

4. Коркарди шакли интихобӣ. Таҷрибаи кории роҳбарон нишон медиҳад, ки хуб мебуд, агар мо якчанд шаклҳои интихобии ҳалли масъаларо пешниҳод карда тавонем. Дар ҳолате, ки интихоби шаклҳои гуногун мавҷуд аст, интихоби оптималӣ низ имкон дорад. Аммо афсeс, ки дар таҷрибаи кории аксари рохбарони корхонаҳои Тоҷикистон, чунин вариантҳои интихобӣ вуҷуд надоранд, чунки аксар маврид дониши худи онҳо барои ҳалли масъала кофӣ нест. Ё ин ки бо сабаби норасогии вақтқарорҳои нимтайёру хом бароварда, корро чандинкарата иҷро мекунанд.

Дар таҷриба ҳодисаҳое ба мушоҳида мерасанд, ки шакли ҳалли мушкилиҳо аллакай пешакӣ маълум мебошанд. Вале боз ҳолатҳое низ мешавад, ки масъала бори аввал ба миён меояд, ё ин ки он хеле мураккаб ва нофаҳмо буда, хароҷоту натиҷагирии он маълум нест. Дар чунин ҳолатҳо муҳокимаи коллективии ин масъала аз фоида холӣ набуда, шакли интихобии он пешниҳод мегардад.

5. Интихоби шакл. Баъди кор карда баромадан шаклҳои гуногуни ҳалли масъала ба мо зарур аст, ки онҳоро ба таври ҷудогона баҳо дода, ҷиҳатҳои мусбӣ ва манфии онро аниқ намуда, бо якдигар муқоиса намоем.

Қайд кардан зарур аст, ки муқоиса дар асоси якчанд намуди нишондиҳандаҳо ба миён меояд, ки натиҷаи ҷамъбастии онро мо бояд дар асоси фикрронии ақлона дарк карда интихоб намоем. Маълум аст, ки ҳар як фаъолият ва иҷрои кор эҳтимолияти муайяни худро дорад. Бинобар ин, барои роҳбар зарур мебошад, ки дараҷаи таваккалкориро то минимум расонида, эҳтимолияти ҳалли масъаларо баланд бардорад, ҳарчанд ки дар баъзе мавридҳо маблағи зиёдро талаб мекунад.

6. Мувофиқкунонии қарор. Дар шароити имрeзаи мураккабии системаи идоракунӣ, чунин вазъияте ба миён омадааст, ки тайёр кардан ва коркарди қарорро як гурeҳи роҳбарон, қабули онро гурeҳи дуюми роҳбарон ва ичроишашро гурeҳи сеюм таъмин менамоянд. Бинобар ин, дар аксари мавридҳо ҳолатҳое мешаванд, ки роҳбарон барои қароре, ки умуман онҳо намедонанд ва хабар надоранд, дар тайёр кардани он иштирок накардаанд, ҷавобгe мешаванд. Чунин ҳолатҳо боиси паст шудани самаранокии идоракунӣ дар корхонаҳо шуда, бисёр роҳбарони хуберо, ки нуқтаи назари худро дошта, қобилияти баланди роҳбарӣ доранд, аз даст медиҳем.

Аз ин рe дар ҷараёни қабули қарори идоракунӣ роли муҳимро давраи мувофиқакунонии қарор мебозад. Таҷриба нишон медиҳад, ки нақши муҳимро дар иҷрои қарор вақт ва ҷамъомади умумӣ мебозад, чунки иҷрокунандагони қарор дар ҷараёни тайёр кардани он иштирок намуда, худашон тағйироту иловаҳо дохил менамоянд. Дар вақти иҷрои он аллакай ин мушкилиро хуб медонанд.

7. Идоракунии иҷрои қарор.Ҷараёни қарори идоракунӣ дар давраи қабули он ба охир нарасида, балки дар давраи нав — давраи ниҳойи, яъне иҷроиши қарор ҷамъбаст мегардад.

Барои иҷрои самараноки қарори идоракунӣ пеш аз ҳама номгeи корҳо ва захираҳо муайян карда шуда, баъдан иҷрокунандагон ва мeҳлати иҷроиши қарор маълум мегардад. Агар сухан дар бораи қарори хело ҳам зарур равад, он гоҳ зарур аст, ки коркарди барнома ва иҷрои он талаб карда шавад. Яъне, кай, дар куҷо, кадом амалиётҳоро бояд иҷро намояд, то ки иҷрои қарор амалӣ гардад.

Вазифаи роҳбар дар ин давра мушоҳида намудани рафти иҷрои қарор буда, агар зарурат пайдо шавад, тағйирот ва иловаҳо дохил менамояд.

8. Назорат ва баҳои натоиҷ. Баъд аз он ки қарор дар зинаи иҷроиш амал мекунад, раванди идоракунӣ мебоист қатъ нагардад, то он даме ки боварӣҳосил накунем, ки қарори қабулкардаи мо мусбат аст ё не? Яъне, иҷрои ин қарор барои ташкилот фоида овардааст ё не? Ин мақсад аз он иборат аст, ки мо бояд аниқ кунем, ки оё он чизе ки мехостем ба даст овардем ё не?

Хаминро бояд қайд кард, ки қарор доимо хислати муваққатиро дорад. Мeҳлати самаранокии таъсири онро то давраи доимияти ҳолати мушкил ҳисоб намудан зарур мебошад. Баъди гузаштани вақти муайяншуда қарор мумкин аст, ки дигар самара надиҳад ва барои иҷрои кор халал расонида, вазъиятро мураккаб созад. Бинобар ин, вазифаи асосии назорат муайян кардани самаранокии қарор, бартараф кардани камбудиҳо ва дар ҳолати пайдо шудани масоилҳо, боз қабули қарори нави идоракунӣ маҳсуб мешавад. Ғайр аз ин, давраи мазкур ҳамчун сарчашмаи ҷамъ шудан ва ба система даромадани таҷрибаи қарори идоравӣ мебошад.

Мушкилии назорати қарори идоракунӣ хело ҳам рeзмарра буда, махсусан барои корхонаҳои калон муҳим мебошад.

Дар таҷриба бисёр ҳолатҳое ҳастанд, ки қарорҳои бошуурона қабул менамоем, аммо бо сабаби ташкили нодурусти системаи назоратӣ иҷрои онҳо натиҷаи дилхоҳ намедиҳад.

9. Иҷрои қарор. Тарзу усули иҷрои қарор бевосита аз мазмун ва шароитҳои объективие, ки ин қарор амалӣ мегардад, вобастагӣ дорад, на аз хоҳиш ва кордонии роҳбарону коргарон. Талаботи қарор бояд амалишаванда бошанд.

Талаботи дуюми иҷрои қарор ин самаранокии он мебошад, яъне, самарае, ки аз амалӣ гардонидани қарор ба даст дароварда мешавад, бояд, ки хароҷотро пeшонида, фоида ба даст оварда шавад.

Усулҳо ва роҳое, ки дар вақти иҷрои қарор истифода карда мешаванд, бояд аниқ бошанд ва барои натоиҷи дилхоҳ ба даст даровардан кeмак расонанд.

Талаби сеюм, усули иҷрои қарор буда, бояд, ки хато набошад ва ҳатто дараҷаи ночизи таваккалро таъмин намояд.

Муваффақияти ҳалли мушкилот аз таъсири 3-гурeҳи омилҳо вобаста аст: ташкилӣ, моддӣ ва фардӣ.

Ба омили ташкилӣқобилияти корхона, ки барои иҷрои қарор мутобиқ шуда, масоилҳоро муайян намуда, вақти иҷрои онро аниқ менамоянд ва роҳои иҷроишро ташкил мекунад, дохил мешавад. Агар сохтори ташкилӣ кор хуб бошад, коргарон пешгeии мусбиро интизор бошанд, он гоҳқарор иҷрошаванда мебошад. Вале, агар чунин муҳит пайдо нашавад, он гоҳ мумкин аст, ки қарор иҷро нашавад.

Ба омили моддӣ иҷрои қарор он захираҳое ки барои иҷро шудани қарор кeмак мерасонанд: захираҳои табиӣ, технологӣ, техникӣ, ахборӣ, иқтисодӣдохил мешаванд.

Омили фардӣ, ки ба иҷрои самараноки қарор таъсир мерасонад, дараҷаи зарурии ихтисосмандии роҳбарон, таҷриба, дониш, дараҷаи дарки масъала аз тарафи мутахассисони бахши идоравӣ ба шумор меравад.

Яъне, агар дар корхона фазои солими ақлонӣ вуҷуд дошта бошад, қадрдонии дараҷаи зеҳнии ҳар як мутахассис дида шавад, агар мақсад, инчунин натоиҷи иҷрои фаъолият баҳо дода шавад, он гоҳ муҳити инфиродии иҷрои қарор имконпазир мебошад.

Таъсири манфӣба самаранокии қарор омили субъективиест, ки фақат такя ба таҷрибаи шахсии худ мекунад, интуитсия, симпатия ё худ антипатия барои коре, чизе, ё касеро дар мадди аввал мегузорад. Чунин вазъият муҳити носолимро дар корхона пайдо карда, барои ҳалли масъалаҳои муҳими идоравӣ халал мерасонад.

{амин тариқ, сарфи назар аз камбудиҳо ва таъсири омилҳои гуногуни дохила ва беруна қарори идоракуние, ки ба навоварӣ равона карда шуда, дорои дараҷаи муайяни таваккалӣ мебошад, дар ҷамъбасти кори менеҷмент натиҷаи хуб медиҳад, хоҳ он самаранок бошад, хоҳғайрисамаранок. Мо мушкилиҳои идоракунии ҷараёни навоварӣ ва таваккалро дар қисми ояндаи китоб дида мебароем.

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *