Фанни Маркетинг

Асосҳои методологии моҳияти қарори идоракунӣ

Консепсияи идоракуни

Қарори идоракунӣ дар системаи менеҷмент.

Қарори идоракунӣ ҳамчун категорияи иқтисодӣ моҳияти ҷараёни таъсиррасониро ба одамон, ба восита ва усулҳо, инчунин имкониятҳои ташкилие, ки ба натиҷаи беҳтари фаъолияти мақсаднок бурда мерасонанд, дар бар мегирад.

Ин гурўҳҳамчун ҷараёни болоравии идоракунӣ, тадқиқоте мебошад, ки мазмуни иқтисодии таъсиррасонӣ, ташаккулёбӣ ва амалигардонии идоракуниро меомузад. Мақоми асосиро дар ин омeзиш функсия ва шаклҳои фаъолияти идоракунӣ мебозад, ки бо худ маҷмӯи муносибатҳои идоравиро оид ба ҷалб намудани таъсиррасонӣ ба одамонро дарбар мегирад. Аз ин ҷиҳат, функсияҳамчун соҳаи зарурии объективии ҷараёни идоракунӣ натиҷаи мақсаднокро дар доираи муайяни вақт дорад.

Консепсияи одоракуниҳамчун раванди татбиқи функсияҳои алоқаманд, ки усулу воситаҳои таъсиррасонии худро дорад, дар натиҷаи истифодабарии методологияи системавӣ, ҳолатӣ ва иҷтимоӣ хело ҳам васеъ ва паҳн гаштааст.

Чунин як усули инкишофёбандаи омeзиш дар менеҷмент ҳамчун қонунияти объективии идоракунӣ омeхта мешавад.

Вобаста ба тараққиёти иқтисодӣ ва идоракунӣ шаклҳои нави фаъолияти идоракунӣ пайдо мегарданд, ки функсияҳои интегратсионӣ ва дифференсиатсиониро иҷро намуда, роҳҳо ва воситаҳои таъсиррасониро ба одамон доир ба ҳар як намуди фаъолияти идоракунӣ нишон медиҳанд. Такмили идоракунӣ, ҳамчун қонунияти объективии инкишофи илмию техникӣ, компюторизатсияи иқтисодиёт ва фаъолияти идоракунӣ, мураккабшавӣ ва васеъшавии алоқамандии субъектҳои хоҷагидорӣдарҷаҳони иқтисодии имрӯза, зарурияти ба вуҷуд омадани имконот ва воситаҳои нави алоқаро ба миён овардааст. Чунин як ҷараён зарурияти инкишофи ояндаи консепсияи идоракунӣ ва ташаккулёбии қарори идоракунии замони навро талаб мекунад.

Дар миёнаи асри ХХ дар ҷодаи идоракунӣ як зумра «мактабҳои нав» ба майдон меоянд, ки мақсади асосии онҳо аз муайян кардан ва баҳо додани омилҳое, ки ба ҷараёни иқтисодӣ ва идоракунӣ таъсир мерасонанд, иборат буд.

Махсусан, диққати асосӣ ба омилҳои беруна (макроиқтисодӣ, микроиқтисодӣ, минтақавӣ) ва дохилӣ, дохилисистемавӣ равона гардида буд. Гуногунии омилҳо ва тағйирёбии онҳо дар фаъолияти хоҷагидорӣ менеҷеронро маҷбур намуданд, ки вариантҳои гуногуни амалиётҳоро дар ҷараёни идоракунӣ истифода баранд. Интихоби шаклҳои мухталифи идоракунӣ дар ҳолате пайдо шудаанд, ки дар идоракунӣ усулҳои иқтисодӣ-математикӣ, моделсозӣ, барномасозии мақсаднок арзи вуҷуд кардаанд.

Аз нигоҳи технологӣҷараёни идоракунӣҳамчун фаъолияти пайдарпайи менеҷер ва дастгоҳи идоракунӣ доир бақабул ва иҷрои қарори идоракунӣ мебошад, ки мазмуни ҳақиқии мушкилиҳои истеҳсолию хоҷагидориро дар худ доранд.

Вобаста ба мураккабшавии мушкилиҳо, зарурияти коркарди асосҳои методологии иҷрои пайдарпайи мантиқии ҷараёни идоракунӣ ба миён омад, ки имконоти ташаккули шаклҳои ҳаматарафаи фаъолият ва функсияҳоро ба вуҷуд овард. Қабули қарори идоракунӣ бо риояи фаъолияти функсионалии менеҷерон ва коргарони бахши идоравӣ, ба натиҷагирии самараноки мақсадҳо оварда расонид.

Қарори идоракунӣҳамчун шакли фаъолияти идоракуние мебошад, ки фаъолияти якҷояи одамонро вусъат бахшида, мақсаднокӣ ва самаранокии онро таъмин месозад.

{амчун гурўҳи менеҷмент қарори идоракунӣ муносибатҳои гуногуни идоракуниро дарбар мегирад, бинобар ин моҳияти қарори идоракунӣ низ бисёртарафа буда, бо гурўҳҳои дигари идоракунӣ, ба монанди функсия, ҷараёнҳои таъсиррасонӣ, алоқамандӣ, идоракунӣ ва системаи менеҷментӣ дар робита мебошад. Дар навбати аввал моҳияти қарори идоракуниро ҳамчун функсияи идоракунӣ дида мебароем.

Дар ин ҳолат қарори идоракунӣҳамчун звенои пайвасткунандаи гурeҳи функсияҳое мебошад, ки тарафҳои гуногуни таъсиррасонии ҷараёни идоракунӣ ва ҷараёни истеҳсолот инчунин идоравӣ ва системаи иҷтимоию иқтисодиро дар бар гирифта аст.

Менеxери касбb
(функсияи
профессионалb)
Методология
ва технологияи идоракунb (функсияи xараёни идоракунb)
Мо[ият ва шакл[ои асосии таъсиррасонb (функсияи
асосии идоракунb)
Rарори идоракунb
Ташкилот [амчун системаи иxтимоию иrтисодb
(функсияи системавb)

Расми 1.Қарори идоракунӣ дар системаи менеҷмент.

Қарори идоракунӣҳамчун моҳияти ҷараёни таъсиррасоние, ки дар фаъолгардонии фаъолияти якҷояи одамон, барои ба мақсад расидан таъсир мерасонад ва дар натиҷаи амалӣ гардонидан функсияҳои асосии менеҷмент ба миён меояд.

Қарори идоракунӣҳамчун ҷараёни идоракунӣва натиҷагирии он дар пайдарпайии мантиқӣ ва ба анҷомрасии марҳалаҳо доир ба қабул ва коркарди ахбор роҷеъ ба қарори идоракунӣ, ки ба ҳалли масоилҳои истеҳсолию хоҷагидорӣ ва ба даст даровардани самаранокии иқтисодӣ ноил гардидан равона карда шудааст.

Моҳияти қарори идоракунӣдар он мебошад, ки қарор ҳамчун муайянкунандаи маҷмeи ҳаракатҳои менеҷер ва аппарати идора дар равшан кардани имкониятҳои аниқи ба мақсад расидан равона гаштааст. Аз чунин як нуқтаи назар қарори идоракунӣҳамчун як давраи мустақили асосноккунӣ, интихоб ва қабули афзалияти идоракунӣ ва иҷрои он мебошад. Ташкилот ва сохтори ташкилии он, миссия, ҳаҷми сармоя, маҳсулоти истеҳсолии он, мақсад ва стратегияи инкишоф, шакли ташкили ҳуқуқии ташкилот ва сохтори идоракунии он, дар аксари маврид мазмуни системаи қарорхои идоракуниро ташкил медиханд.

Људо кардани қарори идоракунӣ аз рeи аломати системаи иҷтимоию иқтисодӣ яке аз вазифаҳои асосӣ ва муҳими менеҷмент мебошад, чунки менеҷерҳо, вақте ки қарор қабул мекунанд, бояд аниқ донанд, ки қарор ба кадом системаи менеҷменти ташкилот тааллуқ дорад: ба истеҳсолот, маркетинг ва ё молия. Инчунин бояд донист, ки бо алоқамандии кадом система қарор иҷро мешавад ва қарор ба кадом натиҷа анҷом мепазирад.

Моҳияти қарори идоракунӣ мақсад ва стратегияи инкишофи системаро пурра фаро гирифта, мазмуни он усул ва технологияи коркард ва иҷрои қарори идоракуниро дарбар мегирад.

Қарори идоракунӣҳамчун раванд ва натиҷагирии зеҳнӣ, ҳассосӣ ва психологӣ, ташкилӣ ва ҳуқуқии менеҷер доир ба интихоби оқилонаи шакли фаъолияти истеҳсолӣ ва идоракунӣ барои ба даст даровардани муваффақият мебошад.

Eҳдадории менеҷер оид ба қабули қарор ва назорати он дар асоси ҳуҷҷатҳои расмӣ, дастурамалҳо ва низомномаҳои шахсони вазифадор сурат мегирад.

Дараҷаи касбии менеҷмент ҳамчун шарти асосии интихоби менеҷер, дастгоҳи идоракунӣ ва ташаккулёбии сохтори идоракунии ташкилот мебошад.

Мураккаб ва моҳиятан зарур будани қарор, густурдагӣ ва гуногуншаклии функсияи идоракунӣ, шакл ва ҳудуди маъсулиятнокии иҷрои қарор, ҷамъи ҳуқуқу eҳдадориҳое мебошад, ки менеҷерро маҷбур месозад, ки раванди идоракуниро ҷорӣ ва дар амал татбиқ намояд.

Сохтори ҳайатии менеҷерон барои звенои олӣ, миёна ва поёнии идоракунӣ аз шакли қарорҳои идоракунӣ, дараҷаи ихтисосмандие, ки барои идоракунии самараноки коллектив зарур мебошад, вобастагӣ дорад.

Омeзиши асосҳои методологии менеҷмент имкон медиҳад, ки қарори идоракуниро ҳамчун маҷмeи функсияҳои бо ҳам алоқаманде, ки дар робитаи якдигар иҷро карда мешаванд, маҳсуб дониста шаванд.

Мақоми қарори идоракунӣҳамчун раванд фақат дар фаъолияти дохилии истеҳсолии хоҷагӣ анҷом наёфта, балки нақши муҳимро барои алоқаи беруна ва ҳалли имкониятҳои беруна мебозад.

Қарори идоракунӣбаҳама фаъолияти идоракунӣ таъсири худро мерасонад.

Сифат ва самаранокии қарори идоракунӣ аз унсурҳои зерин:

  • менеҷер ва дастгохи идоракунӣ;
  • коркарду иҷрои нақша ва барномаҳо;
  • амали системаи идоракунӣ;
  • ба мақсадрасии стратегӣ ва тактикӣ;
  • татбиқи навовариҳо;
  • молиягузории истеҳсолӣ;
  • идоракунии раванди маркетингӣ вобастагӣ дорад.

Нишонаҳои методологии дар боло номбар кардашуда, имкон медиҳанд, ки шаклҳои зерини қарори идоракуниро фарқ намоем:

1. Қарорҳои муҳими идоракуние, ки фаъолияти ташкилотро пурра дарбар гирифта, давраи ҷудогонаи инкишофи корхонаро якҷоя бо таваккал ва пешгeиҳояш муайян месозад.

Ин шакли қарор доираи қарорҳои мақсаднок, стратегӣ, навоварӣ, маълумотӣ, маркетингӣ, молиявӣ, сиёсати кадрӣ, лоиҳаи инвеститсионӣ, ислоҳот ва ғайраро дар бар мегирад.

Чунин шакли қарорҳо барои соҳибкории калон ва миёна равона шуда, аз тарафи менеҷерони табақаи олӣқабул карда мешаванд. Он қариб тамоми бахши ташкилотро фаро гирифта, коркарди хуби технологӣ ва методологиро талаб менамояд.

2. Қарорҳои муҳимми махсус, ки ба мушкилоти рeзмарраи хоҷагидорӣ тааллуқ дошта, барои ҳар як давраи муайян ва мeҳлати муайян қабул карда мешаванд. Чунин қарор, бевосита таваккали худро вобаста ба хароҷоти захираҳо ва ақидаи баъзе аъзоёни коллектив қабул мекунад. Ин шакли қарор дар аксар мавридҳо барои ҷорӣ намудани навоварӣ, тағйироти куллии бозори корхона, ҳодисаҳои ногаҳонии табиӣқабул карда мешаванд. Ин қарор дар зинаи болоӣ ва миёнаи идоракуние, ки таҷрибаи калони идоравӣ дорад, қабул карда мешавад.

3. Қарори такроршаванда, ки дар табақаи поёнии идоракунӣқабул карда шуда, асосан бо мақсади каме тағйирот даровардан ба системаи технологӣ, ё ин ки системаи баҳисобгирӣ ва ҳисобот, хизматрасонии истеҳсолот, регламенти фаъолият ва дигар ҷараёнҳои иҷтимоӣ пешниҳод карда мешавад. Чунин шакли қарор асосан бо мақсади ташкили дурусти ҷараёни истеҳсолот ва меҳнат дар корхона ташкил карда мешавад.

Дар ҷараёни қабули қарори идоракунӣ тартиботи амалигардонӣ бо воситаи истифодабарии менеҷмент сурат мегирад, ки ба фаъолияти идоракунӣ таъсири худро мерасонад.

Беҳтар кардани идоракунии ташкилот дар асоси баланд бардоштани дараҷаи тахассусии кормандони идоракуние, ки дар ҷараёни қабули қарори идоракунӣ иштирок мекунанд, зарур аст. Инчунин баландбардории ихтисос, мубодилаи ахбор ва коммуникатсияро низ ба назар гирифтан лозим аст.

4. Қарори характери тадқиқотӣ ва навоварӣ дошта, дорои хусусияти зерин аст:

  • бартарияти тадқиқоти ҷараёни инкишофи иҷтимоию иқтисодӣ;
  • тадқиқоти инкишофиҷаҳонии пешрафти илмию техникӣ;
  • ҷорӣ намудани навоварӣ дар идоракунии истеҳсолот;
  • такя ба фишангҳои худидоракунӣ ва худташкилкунӣ;
  • тадқиқоти технологияи ахборӣ ва коммуникатсионӣ;
  • пешгeиҳо ва пешбиниҳо;
  • ҷараёни маълумот ва усулҳои иҷтимоӣ ва рeҳӣ.

Шаклҳои қарори идоракуние, ки зикрашон дар боло рафт, такмил додан ва илова кардан мумкин аст, чунки раванди гуногуншаклии идоракунӣ шаклҳои навро тақозо мекунад.

Нишонаҳои тавсиявии қарори идоракунӣ инҳо мебошанд:

  • хислати интихобӣ доштани қарори идоракунӣ, имкони интихоб аз якчанд варианти мавҷудбуда;
  • фазаи иҷтимоию иқтисодие, ки барои таъмин намудани самаранокии иқтисодию иҷтимоии фаъолияти коллективи корхона мусоидат кунад;
  • нишонагирӣба натоиҷи ниҳойии фаъолияти ташкилот, ки сифату самаранокии фаврӣ ва идоракунандагии фаъолияти идоракуниро инъикос менамояд;
  • мақсаднокии оянда ва асоснок намудани технологияи коркарди қарор аз замони оянда то ҳозира, истифодаи усулҳои озмоишии дурнамоӣ;
  • мақоми интегратсионӣ доштан дар таъмин намудани системаи функсионалӣ, ҳуқуқӣ, молиявӣ, ахбории идоракунӣ;
  • навоварӣҳамчун натоиҷи пешрафти технологӣ ва ахбории иқтисодӣ;
  • номаълумии натиҷагирӣ ва имконоти зарар;
  • оқибатҳои қарори идоракунӣба муҳити беруна, ба соҳаҳои сиёсӣ, ҷамъиятӣ ва маданӣ, дараҷаи зиндагонии мардум таъсир мерасонад;
  • қонунӣ будани қарори идоракунӣ аз менеҷерон талаб мекунад, ки онҳо дар асоси дастуру низомномаҳо вақонунҳои мавҷуда амал намуда, барои сифат ва зарари он масъул бошанд;
  • раванди инфиродии ҳар як қарори идоракунӣ аз обрeи роҳбар ва қабули қарор аз менеҷерон вобаста мебошад;
  • қабулшавандагии қарор баҷараёни бефосилагӣ, даврӣ, пайдарпайӣ вобаста аст. Алоқамандии қарорҳо имкони таъҷилан ҷамъ намудани ахбор, баҳодиҳии ҳолат, ташхис ва интихоби нишонаҳои асосноккунии қарорро муҳайё месозанд.

Асоси тайёр намудани қарори идоравиро ахборе, ки аз муҳити беруна, ё аз дохили корхона бармеояд ташкил медиҳад.

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *