Фанни Маркетинг

Ташкил ва назорати иҷроиши қарор

Дар рафти татқиқотбарии чараенҳоиқабулиқарор, чӣ дар назария ва чӣ дар амалияи менечмент то солҳои охир диққати асосй ба марҳилаҳои коркарди алтернативии қарор ва ёфтани вариантҳои беҳтариниҳалли муаммоҳо дода мешуд. Идоракунандагон ба он ақида буданд, кӣ кор карда баромадани қарор вақти зиёди барои ҳалли муаммо чудо намударо мегирад.

Аммо таҷрибаи идорасозй нишон медиҳад, кӣ амалигардонии қарор як марҳилаи нисбатан вазнинтар, меҳнатталаб ва дарозмуддати чараёни қабулиқарор ба ҳисоб меравад, ки харочоти зиёди вақт ва захираҳоро талаб мекунад.Дар шароити имрӯза дар амалияи менеҷмент фосила байни қабулиқарори идорасозй ва амалигардонии он, чӣ хеле ки дар мӯҳлати тулёфтаи амалигардонӣ инъикос меёбад, ҳамчунинқарорҳои амалигаштаи бесамар-натиҷаи бедиққатии менеҷерон ба тарафи зарурии кори худ ба монанди батадбирии шахсӣ ба ҳисоб меравад.

Сабаб дар он аст , ки ҳаттоқарорҳои хело хуб ҳам бо таври фаврӣ амалӣ намегарданд. Барои амалигардонии онҳо низ сарфи кувваи муайян ва ташкили иҷроишиқарор зарур аст. Бинобар ин яке аз функқияҳои менеҷмент таъминсозии роҳбарӣ (пешсафй) ба ҳисоб меравад, ки моҳияташро ботадбирии шахсӣ ташкил медиҳад. Тахмини роҳбарӣ аз идора кардан ва соибҳокимиятӣ иборат аст. Ҳокимият дар ташкилот дар имконияти шахсан қабул кардани қарори охирин таҷассум меёбад, идора кардан (ботадбирӣ) бошад, дар ташкил ва назорати иҷроиши он, яъне тақсимоти сарватҳо, интихоб ва ҷо ба ҷогузории иҷрокунандагоне, ки қобилияти мустақилона (ботадбирона) иҷро кардани супоришҳоро доранд ифода меёбад.

Чӣ тавре ки дар боло қайд кардем, бо сабаби дар чараёни кор карда баромадан ва қабулиқарор иштирок кардани мутахассисони зиёд онҳо ба худ характери колегиалиро мегиранд. Ин асос медиҳад, тахмин кунем, ки бояд саъю кӯшиш дар рафти қабулиқарор ва ташкили он, назорати иҷроиши он харч гардида, тагйир ёбад. Асос (маркази вазнинӣ) дар фаъолияти роҳбар оҳиста-оҳиста аз соҳаи кор карда баромадани қарор ба соҳаи ташкил ва назо- рати иҷроиши он иваз мешавад. Нигаред ба раем.

Ин нақши менеҷерро дар ташкилот паст накарда баръакс ҷавобгариро зиёд намуда, роли онҳоро дар ташкилот баланд ме бардорад.

Ҳамин тавр, дар ташкилот барои босамар амалигардонии қарорҳоиқабулшуда бояд механизми (тартиби) иҷроиши онҳо вуҷуд дошта бошад. Вазнинии ташкили иҷроиши қарор бо зарурияти мутобиқсозии бисёр қарорҳои идорасозй якбора иҷрошаванда, ки бо ҳам алоқаманданд ва дар давраҳои гуногуни амалигардонӣқарор доранд асос меёбад.

Давраҳои амалигардонии қарорҳои идорасозӣ аз расму қоидаҳои зерин иборат аст:

коркарди нақшаи амалигардонии қарор; идорасозии амалигардонӣ; назорати иҷроишиқарор; баҳодиҳиинатиҷаҳои амалигардонӣ;

Моҳияти расму қоидаҳои номбаршударо дида баромада, чунин масъалаҳои асосии ташкилии тартиби амалигардонии қарорҳои идорасозиро муайян кардан мумкин аст:

1. Кор карда баромадани нақшаи амалигардонии қарор:

а) муайян намудани (маҷмӯи) корҳои зарурбуда.

б) муайян намуданиҳаҷми заҳираҳои зарурӣ.

в) муайян намудани шумораи иҷрокунандагон.

г) тақсимоти корҳо, захираҳо ваиҷрокунандагон ба объектҳо, супоришҳо ва мӯхлатҳо.

2. Идорасозии амалигардонии қарор:

а) гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣбо иҷрокунандагон.

б) ботадбирии шахсӣ дар рафти иҷроишиқарор.

в) ёрй расондан ба иҷрокунандагон дар ҳолатҳои рух додани вазнинй.

  1. Назорати иҷроишиқарор:

а) назорат аз болои риояи хусусиятҳои асосии қарорҳои ама- лишаванда.

б) назорат аз болои мӯҳлати иҷроиш.

в) назорат аз болои ҳолати шароитҳои муаммогӣ.

г) муайян намудани сабабҳои саркашӣ дар рафти амалигардонии қарор.

д) дохил намудани (дар ҳолатҳои зарурӣ) тағйиротҳо дар барномаи амалигардонии қарор.

  1. Баҳодиҳиинатиҷаҳои амалигардонӣ:

а) баҳодиҳии даврагии самаранокии ҳақиқииқарор.

б) пешгӯии мӯхдатиба охиррасии таъсири самараноки қарор.

в) муайяннамоии зарурияти таъғироти дар қарори амалкунанда ё қабулиқарори нав.

г) ҷамънамоии таҷриба ва кор карда баромадани маҷмӯи амалигардонии қарорҳоиқабулнамуда.

2.3. Қарорҳои идорсозӣ ва ҷавобгарӣ

Яке аз масъалаҳои асосӣ дар рафти қабулиқарор ин масъапаи ҷавобгарии роҳбар мебошад, ки дар ҳолатҳои ба ташкилот ё омилҳои муҳити атрофи он зарар расондан рух медиҳад.Ҷавобгарӣ барои натиҷаҳои қарори қабулшуда ва иҷроиши он (ё иҷро накардан) омили зарурии фаъолияти идорасозй ба ҳисоб меравад, бинобар ин менеҷер дар рафти кор карда баромадани қарори идорасозй имкониятҳои меъёри ҷавобгариро дар ҳолатҳои интихоби ҳар як вариант бояд баҳодиҳад. Барои ин, пеш аз ҳама, намуд ва да- раҷаиҷавобгариеро муайян кардан зарур аст, ки менеҷер дар назди дигар шахсон ё гурӯҳ дар дохил ва беруни он ба ӯҳда доранд.

Ҷавобгарӣ гуфта мо маҷбурияти водор намудани иҷроиши талаботҳо, меъёрхо ва қоидаҳои муайянро менамоем.

Чунин талаботҳо ва меъёрхо метавонанд аз тарафи инҳо муайян карда мешаванд:

давлат муайян шавад яъне ҷавобгарииҳуқуқй:

  • роҳбарияти ташкилоти муайян дар ин ҳолатҳамчунҷавобгарии маъмурӣ муайян карда мешавад;
  • ҷамъияти шахрвандй — яъне ҷавобгарии иҷтимой,
  • гурӯҳи одамон дар чараёни муомилаи байниҳамдигар чунин ҷавобгарйҷавобгарии маънавӣ номида мешавад.

Барои он ки дар назди кй ҷавобгар будани роҳбар муайян карда шавад, мо бояд донем, ки вай ба кй ва чӣ тарз ҳисобот медиҳад.Ҳисоботдиҳӣ як тарзи амалигардонии ҷавобгарӣ мебошад. Ҳисоботдиҳӣ бо намуду усул ва тартиботи назорат, ки таҳти он менеҷер ва қарориқабулкардаи он карор дорад, муайян карда мешавад.

намудҳоиҷавобгарй тартиботи назорат
Ҳуқуқӣ системаи судӣ
а)ҷиноӣ
б) шаҳрвандӣ
Маъмурӣ назорати мартабавӣ
а) интизомй
б) моддӣ (молу амвол)
Иҷтимоӣ фикри ҷаъмиятӣ
Ахлоқӣ маданияти иттиҳодиявӣ

Чунин намудҳоиҷавобгарӣ ва намудҳои мувофиқи назора- ти онҳо вуҷуд доранд:

Вобаста аз хусусиятҳои таърихӣ, иҷтимоӣ ва халқи-мадании давлатҳо намудҳои номбаршудаи ҷавобгариҳо аҳамияти гуногун доранд. Дар шароити имрӯзаи Тоҷикистонҷавобгариҳоиҷамъияти шаҳрвандӣ ва иҷтимоӣ (фикри ҷамъиятй) умуман фаъолият надоранд гӯемҳам хато намешавад.

Ҷавобгариҳои маъмурӣ ва ҳуқуқӣ бошанд нисбатан аҳамиятноканд. Дар давлате, ки ҷанги шахрвандиро аз сар гузаронду ба бӯҳрони иқтисодӣ дучор омад, сует шудани ҷавобгарии ахлоқӣҳатмист.

Ҷавобгарииҳуқуқи метавонад характери ҷинои ва шахрвандӣ дошта бошад.Ҷавобгарииҳукуқӣ дар ҳолатҳои содир кардани ҷиноят ба вуҷуд меояд ва бо нисбат ба гунаҳгор дар намуди маҷбурияти давлатии ҷазо муайян намудан хукми суд асос меёбад.Ҷавобгарии шаҳрвандӣ дар ҳолатҳои

иҷро накардани ӯхдадорӣ ё иҷроишиӯхдадориҳои нолозима ба вуҷуд меояд ва мувофиқиқонунҳои муайяншуда ё шартномаи чораҳои таъсир, ки оқибатҳои зарари моддй доранд, нисбат ба гунаҳгорон пардохти ҷуброни зарар, ҷаримаи аҳдшиканӣ ё барқарор намудани зарар асос меёбад.

Шароитҳои ба вуҷудомаданиҷавобгарииҳуқуқӣ инҳо ба ҳисоб мераванд:

  • содир намудани ҳаракатҳои зидди ҳуқуқӣ,
  • мавҷуд будани зарар,
  • алоқаи тафтишотй — сабабӣ байни харакати зиддиҳуқуқи ва зарар,
  • исбот кардани гуноҳи шахси зараровар.

Усули асосии таъмини ҷавобгарииҳукуқӣ ин муроҷиат ба суд дар асоси қарорҳо ва фаъолияти роҳбарон (шахсони мансабдор) мебошад.

Системаи ҳисоботдиҳии судҳо дар се сатҳи асосӣ фаъолият мекунанд:

    1. қарор метавонад инкор карда шавад агар он дар асоси қонун ё фармони конститусияро вайронкунанда тасдиқ шуда бошад.
    2. судҳоҳуқуқ доранд, ки мувофиқ будани қарорро бо қонун муайян кунанд.
    3. судҳо метавонанд нисбат ба шахсони мансабдори вайронкунандаи қонун карор бароранд.

Шахсони мансабдоре, ки аз доираи ваколати худ мебароянд, метавонанд барои амали худ ҷавобгарҳисобида шаванд.

Аммо баҳисоб гирифтан зарур аст, ки дар сифати расму қоидаҳои амалигардонии назорати судии ҷавобгарй камбудиҳо мавҷуданд. Асосиашон аз онҳо:

  • Набудани ҷавобгарӣ барои беамалӣ. Назорати судӣ, ҳамчунқоида, танҳо барои иҷрои ягон амал тааллуқ дораду барои беамалӣ вуҷуд надорад. Назорати судӣ, асосан, барои роҳ надодани сӯистифода аз мансаб ба роҳмонда мешавад ва кам ба он равона сохта мешавад, ки роҳбар дар рафти кор қонунро риоя кунад.
  • Оҳистагй (сустӣ). Расму қоидаи судӣ ниҳоят дуру дароз амал мекунад, аммоҳаҷмиқарорҳои маъмурӣ то дараҷае зиёданд, агар иҷроишиҳамаи онро ба назорати судӣҳавола созем ҳаттоқисми ками онҳо нишон медиҳад, ки чараёни идора манъ карда шавад.
  • Хароҷоти баланд. Хароҷотҳои судӣ ва ҳаққи адвокатҳо нисбатан баланданд ва ҳеҷ кас пешгӯӣ карда наметавонад, ки то кадом мӯҳлат парванда дида баромада мешавад ва натиҷааш чй мешавад. Дар натиҷа, шахси оддӣ аз беасосию бедодии бюрократа ҷафо мебинад ва қонуният дар назари вай як (тақлиди узвӣ) чизи оддй менамояд.
  • Дида баромадани саволҳои техникӣ бисёёр қарорҳо характери техниқӣ доранд ва аз тарафи мутахассисон кор карда баромада мешаванд. Бинобар ин, судяҳо, ки дар бораи чунин корҳотаҷриба надоранд, маҷбур мешаванд коршиносонро даъват намоянд. Дар чунин ҳолатҳо як гуруҳи мутахассисон як чиз мегӯянд, дигар гуруҳ дигар чиз, суд бояд ҳал намояд, ки дар ин масъала кӣ нағзтар сарфаҳм меравад.

Агар дар бораи гуфтаҳоиболо ақида ронем, ба хулосае омадан мумкин аст, ки усули назорати судй як қисми нисбатан ками қарорҳои идорасозии махсусан характери маъмуридоштаро дар бар мегирад.

Намуди бештар паҳншудаиҷавобгарии роҳбаронҷавобгарии маъмурӣ ба ҳисоб меравад, хамчун воситаи амалигардонии назорати он тартиботи зинаҳои мартабавӣ мебошад. Ҷавобгарӣ ва ҳисоботдиҳӣ дар ташкилот бевуҷуд доштани шахси мӯътабар (авторитет)-е, ки ҳуқуқи идорасозиро дорад ғайри имкон аст. Ин ҳуқуқ бо роҳи додани фармоишҳо аз боло ба поён ва роҳи мутақобилаиҷавобгарӣ — ҳисобботдиҳӣ аз поён ба боло амалӣ мегарданд. Агар роҳбари болоии ташкилот ҷонишинони худро таъин намудан ва аз вазифа озод карда тавонанд, онҳо бошанд зердастони худро ва ғайра, дар ин ҳолатҳар як менеҷер дар ташкилот дар назди аз худ як зинаи иерархии дар болобуда ҷавобгар ва ҳисобатдиҳанда ба ҳисоб меравад ва тартиботи назорати зинаҳои мартабавӣҳамаро дарбаргиранда мешавад.

Ҷавобгарии маъмурй вобаста аз намуди тасдиқшавиаш метавонад интизомй ва моддӣ бошад.

  • ҷавобгарии интизомй — як намуди таъсир бо истифодаи ҷазои интизомй: огоҳӣ, танбеҳ, ба вазифаи паст гузаронидан, аз кор озод кардан мебошад.
  • ҷавобгарии моддй — ин барқарор намудани зарари модции ба ташкилот расонидашуда аз тарафи коргаре, ки дар он кор мекунад ва ин зарарро ба ташкилот расондааст.

Аммо тартиботи иерархии назорат низ маҳдудияти муайян дорад.

Миқеси ташкилот ваҳаҷми муаммоҳоиҳалшаванда. Дар таш- килотҳои калон, чӣқадаре, ки менеҷер бо зинаи иерархи баланд барояд, ҳамонқадар вақти вай барои акалан назорати умумй бурдан аз болои қарорҳои зердастон кам мемонад. Ғайр аз ин, ташкилоти ҳозиразамон ихтисосҳои гуногунро дар бар мегирад. Роҳбар, чй қадаре ки мартабаи балантарро ишғол намояд, ҳамонқадар маҷбур аст фаъолиятро ҷамбаст намояд. Ҳамин тариқ агар роҳбаронвақт кам ёбанд, бисёёр муаммоҳоро фаҳмида мустақилона тахдил карда наметавонанд ва бояд ба мутахассисон пешниҳод намоянд.

Камбудиҳои чараёни робита. Дар бисёёр мавридҳо нуқсон дар чараёни мубодилаи ахбор низ омили махдудкунандаи тартиби назорати иерархй баҳисоб меравад. Агар иҷрокунандагон дар бораи чи фикру ақида доштани роҳбарони болоияшон маълумоти пурра надошта бошанд, он гоҳ роҳбарият низ дар бораи разилй ва фикру ақидаи зердастон низ кам маълумот мегиранд. Агар дар бораи ҳавасмандсозй ва мақсадиқабулиқарор сари вақт аҳбор надиҳанд ва агар аҳбор дар чараёни робита дурӯғ таъриф карда шавад, ба ҳамон андоза назорати иерархй суст мешавад.

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *