Фанни Маркетинг

Баҳодиҳи ба самаранокии қарор

Баландшавии самаранокии идорасозй амалан бо афзоиши самаранокии қарорҳои идорасозӣ дар ҳама зинаҳои иерархй шабеҳият доранд, барои он, ки қабули қарор воситаи асосии таъсиррасони ба идораро дар худ таҷассум мекунад. Маҳз бо кор карда баромадан, қабул, ташкил ва назорати иҷроишиқарор фаъолияти чй менеҷерони алоҳида ва чӣ садорати идора дар якҷоягӣ асос меёбад. Бинобар ин масъалаи муайяннамоии самаранокии қарорҳои идора ба қатори муаммоҳои нисбатан вазнинтар ва мубоҳисавиисоҳаи идорасозй тааллуқ дорад ва ҳалли пурраи худро наёфтааст. Дар оянда нишондиҳандаҳои самаранокӣ ва омилҳоиба он таъсиркунандаро омӯхтан зарур аст. Пеш аз ҳама, фаҳмиши «самаранокии қабулиқарор»-ро дар системаи бо ин маънӣ на- здик — «самаранокии идорасозӣ» ва «самаранокии меҳнати идорасозй» дида мебароем.

Одатан, самаранокии системаи идорасозӣ бо воситаи натиҷаҳои фаъолияти объекта идорашаванда муайян карда мешавад ва натиҷаҳои фаъолияти идорасозӣ бошанд, аз рӯи ба даст оварда ни мақсади гузашташуда. Дар чунин шароитҳо баҳои сатҳи идорасозии ташкилот дар асоси чунин нишондиҳандаҳо, ҳамчунҳаҷми фуруш, гирифтани фоида, хосилнокии меҳнат, сатҳи даромаднокӣ ва ғайра амалӣ мегардад. Аммо ин усул, бо ҳама асоснокиҳои мантиқию одцияш норасоиҳоиқатъӣ низ дорад якум, самаранокии идорасозй бо самаранокии истеҳсолот шабоҳат дорад. Дар зимни он натаҷаҳои техникӣ-иқтасодии монанд метавонанд дар сатҳои гуногуни ташкили идорасозй ба даст оварда шаванд, бинобар ин бо тарзи нишондодашуда самаранокии ҳар як системаи аниқи идорасозӣ, қисмҳои вай ва коргарони алоҳидаашро баҳо додан ғайри имкон мебошад. Дуюм, дар чунин ҳолат омили вақт-вақги муайян байни фаъолияти идоракунанда ва натаҷаи он ба инобат гирифта намешавад. (Қарор метавонад аз ҷониби як роҳбарқабул карда шавад ва натиҷаи самаранокӣ баъди якчанд муддат ба амалома- даи вай аз тарафи дигар кас истафода мешавад).

Фаҳмиши самаранокии қарорҳои идорасозӣ (дар фарқият аз сифати он) аз амалигардонии он ҷудогона муоина намешавад.

Гапдар сари он аст, ки самаранокии қарор на он қадар бо дурустиаш, балки бо ҳамон микдор бо тартиб ва мӯҳлати иҷроиш, бо дурустии мақсади гузошташуда муайян карда мешавад.

Самаранокии қарорҳои идорасозй бо ҳаракати омилҳои гуногуни характери техникй, ташкилӣ, иқтисодй ва иҷтимоӣпси хологӣ дошта, ки

таъсирашон якхела набуда ва дар марҳилаҳои гуногуни чараёни кор карда баромадан ва амалигардонии қарорҳо ошкор мешавад, муайян карда мешавад. Умуман омилҳои асосй дар ин бобат инҳороҳисобидан мумкин аст:

  • комил ҳуқуқӣ ва таҷрибаи кории қарорқабулкунанда;
  • дараҷаи ахборотнокии қарор қабулкунандагон;
  • сатҳи колегиалӣ дар чараёни кор карда баромадани қарор;
  • вазни хоси қарорҳои назоратшаванда;
  • дарачаи инггироки бевоситаи роҳбарон ва мутахассисон дар амалигардонии қарор, ки қарорро кор карда баромадаанд;
  • ҳавасмандсозии ичрокунандагон;
  • моҳият ва дараҷаиҷавобгарии роҳбарон;

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *