Фанни Маркетинг

Моҳият ва табиати қарорҳои идорасозӣ

Қабули қарор ҳамчун мубодилаи ахборқисми асосии ҳар як вазифаи менеҷмент баҳисоб меравад. Зарурияти қабули қарор дар ҳар як марҳилаи чараёни идорасозӣ ба вуҷуд меояд, ки бо ҳама қитъаҳо вақисму ҷанбаҳои фаъолияти идорасозӣ алоқаманд аст. Ҷараёни қабули қарор муаммоҳои ҳақиқй, муомила ва алоқамандии дар ташкилот ба амал омадаро пурраю аниқ таҷассум мекунад. Омӯзиши чараёни кор карда баромадан ва амалигардонии қарорҳо имкон медиҳад, ки ба (таркиб) мундариҷаи идорасозӣ баҳо дода шавад, чунки мазмуни идорасозӣ дар таркиби қарорҳои қабулшаванда нишон дода мешаванд. Бинобар ин моҳият ва табиати қарорҳоро донистан зарур аст.

Фаҳмиши хусусиятҳои қарорҳои идорасозӣ: пеш аз ҳама: аз нуқтаи назар дар ҷой ва роли чараёни қабули қарор дар системаи менеҷмент вобастагӣ дорад. Аз мавқеи таҳлили системавӣ чараёни ҳалли муаммоҳои ташкилот, ки дар давоми фаъолият ва тараққиёти вай ба вуҷуд омадаанд, ба ҳисоб меравад.

Сикли идора ҳамавақт бо муайяннамоии муаммо ва гузоштани мақсад оғоз ёфта, бо кор карда баромадан ва қабули қарори лозима давом меёбад ва бо ташкилу назорати иҷроиши он ба охир мерасад.

Ба ҳамин тариқ гуфтан мумкин аст, ки кор карда баромадан, қабул ва амалигардонии қарорҳоин ҷамъ кардани фикру ақидаҳои худи мафҳуми идорасозӣ ба ҳисоб меравад.

Пеш аз ҳар як ҳаракати шахс ва ё фаъолияти гурӯҳқарор қабул карда мешавад.

Қарор намуди ҳамаҷонибаи (универсалии) рафтори ҳам шахси алоҳида ва ҳам гурӯҳи иҷтимоӣ ба ҳисоб меравад. Ин ҳаматарафагӣ бо хусусияти шуурнокӣ ва мақсаднокӣ дар фаъолияти инсонӣ ифода меёбад. Аммо баҳаматарафагии қарор нигоҳ накарда қабули он дар чараёни идорасозии ташкилот моҳиятан аз қарорҳои дар зиндагии шахсӣқабулшуда фарқ мекунад.

Қарорҳои идора аз рӯи чунин хусусиятҳо фарқ мекунанд:

Максаднокӣ -cубъекта идорасозӣ (шахси танҳо ё гурӯҳ) на барои талаботи шахсии худ балки бо мақсади ҳалли муаммои аниқи ташкилот қарор қабул мекунад.

  • Окибат — интихоби ҷузъии фард дар зиндагии шахсияш гуфта мешавад ва метавонад ба бисёр шахсони ба ӯ наздик халал расонад. Менеҷери таҷрибанок як тарафи ҳаракатеро интихоб мекунад, ки натанҳо барои худ, балки барои ташкилот дар якҷоягӣ бо коргаронаш қарорҳои ӯ метавонанд ба зиндагии бисёр шахсон таъсир расонад. Агар ташкилоти калон ва таъсирнок имконияти таъсиррасонӣ дошта бошад, қарорҳои роҳбарони он метавонанд ба ҳолатҳои иҷтимоӣ ва иқтисодии як вилоят ё ноҳия таъсир расонад. Масалан: қарори корхонаи даромадаш камро махкам кардан метавонад амалан сатҳи бекориро зиёд намояд.

Таксимоти мехнат -агар дар зиндагии шахсии инсон, ҳамчун қоида, қарор қабул карда худаш иҷро намояд, дар ташкилот бошад тарзи муайяни тақсимоти меҳнат вуҷуд дорад: як гурӯҳи коргарон (менеҷерон) ба ҳал намудани муаммоҳои ба вуҷуд омада ва қабул намудани қарор банданд, дигарон бошанд, — иҷрокунандагон яъне иҷрокунандаи қарорҳои алакай қабулшуда, мебошанд.

Профессионализм — дар зиндагии шахси ҳар фард мувофиқи қобилияту қудраташ қарор қабул мекунад. Дар идора кардани ташкилот қабул кардани қарор вазнинтар аст, барои он ки дар ин ҷо чараёнхои расмиятпарастӣ ва ҷавобгарӣ зиёданду тайёрии ҳаматарафаро талаб мекунанд. На ҳама коргарони ташкилот, ки донишу малакаи касбӣ доранд, мустақилона қарори муайяне қабул карда метавонанд.

Дар кор карда баромадани назаряи қабули қарор файласуфон, риёзиётдонон, рӯҳшиносон, иктисодчиён ва ҳуқуқшиносон иштирок мекунанд. Иштироки онҳо табиист, барои он, ки қарорҳои идорасозй (ҳодиса) пайдоиши комплексй мебошад ва барои фаҳмидани моҳияташ ҷанбаҳои вайро дида баромадан зарур аст:

    1. Психологӣ (руҳй) — хусусияташ бо он асос меёбад, ки қарор пеш аз ҳама, ҳамчун амали фикрй-мантиқӣ баррасӣ мегардад, яъне қарори идорасозй ҳамчун фаъолияти фикрию қалбии субъекта идорасозй фаҳмида мешавад;
    2. Ахборотӣ — чараёни қабули қарор дар ин ҳолат ҳамчун чараёни табдилёбии ахбор ба ахбори қарори идорасозй арзи вуҷуд менамояд. Худи қарор ҳамчун ахбор маънидод мешавад, ки аз тарафи субъекта идорасозй махсус ҷамъоварӣ, коркард ва тахдил шудааст;
    3. Ҳуқуқӣ — дар ин ҷанба диққати асосӣ ба тарафҳои ҳуқуқии қабули қарор дода мешавад. Қарори идорасозӣ дар ин ҳолат, пеш аз ҳама, ҳамчун амали ташкилӣ — ҳуқуқӣ баҳо дода мешавад, ки бо тартиби муайян ва намуди мувофиқ аз тарафи субъекта идорасозӣқабул шудааст;
    4. Ташкилӣ — хусусияти қарори идорсозиро ҳамчун амали тагй- иротҳои ташкилотӣ нишон медиҳад. Дар ин ҳолат, қарори идорасозӣҳамчун яке аз лаҳзаҳои ҳаракати озодонаи роҳбарро нишон медиҳад, ки аз интахоби мақсади фаъолият ва воситаи ба он ноил гаштану ташкил кардани фаъолияти амалии субъектҳои идорасозӣ иборат аст.

Ҳамаи ин ҷанбаҳо диққата асосиро ба қарори идорасозӣ ра- вона мекунанд.

1.2. Таснифоти қарорҳо

Таснифи қарорҳои идорасозӣ

Нишонаҳои таснифотӣ Гуруҳҳои қаро қарорҳои идорасозӣ
Дараҷаи тақрорияти муаммоҳо анъанавӣ ғайричашмдошт (махсус)
аҳамиятнокии мақсад Стратеги Тактикӣ
доираи таъсир глобалй (умумӣ) махдуд(локалӣ)
Мӯҳлати амалигардонӣ дарозмудцат Кӯтоҳмуддат
оқибатҳои пешгӯишаванда ислоҳшаванда ислоҳнашаванда
характери ахбор муайяншаванда Эҳтимолӣ
усули кор карда баромадан ба расмият даровардашуда Ғайрирасмӣ
шумораи меъёрхои интихоб як меъёра Бисъёрмеъёра
намуди қабул як нафара Ҳамкорон
тарзи қайднамоӣ Хуҷҷатгузорӣ ғайрихуҷҷатӣ

Дар чараёни идорасозии ташкилотҳо шумораи зиёди қарорҳои гуногуни хусусиятҳои мухталифдошта қабул мешаванд. Аммо ин

қарорҳоро аз рӯи як қатор нишонаҳои умумияшон тасниф кардан мумкин аст.

Ҳар яки онро муфассал дида мебароем:

  • дараҷаи такроршавии муаммоҳо вобаста аз такроршавии муаммоҳое, ки ҳалталабанд қарорҳои идорасозиро ба анъанавӣ ва махсус ҷудо кардан мумкин аст. Яъне қарорҳое, ки пеш дар таҷрибаи кори вохурдаанд ва фақат дар ин ҳолат интихоб кардан лозим асту халос. Дар қарорҳои махсус бошад пеш аз ҳама, ба интихоби фикру ақидаҳои нав пайдошуда вобастагӣ дорад.
  • Аҳамиятнокии мақсад.Қабули қарорҳо метавонанд ба мақсади мустақилонаи шахсӣ равона сохта бошанд, ё ин кй барои мақсади баландтарро ноил шудан имконпазир бошанд. Вобаста ба ин, қарорҳо метавонанд стратега ё тактики бошанд.
  • Доираи таъсир. Натиҷаи қарорҳо метавонанд ба ягон қисми алоҳидаи ташкилот ё ин ки якчандтоаш таъсир расонад, дар ин ҳолат қарорро махдуд номидан мумкин. Қарорҳое,ки бо мақсади таъсир расондан ба тамоми кору фаъолияти ташкилот равона мешаванд умумӣ ном гирифтаанд.
  • Давомнокии мӯҳлати амалигардонӣ. Амалигардонии қарорҳо метавонанд як чанд соат, рӯз ва моҳро дар сохторҳои сиёсати минтақавӣ ва соҳавӣ гиранд. Яъне вобаста ба мӯҳлати иҷроишиқарор агар мӯҳлаткӯтоҳ бошад кӯтоҳмуддат ва агар дароз бошад, дарозмуддат.
  • Натиҷаҳои пешгӯишаванда: Бисёр қарорҳои идора дар ҷараёни амалигардонӣ бо мақсад ягон норасоиро бартараф намудан ё баҳисобгирии ягон омили навмуайяншуда ислоҳ карда мешаванд. Боз қарорҳоеҳастанд, ки натиҷаашон (оқибаташон) ислоҳ нашавандаанд.
  • Характери ахбори истифодашаванда. Вобаста ба дарачаи пуррагӣ ва аниқии ахборе, ки менеҷер дорад. Қарорҳои идорасозй метавонанд муайянкунанда ё эҳтимолй бошанд. Ин шароитҳоҳангомиқабулиқарор роли асосй мебозанд бинобар ин онҳоро муфассалтар дида мебароем:
  • Қарорҳои муайянкунанда. Қарорҳое, ки дар шароити муайян қабул карда мешаванд, ки роҳбар дар бораи муаммои ҳалшаванда ахбори пурраю аниқ дорад ва ин ахбор баӯ имкон медиҳад, ки натиҷаиҳар як варианта интихобкардаашро донад. Вале қисми ками қарорҳо дар шароити муайян қабул карда мешаванд. Бисёр қарорҳои идорасозй натиҷаи эҳтимолӣ доранд.
  • Қарорҳои эҳтимолй. Чунин қарорҳо дар шароити тавакал кардан ё номуайянй қабул карда мешаванд. Дар шароити иқтисоди бозорӣ менеҷерӯҳдадор аст, ки сатҳи тавакалиро ҳамчун омили зарурии қабулиқарорбаҳисоб гирад.
  • Қарорҳои эҳтимолӣ бисёртар дар ҳолатҳоиҳалли муаммоҳои нави ғайричашмдошт, ки дар бораи онҳо ахбори аниқу пурра гирифтан ғайри имкон аст, вомехӯранд. Инчунин ин қарорҳо дар ҳолатҳои тагйирёбии мундариҷаи падидаву ҳодисаҳои иқтисодӣ дучор мешаванд. Дар мавриди бо чунин номуаяниҳо дучор омадан идоракунанда метавонад аз ду имконияти асосй истифода намояд:
    1. Кӯшиш намояд, ки ахбороти иловагиро ҷамъоварӣ намояд ва боз як маротибаи дигар ба мақсади кам кардани тарафҳои навину мураккаби муамморо таҳлил намояд.
    2. Дар ҳолати нарасидани вақт ё восита барои ҷамъоварии ахбори иловагй ба таҷрибаи гузошта такя кардан лозим меояд.
  • Усули кор карда баромадани қарор. Як қаторқарорҳои такроршаванда ҳамчунқоида метавонанд бомуваффақиятба расмият дароварда шаванд,
  • яъне онҳо аз рӯиҳисоби муайян пешакӣқабул карда мешаванд. Масалан: дар рафти тартибдиҳии руйхати хизмаирасонии таъмири таҷҳизот сардори сех метавонад аз меъёрхои муайянкунандаи таносуби байни шумораи таҷҳизот ва хизматчиён ҳайатроба инобат гирад. Агар дар сех 50-то таҷҳизот вуҷуд дошта бошад ва меъёри хизматрасонй ба як шахе 10-тогӣ таҷҳизот муайян шуда бошад, аз ин ҷо маълум мешавад, ки ба сехи мазкур 5-нафар устои таъмиргар лозим аст.

Расмиятнокии қабулиқарор самаранокии идорасозиро дар натиҷаи паст шудани дарачаи эҳтимолият, хатоҳо ва сарфа намудани вақт баланд мебардорад. Аз нав кор карда баромадани қарор дар мавриди рух додани ҳолатҳои муайяни такроршаванда қоидаҳои мувофиқ (дастурамал, меъёрхо)-ро кор карда баромада, қарорҳоро ба расмият медарорад.

Дар навбати худ, дар рафти идорасозии ташкилот ҳолатҳою муаммоҳое дучор мешаванд, ки ба расмиятчигӣ дохил намешаванд. Дар ин ҳолат, қобилияти фикрӣ, истеъдод ва ташаббуси шахсии менеҷернақши калон мебозад.

Шумораи меъёрхои интихобшаванда. Агар интихоби беҳтарин фақат бо як меъёр иҷро шавад қарориқабулшуда одӣ ва як меъёра мебошад. Агар баръакс интихоби алтернативӣ якчанд меъёрро якбора қаноатманд намояд, қарор мураккаб ва бисёрмеъёра мебошад. Дар тачрибаи менеҷмент, аксаран, қарорҳо бисёрмеъёра ба ҳисоб мераванд, барои он ки онҳо бояд якбора ба чунин меъёрхоҳаҷми фонда, даромаднокӣ, сатҳи сифат, ҳиссаи бозор, мавқеъ ва ғайраҳоҷавобгӯ бошанд.

Намуди қабулиқарор. Шахси аз вариантҳои вуҷуддошта якеашро интихобкунанда ва қарорқабулкунанда метавонад як шахс бошад ва чунин қарорҳо яккашахсӣ мебошад. Аммо дар тачрибаи менеҷментиҳозираҳолатҳо ва муаммоҳои мураккабе вомехӯранд, ки ҳалли онҳо таҳлили комплексии ҳаматарафаро талаб мекунад, яъне иштироки менеҷерон ва мутахассисонро. Чунин қарорҳои дастурҷамъӣ ё гурӯҳӣқарорҳоиҳамкорӣ номида мешаванд.

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *