Мавзухои точикиФанни Маркетинг

Баҳодиҳӣ ва таҳлили бозорҳои хориҷа

Нақша:

  1. Баҳодиҳии фаъолияти савдои хориҷӣ.
  2. Низоми гумрукӣ дар савдои хориҷӣ.
  3. Супсидия
  4. Сегментатсияи бозори хориҷӣ.
  5. Стандартикунонӣ ва адаптатсия
  6. Баҳодиҳии фаъолияти савдои хориҷӣ.

Аз нуқтаи назари ҳамкориҳои имконпазир бо мамлакатҳои хориҷа баҳо додани чунин параметрҳои минбаъдаи савдои хориҷии мамлакат зарур мебошад.

Танзими давлатии савдои хориҷӣ ва маҳдудиятҳои савдои хориҷӣ:

  • Маҳдудиятҳои воридотӣ
  • Сиёати протектсионистиӣ (ҳимоя кардани истеҳсолоти дохилӣ ба воситаи боҷи гарон гирифтан аз молҳои аз хориҷа овардашаванда) дар муносибат бо молҳои алоҳида
  • Дастгоҳҳои ( воситаҳои ) сиёсии савдои хориҷӣ, итифода бурдан дар кишвар

Тарифҳо (воридотӣ ё содиротӣ) – тадбиқи шартҳои низоми гумрукии танзими фаъолияти иқтисодии хориҷӣ дар кишвар дар асоси Кодекси ҶТ, ки онро Президенти ҶТ 3 декабри соли 2004, № 62 тасдиқ кардааст, сурат мегирад.

  1. Низоми гумрукӣ дар савдои хориҷӣ.

Низоми гумрукии танзими фаъолияти иқтисодии хориҷӣ бо усулҳои зерини судманд тадбиқи худро амали карда метавонанд:

  • Таъсиси хадамоти гумрукӣ ҷиҳати таъмини риояи асноди ҷории қонунӣ ва меъёрии ҷумҳурӣ, қоидаҳои байналмилаллии савдо, конвенсияҳои бисёрҷониба ва шартномаву созишномаҳои байнидавлатӣ;
  • Ситонидани боҷу хироҷи гумрукӣ, андозу пардохтҳо ва расму қоидаҳои анъанавӣ дар бораи содирогу воридоти молу хадамот ва инчунин тақвили муқарраргардидаи транзитии онҳо;
  • Риояи монеаву маҳдудиятҳо дар шароити таҳвили намудҳои муайяни мол тавассути сарҳади гумрукӣ;
  • Истифодаи низоми муваффақгардонидашудаи тасвир ва бо рамз ифода кардани мол, ба монанди феҳристи ягонаи эътирофгардидаи молии фаъолияти иқтисодии хориҷӣ;
  • Арзёбии дурусти гумрукии мол, роҳ надодан ба расонидани зиён ба манфиатҳои давлат.

Унсури муҳими назорати гумрукӣ ва барасмиятдарории мол декларатсиякунонии мол ва инчунин муайян намудани навъҳои муомилоти молҳои таҳвилшаванда мебошад. Ин усули танзими давлатии фаъолияти иқтисодии хориҷӣ дар қисматҳои қаблии китоби дарсии мазкур ифодаи ҳаматарафаи худро ёфтаанд. Навъҳои муомилоти моли таҳвилшаванда аз ҳадафҳои истифодаи он онҳо вобаста аст. Моли аз сарҳади гумрукӣ таҳвилшаванда бо мақсадҳои хариду фурӯши навъи муомилоти тиҷоратӣ ва дар ҳолатҳои баръакс, онро ҳамчун муомилоти ғайри тиҷоратӣ мешиносанд.

Низоми гумрукии танзими фаъолияти иқтисодии хориҷӣ бо чорабиниҳои тарифӣ ва ғайритарифи амали мешаванд.

Танзими тарифи инчунин низоми муайянкардашудаи фаъолияти иқтисодии хориҷие мебошад, к ибо ситонидани боҷу хироҷи гумрукӣ аз молҳо бо роҳи истифодаи ставкаи тарифи асос меёбад. Тарифи гумрукӣ воситаи муҳими танзими фаъолияти гумрукӣ буда, аз номгӯи пешакӣ муайянкардашудаи молҳое иборат мебошад, ки зимни иҷрои корҳои содироту воридот, хироҷи гумрукӣ синотида мешавад. Тарифи гумрукӣ инчунин усулҳои муайян намудани нархи гумрукии мол ва ситонидани боҷу хироҷи гумрукӣ, фишанги ҷорӣ намудан, тағйир додан ё худ бекор намудани онҳо ва қоидаҳои муайяннамудаи кишвари истеҳсолкунандаи молро дар бар мегирад. Дар ҶТ он тибқи Қонун «Дар бораи тарифи гумрукӣ» танзим карда мешавад.

Тарифи гумрукӣ дар Тоҷикистон дорои вазифаҳои зерин мебошад:

  • Бунёди сохтори муносиби содироту воридот бо дигаргунсозии ставкаҳои боҷу хироҷи гумрукӣ ё бе коркардан ва тағйир додани онҳо;
  • Ҳамчун қисми таркибии воситаи таъсир расонидан ба натиҷаҳои фаъолияти хоҷагидории субъектҳо фаъолияти иқтисодии хориҷӣ ва умуман вазъи иҷтимоиву иқтисодӣ дар мамлакат;
  • Дастгирии соҳахои алоҳидаи иқтисодиёти кишвар дар ҳолати расидани зиёни иқтисодӣ дар натиҷаи таъсири омили рақобати хориҷӣ;

Тарифи гумрукӣ ҳамчун воҳиди иқтисодӣ арзиши бозории танзими фаъолияти иқтисодии хориҷӣ мебошад ва аз ин нуқтаи назар танзими гумрукӣ бо роҳи ситонидани пардохтҳои гумрукба амал бароварда мешавад.

Низоми гумрукӣ гуфта маҷмӯи муқарраротеро меноманд, ки он мавқеи мол ва воситаҳои нақлиёти аз сарҳади гумрукии давлат таҳфилшавандаро барои мақсадҳои гумрукӣ пурра муайян менамояд.

Дар асоси моддаи 155 Кодекси гумрукии ҶТ замин, таҳвили бор тавассути сарҳадҳои гумрукӣ ва бо дарназардошти ҳолатҳои дигар маблағҳои гумрукии дигар пардохта мешавад:

  • Боҷу хироҷи гумрукӣ;
  • Андоз аз арзиши иловашуда;
  • Аксизҳо;
  • Боҷ барои додани литсензия ва шаҳодатноами вожаи мутахассиси барасмиятдарории гумрукӣ ва барқарор намудани амали онҳо;
  • Боҷи гумрукӣ барои ҳифзи нигоҳдории мол;
  • Пардохт барои додани маълумот ва машварат;
  • Пардохт барои қабули қарори пешакӣ;
  • Пардохт барои иштирок дар музоядаи гумрукӣ;
  1. Супсидия

Супсидия – аз калиамаи лотинии «suӣsidium» гирифта шуда, маънои кӯмак расонидан ё дастгириро дорад. Дар нақшаи додани супсидия қайд кардани сиёсати ҳукумат оиди ҷудо кардани пардохтҳои гуногун ба ширкатҳои ватанӣ зарур аст. Инҳо шуда метавонанд: грантҳо, заёмҳо бо фоизи паст, таътилҳои андозӣ, фармоишҳои давлатӣ ва инчунин иштироки давлат бо сармоя.

Мақсади додани супсидия аз инҳо иборат аст:

  • Дастгирии муҳорибаи рақобатӣ дар муносибат бо воридоти маҳсулот бон архи арзон;
  • Кӯмак расонидан барои аз худ кардани бозорҳои нави хориҷӣ;
  • Ҳарчӣ бештар зиёд кардани шудар иқтисодиёти ватанӣ;

Квотаҳои содиротӣ — бо мақсади ҳифзи молистеҳсолкунандагону истеъмолгарони ватанӣ аз камбудии муваққатии ин намуди мол , нигоҳ доштани нархи онҳо дар бозори ҷаҳонӣ, таъмини истифодаи мувозинати захираҳои мавҷуда дар бозори дохилӣ ( эҳтиёҷоти истеъмолгарони ҷумҳурӣ) ва бозори хориҷӣ (захирасодиротӣ) ҷорӣ карда мешавад. Квотаҳо чун қоида дар асоси созишномахои баимзорасидаи байналхалқӣ дар бораи маҳдудияти ихтиёрӣ муқаррар карда мешавад. Вале азбаски чунин созишномаҳо ҳеҷ гунна подошро барои кишвари содиркунанда пешбинӣ намекунанд, квотаҳо бе мувофи пешакӣ ҷорӣ карда мешавад.

Квотаҳои воридотӣ – маъмулан бо мақсади ҳифзи саноати миллӣ аз рақобати молрасонандагони хориҷӣ, инчунин барои маҳдуд сохтани хароҷоти асъори озод бадалшаванда барои хариди молҳои хориҷӣ ҷорӣ

карда мешавад.

  1. Сегментатсияи бозори хориҷӣ.

Сегментатсияи бозори байналхалқӣ- ҷараёни омӯзиш ё ҷудонамоии гурӯҳҳои гуногуни харидорон вобаста ба афзалиятҳои истеъмолиашон.

Ҳар як ширкате, хоҳиши дар бозори хориҷа фаъолият карданро дорад, дарк менамояд, ки моли пешниҳодмекардаи ӯ ба харидорон маъқул шуда наметавонад, бинобарин роҳбарияти ширкат бо ёрии маркетинг дар асоси маълумотҳои истеъмолкунандагони тахминии дорандаи талабот ва нарх ин истеъмолкунанда тайёр аст ба мол диҳад, роҳҳои фурӯш, рақибон ва сегментҳои бозори фурӯшро муайян менамоянд.

Сегменти бозор— ин қисми муайян, ки метавонад самаранок хизматрасонӣ намояд.

Объекти сегментатсияи бозори фурӯш:

  • Гурӯҳи истеъмолкунандагон;
  • Гурӯҳи маҳсулот ( мол, хизмат );
  • Корхона (рақибон);

Сегментатсияи бозор бо гуруҳи истеъмолкунандагон – гуруҳи истеъмолкунандагоне, ки бо ягон хусусият ва ё дараҷаи муайяни рафтор дар бозор фарқ мекунанд.

Сегментатсияи бозор бо гурӯҳи маҳсулот – ин намуди сегменти бозор бо гуруҳи истеъмолкунанда ба дархост ва бартарии истеъмолкунанда бо тавсифи сифати маҳсулот (мол ва хизмат) маънидод карда мешавад.

Сегментатсияи корхона (рақибон) гуруҳи рақибон бо омилҳои рақобатпазирӣ дар ҳаракат дар бозор.

Сегментатсияи бозор бо меъёр ва сифат ба амал бароварда мешавад:

Меъёр- намуди баҳо барои интихоби ин ё он сегменти бозор барои маҳсулот ё рақибон.

Сифат- ин намуди ҷудо намудани сегменти номбурда дар бозор.

Сегментатсия бо роҳҳои гуногун иҷро карда мешавад:

  • Баҳогузории ҷуғрофӣ ва хусусиятҳои демографӣ (ҷинс, синну сол, сатҳи саводнокӣ);
  • Омилҳои иҷтимоӣ (гуруҳҳои иҷтимоӣ, сатҳи даромад ва);
  • омилҳои психологӣ;

Сегментатсияи бозори байналхалқӣ барои расидан ба мақсадҳои дар пеш гузоштаи худ стратегияҳои мувофиқи зеринро истифода мебарад.

  1. Стандартикунонӣ ва адаптатсия

Стратегияи пеш бурдани маҳсулот аз 3 таркибдиҳандаи зерин иборат аст.

  • Оё ҳамин намуди маҳсулот дар бозорҳои гунонгун пеш меравад?
  • Адаптатсиякунонии маҳсулот дар бозори хориҷӣ.
  • Чӣ гунна иҷро шудани ахбороти ҳамроҳикунандаи маҳсулот (дизайн, реклама, сохтори он, ) иҷро мегардад.

Як қатор стратегияҳои истифодашудаи маркетинги байналмилалӣ ҷой дорад:

Як маҳсулот— як ахбори ҳамроҳикунанда (мисол фирмаи «Avon» ҳамон рекламае, ки дар мамлакатҳои Европа мекунад, айнан ҳамин гунна рекламаро барои мизоҷони дар Тоҷикистон доштааш паҳн менамояд.

Як маҳсулот- ахборотҳои гуногун ( ширкати «Хонда» реклама менамояд мототсиклҳои худро дар ИМА ҳамчун як воситаи ҳаракаткунанда , ки бахшандаи лаззат аст. Аммо дар Бразилия ин як намуди наклиёт реклама менамояд.

Маҳсулот адаптатсия шудааст, маҳсулот низ адаптатсия шудааст.

( мисол : Ширкати машҳури «Кока-кола»)

Маҳсулоти гуногун – ахбороти гуногун

Аз рӯи омӯхтани хислатҳои хоси бизнеси байналхалқӣ қайд кардан зарур аст, ки ду намуди асосии стратегияи маркетинги бозорҳои ҷаҳонӣ ҷой дорад.

1. Стратегияи кашанда (подтягивания «pull»)

2. Стратегияи телакунанда (проталкивания «push»)

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *