Талабот ба сифати қарорҳои идорасозӣ
Вақте ки сухан дар бораи талабот ба қарорҳои идорасозй меравад, дар бисер ҳолатҳо фаҳмиши «»сифат»-ро бо «»самара нокӣ» омехта мекунанд.
Рафти қабулиқарорроҳамчун ду марҳилаи пай дар пайи бо ҳам алоқаманд ва дар навбати худ мустақилкор карда баромадани қарор ва амалигардонии ондида баромада қайд кардан зарур аст, ки мувофиқи ин ду модификатсияи қарорҳои идорасозӣ; назариявӣ ёфта шуда ва дар тачриба амалигашта вучуд доранд.
Нисбати якум фаҳмиши сифатро истифода кардан лозим ва нисбати дуюм бошадсамаранокиро. Ҳамин тариқ ба сифати карорҳои идорасозӣ диққат додан алакай дар марҳилаиқабули вай натиҷаашро нигоҳ накарда баҳо додан имконпазир ва зарур аст.
Сифати қарорҳои идорасозӣ ин дараҷаи мувофиқсозии тарафҳои интихобшудаи қарор бо системам муайяни хусусиятҳое, ки имкониятҳои самараноки амалигардониро таъмин менамояд, мебошад. Чунин хусусиятҳои сифати қарорҳои идорасозиро қайд кардан мумкин аст:
- Асоснокии илмӣ;
- Қабули саривақтииқарор;
- Набудани муқобилфикрӣ зимни қабулиқарор;
- Ҳақиқӣ;
- Мувофиқкунонӣ;
Онҳоро муфассалтар дида мебароем:
Асоснокии илмӣ.Қарор пеш аз ҳама, аз рӯи дараҷаиқонуниятии фаъолият ва тараққиети объект, дар баробари ин тараққиети иқтисодиет ва ҷамъият дар якҷояги муайян карда мешавад. Омили дигари зарурии нишондиҳандаи аз ҷиҳати илмӣ асоснок будани қарорҳои идорасозӣ, ин соҳибихтиерии шахси қарорқабулкунандабаҳисоб меравад.
Менеҷер дар ҳамонҳолат мустақилонақарорҳои аълосифатро қабул карда ва самаранокии онҳоро таъмин мегардонад, ки агар он дар соҳаи фаъолияташ дониши махсус дошта бошад. Қарор он вақт салоҳиятдор мешавад, ки агар дар он мақсад ва вазифаҳои идорасозӣ пурра баҳисоб гирифта шуда, табиат ва хусусиятҳои объекта идорасозӣ, инчунин саъю кӯшиши тараққиёти вай дар алоқамандӣ бо муҳити атроф таҷассум ёфта бошад. Ғайр аз ин, донистани кори объекта муайян ва муаммои ҳалшавандабояд бо дониши менеҷмент, аз он ҷумла, назарияи қабулиқарор пурра карда шавад.
Қарори асоснокшуда метавонад, ки дар асоси ахбори аниқ, системавӣ кунонидашуда ва аз ҷиҳата илмӣ дуруст кор карда баромадашуда қабул шуда бошад.
Ба ҳамин тариқ, аз ҷиҳати илмӣ асоснокии қарор бо ёрии омилҳои асосии зерин таъмин карда мешавад.
- баҳисоб гирифтани қонунҳои иқтисодӣ ва қонунгузории воқеӣ;
- донистан ва истифодаи саъю кӯшиши (майл) тараккиёти объекта идорасозӣ;
- вуҷуд доштани (мавҷуд будани) ахбори аниқ ва аз ҷиҳати илм дуруст кор карда баромадашуда;
- дар шахсони қабулкунанда мавҷуд будани дониши махсус, маълумот ва таҷрибаи корӣ;
- донистан ва истифда кардани тавсияҳои асосии менеҷмент ва назарияи қабулиқарор аз тарафи шахсони қарор кабулкунанда;
Чи тавре, ки мебинем, асоснокии қарорҳои идорасозй таҷриба ва шуурнокии шахсони қарорқабулкунанадаро талаб мекунад, ки ин бо афзуншавии мураккабсозӣ ва характери комплексии (мазмуни) муаммоҳоиҳалшавандаю оқибатҳоиқарорҳоиқабулшаванда алоқаманд аст. Маълум аст, ки қонеъ гардонидани ин талабот ба васеътар паҳн шудани намуди ҳамкорй (колегиалӣ) дар қабулиқарор оварда мерасонад.
Муқобилфикрӣ(набудани зиддиятҳо зимни қабулиқарорҳо)
Ягонагии идорасозии ташкилоти ҳозиразамон бе ҷорисозии тартиботи ягдигарро пурра кардан ва муқобилфикрӣ набудани қарорҳои шахсӣ, ки характерҳои мақсаднок, ташкилӣ, ҳавасмандгардонй, назоратӣ ва танзимӣ доранд, вуҷуд дошта наметавонад. Он чизе, ки иҷрокунандагон дар ҳақиқат роҳнамои худ медонанд, одатан хулосаи тасаввуроти онҳо дар бораи қарорҳо, супоришҳо, дастуруламалҳо ва меъёрҳое, ки ба онҳо аз тарафи мақомоти гуногуни идорсозӣ дар вақтҳои гуногун расонида шудаанд, мебошад. Ҳар як менеҷер дар рафти қабулиқарор мақсад ва манфиатҳои худро ба назар мегирад, ки ин баҳодиҳииҳар як қарори коркардабаромадашударо аз мавқеи манфиятҳо пурраи ташкилот талаб мекунад. Ҳамаи ин, аз зарурияти калони муқобилфикрӣ набудан ва мутобиқкунииқарорҳои идора шаҳодат медиҳанд. Дар баробари ин набудани муқобилфикрии дохилӣ ва муҳитро фарқ кардан лозим.
Таҳти муқобилфикрӣ- набудани дахолат, мувофиқ будани мақсадҳо ва воситаҳои ба дастории онҳо, инчунин мувофиқ будани вазнинии муаммоҳоиҳалшаванда ва усулҳои кор карда баромадани қарор фаҳмида мешвад.
Таҳти муқобилфикрӣ набудани муҳит бошад, пай дар пайии қарорҳо, мувофиқ будани онҳо ба стратегияю мақсади ташкилот ва қарорҳои пеш қабул карда шуда. Яъне таъсиру ҳаракате, ки барои амалигардонидани як қарор зарур аст бояд ба иҷроиши дигараш халал нарасонад.
Саривактӣ. Дар бисёр мавридҳоҳалли муаммоҳо аз рӯиҳалли саривақтаи он муайян карда мешавад. Ҳатто, ҳалли беҳтарин, ки гирифтани самараи зиёди иқгисодӣ ба ҳисобгирифта шудааст, мета- вонад бефоида бошад, агар он дер қабул карда шавад. Ғайр аз ин, қарори дер қабулшуда метавонад, як зарари муайян расонад. Ҳамин тариқ, маълум аст, ки омили вақгбақарорҳои идора таъсири муҳим мерасонад. Агар зарурияти асосноккунӣ ва муқобилфикрӣ набудани қарорҳои хароҷотивақги зиёдро барои кор карда баромадани он талаб намояд, талаботи саривақгй ва таъҷилӣ бошад баръакс хароҷоти вақтро маҳдуд месозад.
Мувофиқакунонӣ. Омили вақт ба чараёни қабулиқарор таъсири муҳим мерасонад, зарурияти иҷроиши боз як шароити дигари сифати қарорҳои идорасозиро муайян карда мувофиқакунониро ба миён меорад. Мӯҳлати таъсири самароники вай метавонад ба давраи устувории нисбии шароити муамогие, ки ба он равона сохта шудааст, баробар бошад ва берун аз доираи ин давр қарор метавонад ба муқобилияти худй табдил ёфта, ба ҳалли муаммо мусоидат накарда, баръакс монеъ гардад. Вобаста ба ин ҳалли пурраи муаммо имконпазир намегардад ва сифати интихоби қарори беҳ- таринро бо назардошти он, ки баъди чанд вақт мумкин аст тагйироте ба амал ояд ва ё қарори нав қабул карда шавад баҳо додан лозим аст. Тарзе идора кардан лозим аст, ки як озодии муайяни интихоби қарор дар оянда, дар ҳолате, ки шароит тағйир меёбад ва қарори нав кор карда баромада мешавад, боқӣ монад.
Ҳақиқат.Қарор бояд бо баҳисобгирии имкониятҳои воқеии ташкилот таҳия карда шавад. Бо таври дигар гӯем имкониятҳои моддӣ (материалй) ва сарватҳои ташкилот бояд барои ба таври самарнок амалӣ гардонидани қарор кифоя бошанд.
Ҳамин тариқ, қарорҳои идорасозӣ метавонанд босифат ҳисобида шаванд, агар баҳамаи талаботҳои номбаршуда чавобгӯ бошанд. Сухан дар бораи системаи шароитҳое меравад, ки ҳатто риоя накардани яке аз онҳоба бесифатӣ, аз миён рафтани самаранокӣ, мураккабӣ ва ҳаттоғайри имкон гаштани амалигардонӣ оварда мерасонад.