Мавзухои точикиФанни Маркетинг

Моҳият ва нақши маркетинг дар иқтисодиёти бозорӣ

1.Пайдоиши маркетинг.

2. Моҳияти маркетинг.

3. Методҳо ва намудҳои маркетинг.

4. Мафҳумҳои маркетинг.

5. Аҳамияти омӯзиши маркетинг.

1. Пайдоиши маркетинг.

Мо иқтисодиёти бозориро дар мисоли мамлакатҳои мутараққии капиталистӣ меомӯзем, чунки дар ин мамлакатҳо муносибатҳои бозаргонӣ сатҳи баланди тараққиёти худро соҳиб шудаанд. Дар давраи ду садсолаи охир, яъне асрҳои Х1Х ва ХХ, тағйиротҳои калон дар истеҳсолот, ташкили фаъолияти хоҷагӣ ва дар соҳаи иҷтимоиёти ҷамъият ба вуҷуд омаданд.Дар ин муддат ба ҷои марҳилаи индустриалӣ марҳилаи ахборотӣ меояд. Марҳилаи индустриалӣ дар натиҷаи табадулоти саноатӣ дар нимаи аввали асри Х1Х сар шуда буд. Гузариш ба марҳилаи ахборотӣ дар солҳои 50-60-ми асри ХХ бо мурури васеъшавӣ ва тақвиятёбии табадулоти илмӣ-техникӣ оғоз гардид. Ин гузариш дар мамлакатҳои мутараққии иқтисодии ҷаҳон дар миёнаи солҳои 80-ум ба анҷом расид.

Марҳилаи индустриалӣ тараққиёти афзалиятноки соҳаҳои истеҳсолоти моддӣ ва дар навбати аввал саноатро дар бар мегирад. Дар ин давра истеҳсолот оммавӣ, бисёрҳаҷма буда, ба бозорҳои ғунҷоишашон калон ва ба маҳсулоти талаботи оммавӣ дошта нигаронда шудааст. Омили асосии баланд бардоштани самаранокии истеҳсолот афзалиятнокии сарфаи хароҷоти меҳнати зинда дар шаклҳои гуногун мебошад. Баланд бардоштани самаранокии истифодаи меҳнати гузашта (фондҳои истеҳсолӣ, хароҷотҳои моддӣ-энергетикӣ)–ро асосан дар шакли бо ном “сарфа дар доираи истеҳсолот”, кам кардани хароҷоти захираҳо ба воҳиди маҳсулоти ниҳоӣ аз ҳисоби баланд бардоштани ҳиссаи иқтидори технологии агрегатҳо, калон кардани корхонаҳо ва ба монандиинҳо амалӣ карда мешуд.

Марҳилаи ахборотӣ— ин афзоиши афзалиятноки соҳаҳои хизматрасонӣдар иқтисодиёт мебошад, яъне ҳам дар истеҳсоли маҷмӯи маҳсулот ва ҳам дар шумораи шуғли аҳолӣ. Махсусан соҳаҳои ба коркарди ахборот ва ҳамагуна намудҳои фаъолияти ба миёнаравӣ алоқаманд буда дар назар меб

Истеҳсолот дар марҳилаи ахборотӣ ба дараҷаи олӣ характери ғайриоммавӣ гирифта, ба дархостҳои индивидуалии истеъмолкунандагон, ба бозорҳои фурӯши ҳаҷмашон хурд, ба сегментҳои ҷудогона ва бозори холӣ (“ниши”) нигаронда шудааст. Баланд бардоштани самаранокии истеҳсолот бо роҳҳои сарфа намудани меҳнати гузашта, кам кардани хароҷотҳо оид ба фурӯши маҳсулот ва идоракунӣ мегузарад.

Ҳозир марҳилаи ахборотӣ дар ШМА, Япония, Германия ва дигар мамлакатҳои Европаи ғарбӣҷой дорад. Ба ин марҳила Кореяи Ҷанубӣ, Тайван, Гонконг, Сингапур наздик мебошанд.

Дар соҳаи ташкили фаъолияти хоҷагӣ дигаргуниҳо ба вуҷуд омаданд. Масалан, дар марҳилаи индустриалӣ нақши муайянкунандаро ҷамъиятҳои аксионерӣ ва корпоратсияҳои азим мебозиданд, ки дар онҳо капитали моликиятдорӣ аз капитали амалкунанда ҷудоянд. Дар марҳилаи ахборотӣ бошад ба ҷои корпоратсияҳои калон корхонаҳои хурду миёнаи гуногун ба вҷуд меоянд, ки ба муносибатҳои ҳамкорӣ ва шакли моликияти кооперативӣ асос ёфтаанд. Дар чунин корхонаҳо ҳар коркун на танҳо соҳиби воситаҳои истеҳсолот мебошад, инчуниндар рафти ҳалли масъалаҳои идоракунии фаъолияти корхона бевосита ба таври ҳақиқӣ иштирок менамояд.

Дар соҳаи иҷтимоиёт низ дигаргуниҳои куллӣҷой доранд. Масалан, дар марҳилаи индустриалӣ ҳиссаи шумораи коргарони соҳаҳои истеҳсолоти моддӣ афзуд, дар марҳилаи ахборотӣ бошад дар таркиби иқтисодиёт ҳиссаи соҳибкорони хурду миёна, коркунони идоракунӣ ва умуман ба меҳнати фикрӣ машғул буда меафзояд.

Табадулоти саноатӣ, ки дар солҳои чилуми асри бистум оғоз ёфт, дар соҳаҳои кишоварзии мамлакатҳои мутараққии иқтисодӣ синфи деҳқонро аз байн бурд ва ба ҷои вай соҳибкорон ва кооператорони пешқадами соҳаҳои кишоварзӣ омаданд, таҷрибаи роҳи фермерӣ дар кишоварзӣ тараққӣ кард. Зиёда аз 90 дарсади фермерҳои ШМА маълумоти олӣ доранд ва чунин сатҳи баланди маълумотнокии коркунони соҳаҳои кишоварзӣ дар дигар мамлакатҳои мутарақққии иқтисодӣ низ ҷой дорад.

Марҳилаи муосири табадулоти илмӣ – техникӣ бо пуррагӣ ба нест шудани синфи коргар низ оварда мерасонад. Мувофиқи пешбиниҳои Бюрои омории ШМА дар солҳои 1990 – 2000-ум дар байни касбҳо ягон касби коргарӣ нест, вале дар айни замон шумораиинженерон, техникҳо оид ба электроника, программистони мошинҳои электронии ҳисоббарорӣ ва таҳлили системавӣ, иқтисодчиён, бухгалтерон ва дигар коркунони категорияи “гиребони сафедор”, ки ба меҳнати фикрӣ алоқаманданд, ба ҳисоби миёна якуним баробар меафзояд. Дар корхонаҳои ҳозиразамони саноатии ШМА ва Япония фарқ байни меҳнати ҷисмонӣ ва фикрӣ аллакай ҷариб намондааст ва ҳиссаи меҳнати ҷисмонӣ ба нестӣ рафта истодааст. Масалан, дар заводҳои кӯҳнаи автомобилсозии ШМА касбҳои коргарӣ то 150-то буданд, вале дар корхонаҳои дар солҳои 80-уми асри ХХ сохта шуда касбҳои коргарӣ на зиёдтар аз 5-то ҳастанд.

Ҳамаи ин тамоилҳо фарқиятро дар байни марҳилаи индустриалӣ ва марҳилаи ахборотӣ нишон медиҳанд. Агар дар марҳилаи индустриалӣ манбаи асосии гирифтани фоида асосан меҳнати ҷисмонии коргарони истеҳсолӣ бошад, он гоҳ дар марҳилаи ахборотӣ манбаи асосӣ – меҳнати инженерӣ ва идоракунӣ, аз ҷумла меҳнати коркунони ба маркетинг ва менеҷерӣ машғул буда мешавад. Ҳамин тариқ, дар ҳаёти иҷтисодии ҷамъият ва дар системаи муносибатҳои бозаргонӣ унсури нав – маркетинг ва муносибатҳои маркетингӣ пайдо шуданд.

2.Моҳияти маркетинг

Дар шароити ҳозираи иқтисодиёти бозорӣ барои муътадил гардонданиталабот ба молҳои истеъмолӣ дар тамоми ҷаҳони бозорӣ зарурияти истифодабарии маркетингро маъқул донистаанд. Шаҳодати ин хароҷотҳои доимоафзоянда барои тадқиқотҳои маркетингӣ ва афзудани нақши мутахассисони ин соҳа дар мавриди идоракунӣ мебошанд. Таҷрибаи зиёди истифодабарии маркетинг исбот менамояд, ки маркетинг – ин системаи ягонаи тадқиқот, истеҳсолот ва фурӯши молҳо мебошад.

Маркетингро бисёре аз мутахассисон дар шароити имрӯза ба таври гуногун шарҳ медиҳанд: ҳамчун системаи муносибатҳои бозаргонӣ, молӣ-пулӣ; фаъолияти тиҷоратӣ; ҳамчун вазифаи корхона, ки ба фурӯши молҳо ва адои хизматҳо, омӯзиши бозор машғул аст; реклама, сиёсати нархҳо; ҳамчун сиёсати душвори комплекси танзимкунии бозории идоракунӣ, илмӣ, молиявӣ, истеҳсолӣ, захираҳои меҳнатӣ ва ташаккули таркиби онҳо; ташаккул ва идоракунии ҳаракати молҳо ва хизматрасонии баъди фурӯши онҳо; ҳамчун вазифаи идоракунии муайян намудани сиёсати бозорӣ ва истеҳсолии фирма ва ҳоказо.

Тадқиқотҳо нишон медиҳанд, ки дар ҳақиқат мафҳуми маркетинг маънои ниҳоят васеъ дорад. Вай ҳамчун фаъолияти амалӣ дар ҳамаи звеноҳои ҳаёти ҷамъиятӣҷой дорад ва истифода бурда мешавад.

Мафҳуми маркетингро дар марҳилаи аввали пайдо шуданаш бо мафҳуми муомилот айният медоданд. Вале баъдтар зери мафҳуми маркетинг муомилот ва рекламаро маънидод мекарданд.

Филип Котлер, маркетологи америкоӣ, маркетингро чунин таъриф медиҳад: “Маркетинг – ин таҳлил, баплангирӣ ва назорати захираҳо, сиёсат ва тамоми фаъолияти фирмаҳо мебошад, ки барои қонеъ гардондани талаботи гурӯҳҳои муайяни аҳолӣ ва ба даст овардани фоида ба фирма нигаронда шудааст”.

Дар баъзе ширкатҳои америкоӣ маркетингро ҳамчун танзимкунӣ ва дар ҳаёт тадбиқ намудани нуқтаи назар, нархгузорӣ, ҳаракат ва гардиши ғоя, молҳо ва хизматрасонӣ, ки ҳадаф қонеъ гардондани мақсадҳои шахсони алоҳида ва ташкилотҳо мебошад, шарҳ медиҳанд.

Дар ҳамаи ин таърифҳо як принсипи асосии муайянкунандаи маркетинг ба назар мерасад, яъне фаҳмидани истеъмолкунанда, қонеъ намудани мақсадҳои шахсони ҷудогона ва ташкилотҳо мебошад.

Дар бисёр адабиёт мафҳуми маркетинг дар маънои маҳдуд ва васеъ омӯхта мешавад.Маркетинг дар маънои маҳдуд ҳамчун ташкил, идоракунӣ ва усулҳои самараноки ба даст овардани фаровонии бозорҳои фирмаҳо фаҳмида мешавад. Дар чунин ҳолат маркетинг аз чор зинаи ба вуҷудоӣ иборат аст: а) тақсимоти яклухт; б) фурӯши чаканагӣ; в) реклама ва ҳавасмандкунии фурӯш; г) омӯзиши бозор.

Маркетинг дар маънои васеаш ҳамчун ҳамаи намудҳои фаъолияти компания (маҷмӯи иттиҳодияҳо), ки барои муайян намудани талабот ва қонеъ гардондани бозор, ба вуҷуд овардани маҳсулоти нав ва таъмин намудани истеҳсоли он, ташкили тақсимоти яклухт, фурӯши чакана, хизматрасонии истеъмолкунандагон фаҳмида мешавад.

Дигар хел карда гуем, маркетинг фаъолиятро нисбати ба вуҷуд овардан, кор карда баровардани маҳсулоти нав ва таъмин намудани истеҳсоли онро дар бар мегирад.

Ҳамин тариқ, маркетинг – ин фаъолияти инсон аст, ки ба бозор алоқаманд мебошад. Маркетинг – ин кор бо бозор барои мубодила аст, ки мақсадаш қонеъ гардондани эҳтиёҷот ва талаботҳои одамон мебошад. Аз ин ҷо, маркетинг – ин намуди фаъолияти инсон барои қонеъ гардондани эҳтиёқот ва талабот бо ёрии мубодила мебошад.

3. Методҳо ва намудҳои маркетинг.

Дар вақти ҳозира ду методи асосии фаъолити маркетингиро ҷудо менамоянд:

1)маркетинге, ки ба маҳсулот ва хизматрасониҳо нигаронда шудааст;

2) маркетинге, ки ба истеъмолкунанда, мизоҷи махсус, гурӯҳи истеъмолкунандагони пешакӣ муайянгардида нигаронда шудааст.

Методи дуюм ба шароиту талаботҳои бозори имрӯза бештар мувофиқ аст, чунки пешаки эҳтиёҷоти истеъмолкунандагонро ба назар гирифта, баъд мувофиқи талабот ва қобилияти харидории онҳо мол бароварда мешавад. Маҳз дар асоси омӯзиши бозор ва бо назардошти талаботу қобилияти харидории истеъмолкунандагон баровардани мол аҳамиятнок мебошад. Дар ин ҳолат истеҳсолкунанда пешакӣ медонад, ки харидор чӣ мехоҳад, кай, чӣ қадар вабо кадом нарху шартҳо харид карда метавонад. Инҳоро ба ҳисоб гирифта истеҳсолкунанда ҳангоми истеҳсол ва фурӯши молаш хароҷоту даромадашро муайян менамояд, ки дар арзиши бозории мол, яъне нархи фурӯшинъикос мегарданд.

Дар фаъолияти бозорӣ одамонвобаста ба ҳолатҳои дар бозор ҷой дошта намудҳои зерини маркетингро қабул менамоянд:

  1. маркетинги конверсионӣ – вақте қабул мешавад, ки агар новобаста аз сифати молталабот ба мол набошад. Фаъолияти маркетингӣ бояд ба фароҳам овардани талабот равона карда шавад;
  2. маркетинги ҳавасмандкунанда – вақте зарур аст,ки тлабот ба мол суст аст ё тамоман нест. Фаъолияти маркетингӣ ба фароҳам овардани талабот ё сохтани шароит барои ба вуҷуд овардани вай равона мебошад;
  3. маркетинги тараққикунанда – вақте қабул карда мешавад, ки талабот потенсиалист ва зарурияти вайро воқеӣ кардан мебошад. Барои ин зарур аст, ки ҳамаи қувва ба баланд бардоштани сифати мол равона карда шавад;
  4. ремаркетинг – вақте зарур аст, ки агар дар натиҷаи фаровон шудани бозор аз моли мазкур талабот ба вай кам мешавад. Вазифа аз зарурияти барқарор ( ҷоннок ) намудани талабот иборат аст. Ин бо роҳҳои ба мол додани навигарӣ, рӯ овардан ба бозорҳои нав ва ба монанди инҳо имконпазир аст;
  5. синхромаркетинг– вақте қабул мешавад, ки бо сабаби мавсимӣ будани мол, конъюктура ва ба монанди инҳо талабот мекалавад.Дар асоси ба ҳисоб гирифтани калавиши талабот муътадил гардонии фурӯш зарур аст;
  6. демаркетинг – вақте ба мақсад мувофиқ аст, ки агар талабот нисбат ба имкониятҳои истеҳсолии фирма бениҳоят зиёд аст ва талаботро бо роҳҳои баланд бардоштани нарх, қатъ намудани рекламаи молҳо ва ғайраҳо кам намудан зарур аст. Дар чунин ҳолат литсензияи ҳуқуқи истеҳсоли молро ба дигар фирмаҳо фурӯхтан мумкин аст;
  7. маркетинги зидамалкунанда–ҳангоми ниҳоят баланд шудани талабот зарур аст, то ин ки талабот ба сифр расонда шавад ( масалан, ба нӯшокиҳои спиртӣ, тамокугиҳо ва ғайраҳо ). Дар чунин ҳолат кам кардани истеҳсолот ва фурӯши чунин молҳо ба мақсад мувофиқ аст;
  8. маркетинги мақсаднок–ин ба сегментҳо ҷудо намудани бозор, интихоб намудани як ё якчандто аз онҳо ва коркарди молҳо ва намудҳои маркетинг мувофиқи ҳар сегменти интихоб карда шуда мебошад.
4. Мафҳумҳои асосии маркетинг.

Барои фаҳмидани муносибатҳои маркетинг ба бозор кушодани моҳияти мафҳумҳои маркетинг муҳим мебошад. Чунин мафҳумҳои маркетинг ҷой доранд: эҳтиёҷот, талабот, дархост, мол, мубодила, доду гирифт ва бозор.

Эҳтиёҷот (нужда) – ҳис кардани инсон нарасидани ягон чизеро мебошад.Эҳтиёҷот бисёршакла ва мураккаб аст. Шаклҳои зерини эҳтиёҷот ҷой доранд:

1) эҳтиёҷоти физиологӣ – эҳтиёҷот ба хӯрок, ба либос, ба гармӣ, ба амният;

2) эҳтиёҷоти иҷтимоӣ – наздикшавии рӯҳонӣ, таъсиррасонӣ ва ихлосмандӣ;

3) эҳтиёҷоти шахсӣ – ба дониш ва хештангароӣ.

Талабот (потребность) – эҳтиёҷот аст, ки мувофиқан ба сатҳи фарҳангӣ ва шахсияти индивидуалӣ шакли махсусро мегирад.

Талаботҳо дар объектҳое ифода меёбанд, ки қобилияти қонеъ гардондани эҳтиёҷотро бо роҳи ба сатҳи фарҳангии ҷамъияти мазкур мувофиқ бударо доранд. По мурури пешравии тараққиёти ҷамъият талаботҳои аъзоёни ҷамъият низ меафзоянд.

Дархост (запрос) –ин талабот аст, ки бо қобилияти харидорӣ мустаҳкам карда шудааст.

Мол –ҳамаи онҳое мебошанд, ки талабот ва эҳтиёҷотро қонеъ гардонда метавонанд ва бо мақсади диққат ҷалб кардан, харидан, истифода бурдан ё истеъмол кардан ба бозор пешниҳод карла мешаванд.

Ҳамаи молҳои қудрати талаботи одамро қонеъ гардонда тавонандаро ассортименти молҳои интихобӣ меноманд.

Мол метавонад талаботро қонеъ нагардонад, қисман қаноатманд намояд ва пурра қонеъ гардонад. Дар ин ҳолат моли пурра қонеъ гардонанда “моли идеалӣ” номида машавад.

Азбаски ҳамаи онҳое, ки эҳтиёҷотро қонеъ мегардонанд, яъне қобилияти хизматрасониро доранд мол номида мешаванд, бинобар ин ба ғайр аз маҳсулотҳо ва хизматрасониҳо инчунин шахсият, ҷой, ташкилӣ, намудҳои фаъолият, идеяҳо, консултатсия, маслиҳат додан ва ғайраҳо низ мол мебошанд.

Мубодила (обмен) – санади аз ягон кас гирифтаниобъекти мехостагӣ бо пешниҳод намудани ягон чизи дигаре ба ивази вай мебошад.

Чор тарзи қонеъгардонии эҳтиёҷотро ҷудо менамоянд, ки бо ёрии онҳо шахсони ҷудогона метавонанд объекти мехостагиашонро гиранд:

1)худтаъминкунӣ,

2)дуздидан (кашида гирифтан),

3) талбидан (гадоӣ кардан) ва

4) мубодила.

Мубодила — ин вақте ки барои объекти пешниҳод шуда ягон чизи дигаре ба ивази вай пешниҳод карда мещавад.

Аз ин чор тарзи қонеъ гардондани эҳтиёҷот мубодила афзалияти балантарин дорад. Мубодила – мафҳуми асосии маркетинг ҳамчун фани илмӣ мебошад. Барои содир шудани мубодилаи ихтиёрӣ риоя намудани панҷ шарти асосӣ зарур аст:

1.Тарафҳобояд ба камаш дуто бошанд.

2. Ҳар тарафбояд чизе дошта бошад, то ин ки тавонад қимати доштаашро барои тарафи дигар пешниҳод намояд.

3.Ҳар тараф бояд, ки барои ташкили робита ва дастрас намудани молаш имконият дошта бошад.

4. Ҳар тараф бояд дар қабул ё рад кардан пешниҳоди тарафи дигар тамоман озод бошад.

5. Ҳар тараф бояд дар мақсаднок ё эҳтиёҷманд будани кори пеш гирифтааш бо тарафи дигар боваринок бошад.

Ин панҷ шарт барои мубодила ҳамагӣ имконияти потенсиалӣ месозанд. Амалӣшудани онҳо аз он вобаста аст, ки байни тарафҳо оиди шартҳо чи гуна мувофиқа карда мешаванд.

Додугирифт (сделка) – мубодилаи тиҷоратии чизҳои қиматнок байни ду тараф мебошад.

Додугирифт дар ду намуд мешавад:

1) пулии классикӣ ва

2) бартерӣ.

Бартерро бо чиз ивазкунии оддӣ айният додан лозим нест.

Додугирифт ҷой доштани якчанд шартҳоро талаб менамояд:

  1. ба камаш ду объекти аҳамияти қиматнокдошта бошанд;
  2. шартҳои мувофиқа кардашудаи гузаронидани додугирифт;
  3. вақти мувофиқа кардашудаи гузаронидани додугирифт;
  4. ҷои мувофиқа кардашудаи гузаронидани додугирифт.

Ҳамчун қоида шартҳои додугирифт қонунан дастгирӣ ва ҳифз карда мешаванд.

Бозор (рынок) –маҷмӯи харидорони мавҷудбуда ва потенсиалии молҳо мебошад.

Одамон се тарзи қонеъ гардондани эҳтиёҷоташонро фарқ мекунанд.

Тарзи якум – худтаъминкунӣ, вақте ҳар кас мустақилона метавонад барои худаш ҳамаи чизҳои заруриро дастраст намояд.

Тарзи дуюм – мубодилаи ғайримутамарказ, вақте ҳар кас дигаронро ба сифати харидорони потенсиалии худ мебинанд ва бозори вайро ташкил медиҳанд.

Тарзи сеюм — мубодилаи мутамарказ, ки ҳангоми вай дар саҳна шахси нав пайдо мешавд, бо номи савдогар ва дар марказ дар байни дигарон бо номи шартии “майдони бозорӣ” меистад. Ҳар кас молҳои конкретии худро ба назди савдогар меорад ва дар он ҷо онҳоро ба ҳар чизи ба худ зарур иваз менамояд. Пайдо шудани савдогар шумораи умумии додугирифтро, ки барои гузаронидани мубодила дар ҳаҷми муайян заруранд тез кам менамояд. Дигар хел карда гӯем, савдогар ва бозори марказӣ самараи иқтисодии амалиётҳои савдоиро баланд мебардоранд.

Бояд қайд кад, ки бо зиёд шудани шумораи шахсон ва додугирифт шумораи савдогарон ва бозорҳо низ меафзоянд. Дар ҷамъияти мутараққӣ дар бозор фурушандагонва харидорон на танҳо вомехӯранд ва додугирифт мекуанд, балки аз воситаҳои ҳозиразамони алоқа ва нақлиёт истифода намуда савдогарон метавонанд амалиётҳои мукамалро бо ёрии телевизион, телефон, почта, интернет ва ба монанди инҳо гузаронанд.

5. Аҳамияти омӯзиши маркетинг.

Ҳангоми омӯзиши маркетинг савол ба миён меояд, ки дар шароити иқтисодиёти бозорӣ омӯзиши маркетинг ҳамчун илм чӣ зарурият дорад? Тадқиқотҳо нишон медиҳанд, ки омӯзиши маркетинг барои мо чунин зарурият дорад.

1.Якум, ҳар меҳнати дар ҷамъият зарур ва фоиданокро аз рӯи характераш ба меҳнати ҳосилнок табдил диҳем.

2.Дуюм, аз нав велосипед ихтироъ накунем, баъзе шаклҳои махсуси сохтори иқтисодиёти бозорӣ ва роҳҳои гузариш ба онро фикр накунем, ки дар вай гӯё унсурҳои таърихӣ–миллӣҷой дошта бошанд.

3.Сеюм,дар иқтисодиёти ватанӣ шаклҳои пешқадамтарини хоҷагидорӣ ва идоракуниро ҷорӣ намоемва ҳаракат намоем, ки ба истифодаи усулҳои кайҳо дар хориҷа аз онҳо даст кашида роҳ надиҳем.

4.Чорум, корхонаҳоямонро дар ҳақииқат мустақил намоем, мустақил аз роҳҳои бюрократӣ, мустақилии рӯякии онҳоро ба ҳақиқат табдил диҳем, имконият диҳем, ки корхонаҳои озод ва мустақили истеҳсолӣ бошанд.

5.Панҷум, дар тақсимоти байналхалқии меҳнат самаранок иштирок карда тавонем.

6.Шашум,инвеститсия ва ёрии хориҷиро, ки мамлакатҳои мутараққӣ ҳозир ба мо пешниҳод менамоянд, самаранок ва боақлона истифода карда тавонем.

7.Ҳафтум, гузариш ба иқтисодиёти бозориро дар дохили мамлакат бо камтарин душвориҳо таъмин намоем.

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *