Мавзухои точикиФанни Маркетинг

Бозори корхонаҳо

1. Бозори молҳои таъиноти саноатӣ.

2. Бозори фурӯшандаҳои мобайнӣ.

3. Бозори муассисаҳои давлатӣ.

1. Бозори молҳои таъиноти саноатӣ.

Бозори корхонаҳо гуногун мешавад ва яке аз намуди вай бозори молҳои таъиноти саноатӣ мебошад.

Бозори молҳои таъиноти саноатӣ – маҷмӯи шахсон ва ташкилотҳое мебошанд, ки молҳо ва хизматрасониҳоро барои боз истеҳсол кардани молҳо ва хизматрасониҳои дигар харид менамоянд.

Соҳаҳои асосии фаъолият, ки бозори молҳои таъиноти саноатиро ташкил медиҳанд, инҳо мебошанд: 1) саноати маъдани кӯҳӣ; 2) саноати маснуотбарор; 3) кишоварзӣ, ҷангалпарварӣ ва хоҷагии моҳипарварӣ; 4) сохтмон; 5) нақлиёт; 6) алоқа; 7) хоҷагии коммуналӣ; 8) кори бонкӣ, молиявӣ ва бимӣ (суғуртакунӣ); 9) соҳаи хизматрасонӣ.

Аз рӯи ҳаҷми номенклатураи молҳо ва гардиши пул бозори молҳои таъиноти саноатӣ аз бозори истеъмолӣ афзалият дорад.

Бозори молҳои таъиноти саноатӣ тавсифҳои махсус дорад, ки вайро аз бозори молҳои истеъмолӣ васеъ фарқ мекунанд. Ин тавсифҳо инҳоянд:

  1. Дар вай харидорон каманд.
  2. Ин харидорони начандон зиёд азиманд.
  3. Ин харидорон аз ҷиҳати географӣ мутамарказанд.
  4. Талабот ба молҳои таъиноти саноатӣ аз рӯи талабот ба молҳои истеъмоли васеъ (молҳои сермасриф) муайян карда мешавад.
  5. Талабот ба молҳои таъиноти саноатӣ ноустувораст.
  6. Талабот ба молҳои таъиноти саноатӣ тез тағйир меёбад.
  7. Харидорони молҳои таъиноти саноатӣ ҳунарманданд.

Дар рафти харидкунӣ харидори молҳои таъиноти саноатӣ бо зарурияти қабули якчанд қарорҳо дучор мегардад. Миқдори қарорҳо аз намуди ҳолатҳои харидкунӣ вобаста мебошад. Се намуди асосии ҳолатҳои харидкунӣ вуҷуд доранд:

1.Хариди такрории бе тағйирёбӣ, ки барои амалӣ шудани вай қарори муқаррарии якхела талаб карда мешавад. Дар ин ҳолат харидор такроран чизе мефармояд, ки ба вай ягон хел тағйирот ворид намекунад. Масалан, фармоиш ба молҳои канселярии муқаррарӣ.

2.Хариди такрорӣ бо тағйиротҳо, ки барои ҳалли вай коркардҳои муайяни пешакӣ талаб карда мешавад. Дар чунин ҳолат харидор ҳангоми такроран мол фармудан ба вай тағйирот ворид менамояд, ки ин ба тавсифи техникии мол, нарх ва дигар шартҳои таъминкунӣ ё иваз намудани қисми таъминкунандагон дахл дорад. Масалан, бисёр вақт такроран таҷҳизотҳои нав ё маҷмӯи маснуот фармуда мешаванд.

3.Харидан барои ҳалли вазифаҳои нав, киҳалли вай метавонад гузарондани тадқиқотҳои ҷиддиро талаб намояд. Дар чунин ҳолат фирма вақте харид мекунад, ки агар вай дар худ аввалин системаи компютериро муқаррар намояд ё ба сохтани заводи нав шурӯъ мекунад.

Дар рафти қабули қарор оиди харид омилҳои гуногун, ба монанди тавсифи техникии мол, ҳудуди нарх, вақт ва шароити таъминкунӣ, шароити хизматрасонии техникӣ, шароити пардохт, ҳаҷми фармуда ва ғ., махсусан ҳангоми харид барои ҳалли вазифаҳои нав, ба ҳисоб гирифта мешаванд.

Бисёр харидорон проблемаҳои худро ба таври комплексӣ ва якбора ҳал карданро беҳтар медонанд. Чунин муносибатро харидкунии комплексӣ меноманд. Инро ба ҳисобгирифта фурӯшандагон ба сифати яке аз воситаи маркетингӣ таҷрибаи фурӯши комплектиро аз худ карданд.

Дар бозори молҳо ва хизматрасониҳои таъиноти саноатӣ харидро дар ҳаҷми садҳо ҳазор доллар инҳо мегузаронанд: ё коркуни идораи таъминот, ё якчанд агентҳо оиди харид, ё шӯъбаи азими таъминоти моддӣ-техникӣ.

Ба рафтори харидорони молҳои таъиноти саноатӣомилҳои асосии зерин таъсир мерасонанд:

1) ҳолатҳои муҳити атроф (сатҳи талаботи аввалин, ҳолати иқтисодӣ, шароитҳои таъминоти моддӣ – техникӣ, суръати пешрафти илмӣ – техникӣ, ҳодисаҳои сиёсӣ ва тамоилҳо дар соҳаи танзими фаъолияти соҳибкорӣ, фаъолияти рақибон);

2) хусусиятҳои ташкилотҳо (мақсадҳои ташкилотҳо, муқаррароти сиёсӣ, методҳои кории қабулшуда, сохтори ташкилӣ, системаҳои ташкилии дохилӣ);

3) муносибатҳои байнишахсӣ (салоҳият, мақом, худро ба ҷои дигар кас монда тавонистан, бовар кунонда тавонистан);

4)хусусиятҳои индувидуалии шахсият (сину сол, сатҳи даромад, маълумот, вазъи хизматӣ,типи шахсият, ба таваккал кардан тайёр будан).

Харидорони молҳои таъиноти саноатӣ дар бораи харид намудан бо тартиби зеринқарор қабул менамоянд:

1) фаҳмидани проблема,

2) тасвири ҷамъбастии эҳтиёҷот,

3) баҳои тавсифи мол,

4) ҷустуҷӯи таъминкунандагон,

5) пурсиши пешниҳодҳо,

6) интихоби таъминкунандагон,

7) коркарди амалиётҳоидодани фармоиш,

8) баҳои корҳои таъминкунанда.

2.Бозори фурӯшандагони мобайнӣ

Намуди дуюми бозори корхонаҳо бозори фурӯшандагони мобайнӣ мебошад, ки онҳоро чунин муайян намудан мумкин аст:Бозори фурӯшандагони мобайнӣ – маҷмӯи шахсон ва ташкилотҳое мебошанд, ки молҳо ва хизматрасониҳоро барои ба дигарон фурӯхтан ё ба дигаристеъмолкунандагон ба иҷора додан бо гирифтани фоида барои худ харид менамоянд.

Фурӯшандагони мобайнӣ молҳо ва хизматрасониҳоро ҳам барои ба дигарон фурӯхтан ва ҳам барои таъмини фаъолияти мунтазами фирмаҳои худ харид менамоянд. Барои фирмаҳои хул фурӯшандаҳои мобайнӣ молҳо ва хазматрасониҳоро дар нақши ҳамчун истеҳсолкунандагон харид менамоянд.

Фурӯшандагони мобайнӣ бо молҳо ва хизматрасониҳои гуногун барои фурӯхтан кор мегиранд. Бинобар ин истеҳсолкунандагон қисми асосии молҳоро аввал ба фурӯшандагони мобайнӣ мефурӯшанд ва онҳо ташкил мекунанд, ки молҳои харидаашонро ба дигарон фурӯшанд.

Ба фурӯшандагони мобайнӣ лозим меояд интихоб намоянд: аз кадом таъминкунандагон, бо кадом нарх ва бо кадом шартҳо бояд мол харанд. Ба ғайр аз ин зарур аст онҳо қарор қабул намоянд, ки маҳз бо кадом ассортименти мол бояд машғул шаванд. Ин қарори аз ҳама муҳим аст, чунки вай вазъи фурӯшандагони мобайниро дар бозор муайян менамояд.

Фурӯшандагони мобайнӣ метавонанд бо намудҳои зерини ассортиментҳо кор гиранд:

  1. ассортименти сарбаста, яъне бо молҳои фақатяк истеҳсолкунанда;
  2. ассортименти фаровон, яъне молҳои бо ҳам монанди истеҳсолкунандагони зиёд;
  3. ассортименти васеъ, яъне бо якчанд намуди молҳои бо ҳам алоқаманд буда;
  4. ассортименти омехта, яъне савдои молҳои гуногун.

Аз номи ташкилотҳои савдои яклухт ва чакана харидро инҳо амалӣ мекунанд:

1) дар фирмаҳои хурди оилавӣ – худи соҳибмулк;

2) дар фирмаҳои азим – коркунони махсус, ки бо пуррагӣ ба ин кор машғуланд;

3) дар магазинҳои универсалӣ, магазинҳои универсалии худхизматрасон, фурӯшандагони яклухти дорувор ва дигар муассисаҳо харид ҳар хел карда мешавад.

Ба фурӯшандагони мобайнӣомилҳои зерин таъсир мерасонанд:

1) ҳолати муҳити атроф,

2) хусусиятҳои ташкилотҳо,

3) муносибатҳои байнишахсӣ ва

4) хусусиятҳои индивидуалии шахсиятҳо.

3.Бозори муассисаҳои давлатӣ.

Намуди сеюми бозори корхонаҳо бозори муассисаҳои давлатӣ мебошад.Бозори муассисаҳои давлатиро ташкилотҳои мақомоти ҳокимияти давлатии марказ ва маҳалҳо ташкил медиҳанд, ки молҳоро барои иҷрои вазифаҳои асосиашон дар идоракунии ҳокимият харид мекунанд ё ба иҷора мегиранд.

Дар харид барои муассисаҳои давлатӣ молҳо ва хизматрасониҳои гуногун дохил мешаванд, ки барои ба даст овардани мақсадҳои дар назди кишвар истода заруранд. Дар бозори муассисаҳои давлатӣмолҳои зерин харид карда мешаванд: 1) молҳои ҳарбӣ, 2) осори ҳайкалтарошӣ, 3) тахтаҳои синфӣ, 4) мебелҳо, 5) воситаҳои санитарӣ- гигиенӣ, 6)либос, 7) таҷҳизотҳои боркунию борфарорӣ, 8) автомашинаҳои сӯхторхомушкунӣ, 9) таҷҳизоти ҳаракаткунанда, 10) сӯзишворӣ ва дигарҳо барои маориф, тандурустӣ, нигоҳ доштани некӯаҳволии аъзоёни ҷамъият ва ғ. Бинобар ин бозори муассисаҳои давлатӣ барои истеҳсолкунандагон ё фурӯшандагони мобайнӣ бозори азим мебошад.

Барои хариди ҳар моли муассисаи давлатӣ бояд қарори даркорӣ қабул карда шавад: чӣ қадар, дар куҷо, бо кадом нарх харид кардан даркор ва чӣ гуна хизматрасониҳоро бо мол дархост намудан лозим аст. Дар ин ҳангом имконияти камкунии максималии хароҷотҳои андозсупоранда ба ҳисоб гирифта мешавад.

Хариди молҳо ва хизматрасониҳоро барои муассисаҳои давлатӣмақомотҳои ҳокимияти давлатии харидкунӣ дар назди ҳокимияти марказӣ ва маҳалӣ иҷро менамоянд.

Ташкилотҳои харидкунандаи ҳокимияти марказӣ вазоратҳо ва соҳаҳо мебошанд.

Ташкилотҳои харидкунандаи ҳокимияти маҳалӣмақомотҳои иҷроияи маҳалӣмебошанд – шӯъба ё идораи маориф, тандурустӣ ва ғ.

Ба харидкунандагони бозори муассисаҳои давлатӣ омилҳои зерин таъсир мекунанд:

1) ҳолати муҳити атроф,

2) хусусиятҳои ташкилотҳо,

3) муносибатҳои байнишахсӣ,

4) хусусиятҳои индивидуалии шахсиятҳо.

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *