Мавзухои точикиФанни Маркетинг

Нархгузорӣ ва сиёсати нарх

  1. Сиёсати нарх дар типҳои гуногуни бозорҳо.
  2. Марҳилаҳои асосии нархгузорӣ.
  3. Намудҳои нарх ба маҳсулотҳои нав.
  4. Нархгузорӣ ба молҳо ва хизматрасониҳои алакай дар бозормавҷуд буда.
  5. Муносибатҳои гуногун ба проблемаи нархгузорӣ.
  6. Тағйирёбии нарх.

1. Сиёсати нарх дар типҳои гуногуни бозорҳо.

Дар шароити иқтисодиёти бозорӣ нархгузорӣ бениҳоят ҷараёни мураккаб мебошад. Таърихан нархро харидорон ва фурӯшандагон дар рафти гуфтушунид бо ҳамдигар муқаррар менамуданд. Одатан фурӯшандагон аз нархи умед доштаашон зиёд мепурсанд, харидорон бошанд аз нархи барои харидан дар назар доштаашон паст мепурсанд. Дар натиҷаи савдокунӣ онҳо ба як нархи ба ҳамдигар мувофиқи дар бозор қабул буда ризо мешаванд.

Сиёсати нарх аз типи бозор вобастагӣ дорад.Чор типи бозорҳороҷудо менамоянд, ки ҳар кадоме дар соҳаи нархгузорӣ проблемаҳои худро дорад:

1) бозори рақобати соф,

2) бозори рақобати монополӣ,

3) бозори олигополӣ,

4) бозори монополияи соф.

  1. Бозори рақобати софаз фурӯшандагон ва харидорони зиёди ягон хел маҳсулоти молии монанд, масалан, гандум, асал, қоғазҳои қиматнок иборат аст. Ягон харидор ё фурӯшандаи алоҳида ба сатҳи ҷории нархи бозории мол таъсири калон намерасонад. Фурӯшанда имконияти аз нархи бозорӣ нархи баландро талаб кардан надорад, чункихаридорон метавонанд ҳар миқдори моли заруриашонро бо нархи бозорӣ харид намоянд.Фурӯшандагон аз нархи бозорӣ нархро паст муқаррар намекунанд, чунки бо нархи бозории вуҷуд дошта молҳояшонро фурӯхта метавонанд.Фурӯшандагон дар чунин бозорҳо барои коркарди стратегияи маркетинг вақти бисёр сарф намекунанд, чунки дар ҳолати ҷой доштани бозори рақобати соф чорабиниҳо оиди нақши тадқиқоти маркетингӣ, коркарди мол, сиёсати нарх, реклама, ҳавасманкунии фурӯш ва ғ. камтарин мешаванд
  2. Бозори рақобати монополӣаз бисёр харидорон ва фурӯшандагон иборат мебошад, ки байни ҳамдигар додугирифтро на бо нархи ягонаи бозорӣ, балки дар доираи васеи нархҳо мегузаронанд.Мавҷуд будани доираи васеи нархҳо маънои онро дорад, ки фурӯшандагон имконияти ба истеъмолкунандагон пешниҳод намудани вариантҳои гуногуни молҳоро доранд. Харидорон дар пешниҳодҳо фарқиятро мебинанд ва тайёранд молҳоро бо нархҳои гуногун харид намоянд. Фурӯшандагон барои фарқ кардан ба ғайр аз нарх кушиш мекунанд пешниҳодҳои гуногунро барои молҳои гуногун кор карда бароянд, ба монанди номгӯи маркаҳо, реклама ва ғ.
  3. Бозори олигополӣаз шумораи начандон зиёди фурӯшандагониборат аст, ки нисбати сиёсати нархгузорӣ ва сиёсати маркетингии ҳамдигар бисёр ҳассос мебошанд. Молҳо метавонанд монанд бошанд (пӯлод, алюминий) ва метавонанд монанд набошанд (автомашина, компютер). Шумораи начандони фурӯшандагон онро мефаҳмонад, ки ба хоҳишмандони нав роҳ ёфтан дар ин бозор душвор аст. Ҳар фурӯшанда ба стратегия ва амалиёти рақибон бо диққат назар мекунад. Агар ягон олигополист нархро баланд кунад, он гоҳ рақибон метавонанд ба вай пайравӣ накунанд. Дар ин ҳангом ба вай лозим меояд ёба нархи пешина баргардад ва ё мизоҷонашро ба фоидаи рақибонаш аз даст диҳад.
  4. Бозори монополияи соф иборат аз як фурӯшанда аст. Ин метавонад ташкилоти давлатӣ ё монополияи хусусӣ шавад. Масалан, хизмати алоқа, электроэнергия ва ғ. Дар ҳар ҳолати алоҳида нархгузорӣ ҳар хел шуда метавонад.Масалан, монополияи давлатӣ метавонад бо ёрии сиёсати нарх бисёр мақсадҳои гуногунро соҳиб шавад.

Ҳамин тариқ, имкониятҳо ва проблемаҳои сиёсати нарх вобаста аз типи бозор тағйир меёбанд.

2. Марҳилаҳои асосии нархгузорӣ.

Нархгузорӣ дар шароити иқтисодиёти бозорӣ хусусиятҳои худро дорад. Методикаи ҳисоб кардани нарх ба молҳои фирма аз шаш марҳилаҳо иборат мебошад:

1) гузориши масъалаи нархгузлрӣ;

2) муайян намудани талабот;

3) баҳо додани хароҷот;

4) таҳлили нарх ва молҳои рақибон;

5) интихоби методи нархгузорӣ;

6) муқаррар намудани нархи ниҳоӣ.

  1. Гузориши масъалаи нархгузорӣ. Пеш аз ҳама фирма бояд ҳал намояд, ки бо ёрии моли конкретӣмаҳз кадом мақсадҳоро вай кушиши ба даст овардан дорад. Агар интихоби бозори мақсаднок бодиққат андешида шуда бошад, он гоҳ муносибат оиди ташкил кардани комплекси маркетингӣ бо назардошти проблемаи нарх хеле фаҳмо мешавад.

Таъмини пойдории фирма яке аз масъалаҳои муҳим мебошад ва дар ин соҳа нархгузорӣ нақши муҳим мебозад. Бо ин мақсад фирма метавонад нархро мувофиқи талаботи истеъмолкунандагон паст намояд. Пойдорӣ аз фоидагирӣ муҳимтар аст.

Максималӣ намудани фоидаи ҷорӣ мақсади шадиди бисёр фирмаҳо мебошад. Онҳо талабот ва хароҷотро мувофиқи дараҷаҳои гуногуни нарх баҳо медиҳанд ва чунин нархеро интихоб мекунанд, ки ба даст овардани фоидаи ҷории максималӣ ва пӯшондани хароҷотҳоро таъмин менамояд.

Фирмаҳои дигар мехоҳанд, ки аз рӯи нишондиҳандаи ҳиссагузорӣ дар бозор сарвариро соҳиб шаванд. Онҳо бовар доранд, ки фирмаи дар бозор аз ҳама ҳиссаи баланд дошта хароҷоти камтарин ва фоидаи баланди дарозмӯҳлатро соҳиб мебошад. Барои ин ҳолатро соҳиб шудан фирмаҳо кушиш мекунанд, ки нархи пасти максималиро муқаррар намоянд.

Яке аз мақсади асосии фирмаҳо соҳиб шудани сарварӣ аз рӯи нишондиҳандаи сифати молмебошад. Барои сифати баландро соҳиб шудан хароҷотҳои зиёди илмӣ – тадқиқотӣ ва корҳои таҷрибавӣ — конструкторӣ гузарондан лозим меояд. Бинобар ин ба молҳо барои пӯшондани хароҷотҳои баланд ва гирифтани фоида муқаррар намудани нархи баланд зарур мешавад.

2. Муайян намудани талабот. Ҳар гуна нарх, ки истеҳсолкунанда таъин мекунад,ба сатҳи талаботи мол таъсир мерасонад. Тадқиқотҳо нишон медиҳанд, ки дар ҳолати муқаррарӣ талабот ва нарх байни ҳамдигар вобастагии таносуби чап доранд, яъне чӣ қадаре нарх баланд бошад, ҳамон қадарталабот паст мешавад ва баръакс. Бинобар ин агар фирма нархро баланд бардорал, он гоҳ шумораи ками молҳоро мефурӯшад.

Бисёр фирмаҳо кушиш мекунанд, ки тағйирёбии талаботро чен кунанд. Фарқият дар муносибати ченкунӣ аз типи бозор вобастагӣ дорад. Ҳангоми ченкунии таносуби байни нарх ва талабот тадқиқоткунанда бояд фаҳмад, ки ба талабот ба ғайр аз нарх дигар омилҳо, масалан, реклама, рӯзҳои ид ва ғ. таъсир мерасонанд.

Ба корманди бозор донистан зарур аст, ки то чӣ дараҷа талабот аз тағйирёбии нарх вобаста мебошад. Агар бо таъсири каме тағйирёбии нарх талабот қариб тағйир наёбад, он гоҳталаботро устувор меномем ва агар талабот хеле тағйир ёбад, он гоҳ талаботроноустувор меномем.

3.Баҳо додани хароҷот.Талабот ҳамчун қоида нархи максималиро, ки фирма метавонад барои молаш дархост кунад муайян менамояд. Нархи минималӣ бошад аз рӯи хароҷотҳои фирма муайян карда мешавад. Фирма ҳаракат менамояд ба мол нархеро муқаррар кунад, ки вай ҳамаи хароҷотҳоро оид ба истеҳсол, тақсимот ва фурӯш, бо назардошти нормаи адолатноки фоида барои кушиш ва таваккал кардан, пӯшонда тавонад.

Хароҷотҳои фирма ду намуд мешаванд – доимӣ ва тағйирёбанда.

Хароҷотҳои доимӣ( инчунин бо номи“хароҷотҳои иловагӣ” маълуманд ) – ин хароҷотҳо барои иҷорапулӣ, таъмини гармӣ, пардохти фоиз, маоши хизматчиён ва ғ. Инҳо бетағйир мемонанд ва новобаста аз сатҳи истеҳсолот ҳамеша ҳастанд.

Хароҷотҳои тағйирёбандавобаста аз сатҳи истеҳсолот тағйир меёбанд ва хароҷотҳои ашё ва маводҳоро барои истеҳсоли мол дар бар мегиранд. Ҳаҷми умумии онҳо вобаста аз шумораи истеҳсоли воҳиди мол тағйир меёбад.

Хароҷотҳои умумӣсуммаи хароҷотҳои доимӣ ва тағйирёбанда ҳангоми ҳар сатҳи конкретии истеҳсолот мебошанд. Роҳбари фирма ҳаракат мекунад ба мол чунин нархе муқаррар намояд, ки ҳамаи хароҷотҳои умумии истеҳсолотро пӯшонад.

4.Таҳлили нарх ва молҳои рақибон.Ба муқаррар намудани нархи миёнаи фирма нархҳои рақибон ва таасуроти бозории онҳо таъсир мерасонанд. Ба фирма зарур аст, ки нарх ва сифати молҳои рақибонро донад. Инро бо усулҳои зерин соҳиб шудан мумкин аст:

1) хариди муқоисавӣ кардан мумкин аст, то ки нархҳо ва худи молҳо байни ҳамдигар муқоиса карда шаванд;

2) фирма метавонад таҷҳизоти рақибонро харад ва вайро ба қисмҳо ҷудо кунад;

3) фирма метавонад нархномаи рақибонро дастрас намояд;

4) фирма метавонад аз харидорон пурсад, ки онҳо нархҳо ва сифати молҳои рақибонро чӣ хел қабул доранд ва ғ.

Ҳамаи инҳо ба фирма ҳамчун манбаи асосӣ барои нархгузории вай заруранд.

5.Интихоби методи нархгузорӣ. Фирма графики талабот, суммаи хароҷотҳои ҳисобӣ ва нархҳои рақибонро дониста ба интихоби нархи худаш тайёр аст. Ҳангоми нархгузорӣсе мулоҳизаҳои асосӣҷой доранд, ки ба эътибор гирифта мешаванд:

1) бениҳоят нархи паст,

2) бениҳоят нархи баланд ва

3) нархи имкон дошта.

Фирма нархи ниҳоиро бо назардошти инҳо муқаррар мекунад:

1) арзиши аслии маҳсулот,

2) нархи рақибон ва нархи молҳои ивазкунанда ва

3) қимати беҳамтои мол.

Фирмаҳо ин се мулоҳизаҳоро ба эътибор гирифта проблемаи нархгузориро ҳал менамоянд. Методҳои зерини нархгузорӣ вуҷуд доранд:

1) “хароҷотҳои миёна плюс фоида”;

2) таҳлили безарарӣ ва таъмини фоидаи мақсаднок;

3) муқаррар намудани нарх бо назардошти ҳис кардани қиматнокии мол;

4) муқаррар намудани нарх дар асосӣ сатҳи нархҳои ҷорӣ;

5) муқаррар намудани нарх дар асосӣ савдоҳои пӯшида.

6.Муқаррар намудани нархи ниҳоӣ.

Пеш аз муқаррар намудани нархи ниҳоӣ фирма бояд мулоҳизаҳои зеринро дида барояд:

1. Психологияи фаҳмидани нарх. Фурӯшанда бояд на танҳо омилҳои иқтисодӣ, балки омилҳои психологии нархро низ ба назар гирад. Масалан, бисёр истеъмолкунандагон нархро ҳамчун нишондиҳандаи сифат мефаҳманд; бисёриҳо нуфузнокии молро ба ҳисоб мегиранд (духи, автомашинаҳои қиматнок ва ғ.);бисёр фурӯшандагон ҳисоб мекунанд, ки нарх ҳатман бояд шумораи тоқ бошад.

2.Сиёсати нарх.Бисёриҳо сиёсати нархи дар амал муқаррар шударо ба ҳисоб мегиранд. Масалан, бисёр фирмаҳо нисбати кам кардани нарх ва қабул намудани чораҳои мувофиқ дар ҷавоби фаъолияти нархгузории рақибон дастурҳо кор карда баромаданд.

3.Таъсири нарх ба дигар иштирокчиёни фаъолияти бозорӣ. Дар ин ҷо таасуроти дигар иштирокчиёни фаъолияти бозорӣ, масалан, дистрибютерҳо, дилерон, фурӯшандаҳо, рақибон ва ғ. ба нархи фарзшаванда ба ҳисоб гирифта мешавад.

3. Намудҳои нарх ба маҳсулотҳои нав.

Интихоби самти умумӣ дар нархгузорӣ, муносибатҳо ба муайян намудани нарх ба маҳсулотҳо ва хизматрасониҳои нав ва алакай дар бозор мавҷуд буда барои зиёд кардани ҳаҷми фурӯш, гардиши мол, баланд бардоштани даромаднокии истеҳсолот ва мустаҳакам намудани мавқеи бозории фирма вазифаҳои маркетинг мебошанд.

Барои дар бозор бомуваффақият ҳаракат додани маҳсулотҳо ва хизматрасониҳо роҳбарияти корхона дар шароитҳои муосир метавонад шаш намуди нархро истифода барад:

1) “гирифтани қаймоқ ” дар бозор, яъне аз аввали дар бозор ҳаракат кардани маҳсулоти нав ё навигариҳои даровардашуда муқаррар намудани нархи баланд бо назардошти истеъмолкунандагоне, ки тайёранд маҳсулотро бо чунин нарх харид намоянд. Одатан ин нархро фирмаҳои пешбар истифода менамоянд, ки ҳангоми ба бозор дохил шудан ба кулӣсоҳиби маҳсулоти нав аст вадар давраи аввал ба монандаш дар бозор нест;

2) нарх барои ҷойгир намудани маҳсулот дар бозор, яъне муқаррар намудани нархи хеле паст, нисбати ҳамингуна нархе, ки дар бозор ҳаст. Ин барои ҷойгир кардани маҳсулоти нав дар бозор мебошад, яъне фирма кушиш мекунад, ки ҳиссаи худро дар бозор зиёд намояд. Масалан, маҳсулотҳои японӣ, ҳозира хитойӣ;

3) нархи “психологӣ”,ки нисбати ягон пули калон муқаррар намудани нархи пастар ( масалан, 9 сомон, 99 сомон ) ва ба истеъмолкунанда таасуроти психологӣ медиҳад, ки нарх хеле паст аст. Нарх як воҳид, масалан, як сомонӣ кам аст,вале ба психологияи харидории харидорон бе таъсир намемонад.;

4) нархи сарварӣ дар бозор ё дар соҳа, ки мувофиқи нархи пешниҳоднамудаи рақиби асосӣ дар бозормуқаррар карда мешавад – одатан фирмаи пешбари соҳа ин корро мекунад. Ин нарх сиёсати нархи сарвари соҳа ё бозорро мефаҳмонад ва метавонад аз нархи компания фарқ намояд, ки бартарии сифатӣ ва техникии маҳсулотро муайян менамояд;

5) нарх бо пӯшондани хароҷоти истеҳсолот, яъне муайян намудани нарх ба маҳсулоти нави худ бо назардошти хароҷоти ҳақиқии истеҳсоли вайва нормаи миёнаи фоида дар бозор ё дар соҳа. Ин нарх мухолифи принсипҳои нархгузории иқтисодиёти бозорӣ аст ва ҳангоми иҷрои корҳои фармоиши(закази) давлатӣ, истеҳсоли маҳсулоти мураккаби техникӣ, маҳсулотҳои нодир ва ғ. истифода мешавад;

6) нархи эътиборнок, яъне нарх ба маҳсулоти бениҳоят сифати баланд дошта, ки баъзе хусусиятҳои махсусро доро мебошад. Ин нарх ба молҳои бодабдаба, ба маҳсулотҳои фирмаҳои машҳур, ки сифати махсусро доро мебошанд муқаррар карда мешавад.

Ба роҳбарияти корхона лозим меояд, кибо ёрии маркетинг ба маҳсулоти нави худ кадоме аз ин нархҳо мувофиқ меояд интихоб намояд ва мувофиқан ба муносибати нархгузорӣ бартарӣ диҳад. Интихоб аз бисёр омилҳо вобаста аст, ки дар байни онҳо қайд намудан мумкин аст:

1) ҳиссаи бозори фурӯш, ки дар назорати корхонаи мазкур аст,

2) суръати дар бозор дохил намудани маҳсулоти нав,

3)мӯҳлати баровардани харҷи маблағгузориҳои асосӣ,

4) қатъияти рақобат дар бозор ва ғ.

4. Нархгузорӣ ба молҳо ва хизматрасониҳои алакай
дар бозормавҷудбуда.

Дар шароити ҳозира муқаррар намудани нарх ба молҳо ва хизматрасониҳое, ки алакай дар бозор вуҷуд доранд, аз доимо такмил додани хусусиятҳо ва баланд бардоштани сифати маҳсулотҷудо амалӣшуда наметавонад. Ҳамаи ин тағйиротҳо бо назардошти талаботҳои маркетинг мувофиқи дархост ва бартаридиҳиҳои истеъмолкунандагон бояд гузаронда шаванд.

Баланд бардоштани сифати маҳсулот хароҷотҳои истеҳсолотро зиёд менамоянд ва мувофиқан нархи маҳсулот низ меафзояд. Барои дар муборизаи рақобатнок муваффақият пайдо кардан ба фирмаҳо лозим меояд, ки стратегияи паст кардани нархи молҳо ва хизматрасониҳои анъанавии дар бозор мавҷуд бударо кор карда бароянд. Бинобар ин дар шароити бозори муосир фирмаҳо боядду вазифаи ҳамдигарро истиснокунандаро ҳал намоянд:

якум, доимо афзоиши сифат ва баланд бардоштани хусусиятҳои истеъмолии молҳои алакай дар бозор вуҷуд доштаро таъмин намоянд,

дуюм, доимо нархи онҳоро паст намоянд.

Бе маркетинг ҳар дуи ин вазифаҳоро ҳал намудан мумкин нест. Дар ин ҳангом дуруст муайян намудани муносибати умумӣ ба нархгузории намуди конкретии маҳсулот барои сегменти бозори додашуда аҳамияти махсус мегирад.

Барои бозори фурӯши молҳои алакай мавҷуд буда ва дар ин ҷо вақти зиёд фурӯхтани молҳо ва хизматрасониҳо ҳашт намудҳои асосии нархро ҷудо намудан мумкин аст, ки истифодабарии онҳо баланд бардоштани рақобатпазирии фирмаро таъмин менамояд:

  1. нархи паст фароянда ба маҳсулот ва хизматрасониҳо, ки вобаста ба таносуби байни талабот ва таклифот муқаррар карда мешавад ва метавонад оҳиста-оҳиста ба туфайли фаровонии бозор паст шавад;
  2. нархи дарозмуддат, яънедар давоми вақти дароз суст тағйир ёфтани нарх. Ин нарх ба молҳои сермасриф мебошад;
  3. нархи сегменти истеъмолии бозор, яъне нарх тақрибан ба намудҳои якхелаи маҳсулот ва хизматрасониҳо, ки ба гурӯҳҳои гуногуни истеъмолкунандагон фурӯхта мешаванд (вобаста аз сегментатсияи бозори рақобатӣ аз рӯи истеъмолкунандагон). Гурӯҳҳои гуногуни истеъмолкунандагон молҳои якхеларо дар бозор бо нархҳои гуногун харид мекунанд. Масалан, истеъмолкунандагони сатҳи баланди зиндагӣ дошта ҳузуру ҳаловат, сифатнокӣ ва бароҳатии гуногунро мехоҳанд ва тайёранд нисбати одамони дорои миёна масулоти дилхоҳашонро бо нархибаланд харид намоянд. Бинобар ин нархи маҳсулот вобаста аз он, ки кӣ харид мекунад, метавонад тағйир ёбад;
  4. нархи ноустувор, ки ба тағйирёбии таносуби талабот ва таклифот дар бозор тез эътибор медиҳад(ҳам ба ҷониби пастшавӣ ва ҳам ба ҷониби болоравӣ вобаста аз характери конъюнктура). Истифодаи чунин муносибат дуруст аст, агар калавиши пурзури талаботу таклифот дар давраи кӯтоҳи вақт имконпазир бошад ё вақте ба рақибони наве, ки бо истифодаи нархи паст дар бозор ҷой гирифтаанд муқобил наистодан лизим аст;
  5. нархи бартаридошта,ин ба қадри муайян паст кардани нарх бамаҳсулоти фирма дар назар аст, ки дар бозор мавқеи бартаридоштаро ишғол менамояд ва метавонад аз ҳисоби зиёд кардани ҳаҷми фурӯш ва сарфаи хароҷотҳо барои фурӯши маҳсулот хеле кам кардани хароҷотҳои истеҳсолотро таъмин намояд. Ин нарх имконият медиҳад, ки фирма бартарии нисбии худро дар бозор нисбат ба рақибони кӯҳна ва махсусан рақибони нав нигоҳ дорад;
  6. нарх ба маҳсулоти алакай аз истеҳсолот гирифташуда, ки истеҳсолаш қатъ ёфтааст.Ин маънои арзон карда фурӯхтани маҳсулотро надорад. Дар чорчубаимаркетинг инқатъиян рӯоварӣ ба доираи маҳдуди истеъмолкунандагон мебошад, ки ба ҳамин маҳсулотҳо эҳтиёҷ доранд ва онҳо дар бозор ёфт намешаванд. Шартҳои истифодаи ин муносибат инҳоянд: якум, дар бозор будани истеъмолкунандагоне, ки ба чунин молҳо эҳтиёҷ доранд (вазифаи маркетинг муайян намудани сабабҳои эҳтиёҷмандӣ ва шумораи истэъмолкунандагон дар бозор мебошад); дуюм, нигоҳ доштани талабот ба маҳсулот (ё қисмҳои эҳтиётӣ ба вай) дар ҳолати ба ногоҳ қатъ гаштани истеҳсоли онҳо мебошад;
  7. нархе, ки нисбати фирмаҳои зиёди дар бозор буда паст муқаррар карда шудааст. Ин муносибат вақте истифода карда мешавад, ки дар бозор маҳсулотҳои ҳамдигарро ивазкунанда мавҷуд мебошанд ва онҳо аз рӯи нархҳои муқаррарӣ дар якҷоягӣ бо молҳои нархҳояшон арзоншуда фурӯхта шуданашон мумкин аст. Барои фирма дар ин ҷо аз ҳама муҳим ба маҳсулоти асосӣ диққат ҷалб намудан мебошад, маҳсулотҳои нархашон арзон карда шуда бошанд як шакли реклама мебошанд;
  8. нархи шартномавӣ, ки ба намудҳои маҳсулоти махсус ҷудо кардашуда ё ба гурӯҳи муайяни маҳсулотҳои як ё якчанд фирма ҳангоми ба мувофиқа омадани тарафҳо муқаррар кардамешавад. Ин нархе мебошад, ки нисбат ба нархи муқаррарӣ ба истеъмолкунандагон бо баъзе арзониҳо пешниҳод карда мешавад.

Ҳамаи муносибатҳои нархгузорӣ имконият медиҳанд, ки рақобатпазирии фирма баланд бардошта шавад. Бо ин нархҳо фирма метавонад ҳаракати самараноки молҳои худро дар бозор таъмин намояд. Маркетинг бояд дар интихоби муносибати оптималии муқаррар намудани нарх ба маҳсулоти корхона нақш бозад.

5. Муносибатҳои гуногун ба проблемаи нархгузорӣ.

Дар проблемаи нархгузорӣ муносибатҳои гуногуни фирма ҷой доранд, ки муносибатҳои асосӣ инҳо мебошанд:

1) муқаррар намудани нарх ба молҳо ва хизматрасониҳои нав,

2) нархгузорӣ ба молҳо ва хизматрасониҳои алакай дар бозор мавҷуд буда,

3) нархгузорӣ дар доираи номенклатураи мол,

4) муқаррар намудани нарх аз рӯи принсипи географӣ,

5) муқаррар намудани нарх бо назардошти арзон намудан,

6) муқаррар намудани нарх барои ҳавасмандкунии фурӯш ва

7) муқаррар намудани нархҳои тағйирёбанда.

Нархгузорӣ ба молҳо ва хизматрасониҳои нав ва алакай дар бозор мавқуд буда дида баромада шуданд (саволҳои 3 ва 4).

Нархгузорӣ дар доираи номенклатураи мол.

Агар мол қисми номенклатураи моли фирма бошад, он гоҳ муносибат ба нархгузорӣ тағйир меёбад. Дар ин ҳолат фирма ҳаракат мекунад системаи нархеро кор карда барояд, ки гирифтани фоидаи максималиро таъмин намояд. Барои ин чор ҳолати нархгузориро фарқ мекунанд.

  1. Муқаррар намудани нарх дар доираи ассортименти мол. Одатан фирмамоли алоҳида истеҳсол накарда, балки ассортименти молро пурра истеҳсол менамод.Масалан, “Панасоник” яку якбора 5 намуди видеокамераи синхронии рангаро пешниҳод менамояд. Ҳар камераи минбаъда хусусияти иловагиро соҳиб мебошад ва ҳар камера мувофиқан нархи гуногун дорад.
  2. Муқаррар намудани нарх ба молҳои иловашаванда.Бисёр фирмаҳо ба ғайр аз молҳои асосӣ боз якқатор молҳои иловагӣ ё ёрирасонро ба моли асосӣ пешниҳод менамоянд. Масалан, ба автомашина боз ягон қисми эҳтиётиро илова менамоянд ва ғ.
  3. Муқаррар намудани нарх ба молҳои ҳатман таъалуқдошта. Дар баъзе соҳаҳои саноат молҳои бо ном ҳатман таъалуқдоштае истеҳсол мекунанд, ки бо молҳои асосӣ якҷоя истифода мешаванд. Бисёр вақт истеҳсолкунандагон ба молҳои асосӣ нархи паст мегузоранд, ба молҳои ҳатман таъалуқдошта бошад нархи баланд муқаррар менамоянд.
  4. Муқаррар намудани нарх ба маҳсулоти ғайриасосии истеҳсолот. Коркарди гӯшт, истеҳсоли маҳсулот нефтӣ ва дигар химикатҳо бо бавуҷудоиӣ якқатор маҳсулотҳои ғайриасосӣ зич алоқаманданд. Агар онҳо аҳамияти қиматноке надошта бошанд ҳам, вале аз онҳо халос шудан хароҷот талаб мекунанд, ки инҳо ба дараҷаи нархи молҳои асосӣ таъсир мерасонанд.

Муқаррар намудани нарх аз рӯи принсипи географӣ.

Нархгузорӣ мувофиқи муносибати географӣ маънои онро дорад, ки дар қисмҳои гуногуни географии мамлакат нархҳои гуногун муқаррар карда мешавад.Дастрас намудани мол барои мизоҷи дар масофаи дур буда нисбати наздик буда хеле қимат меафтад. Албатта, фирма намехоҳад мизоҷонашро новобаста аз масофаи ҷойгиршавиашон аз даст диҳад. Бинобар ин панҷ варианти асосии муқаррар намудани нарх аз рӯи принсипи географӣҷой дорад.

  1. Муқаррар намуданинарх дар ҷои ба вуҷуд омадани мол. Ин маънои онро дорад, ки мол ба кашонанда аз рӯи шарти франко – вагон дода мешавад ва минбаъда ҳамаи ҳуқуқ ва масъулият барои мол ба дархосткунанда мегузарад, ки ҳамаи хароҷотҳоро барои кашондан аз ҷои истеҳсолкунанда то ҷои таъиноти мол пардохт менамояд.
  2. Муқаррар намудани нархи ягона бо назардошти ҳамаи хароҷотҳо барои бурда расондан.Ин нарх маънои онро дорад, ки фирма ҳангоми муқаррар намудани нарх новобаста аз дурии мизоҷякхела хароҷотҳоинақлиётиро дар назар мегирад. Дар ин ҳолат нарх чунин мешавад: нарх + суммаи миёнаи хароҷотҳои нақлиётӣ.
  3. Муқаррар намудани нархи минтақавӣ. Ин нархи миёнаест байни нархҳои 1 ва 2. Фирма ду ё якчанд зонаро ҷудо мекунад ва дархосткунандагон, ки дар сарҳади зонаи ҷудогона мебошанд, аз рӯи нархи баланди мувофиқи зонаи дур гирифташуда пардохт мекунанд.
  4. Муқаррар намудани нарх мувофиқи нуқтаи базавӣ.Ин нарх имконият медиҳад, ки фурӯшанда ин ё он шаҳрро ба сифати нуқтаи базавӣ интихоб намояд ва ҳамаи дархосткунандагон пардохти хароҷотҳои нақлиётиро бо назардошти хароҷот аз ҳамин нуқта иҷро намоянд.
  5. Муқаррар намудани нарх бо гирифтани ба худ хароҷотҳои бурда расондан. Баъзе фурӯшандагон ба нигоҳ доштани муносибатҳои корӣ бо харидорони конкретӣ ё ноҳияҳои муайяни географӣ ҳавасманданд ва онҳо ин нархро истифода мебаранд. Дар чунин ҳолат фурӯшанда қисман ё тамоми хароҷоти бурда расондани молро ба худ мегирад.

Муқаррар намудани нарх бо назардошти арзон кардан.Бисёр фирмаҳо ба сифати ҳавасмандкунии истеъмолкунандагон барои амалиётҳои муайян, ба монанди пештар гузарондани маблағҳо, харидан дар ҳаҷми калон, харидани ғайримавсимӣ ва ғ. тайёранд муносибати пешинаи худро нисбати нарх тағйир дода нархро паст намоянд. Бо ин мақсад якчанд намудҳои нархгузориро муқаррар менамоянд.

  1. Арзонкунӣ барои пули нақд додан. Ин паст карданинарх барои харидор тез пул гузарондан мебошад.
  2. Арзонкунӣ барои шумораи молҳои харидкарда.Ин паст кардани нарх барои шумораи зиёди молро харид кардан.
  3. Арзонкунӣ барои амалиётҳо. Истеҳсолкунандагон ба коркунони ҳаракатдиҳандаи молҳо барои иҷрои амалиётҳои муайян оид ба фурӯши молҳо, нигоҳдорӣ, кашондан ва ғ. нархро паст мекунанд.
  4. Арзонкуниҳои мавсимӣ. Ин арзон кардани нарх барои харидкуниҳои ғайримавсимии молҳо ва хизматрасониҳо мебошад.
  5. Арзонкуниҳо барои ҳавасмандкунии фурӯш, яъне мубодилаи молҳо, хизмати дилерҳо ва ғ.

Муқаррар намудани нарх барои ҳавасмандкунии фурӯш.

Фирмаҳо ҳангоми ҳолатҳои муайян ба молҳои худ нисбати нархнома ва баъзан нисбати арзиши аслӣ нархи паст мегузоранд. Ин нарх дар шаклҳои зерин ба вуҷуд меояд.

  1. Магазинҳо барои ҷалби харидорон ба баъзе молҳо нархро паст мекунанд.
  2. Барои ҷалб намудани шумораи зиёди мизоҷон дар давраи муайяни вақт фурӯшандагон нархҳо барои мавридҳои махсусро муқаррар менамоянд. Масалан, пеш аз ид, зимистонӣ, баҳорӣ ва ғ.
  3. Арзонкунӣ барои бо пули нақд харидан.
  4. Фурӯшандагон бисёр вақт аз нархи муқаррарӣ арзон пешниҳод мекунанд.

Муқаррар намудани нархҳои тағйирёбанда.

Бо назардошти гуногунии истеъмолкунандагон, молҳо, маҳалҳо ва ғ. фирмаҳо бисёр вақт ба нархҳо тағйирот медароранд, ки гуногунии хароҷотҳоро ба назар намегиранд. Муқаррар намудани нархҳои тағйирёбанда дар чунин шаклҳо мегузарад:

1) бо назардошти гуногунии харидорон,

2) бо назардошти варианти молҳо,

3) бо назардошти ҷои макон,

4) бо назардошти вақт.

6.Тағйирёбии нарх.

Фирмаҳо системаи нархҳояшонро кор карда мебароянд ва дар стратегияи нархгузорӣ баъзан зарурияти паст кардан ва баланд бардоштани нархҳои худро ҳис мекунанд.

Ташаббускорона паст кардани нарх.

Барои паст кардани нарх фирмаро якчанд ҳолатҳо водор менамоянд.

  1. Кам истифода кардани иқтидори истеҳсолӣ. Дар ин ҳолат ба фирма лозим меояд, ки гардиши худро зиёд намояд ва инро аз ҳисоби интенсивонии кушишҳои савдоӣ, такмил додани мол ва ба ин монанд чораҳо соҳиб шавад. Барои ин нархро паст кардан зарур мешавад.
  2. Камшавии ҳиссаи бозор дар зери фишори пурхашми рақобати нархӣ.
  3. Кушиш кардан, ки бо ёрии нархҳои паст вазъи бартаридоштаро дар бозор ба даст дароваранд.

Ташаббускорона баланд бардоштани нарх.

Фирмаҳо маҷбуранд, ки нархҳои худро аз рӯи ҳолатҳои зерин баланд бардоранд.

  1. Инфлятсияи (таваруми) ҳаматарафа устувор, ки ба афзоиши хароҷот вобастагӣ дорад. Афзоиши хароҷот, ки ба афзоиши ҳосилнокӣ мувофиқат намекунад, ба паст шудани нормаи фоида меорад ва маҷбур месозад, ки фирма мунтазам нархҳоро баланд бардорад.
  2. Мавҷуд будани талаботи аз ҳад зиёд.

Таасуроти истеъмолкунандагон ба тағйирёбии нарх.

Пастшавии нархроистеъмолкунандагон метавонанд чунин баҳо диҳанд:

1) мол ба моли модаи охирин иваз карда мешавад,

2) дар мол маҷуд будани ягон нуқсон, ки бо ин сабаб дар бозор ба фурӯш намеравад,

3) вазъи душворӣ молиявии фирма ҷой дорад, ки фирма аз бозор мебарояд ва дар оянда қисмҳои эҳтиётиро таъмин карда наметавонад,

4) нишонаи он аст, ки ба наздикӣ нарх боз паст мешавад ва меарзад харидро сабр намоем,

5) нархи паст нишонаи паст шудани сифати мол аст.

Баландшавии нархро истеъмолкунандагон чунин баҳо медиҳанд:

1) мол махсусан серистеъмол гаштааст ва вайро тез харидан лозим, ки ҳанӯз моли қиматбаҳо нашудааст;

2) мол аҳамияти махсуси баҳоро соҳиб гаштааст;

3) фурӯшанда ҳарис аст ва кушиш мекунад, ки нархи бисёр баланд гузорад.

Таасуроти рақибон ба тағйирёбии нарх.

Фирма ҳангоми тағйирёбии нарх бояд на танҳо дар бораи таасуроти истеъмолкунандагон, балки дар бораи таасуроти рақибон низ фикр кунад. Рақибон ҳар тағйирёбии нархро ҳамчун даъват ба худ қабул менамоянд ва вобаста аз манфиатҳои ҳозираи худашон баҳо медиҳанд, ба монанди зиёд намудани ҳаҷми фурӯш ё ҳавасманд намудани талабот.

Фирма бояд ба тағйирёбии нархи рақибон эътибор диҳад. Барои ин зарур аст, ки ба чунин саволҳо ҷавоб ёбад:

1) барои чӣ рақиб нархро тағйир дод – барои ишғол намудани бозор, истифода кардани иқтидорҳои истеҳсолии пурра истифода нашуда, ҷуброн кардани хароҷотҳои тағйирёфта ё сар кардани тағйирдиҳии нарх дар соҳа;

2) рақиб тағйирёбии нархро мувақатан ё доимӣ ба нақша мегирад;

3) бо ҳиссаи фирма дар бозор ва даромади вай чӣ ҳодиса рӯй медиҳад.

Фирма бояд таҳлили васеъ барад.

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *