Мавзухои точикиФанни Маркетинг

Коркарди молҳо

  1. Мол ва намудҳои асосии таснифи молҳо.
  2. Маркаи молҳо ва борҷомаи молҳо.
  3. Ассортименти мол ва номенклатураи мол.
  4. Коркарди молҳои нав.
  5. Мол ва намудҳои асосии таснифи молҳо.

Мол — ҳамаи он чизе шуда метавонад, ки эҳтиёҷот ё талаботро қонеъ гардонад ва ба бозор бо мақсади диққат ҷалбкунӣ, харидан, истифода ё истеъмол намудан бароварда мешавад. Ин метавонад объектҳои ҷисмӣ, хизматрасонӣ, шахсон, ҷойҳо, ташкилотҳо, идеяҳо, консултатсияҳо, маслиҳатҳо, пешниҳодҳо шаванд.

Боз мафҳуми воҳиди мол ҷой дорад. Воҳиди мол –яклухти алоҳида мебошад, ки бо нишондиҳандаҳои бузургӣ, нарх, намуди беруна ва дигар хислатҳояш тавсиф мешавад. Масалан,хамираи дандоншӯӣ – мол аст, лӯлачаи хамираи дандоншӯӣ, фарз кардем,нархаш як сомонӣ – воҳиди мол аст.

Ҳангоми сохтани мол тайёркунандаи вайидеяи молро дар се сатҳ мефаҳмад:

1) мол аз рӯи матлаб,

2) мол дар иҷрои воқеӣ ва

3) мол бо мустаҳкамкунӣ.

Мол аз рӯи матлаб – ин он чизе аст, ки харидор дар ҳақиқат мехарад. Мол дар иҷрои воқеӣ — ин он чизҳое, ки дар ҳақиқат кори муайянеро иҷро менамоянд, масалан, компютер, хамираи дандоншӯӣ, семинарҳои таълимӣ, номзадҳои ҳизбҳои сиёсӣ ва ғ.

Мол бо мустаҳкамкунӣ – ин зоҳир намудани диққати шахсӣ ба истеъмолкунандагон, бурдани мол ба хона, кафолати баргардондани мол, пул ва ғ.

Намудҳои асосии таснифи молҳо инҳо мебошанд.

Якум. Аз рӯи мӯҳлати истифодабарӣсе гурӯҳи молҳоро ҷудо мекунанд:

1) молҳои истифодаи дарозмӯҳлат,

2) молҳои истифодаи кутоҳмӯҳлат ва

3) хизматрасониҳо ( хизмати маишӣ, хизматрасониҳои коммуналӣ ва ғ.).

Дуюм. Молҳои сермасрафаз рӯи аломатҳои зерин тасниф мешаванд:

1) молҳои талаботи ҳаррӯза дошта,

2) иолҳои интихоби пешакӣ,

3) молҳои талаботи махсус,

4) молҳои талаботи паст дошта.

Сеюм. Молҳои таъиноти саноатӣаз рӯи аломатҳои иштироки онҳо дар ҷараёни истеҳсолот ва қимати нисбии онҳо чунин тасниф мешаванд:

1) маводҳо ва деталҳо ( ашё, нимфабрикатҳо, деталҳо),

2) амволи асосӣ ва таҷҳизотҳои статсионарӣ (биноҳо, генераторҳо, компютерҳо, автомашинаҳои борбардорӣ, таҷҳизотҳои идоравӣ ва ғ.),

3) маводҳои ёрирасон ва хизматрасонӣ (маводҳои коргарӣ, равғани молиданӣ, қоғаз барои навиштан, хизматрасонии техникӣ, ранг, мехча ва ғ.).

2. Маркаи молҳо ва борҷомаи молҳо.

Ҳангоми коркарди стратегияи маркетингии молҳои конкретӣ фурӯшанда бояд ҳал намояд, ки оё вай молҳороҳамчун марка пешниҳод карда метавонад. Пешниҳод намудани молҳо ба сифати марка метавонад қиматнокии онҳоро баланд бардорад. Бинобар ин чунин қарор дар амалӣ намудани сиёсати мол аҳамияти муҳим дорад.

Чунин мафҳумҳои асосии нишонаҳои молӣҷой доранд:

  1. марка —ин ном, термин, нишона, символ;
  2. номи марка – қисми марка, кивайро гуфтанмумкин аст, масалан, “Тоёта”, “Эйвон”, “Сони”, “Мерседес — Бенс”, “Америкен экспрес” ва ғ.;
  3. нишонаи марка (эмблема) – қисми марка, ки вайро шинохтан мумкин аст, вале талафуз карда намешавад (масалан, символ, тасвир ва ба ин монанд);
  4. нишонаи мол – марка ё қисми вай, ки қонунан ҳифзи вай таъмин шудааст;
  5. ҳуқуқи муаллифӣ – ҳуқуқи махсус барои аз нав офаридан, нашр кардан ва ба ин монанд.

Ҳар фирма кушиш менамояд, ки ба моли худ номгӯи маркаро диҳад. Пешниҳоди молҳо бе нишонаи марка қимати онҳоро паст менамояд. Бинобар ин дар назди истеҳсолкунандагон, ки мехоҳанд ба моли худ марка гузоранд, се роҳҳо меистанд.

Якум, молро ба бозор бо маркаи худи истеҳсолкунанда баровардан мумкин аст.

Дуюм, истеҳсолкунанда метавонад молашро ба миёнарав фурӯшад, ки вай метавонад ба мол маркаи худро гузошта ба фурӯш барорад.

Сеюм, истеҳсолкунанда метавонад қисми молашро бо маркаи худ ва қисми дигарашро бо маркаи хусусии дигарон ба фурӯш барорад.

Ҳангоми коркарди моли маркадор истеҳсолкунанда бояд басатҳи сифатнокӣ ва дигар хусусиятҳои истеъмолии молаш, ки метавонанд мавқеи маркаи молро дар бозор нигаҳ доранд, диққати махсус диҳад. Яке аз воситаи муҳими дар бозор нигоҳ доштани мавқеи мол сифати мол мебошад.

Оиди проблемаи додани номгӯи маркаҳо чор муносибат ҷой дорад.

  1. Номгӯи маркаҳои индивидуалӣ.
  2. Номгӯи маркаи ягона барои ҳамаи молҳо.
  3. Номгӯи маркаи коллективӣ барои оилаи молҳо.
  4. Номгӯи савдои фирма дар якҷоягӣ бо маркаи индивидуалии молҳо.

Муваффақияти соҳиб шудаи номгӯи маркаи молро васеъ намудан мумкин аст. Барои васеъ намудани сарҳади маркаи мол ин ҷорӣ кардани ҳаргуна ҳаракати истифодаи модификатсияи мол ё моли нав дар бозор шуда метавонад.

Фирмаи молдор метавонад ду ё зиёд маркаи молро дар як категорияи мол истифода намояд. Инро муносибати бисёрмаркагӣ меноманд ва бо сабабҳои зерин алоқаманд аст.

Якум, истеҳсолкунанда имконият дорад дар магазин барои гузоштани борҳояш майдони калони фурӯшро соҳибшавад.

Дуюм,истеъмолкунандагони ба як маркаи мол шавқмандбуда, ки ҳаваси дигарашро санҷидан надошта бошанд, он қадар зиёд нестанд.

Сеюм, сохтани молҳои нави маркадор ташаббуси коркунони ташкилоти истеҳсолкунандароҳавасманд намуда, натиҷаи кори онҳоро баланд мебардорад.

Чорум,муносибати бисёрмаркагӣ имконият медиҳад, ки ба манфиатҳои гуногун ва хислатҳои гуногуни ҷалбкунандаи молҳо диққат дода шавад, ки дар натиҷа ҳар маркаи алоҳидаи мол метавонад гурӯҳҳои ҷудогонаи истеъмолкунандагонро ба худ ҷалб намояд.

Бисёр молҳои ба бозор пешниҳод шаванда бояд борҷома карда шаванд. Борҷома ин коркард ва истеҳсоли ғунҷоиш ё лифофа барои мол мебошад.Ғунҷоиш ё лифофа – ин вариантҳои гуногуни борҷома мебошанд. Борҷома аз се қабат иборат мебошад.

Борҷомаи дохилӣ – ин бевосита ғунҷоиши мол мебошад.

Борҷомаи беруна –ин маводе мебошад, ки барои ҳифзи борҷомаи дохилӣ хизмат мекунад.

Борҷомаи нақлиётӣ– ин ғунҷоише мебошад, ки барои нигоҳдорӣ ва кашондани молҳо зарур аст. Масалан, лӯлачаи оҳание, ки ҳамчун ғунҷоиш дар дохилаш хамираи дандоншӯӣ нигоҳ дошта мешавад, борҷомаи дохилӣ аст, лифофаи қоғазие, ки дар дохили вай лӯлачаи оҳанӣ нигоҳ дошта мешавад, яъне ҳифз карда мешавад, борҷомаи беруна аст, қутии қоғазие, ки барои дар дохилаш нигоҳ доштани лифофаи қоғазии хамираи дандошӯӣ ва кашондан дар нақлиёт пешбинӣ шудааст, борҷомаи нақлиётӣ мебошад.

Бароивасеъ истифода бурдани борҷома ба сифати олати маркетинг омилҳои гуногун мусоидат менамоянд:

  1. Худхизматрасонӣдар савдо.
  2. Афзоишибурдарасонӣ ба истеъмолкунандагон.
  3. Тасвири фирма ва тасвири марка.
  4. Имкониятҳо барои навоварӣ.

Борҷомаи кардашуда бояд бо сиёсати нархгузорӣ, бо реклама ва дигар унсурҳои маркетинг вобаста карда шавад.

Фурӯшандагон барои молҳои худ этикетка ва ярликҳо месозанд, яъне воситаҳои тамғазанӣ, ки метавонанд дар намуди бирка пешниҳод шаванд ва ба борҷомаи мол часпонда мешаванд. Этикетка молро ҳаммонанд мекунад, навъи молро нишон медиҳад, дар куҷо ва кай истеҳсол шудани мол ва дигар ахборотҳоро дар бораи мол менависад, молро тарғиб менамояд.

Кормандони бозор ҳангоми дар бораи борҷома қарор қабул намудан бояд ҳолатҳои зеринро ба ҳиссоб гиранд:

  1. Инъикос намудани ҳақиқат дар борҷома ва дар тамға.
  2. Арзиши баланди борҷома.
  3. Истифодаи захираҳои камчин.
  4. Ифлос намудани муҳити атроф.

3.Ассортименти мол ва номенклатураи мол.

Сиёсати мол инчунин ба вуҷуд овардани ассортименти молро низ дида мебарояд.

Ассортименти мол — гурӯҳи молҳои байни ҳамдигар зич алоқаманд мебошанд.Ҳар ассортименти мол стратегияи маркетингии худро талаб менамояд.

Фирмаҳо кушиш мекунанд, ки ассортименти моли худро васеъ намоянд. Васеъ намудани ассортименти молҳои фирма бо ду роҳ шуда метавонад:

1) паҳн намудани ассортименти мол ва

2) фаровон намудани ассортименти мол.

Паҳн намудани ассортименти мол вақте мегузарад, ки агар фирма истеҳсоли маҳсулотро аз ҳаҷми мавҷуд будааш зиёд намояд. Дар ин ҳолат фирма бо мақсади васеъ намудани ҳаҷми фурӯши маҳсулоташ мехоҳад бозори фурӯши ассортименти моли худро паҳн намояд. Паҳнкунии ассортименти мол ба боло, ба поён ва ба ҳарду тараф мешавад.

Фаровонии ассортименти мол аз ҳисоби илова намудани маҳсулотҳои нав ба ҳудуди мавҷуд буда мегузарад. Якчанд сабабҳое ҷой доранд, ки аз рӯи онҳо ба фаровон намудани ассортименти мол кушиш мекунанд:

1) ҳаракат барои гирифтани фоидаи иловагӣ;

2) кушиши қаноатманд намудани дилерҳои ба ин ассортимент машғул буда;

3) ҳаракати истифодабарии иқтидори истеҳсолӣ;

4) кушиши фирмаи пешоҳанг будан бо ассортименти мукаммал;

5) ҳаракати таъмини рақобатпазирии ассортименти мол.

Агар дар ташкилот якчанд гурӯҳ ассортименти молҳо бошанд, он гоҳ дар бораи номенклатураи мол сухан меравад.

Номенклатураи мол – маҷмӯи ҳамаи гурӯҳи ассортиментҳои молҳо ва воҳидҳои молҳо мебошанд, ки ба истеъмолкунандагон фурӯшандаи конкретӣ пешниҳод менамояд.

Номенклатураи моли фирма метавонад васеъ, фаровон, пурмазмун ва мувофиқ бошад.

Васеъшавии номанклатураи мол шумораи умумии гурӯҳҳои ассортиментҳои молҳо мебошанд, ки фирма истеҳсол менамояд.

Фаровонии номенклатураи мол ин шумораи умумии молҳои алоҳидаи фирма мебошанд.

Пурмазмунии номенклатураи молин дар доираи гурӯҳи асссортиментҳо пешниҳод намудани вариантҳои ҳар моли алоҳида мебошад.

Мувофиқ будани номенклатураи мол ин дараҷаи наздик будани байни молҳои гурӯҳи ассортиментҳои гуногун аз нуқтаи назари истифодаи ниҳоии онҳо, талаботҳо ба ташкили истеҳсолот, роҳҳои тақсимкунӣ ё ягон нишондиҳандаҳои дигар мебошад.

4. Коркарди молҳои нав.

Дар шароти иқтисодиёти бозорӣ бо тағйир ёфтани табъу зувқи истеъмолкунандагон, технология ва ҳолати рақобатпазирӣ фирма наметавонад танҳо бо молҳои мавҷуд буда қаноатманд бошад. Истеъмолкунандагон мехоҳанд ва интизоранд, ки молҳои нав ва такмилёфта дошта бошанд. Рақибон бо тамоми қувва кушиш мекунанд, ки ин талаботро бо молҳои нав қаноатманд намоянд. Бинобар ин ҳар фирма мекушад, ки ҳатман бояд барномаи коркарди молҳои нави худро дошта бошад.

Коркарди моли нав асосан бо ду роҳ шуда метавонад.

Якум,бо роҳи харидани патент ё литсензияи моли нави бегонабарои гирифтани ҳуқуқ ба истеҳсоли вай.

Дуюм, ба туфайли кушишҳои худӣ, яъне сохтани шуъбаи тадқиқот ва коркарди моли нав дар худи фирма.

Дар мафҳуми “моли нав” маҳсулоти аҷоиб, варианти беҳтар кардашуда ё модификатсияи молҳои мавҷуда, инчунин маҳсули – маркаи нави коркардҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва таҷрибавӣ–конструктории фирмаи истеҳсолкунанда фаҳмида мешавад. Дар айни замон бояд дар назар гирифт, ки истеъмолкунанда кадом моли пешниҳод мешударо моли нав ҳисоб мекунад.

Бисёр молҳои нав ба бемуваффақияти дучор мешаванд, ки сабабҳои асосӣ инҳоянд:

1) истеҳсолотро бо натиҷаҳои тадқиқоти маркетингӣ мувофиқа намекунанд,

2) ҳаҷми бозор аз будаш зиёд қадр карда мешавад,

3) мол дар иҷрои воқеиаш чӣ тавре бояд бошад сохта нашудааст,

4)мумкин аст рекламаи мол дар бозор нодуруст пешниҳод шудааст,

5)ба мол нархи аз ҳад баланд монда шудааст ва ғ.

Бо назардошти ин дар назди фирма вазифа меистад: аз як тараф, коркарди молҳои нав зарур аст, аз тарафи дигар, имконияти муваффақият барои моли нав на он қадар зиёд аст. Бинобар ин фирма бояд ба коркарди моли нав худро мувофиқ намояд. Инчунин созандагони моли нав бояд ҳар давраи сохтани моли навро кор карда бароянд.

Марҳилаҳои асосии ҷараёни коркарди молҳои нав инҳо мебошанд:

1) ба вуҷуд овардани идея,

2) интихоби идеяҳо,

3) коркарди андешаи мол ва санҷиши вай,

4) коркарди стратегияи маркетинг,

5) таҳлили имкониятҳои истеҳсол ва фурӯш,

6) коркарди мол,

7) озмоиш дар шароитҳои бозорӣ ва

8) вусъат додани истеҳсоли тиҷоратӣ.

Дар вақти вуҷуд доштани худ ҳар мол чор марҳилаи сикли ҳаётиро мегузарад:

1) марҳилаи ба бозор баровардан,

2) марҳилаи афзоиш,

3) марҳилаи камолот ва

4) марҳилаи таназзул.

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *