Стратегияи ширкатҳо дар бизнеси байналмилалӣ
Мафҳум ва асосҳои назариявии ташкилот.
Ташкилот – ин одамон ва гурӯҳҳо дар якҷоягӣ, ки барои ба мақсад расидан, ҳал кардани ягон масъала дар асоси қоидаҳои муайян, тақсими меҳнат ва масъулиятҳо муттаҳид шудаанд.
Ташкилотҳое, ки барои ба даст овардани мақсадхои умумӣ меҳнати якҷояи одамонро истифода мебаранд, ҳамчунин донишкадаҳои иҷтимоӣ-иқтисодӣ бо хусусиятҳои умумии зерин ҳисоб мешаванд:
- Бо мақсадҳое, ки намудҳои маҳсулот ва хизматрасониро инъикос менамояд, ки барои қонеъ намудани талаботи ҷамъият истеҳсол мешаванд.
- Бо кормандоне, ки тахассус, дониш ва малака доранд барои ба мақсад расидан.
- Бо коммуникатсияҳо, яъне бо намудҳои гуногуни алоқа, ки дар раванди иҷроиши кори якҷоя зарур аст.
- Бо тақсимоти меҳнат, ки мутобиқи хислатномаи касбӣ-тахассусии ҳар як корманд ба вуҷуд меояд ва структуризатсияи ратсионалии кор ва вазифаҳоро таъмин менамояд.
- Бо қоидаҳои расмӣ, амалиётҳо ва назорат, ки барои ташкили функсионалӣ таъин мешаванд.
- Бо сатҳи ваколатдорӣ ва масъулиятнокӣ, ки масштабҳои ҳокимиятро барои вазифаҳои гуногуни ташкилот таъин мекунад.
Ташкилотҳо дар намуди корхонаҳо ва корпоратсияҳо кор намуданд.
Мавқеи ташкилот дар ҷамъият бо он муайян мешавад, ки он захираҳои генераторӣ мебошад ва барои ҷамъият манфиатҳои муфидро муҳайё мекунад, ки барои ташаккули инсоният мусоидат мекунад. Онҳо мавқеи муҳими иҷтимоиро ба ӯҳда мегиранд ва гурӯҳи марказии ҳаёти ҷамъиятиро ишғол менамоянд. Зеро маҳз дар ташкилотҳо захираҳо ва донишҳо ҷамъ мешаванд, ки истифодаи пурмазмуни он барои ҳалли маризиҳои зиёди ҷамъият кӯмак мекунад. Боигарии ташкилотро ташкил намуда, некӯаҳволии ҷамъиятро баланд мегардонад, сифати ҳаёти меҳнатиро хуб мегардонад, эътиқоди одамонро ба қувва ва имкониятҳои худ зиёд мекунад.
Ҳар як ташкилот муҳити беруна ва дохиларо дорост.
Муҳити берунаи таъсири бевосита:
- Сиёсат.
- Иқтисод.
- Ҳуқуқ.
- Шароитҳои физикӣ — ҷуғрофӣ.
- Омилҳои иҷтимоӣ — фарҳангӣ.
Муҳити берунаи таъсири мустақим:
- Саҳмиядорон.
- Рақибҳо.
- Корхонаҳои савдо.
- Органҳои маҳаллӣ.
- Таъминотчиён.
- Истеъмолгарон.
Муҳити дохила:
- Структураи ташкилотӣ.
- Фарҳанги ташкилотӣ.
- Захираҳо.
Маданияти ташкилот — ин омезиши боигариҳо, ақидаҳо, анъанаҳо ва меъёрҳо, ки ба рафтори ашхоси алоҳида ва гурӯҳи одамон таъсир мерасонад.
Структураи банақшагирии стратегӣ.
Стратегия – ин нақшаи умумии ягон фаъолият мебошад, ки марҳилаи дарозмуддати вақт, усули ба мақсад расиданро фаро мегирад.
Муайянкунии вазифа. Ин раванд аз барқароршавии маънии мавҷудияти ширкат, вазифаҳои он, мавқеъ ва ҷои он дар иқтисоди бозорӣ иборат аст. Он самти бизнесро, ки ба он ширкат такя менамояд бо назардошти талаботи бозор, хислати истеъмолгарон, хусусияти маҳсулот ва доштани афзалиятҳои рақобатпазирӣ маънидод карда мешавад. Мақсад ва вазифаҳо бояд сатҳи хизматрасонии истеъмолгаронро инъикос намояд. Онҳо бояд кормандони ширкатро муаррифӣ намоянд.
Таҳлил ва баҳои муҳити беруна. Одатан ин раванд раванди интиҳоии ба нақшагирии стратегӣ, чунки он базаи коркарди стратегияи ахлоқро таъмин менамояд.
Таҳлил ва баҳои муҳити дохила. Он имкониятҳои дохилиро муайян мекунад, ки ширкат ба он дар мубориза барои ба даст овардани дастовардҳо такя менамояд.
Коркард ва таҳлили алтернативаҳои стратегӣ ,интихоби стратегияҳо.Дар ин ҷо қарорҳое кабул мешаванд, ки чӣ тавр ширкат ба мақсадҳои худ мерасад ва вазифаҳои корпоративиро амалӣ мегардонад. То ки интихоби стратегӣ хушсифат бошад, сардорони звенои боло консепсияи аниқи рушди ширкатро дошта бошад. Интихоби стратегӣ бояд мушаххас ва акхела бошад.