Фанни Иқтисоди миллӣ

Монеаҳо дар ворид ва хориҷ шудан (ба соҳаҳо)

Монеаҳо дар ворид ва хориҷ шудан ба соҳа – маҷмўи омилҳои объективӣ ва субъективие, ки ба ширкати воридшаванда барои ташкили истеҳсолоти фоидаовар дар бозори соҳавӣ халал мерасонанд ва ё ба ширкати дар он мавқеи мустаҳкам гирифта барои баромаданаш бе хисораи назаррас муқобилият нишон медиҳанд.

Таснифи монеаҳо.

  1. Монеаҳои ғайристратегӣ – барои ширкатҳо нишонаҳои зоҳирианд, аз хусусиятҳои объективии бозори соҳавӣ бармеоянд ва бо технологияи истеҳсол, хусусиятҳои интихоби харидор динамика ва тақозои рақобати хориҷӣ робита доранд.
  2. монеаҳое, ки бо боздеҳи мусбати миқёс робита доранд, дар ҳолате ки хароҷоти миёна ва вобаста ба афзоиши боздеҳи истеҳсолот коҳиш меёбанд;
  3. монеаҳои маъмурӣ – санадҳои қонунгузорие, ки ба ягон тарзе ба маҳдуд кардани ба ягон тарзе ба маҳдуд сохтани фаъолияти корхонаҳое нигаронида шудаанд;
  4. монеаҳои шаҳрвандӣ, ки бо нигаронида шудани амалиёт аз ходимони давлат ба созмонҳои қобили кори шаҳрвандон, иттиҳодияҳои ихтисосии шаҳрвандон, ки қоидаҳо ва стандартҳои фаъолияти тахассусиро муайян менамоянд, робита доранд;
  5. монеаҳои хосияти иҷтимоию иқтисодӣ дошта, ки бо ҳаҷми мустақаргардидаи бозорҳо, қобили пардохт будани аҳолӣ, андозаи фаъолиятмандии рақибони хориҷӣ марбутанд;
  6. монеаҳое, ки бар афзалиятҳои мутлақ ва таносубии дараҷаи хароҷот асос ёфтаанд;
  7. монеаҳои марбут ба иқтисодиёти ғайриқонунӣ (ҷиноятӣ).
  8. Монеаҳои стратегӣ аз стратегияи фаъолияти ширкат ба миён меоянд:
  9. монеаҳои нархӣ – нархгузорие, ки воридшавиро маҳдуд менамояд;
  10. монеаҳои ғайринархӣ – (масалан, маблағгузориҳои иловагӣ барои таҷҳизот, ба навъҳо ҷудо кардани маҳсулот).
  11. ҳамгироии амудӣ онро дар назар дорад, ки ширкати дар бозор амалкунанда соҳиби ё дараҷаи ибтидоии ҷараёни истеҳсолот (ҳамгироии захираҳо) ё дараҷаи баъдӣ (ҳамгироии маҳсулоти ниҳоӣ) мебошад;
  12. афзоиши анвоъ (диверсификатсия) тақсими маҳсулоти ширкатро дар байни бозорҳои гуногун инъикос менамояд;
  13. қарордодҳои дарозмуддат бо шахсони сеюм, вазъест, ки ширкат бо таъминкунандагон, бо истеъмолкунандагон ва ё бо кормандони соҳа оид ба ҳамкорӣ қарордодҳои дарозмуддат ба тасвиб мерсонад. Дар ин вазъ ба ширкати нав дарёфти таъминкунандагон бо мавод, фурўшгоҳ мушкил мешавад ва монеаҳои самаранок барои воридшавӣ ба миён меоянд.

Нишондиҳандаҳои воридшавӣ:

  1. меъёри воридшавӣ;
  2. меъёри дохил гардидан;
  3. мўҳлати расидани ширкатҳои воридшаванда ба андозаҳои ширкатҳое, ки дар бозор амал менамоянд.

Нишондиҳандаҳои хориҷшавӣ:

  1. меъёри хориҷ шудан;
  2. нишондиҳандаи барқарор мондан – тақдири ширкатҳое, ки ба бозор 1-3 сол пеш ворид гардидаанд ва дар он истодан мехоҳанд.

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *