Фанни Иқтисоди миллӣ

МОЛИКИЯТ

Моликият (дороӣ) категорияи иқтисодист, ки муносибати байни субъектҳои муносибатҳои иқтисодиро оид ба захираҳои иқтисодӣ ифода менамояд.

Мафҳуми муносибатҳои моликият аз ҷиҳати мундариҷаи дохилӣ азбаски моликиятро аз мавқеъҳои гуногун арзёбӣ менамоянд, ду маъно дорад:

1) аз мавқеи категорияи иқтисодӣ;

2) аз мавқеи категорияи ҳуқуқӣ.

Таърифи иқтисодии моликият дар дохилаш ҷудо намудани чунин категорияҳоро тақозо менамояд:

1) муносибатҳои аз худ кардан;

2) муносибатҳои истифода дар хоҷагидорӣ;

3) муносибатҳои амалисозии иқтисодӣ.

Муносибатҳои аз худ кардани дороӣ маҷмўи амалиёти иқтисодист, ки одамон вобаста ба барқарор кардани муносибаташон ба ягон мол амалӣ месозанд.

Муносибатҳои истифодабарӣ дар хоҷагидорӣ – маҷмўи амалиёти иқтисодианд дар хусуси мувофиқи шартҳои фоидаовари тарафайн аз ҷониби соҳиби моликият ба шахси сеюм додани ягон мол (дороӣ).

Шаклҳои асосии истифода бурдан аз моликият дар хоҷагидорӣ:

1. Додани мол (дороӣ) мутобиқи қарордоди иҷора.

Иҷора – фармоиши пулакии мўҳлатдори ба қарордод асосёфта ва истифода аз ягон дороӣ бо роҳи дода шудани он аз ҷониби соҳибаш ба муддати муайян мувофиқи шартнома ба иҷоракор.

2. Мувофиқи шартнома ба консессия додани мол.

Консессия – фармоиши пулакии ба қарордод асосёфта ва истифода аз моли давлат бо роҳи дода шудани он ба шахси аз ҷониби давлат ваколатдор (ва ё муассиса) бо мақсади аз ҷониби ў ба роҳ мондани истеҳсолот ва бевосита истифода кардан аз дороии додашуда.

Иҷора ва консессия сабаби гузариши ҳуқуқи моликият аз як шахс ба шахси дигар шуда наметавонанд.

Муносибати амалисозии иқтисодии моликият – маҷмўи амалиёти иқтисодиянд, ки аз ҷониби соҳиби ягон мол (дороӣ) гузаронида мешаванд ва барои ба даст овардани фоидаи иқтисодӣ аз соҳибият ба ин мол нигаронида шудаанд.

Таърифи ҳуқуқии моликият маънои дар дохили ин мафҳум ҷудо намудани категорияҳои зеринро дорад:

1) соҳибият;

2) истифода кардан;

3) фармоиш додан.

Низоми муносибатҳои моликият унсурҳои ҳатмии зеринро дар бар мегирад:

1) шаҳрванд (шахси воқеӣ);

2) шахси ҳуқуқӣ;

3) давлат ва иттиҳодияҳои мунитсипалӣ (мақомоти худидоракунии маҳаллӣ).

Объектҳои ҳуқуқи моликият инҳоянд:

1) моли ғайриманқул;

2) моли манқул;

3) натиҷаҳои фаъолияти зеҳнӣ (дороии зеҳнӣ).

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *