Фанни Иқтисоди миллӣ

ЗИНАҲОИ РУШДИ ИСТЕҲСОЛОТ

Гардиши давраии иқтисодиёт – ҳаракати доимии силсилавии дороии ҷамъиятӣ мебошад. Гардиши давраии иқтисодиёт чор зинаи пайдарҳамро дар бар мегирад:

1. Истеҳсолот. Зинаи истеҳсолот ба бевосита офаридани неъматҳои иқтисодӣ (ҷамъиятӣ) барои қонеъ гардонидани талаботи одамон нигаронида шудааст.

2. Тақсимот. Зинаи тақсимот бар муайян кардани саҳми ҳар як шахс дар неъматҳои офаридашуда нигаронида шудааст.

3. Табодул. Зинаи табодул табдил – иваз кардани як неъматро ба дигараш дар назар дорад.

4. Истеъмол. Зинаи истеъмол аз ҷониби одамон истифода шудани неъматҳои иқтисодиро бо мақсади қонеъ гардонидани талаботаш дар назар дорад.

Ба ҳамин тариқ гардиши давраии иқтисодиёт бо пуррагӣ зиндагиву фаъолияти фарди ҷудогона ва ҷамъиятро таъмин менамояд. Давраи бунёдии гардиши давраи неъматҳои истеҳсоли онҳост, ки дар рушди таърихиаш якчанд зинаро тай намудааст. Се зинаи рушди истеҳсолот мавҷуд аст, ки ба се инқилоби техникӣ мувофиқат мекунанд.

1. Зинаи тоиндустралии истеҳсолот, ки хусусиятҳои зеринро дорост:

1) мавқеи ҳалкунандаро дар инҷо хоҷагии қишлоқ ишғол мекунад;

2) қисми зиёди аҳолӣ бо кишоварзӣ ва чорводорӣ машғул буданд;

3) дар ҳамаи соҳаҳои фаъолият меҳнати дастӣ мавқеи асосӣ дошт.

4) шакли асосии ташкили меҳнат хоҷагии натуралӣ буд;

5) тақсимоти ҷамъиятии меҳнат тараққӣ накарда буд, муносибатҳои истеҳсолӣ дар ҳолати рукуд қарор дошт.

Таҳаввулоти саноатии охири асри XVIII – ибтидои асри XIX боиси гардиши истеҳсолот ба зинаи индустриалӣ гардид.

2. Зинаи индустриалии истеҳсолот хусусиятҳои зеринро дорост:

1) нақши асосиро дар истеҳсолоти саноатӣ истифодаи васеъ аз мошинҳои технологӣ ва таҷҳизот мебозад;

2) қисми асосии аҳолии қобили меҳнат дар соҳаҳои истеҳсолоти индустриалӣ машғул буданд;

3) ҷараёни тақсимоти ҷамъиятии меҳнат ривоҷ ёфт;

4) шаҳрнишинии аҳолӣ (урбанизатсия) рў ба афзоиш дошт.

Инқилоби илмӣ – техникии дар миёнаи асри XX рўйдода барои гузариш ба зинаи баъдииндустриалии истеҳсолот сабаб гардиданд.

3. Зинаи баъдииндустриалӣ дорои хусусиятҳои зерин мебошад:

1) дар иқтисодиёт соҳаи хизматрасонӣ тараққӣ кард ва бо ин соҳа қисми зиёди аҳолӣ машғул буд;

2) мавқеи илм дар системаи қувваҳои истеҳсолкунанда мустаҳкам гардид;

3) дар заминаи технологияи пешрафта истеҳсоли неъматҳое ба роҳ монда шуд, ки пештар дар шакли тайёр дар табиат вуҷуд надоштанд:

4) тараққии иттилоотӣ ва автоматизатсияи ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқ.

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *