Манфиатҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи иттилоот
Манфиатҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар соҳаи иттилоот ба чор гурӯҳи асосӣ ҷудо кардан мумкин аст.
Якум, риояи ҳуқуқу озодиҳои конститутсионии инсон ва шаҳрванд дар соҳаи гирифтани иттилоот ва истифодаи он, таъмини тозагии маънавии ҷумҳурӣ, нигоҳ доштан ва мустаҳкам намудани арзишҳои ахлоқии ҷамъият, анъанаҳои ватандӯстӣ ва инсонпарварӣ, иқтидори маданӣ ва илмии мамлакат иборат аст.
Ба хотири ба ин ноил шудан зарур аст, ки
- истифодабарии инфраструктураи иттилоотӣ ба манфиати инкишофи ҷамъиятӣ, муттаҳидшавии ҷамъият, эҳёи маънавии халқи Тоҷикистон самаранок равона карда шавад;
- захираҳои иттилоотӣ, ки асоси иқтидори илмӣ-техникӣ ва маънавии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ташкил менамоянд, ташаккул ва такмил ёфта оқилона истифода шаванд;
- ҳуқуқу озодиҳои конститутсионии инсон ва шаҳрванд доир ба сирри шахсӣ ва оилавӣ, сирри мукотибот, гуфтугӯҳои телефонӣ, хабарҳои почтавӣ, телеграфӣ ва дигар хабарҳо ҳимоя ва таъмин шавад;
- механизмҳои танзими ҳуқуқии муносибатҳо дар соҳаи ҳифзи моликияти зеҳнӣ, ташкили шароитҳо барои риоя намудани маҳдудиятҳои бо қонунгузорӣ муқарраршуда барои дастрасӣ ба иттилооти махфӣ устувор карда шаванд;
- озодии ахбори умум, манъи сензура кафолат дода шаванд;
- ба тартибу ташвиқоте, ки барои барангехтани адовати иҷтимоӣ, нажотпарастӣ, миллатгароӣ ё мазҳабӣ мусоидат менамояд, роҳ дода нашавад;
- иттилоотро дар бораи ҳаёти шахсии инсон бе розигии ӯ ҷамъ намудан, нигоҳ доштан, истифода ва паҳн кардан манъ карда шавад.
Дуюм. таъмини иттилоотии сиёсати давлатӣ вобаста ба расонидани иттилооти саҳеҳ ба халқи Тоҷикистон ва ҷомеаи байналмилалӣ дар бораи сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мавқеи расмии он оид ба рӯйдодҳои аз ҷиҳати иҷтимоӣ аҳамиятноки ҷумҳурӣ ва ҳаёти байналхалқӣ, бо таъмини дастрасии шаҳрвандон ба захираҳои иттилоотии кушодаи давлатиро дар бар мегирад.
Барои ноил шудан ба ингуна манфиатҳо зарур аст, ки:
-
- воситаҳои ахбори умуми давлатӣ, васеъ намудани имкониятҳои сари вақт ба шаҳрвандони ҷумҳурӣ ва хориҷӣ расонидани иттилооти саҳеҳ пурқувват карда шаванд;
- захираҳои иттилоотии кушодаи давлатӣ босуръат ташаккул дода шаванд.
Сеюм. истифодаи технологияҳои ҳозиразамони иттилоотӣ, ташкили саноати ватании иттилоот, аз ҷумла саноатикунонии воситаҳои иттилоотикунонии телекоммуникатсионӣ ва алоқа, таъмини талаботи бозори дохилӣ бо маҳсулоти онро дар бар мегирад.
Ба ин хотир чунин чораҳо бармеоянд:
- инкишоф ва такмил додани фазои ягонаи инфраструктураи иттилоотии ҷумҳурӣ;
- ташкили саноати ватании хизматрасонии иттилоотӣ, воситаҳои дастгоҳӣ ва барномавии ҳифзи иттилоот;
- таъмини дастгирии давлатии тадқиқотҳо дар соҳаҳои иттилооткунонӣ, телекоммуникатсиякунонӣ ва алоқа.
Чорум. ҳимояи захираҳои иттилоотӣ аз дастрасии беиҷозат, таъмини амнияти системаҳои иттилоотӣ ва телекоммуникатсионии дар қаламрави мамлакат амалкунанда ва ҳам сохташавандаро дар бар мегирад.
Ба ин хотир зарур аст, ки:
- амнияти системаҳои иттилоотӣ (шабакаҳои алоқа, шабакаҳои ибтидоии системаҳои иттилоотии мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва идоракунӣ, соҳаҳои молиявӣ-қарздиҳӣ ва бонкӣ, фаъолияти хоҷагидорӣ, инчунин воситаҳои иттилоотикунонии Қувваҳои Мусаллаҳ ва техникаи ҳарбӣ, системаи идоракунии қӯшунҳо ва аслиҳаҳо таъмин карда шаванд;
- таъмини ҳифзи маълумоте, ки сирри давлатиро ташкил менамоянд;
- васеъ намудани ҳамкориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи инкишоф ва бехавф истифода бурдани захираҳои иттилоотӣ.
Таҳдид ба амнияти иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон гуногун буда, дар чунин самтҳо сурат мегирад:
— таҳдид ба хуқуқу озодиҳои конститутсионии инсон ва шаҳрванд дар соҳаи ҳаёти маънавӣ ва фаъолияти иттилоотӣ, шуурнокии фардӣ, гурӯҳӣ ва ҷамъиятӣ, эҳёи маънавии ҷумҳурӣ;
— таҳдид ба ташкили саноати иттилоотии ватанӣ ва истифодаи самараноки захираҳои иттилоотии ватанӣ;
— таҳдид ба амнияти воситаҳо ва системаҳои иттилоотӣ ва телекоммуникатсионии ҷумҳурӣ.
Чун таҳдид ба ба амнияти миллӣ ҳисобида мешаванд:
-
- санадҳои меъёрию ҳуқуқие, ки ҳуқуқу озодиҳои конститутсионии шаҳрвандонро дар соҳаи ҳаёти маънавӣ ва фаъолияти иттилоотӣ маҳдуд менамоянд, агар онҳо аз тарафи мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва идоракунӣ қабул карда шаванд;
- барои ташаккул, гирифтан ва пахши иттилоот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла бо истифодаи системаҳои телекоммуникатсионӣ мавқеи монополӣ ба вуҷуд оварда шавад;
- барои дастрасӣ ба иттилооти зарурии ҷамъиятӣ маҳдудияти беандозаи ғайриоқилона муқаррар карда шавад; ғайриқонунӣ маҳдуд намудани дастрасии шаҳрвандон ба захираҳои иттилоотии кушодаи мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва идоракунии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба маводи кушодаи бойгонӣ, ба дигар иттилооти кушодаи аз ҷиҳати иҷтимоӣ аҳамиятнок;
- аз тарафи мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва идоракунӣ, ташкилотҳо ва шаҳрвандон иҷро накардани талаботи қонунгузорие, ки муносибатҳоро дар соҳаи иттилоотӣ ба танзим медароранд;
- вайронкунии ҳуқуқу озодиҳои конститутсионии инсон ва шаҳрванд дар соҳаи ахбори умум;
- берун кардани агентҳои иттилоотии Тоҷикистон, воситаҳои ахбори умум аз бозори дохилии иттилоотӣ ва пурзӯр намудани вобастагии муҳити маънавӣ, иқтисодӣ ва сиёсии ҳаёти ҷамъиятии ҷумҳурӣ ба сохторҳои иттилоотии хориҷӣ;
- беқурбшавии арзишҳои маънавӣ, ташвиқоти намунаҳои фарҳанги оммавӣ, ки ба парастиши зӯрӣ, ба арзишҳои маънавӣ ва ахлоқие асос ёфтанд, ки хилофи арзишҳои дар ҷамъияти Тоҷикистон қабулшуда мебошанд;
- паст шудани иқтидори маънавӣ, ахлоқӣ ва эҷодии аҳолии Тоҷикистон;
- қаллобии иттилоотӣ (маълумоти дурӯғ, пинҳонкунӣ ё вайронкунии иттилоот).
Ба таъмини иттилоотии сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳдид шуда метавонанд:
-
- монополикунии бозори иттилоотии Тоҷикистон, бахшҳои алоҳидаи он аз ҷониби сохторҳои иттилоотии ватанӣ ва хориҷӣ:
- муҳосира кардани фаъолияти воситаҳои ахбори умуми давлатии ахборотдиҳӣ ба шунавандагони Тоҷикистон ва хориҷӣ:
- самаранокии пасти таъмини иттилоотии сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар натиҷаи кам будани кадрҳои баландихтисос, мавҷуд набудани системаҳои ташаккул ва татбиқи сиёсати иттилооти давлатӣ.
Таҳдид ба амнияти воситаҳо ва системаҳои иттилоотӣ шуда метавонанд:
— ҷамъкунӣ ва истифодаи зиддиҳуқуқии иттилоот;
— вайронкунии технологияи коркарди иттилоот;
— таҳия ва пахши барномаҳое, ки фаъолияти мӯътадили системаҳои иттилоотӣ ва иттилоотӣ-телекоммуникатсионӣ, аз ҷумла системаҳои ҳифзи иттилоотиро вайрон менамоянд;
— нобуд кардан, зарар расондан, фурӯнишонии радиоэлектронӣ ё харобкунии воситаҳо ва системаҳои коркарди иттилоот, телекоммуникатсия ва алоқа;
— таъсиррасонӣ ба системаҳои паролӣ-калидии ҳифзи системаҳои автоматикунонидашудаи коркард ва пахши иттилоот;
— ихроҷ шудани иттилоот бо роҳҳои техникӣ;
— вайронкунии маҳдудиятҳои қонунӣ ва пахши иттилоот.
Таҳдиди амнияти иттилотии миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон сарчашмаҳои берунӣ ва дохилии худро дорад.
Ба сарчашмаҳои берунӣ мансубанд:
- фаъолияти сохторҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, ҳарбӣ, разведкавӣ ва иттилоотии хориҷӣ, ки зидди манфиатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи иттилоот равона карда шудааст;
- кӯшиши мамлакатҳои ҳарифони эҳтимолӣ ба маҳдуд кардани манфиатҳои Тоҷикистон дар фазои иттилоотии ҷаҳонӣ, баровардани он аз бозорҳои иттилооти берунӣ;
- тезутунд шудани рақобати байналмилалӣ барои соҳиб шудан ба технология ва захираҳои иттилоотӣ;
- фаъолияти ташкилотҳои террористии байналхалқӣ;
- зиёд шудани фарқ дар пешравии технологии давлатҳои мутараққии ҷаҳон ва зиёд гардидани имконияти онҳо дар ташкили технологияҳои қобили рақобати иттилоотӣ дар мамлакатҳои рӯ ба инкишоф;
- фаъолияти воситаҳои техникии коинотӣ, ҳавоӣ, баҳрӣ, рӯизаминӣ ва дигар воситаҳои разведкаи давлатҳои хориҷӣ;
- аз тарафи як қатор давлатҳо таҳия шудани консепсияи ҷанги иттилоотӣ, ки ташкили воситаҳои таъсири хатарнокро ба соҳаҳои иттилоотии дигар мамлакатҳои ҷаҳон, вайронкунии фаъолияти мӯътадили системаҳои иттилоотӣ ва телекоммуникатсионӣ.
Ба сарчашмаҳои дохилӣ мансубанд:
-
- ҳолати бӯҳронии соҳаҳои саноати ватанӣ;
- мутобиқати нокифояи фаъолияти мақомоти ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ташкил ва татбиқ намудани сиёсати ягонаи давлатӣ дар соҳаи таъмини амнияти иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- таҳияи нокифояи базаи меъёрии ҳуқуқие, ки муносибатҳоро дар соҳаи иттилоотӣ ба танзим медарорад, инчунин амалияи нокифояи татбиқи ҳуқуқ;
- инкишоф наёфтани институтҳои ҷамъияти шаҳрвандӣ ва назорати нокифояи давлатӣ аз болои тараққии бозори иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- маблағгузории нокифояи чорабиниҳои таъминияти иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- иқтидори нокифояи иқтисодии давлат;
- паст шудани самаранокии системаҳои таълиму тарбия, шумораи нокифояи кадрҳои баландихтисос дар соҳаи таъмини амнияти иттилоотӣ;
- фаъолияти нокифояи мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва идоракунӣ дар хабардоркунии ҷамият оид ба фаъолияти худ, дар шарҳдиҳии қарорҳои қабулшуда, дар ташаккули захираҳои кушодаи давлатӣ ва инкишофи системаҳои дастрасии шаҳрвандон ба онҳо;
- ақиб мондани Ҷумҳурии Тоҷикистон аз дигар мамлакатҳои ҷаҳон аз руи сатҳи иттилоотонии мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии маҳаллӣ, соҳаи қарздиҳӣ-молиявӣ, саноат, хоҷагии қишлоқ, маориф, тандурустӣ, экология, соҳаи хизматрасонӣ ва маишии шаҳрвандон;
Таъмини нокифояи ҳуқуқи шаҳрвандон ба дастрасии иттилоот, қаллобии иттилоот аксуламали номатлуби аҳолиро ба вуҷуд меорад, ки дар як қатор ҳолатҳо ба ноустувории вазъи иҷтимоию сиёсӣ дар ҷамъият оварда мерасонад (Нақшаи 11.1).
Таҳдидҳои интеллектуалии бехатарӣ
Намудҳои таҳдиди интеллектуалии шахсият
Таҳқир намудан
Усулҳои ҳифзкунӣ аз таҳдиди интеллектуалӣ
Омўзиши кормандон ба усулҳои эҳтиеткорӣ бо ҳуҷҷатҳо ва дороиҳои иттилоотӣ
Омодасозии кормандон ба усулҳои психологии мубориза
Таъсиси мақоми
ҳифзи ҳуқуқ
Хабари пешакӣ бардурўғро расондан
Ќаллобгарӣ
Тамаъҷўӣ
Суиистеъмолкунӣ аз боварии одамон
Тўҳмат кардан
Нақшаи 11.1. Намудҳо ва усулҳои ҳифзи интеллектуалии шахсият.