Фанни Иқтисоди миллӣ

Қонунгузории зиддиинҳисорӣ ва мақомоти давлатии сиёсати зиддиинҳисорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Қонунгузории зиддиинҳисорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Ташаккули муҳити рақобат яке аз арзишҳои иқтисоди бозорӣ буда, давлатро водор месозад, ки ин вазифаи нави давраи ислоҳотро ба ӯҳда гирифта анҷом диҳад. Дар Тоҷикистон, ки дар гузашта иқтисодиёти пурра ба инҳисороти давлатӣ асосёфтаи хоҷагии плании мутамарказро дар ҳайати давлати Шуравӣ аз сар гузаронд, ташаккули муҳити рақобат зуҳуроти нав мебошад.

Маълум аст, ки рақобат бе шикасти монополизм ба вуҷуд намеояд, бинобар, қадами нахустине, ки онро дар роҳи ташаккули муҳити рақобат бояд ниҳод – ин ғайриинҳисорӣ намудани иқтисодиёт ва муҳайё намудани шароити ташкилӣ барои рақобати боинсофонаву бовиҷдонона.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти бунёди асосҳои ташкиливу ҳуқуқии маҳдудкунӣ ва қать кардани фаъолияти инҳисорӣ ва рақобати бевиҷдонона кори пайгирона бурда мешавад. Қонунҳои зиддиинҳисорӣ дар мамлакат мунтазам такмил меёбанд. Дар давоми солҳои 1993-2006 ба хотири барпо намудан ва самарабахш амал намудани бозорҳои мол ин қонунҳо се маротиба аз нав таҳия гаштанд: нахустин Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин самт «Дар бораи маҳдудсозии фаъолияти инҳисорӣ ва равнақи рақобат» 27 декабри соли 1993 таҳти рақами 871 қабул шуда буд. Қонуни дуюм, ки 29 ноябри соли 2000 таҳти рақами 11 қабул гардид, «Дар бораи рақобат ва маҳдудкунии фаъолияти инҳисорӣ дар бозорҳои мол» ном дошт. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рақобат ва маҳдудкунии фаъолияти инҳисорӣ дар бозорҳои мол» маротибаи сеюм 28 июли соли 2006 таҳти рақами 198 қабул гардида, қонунҳои пешина аз эътибор соқит дониста шуданд.

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи монополияҳои табиӣ» № 525 13 декабри соли 1997 қабул шуда, қонуни нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи ворид намудани тағйирот ва иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи монополияҳои табиӣ» аз 12 майи соли 2001 № 5 қабул гардид.

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимоя ва дастгирии давлатии соҳибкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 10 майи соли 2002, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон» аз 9 декабрт соли 2004, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи реклама», Консепсияи рушди соҳибкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2015, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 декабри соли 2004 № 469 тасдиқ шудааст, аз ҷумлаи санадҳои ҳуқуқии пешгирии фаъолияти инҳисорӣ буда, барои равнақи муносибатҳои бозорӣ дар мамлакат равона шудаанд.

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 июли соли 2006, № 198 «Дар бораи рақобат ва маҳдудкунии фаъолияти инҳисорӣ дар бозорҳои мол» муносибатҳоеро фаро мегирад, ки дар бозорҳои молии кишвар ба рақобат таъсир мерасонанд. Дар ин муносибатҳо шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, аз ҷумла хориҷӣ, мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот иштирок мекунанд. Қонун инчунин дар ҳолатҳое истифода бурда мешавад, ки амалиёт ва созишномаҳои аз тарафи шахсони мазкур ва мақомоти номбаршуда берун аз ҳудуди Тоҷикистон мутаносибан содир ё басташуда боиси маҳдудияти рақобат мешаванд ё шуда метавонанд, ё худ дар бозорҳои молии ҷумҳурӣ боиси дигар оқибатҳои манфӣ мешаванд.

Қонуни зиддиинҳисории Тоҷикистон фаъолияти инҳисориро дар зоҳир шудани пеш аз ҳама мавқеи ҳукмфармоӣ мебинад, бинобар ин муайян намудани нишонаҳои мушаххаси ингуна мавқеъ барои андешидани чораҳои зиддиинҳисорӣ зарур мебошанд1)[1]*

Дар ҷумҳурӣ фаъолияти инҳисориеро, ки аз суиистифодаи субъекти хоҷагидор дар бозори мол бармеояд, қонуни номбурда манъ намудааст.

Ингуна суиистифода дар амал ё беамалии субъекти хоҷагидор (гурӯҳи шахсон) ифода меёбад, ки боиси роҳ надодан, маҳдуд сохтан, барҳам додани рақобат ё халалдор намудани манфиати дигар субъекти хоҷагидор ё шахсони воқеӣ мегарданд.

Қонун чунин амалҳоро манъ намудааст:

— аз муомилот гирифтани молҳо ба хотири ташкил намудани камчинӣ дар бозор ё баланд бардоштани нарх;

— ба зиммаи аҳли шартнома бор кардани талаботе, ки барояш муфид нест ва ба мавзӯи шартнома дахл надорад, чунончӣ, беасос додани воситаҳои молиявӣ, амволи дигар, ҳуқуқи амволӣ, қувваи корӣ, ба шартнома илова кардани муқаррарот оид ба молҳое, ки ба онҳо истеъмолкунанда ба онҳо ҳавасманд нест ва ғайра;

— ба шартнома дохил намудани шартҳои табъизӣ (дискриматсионӣ), ки аҳли шартномаро нисбат ба дигар субъектҳои хоҷагидор дар вазъияти нобаробар мегузорад;

— монеият кардан ба субъектҳои хоҷагидори дигар ҳангоми дохил шудан ба бозор (баромадан аз бозор);

— вайрон кардани қоидаи нархгузорӣ, ки дар асоси санади меъёрӣ муқаррар шудааст;

— муқаррар ва дастгирӣ кардани нархҳои баланди (пасти) инҳисорӣ;

— ба харидорони ҳамон як мол муқаррар намудани нархҳои (тарифҳои) гуногуне, ки аз нигоҳи иқтисодӣ, техникӣ ва ғайра беасос мебошанд;

— фароҳам овардани шароити табъизӣ (дискриминатсионӣ);

— беасос кам ё қатъ кардани истеҳсоли молҳое, ки ба онҳо истеъмолкунандагон талабот доранд ва ё онҳоро фармудаанд, агар имконияти безарар истеҳсол кардани онҳо мавҷуд бошад;

— беасос даст кашидан аз бастани шартнома бо харидорони (супоришдиҳандагони) алоҳида, агар имконияти истеҳсол ва таҳвили моли дахлдор мавҷуд бошад.

Қонун дар бораи рақобат ва маҳдудкунии фаъолияти инҳисорӣ инчунин ба субъектҳои хоҷагидоре, ки дар бозори як мол (молҳои баҳамивазшаванда) амал мекунанд, бастани шартномаҳо, аҳдҳои дигар, созишномаҳо ё анҷом додани амали мувофиқашударо, ки боиси натиҷаҳои зайл мегарданд, манъ намудааст:

— муқаррар намудани (дастгирии) нархҳо (тарифҳо), тахфиф, изофапулӣ, нархҳои иловашуда, хароҷот, фоида ё ҳама гуна амалҳои дигар;

— баланд бардоштан, паст кардан ё тағйир надодани нарх дар музояда ва савдо;

— дар хусуси муштарак ворид гардидан ба бозор, баромадан аз бозор, тақсими бозор тибқи аломати ҳудудӣ, оид ба ҳаҷми фурӯш ё харид мутобиқи навъҳои молҳои фурӯхташаванда ё вобаста ба доираи фурӯшандаҳо ё харидорон (фармоишгарон);

— маҳдуд сохтани ҳуқуқи ворид шудан ба бозор ё аз он бартараф намудани дигар субъектҳои хоҷагидор ба сифати фурӯшандагони моли муайян ё харидорони (фармоишгарони ) он;

— маҳдуд сохтани истифодаи иттилоот ё аз иттилооти ҳолати бозор маҳрум намудани субъектҳои хоҷагидор;

— шартнома набастан бо фурӯшандагон ё харидорони (фармоишгарони) муайян;

— ба зиммаи аҳли шартнома вогузоштани талаботе, ки барояш судманд ва ба мавзӯи шартнома алоқаманд намебошад;

— ихтисор ё қать кардани истеҳсоли молҳое, ки ба онҳо эҳтиёҷ ё фармоиш вуҷуд дорад, ҳангоми мавҷудияти имконияти истеҳсоли безарари онҳо.

Қонун дар бораи рақобат ва маҳдудкунии фаъолияти инҳисорӣ ба мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот қабул намудани санад ё ба анҷом расонидани амалҳое, ки мустақилияти субъектҳои хоҷагидориро маҳдуд месозанд, шароити табъизӣ ё баракс, имконияти мусоидро барои фааъолияти субъектҳои хоҷагидори алоҳида фароҳам меоранд, манъ намудааст,1)[2]*, агар ин санад ва амалиёт боиси роҳ надодан, бартараф намудан ва маҳдудшавии рақобат, халалдор намудани манфиатҳои субъектҳои хоҷагидор ё шаҳрвандон гарданд.

Яке аз амалиёти суъектҳои хоҷагидоре, ки қонуни номбурда онҳоро пешгирӣ менамояд, рақобати бевиҷдонона мебошад, ки дар шароити бозор дар чунин шаклҳо зоҳир мегардад:

— паҳн намудани маълумоти бардурӯғ, носаҳеҳ, ё таҳрифшуда, ки боиси зарар ба дигар субъектҳои хоҷагидор мегарданд ё обрӯи кориашонро паст мегардонад;

— ба иштибоҳ гузоштани истеъмолкунандагон оид ба хусусият, тарз, ҷои истеҳсол ва хосиятҳои истеъмолию сифатӣ ва миқдори мол ё истеҳсолкунандагони он, аз ҷумла рекламаи мол (кор, хизматрасонӣ), ки ба талаботи сифат ҷавобгӯ намебошад;

— муқоисаи номуносиби молҳои истеҳсолшаванда ва фурӯхташавандаи як субъекти хоҷагидор бо субъектҳои хоҷагидори дигар (аз ҷумла дар ҷараёни тарғибу ташвиқ);

— гирифтан, истифода бурдан, ошкор сохтани иттилооти дорои сирри тиҷоратӣ ё хизматӣ ё дигар сирри бо қонун ҳифзгардида;

— истифодаи худсаронаи аломати мол, номи фирмавӣ ё нишонгузорӣ, инчунин нусхабардории борҷома ва намуди моли субъекти хоҷагидори дигар, ки метавонанд рақибонро аз фаъолияти соҳибкориашон маҳрум созанд;

— дахолат кардан ба фаъолияти соҳибкорӣ, додани имтиёзҳои гуногуни моддӣ ба кормандони субъектҳои хоҷагидори рақобаткунанда бо мақсади ба тарафи худ кашидану моил сохтани онҳо ба иҷрои ӯҳдадориҳои меҳнатӣ;

  • ҳама гуна амале, ки воқеан метавонад дастрас будани бозорро хеле маҳдуд кунад.

Дар байни монополияҳое, ки дар иқтисоди бозорӣ ҳукмронӣ мекунанд, монополияҳои табиӣ ва монополияи маъмурӣ мавқеи махсусро ишғол мекунанд. Онҳоро чунин гурӯҳбандӣ намудан мумкин аст (ниг. Нақшаи 17.1)

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи монополияҳои табиӣ», ки аз 12 майи соли 2001 № 5 қабул гардид, фаъолияти субъектҳои монополияҳои табииро дар соҳаҳои зерин танзим менамояд:

хизматрасонӣ дар мавриди истеҳсол ва интиқоли қувваи

барқ ва гармӣ;

хизматрасонӣ дар мавриди харид, ҳамлу нақл ва расонидани гази табиӣ тавассути қубурҳо;

боркашонӣ аз тариқи роҳи оҳан ва авиатсия;

хизматрасонии терминалҳои (майдонҳои) нақлиётӣ, аэропортҳо;

хизматрасонии алоқаи истифодаи умумибарқӣ ва почта;

истеҳсоли маҳсулоти барои мудофиа таъингардида.

Дар ҷомеа монополияи маъмурӣ метавонанд ба вуҷуд оянд, ки онҳо аз ҷониби давлат дастгирӣ шуда, дар тобеияти худ фаъолияти судҳо, ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, амнияти давлатӣ ва ғайра ниҳодҳоро фаро мегиранд.

Нишонаҳои таснифот Намудҳои монополияҳои табиӣ
Ҳудуди фазои ҷуғрофии бозор
  1. Ҷумҳуриявӣ
  2. Минтақавӣ
  3. Мунитсипалӣ
Аз рӯйи нишонаи соҳавӣ (мансубият ба соҳа ё намуди истеҳсолот )
  1. Дар соҳаи комплекси сӯзишворию энергетикӣ:
    • интиқоли нафт ва маҳсулоти нафтӣ;
    • интиқоли газ;
  2. Дар соҳаи алоқа:
    • алоқаи телефонии симӣ;
    • алоқаи почтаи умумӣ;
  3. Дар соҳаи нақлиёт:
    • хизматрасонии фурудгоҳҳо;
    • хизматрасонии нақлиёти роҳи оҳан;
    • хизматрасонии терминалҳои нақлиётӣ;
    • хизматрасонии бандаргоҳҳои баҳрӣ ва дарёгӣ.
  4. Дар хоҷагии коммуналӣ:
    • обтаъминкунии марказонидашуда;
    • канализатсия;

гармидиҳии марказонидашуда.

Аз рӯйи вобастагии мӯҳлати амалкунии монополияҳои табиӣ
  1. Мӯҳлат муқаррар шудааст
  2. Мӯҳлат муқаррар нашудааст
Аз нигоҳи таҷассум-кунии субъектҳои монополияҳои табиӣ нишонаҳои дигар навъҳои монополияҳо
  1. Монополияҳои табии соф
  2. Монополияҳои табии омехта
  3. Монополияҳои бардурӯғ табиӣ (сохта)
Мавҷудияти танзими давлатии мустақим
  1. Монополияҳои табии танзимшаванда
  2. Монополияҳои табии танзимнашаванда
Тааллуқ доштани субъектҳои монополияҳои табиӣ ба шаклҳои моликият
  1. Монополияҳои табиӣ дар моликияти давлатӣ:
    • корхонаҳои моликияти ҷумҳуриявӣ;
    • корхонаҳои моликияти коммуналӣ;

2. Монополияҳои табии хусусӣ

Нақша 17.1 Гурӯҳбандии монополияҳои табиӣ

Дар самти ҳифз намудани фаъолияти субъектҳои хоҷагидор аз дахолати ғайриқонунӣ Қонуни нави Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 июли соли 2006, № 194 «Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» тартиби гузаронидани санҷишҳоро муқаррар намуда, муносибатҳоро вобаста ба ташкил ва гузаронидани санҷишҳои фаъолияти субъектҳои хоҷагидор аз ҷониби мақомоти санҷиш танзим менамояд.

  1. 1) Дар Ќонуни Љумҳурии Тоҷикистон аз 28 июли соли 2006, № 198 «Дар бораи рақобат ва маҳдудкунии фаъолияти инҳисорӣ дар бозорҳои мол» мавқеи ҳукмфармоӣ чунин шарҳ ёфтааст: «мавқеи ҳукмфармоӣ – мавқеи махсуси як ё якчанд субъектҳои хоҷагидор дар бозори моле, ки ивазкунанда ё молҳои баҳамивазшаванда (минбаъд-моли муайян) надорад, ҳамчунин ба вай (онҳо) имконият медиҳад ба шарту шароити умумии муомилот дар бозори моли дахлдор таъсири ҳалкунанда расонад ё дохил шудани дигар субъектҳои хоҷагидорро ба бозор мушкил гардонад».

    Мавқеи ҳукмфармоӣ инчунин мавқеи субъекти хоҷагидоре шуморида мешавад, ки ҳиссаи он дар бозори моли муайян 50% ва аз он зиёдро ташкил диҳад, ғайр аз ҳолатҳое, ки субъекти хоҷагидор исбот кунад, ки сарфи назар аз баланд гардидани андозаи нишондодашуда мавқеи он дар бозор ҳукмфармо намебошад.

    Мавқеи субъекти хоҷагидор дар сурате низ мавқеи ҳукмфармоӣ шуморида мешавад, ки ҳиссаи он дар бозори моли муайян аз 50% камро ташкил диҳад, агар ин ҷиҳат аз тарафи мақомоти давлатии зиддиинҳисорӣ дар асоси устувории ҳиссаи субъекти хоҷагидор дар бозор, андозаи нисбии ҳиссаи ба рақобаткунандагон тааллуқдошта ва (ё) имконияти дар бозор дохил гардидани рақибони нав ё дигар меъёри бозори молиро тавсифкунанда муқаррар гардида бошад. Мавқеи ҳукмфармоии субъекти хоҷагидор дар ҳолате эътироф намешавад, ки агар ҳаҷми маҳсулот дар бозори моли муайян аз 35% зиёд набошад, ба истиснои ҳолатҳое, ки дар поён зикр гардидаанд.

    Мавқеи ҳар кадоме аз якчанд субъектҳои хоҷагидор ҳукмфармо эътироф карда мешаваад, агар нисбати онҳо шартҳои зайл иҷро гардида, субъектҳои хоҷагидор исбот накардаанд, ки мавқеи онҳо ҳукмфармо намебошад:

    — маҷмўи ҳиссаи на бештар аз 3 субъектҳои хоҷагидор, ки ҳиссаи ҳар кадоми онҳо аз ҳиссаи дигар субъектҳои хоҷагидор дар ин бозор аз 50% зиёдтар аст. Агар ҳиссаи ҳатто яке аз субъекти хоҷагидори зикршуда аз 5% камтар бошад, қоидаи мазкур татбиқ намегардад;

    — маҷмўи ҳиссаи на бештар аз 5 субъектҳои хоҷагидор, ки ҳиссаи ҳар кадоми онҳо аз ҳиссаи дигар субъектҳои хоҷагидор дар ин бозор аз 70% баландтар аст. Агар ҳиссаи ҳатто яке аз субъектҳои хоҷагидори зикршуда аз 5% камтар бошад, қоидаи мазкур татбиқ намегардад;

    — андозаи нисбии ҳиссаи чунин субъектҳои хоҷагидор устувор аст ё ба ҳамин бозори мол дастрасии рақибони нав маҳдуд мебошад;

    — моли аз ҷониби чунин субъектҳои хоҷагидор фурўхташаванда (харидашаванда) наметавонанд дар раванди истеъмол (аз ҷумла истеҳсолот)ба моли дигар иваз карда шавад, болоравии нархи мол боиси пастравии талаботи хоси он шуда наметавонад.

    Мавқеи субъекти хоҷагидор – субъекти монополияи табиӣ дар бозори мол, ки дар ҳолати инҳисори табиӣ қарор дорад, ҳукмфармо мебошад. (Моддаи 3. Ќонуни Љумҳурии Тоҷикистон аз 28 июли соли 2006, № 198 «Дар бораи рақобат ва маҳдудкунии фаъолияти инҳисорӣ дар бозорҳои мол»).

  2. 1) Дар ҳолати вайрон кардани қонунгузории зиддиинҳисорӣ субъектҳои хоҷагидор (роҳбарони онҳо) ба ҷавобгарӣ аз рўйи моддаи 20-и боби 5, шахсони мансабдори мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидораи шаҳрак ва деҳа аз рўйи моддаи 21, шахсони мансабдори мақомоти давлатии зиддиинҳисорӣ бошад — аз рўйи моддаи 23 қонуни мазкур ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

    Ќонун дар банди ҷавобгарӣ барои вайрон кардани қонунгузории зиддиинҳисорӣ пешбинӣ менамояд, ки барои вайронкориҳо субъектҳои хоҷагидор, шахсони мансабдори мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидораи шаҳрак ва деҳа ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуда, ҳамчун чораи ҷазо миқдори гуногуни ҷарима баста мешавад. Барои дар мўҳлати муқарраргардида иҷро накардани қарор ва амрияи мақомоти давлатии инҳисорӣ ба шахсони мансабдори мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидораи шаҳрак ва деҳа ба тариқи ҷавобгарии маъмурӣ ба андозаи аз 100 то 5000 ҳадди ақалли музди меҳнат ҷарима баста мешавад (моддаи 21).

Главный Редактор

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *