Имкониятҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳалли проблемаи озуқаворӣ дар давраи татбиқи барномаҳои дарозмуддат
Имкониятҳои Тоҷикистон барои ҳалли проблемаҳои озуқаворӣ дар дохили мамлакат васеъ мебошанд. Масалан соҳаи кишоварзӣ ҳанӯз аз захираҳои дохилии худ дар бахши ҳалли самараноки масъалаҳои озуқаворӣ пурра истифода намебарад. Ҳосилнокии маҳсулоти ғаллагӣ ва дигар маҳсулоти озуқаворӣ, инчунин маҳсулнокии чорво хеле паст боқӣ мемонад.
Таъмини бехатарии озуқавории кишвар бо доир намудани тадбирҳои зерин имконпазир аст:
истифодаи дастовардҳои илмию техникии соҳаи кишоварзӣ вобаста ба зиёд кардани ҳосилнокии маҳсулоти кишоварзӣ ва маҳсулнокии чорво;
пешгирии роҳи талафот ҳангоми ҷамъоварӣ, интиқол ва нигаҳдории маҳсулоти озуқаворӣ, ки ҳоло то 25% маҷмӯи ғалладонаи ҷамъоваришавандаро ташкил медиҳад;
таъмини боэътимодии воридоти озуқаворӣ бо роҳи аз байн бурдани монеаҳои сунъие, ки дар тӯли ҳаракати молҳо то ҷои истеъмоли ниҳоӣ ба вуҷуд меоранд ё тағйири хатти ҳаракати байнидавлатии чунин молҳо ба кишвар.
Афзоиши ҳосилнокӣ дар сурати ҳатто тағйир наёфтани сохтори майдонҳои кишти маҳсулоти хӯрокворӣ ва ҳиссаи заминҳои обёришаванда метавонад ба таври пурра таҳдиди бӯҳрони озуқавориро аз байн барад. Ҳангоми афзоиши ҳосилнокии миёнаи ғалладона ва маҳсулоти лӯбиёгӣ (ба шумули ҷуворимаккаи ғаллагӣ) то 50 сентнер\га, ҷамъоварии маҷмӯии ғалладона аз заминҳои обёришаванда метавонад 560-570 ҳаз. тоннаро ташкил диҳад, ҳангоми афзоиши ҳосилнокии ин намуди маҳсулот дар заминҳои лалмӣ то 15 сентнер\га ҷамъоварии ғалла аз заминҳои лалмӣ метавонад ба 462 ҳаз. тонна расад. Ҷамъоварии маҷмӯии ғалладона дар ҳаҷми 1050-1100 ҳаз. тонна метавонад ба таври пурра хатари вобастагии кишварро ба ғалла аз байн барад.
Комёбиҳои илми муосири кишоварзӣ имкон медиҳанд, ки ҳосилнокии картошка то 330 сентнер, сабзавот то 300 сентнер, мева ва ангур –то 150 сентнер\га расонида шавад. Дар ҳамин майдонҳои кишт ҷамъоварии то 840 ҳаз. тонна картошка, 1050-1150 ҳаз. тонна сабзавот, 2,5 млн. тонна меваҷот мумкин аст.
Аз рӯйи маълумотҳои оморӣ соли 2005 дар ҷумҳурӣ маҳсулоти озуқаворӣ дар чунин ҳаҷм истеҳсол гардидааст:1)[1]*
- ғалла 934776 тонна;
- сабзавот 715,4 ҳазор тонна;
- полизӣ 170, ҳхазор тонна;
- мева 148,2 ҳазор тонна;
- ангур 90,3 ҳазор тонна;
- картошка 554,9 ҳазор тонна.
Дар сурате, ки имконияти афзоиши назарраси заминҳои обёришавандаю лалмӣ барои кишти ғалладона ва дигар маҳсулоти озуқаворӣ дар ояндаи миёнамӯҳлати наздик пешбинӣ намешавад, имкониятҳои васеъ кардани майдони ангур ва боғот вуҷуд доранд. Ба роҳ мондани кор дар мавриди ба гардиши кишоварзӣ бозгардонидани бештар аз 60 ҳаз. га замине, ки бинобар набудани корҳо оид ба беҳтар намудани ҳолати мелиоративии онҳо ба шӯразамин мубаддал гардида, аз кор баромадаанд, зарур аст. Онҳо заминҳои беҳтарин ба ҳисоб рафта, қисми асосии онҳо дар вилояти Хатлон ҷойгир мебошанд ва бо шароиту фазои мусоиди биологии худ фарқ мекунанд.
Душвориҳои таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти гӯшту шир бо сабабҳои кам гардидани майдонҳои кишти маҳсулоти хӯроки чорво, кам гардидани ҳосилнокии табии чарогоҳҳои маҳаллӣ ва зимистона, инчунин алафзорҳо вобастаанд. Бинобар нарасидани хӯроки чорво ва сабабҳои дигар истеҳсоли маҳсулоти чорво ба таври назаррас кам гардидааст. Истеҳсоли гӯшт (дар вазни зинда) 2,5 маротиба, шир 1,9 маротиба, тухм 19,4 маротиба кам шудаанд. Имконияти барқарорсозии истеҳсоли гӯшт, шир, тухм мавҷуд буда, он ба афзоиши ҷамъоварии маҷмӯии ғалладона, инчунин тағйири сохтори майдонҳои кишт, баланд бурдани ҳосилнокии зироати хӯроки чорво, ба таври фаъолона амалӣ намудани тадбирҳо доир ба азнавбарқароркунии чарогоҳҳо ва майдони хӯроки чорво вобастаанд.
Таъмини бехатарии озуқаворӣ тақозо менамояд, ки нисбат ба замин, бахусус заминҳои корам сиёсати ҳар чӣ эҳтиёт намудани ҳар як қитъаи замин пеш бурда шавад. Аз рӯйи маълумотҳои Кумитаи замин дар ҷумҳурӣ тамоюли устувори бегонашавии заминҳои корам, ҳатто заминҳои обӣ ба чашм мерасад. Ба ин хулоса далелҳои зерини ҷадвали 9.6. шаҳодат медиҳанд.
Рақамҳои овардашуда нишон медиҳанд, ки дар солҳои 1991-2004 дар мамлакат 92 ҳазор гектар замини корам, аз ҷумла 62200 гектар замини обӣ бо сабабҳои гуногун кам гаштанд, ки ин боиси ташвиш – хатари коҳишёбии имконияти экстенсивии инкишофи истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ мебошад.
Мувофиқи маълумотҳо оид ба тақсимоти фонди ягонаи давлатии замини ҷумҳурӣ дар аввали соли 2004 майдони ҳудуди мамлакат 14255,4 ҳазор гектар буда, аз ҷумла майдони обӣ 722,2 ҳазор гектар мебошад. Масоҳати заминҳои таъиноти кишоварзӣ – ҳамагӣ 7645,1 ҳазор гектар буда, майдони заминҳои соҳаи кишоварзӣ 4629,4 ҳазор гектарро ташкил кунад, аз он 720,2 ҳазор га замини корам, 102,4 ҳазор га ниҳолҳои бисёрсола, 3761,5 ҳазор га чарогоҳ, 22,3 ҳазор га замини алафдарав, 23,0 ҳазор га заминҳои партов мебошанд.
Нишондиҳандаҳои ҷадвал аз нигоҳи бехатарии иқтисодӣ ташвишовар аст: дар давоми солҳои 1991-2004 масоҳати заминҳои корам ба 92000 гектар кам гаштаанд, аз ҷумла 62200 гектари онҳо заминҳои корами обӣ мебошанд.
Дар баланси замин: заминҳои маҳалҳои аҳолинишин 69,9 ҳазор га буда дар давраи солҳои 1990- 2004 ба миқдори 6,6 ҳазор га зиёд шудаанд ва дар оянда зиёд шудани он аз эҳтимол дур нест.
Заминҳои саноат, нақлиёт, алоқа, мудофиа ва таъиноти дигар аз 200,4 ҳазор га то ба 177,6 ҳазор га кам шудаанд, ки сабабаш ба категорияи дигар гузаштани ин заминҳо мебошад.
Заминҳои таъиноти ҳифзи табиат, солимгардонӣ, рекреатсионӣ ва таърихию маданӣ дар даҳсолаи охир нисбатан зиёд гаштаанд. Ин зиёдшавӣ асосан ба сабаби ташкил ёфтани «Боғи миллии Тоҷикистон» ба миён омадааст, ки майдони умумии он 2631,5 ҳазор гектарро ташкил медиҳад.
Ҷадвали 9.6.
Тағйирёбии масоҳати заминҳои корам дар Тоҷикистон дар солҳои 1991-2004
Миқдори замин
дар санаи 01.01-и солҳо (мувофиқан) |
Майдони
заминҳои корам – ҳамагӣ, ҳаз. га |
Аз ҷумла заминҳои обӣ, ҳаз. га | Камшавии (-), зиёдшавии (+)
заминҳои корам дар як сол (нисбати соли гузашта), ҳаз. га |
Аз ҷумла (+, ё -) заминҳои обӣ, ҳаз. га |
2004 | 720,2 | 502,8 | — 17,7 | -0,9 |
2003 | 737,9 | 503,7 | — 1,2 | -3,1 |
2002 | 739,1 | 506,8 | + 0,6 | +0,3 |
2001 | 738,5 | 506,5 | — 4,6 | -2,9 |
2000 | 743,1 | 509,4 | + 8,8 | +0,7 |
1999 | 734,3 | 508,7 | — 29,4 | —16,6 |
1998 | 763,7 | 525,3 | — 0,9 | 0,4 |
1997 | 764,6 | 525,7 | — 36,6 | -27,6 |
1996 | 801,2 | 553,3 | — 0,6 | 4,1 |
1995 | 801,8 | 557,4 | — 5,1 | — 0,9 |
1994 | 806,9 | 558,3 | — 1,9 | +52,1 |
1993 | 808,8 | 506,2 | — 3,4 | — 57,2 |
1992 | 812,2 | 563,4 | — 2,8 | — 1,6 |
1991 | 815,0 | 565 | 000 | 000 |
1991-2004 | — 92,0 | — 62,2 |
Заминҳои захираи давлатӣ – ҳамагӣ 2803,8 ҳазор га;
Заминҳои фонди давлатии ҷангал – 888,4 ҳазор га;
Заминҳои фонди давлатии об 39,1 ҳазор га.
Заминҳои корам, гарчанде, ки асоси соҳаи кишоварзии ҷумҳуриро ташкил мекунад, дар бештари хоҷагиҳои шаҳру ноҳияҳо ҳаматарафа пурра ва самаранок истифода намешаванд, ки боиси ба миён омадани хатари иқтисодӣ мешавад. Аз майдони умумии заминҳои обӣ зиёда аз 80 ҳазор гектар дар ҳолати бади мелторативӣ қарор дорад, 91,0 ҳазор га заминҳо санглох буда, 150 ҳазор га заминҳои нисбатан шӯр ва 21,0 ҳазор га аз ҳад зиёд шӯр мебошад. Барои аз ин падидаи манфӣ эмин намудани заминҳои корам бояд барномаи мушаххас тартиб дода, амалӣ намудани чорабиниҳо зарур мебошад.
Як қисми заминҳои корам, масалан соли 2003 ба миқдори 21,8 гектар аз истифодаи кишоварзӣ берун монда буд. Ин заминҳо асосан бо сабабҳои аз кор мондани обкашҳо, иншоотҳои гидротехникӣ. Набудани об барои объёрӣ, ботлоқшавӣ ва дигар сабабҳои ташкилию хоҷагидорӣ истифода намешаванд.
Афзоиши аҳолӣ тақозо мекунад, дар қатори заминҳои обӣ, заминҳои лалмии ҷумҳурӣ, ки тибқи ҳолати 01.01.04 217, 4 ҳазор гектарро ташкил медиҳад, босамар истифода карда шавад.
Таъмини амнияти озуқавории мамлакат ба ташкили пояи пурқуввати селексионию тухмипарварӣ ва пояи зотпарварӣ дар кишвар вобаста буда, ҳалли он дар сурати истифодаи нуриҳои минералӣ, маводи химиявӣ барои ҳифзи растанӣ ва гузаштан ба заминдории органикӣ имконпазир аст. Зарур аст, ки масъалаи тадриҷан афзудани ҳаҷми воридоти нуриҳои минералӣ ва истифодаи маводи химиявӣ ҷиҳати ҳифзи растанӣ, инчунин истифодаи методҳои биологӣ ва омехта ҳал гардад.
Чорабиниҳои таъмини амнияти озуқавории аҳолӣ дар доираи минтақаҳои дорои захираҳои кофии обу замин бештар амалӣ гарданд. Барои ин зарур аст, ки иқтидорҳои лозимии энергетикӣ эҷод шаванд, зеро азхудкунии қитъаҳои нави замин барои маҳсулоти озуқаворӣ дар сурати боло бардоштани об бо насосҳо имконпазиранд. Дар ҳолати таъмини нерӯи барқ тамоми минтақаҳои кӯҳии ноҳияҳои Рудакӣ, Зафаробод, Вахш, Бешкент, Кӯҳистони Мастчоҳ ва ноҳияи Ашт метавонанд имкониятҳои ба афзоиши назарраси озуқавории кишвар саҳм гузоранд.
Тавре, ки Барномаи дарозмуддати тараққиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ менамояд, дар комплекси агросаноатӣ дар давраи дурнамошуда роҳи таъмин намудани истиқлолияти озуқавории мамлакат идома хоҳад ёфт. Дар Барномаи рушд дар давраи то соли 2015 суръати нисбатан баланди пешравии комплекси агросаноатӣ дар таъмини талаботи аҳолии мамлакат бо маҳсулоти хӯрокворӣ, саноат бо ашё, таҳкими иқтидори содиротии мамлакат пешбинӣ шудааст.
Сиёсати аграрии давраи татбиқи Барнома чунин тадбирҳоро пешбинӣ менамояд:
таъмини суръати мӯътадилу устувор ва баланди рушди истеҳсолоти кишоварзӣ дар асоси ҷорӣ намудани усулҳои интенсивӣ;
ташкили шароитҳо барои таъмини истиқлолияти озукавории ҷумҳурӣ, дастгирии давлатии тараққиёти соҳаҳои афзалиятнок, аз ҷумла комплекси сабзавот ва паррандапарварӣ;
тақвияти мавқеи танзими давлатии муносибатҳои иқтисодии байнисоҳавӣ, бартараф сохтани номувофиқии нархҳо;
ташкили механизми самараноки фаъолияти агросаноатие, ки ба принсипҳои бозорӣ асос ёфтааст;
рушди афзояндаи он соҳаҳои агросаноатие, ки ба содирот нигаронида шудаанд;
афзоиши сатҳи технологии коркарди ашёи кишоварзӣ ва беҳбуди сифати он;
бартарфсозии талафи маҳсулоти кишоварзӣ;
баланд бардоштани ҳосилнокии зироатҳои кишоварзӣ ва маҳсулнокии чорво бо роҳи селексия ва тухмипарварӣ, ҷорӣ намудани технологияи нав;
мусоидат ба аз нав сохтани базаи моддию техникии соҳаҳои кишоварзӣ, ташкил намудани иқтидори истеҳсолӣ-техникии ҳозиразамон;
тақвияти имкониятҳои прогресси илмию техникӣ дар баланд бардоштани самаранокии истеҳсолоти агросаноатӣ;
пешбурди сиёсати дастгирии истеҳсолкунандагони ватанӣ вобаста ба воридшавии минбаъдаи Тоҷикистон ба Созмони ҷаҳонии савдо;
татбиқи гузаронидани корҳои комплексии ирригатсионӣ, роҳ надодан ба истифодаи замин бо мақсадҳои дигар;
татбиқи дар деҳот сиёсати иҷтимоие, ки ба кам кардани дараҷаи камбизоатӣ бо роҳи таъминот бо кор, рушди инфраструктура ва намудҳои алтернативии фаъолият, сохтмони коргоҳҳои хурд ва корхонаҳои коркарди соҳаҳои саноат мусоидат мекунад.
Ҳаҷми умумии маҷмӯи маҳсулоти кишоварзӣ дар соли 2015 назар ба соли 2000 бояд 2,2 маротиба афзуда, бо нархи муқоисашаванда 1551,5 млн. сомониро ташкил диҳад. Чунин суръати афзоиш асосан аз ҳисоби интенсивикунонии истеҳсолоти кишоварзӣ ба нақша гирифта шудааст, зеро замини кишт барои зироатҳои кишоварзӣ дар солҳои 2001- 2015 ҳамагӣ 3,3 фоиз меафзояду халос. Зиёда аз 85-90 фоизи афзоиши маҷмӯи маҳсулот аз ҳисоби ҳосилнокии заминҳо ва маҳсулнокии чорво ба даст хоҳанд омад.
Афзиши истеҳсоли маҳсулоти ғалладона ва муваффақ гаштан ба бехатарии ғаллавӣ яке аз вазифаҳои бартариятнок ба ҳисоб меравад. То соли 2005 ба нақша гирифта шудааст, ки истеҳсоли ғалла то 1 млн. тонна, дар соли 2015 ба 1,2 млн. тонна расонида шавад. Дар соли 2015 назар ба соли 2000 афзоиш 2,1 маротибаро ташкил медиҳад. Дар ин маврид дар охири давраи пешбинишаванда ҳосилнокӣ аз ҳар гектар 26,4 сентнерро бояд ташкил диҳад. Заминҳои кишти ғалла 454,4 ҳазор га ё 52,4 фоизи тамоми заминҳои киштро ташкил медиҳанд.
Пешбинӣ мегардад, ки барои таъмини талаботи аҳолӣ бо картошкаи худӣ истеҳсоли он дар соли 2015 ба 573,0 ҳаз. т; истеҳсоли сабзавот ба 650 мева – ба 270,0, полезиҳо – ба 200,0, ангур – ба 150,0, меваҳои ситрусӣ – ба 4,5, тамоку – ба 3,0 ҳазор тонна расонида мешавад.
Чорводорӣ низ дар охири давраи пешбинишаванда тараққӣ хоҳад кард. Саршумори чорвои калони шохдор 11,2 фоиз меафзояд ва дар соли 2015 1,2 млн. сарро ташкил медиҳад. Қисмати асосии афзоиши саршумори чорвои калони шохдор аз ҳисоби бахши хусусӣ дар назар гирифта шудааст.
Суръати солонаи миёнаи афзоиши саршумори бузу гусфанд дар соли 2000-2015 15,8 фоизро ташкил медиҳад ва ба 2,6 млн. сар мерасад. Қароқулпарварӣ ва парвариши бузҳои ангорӣ низ минбаъд тараққӣ мекунад.
Афзоиши назарраси саршумори парранда пешбинӣ мешавад. Дар соли 2005 дар муқоиса бо соли 2000 он 1,6 маротиба, дар солҳои 2005-2010 1,1 ва да солҳои 2010 — 2015 1,2 маротиба афзуда, 2,3 млн. сарро ташкил хоҳад дод.
Дар соли 2015 назар ба соли 2000-ум истеҳсоли гӯшт бо вазни зинда 3,5 маротиба, шир 2 маротиба ва тухм 25,6 маротиба зиёд мегардад.
Дар ояндаи дарозмӯҳлат пурра истифода бурдани иқтидорҳои корхонаҳои асппарварӣ ва зиёд намудани саршумори аспҳо то 95-100 ҳазор сар ба нақша гирифта шудааст.
Бо мақсади таъмини бозори дохилӣ ва тавсиаи иқтидори содиротии соҳа дар Барнома барқарорсозӣ ва рушди занбӯри асалпарварӣ пешбинӣ шудааст. Истеҳсоли асал дар соли 2015 ба 1,2 ҳазор тонна, шумораи оилаҳои орӯи асал ба 255 ҳазор расонида мешавад.
Таъмиқи минбаъдаи ислоҳоти дар деҳот гузаронидашаванда ба тағйироти зиёди институтсионалӣ оварда мерасонад. Дар соли 2015 ҳиссаи сектори ғайридавлатӣ дар ҳаҷми умумии маҷмӯи маҳсулоти кишоварзӣ бештар аз 90 — 92 фоизро ташкил медиҳад. Ҳиссаи аҳолӣ ва хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) дар истеҳсоли гӯшт 90-92 фоиз, шир – 92-94 фоиз, тухм 78-80 фоиз, сабзавот 74-76 фоизро ташкил хоҳад дод.
Пешрафтҳои дар рушди кишоварзӣ банақшагирифташуда имконият медиҳанд, ки дар соли 2015 истеҳсоли маҳсулоти озуқаворӣ ба меъёрҳои ратсионалии истеъмолӣ наздик гардад. Масалан, истеҳсоли ғалла ба ҳар сари аҳолӣ 130 кг-ро ташкил медиҳад ва назар ба нишондиҳандаи соли 2000 58 фоиз зиёд мешавад. Ба ҳар сари аҳолӣ картошка – 65,0 кг, сабзавот ва полезиҳо – 96,6 кг, тухм – 69,3 дона истеҳсол хоҳад шуд.
Дар соли 2015 заминҳои кишт қариб 900 ҳаз. га, ба ҳар сари аҳолӣ 0,11 га ё назар ба нишондиҳандаи соли 2000 0,3 га камтар хоҳанд шуд. Аз ин рӯ, дар ояндаи дарозмӯҳлат оид ба беҳтар намудани ҳолати мелиоративии заминҳо, кам намудани майдони заминҳои шӯргашта, заминҳои ботлоқшуда ва азхудкунии заминҳои нав идома меёбад (ҷадвали 9.7.). Дар давраи амалигардонии Барномаи мазкур зиёда аз 20 ҳазор гектар заминҳои нав аз худ карда мешаванд.
Ҷадвали 9.7.
Азхудкунии заминҳо дар Тоҷикистон
дар солҳои 2005 –2015
Воҳиди ченак | с.2005 | с.2010 | с.2015 | с.2015 нисбати
с. 2005, % |
|
Азхудкуниии заминҳои нав | га | 6297 | 6650 | 7053 | 112 |
Бояд барои таҳкими базаи моддию техникии хоҷагии қишлоқ, таъмини талаботи хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) бо техника, нуриҳои минералӣ, қисмҳои эҳтиётӣ, маводи сӯзишворию молиданӣ ва дигар захираҳо чораҳои қатъӣ андешида шаванд.
Дар Барнома суръати баланди рушди комплекси саноати коркардабароӣ пешбинӣ мешавад (ҷадвали 9.8.).
Афзоиши ҳосили пахта ва иқтидорҳои коркарди он имконият медиҳад, ки дар соли 2015 истеҳсоли нахи пахта назар ба натиҷаи соли 2000 2,5 маротиба афзояд ва ҳаҷми он то 273 ҳаз. т, аз ҷумла навъҳои маҳиннахи он то 110,0 ҳаз. т зиёд шавад.
Ҷадвали 9.8.
Нишондиҳандаҳои асосии рушди соҳаи кишоварзӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
дар давраи то соли 2015
Воҳиди
ченак |
соли 2000 | соли 2005 | соли
2010 |
соли 2015 | с.2015 нисбати
с. 2010, % |
с.2015 нисбати
с. 2000, маротиба ё фоиз |
|
Истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ | |||||||
Ғалладонагӣ | ҳаз.т. | 550,3 | 1001,2 | 1100,0 | 1200,0 | 109,1 | 2,2 м. |
Пахта | “ | 335,4 | 610 | 750,0 | 850,0 | 113,3 | 2,5 м. |
Тамоку | “ | 7,2 | 2,0 | 2,5 | 3,0 | 120,0 | 41,7 % |
Картошка | “ | 303,2 | 501,3 | 527,0 | 573,0 | 108,7 | 1,9 м. |
Сабзавот | “ | 354,4 | 605,7 | 620,6 | 650,0 | 104,7 | 1,8 м. |
Полезӣ | “ | 95,2 | 160 | 175,0 | 200,0 | 114,3 | 2,1 м. |
Мевагӣ ва буттамева | “ | 166,0 | 170,0 | 195,0 | 270,0 | 138,5 | 1,6 м. |
Ангур | “ | 110,3 | 100,0 | 125,0 | 150,0 | 120,0 | 136 % |
Чорво ва парранда
бо вазни зинда |
“ | 59,3 | 95 | 136,0 | 210,0 | 154,4 | 3,5 м. |
Шир | “ | 309,8 | 480,0 | 533,0 | 610,0 | 114,4 | 2,0 м. |
Тухм | млн.
адад |
23,4 | 80,0 | 475,0 | 600,0 | 126,3 | 25,6 м. |
Пашм | тонна | 2059,0 | 3700,0 | 3900,0 | 4300,0 | 110,3 | 2,1 м. |
Пилла | тонна | 1954,0 | 3200,0 | 3500,0 | 4000,0 | 114,3 | 2,0 м. |
Маҳсулоти соҳаҳои коркарди КАС | |||||||
Нахи пахта – ҳамагӣ | ҳаз. т. | 108,6 | 185,4 | 232,5 | 273,0 | 4,2 м. | 36,5 м. |
Равғани растанӣ – ҳамагӣ | “ | 20,4 | 38,4 | 58,2 | 80,0 | 9,8 м. | — |
Нон ва маҳсулоти нонӣ | “ | 340,1 | 631,8 | 663,4 | 696,5 | 105,0 | 2,0 м. |
Оби маъданӣ | ҳаз. дал | 236,6 | 1170,5 | 1377,8 | 1800,0 | 130,6 | 7,6м. |
Оби ҷав (пиво) | “ | 42,3 | 150,4 | 650,0 | 3405,0 | 5,2м. | 80,5м. |
Шароби ангур | “ | 353,8 | 735,8 | 1050,0 | 1601,0 | 152,5. | 4,5м. |
Арақ ва шаробҳои ликёрӣ | “ | 201,2 | 360,1 | 510,0 | 1050,0 | 2,1 м. | 5,2 м. |
Спирт- маҳсулоти хоми этилӣ | “ | 222,4 | 357,2 | 410,0 | 550,0 | 134,1 | 2,5м. |
Намак (истихроҷ) | ҳаз. т. | 54,1 | 67,8 | 77,6 | 86,4 | 111,4 | 1,6 м. |
Маҳсулоти моҳӣ |
тонна | 164,1 | 1431,0 | 1685,0 | 4122,0 | 2,4 м. | 25,1м. |
Папирос ва сигарет | млн.
адад |
667,2 | 990 | 1240 | 1490 | 120,2 | 2,2 м. |
Тамокуи фермен-тикунонидашуда | тонна | 4676,4 | 1700 | 2120 | 2550 | 120,3 | 54,5 |
1. Маъхаз: Барномаи рушди иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2015. — Душанбе, 2004, саҳ. 103
- 1)* Ахбори Кумитаи омори Љумҳурии Тоҷикистон –«Љумҳурият», 31 январи соли 2006. ↑