Фанни Иқтисоди миллӣ

Шаклхои фаъолияти беруниктисоди

Соҳибкор метавонад фаъолияти беруниқтисодии худро тавассути ба роҳ мондани алоқаҳои мустақим бо шарикони хориҷӣ ё тавассути миёнравон амалӣ гардонад. Содирот ва воридоти мустақим қисми назарраси амалиётҳои берунитиҷоратиро ташкил мекунанд, зеро онҳо як қатор бартариятҳоро доро мебошанд: имконият медиҳанд, ки бо шарикони хориҷӣ алоқаҳои нисбатан наздик ба роҳ монда шаванд ва шароити бозори ҷаҳонӣ хубтар омӯхта шаванд; барномаҳои истеҳсолии худ ба талаботҳои бозори ҷаҳонӣ мувофиқ гардонида шаванд ва ғ. Соҳибкорон ба бозори хориҷӣ баромада, метавонанд ҳам бо соҳибкори алоҳида ва ҳам бо корпоратсияҳо алоқаҳои мустақим ба роҳ монанд.

Корпоратсияи хориҷӣ – ин ширкат, субъекти хоҷагидори махсус мебошад, ки мувофиқи қонунгузории мамлакати ҷойгиршавии худ таъсис дода шуда, ба қайд гирифта шуда, амал мекунад.

Фирмаҳои хориҷӣ тақсим мешаванд: аз рӯи фаъолияти хоҷагидорӣ; бо хислати амалиётҳои иҷрошаванда; аз рӯи шакли моликият; аз рӯи вазъи ҳуқуқӣ. Меъёри асосии ба ин ё он соҳа мутааллиқ гардонидани фирма ҳиссаи зиёдтарини маҳсулоти истеҳсолшаванда ё хизматрасонӣ дар ҳаҷми умумии амалиётҳои фирмаи мазкур ба ҳисоб меравад. Ҳангоми ба гурӯҳи фирмаҳои суғуртавӣ, молиявӣ, тиҷоратӣ-миёнравӣ, нақлиётӣ мансуб донистани фирмаҳо низ принсипи мазкур истифода бурда мешавад.

Муайян намудани мансубияти фирма ба ин ё он соҳа ё бахши фаъолият аз нигоҳи хусусиятҳои танзими ҳуқуқии фаъолияти онҳо, принсипҳои андозбандии фоида, имтиёзҳои инвеститсионӣ ва ғайра аҳамияти калон касб мекунад.

Дар фаъолияти беруниқтисодӣ ширкатҳои тиҷоратӣ-миёнравӣ ва амалиётҳои миёнравӣ, ки дар асоси қарордодҳои дистрибюторӣ, шартномаҳои супоришӣ, комиссияҳо, консигнатсияҳо, қарордодҳои агентӣ амал мекунанд, нақши калон мебозанд.

Вобаста ба хислати амалиётҳои иҷрошаванда ширкатҳо ба ширкатҳои тиҷоратӣ, комиссионӣ, агентӣ ва брокерӣ тақсим мешаванд.

Ширкатҳои тиҷоратӣ амалиётҳоро аз номи худ ва аз ҳисоби худ амалӣ мекунанд. Онҳо ду навъ мешаванд: миёнравони тиҷоратии мустақил; тоҷирон аз рӯи шартнома. Миёнравони тиҷоратии мустақил қарордоди бадастории тӯдаи молҳоро баста, баъдан онҳоро бо хоҳиши худ дар ҳар бозор ва бо ҳар нарх ба фурӯш мебароранд. Одатан инҳо ширкатҳои калоне мебошанд, ки нақлиёт ва анборҳои худро доранд. Бисёр вақт ин гуна ширкатҳо амалиётҳои яклухтро гузаронида, ба тиҷорати чакана мащғул намешаванд.

Тоҷирон тибқи шарнома бо ширкати продуцент (истеҳсолкунанда) барои фурӯши молҳои он мувофиқи шартҳои пешакӣ муайяншуда, бо нархҳои муайянкардашуда, дар ҳудуди муайян, дар муддати вақти мувофиқашуда шартнома мебанданд.

Продуцент (лот. producens — истеҳсолкунанда) – истеҳсолкунандаи (шахси воқеӣ, корхона, мамлакат) моли муайян.

Қарордод метавонад хислати эксклюзивӣ дошта бошад, яъне ба гурӯҳи маҳдуди мол (хизмат) – ҳо паҳн шаванд. Чунин ширкатҳо, одатан ширкатҳои дистрибюторӣ ё дилер номида мешаванд.

Ширкатҳо – истеҳсолкунандагони маҳсулоти оммавӣ чун қоида бо фурӯши чакана ё яклухти хурд машғул нестанд. Онҳо барои фурӯши маҳсулоти худ бо ширкатҳои миёнарав қарордодҳо мебанданд.

Барои харидор беҳтараш ин аст, к ибо дистрибютори расмӣ сару кор гирад, зеро дигар миёнравон ҳаннотон ба шумор мераванд ва мутаносибан нархҳоро баланд мебардоранд.

Додугирифтҳои дистрибюторӣ ба он асос ёфтаанд, ки миёнарав-дистрибютормолҳоро аз номи худ ва аз ҳисоби худ харидорӣ намуда, ба харидор аз номи худ ва аз ҳисоби худ мефурӯшад.

Дистрибютор бо шарики тиҷоратии худ бо қарордоди миёнравӣ-дистрибюторӣ алоқаманд аст, ки дар он номгӯи молҳо, минтақаи фаъолияти он, инчунин ӯҳдадориҳои дистрибютор оид ба омӯхтани бозор, ташкили шабакаи фурӯш, хизматрасонии техники маҳсулоти фурӯхташаванда, бурдани корҳои таблиғотӣ ва ғайра муайян карда шудаанд.

Тибқи қарордоди кафилӣ вакил ӯҳдадор мешавад, ки аз ном ва аз ҳисоби ваколатдиҳанда амалҳои муайяни ҳуқуқиро иҷро кунад. Ваколатдоркунанда бошад, вазифадор аст, ки ба вакил подоши хизматашро диҳад, агар мувофиқи қарордод ё қонунгузорӣ дигар ҳолат муайян карда нашуда бошад. Ваколатдоркунада ҳуқуқ дорад, ки дар дилхоҳ вақт супоришро бекор кунад, вакил бошад, ҳуқуқ дорад супоришро қабул накунад. Аммо, агар вакил дар ҳолате аз супориш даст кашад, ки ваколатдоркунанда имконият надорад ба таври дигар манфиатҳои худро таъмин кунад, вакил фазифадор аст, ки зарари ба ваколатдоркунанда дар натиҷаи қатъ кардани қарордод расидаро руйпӯш намояд. Ҳангоми якҷониба, аз тарафи ваколатдоркунанда қатъ гардонидани қарордод, ӯ вазифадор аст, ки хароҷотҳои вакилро руйпӯш кунад ва подоши ӯро мувофиқи ҳаҷми кори иҷрошуда пардохт намояд.

Мувофиқи қарордоди комиссия комиссионер ӯҳдадор мешавад, ки бо супориши комитент бар ивази подош аз номи худ ва аз ҳисоби комитент як ё якчанд додугирифтро амалӣ намояд. Комиссионер супориши комиссиониро аз номи худ, аммо аз ҳисоби комитент ва ба манфиати ӯ иҷро мекунад. Чун комиссионер аз номи худ амал мекунад, ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои аз иҷрои муомилаҳо бавуҷудоянда барои комиссионер ба вуҷуд меоянд, на барои комитент.

Ширкатҳои комиссионӣ (комиссионерҳо) – инҳо ширкатҳое мебошанд, ки амалиётҳои хариду фурӯши молро аз номи худ, аммо аз ҳисоби мизоҷ-комитент амалӣ менамоянд. Ин ширкатҳо назар ба ширкатҳои тиҷоратӣ молро аз истеҳсолкунандагон намехаранд.

Комитент (лот. committentis — кафолатдиҳанда) – шахси воқеӣ ё шахси ҳуқуқие мебошад, ки ба дигар шахс (комиссионер) супориш медиҳад то аз номи комиссионер, аммо аз ҳисоби комитент харидуфурӯшро анҷом диҳад.

Комиссионер – миёнарав дар додугирифти тиҷоратӣ, яъне шахсе мебошад, ки бар ивази подоши муайян, ки комиссиявӣ (бонус) ё комиссия ном дорад, супоришҳои тиҷоратиро иҷро менамояд. Аз рӯи қарордоде, ки байни комиссионер ва шахси сеюм баста мешаванд, ҳуқуқу ӯҳдадориҳо барои комиссионер ва шахси сеюм ба вуҷуд меоянд, аммо комиссионер дар назди комитент барои иҷро накардани ӯҳдадориҳои шахси сеюм, ки аз қарордоди байни кисмиссионер ва шахси сеюм пайдо мешаванд, ҷавобгар нест.

Комиссионер молро харида, фурӯхта ё иваз намуда, соҳибмулки он намегардад. Соҳиби мол комитент ба ҳисоб меравад.

Яке аз шаклҳои амалиётҳои комиссионӣ консигнатсия ба шумор меравад.

Консигнатсия (лот. consignatio – далели хаттӣ, ҳуҷҷат) – намуди қарордодест, ки мувофиқи он комитент (консигнант) ба комиссионер (когсигнатор) молро барои фурӯш аз анбори комиссионер (анбори консигнатсионӣ) месупорад. Баровардани мол аз анбори консигнатсионӣ ҳамавақт бо иҷозат ва таҳти назорати гумрук амалӣ карда мешавад.

Расонидани молҳо ба консигнатсия ба харидор имконият медиҳад, к ибо мол бевосита дар анбори консигнатор гиносоӣ пайдо кунад, онро дар амал санҷад ва ғайра.

Ҳангоми додугирифтҳои консигнатсионӣ миёнарав-консигнатор молро, ки аз ҷониби фурӯшанда-консигнант ба анбори миёнарав оварда шудааст, аз номи худ мефурӯшад. Додугирифтҳои консигнатсионӣ одатан ҳангоми фурӯши молҳои хислати оммавӣ ва сериявӣ дошта истифода бурда мешаванд. Созишномаҳои консигнатионӣ ба мӯхлати вақти муайян баста мешаванд, ки дар давоми он миёнарав-консигнатор вазифадор аст, шумораи муайяни молро, ки консигнант ба анбори миёнарав дастрас мекунад, фурӯшад.

Мувофиқи таҷрибаи ҷаҳонӣ тамоми моле, ки дар давраи вақти муайянкарда аз ҷониби консигнатор фурӯхта нашуданд, метавонанд ба консигнант аз ҳисоби ӯ баргардонида шаванд. Мӯҳлати амали қарордоди консигнатсия одатан аз мӯҳлати фурӯши ҳар як селаи молҳо зиёдтар аст.

Ҳангоми фурӯши мол консигнатор аз нишондодҳои консигнант оиди нархҳои фурӯш вобаста аст.

Ширкатҳои агентӣ ё агентҳо – ширкатҳое мебошанд, ки ҷустуҷӯи муштариёнро амалӣ мекунанд, манфиатҳои ширкатҳои истеҳсолкунандаро намояндагӣ карда, аз номи онҳо ва аз ҳисоби онҳо амал мекунанд.

Ба агент мумкин иҷозат дода шавад, ки тибқи ваколатнома ба қарордодҳои беруниқтисодӣ имзо гузорад. Муносибатҳои агентӣ ҳамеша бо шартнома ба расмият дароварда мешаванд.

Агентикунонӣ – ин шакли дар таҷрибаи ҷаҳонӣ васеъ паҳншудаи муносибатҳои қарордодӣ мебошад.

Шартномаҳои агентӣ ба таври анъанавӣ дар соҳаи боркашонии ҳавоии байналхалқӣ истифода бурда мешаванд. Агентиҳои байналхалқие вуҷуд доранд, ки киштиҳои ҳавоии хусусиро надоранд ва дар ҷамъоварии иттилоот оиди ҳаракати молҳо ва таъмини алоқаи мутақобили байни молфиристонандагон ва ширкатҳои ҳавопаймоии ба боркашонӣ машғулбуда махсус гардонида шудаанд. Вобаста ба қарордод агентиҳои нақлиётӣ метавонанд дар нақши агентҳо барои ҷустуҷӯи ширкати ҳавопаймоӣ барои кашонидани бор аз номи худ ё аз номи борфиристонанда баромад кунанд.

Агентикунонӣ дар фаъолияти таблиғотӣ васеъ паҳн шудааст. Ширкатҳои таблиғотӣ ҳамчун агент аз номи воситаҳои ахбори омма оид ба ҷойгиркунии маводҳои таблиғотдиҳандаҳо дар онҳо баромад мекунанд. Дар бахши савдо дар қатори истифодаи қарордодҳои комиссия оид ба фурӯши молҳо қарордодҳои агентӣ низ истифода бурда мешаванд.

Қарордоди агентӣ метавонад ба мӯҳлати муайян ё бе нишон додани мӯҳлати амал баста шавад.

Қисми ҳатмии қарордоди агентӣ подоши агентӣ мебошад, ки фармоишгар вазифадор аст ба агент мувофиқи тартиби дар қарордод муайяншуда пардохт намояд. Андозаи подоши қарордоди агентӣ ё дар шакли маблағи муқарраршуда ё дар шакли фоиз аз маблағи қарордод муайян карда мешавад.

Додугирифтҳои оддии миёнравӣ бо иштироки брокерҳо амалӣ карда мешавад, ки мувофиқи қарордод бо харидор ва фурӯшандагон ба онҳо контрагентҳоро ҷустуҷӯ мекунанд.

Ширкатҳои брокерӣ – ин ширкатҳое мебошанд, ки намояндаи яке аз ҷонибҳои қарордоди хариду фурӯш ба ҳисоб намераванд. Вазифаи асосии онҳо пайдо намудани шарикон мебошад, ки байни худ қарордод мебанданд. Барои ба ҳам овардани шарикон брокер мукофотпулии брокерӣ мегирад.

Ҳар як ширкат дар шакли муайяни ҳуқуқӣ дар доираи меъёрҳои ҳуқуқи гражданӣ ва тиҷоратии мамлакати дахлдор ташкил карда мешавад. Шакли ҳуқуқӣ ҷавобгарӣ ва ваколати саҳмдорони ширкат, шакли ҳисобдорӣ, тартиби андозбандии фоидаи бадастоянда, сохти мақомоти идоракунанда, тартиби барҳамдиҳӣ ва дигар самтҳоро, ки донистанашон ҳангоми ба роҳ мондани муносибатҳои корӣ бо он зараранд, муайян мекунад.

Ширкатҳо метвонанд ҳамчун корхонаҳои инфиродӣ ва ҳам чун иттиҳоди соҳибкорон ташкил карда шаванд. Дар ҳолати аввал соҳибкор ҷавобгарии пурраи молу мулкиро оид ба корҳои ширкати худ бар дӯш дорад. Одатан инҳо ширкатҳои хурде мебошанд, ки қисми зиёдашон дар бахши хизматрасонӣ ва савдои чакана фаъолият мекунанд. Чунин ширкатҳо ба ҳисобдории оммавӣ мансубият надоранд, аз ин рӯ ба даст овардани иттилооти аниқ оиди онҳо мушкил аст. самти муҳими дигар он ба шумор меравад, ки дар ягон низоми ҳуқуқӣ соҳибкорони инфиродӣ ҳамчун шахси ҳуқуқӣ эътироф карда намешаванд.

Иттиҳоди соҳибкорон барои амалӣ намудани фаъолияти соҳибкорӣ дар шакли ширкат ва ҷамъиятҳои гуногун амалӣ мегардад. Дар ҳолати якум соҳибкорон байни ҳам қарордод баста, дар баробари муттаҳид гардонидани сармояи худ дар идоракунии ширкати худ бевосита иштирок мекунанд ва аз рӯи ӯҳдадориҳои он ҷавобгарии номаҳдудро бар дӯш доранд. Онҳо таҳти ҳисоботдиҳии оммавӣ қарор надоранд ва на дар ҳама мамлакатҳо шахси ҳуқуқӣ ҳисобида мешаванд. Ба чунин намуди иттиҳодияҳо ширкатҳои ҳуқуқи континенталӣ, ширкатҳои ҳуқуқи амрикоӣ ва ширкатҳои масъулияташ номаҳдуди ҳуқуқи бритониёвӣ дохил мешаванд.

Дар ҳолати дуюм танҳо сармояи соҳибкорон муттаҳид карда мешаванд. Иштироки шахсии онҳо дар пешбурди кори ширкат талаб карда намешавад.

Бисёр вақт ин ширкатҳо аз ҷониби идоракунандагони касбӣ, ки аз тарафи саҳмдорон таъин карда мешаванд, идора карда мешаванд. Дар ҳолати муфлисӣ саҳмдорон танҳо бо саҳми худ таваккал мекунанд. Чунин ҷавобгарии молу мулкии маҳдуди соҳибони сармоя имконият медиҳад, ки онҳо пешакӣ ҳаҷми хавфи соҳибкориро ҳисоб кунанд ва барои ба чунин иттиҳодияҳо, махсусан иттиҳодияҳое, ки дар шакли ҷамъиятҳои саҳҳомӣ ташкил шудаанд, ҷалб намудани шумораи зиёди шахсон, бо мақсади ҷамъ кардани сармояи бузург дар дасти як ширкат, шароити мусоид фароҳам меорад. Ба чунин иттиҳодияҳо ҷамъиятҳои саҳҳомии ҳуқуқи континенталӣ, ширкатҳо бо масъулияти маҳдуди хусусӣ ва оммавии бритониёвӣ, корпоратсияҳои ИМА дохил мешаванд.

Қайд кардан зарур аст, ки дар ҳар як мамлакат нишонаи худи шаклҳои ҳуқуқӣ ба монанди «Ltd», «Pie», «Inc», «Corp», «AG», «CJmbH» ва монанди инҳо қабул карда шудаанд.

Аз ин рӯ аз рӯи номи ширкат, ки ихтисораи шакли ҳуқуқӣ илова карда шудааст, метавон шакли ҳуқуқӣ ва мансубияти мамлакати ширкатро муайян намуд.

Ҳуқуқи континенталӣ – низоми ҳуқуқие мебошад, ки чун натиҷаи таъсири ҳуқуқи римӣ дар як қатор мамлакатҳо (Олмон, Фаронса, Федератсияи Россия ва дигарҳо) қабул карда шудааст. Ҳуқуқи шаҳрвандии ин мамлакатҳо як қатор аломатҳои ягона дошта, аз дигар низомҳои ҳуқуқӣ фарқиятҳои назаррас дорад. Ҳуқуқи континенталӣ – ин пеш аз ҳама маҷмӯаи қонунҳои навишташуда мебошад, ки низоми ҳуқуқи шаҳрвандиро ташкил мекунанд ва муносибатҳои шартномавиро низ танзим мекунанд. Дигар сарчашмаҳои ҳуқуқ (санадҳои маъмурӣ, одатҳо ва ғ.) нақши калонро намебозанд, таҷрибаи судӣ бошад, чун қоида, сарчашмаи ҳуқуқ ба ҳисоб намеравад.

Додугирифтҳои ҷубронӣ (додугирифтҳои «бай — бэк») ба ширкати хориҷӣ фурӯхтани мошин ва таҷҳизот, технология ва ғайра бар ивази дастрас намудани ҷавобии ашёи хом ва нимфабрикатҳо, к ибо таҷҳизоти дастраснамуда истеҳсол карда мешаванд.

Ду шакли қарордодҳои ҷубронӣ мавҷуданд:

Додугирифтҳои ҷубронӣ бастани қарордодҳои ҷудогонаро пешбинӣ намуда, бо сохтмони объект таҳти калид алоқаманданд.

Миёнаравӣ алоқаҳои ғайримустақими соҳибкор бо шарики хориҷиро ифода мекунад. Ин алоқаҳо метавонанд тавассути ташкилотҳои беруниқтисодӣ, ки ассотсиатсияҳои беруниқтисодӣ, ассотсиатсияҳои ҳамкории расмӣ, хонаҳои тиҷоратӣ ва палатаи савдоӣ-саноатиро дар бар мегиранд, амалӣ гардонида шаванд.

Ассотсиатсияи ҳамкории расмӣ барои расонидани ёрӣ ба корхонаҳо дар рушди шакл ва самтҳои нави алоқаҳои беруниқтисодӣ пешбинӣ карда шудааст.

Хонаи тиҷоратӣ – ин навъи ташкилоти тиҷоратии беруна мебошад, ки амалиётҳои содиротӣ-воридотиро аз рӯи номгӯи васеъи молу хизматрасониҳо амалӣ мегардонад.

Вазифаҳои асосии хонаҳои тиҷоратӣ чунинанд: ташкили шабакаи корхонаҳои махсусгардонида ва мағозаҳои фирмавӣ барои савдои чаканаи молҳо; расонидани хизматҳои гуногун дар бахши хизмати маишӣ, хӯроки омма, истироҳат ва ғ.; рушди хизматрасониҳои нав (зеҳнӣ, осоишӣ, оиди омӯзиши кадрҳо ва ғ.); ташкили корхонаҳо (аз он ҷумла корхонаҳои муштарак) оиди истеҳсоли молҳо, хизматрасонии техникӣ ва таъмири маснуот; харидории молҳо аз ҳисоби захираҳои асъории худӣ, инчунин бо шартҳои комиссия (консигнатсия), ташкили тиҷорати музоядавӣ, комиссионӣ ва таҳвилӣ, фурӯши молҳо бо феҳраст, дигар шаклҳои муосири савдо; иҷро кардани вазифаҳои миёнаравӣ оиди фурӯхтани маҳмулоти корхона дар асоси комиссионӣ, инчунин аз ҳисоби воситаҳои онҳо ба даст овардани молҳо; сохтмони хонаҳои истиқоматӣ, дигар объектҳои таъиноти иҷтимоӣ ва фарҳангӣ-маишӣ; иҷро кардани дигар корҳо, ки ба вазифаҳои асосии онҳо дохил мешаванд.

Додугирифтҳои беруниқтисодӣ бо шартнома (қарордод) ба расмият дароварда мешаванд, ки чун қоида дар шакли хаттӣ баста мешаванд.

Таҳти шартномаи байналхалқӣ қарордоди байни ду ва зиёда тарафҳои дар мамлакатҳои гуногун ҷойгиршуда оиди таҳвили миқдори муайяни мол (хизматрасонӣ) тибқи шартҳои муқарраркардашуда фаҳмида мешавад. Созишномае, ки байни тарафҳо (ширкат, филиал)-и мамлакатҳои гуногун, вале дар ҳудуди як мамлакат ҷойгиршуда қарордоди байналхалқӣ ҳисобида намешаванд. Ҳамзамон шартнома байналхалқӣ ҳисобида мешавад, агар дар байни ширкатҳое баста шавад, ки ба як мамлакат мансубият доранд, вале корхонаҳояшон дар ҳудуди мамлакатҳои гуногун ҷойгир шуда бошанд. Чунин маънидодкунии шартнома дар Конвенсияи СММ оиди созишномаҳои хариду фурӯши молҳо (Конвенсияи Вена соли 1980) ва дар Конвенсияи нами Гаага оиди ҳуқуқҳои нисбати шартномаи хариду фурӯш истифодашаванда (соли 1985) оварда шудааст.

Шартномаҳо консенсуалӣ ва ҳақиқӣ мешаванд. Барои бастани бисёр шартномаҳо розигии тарафҳо басанда аст, аз ин рӯ онҳоро шартномаҳои консенсуалӣ меноманд. Барои амалӣ намудани шартномаҳои ҳақиқӣ амалҳои иловагӣ ба монанди кафолат, қарз ва ғайра талаб карда мешавад.

Шартномаҳо инчунин байни илтироккунандагон ва ғоиббудагон мешаванд.

Шартнома байни иштироккунандагон дар ҳузури онҳо дарҳол, ҳангоми розӣ шудани яке аз тарафҳо ба пешниҳоди дигар тараф баста мешавад. Ҷонибҳо шахсан ба шартнома имзо мегузоранд ва бо мӯҳр тасдиқ мекунанд.

Шартнома байни ғоиббудагон метавонад тавассути телефон бо иваз намудани имзоҳо тавассути алоқаи факс баста шавад. Амалиётҳои бонкӣ ва шартномаҳои нақлиётӣ метавонанд дар асоси таҳвили иттилоот ба воситаи почтаи электронӣ ва имзои рамзнок баста шаванд. Шартнома ҳамон вақт комил дониста мешавад, ки ҷонибҳо оид ба тамоми масъалаҳо ба мувофиқа оянд.

Шартномаи беруниқтисодӣ чун қоида аз якчанд боб иборат аст, ки бо тартиби муайян ҷойгир щудаанд. Ҳамзамон ҳар як созишнома бояд хислатҳои ҳуқуқии муайянеро соҳиб бошад, ки бе мавҷудияти онҳо он қувваи ҳуқуқиашро гумм мекунад ва ҳуқуқҳое, ки аз бастани он ба миён меоянд, ҳимоя карда намешаванд.

Шартномаи беруниқтисодӣ бояд маълумотҳои зеринро дар бар гирад: номи пурраи расмии ҷонибҳо ва суроғаи ҳуқуқии онҳо; ному насаби пурраи шахсе, ки субъекти хоҷагидорро намояндагӣ мекунад ва вазифаи ӯ, инчунин нишон додан, ки намояндагӣ дар асоси чӣ амалӣ карда мешавад (роҳбари шахси ҳуқуқӣ дар асоси оиннома фаъолият мекунад, дигар шахсон бошанд, дар асоси ваколатнома). Бояд ба назар гирифт, ки ваколатномае, ки мувофиқи он намояндаи шахси ҳуқуқӣ ба шартнома имзо гузоштааст, ҳамроҳи нусхаи шартнома дар дасти ҷониби дигар нигоҳ дошта шавад.

Дар саҳифаи аввал (ё дар охир) – и шартнома рақами бақайдгирии он, сана ва макони имзои созишнома нишон дода мешавад. Нишон додани макони имзокунии созишнома аз нуқтаи назари муайян намудани қобили татбиқ будани ҳуқуқ, яъне муайян намудани он, ки ҳангоми ба вуҷуд омадани ягон баҳс аз рӯи ин қарордод ҳуқуқи кадом мамлакат истифода бурда мешавад, аҳамияти калон дорад.

Имзоҳои зери шартномаро бояд рамзкушоӣ намуд, то назорат аз болои мавҷудияти ваколатномаи дахлдор осон карда шавад. Бисёр ташкилотҳо инчунин визвмонии ҳар як саҳифаи шартномаро анҷом медиҳанд, то хавфи иваз намудани саҳифа дар матнро бартараф кунанд.

Тамоми иловаҳо ба шартнома бояд аз ҳар ду ҷониб имзо карда шаванд. Тамоми ислоҳкуниҳо, тағиротҳо, иловаҳо, ки дар матни шартнома бо даст ё тавассуди мошина мешаванд, аз нуқтаи назари ҳуқуқӣ бо шартномаҳои алоҳида дар бораи тағйири шартҳои қарордод баробар карда мешаванд. Барои ҳамин дар ҳошия, дар рӯ ба рӯи ҳар як тағйирот ё иловаҳо бояд имзои намояндагони ҳар ду ҷониб гузошта шаванд.

Матни шартномаҳоро дар варақи якранг бо як андозаи ҳарф навиштан зарур аст. шартнома дар ҳаҷми аз шумораи ҷонибҳо ду маротиба зиёд тартиб дода мешавад: ба ҳар ҷониб — бо забони рсӣ ва бо забони ҳамкорон (ё ба дигар забон бо интихоби ҳамкорон). Дар шартнома шумораи нусхаҳои аслии шартнома қайд карда шуда, инчунин чандтои онҳо ба ҳар як ҷонибҳо дода мешаванд, нишон дода мешавад. Ба ғайр аз ин, ҳатман қайд кардан зарур аст, ки ҳамаи нусхаҳои аслӣ саҳеҳанд ва қувваи ҳуқуқии баробар доранд. Инчунин нусхаи бо мошина навишташуда ё нусхабардоришудаи шартнома низ саҳеҳ шуморида мешаванд, агар имзоҳо дар онҳо ҳақиқӣ бошанд.

Додугирифтҳои якдафъаина, ки ҳаҷми калонтарини хизматрасонии сайёҳиро пешбинӣ мекунанд, метавонанд бо роҳи мубодилаи нома (барқия, телекс ва ғ.) – ҳое, ки оферта ва аксепт дошта бошанд, ба расмият дароварда шаванд.

Нусхаи аслии шартномаҳо бо ваколатномаҳои шахсони ба шартнома имзо мондаро дар реҷаи нигоҳдории ҳуҷҷатҳои молиявӣ бояд нигоҳ дошт. Тамоми шартномаҳои беруниқтисодӣ ба қайд гирифта мешаванд, ки барои ин субъекти хоҷагидор дафтар ва ё китоби бақайдгирии дахлдорро бояд дошта бошад.

Дар амалисозии фаъолияти беруниқтисодӣ брокерҳои гумрукӣ ва интиқолкунандаҳои гумрукӣ иштирок мекунанд.

Главный Редактор

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *